ТАШАККУЛ ВА ТАҲАВВУЛИИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ АЗ НИГОҲИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
(дар асоси маводи китоби Пешвои миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Забони миллат – ҳастии миллат”)
Раҳматуллозода Сахидод, Ҷамолиддин Саидзода
Кумитаи забон ва истилоҳот
Институти забон ва адабиёти ба номи Рудакӣ
Забон ба унвони падидаи фарҳанги миллӣ аз замони пайдоиш барои нигаҳдории таърих, арзишҳои маънавии миллат, анъана ва суннатҳои мардумӣ хизмат карда, ҳамчун муҳимтарин унсури бақои миллат худро муаррифӣ намудааст. Тавассути забон дар ҳофизаи хаттии миллатҳо маҷмуи тафаккур ва андешаи мардум ҳамчун мероси маънавӣ аз наслҳои гузашта то имрӯз нигаҳдорӣ гардидааст, ки барои таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ мусоидат мекунад. «Мо вазифадорем, ки ин хазинаи бемислро чун гавҳари чашм ҳифз намоем ва барои устувор гардонидани пояҳои забони давлатиамон ҳарчи бештар заҳмат кашем. Зеро, андеша ва ғояи миллии ҳар як халқ дар забону адабиёт ва фарҳангу ҳунараш ифода ёфта, дар тафаккуру маърифати фарзандони он ташаккул меёбад»[7, 5].
Боиси хушҳолист, ки китоби дувуми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон – «Забони миллат – ҳастии миллат» (Забон ва замон), ки соли 2020 ба нашр расид, пурмуҳтавотарин асар перомуни забону адаб ва таърихи халқи тоҷик аз ибтидои асри ХIII то ибтидои асри ХХ буда, муштамил бар сарсухан, ҳафт боб, хулоса ва китобнома мебошад.
Муаллиф дар сарсухани китоб роҷеъ ба аҳамият, мақом ва вазифаи забон барои инсон, миллат ва давлат изҳори назар карда, аз ҷойгоҳи волои он дар таъриху тафаккури халқ ва унсури сарнавиштсоз, шиносномаи қавму миллат, падидаи фарҳангӣ, таърихӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ адабӣ, илмӣ, маънавӣ ва ғайра будани он ба иҷмол хабар медиҳад. Хусусан, дар бораи нақши бузурги забонамон на танҳо барои зинда мондани миллат дар замонҳои гуногуни таърихӣ, балки барои густариши фарҳангу адабу илми халқу тоифаҳои гуногун дар мамлакатҳои Шарқ ба масобаи забони илм, адабиёт сиёсат, таърих ва муошират ва ҳамчун забони лотинӣ, италиявӣ, инглисӣ ва соири забонҳои байналмилалӣ хидмат кардани он, маълумоти ҳаматарафа додааст. Дар ҳақиқат, забони ширин ва шакарини тоҷикӣ на танҳо барои эронинажодон, ба вижа тоҷикону форсҳо, балки соири қавму миллатҳои ҳамҷавор ва ҳамсарҳаду ҳамқисмат, ки дар як паҳнои ҷуғрофии васеъ – Эрон, Хуросон, Мовароуннуҳр, Ҳинд, Осиёи Сағир, мамолики Усмонӣ ва ғайра зиндагонӣ мекарданд, нақши забони байналмилалиро иҷро мекард. Муаллиф дар сарсухан ба муҳтавои китоби хеш, ки идомаи китоби аввал («Забони миллат ҳастии миллат», 2016) маҳсуб мешавад, бобҳои он низ ба таври мухтасар сухан ронда, роҳро барои ошноӣ ба хонандагон ҳамвор менамояд. Аз ҷумла, ӯ мегӯяд: «Китоби дуюми «Забони миллат – ҳастии миллат» саргузашту сарнавишти забони модарии моро аз ҳамлаи муғул (асри ҶIII) то суқути сулолаи Манғитиён дар Осиёи Миёна ва эълони Ҷумҳурии Халқии Бухоро (1920) дар бар мегирад»[7, 6]. Албатта, ин маълумоти муқаддимавии муаллиф имкон медиҳад, ки хонандаи закӣ ба муҳтавои китоб пай бибарад ва аз мақсаду мароми нигоранда, аз навиштани ин китоби пурарзиш воқиф гардад.
Муаллиф дар боби аввали китоб, ки «Забони тоҷикӣ ва санҷиши замон» ном дорад, оид ба ҳуҷуми муғул ба кишвари мо, қатлу куштору оқибати фоҷиабори он, тақдири халқу миллату забон, илму адабиёту фарҳанги халқи тоҷик дар замони ноорому хунрез, ваҳшонияти муғул дар сарзаминҳои истилошуда, аз ҷумла Мовароуннаҳр, муносибати ғайриинсонии Чингизхон ба халқи тоҷик, вазъи сиёсиву иҷтимоии кишвар, аҳли илму адаб сухан мегӯяд. Аз ҷумла, ӯ дар бораи муносибати Чингизхон ба тоҷикон, ки бисёр ваҳшиёна буд, сухан ронда, барои тасдиқи афкораш аз «Таърихномаи Ҳиротӣ»-и Сайфии Ҳиравӣ ин фиқраро ба орият мегирад ва мегӯяд: «Ва зинҳор, ки бедору ҳушёр бошӣ ва бар тоҷикон эътимод накунӣ, хосса бар хуросониён, ки дар ақолими ҷаҳон бо далерӣ ва кин хостану шаб рафтану камин сохтан бар саф омодаанд» [7, 13]. Ҳамин гуна муносибати душманонаи Чингизхон ба тоҷикон буд, ки баъд аз ҳамлаи муғул дигар эшон натавонистанд, ки дар он замон қомати худро баланд намоянд ва ҷойгоҳи пешинаи худро дарёбанд.
