Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2022 барои Тоҷикистони мо, дар маҷмӯъ, соли бобарор буд.
Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд.
Чунонки ба ҳама маълум аст, солҳои охир вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон хеле мураккаб гардида, ҳоло инсоният дар давраи ниҳоят ҳассос ва душвортарини таърихи қариб сад соли охири худ қарор дорад.
Аз ҷумла, дар панҷ соли охир таъсири манфии бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, инчунин, пайомадҳои тағйирёбии иқлим ба иқтисоди кишварҳои ҷаҳон шиддат ёфта, яроқнокшавии бошитоб ва оғози марҳалаи «ҷанги сард» боиси халалдор шудани низоми муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратии байни давлатҳо ва ба вуқӯъ омадани буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ гардид.
Бахусус, соли 2022 таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ вусъат гирифта, занҷираҳои мавҷудаи таъминоти молу маҳсулот канда шуданд, истеҳсоли маҳсулот коҳиш ёфт ва нархҳо, махсусан, нархи маводи ғизоӣ ба таври бесобиқа боло рафтанд.
Сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллии мо, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт.
Аз ҷумла соли 2022 корҳо ҷиҳати устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, фаъолияти босуботи низоми бонкӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ тақвият пайдо карда, рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи 8 фоиз таъмин карда шуд.
Дар панҷ соли охир сатҳи некуаҳволии мардум тадриҷан баланд шуда, даромади пулии аҳолӣ аз 41,1 миллиард сомонии соли 2018 ба 87 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расонида шуд, яъне 2,1 баробар зиёд гардид.
Музди миёнаи меҳнат дар кишвар якуним баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,3 баробар афзоиш ёфт.
Дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ аз 27,4 фоизи соли 2018 то 22,5 фоиз дар соли 2022 коҳиш дода шуд.
Дар ин давра беш аз 900 ҳазор, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 ҳазор ҷойи кории нав таъсис дода шуд, ки ба беҳтар гардидани вазъи шуғли аҳолӣ дар кишвар мусоидат намуд.
Ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ аз 9,1 миллиард сомонии соли 2018 то 14,7 миллиард сомонӣ дар соли 2022 ё 62 фоиз зиёд гардид.
Дар панҷ соли охир танҳо барои рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳиссаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ 44 фоизро ташкил кард.
Дар давраи зикршуда аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 842 бинои муассисаи таълимӣ барои 382 ҳазор хонанда, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 бинои таълимӣ барои 87 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст.
Ҳамзамон бо ин, ба маълумоти вакилони муҳтарам ва ҳамватанони азиз расонида мешавад, ки дар 31 соли истиқлоли давлатӣ 3430 муассисаи нави таълимӣ барои қариб якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шуд.
Ҳол он ки дар 70 соли замони гузашта ҳамагӣ 3229 муассисаи таълимӣ бунёд гардида буд.
Бо вуҷуди ин, корҳои то имрӯз дар ин самт амалигардида ҳоло ҳам басанда нестанд.
Имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар 2 миллиону 300 ҳазор нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Соли 1991 ин нишондиҳанда ҳамагӣ 1 миллиону 325 ҳазор нафарро ташкил медод.
Инчунин, агар то соли 1991, яъне дар 70 соли замони гузашта дар мамлакат ҳамагӣ 2862 муассисаву иншооти тандурустӣ бо 52 ҳазору 800 нафар корманд фаъолият дошта бошад, пас дар даврони соҳибистиқлолӣ, хусусан, дар 25 соли охир 2827 муассисаву иншооти тандурустӣ сохта, ба истифода дода шудааст.
Ҳоло шумораи муассисаҳои тандурустии мамлакат нисбат ба соли 1991 қариб ду баробар зиёд гардида, ба 5116 ва кормандони онҳо ба 79 ҳазор расидааст.
Ҳамчунин, дар панҷ соли охир аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории буҷети давлатӣ барои дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ тавассути пардохти нафақа, кумакпулӣ ва ҷубронпулиҳо, нигоҳдории муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва уҳдадориҳои дигар зиёда аз 19 миллиард сомонӣ, аз ҷумла танҳо дар соли 2022-юм 4,3 миллиард сомонӣ равона карда шуд.
