Муқовимат бо коррупсия ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати зиддикорупсионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар таърихи 26-уми августи соли 2022 дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Назириён В. Қ бо иштироки кормандони Кумита дар мавзуи «Муқовимат бо коррупсия ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати зиддикорупсионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва баррасии пешниҳоди Агентӣ «Дар бораи пешгирӣ ва бартараф намудани сабаб ва шароитҳои ба содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мусоиддаткунанда» доир гардид.
Зимни мулоқот муҳтарам Назириён Ф. Қ оид ба масъалаҳои сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мақовимат ба коррупсия суҳбат карда, оид ба масоили муқовимат бо коррупсия, субъектҳои муқовимат бо коррупсия ва ваколатҳои онҳо, инчунин, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ ва ҷавобгарии ҳуқуқӣ барои ҳуқуқвайронкуниҳои дорои хусусиятҳои коррупсионӣ дошта изҳори андеша намуд. Ҳамзамон, номбурда дар мавриди муқаррароти моддаи 22-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” баромад намуда, талаботи моддаи мазкур, ки монеаҳоро барои таъин ва интихоб шудан ба мансабҳои давлатӣ пешбинӣ менамояд шарҳу тавзеҳ дод.
Дар фарҷоми вохӯрӣ аз ҷониби кормандони Кумита ба намояндаи Агентӣ саволҳо пешниҳод шуданд, ки ба онҳо ҷавобҳои мушаххас ва қонеъкунанда дода шуд.
Ҳамзамон, роҳбарияти Кумита аз намояндаи Агентӣ изҳори сипос намуда, қайд намуданд, ки Кумита бо Агентӣ дар ҳамкории ҳамешагӣ қарор дорад ва сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентиро дар самти амалӣ намудани муқовимат ба коррупсия пайваста ва ҳаматарафа ҷонибдорӣ менамояд.
Категория:
- Гузоришҳо [2]