Забон ва адабиёти тоҷик дар ин замон зери фишори гуногун қарор мегирад, аммо, бо вуҷуди ин, ҳамчун забони расмӣ, забони аҳли илму адаб ба умри худ идома медиҳад ва осори зиёде доир ба илму адабу ирфону тасаввуфу таъриху давлатдорӣ ва ғайра навишта мешаванд. Хусусан таърихнависӣ, ки бо супориши хонҳои муғул сурат мегирифт, дар ин замон ривоҷи зиёд пайдо менамояд ва муҷиби падид омадани китобҳое чун «Таърихи Ҷаҳонкушой»-и Атомалики Ҷувайнӣ, «Ҷомеъ-ут-таворих»-и Рашидуддини Фазлуллоҳ, «Таърихи гузида»-и Ҳамдуллоҳи Қазвинӣ, «Таърихи Вассоф»-и Фазлуллоҳи Шерозӣ ва ғайра мегардад. Дар ин давра шоирону нависандагону олимони маъруфу машҳуре зиндагию эҷод кардаанд, ки шуҳрати илму адаби моро ба ақсои олам бурдаанд. Аз ҷумла Саъдӣ, Насируддини Тусӣ, Ҷалолиддини Балхӣ ва дигарон. Саъдӣ бо асарҳои «Бӯстон» ва «Гулистон», Мавлавӣ бо китобҳои «Маснавии маънавӣ», Девони Кабир (Девони Шамси Табрезӣ), Насириддуни Тусӣ бо асарҳое чун «Меъёр-ул-ашъор», «Таҷриди мантиқ» «Шарҳи ишорот», «Ҷавоҳирнома», «Таҳрири Уқлидус» ва ғайра нишон додаанд, ки миллати мо миллати фарҳангӣ аст ва дар ҳама ҳолат, ҳатто дар ҳолати ҷангу парешонӣ, асорату дарбадарӣ низ ҳувияти илмиву адабии худро нигаҳ медорад ва ҳамчун тарғибгари ғояҳои олии инсонӣ дар дили мардумон тухми умед, зиндагӣ, ваҳдату инсондӯстӣ ва бовар ба ояндаро мекоранд ва дар боло бурдани фарҳангу адаби башар ва ваҳдату ҳамдилии онҳо нақши носутурданӣ мегузоранд.
Муаллифи китоб на танҳо ба ин ҷанбаи муҳими осори адибонамон дар замони муғул маълумот додааст, балки роҷеъ ба вазъи забону сабки баёни адибон низ маълумоти ҷолиб дар ихтиёри хонандагон гузоштааст, ки на фақат аз ҷанбаи забоншиносӣ, балки сабкшиносӣ низ бархӯрдоранд ва барои онҳое, ки ба таърихи адабиёт, суннату навоварӣ, таъсирпазириву таъсиргузорӣ, қонуни таҳаввул дар илму адабиёту фарҳанг сарукор ва таваҷҷуҳ доранд, маводи муҳим медиҳанд. Масалан, маълумоти ӯ доир ба мураккаб шудани забон, такаллуфу тақлид дар баён, ибораорию муғлақгӯӣ, ривоҷи саҷъ, лафзгароӣ, корбурди зиёди талмеҳу асотири арабию исломӣ, ояту ҳадис, калимоту ибороти арабию туркию муғулӣ, истилоҳоти тасаввуфию ирфонӣ ва амсоли ин дар ин давра ҳойизи аҳамияти муҳим мебошад, зеро он на танҳо вазъи забон, балки илму адабиёти моро низ оинавор ба намоиш мегузорад.
Албатта, сабки баёни олимону адибон дар ин давра яксон нест. Лиҳозо, мо дар ин давра, дар баробари сабки мураккабу печидаи адибону олимон ба сабки содаву равон низ рӯ ба рӯ мешавем, ки намунаи боризи ин гуна осор асарҳои Саъдию Мавлавӣ буда метавонанд. Осори эшон намунаи олӣ ва як навъ меъёри забони адабии мо буда, дар тамоми адвор сармашқи гӯяндагони хурду бузурги мо будааст. Беҳуда осори саҳлу мумтанеи ин ду гӯяндаи бузургро ба Қуръон монанд накардаанд:
Ростӣ, дафтари Саъдӣ ба Гулистон монад,
Тайиботаш ба гулу лолаву райҳон монад,
Ӯст пайғамбару он нома ба Қуръон монад
В-он ки ӯро кунад инкор, ба шайтон монад[1, 54].
***
«Маснавии маънавӣ»-и Мавлавӣ
Ҳаст Қуръон дар забони паҳлавӣ[6, 5].
Маълумоте, ки муаллиф дар бораи забон ва адабиёти мо дар давраи таназзули ҳукмронии муғулҳо медиҳад, барои хубтару беҳтар шинохтани чеҳраҳои бузурги илму адабиётамон, аз ҷумла Хоҷуи Кирмонӣ, Убайди Зоконӣ, Салмони Соваҷӣ, Камоли Хуҷандӣ, Носири Бухороӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Ибни Ямин ва сабку шеваи нигориши эшон ба хонандагон кумак менамоянд. Аз намояндагони бузурги адабиёти ин давра диққати муаллифро бештар осори ду шоири бузург – Камоли Хуҷандӣ ва Ҳофизи Шерозӣ ба худ ҷалб кардааст. Лиҳозо, ӯ бештар дар бораи ин ду симои тобноки адабиётамон таваққуф карда, дар бораи мақому ҷойгоҳи эшон, шеваи баёну забони онҳо маълумоти муҳим ироа намудааст, ки на фақат барои хонандагон, балки муҳаққиқони таърихи забон ва адабиёт, сабкпажуҳон, олимону донишҷӯёну мактабиён ва тамоми қишрҳои ҷомеа муфид мебошанд.
Дар ҳақиқат, ин ду симои бузурги адабиётамон, ки дар давраи таназзули ҳукумрони муғулҳо зиставу эҷод кардаанд, на танҳо барои ҳам рӯзгорони хеш, балки адвори пасин низ намунаи ибрат, пайравӣ ва тақлид будаанд. Аз ин рӯ, адибон даст ба тамҷиди эшон задаанд, аз забону баёни дилкашу ширин ва сеҳрноку санъатгароёнаи онҳо сухан дар миён овардаанд. Соиб гӯяд:
Ҳалоки ҳусни худододи ӯ шавам, ки саропо
Чу шеъри Ҳофизи Шероз интихоб надорад[9, 330].
Каримирост:
Бисёр Камоланд, Каримӣ, ба ҷаҳон, лек
Онро, ки камоли сухан аст, он зи Хуҷанд аст[12, 20].
Нигоранда дар поёни ин боби китобаш оид ба Темуриён сухан ронда, ибтидо дар бораи авзои сиёсӣ ва пасон илму адаби ин давра ва чеҳраҳои бузурги он – Ҷомию Навоӣ маълумоти пурқимат дарҷ менамояд. Ба қавли вай, «комёбиҳои назарраси рушди забон ва адабиёти тоҷик дар ин давра ба номи Мавлоно Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ [1414-1492) ва шогирдону пайравони ӯ – Алишери Навоӣ, Абдуллоҳи Ҳотифӣ ва дигарон робитаи ногусастанӣ дорад. Забони баёни Ҷомӣ ҳам дар назм ва ҳам дар наср содаву равон буда, зуд ба дили хонанда роҳ меёбад… Ашъори Мавлоно Ҷомӣ дар байни аҳли адаб ва миёни мардум шуҳрати баланд ёфта, шоирони баъдӣ бо тақлид ва пайравӣ аз осори ӯ шеърҳои зиёд гуфтаанд»[7, 72].