Дар баробари ин, то охири соли 2022 ба 475 ҳазор шаҳрванди эҳтиёҷманди кишвар, аз ҷумла кӯдакони ятим ва бесаробон, маъюбон, оилаҳои камбизоат ва гирандагони нафақаи иҷтимоӣ кумаки молиявии яквақта дар ҳаҷми 600 сомонӣ иловатан пардохт карда мешавад ва ба ин мақсад 285 миллион сомонӣ равона мегардад.
Тавре ки борҳо зикр намудам, ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми азизамон мебошад.
Дар робита ба ин, Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки пешрафти устувори минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии кишварро нигоҳ дошта, соли 2023 суръати рушди иқтисодиро дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намояд.
Дар ин замина, соли 2023 даромади умумии пулии аҳолӣ 15 фоиз афзоиш ёфта, ба 100 миллиард сомонӣ баробар мегардад.
Бо ин мақсад, такроран таъкид менамоям, ки бояд таваҷҷуҳи асосӣ ба рушди босуботи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба он, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти содирот, ташаккули «иқтисоди сабз», суръат бахшидан ба раванди рақамикунонии бахшҳои иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ равона карда шавад.
Вазорати рушди иқтисод ва савдо якҷо бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақсади татбиқи ҳадафу афзалиятҳои рушд бояд раванди банақшагирии стратегиро дар ҳамаи сатҳҳои идоракунии давлатӣ пурра ҷорӣ карда, барои иҷрои нишондиҳандаҳои дар ҳуҷҷатҳои барномавӣ пешбинишуда тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намояд.
Барои нигоҳ доштани рушди босуботи иқтисодӣ, таъмин намудани устувории молияи давлат, афзоиши даромад ва баланд бардоштани самаранокии буҷет заминаи зарурии қонунгузорӣ фароҳам оварда шуда, корҳо дар самти мукаммал гардонидани низоми миллии молия ва андоз идома доранд.
Дар натиҷаи тадбирҳои амалишуда ҳаҷми буҷети давлатӣ ҳамасола афзоиш ёфта, дар соли 2022 қисми даромади он ба 33 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2018-ум 38 фоиз зиёд мебошад.
Вазорати молияро зарур аст, ки тибқи принсипҳои банақшагирии стратегӣ ва низоми байналмилалии баҳисобгирии молиявӣ минбаъд низ доир ба масъалаҳои интизоми молиявӣ, тақсимоти самараноки захираҳо, шаффофияту тобеият ва таҳияи босифати буҷети давлатӣ, инчунин, рақамикунонии соҳа чораҳои амалӣ андешад.
Кумитаи андоз вазифадор карда мешавад, ки якҷо бо мақомоти марбута ҷиҳати беҳтар гардонидани хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ, мукаммалсозии маъмурикунонии андоз ва дар ин замина бартараф намудани таъсири омили инсонӣ ба раванди андозсупорӣ, инчунин, истифодаи ҳатмии дастгоҳи назоративу хазинавии дар реҷаи вақти воқеӣ амалкунанда ва низоми хазинаҳои маҷозӣ ҳангоми анҷом додани ҳисоббаробаркуниҳои пулӣ бо аҳолӣ тадбирҳои иловагиро амалӣ гардонад.
Дар самти сиёсати пулию қарзӣ нигоҳ доштани устувории қурби пули миллӣ, баланд бардоштани қобилияти пардохти низоми бонкӣ, дар сатҳи пешбинишуда нигоҳ доштани таваррум, инчунин, таъмин намудани фаъолияти самараноки низоми пардохтҳо аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим боқӣ мемонанд.
Дар соли 2022 қурби пули миллӣ муътадил нигоҳ дошта шуда, сатҳи таваррум 4,2 фоизро ташкил намуд.
Вале хавфҳои эҳтимолӣ водор месозанд, ки дар ин ҷода тадбирҳои таъхирнопазир андешида шаванд.
Дар охири соли 2022 бақияи умумии пасандозҳои аҳолӣ ва шахсони ҳуқуқӣ дар бонкҳои кишвар 13 миллиард сомониро ташкил дод.
Ҳарчанд ки нишондиҳандаи мазкур нисбат ба соли 2021-ум қариб 28 фоиз зиёд мебошад, вале ҳанӯз ба талабот дар самти рушди фаъолияти низоми бонкӣ ҷавобгӯ нест.
Ҳаҷми қарзҳои дар соли 2022 аз ҷониби низоми бонкии кишвар ба аҳолӣ ва соҳибкорон додашуда 14,1 миллиард сомониро ташкил кард, ки дар муқоиса бо соли 2018-ум 85 фоиз зиёд мебошад.
Ҳамчунин, дар панҷ соли охир шумораи қарзгирандагон аз 564 ҳазори соли 2018 то ба 2 миллиону 336 ҳазор дар соли 2022 расида, 4,1 баробар афзоиш ёфтааст, ки фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ ва соҳибкоронро нишон медиҳад.
Дар ин давра ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда 55 миллиард сомониро ташкил кард, ки 36 фоизи он ба соҳибкории истеҳсолӣ рост меояд.
Лекин ин нишондиҳандаҳо барои расидан ба ҳадафҳои стратегии мо, аз ҷумла саноатикунонии босуръат ҳоло ҳам нокифоя мебошанд.
Таъкид менамоям, ки масъалаи таъмини саривақтии талаботи иқтисодиёт ба маблағгузорӣ, хусусан, қарздиҳӣ бояд ҳамеша дар меҳвари фаъолияти низоми молия ва бонкҳои кишвар қарор дода шавад.
Зеро ҳар қадар, ки аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ ба аҳолӣ ва субъектҳои хоҷагидор қарзҳои дастрас зиёд пешниҳод карда шаванд, суръати рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ ҳамон қадар баланд мегардад.
Аз ин рӯ, Бонки миллӣ якҷо бо Вазорати молия, «Амонатбонк» ва «Саноатсодиротбонк» вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати ҳавасмандгардонии пасандозгузорон ва паст намудани фоизи қарзҳои ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, махсусан, ба соҳибкории истеҳсолӣ пешниҳодшаванда, инчунин, бо фоизи дастрас афзоиш додани пешниҳоди қарзҳои ипотекӣ чораҷӯӣ намояд.
Бо мақсади мусоидат ба рушди бахши молиявӣ зарур аст, ки аз 1-уми июли соли 2023 пардохти ҳамаи андозҳо ва боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва дигар намудҳои хизматрасонии давлатӣ пурра ба таври ғайринақдӣ ба роҳ монда шавад.
Вобаста ба ин, аз ҷониби Вазорати молия ва Бонки миллӣ ҷиҳати таъсис додани махзани ягонаи маълумот доир ба суратҳисоби ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо, тавсеаи инфрасохтори пардохти ғайринақдӣ ва ташкили равзанаи ягонаи пардохти тамоми хизматрасониҳои давлатӣ бояд тадбирҳои зарурии фаврӣ ва қатъӣ андешида шаванд.
Ба Бонки миллӣ зарур аст, ки якҷо бо Вазорати молия ва дигар вазорату идораҳои дахлдор бо мақсади тавсеаи фарогирии молиявӣ дар кишвар барои рушди шабакаи хизматрасониҳои молиявии рақамӣ, таъмин намудани гуногуншаклии хизматрасониҳои молиявӣ, ҳимояи ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва баланд бардоштани маърифати молиявии онҳо чораҷӯӣ намояд.
Вакилони муҳтарам!
Дар доираи сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат доир ба дастгирии фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ дар замони соҳибистиқлолӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, дар ин самт барои соҳибкорон имтиёзу сабукиҳои зиёд ҷорӣ карда шуданд.
То имрӯз ба онҳо беш аз 120 намуди имтиёзу сабукиҳои андозиву гумрукӣ пешниҳод шуда, шумораи сохторҳои бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ аз 4 ба 1 кам гардида, хизматрасонӣ дар ин самт ба таври ройгон ба роҳ монда шудааст.
Дар соли 2022 маблағи имтиёзҳои андозиву гумрукии истифодагардида зиёда аз 12 миллиард сомониро ташкил медиҳад.
Аз ҷумла аз ҳисоби паст ва бекор кардани меъёрҳои 5 намуди андоз зиёда аз 1,5 миллиард сомонӣ ҳамчун дастгирӣ дар ихтиёри субъектҳои соҳибкорӣ боқӣ мемонад.
Дар натиҷа соли 2022 шумораи субъектҳои соҳибкорӣ ба 339 ҳазор расид, ки нисбат ба соли 2018 беш аз 76 ҳазор зиёд мебошад.
Қобили зикр аст, ки соҳибкорони мамлакат, дар навбати худ, дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, иншооти иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои кории нав саҳми назаррас гузошта истодаанд ва бовар дорам, ки чунин иқдомоти созанда аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст вусъати боз ҳам бештар пайдо мекунанд.
Танҳо дар панҷ соли охир аз ҷониби соҳибкорони мамлакат ба маблағи умумии беш аз 12 миллиард сомонӣ қариб 18 ҳазор иншооти таъиноти истеҳсоливу иҷтимоӣ сохта, ба истифода супорида шудааст.
Ҳукумати мамлакат вазифадор аст, ки ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ, махсусан, сармоягузории мустақим, таъмин намудани иҷрои кафолату имтиёзҳо ва чораҳои дастгирии давлатӣ, ҳавасмандгардонӣ ва қадрдонии соҳибкорон, инчунин, рушди инфрасохтори сармоягузориву соҳибкорӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намояд.
Дар ин самт, пешниҳод менамоям, ки бо мақсади идома додани ислоҳоти соҳа ва танзими муносибатҳои иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ қонунгузории соҳа такмил дода шуда, муносибатҳои зикршуда дар доираи як санади меъёрии ҳуқуқӣ танзим ва шумораи онҳо то 60 фоиз ихтисор карда шавад.
Ҳамчунин, роҳбарони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки ташаббусҳои созандаи соҳибкорону сармоягузоронро ҳамаҷониба дастгирӣ намоянд ва доир ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба фаъолияти онҳо ва бартараф кардани мушкилоту монеаҳои ҷойдошта тадбирҳои бетаъхир андешанд.
Зикр бояд кард, ки тайи бист соли охир ба кишвар беш аз 152 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 60 миллиард сомонӣ сармояи мустақим ҷалб карда шудааст.
Аз маблағи зикршудаи сармояи мустақим зиёда аз 36 миллиард сомонии он танҳо барои рушди соҳаи саноат ҷалб гардидааст.
Дар панҷ соли охир ба соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ беш аз 15 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб карда шудааст, вале ин нишондиҳанда ҳанӯз ба талаботи рушди иқтисодиёт ҷавобгӯй нест.
То соли 2025 дар кишвар татбиқи беш аз 200 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ пешбинӣ гардида, танҳо ба бахши воқеӣ ва инфрасохтор зиёда аз 82 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ карда мешавад.
Таъкид менамоям, ки дар шароити таҳаввулоти босуръату пешгӯинашавандаи иқтисоди ҷаҳонӣ, рақобатҳои шадид барои дастрасӣ ба захираҳо ва пайомадҳои тағйирёбии иқлим бояд дар кишвар тамоми воситаҳои муосири фаъолгардонии сармоягузорӣ ба таври васеъ истифода бурда шаванд.
Аз ин лиҳоз, механизми маблағгузории фондҳои махсус дар самти татбиқи «лоиҳаҳои сабз», хусусан, барои роҳандозии барномаву лоиҳаҳои мақсадноки рушди «иқтисоди сабз», аз ҷумла «энергияи сабз» бояд васеъ ҷорӣ карда шавад.
Вобаста ба ин, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, корҳои хориҷӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва дигар сохторҳои дахлдорро зарур аст, ки ҷиҳати ҷалби «маблағгузории сабз» барои татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои саноат ва инфрасохтори кишвар, хусусан, лоиҳаҳои дорои аҳаммияти экологӣ ва озуқаворӣ чораҷӯӣ намоянд.
Тадбирҳои дар самти рушди саноат ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа андешидашуда имкон фароҳам оварданд, ки дар панҷ соли охир афзоиши номгӯйи маҳсулоти саноатии истеҳсоли ватанӣ ба зиёда аз 40 фоиз расонида шавад.
Дар ин давра 1382 коргоҳу корхонаи саноатӣ бо таъсиси 15 ҳазор ҷойи кории нав сохта, мавриди истифода қарор дода шуд.
Умуман, агар соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият дошта бошад, пас дар замони соҳибистиқлолӣ 2500 корхонаи истеҳсолӣ бунёд гардида, соли 2022-юм 2800 корхонаи саноатӣ бо 85 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият карда истодаанд.
Танҳо соли 2022-юм беш аз 500 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бо 6 ҳазор ҷойи нави корӣ ба фаъолият оғоз карданд ва барои то 43 миллиард сомонӣ афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2022 мусоидат намуданд.
