ЭҲДО БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ. АЗАМАТУ ҶАЛОЛИ ОЛИ СОМОН ВА ДАВЛАТИ СОМОНИЁН МАҲЗ АЗ БАРАКАТИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ БУД
ДУШАНБЕ, 03.10.2022. АМИТ «Ховар».
Азамату ҷалоле, ки Оли Сомон ва давлати Сомониён дошт, маҳз аз баракати забони дарии тоҷикӣ буд, ки илму фарҳанг ва давлату давлатдории тоҷикон ва симои маънавии халқи тоҷикро ба хиттаи ёдгориҳои арзишманди тамаддун ворид намуда, онро бо тамоми шоистагиаш муаррифӣ кард. Ин забон аз қадимулайём ба худ нишонаҳои забони классикӣ дошта, дар ҷаҳон ба таври густарда вусъат пайдо кардаву асрҳо ба ҳайси забони фарҳангу адаб, савдову тиҷорат ва муоширату гуфтушуниди дипломатии Осиёи Марказӣ истифода мешуд.
Ин матлабро Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Муҳаммадҷонзода дар арафаи ҷашни Рўзи забони давлатӣ, ки ҳамасола дар кишвар 5 октябр таҷлил мегардад, дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» иброз дошт.
«Сарчашмаҳои илмӣ нишон медиҳанд, ки бо забони тоҷикии форсӣ мардумони беш аз 29 кишвари ҷаҳон гуфтугӯ мекунанд, забони тоҷикӣ аз ҷиҳати калимасозӣ ва ибораороӣ дар сархати забонҳои дунёст ва имкон дорад, ки дар ин радиф беш аз 225 миллион калима ва вожа бисозад. Ин ҳама аз тавонмандӣ, шаҳомат ва бузургиву нодирии забони ноби тоҷикӣ шаҳодат медиҳад»,-мегўяд олими забоншинос.
Ба андешаи ӯ, имрӯз ҳам забони тоҷикӣ аз ҷиҳати ғановат ва сермаъноии калимаҳо миёни забонҳои хурду бузурги дунё мақоми аввалро доро мебошад, ки далели он луғатномаи Деҳхудо (18 ҷилд) ва 6 ҷилд Луғати тафсирии ӯ мебошад.
«Агар бузургони пешин, устодон Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров адабиёту таърихи пурфарозу оламгири тоҷиконро ҳамчун мероси аслии миллат рўнамоӣ карда бошанд, дар пайомади эшон, абармарди арсаи сиёсат, илм ва фарҳангу иқтисоди мустақил ва худогоҳи воқеии миллии тоҷикон – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба забони тоҷикӣ арҷгузории беназир намуда, ҷойгоҳи онро дар арсаи байналмилалӣ миёни зиёда аз 200 кишвари олам сайёра баланд бардоштанд. Ва чуноне ки имрӯз ҳамагон шоҳиди ҳоланд, забони тоҷикӣ дар симову ҳузури муборак ва лаҳни гуворои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари олии Созмони Милали Муттаҳид ва дигар минбарҳои дигари бонуфузи сиёсиву фарҳангӣ садо медиҳад», -иброз дошт ҳамсуҳбати мо.
Олимҷон Муҳаммадҷонзода хотиррасон шуд, ки забони давлатӣ яке аз муҳимтарин аркони давлати миллӣ маҳсуб ёфта, дар баробари Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ ба муқаддасоти миллӣ дохил шудааст. Дар моддаи дуюми Конститутсияи ҷумҳурӣ омадааст, ки забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст, ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳақ доранд аз забони модариашон истифода кунанд.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС: манбаъҳои боз ва бойгонии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: https://khovar.tj/2022/10/5e-do-ba-ruzi-zaboni-davlat-azamatu-aloli-oli-somon-va-davlati-somoniyon-ma-z-az-barakati-zaboni-to-ik-bud/ [2]
Категория:
- Ахбори рӯз [3]
- АМИТ «Ховар» [4]