Дар боби дувум, ки «Забони тоҷикӣ дар нимҷазираи Ҳинд ва даврабандии он» ном дорад, муаллиф дар бораи давлати Темуриёни Ҳинд, ки асосгузораш Бобур аст, изҳори ақида менамояд. Соҳиби китоб қабл аз он ки доир ба вазъи забону адабиёт дар ин сарзамин баҳс орояд, ибтидо сайре ба таърихи муносибатҳои мардуми тоҷик ва Ҳинд менамояд, аз қаробати ин ду халқи ҳамнажод, эронитабор пайванду иртиботи китобҳои динии «Ригведа» ва «Авасто», авҷи ин равобит ва ҳамзистӣ дар замони ҳукмронии Кӯшониён, Сосониён ва ғайра изҳори назар намуда, аз муносибатҳои мутақобилаи ин ду халқи ҳамтабор, аз истилои араб то давраи ҳукмронии Темуриёни Ҳинд, ба хонандагон маълумот медиҳад. Мувофиқи тадқиқоти ӯ, «бо зуҳури дини ислом робитаҳои фарҳангӣ ва нуфузи забони тоҷикӣ ба минтақаи Ҳинд роҳ ёфт» [7, 2020, 88], аммо маҳз бо истилои Султон Маҳмуд забон ва адабиёти мо дар ин сарзамин тавсиа пайдо кард ва бо зуҳури Бобур ва истиқрори давлати Темуриёни Ҳинд ба авҷи аъло расид.
Муаллиф дар ин боб аз густариши забони тоҷикӣ дар Ҳинд, ҷараёни барқарор шудани сулолаи Темуриён дар ин сарзамин, муносибати Темуриёни Ҳинд ба забони тоҷикӣ, сабки «ҳиндӣ» ва мухтассоти забонии он, вазъи фарҳангнигорӣ дар ин сарзамин, дастурнависӣ ва офаридани соири осори илмӣ ба забони модарии мо батафсил ҳарф мезанад. Ӯ аз шоирону олимони тоҷикзабони Ҳинд, ки то замони Бобур дар ин сарзамин эҷод кардаанд, аз ҷумла аввалин шоирони тоҷикзабон дар Лоҳур – Абулфарҷи Рунӣ, Масъуди Саъд ва Деҳлӣ – Хусрави Деҳлавӣ, Ҳасани Деҳлавӣ, Бадри Чочӣ, Зиёуддини Нахшабӣ, Минҳоҷи Сироҷ, Муайядуддини Хоразмӣ, Айни Моҳрӯ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва ғайра, бештар дар бораи Хусрави Деҳлавӣ, ки бузургтарин шоири тоҷикзабони Ҳинд то зуҳурии шоирони замони Темуриён дар ин сарзамин маҳсуб мешавад, таваққуф менамояд, зеро, ба андешаи муаллиф, «Амир Хусрави Деҳлавӣ (1253-1325) аз бузургтарин шоирони тоҷикзабони Ҳиндустон аст, ки бо фаровонии эҷодиёт дар таърихи адабиёти мо шуҳрат дорад... Мақоми Амир Хусрави Деҳлавӣ дар густариши забону адабиёти тоҷик дар нимҷазираи Ҳиндустон хеле бузург буда, адибони баъдӣ ба вай ҳам дар шаклу ҳам дар мавзуъ пайравӣ кардаанд... Амир Хусрав на танҳо ҳамчун шахси забондону забоншинос, мусиқишиносу навозанда маъруф буд, балки ӯ хонандаи хуби ҳунару мусиқии халқҳои Ҳиндустон эътироф гардидааст.
Муаллиф дар бораи забони тоҷикӣ ва муносибати Темуриёни Ҳинд ба он маълумот дода, дар аввал аз зиндагонӣ ва фаъолияти адабии муассиси ин давлат – Бобур ҳикоят мекунад. Чунончи, ӯ мегӯяд. «Хонадони Темуриёни Ҳиндро Бобур асос гузоштааст. Бобур дар соли 1482 ба дунё омада, давраи аввали умри ӯ дар Фарғона гузаштааст. Вай бар асари ҳуҷуми Шайбонихон дар соли 1504 аз он ҷо ронда шуда, солҳои 1504-1525 дар Кобул, Бадахшон ҳукумат ташкил додааст. Баъд қасди ишғоли Ҳиндустон карда, аввал Панипат ва сипас Султон Иброҳими Лудиро, ки Султони Деҳлӣ буд, шикаст дод ва дар соли 1526 Деҳливу Агра ва шимоли Ҳиндустонро аз рӯди Синд то Бангола ба даст даровард ва шоҳаншоҳии темуриёни Ҳиндро барпо намуд. Ӯ дар соли 1530 вафот кард ва ба ҷойи ӯ писараш Ҳумоюн ба тахти подшоҳӣ нишаст. Бобур як дафъа бо ҳамдастии Исмоили Сафавӣ ба ватани худ – Мовароуннаҳр ҳуҷум карда, то Самарқанд пешравӣ намуд, вале бо сабаби муқовимати мазҳабӣ байни шиаву сунниён аз тарафи ҳамватанонаш дастгирӣ наёфт ва дигарбора ба Кобул баргашт. Ӯ зиндагиномаи худро дар китоби «Бобурнома» муфассал тасвир намудааст. Бояд гуфт, ки худи Бобур Мирзо таъби шоирӣ низ дошт ва аз шоирону фозилон сарпарастӣ мекард»[7, 114]
Сулолаи Темуриёни Ҳинд, хусусан, фарзандону наберагони Бобур, дар ривоҷу равнақи забон ва адабиёти мо дар ин сарзамин саҳми бузург гузоштанд. Ҳинд дар замони онҳо ҳатто барои аҳли илму адаби мо ба масобаи як навъ паногоҳ, Каъбаи умед, макони амну осоиш, конуни илму адаб ҷилвагар мешуд.
