Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Модарону бонувони гиромӣ!
Хоҳарони азиз!
Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи модар самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, хушбахтӣ ва рӯзгори босаодат орзу менамоям.
Рӯзи модар ҳар сол аз фаро расидани бедориву эҳёи табиат, яъне фасли зебои баҳор мужда мерасонад.
Дар ин падида як рамзи амиқе вуҷуд дорад, ки дар шахсияти муқаддас, сиришти муборак ва ниҳоди поки модарон нуҳуфтааст.
Маҳз ба ҳамин хотир мо рӯзи модарро ҳар сол бо эҳсоси гарме, ки аз муҳаббату навозиши модар сарчашма мегирад ва бо фараҳу шодие, ки омадани баҳор ба мо мебахшад, таҷлил менамоем.
Зан – модар ибтидои ҳастии башарият, мабдаи меҳру вафо ва рамзи муҳаббату садоқат мебошад.
Модар мавҷудест, ки ба фарзанд ҳаёт мебахшад, ӯро бо шири сафеду ҷонбахшаш ва бо муҳаббате, ки танҳо хоси модарон аст, тарбия мекунад, ба камол мерасонад ва ба чорсӯи зиндагӣ дуои нек медиҳад.
Бинобар ин, арҷ гузоштан ба бузургии модар, ба ҷо овардани иззату эҳтироми ӯ ва расидан ба қадри заҳматҳои шабонарӯзии вай вазифаи ҷониву имонии ҳар як фарзанди солимфикру соҳибхирад ва қарзи инсонии ҳар як фарди бонангу номус ба шумор меравад.
Зеро инсон дар ҳаёти худ дар сурате ба комёбиву муваффақият ва зиндагии бобаракат муяссар мегардад, ки дуои неки модар ва падарро гирифта, ба қадри ранҷу заҳмати волидайн, дилсӯзиву ғамхории онҳо ва шири сафеди модар расида бошад.
Хотиррасон месозам, ки масъулияти фарзандон барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар дар моддаи 34-уми Конститутсияи Тоҷикистон низ дарҷ шудааст.
Яъне мо бояд ба падару модари худ дар вақте, ки онҳо зинда ҳастанд, хизмат ва меҳрубониву ғамхорӣ кунем, онҳоро дӯст дорем, ҳамаҷониба нигоҳубин намоем ва нагузорем, ки падару модарони мо хору зор шаванд.
Ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки баъди вафоти онҳо ҳар коре, ки дар ҳаққи онҳо анҷом медиҳем, ғайр аз дуо суде надорад.
Ҳамватанони азиз!
Зан – модар ойинаи чеҳранамои миллат мебошад.
Дар урфият гуфтаанд, ки «Агар хоҳӣ, ки ба фарҳангу маърифати миллате баҳо диҳӣ, ба чеҳраи занону модарони он миллат нигар».
Мо ифтихор дорем, ки имрӯз модарон ва занону бонувони тоҷик дар ҷомеа мавқеи устувор доранд, барои пешрафти давлат саҳми босазо мегузоранд ва нақши созандаи худро барои ободии Ватани азизамон ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд.
Тайи сӣ соли соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат тамоми тадбирҳоро роҳандозиву амалӣ намуд, ки мақом ва ҷойгоҳи иҷтимоии занону бонувонро дар муносибатҳои ҷамъиятӣ ва пешрафти давлат баланд бардорад.
Дар ин давра асосҳои миллӣ ва роҳу усулҳои ҳимояи ҳуқуқи занон таҳким бахшида, ҷиҳати таъмин намудани имкониятҳои баробари мардону занон ҳамаи заминаҳои қонунгузорӣ муҳайё карда шуданд.
Ҳукумати Тоҷикистон бо дарназардошти нақш ва саҳми созандаву бунёдкоронаи занону духтарон барои онҳо фазоеро ба вуҷуд овардааст, ки озодона таҳсил ва кор кунанд ва дар ҳамаи соҳаву арсаҳо баробари мардон фаъолият намоянд.
Дар Паёми навбатии Роҳбари давлат таъкид гардид, ки занону бонувон ҳамчун нерӯи фаъол ва пешбарандаи ҷомеаи Тоҷикистон бояд минбаъд низ дар фаъолияти вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, соҳаҳои бонкдорӣ, илму маориф, соҳибкориву тиҷорат ва бахшҳои дигар нақши мустақиму озодона дошта бошанд.
