ЗАБОН ВА ИСТИЛОҲОТ - МАҶАЛЛАИ ИЛМӢ-ОММАВӢ
Маҷалла бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мешавад.
Матни мукаммали маводи чопӣ дар сомонаи расмии Кумита ҷойгир карда шудааст (www.kumitaizabon.tj [2]).
Забон ва истилоҳот: маҷаллаи илмӣ-оммавӣ. – 2021. – № 1 (1). ISSN 2957-6741.
Маҷалла дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.
Шаҳодатномаи №177/МҶ-97 аз 08.02.2021.
Нишонии маҷалла: 734013, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Беҳзод, 25
Сомонаи маҷалла: www.istilohot.tj [3]
E-mail: kumitaizabon@mail.ru [4]
Тел.: (+992 37) 227-59-38
САРСУХАН
Муҳимтарин андеша перомуни сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи забон дар баёни муъҷази Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифода ёфтааст, ки мефармоянд: «Забон рукни асосии миллат ва давлат аст, миллату давлат соҳиб ва пуштибони забонанд. Забон омили асосии рушду камоли миллат ва давлат аст. Ин аст, ки забон ва давлату миллат дар паноҳи якдигаранд».
Пойдорӣ ва бақои суннату фарҳанги миллӣ, забони миллӣ дар шароити кунунии таъсири ҳамарӯзаи омилҳои ҷаҳонишавӣ ва нуфузи забонҳои муқтадир тавассути технологияи пешрафтаи муосир аз бисёр ҷиҳат ба қудрату тавоноии забон вобастагӣ дорад.
Маҳз қудрату тавоноӣ ва неруи забони тоҷикӣ мардумони ин сарзаминро аз хатари нуфузи забонҳои дигар наҷот бахшида, ваҳдати миллиро таҳким мебахшад.
Имрӯз бештари кишварҳо, ки ба дастовардҳои бузурги илми ҷаҳонӣ ноил шудаанд, илми хешро тавассути забонҳои миллӣ эҷод ва муаррифӣ менамоянд. Аз ин рӯ, забони миллӣ дар мақоми забо-ни расмӣ ва давлатӣ асоси ташаккули илму маориф ва тамаддуни ҳар кишвар мебошад. Ба вуҷуд овардани забони илм ва танзими истилоҳоти дақиқи илмӣ яке аз вазифаҳои асосии ҳамагуна муас-сисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии кишвар ба шумор меравад.
Ба ҳамагон маълум аст, ки пас аз мақоми давлатиро соҳиб шудани забони тоҷикӣ, ин забони ниёгони мо, ки ҳазорсолаҳо забони муошират, дипломатӣ ва илму фарҳанг буд, мақоми волои худро дар байни мардуми Тоҷикистон пайдо намуд.
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади саҳмгузорӣ дар амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат оид ба забон иқдом гирифт, то чунин як маҷаллаи илмию таҳқиқотӣ ва оммавиро пешкаши аҳли илми забоншиносӣ ва дӯстдорони забони тоҷикӣ намояд.
Ин аст, ки шумораи нахустини маҷаллаи «Забон ва истилоҳот» нашр мешавад ва дар он аз шумораи аввалинаш сар карда, мақолаҳои илмии олимону пажӯҳишгарон ва унвонҷӯён ва кулли дӯстдорони забони тоҷикӣ дар мавзуъҳои мубрами масъалаҳои забоншиносии тоҷикӣ, назарияи забон, истилоҳсозӣ, номгузорӣ, имло ва дигар масоили марбут ба рушду густариши забони давлатӣ интишор меёбанд.
Ба нашр расидани маҷаллаи мазкур, пеш аз ҳама, аз он шаҳодат медиҳад, ки истилоҳи забони тоҷикӣ ифодакунандаи мафҳуми забони давлатии мост ва аз нигоҳи таърихӣ ин истилоҳ ҳамрадифи вожаҳои форсӣ, дарӣ ва форсии дарист.
Дар маҷаллаи мазкур, ҳамзамон, нашри маводи санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар вобаста ба масоили забони давлатӣ, суханрониву дастуру супоришҳои Пешвои миллат ба табъ расида, мақолаҳо оид ба иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар тамоми қишри ҷомеаи мо ба роҳ монда мешавад.
Бо дарназардошти талаботи замона дар замони ҷаҳонишавӣ ва рушди минбаъдаи забони тоҷикӣ дар арсаи байналмилалӣ умед бар он дорем, ки аҳли илму адаб ва олимону пажӯҳишгарон аз мушкилоту навгониҳои забоншиносӣ бо риояи меъёрҳои забон ва дигар масоили мубрами марбут ба сиёсати давлатӣ дар бораи забон саҳмгузор мешаванд.
Минбаъд, дар маҷалла маводи олимони забоншиноси ватаниву хориҷӣ дар мавзуъҳои вобаста ба рушди забони тоҷикӣ, вазъи таълими забони тоҷикӣ дар муассисаҳои таълимӣ, фаъолияти илмии шуъбаҳои тоҷикшиносӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии ватаниву хориҷӣ, масъалаҳои мубрами забоншиносии муқоисавӣ ва вазъи омӯзишу азхудкунии забони давлатӣ аз ҷониби кормандони вазорату идораҳо ва риояи татбиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби онҳо ва дигар масоили татбиқи забони давлатӣ нашр хоҳад гардид.
Рӯзгори ободу осоишта ва файзбори даврони Истиқлоли давлатӣ, ки барои тавсеаи доманаи корбурди забони модарӣ дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа имконоти мусоид фароҳам овардааст ва моро водор менамояд, ки барои густариши ҳарчи бештари забон дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт, ғановатмандии мунтазами таркиби луғавии он, ҳамчунин, ҳифзу нигаҳдошти асолату покизагии забони модарӣ ба таври дастаҷамъӣ камари ҳиммат бандем.
Дар анҷоми сухан, ба қавли сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ, забони тоҷикӣ (форсӣ-дарӣ) дар ташаккули, як қавми муаззам ба номи «тоҷик» ва бунёди адабиёту фарҳанги оламшумули он нақши меҳварӣ дорад, ки номи бузургони илму адабаш, мисли устод Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Берунӣ, Ибни Сино, Носири Хусрав, Саъдӣ, Мавлавӣ, Ҳофиз, Умари Хайём, Ҷомӣ ва садҳо бузургони дигар имрӯз ҳам дар саросари олам вирди забонҳост. Ин забон, ки аз имтиҳонҳои ҷиддии таърих бо сари баланд гузаштааст, дар рӯзгори кунунии ба ном «ҷаҳоншавӣ» низ метавонад рисолати таърихии худро нишон дода, бо ҳиммати соҳибзабонон асолату шевоии худро ҳифз намуда, ҳамчунин, ба ояндагон мерос гузорад, ки маҷаллаи «Забон ва истилоҳот» бозгӯйи он хоҳад буд.
Таъсиси ин маҷаллаи илмию оммавӣ дар ростои иҷрои банди 49-и «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 28 ноябри соли 2020, №647) тасдиқ шудааст, ҷиҳати нашри муҳимтарин дастовардҳо доир ба забон хизмат карда, дар рушду густариши забони тоҷикӣ чун таблиғгари муҳим ба шумор меравад. Дар фаъолияти ин маҷалла барои анҷоми ҳадафҳои некаш муваффақиятҳо хоҳонем.
Сатториён Матлубахон
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон