Табрикоти раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ
Иҷозат фармоед, аз номи худ ва аз номи ҳайати мушовараи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пуршукӯҳтарин ҷашни ниёгонамон – Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро, ки бо талошу ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳонӣ гардида, ҳамасола тавъам бо фасли зеботарини сол меҳмони сарзамини биҳиштосои мо – тоҷикон мегардад, ба ҳамаи Шумоён самимона табрику таҳният бигӯям.
Мусаллам аст, ки имрӯзҳо ба Тоҷикистони биҳиштосои мо соли нави аҷдодиамон – Наврӯзи ҷаҳонафрӯз бо қадамҳои сабзи худ фаро расидааст ва ин ҷашнвора яке аз рамзҳои ҳувияти миллӣ ва истиқлоли маънавии мо - тоҷикон ба шумор меравад.
Ҷашни Наврӯз бо обу хок, марзу бум ва руҳи тамаддунсози ниёгони мо пайванди азалӣ дошта, расму ойинҳои он рамзҳое доранд, ки аз замонҳои бостон то имрӯз рӯзгори мардуми фарҳангиву ободкор ва инсондӯсту таҳаммулгарои моро ҳамроҳӣ мекунанд.
Дар айёми Наврӯз табиат эҳё мегардад, инсон неруи нав мегирад, дилу андешаҳо ба ҳам меоянд, одамон амалҳои саховату накукорӣ ва хайру савобро ба ҷо оварда, ба ҳамдигар шодиву сурур мебахшанд.
Воқеан, Наврӯз аз муборактарин ҷашнҳои миллии мо – тоҷикон ва дигар мардумони ҳавзаи Наврӯз аст, ки аз замонҳои бостон то ба имрӯз бо ғояҳои олии башардӯстона – дӯстиву ҳамкорӣ, созандагиву ободкорӣ, инсондӯстиву хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ аз зебоиву неъматҳои табиат мардумро гирди ҳам меоварад. Яъне Наврӯз ҳамчун ҷашни зодрӯзи Хуршеди ховарон, ки ҳамеша барои ҳамагон ва дар ҳама ҷо нуру гармӣ мебахшад, сарвати ҷумла фарзандони Одам аст.
Мавриди зикр аст, ки дар шароити торафт мураккабу буҳронӣ гардидани вазъи ҷаҳони муосир ҷашни Наврӯз метавонад ҳамчун ойини сулҳу оромӣ ва ҳамкориву дӯстӣ барои мардумони олам хизмат намояд. Зеро дунёи имрӯза беш аз ҳар вақти дигар ба суботу оромӣ, рӯзгори бехушунат ва зиндагии осуда ниёз дорад.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки пас аз соҳибистиқлол шудани Тоҷикистони азиз Наврӯз бо қабои пурнусрати худ дар рӯзгори мардуми мо файзу шукӯҳи нав оварда, манзалати дунявӣ касб кард.
Иқдоми хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат буд, ки ин Ҷашн дар дунё ҳамчун рисолат ва фарҳанги тоҷик шинохта шудааст.
Наврӯз дар фарҳанги мо – тоҷикон рӯзи зиндагии нав, рӯзи шодӣ, рӯзи адлу адолату баробарӣ, рӯзи бахшоиши гуноҳҳои якдигар, рӯзи оштӣ буда, ин навшавӣ ҷузъе аз фарҳанги бостонии мост, ки имрӯз ҷаҳониёнро ба беҳтар зистан даъват мекунад, дилҳо ва андешаҳо метавонанд дар ин рӯз ба ҷониби якдигар майл кунанд, некуиро пеша кунанд.
Наврӯз, асолатан, ибтидои корҳои наҷибу азму иродаи тоза, ҷашни парвариши руҳ ва маънавияти солим, пиндору гуфтору кирдори нек аст.
Наврӯз ҳамсоли миллати тоҷик аст ва он дар кишвари мо ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва саъю талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дубора эҳё гардида, шукӯҳу шаҳомати тоза касб намуд ва дар баробари табдил ёфтан ба ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ мақоми байналмилалӣ пайдо кард.
Шояд дар олам мисли Наврӯз кам ҷашне вуҷуд дошта бошад, ки русуми дилчасп ва суннатҳои зиндагисози онро миллату халқҳои дигари олам чун дастоварди беназири фарҳангӣ пазируфта, бо ҳамин номи зебои тоҷикӣ таҷлил намоянд.
Посдории расму суннатҳои наврӯзӣ беҳтарин василаест, ки ботини инсонҳо аз бори гарони адовату кина соф мегардад ва онҳоро водор месозад, ки ба адлу инсоф оянд.
Ин суннати нек ва фарҳанги воло, ки аз таърихи пурифтихори аҷдоди ориёиамон сарчашма мегирад, асрҳо боз ба миллати мо ва халқҳои дигари Осиёи Марказӣ хизмат мекунад.
Оину суннатҳои Наврӯз ба андозае зебову ҷаззоб, саршори ормонҳои наҷиб ва мардумиву заминӣ мебошанд, ки давоми садсолаҳо аз ҷониби бисёр халқу миллатҳои дигар пазируфташуда, ба рукни фарҳанги онҳо табдил ёфтаанд ва ҳамчун иди миллии бисёр мардумони минтақа ва ҷаҳон ҷашн гирифта мешаванд.
Наврӯз аз муборактарин ҷашнҳои миллии мо - тоҷикон ва дигар мардумони ҳавзаи Наврӯз ба шумор рафта, аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо ғояҳои олии башардӯстона – дӯстиву ҳамкорӣ, созандагиву ободкорӣ, инсондӯстиву хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ аз зебоиву неъматҳои табиат мардумро гирди ҳам меорад.
«Наврӯз ба унвони ҷашни фарогири миллӣ ва мардумӣ солҳост, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҷлил қарор мегирад ва ба таври шоиста доир кардани маросими ҷашнӣ, махсусан, дар муҳити табиию фарҳангии имрӯза шоҳиди воқеии таҷлили он ба шумор меравад”.
Аз ин рӯ, бо самимияти хосса мегӯем, бигзор Наврӯзи имсола ба Шумо – сокинони сарбаланди кишвар ва аҳли хонадонатон, бо манзалату ҳикмати беназираш сиҳатмандии бардавом, осудагиву амонӣ, барори кор, файзу нусрат ва сарбаландиро чун кӯҳсорон эҳдо намояд.
Расидани Наврӯзи куҳан ба сафҳаи наве аз умри он барои Шумо ва мардуми шарифи кишварамон хуҷаста бод ва ҳадяи ин айём неруи тозаи ҷисму руҳ, шодиву нишот, сулҳу ободӣ, тавфиқу пирӯзиҳо бошад!
Қадами тозаи Наврӯз муборак бошад,
Ҷашни фархундаву фирӯз муборак бошад.
Наврӯзатон муборак бошад!
Категория:
- Ахбори рӯз [2]