Ин аст, ки дар ин сарзамин дар ҳар дарбор, дар ҳар шаҳр шоирону олимон ҷамъ омада буданд ва ба кори эҷодӣ машғул буданд. Шоҳону вазирону риҷоли бузурги темурӣ, ки худ табъи шоирӣ доштанд, шеър мегуфтанд. Акбаршоҳ мансаби «Маликушшуароӣ» таъсис дода буд. Fазолии Машҳадӣ аввалин шоири тоҷику форс буд, ки ба он сарфароз гардид. Ин ҳама меҳрубонию ғамхории шоҳону ҳокимони Ҳиндро дида, гурӯҳ-гурӯҳ шоирон аз Эрон, ба сабаби камтаваҷҷуҳии Сафавиён ба шеъру шоирӣ ва нохушнудии хеш аз мадҳ, таассубҳои мазҳабӣ, шароити бади эҷодӣ ва танг шудани доираи забони тоҷикӣ дар дарбори онҳо, маҷбур мешуданд, ки рӯ ба Ҳинд биёранд. Лиҳозо, шоирони бузурге чун Урфӣ, Назирӣ, Хоҷа Ҳусайни Саноӣ, Ҳаётии Гелонӣ, Суфии Мозандаронӣ, Санҷари Кошонӣ, Зуҳурии Туршезӣ, Малики Қумӣ, Замирии Исфаҳонӣ, Толиби Омулӣ, Соиби Исфаҳонӣ, Ҳаким Рукно Масеҳи Кошонӣ, Калими Кошонӣ ва садҳо олиму нависанда ба Ҳинд омада, дар дарборҳои мухталифи давлати Темуриён ба кори эҷодӣ пардохта, ному кому мақом меёфтанд.
Шеъри тарз, тарзи тоза, ки дар Эрону Хуросону Мовароуннаҳр арзи андом намуда буд ва баъдҳо ба номи сабки «ҳиндӣ» машҳур шуд, ба василаи поягузорону устодони он ба Ҳинд бурда шуд ва равнақи беандоза ёфт. Нозукхаёлӣ, мазмунофаринӣ, лутфу назокат, офаридани маънии тоза асоси кори шоирони ин сабк қарор гирифт ва адабиёти тоҷикӣ-форсӣ чи дар Хуросон, чи дар Мовароуннаҳр, чи дар Эрон, чи дар Ҳинд, чи дар Осиёи Сағир ва мамолики Усмонӣ ба таҳаввулот рӯ ба рӯ гардид, Хусусан, шеъру шоирӣ дар Ҳинд, ки аз ҷониби аҳли дувал назорату пуштибонӣ меёфт, рушду тараққӣ кард, шеър ва забони мо мавриди арҷгузорӣ қарор гирифт. Аммо, мутаассифона, гӯяндагони шеъри тарз, тарзи тоза (сабки ҳиндӣ) чунон саргарми нозукхаёлӣ, мазмунофаринӣ гардиданд, ки дигар меъёрҳои вазъшударо ҳам фаромӯш карданд, ҳамин буд, ки ҳар гуна вожагони омиёнаро ба шеър ворид намуданд, печидагӯӣ, муғлақбаёнӣ ҷои содагӯиро гирифт ва шеър тадриҷан ба чистону муаммо табдил ёфт. Хусусан, Хоҷа Ҳусайни Саноӣ, Зуҳурӣ, Шавкати Бухороӣ, Зулолии Хонсорӣ, Ҷалоли Асир ва ғайра, ки аз равияи печида намояндагӣ мекарданд, ҳамин сарбастагӯӣ ва мубҳамсароиро ба Ҳинд низ бурданд ва пайравоне дар ин сарзамин чун Носиралӣ, Fанимат, Бедил ва дигаронро пайдо карданд. Лекин гурӯҳи дигари шоирони ин сабк, аз ҷумла Урфӣ, Назирӣ, Толиб, Соиб, Fанӣ, Неъматхони Олӣ, Сайидо ва амсоли ин ки осорашонро нисбатан сода мегуфтанд, дар иншои шеър муваффақ шуданд ва осори мондагору дархӯри аҳамият офариданд. Рӯи ҳамин асос, муаллифи китоб ба таҳлили осори шоирони маъруфи сабки ҳиндӣ, аз ҷумла Урфӣ, Файзӣ, Толиби Омулӣ, Калими Кошонӣ, Фонии Кашмирӣ, Нозими Ҳиротӣ, Fании Кашмирӣ, Шавкати Бухороӣ, Бедил пардохта, хонандаро ба мазмуну муҳтаво ва зебоиҳои осори эшон ошно кардааст.
Ҳамзамон, муаллиф аз фарҳангнигорӣ дар Ҳинд батафсил сухан рондааст. Ба қавли муаллиф, «хизмати тоҷикинависони Ҳинду Покистон дар офаридани фарҳангҳо низ бузург аст.… Тавре ки маълум аст, аз асри ХI сар карда, ба забони мо фарҳангҳои сершуморе, аз қабили «Луғати фурс»-и Асадии Тусӣ, «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ»-и Ҳусайни Инҷу, «Баҳори Аҷам»-и Рой Тикчанд Баҳор, «Фарҳангнома»-и Ҳусайни Вафоӣ, «Фарҳанги Рашидӣ»-и Абдурашиди Татаввӣ, «Бурҳони Қотеъ»-и Муҳаммадҳусайн Халафи Табрезӣ, «Fиёс-ул-луғот»-и Муҳаммад Fиёсуддин, «Чароғи ҳидоят»-и Алихони Орзу ва даҳҳо луғатномаҳои дигар таҳия ва тадвин шудаанд.… Фарҳангҳои тоҷикӣ, дарӣ ва форсии таълифшуда дар Ҳиндро метавон аз лиҳози таърихи навиштан ба се дастаи калон, тақсим намуд: 1.Давраи пеш аз ҳукумати Темуриёни Ҳинд (асрҳои ХIII-ХVI); 2.Давраи ҳукумати Темуриёни Ҳинд (асрҳои ХVI-ХIХ); 3.Давраи нав (асрҳои ХIХ-ХХ)»[7, 138].
Боби сеюми китоб, ки «Мақоми иҷтимоии забони тоҷикӣ дар асри ХVI» ном дорад, аз шаш зербоб иборат буда, ба таҳлили вазъи сиёсиву иҷтимоӣ, забону адабиёт, фарҳанг, сабки баён, омиёнагароии адибон дар замони ҳукмронии Шайбониёну Сафавиён ва бархӯрдҳои мазҳабӣ дар ин давра бахшида шудааст. Муаллиф дар ин бахш оид ба муҳимтарин адибони ин давра дар қаламрави Шайбониён ва Сафавиён, аз ҷумла Ҳилолӣ, Биноӣ, Восифӣ, Мушфиқӣ, Хоҷа Ҳасани Нисорӣ, Абдибеки Шерозӣ, Соиб ва забону сабки баёни эшон, маълумот дода, тадриҷан мураккаб шудани осори гӯяндагонро дар ин аср бо далелу мисолҳо собит сохтаааст. Барои намуна ин мисоли овардаи муаллифро аз «Бадое-ул-вақоеъ» ба хониш мегирем, ки аз тамоюли мураккаб ва душвор гардидани забону баён дар ин аср дарак медиҳад: «Сарафрозо, банданавозо, маърузи замири мунири офтобтанвир, он ки шиддату суубату сармои дай ва сардии зимистону хушкиҳои вай ба дараҷае расида, ки хуршеди авҷи торами чаҳорум, ки иборат аз хусрави Ховар аст, ҳар шом худро самандарсифат дар оташи шафақ меандозад ва шоҳи мамолики шом, ки моҳи анвар аст, дар хокистари сипеҳр ва ахгари нуҷум маскан месозад. Ва курраи ҳавоӣ, бо ин ки ҷуббаи паринаи абр дар оғуш дорад, аз шиддати сармо дам ба дам нафаси сард мекашад. Ва унсури оташин, бо ин ки ҳамеша аз дуд пӯстини самур бар дӯш дорад, аз бурудати ҳаво ларза мезанад...»[7, 192].