Вале ин нишондиҳандаҳо, бо дарназардошти захираву имкониятҳои кишвар, аз ҷумла ашёи хоми ватанӣ, иқтидорҳои истеҳсолӣ, захираҳои меҳнатӣ, «энергияи сабз» ва талаботи афзоянда ба маҳсулоти саноатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, ҷиҳати ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегии мо – саноатикунонии босуръат ҳанӯз нокифоя мебошанд.
Ҳамчунин, хотирнишон месозам, ки нишондиҳандаҳои содироти мамлакат ҳоло ҳам дар сатҳи паст қарор доранд.
Бинобар ин, Вазорати саноат ва технологияҳои навро зарур аст, ки якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, вазорату идораҳои марбута, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва соҳибкорону сармоягузорон корро ҷиҳати таъсиси корхонаҳои саноатӣ бо технологияҳои муосир, муҳайё намудани ҷойҳои кории нав ва афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии дорои арзиши баланди иловашуда вусъат бахшад.
Дар ин раванд, ба таъсиси маҷмааҳои саноатӣ, паркҳои технологӣ, таҳия ва татбиқ намудани лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ҷорӣ кардани технологияҳои инноватсионӣ, истифодаи таҷҳизоти каммасрафи барқӣ ва ҷалби боз ҳам бештари сармояи мустақим бояд эътибори аввалиндараҷа дода шавад.
Аз ҷумла дар се соли минбаъда барои бо шуғл таъмин намудани аҳолӣ бояд ҷиҳати таъсис додани 30 парки технологӣ ва минтақаи саноатӣ дар шаҳру ноҳияҳои дурдасти мамлакат чораҳои зарурӣ андешида шаванд.
Ҳамчунин, ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав супориш дода мешавад, ки якҷо бо вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорон ҷиҳати бунёди корхонаҳои саноати коркард, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе аз оғози соли 2023 марҳала ба марҳала сохта, ба истифода додани 4 корхонаи то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ коркард кардани металлҳои қиматбаҳо тадбирҳои зарурӣ андешад.
Ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки ба масъалаи истихроҷу коркарди металлҳои ранга аз конҳои муайяншуда, аз ҷумла сурма, литий, волфрам, никел ва дигар металлҳо аҳаммияти хосса дода, барномаи азхудкунӣ ва дар дохили мамлакат то маҳсулоти ниҳоӣ коркард намудани онҳоро таҳия ва амалӣ созад.
Дар баробари ин, Вазорати саноат ва технологияҳои нав бояд дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақсади истифодаи пурраи имкониятҳои кишвар дар самти рушди саноати сабук стратегияи миллии рушди истеҳсолу коркарди пахта ва саноати нассоҷиро таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.
Дар ин самт, Вазорати саноат ва технологияҳои нав вазифадор аст, ки якҷо бо Вазорати кишоварзӣ, вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо ҷалби сармоя ва татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ ҷиҳати дар се соли минбаъда бунёд кардану ба кор андохтани маҷмааҳои коркарди ниҳоии нахи пахта дар 5 шаҳру ноҳия, аз ҷумла шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлоб чораҳои саривақтӣ андешад.
Ба вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки фаъолияти пурсамари корхонаҳои саноатии давлатӣ ва хусусиро, ки аз кор бозмондаанд ё нопурра фаъолият мекунанд, таъмин созанд.
Вазорату идораҳои зикршуда дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорон дар соли 2023 корхонаҳои равғанбарории шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Конибодомро тавассути муҷаҳҳазгардонӣ бо технологияҳои муосир бо иқтидори истеҳсолии солҳои қаблии онҳо барқарор намоянд.
Ҳоло талаботи бозори истеъмолии мамлакат аз ҳисоби равғани истеҳсоли ватанӣ ҳамагӣ 22 фоиз таъмин гардида истодааст.
Дар сурати ба фаъолият оғоз кардани корхонаҳои зикргардида талаботи аҳолии мамлакат бо равғани истеҳсоли худӣ беш аз 70 фоиз таъмин мегардад.
Гарчанде саноати дорусозӣ солҳои охир тадриҷан рушд ёфта, ҳоло дар кишвар истеҳсоли 540 намуди доруворӣ ба роҳ монда шудааст ва ҳаҷми маҳсулоти соҳа соли 2022 нисбат ба соли 2021-ум се баробар афзоиш ёфтааст, вале имкониятҳои истифоданашуда дар ин самт ҳанӯз хеле зиёданд.
Дар зарфи ду соли охир ба кишвар ба маблағи қариб 84 миллион доллар доруворӣ ворид шудааст.
Бо мақсади рушди минбаъдаи саноати дорусозӣ ба вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ зарур аст, ки якҷо бо дигар сохтору мақомот ва бо ҷалби сармояи мустақим таъсис додан ва ба кор андохтани корхонаҳои муосири истеҳсоли доруворӣ, коркарди васеи гиёҳҳои шифобахш ва аз лиҳози экологӣ тозаи ватанӣ ва боз ҳам зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дорувориро таъмин намоянд.
Хотирнишон менамоям, ки дастрасӣ ба манзил яке аз самтҳои муҳимми ҳаёти иҷтимоӣ буда, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат то имрӯз дар ин самт корҳои зиёд ба анҷом расонида шудаанд.
Аз соли 2000-ум то соли 2022-юм ҳаҷми солонаи ба истифода супоридани манзил аз 245 ҳазор метри мураббаъ ба зиёда аз 1,5 миллион метри мураббаъ расидааст.
Бо мақсади беҳтар кардани шароити зиндагии мардуми кишвар танҳо дар 10 соли охир 7,2 ҳазор гектар заминҳои наздиҳавлигӣ барои бунёди беш аз 14 миллион метри мураббаъ манзили истиқоматӣ ба аҳолии мамлакат ҷудо гардидааст.
Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1 миллиону 450 ҳазор оила замини наздиҳавлигӣ барои бунёди манзил ҷудо карда дода шудааст.
Бо ин мақсад 139 ҳазор гектар замин ҷудо гардида, беш аз 9 миллион нафар шаҳрвандони мо имконият пайдо карданд, ки шароити истиқоматии худро беҳтар намоянд.
Хотирнишон месозам, ки дар 70 соли то замони истиқлол ба аҳолӣ ҳамагӣ 77 ҳазор гектар замин дода шуда буд.
Ҳоло, ки корҳои ободониву созандагӣ, сохтмони биноҳои таъиноти гуногун, аз ҷумла биноҳои истиқоматии баландошёна ва иншооти иҷтимоӣ торафт вусъат гирифта истодаанд, талабот ба масолеҳи сохтмон, аз ҷумла сангҳои ороишӣ зиёд гардида, як қисми онҳо то ҳанӯз аз хориҷи кишвар ворид карда мешавад.
Дар солҳои 2021 – 2022 ба кишвар ба маблағи қариб 10 миллион доллари амрикоӣ сангҳои ороишӣ ворид гардида, танҳо хароҷоти интиқоли онҳо беш аз 2 миллион долларро ташкил додааст.
Дар Тоҷикистон захираи сангҳои бинокорӣ, аз ҷумла мармару хоро фаровон аст, ки дар дохил ва хориҷи кишвар ба онҳо талабот зиёд мебошад.
Бо дарназардошти имкониятҳои зикршуда, пурра ба роҳ мондани истихроҷ ва коркарди онҳо, аз ҷумла сангҳои ороишӣ метавонад яке аз манбаъҳои афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав, зиёд намудани содироти маҳсулот ва дар маҷмӯъ, таъминкунандаи рушди иқтисоди кишвар гардад.
Аз ин лиҳоз, Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Агентии содирот вазифадор карда мешаванд, ки якҷо бо Саридораи геология ва корхонаҳои соҳа дар ояндаи наздик истихроҷ намудан ва то маҳсулоти ниҳоии сохтмон коркард кардани сангҳои ороишӣ ва содироти онҳоро ба хориҷи кишвар ба роҳ монанд.
Инчунин, бо мақсади афзоиш додани истеҳсол ва содироти маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Ёвон бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ, аз ҷумла гаҷсанг корхонаи бузурги истеҳсоли масолеҳи сохтмон сохта, соли 2023 ба кор андохта шавад.
Бо дарназардошти афзоиш ёфтани аҳолӣ, инчунин, зиёд шудани талабот ба бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ва манзилҳои истиқоматӣ бори дигар таъкид менамоям, ки роҳбарону мутахассисони Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти марбута ҳангоми бунёди иншооту биноҳо ба риояи ҳатмии қоидаву меъёрҳои шаҳрсозӣ ва сохтмон эътибори аввалиндараҷа зоҳир намоянд.