Яъне ғамхорӣ дар ҳаққи занону бонувон ва ҳарчи бештар ба корҳои давлату ҷомеа ҷалб намудани онҳо ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Чунки рушди муназзаму устувори ҷомеа бе иштирок ва саҳми фаъоли занону бонувон ғайриимкон аст.
Ҳоло тибқи дастури Роҳбари давлат бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023 – 2030» таҳия шуда истодааст.
Ба ҷо овардани иззату эҳтироми модарон ва занону бонувон, саъю талош ба хотири ҳалли мушкилоти онҳо ва фароҳам овардани шароит барои илму донишомӯзӣ ва соҳиби касбу ҳунар гардидани духтарон аз ҷумлаи вазифаҳои афзалиятноки Ҳукумати мамлакат маҳсуб меёбад.
Дар робита ба ин, хотирнишон месозам, ки яке аз шартҳои муҳимтарини пешрафти давлат, осоишу суботи ҷомеа ва ободии Ватан модари босаводу соҳибмаърифат мебошад, ки метавонад фарзанди хушахлоқу донишманд ва худшиносу ватандӯстро тарбия карда, ӯро ба хизмати ҷомеа ва давлат ҳидояту роҳнамоӣ созад.
Мо дар ин самт барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, ҷалби духтарон ба таҳсил, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир менамоем.
Мо дар ҳазорсолаи сеюм – давраи инқилоби техникиву технологӣ ва рушди босуръати шабакаҳои иттилоотӣ умр ба сар мебарем.
Ин воқеият ва дар айни замон, вусъат гирифтани раванди ҷаҳонишавӣ ҳар як оила, пеш аз ҳама, занону модарони муҳтарами моро водор месозад, ки барои тарбия кардани фарзандони солиму бомаърифат, забондон ва дорои ҷаҳонбинии васеъ, инчунин, аз таъсири ногувори ахлоқи зишт, кирдорҳои ношоям ва суннатҳои фарҳангии бегона эмин нигоҳ доштани онҳо кӯшиш намоянд.
Дар ин раванд, соҳиби ахлоқу одоби ҳамида гардонидани фарзандон ва ба зиндагии мустақилона омода кардани онҳо, яъне омӯзонидани нозукиҳои зиндагии оилавӣ низ вазифаи модарон мебошад.
Яке аз ҳадафҳои мо аз қабули қонуни миллӣ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» маҳз аз ҳамин иборат аст.
Мо бояд кӯшиш кунем, ки бонувону духтарони тоҷик соҳиби касбу ҳунар, саводу маърифат, илму дониш ва ҳунарманду кадбону бошанд, то ки дар зиндагиву рӯзгори оилавӣ ба азобу душворӣ рӯ ба рӯ нагарданд.
Дигар ин, ки саришта кардани рӯзгори хонадон, яъне идора намудани дороиву даромади оила низ аз модарону бонувон вобаста мебошад.
Бонувону занони муҳтарам бояд ба ин масъала ҷиддӣ муносибат намоянд ва ҳаргиз ба зиёдаравию исрофкорӣ роҳ надиҳанд.
Фаромӯш набояд кард, ки мардуми куҳанбунёди мо аз замонҳои қадим то ба имрӯз сарфаю сариштакориро асоси баракати зиндагӣ ва осоиши хонадон медонанд.
Бо эътимоди комил иброз медорам, ки модарону хоҳарони арҷманди мо дар баробари тарбияи насли аз ҷиҳати ҷисмониву маънавӣ солим, инчунин, дар пешрафти иктисодиву иҷтимоӣ ва ободиву созандагии Тоҷикистони азизамон минбаъд низ саҳми арзишманди худро мегузоранд.
Зеро зан – модар табиатан офаранда, созанда, парваришгар, ҷомеасозу ояндасоз ва идомабахши ҳаёт мебошад.
Бори дигар ҳамаи шумо, модарону бонувони азизу меҳрубон ва хоҳарону духтарони арҷмандро ба ифтихори Рӯзи модар ва фарорасии баҳор самимона ва сидқан табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо нуру сафо, сулҳу оромӣ, хушбахтиву иқболи нек, файзу баракат ва осмони соф орзу менамоям.
Ҷашн муборак бошад, модарону хоҳарони арҷманд!
Категория:
- Ахбори рӯз [2]