«Забони тоҷикӣ дар асрҳои ХVII-ХVIII» унвони боби чаҳоруми китоб аст, ки дар он дар бораи ҳукмронии Аштархониён, забону адабиёти тоҷик дар ин давра, услуби гӯяндагон, вижагиҳои забони адибон (вижагиҳои луғавӣ), калимасозӣ, санъати саҷъ, корбурди истиорот, вижагиҳои дастурӣ ва амсоли ин дар муҳити илмиву адабӣ Мовароуннаҳр суханронӣ шудааст. Дар ин боб маълумоти муаллиф дар бораи ду равия дар сабки ҳиндӣ-яке нисбатан сода (Сайидо) ва дигаре печидаву мураккаб (Бедил) батафсил баҳс менамояд ва имтиёзи Сайидоро, ки матлабро содаву равон мегӯяд, нисбат ба печидагӯён, аз ҷумла Бедил, ки мақсадро сарбаставу муғлақ мегӯяд, бо овардани мисолҳо ба намоиш мегузорад. Ба вижа аз омиёнагароии Сайидо изҳори қаноатмандӣ менамояд. Ба қавли ӯ, «истифодаи фаровони калимаву ифода ва дигар унсурҳои забони гуфтугӯӣ забони асарҳои Сайидоро суфта кардааст. Аз ин рӯ, «бегонагӣ»-и онҳо дар забони адабӣ ҳис карда намешавад. Онҳо ҳусни забони шеъро «доғдор» накарда, баръакс, содагиву табиӣ ва равонию ширинии онро дучанд афзудаанд. Сайидо, аслан, барои боз ҳам бештар соддаву табиӣ ва ба халқ наздику фаҳмо гардондани шеър ба забони гуфтугӯӣ муроҷиат кардааст»[7, 216].
Муаллиф дар боби панҷум, ки «Забони тоҷикӣ дар асри ХIХ» ном дорад ва аз шаш зербоб фароҳам омадааст, дар бораи вазъи сиёсиву иҷтимоӣ, забону адабиёт, фарҳангнигорӣ, ҷараёни маорифпарварӣ, таҳаввули таркиби луғавии забон, такмили дастури забони тоҷикӣ ва ғайра қаламфарсоӣ карда, ба хулосае меояд, ки «забони тоҷикии нимаи дуюми асри ХIХ ва сабку услуби он дар бисёр маврид идомаи ҳамон забони классикӣ, дурустараш, забони баъд аз даврони Темуриён буда, забони саршор аз такаллуфоти муншиёна ва луғоти арабӣ аст. Ба шаҳодати Айнӣ, «беҳтарин муншӣ ва мактубнавис ҳамон кас маҳсуб меёфт, ки муддаоеро, ки бо як ҷумла ифода карданаш мумкин аст, дар ду саҳифа бо калимаҳои қофиядор печонад»[7, 263]. Аммо ба заъми ӯ, «бо вуҷуди он, ки дар забони ҳуҷҷатҳои давлатӣ мураккабнависӣ роиҷ гардида буд, дар забони шеър оҳангу таровати забони тоҷикӣ идома ёфт ва забони шевои шоирона рушд намуд»[7, 264]. Пасон ӯ бо зикри шоирони ин давра - Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ, Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ, Абдулқодирхоҷаи Савдо, Шамсуддини Шоҳин, Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ, Нақибхони Туғрал ва таҳлилу баррасии осори онҳо мепардозад. Вай зимнан доир ба фарҳангнигорӣ низ суҳбат мекунад. Дар ин боб ҷойи муҳимро таҳлили ҷараёни маорифпарварӣ ва осори маорифпарварон мегирад, ки пайдоиши он ба маорифпарварии Fарб иртибот дорад. Албатта, саромади ин ҷараён Аҳмади Дониш аст, ки бо осори пурарзишаш дар ин аср ном баровардаву пайравони зиёд пайдо кардааст. Шоҳин, Савдо, Ҳайрат, Асирӣ, Мирзо Сомӣ ва дигарон аз ҷумлаи пайравони Аҳмади Дониш мебошанд.
Боби шашум, ки ба «вазъияти забони форсӣ ва дарӣ дар Эрону Афғонистон» ихтисос дода шудааст, дар бораи авзои забон ва адабиёт, дар замони Қоҷориён, сабки баён, равияи бозгашти адабӣ, машоҳири илмиву адабӣ, нуфузи забони омма дар шеър, аз ҷумла, дар шеъри шоироне чун Фурӯғии Бастомӣ ва Қоонии Шерозӣ, маълумоти судманд медиҳад. Масалан, муаллиф дар бораи забон ва сабки сухани Фурӯғии Бастомӣ, ки мутааллиқ ба равияи бозгашти адабӣ мебошад, чунин мегӯяд: «Забони ашъори Фурӯғии Бастомӣ бо такя бар осори суханварони гузашта, чун Рӯдакиву Саъдиву Ҳофизу Ҷомӣ бештар содаву равон аст. Таваҷҷуҳ кунед бар як ғазали ӯ, ки ба ғайр аз чанд унсури арабӣ боқӣ ҳама калимаву ибораҳои асили забони тоҷикиро ташкил медиҳанд:
Дӣ ба раҳаш фикандаам тифли сиришки дидаро,
Дар кафи доя додаам кӯдаки наврасидаро.
Бахти рамида ром шуд, ваҳшати ман тамом шуд,
К-он сари зулф дом шуд пойи дили рамидаро.
Аз лаби шаккарини ӯ бӯса ба ҷон харидаам,
З-он ки ҳаловате бувад ҷинси гаронхаридаро…».
[7, 331].
Муаллиф дар бораи Қоонӣ, ки ба қавли Шиблии Нуъмонӣ, бузургтарин шоир баъд аз Соиб дар Эрон маҳсуб мешавад, забону сабки баёнаш, ки ба содагию равонӣ иртибот мегирад, низ андешаҳои пурарзиш ироа менамояд.
Ба қавли соҳиби рисола, «аз нимаи дуюми асри ХIХ бо зиёд гардидани нуфузи кишварҳои Ғарб таъсири фарҳангу адабиёти Аврупо ба Эрон бештар мегардад. Тарҷумаи осори Жюл Верн, Виктор Ҳюго, Шекспир ва як силсила роману достонҳои машҳури аврупоӣ ба забони форсӣ сабаби пайдо шудани осори ба онҳо монанд дар Эрон мегардад.
Мусаллам аст, ки дар давраи Машрута забон ва адабиёт ба таҳаввулот ва вижагиҳои зиёде рӯ ба рӯ гардида буд. Лиҳозо, муаллиф дар идомаи суханаш роҷеъ ба вижагиҳои шеъри ин замон ба хонандагон маълумоти пурқимат медиҳад. Аз ҷумла, ӯ мегӯяд: «Хусусиятҳои дигари шеъри ин рӯзгор соданигорӣ буд. Шоирон кӯшиш мекарданд, ки матолиби рӯзро дар қолабҳои бисёр сода бо забони мардуми одӣ баён кунанд. Аз ин рӯ, ороишҳои лафзӣ, саноеи бадеӣ, ибҳом ва киноёти дур аз зеҳнро камтар истифода мекарданд. Баръакс, танзҳо ва масалҳои омиёнаи фаровон ҷогузини нозуккориҳои бадеӣ мегаштанд ва ҷо-ҷо шакли анъанавӣ муроот намешуд. Яке аз хусусиятҳои дигари давраи Мушрута дохил шудани истилоҳоти нав ва луғоти хориҷӣ дар забони шеър мебошад. Гурӯҳи аввал истилоҳот ва таркибҳое буданд, ки дар натиҷаи вуруди маҳсулоти саноати Fарб ва таҳавулоти сиёсиву иҷтимоии солҳои охири Эрон ба миён омада буданд, ба монанди роҳи оҳан, сармоя, Маҷлиси Шуро, мошин, истибдод, фирқа ва ғайра. Гурӯҳи дигар калима ва луғатҳои интернатсионалие буданд, аз қабили парлумон, политик, кобина ва амсоли он» [7, 335]. Сипас, муаллиф чеҳраҳои бузурги адабиёт дар ин давра – Фаррухии Яздӣ, Маликушшуаро Баҳор, Эраҷ Мирзо, Орифи Қазвиниро ба хонандагон ва аҳли илм муаррифӣ менамояд. Воқеан, давраи Машрута давраи тиллоии адабиёти Эрон маҳсуб мешавад, зеро адабиёт руҳи миллӣ, меҳанӣ пайдо менамояд. Воқеанигорӣ, тарғиби афкори демократӣ, озодихоҳона, ватан-парварона, сулҳҷӯёна дар саросари кишвар ривоҷу равнақ меёбад. Шоирон ба навоварӣ, тозагӯӣ даст меёбанд ва беҳтарин ғазалҳои иҷтимоию сиёсиро дар ин давра ба майдон меоранд, ки то имрӯз дар адабиёти мо камназиранд.
Муаллиф дар мавриди забону илму фарҳанги Афғонистон сухан ронда, бештар ба мақоми шомихи шоирони маорифпарвару мутараққии ин аҳд-Саид Ҷамолиддини Афғонӣ, Маҳмуди Тарзӣ, Бетоб, Ҳоҷи Исмоили Сиёҳ, Аҳқар, Мустағнӣ ва дигарон истинод менамояд ва таъкид меварзад. Масалан, дар бораи шоир Мустағнӣ чунин мегӯяд: «Яке аз шоирони номдор ва ҳамкори Маҳмуди Тарзӣ дар рӯзномаи «Сироҷ-ул-ахбор» Абдуалии Мустағнӣ (1876-1934) ба шумор мерафт. Мустағнӣ, ҳамзамон, яке аз поягузорони адабиёти навини Афғонистон ба ҳисоб меравад, ки аҳамияти илму фанро дар рушду инкишоф ва пешравии ҳаёти иҷтимоии инсон ниҳоят баланд бардошта буд. Мустағнӣ дар яке аз ғазалҳои худ «Не шеърсаро бошу на рабти сухан омӯз, Ҷаҳде куну аз баҳри ватан илму фан омӯз» хамватанони худро даъват намудааст, ки то кай худро мабҳути пистадаҳонӣ, садафдандонӣ, мурчамиёнӣ, оҳучашмонӣ ва хадантмижгонии маъшуқаи худ месозанд, бояд аз пайи омӯхтани илму ҳунар дар Лондону Париж шаванд:
Коҳил машаву беҳунар аз хонанишинӣ,
Чун рел пайи илму ҳунар тохтан омӯз.
Дар Ландану Порис пайи касбу ҳунар шав,
Не турки хитоию на шӯхи Хутан омӯз.
Ағёр бубин, дар чӣ хаёланду ту ғофил,
Эй ёр, ту ҳам ибрате аз мову ман омӯз.
[7, 351].
Дар бораи Ҳоҷӣ Исмоили Сиёҳ, ки «саромади бузурги адабиёти мардумӣ» дар ин давра маҳсуб мешавад, ба тариқи зайл сухан мегӯяд: «Хаста-муаллифи тазкираи «Суханварони муосир», 186 нафар шоирони даризабони муосири Афғонистонро ёдоварӣ намудааст, ки дар миёни онҳо Ҳоҷӣ Исмоили Сиёҳ (1862-1946) мақоми махсус дорад. Маҳсули эҷодии ин саромади бузурги адабиёти мардумӣ танҳо як маротиба соли 1929 бо саъй ва эҳтимоми Абдураҳими Кӯҳистонӣ – ҳокими ҳукумати Ҳабибуллохони Калаконӣ, ба чоп расида буд. … Дар асари мазкур афкори озодихоҳии шоир ба хубӣ инъикос ёфтааст». [7, 361].
Боби ҳафтум ва хотимавии китоб, ки «Забони тоҷикӣ дар ибтидои асри ХХ» унвон дорад, дар бораи вазъи забону адабиёти тоҷик дар ибтидои асри ХХ, асри пешравӣ, дигаргунӣ, инқилоб, озодӣ, маорифпарварӣ, рушди мактабу маориф, равшангарӣ, таҳаввул, тағйироти луғавӣ, дастурӣ, содагию равонии забон ва ғайра изҳори ақида менамояд. Дар ҳамин давра аст, ки забон аз асорату печидагӣ, такаллуф озод мешавад ва содагию равонӣ ба масобаи меъёр худро ба намоиш мегузорад. Мактабҳои нав кушода мешаванд, адибон ба тарғиби афкори пешқадам, аз ҷумла, маданияти русу Аврупо, мепардозанд. Аҳли илму адаб ғояҳои маорифпарваронаи Аҳмади Донишро дар ҳаёт татбиқ менамоянд. Тоҷикон соҳиби давлат мешаванд, аз мавҷудияти миллии худ на танҳо дарак медиҳанд, балки бо иншои «Намунаи адабиёти тоҷик» мепардозанд ва ба қавли муаллифи он – устод Айнӣ, ба даҳони пантуркистон муҳри хомӯшӣ мезананд. Аммо бо ин ҳама пантуркизм ва намояндагони он бар зарари миллати тоҷик фаъолият карда, ба худшиносии онҳо осеби калон мерасонанд, зеро онҳо мавҷудияти халқи тоҷикро ҳар оина дар ин сарзамин инкор мекарданд. Забон ва баён тағйир меёбад. Хусусан, бо пайдо шудани матбуот дар ин давра дар шеваи эҷод ва таркиби луғавии забон дигаргуниҳо пайдо мешавад. Ин тағйиротро мо аз таъсиси мактабҳои нав, бунёди чопу чопхона, тарҷума аз забонҳои ғарбӣ, ба вижа забони русӣ, интишори рӯзномаву маҷаллаҳо ва ғайра ба забони тоҷикӣ мебинем.
Пайдо шудани рӯзномаву маҷаллаҳо ба забони тоҷикӣ ба густариши вожаву истилоҳоти тоза дар забон мусоидат карданд. Хусусан, нашри рӯзномаи «Бухорои шариф», ки билкул ба забони тоҷикӣ буд, барои бедорӣ ва парвариши эҳсоси озодихоҳии миллати тоҷик нақши муҳим бозид, зеро дар ин рӯзнома, дар баробари масъалаҳои дигар, «масъалаи покизагии забон, риояи дастур (грамматика)-и забон, номгузорӣ ва дигар масъалаҳои мавриди баҳси забон дар саҳифаҳои ин рӯзнома ҷойи асосиро ишғол менамояд». [7, 373].
Дар ин давра, дар як муддати кутоҳ, дар сабку услуби калимасозӣ ва истилоҳсозӣ низ дар забонамон тағйироти назаррас ба вуҷуд омаданд. Дар инкишофи забону истилоҳсозӣ хидмати Мирзо Сироҷи Ҳаким, Асирӣ, Аҷзӣ, Беҳбудӣ, Фитрат, Мунзим, ба вижа устод Айниро ба таври алоҳида бояд қайд кард. Эшон кӯшидаанд, ки забонро аз аносири вазнин, зиёдатӣ, ифроту тафрит дар саҷъ, муболиға дар суханпардозӣ, ки дар сабку забони баёни 1000-солаи мо ҳоким буд, то ҷое ки имконпазир аст, озод созанд ва осори худро ба забони наздик ба мардум, содаву табиӣ, бидуни такаллуфу тасаннуъ, суханпардозии барзиёд ироа намоянд ва матлабро содаву кушоду равшан ба хонанда пешниҳод кунанд.
Муаллиф тағйироти дар забонамон воридшударо дар ин давра мусбат арзёбӣ намуда, рӯ ба сӯи содагӣ овардан, ба ҳаёт, воқеият наздик шудан ва ғанӣ гардидани таркиби луғавии забони модариамонро таъкид мекунад. Ба қавли ӯ, «забони адабии тоҷикии ибтидои асри ХХ таҳаввулоти азимеро аз сар гузаронида, сифатан тағйир ёфта буд ва аз забони классикӣ акнун равшан фарқ мекард. Ин ҳама таҳаввулот барои татбиқи ислоҳоте, ки солҳои 20-ум ва 30-юми асри гузашта ба вуҷуд оварда шудаанд, заминаи муҳиме гардид. Ин давраи инкишофи забони адабӣ бо чунин тағйироти куллии худ ба забони адабии тоҷикии муосир наздикии бештаре дорад. «Ин ҳалқаи пайвандкунандаи ду давраи асосии тараққиёти таърихии забони адабии тоҷик ва аввалин пояи нави такомулот ва инкишофи забони миллии адабӣ-забони ҳозираи адабии тоҷикӣ мебошад»[7, 392].
Ниҳоят, муаллиф хулосаҳои хешро дар поёни китоб, аз замони ҳуҷуми муғул ба кишвари мо то ибтидои асри ХХ, дар 40 банд баён карда, аз шебу фарози зиндагию ҳаёти халқамон дар замони бедавлатӣ, хусусан забон ва адабиёти оламгирамон, маълумоти пурарзиш медиҳад ва таъкид менамояд, ки агарчи мо дар ин муддат қудрати сиёсиву иҷтимоиву иқтисодиву низомиро дар каф надоштем ва монеаҳои зиёде дар ин роҳ пешорӯи миллати мо қарор доштанд, аммо, хушбахтона, ҳамин забон ва адабиёту фарҳангамон моро аз маҳвшавӣ наҷот дод. Ба вижа осори камназири адибонамон, ки дар ин адвор дар Мовароуннаҳру Хуросону Эрону Ҳинду Осиёи Сағиру Усмонӣ эҷод кардаанд, аз ҷумла, Аттору Мавлавию Саноию Хоҷа Насируддини Тӯсӣ, Саъдӣ, Авҳадӣ, Хоҷу, Ҳофиз, Ибни Ямин, Салмони Соваҷӣ, Камоли Исмоилу Камоли Хуҷандӣ, Сайфи Фарғонӣ, Наҷми Розӣ, Авҳадуддини Кирмонӣ, Ҷомӣ, Озарӣ, Урфӣ, Назирӣ, Толиби Омулӣ, Калим, Соиб, Нозим, Фиғонӣ, Ҳилолӣ, Биноӣ, Fанӣ, Шавкат, Мушфиқӣ, Абдибек, Файзӣ, Сайидо, Носиралӣ, Бедил, Аҳмади Дониш, Шоҳин, Қоонӣ, Баҳор, Фаррухии Яздӣ, Мирзо Сироҷи Ҳаким, Асирӣ, Аҷзӣ, Айнӣ ва ҳазорон гӯяндагони хурду бузурги дигар, моро на танҳо аз хатари марг эмин дошт, балки умри ҷовидонӣ бахшид.
Адабиёт:
1. Баҳор Муҳаммад Тақӣ. Ашъори мунтахаб./ М. Баҳор. – Сталинобод, 1958. – С.54.
2. Маонӣ Аҳмад Гулчин. Корвони Ҳинд./ А. Маонӣ.–Ҷ.2. – Машҳад, 1369. –С. 85.
3. Насафӣ Сайидо.- Куллиёт./С. Насафӣ. – Душанбе: Дониш, 2018.
4. Насафӣ Сайидо.- Девон./С. Насафӣ. – Душанбе: Адиб, 2017.
5. Нуъмонӣ Шиблӣ.- Шеър-ул-Аҷам./ Ш. Нуъмонӣ.– Ҷ.3. – Душанбе, 2016.
6. Одилов Н. Ҷаҳонбинии Ҷалолиддини Румӣ. – Душанбе: Ирфон, 1974. –С.5.
7. Раҳмон Эмомалӣ. Забони миллат – ҳастии миллат./Э. Раҳмон. К.2. – Душанбе: Нашри муосир, 2020.
8. Табрезӣ Соиб. Мунтахабот./С. Табрезӣ. – Душанбе: Ирфон, 1980.
9. Табрезӣ Соиб. Девон./С. Табрезӣ. – Ҷ.1. – Теҳрон, 1374.
10. Хуҷандӣ Камол. Саду як ғазал./К. Хуҷандӣ. –Душанбе:Маориф, 1996. –С.20.
11. Ҷалолиддин Мавлоно Муҳаммади Балхӣ. Маснавии маънавӣ./ Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ. –Теҳрон, 2001. –С.425.
12. Шамисо Сирус. Сайри ғазал дар шеъри форсӣ. –Теҳрон, 1373.
13. Шерозӣ Саъдӣ. Куллиёт./ С. Шерозӣ. – Ҷ.3. – Душанбе: Адиб, 1990. – С,51.
ТАШАККУЛ ВА ТАҲАВВУЛИИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ АЗ НИГОҲИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
(дар асоси маводи китоби Пешвои миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат – ҳастии миллат»)
Асари мондагори «Забони миллат – ҳастии миллат», ки ба қалами Пешвои миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марбут аст, дар ду китоб солҳои 2016 ва 2020 чоп гардид.
Ин китобҳо пурмуҳтавотарин асари илмӣ перомуни забону адаб ва таърихи халқи тоҷик ба шумор мераванд. Дар ин мақола роҷеъ ба китоби дуюм – «Забони миллат – ҳастии миллат» (Забон ва замон), -Душанбе, 2020 ибрози андеша сурат гирифтааст. Китоб масъалаҳои таърих, вазъи адабӣ ва ташаккули забони тоҷикиро аз ибтидои асри ХIII то ибтидои асри ХХ фаро гирифтааст. Дар мақола роҷеъ ба ҳолати забони тоҷикӣ дар асрҳои мазкур маълумоти таҳлили пешниҳод мегардад.
Калидвожаҳо: Забони миллат, рукни давлатдорӣ, арзиши миллӣ, фарҳангномаҳо, забони байналмилалӣ, сулолаҳо, ҳодисаю воқеаҳо, осори шоирон, ҳусни забон, мақоми иқтимоии забон, тағйирот дар забон, соданависӣ.
РАЗВИТИЕ И ПРЕОБРАЗОВАНИЕ ТАДЖИКСКОГО ЯЗЫКА ПО МНЕНИЮ ЛИДЕРА НАЦИИ
(по материалам книги Лидера нации – Основателя мира и национального единства, уважаемого Эмомали Рахмона «Язык нации – бытие нации»)
Неоценимая книга «Язык нации – бытие нации», относящаяся перу Лидера нации – Основателя мира и национального единства, уважаемого Эмомали Рахмона опубликованная в 2016 и 2020 годах в объёме двух книг.
Эти книги являются содержательными научными произведениями о языке, литературе и истории таджикского народа. В данной статьи речь идёт о второй книге – «Язык нации – бытие нации» (Язык и время), – Душанбе, 2020. Книга рассматривает проблемы истории таджиков, литературное наследие и развитие таджикского языка с начала ХIII и до начала ХХ столетия. В статье анализируется ситуация таджикского языка в данных столетиях.
Ключевые слова: национальный язык, основа нации, национальные ценности, лексикографические работы, межнациональный язык, династия, вековые происшествия, наследия поэтов, культура речи, социальный статус языка, преобразование в языке, простописание.
DEVELOPMENT AND TRANSFORMATION OF THE TAJIK LANGUAGE ACCORDING TO THE LEADER OF THE NATION
(based on the book by the Leader of the Nation – the Founder of Peace and the unity of the nation, his excellency Emomali Rahmon «The Nation Language – the Nation Existence»
The invaluable book « The Nation Language – the Nation Existence », which belonged to the pen of the Leader of the Nation – the Founder of Peace and the unity of the nation, dear Emomali Rahmon, was published in 2016 and 2020 in the volume of two books.
These books are informative scientific works about the language, literature and history of the Tajik people. This article deals with the second book - "The Nation Language – the Nation Existence" (Language and time), -Dushanbe, 2020. The book examines the problems of Tajik history, literary heritage and the development of the Tajik language from the beginning of the XIII to the beginning of the XX century. The article analyzes the situation of the Tajik language in these centuries.
Keywords: national language, basis of the nation, national value, lexicographic works, interethnic language, dynasty, age-old incident, heritage of poets, culture of speech, social status of language, transformation into language, prosthetics.
Маълумот дар бораи муаллифон: Раҳматуллозода С. Р. Муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ, д.и.ф., профессор, узви вобастаи АМИТ. Тел: 919002178; e-mail: saxidodi@list.ru [2].
Сведения об авторе: Рахматуллозода С. Р. заместитель председателя Комитета по языку и терминологии при Правительстве Республики Таджикистан, д.ф.н., профессор, член-корреспондент НАНТ.
Тел: 919002178; E-mail: saxidodi@list.ru [2].
Information about the authors: Rahmatullozoda S.R. – vice-chairman of the Committee on Language and Terminology under the Government of the Republic of Tajikistan, Doctor of Philosophy, Professor, Corresponding Member of the National Academy of Science of Tajikistan. Tel: 919002178; E-mail: saxidodi@list.ru [2].
Саидзода Ҷ. Сарходими шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ, н.и.ф., дотсент. Тел: 935499998
Саидзода Дж. Главный научный сотрудник Института языка и литературы им. А.Рудаки НАНТ к.ф.н., доцент. Тел: 935499998
Saidzoda J. - senior staff scientist, Institute of Language and Literature named after A. Rudaki of the NAST, Ph.D. associate professor. Tel: 935499998