Дар ин самт, зарур аст, ки истифодаи васеи унсурҳои меъмории милливу замонавӣ, технологияҳои муосир ва масолеҳи сифатноки сохтмон таъмин карда шавад.
Тоҷикистон яке аз давлатҳои дорои захираҳои бузурги истеҳсоли неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза мебошад.
Чунонки борҳо таъкид кардаам, ҳоло 98 фоизи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда мешавад ва аз рӯйи ин нишондиҳанда, яъне фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» кишвари мо дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамояд.
Аз рӯйи кам будани ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ низ Тоҷикистон дар яке аз ҷойҳои баландтарин қарор дорад.
Дар сурати истифодаи нерӯи барқи «тоза»-и дар кишвар истеҳсолшаванда дар воситаҳои нақлиёти барқӣ метавон талаботи мамлакатро аз маҳсулоти нафтӣ коҳиш дода, ба ин васила ба ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат мусоидат намуд.
Дар робита ба ин, ба вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав ва нақлиёт супориш дода мешавад, ки ҷиҳати дар дохили кишвар ба роҳ мондани истеҳсоли воситаҳои нақлиёти барқӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.
Инчунин, ҷиҳати таблиғу муаррифӣ кардани бартарии экологии маҳсулоти саноатии бо истифода аз «энергияи сабз» истеҳсолгардидаи кишвар зарур аст, ки корхонаҳои ватанӣ барои гирифтани сертификати «истеҳсоли сабз» аз мақомоти махсусгардонидашудаи байналмилалӣ чораҷӯӣ намоянд.
Бо мақсади расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва истифодаи самараноки неруи барқ дар идомаи корҳои дар солҳои соҳибистиқлолӣ баанҷомрасида ҳоло татбиқи боз 20 лоиҳа ба маблағи 17 миллиард сомонӣ идома дорад.
Аз ҷумла имсол таҷдиди неругоҳҳои барқи обии «Сарбанд» бо тавоноии 270 мегаватт ба маблағи 1 миллиарду 360 миллион сомонӣ пурра ба охир расида, таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обии «Норак» ба маблағи 7 миллиард сомонӣ ва «Қайроққум» ба маблағи умумии 2 миллиард сомонӣ, инчунин, сохтмони неругоҳи барқи обии «Себзор» ба маблағи 612 миллион сомонӣ дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва неругоҳҳои бодиву офтобӣ дар ноҳияи Мурғоб ба маблағи умумии 170 миллион сомонӣ бомаром идома дорад.
Бояд гуфт, ки баъди 50 соли фаъолият агрегати якуми неругоҳи «Норак» пас аз таҷдид бо харҷи беш аз 800 миллион сомонӣ бо тавоноии 375 мегаватт моҳи октябри соли 2022 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Бо пурра ба анҷом расидани корҳои таҷдиду азнавсозӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ бо таҷҳизоту технологияҳои муосир ба нерӯгоҳи «Норак» умри дубора бахшида шуда, иқтидори кории он иловатан 775 мегаватт зиёд мегардад.
Инчунин, корҳои сохтмон дар неругоҳи барқи обии «Роғун» бомаром пеш рафта истодаанд.
Бо ин мақсад дар соли 2022-юм 3,2 миллиард сомонӣ равона карда шуд.
Дар баробари ин, бояд гуфт, ки солҳои охир талафоти техникии барқ ба вазъи молиявии ширкату корхонаҳои соҳа таъсири манфӣ расонида истодааст.
Барои таъмиру таҷдиди шабакаҳои барқии кишвар дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 10,7 миллиард сомонӣ хароҷот шудааст.
Вале талафоти барқ то ба ҳол нигаронкунанда буда, дар даҳ моҳи соли ҷорӣ 20,4 фоизро ташкил додааст.
Аз ин лиҳоз, Вазорати энергетика ва захираҳои об ва Ҷамъияти саҳҳомии «Ширкати тақсимоти барқ»-ро зарур аст, ки татбиқи босифату саривақтии лоиҳаҳои кам намудани талафоти неруи барқро ба маблағи 2,4 миллиард сомонӣ ва насби беш аз 800 ҳазор ҳисобкунаки барқиро дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар муҳлатҳои муқарраршуда ва бо сифати баланд таъмин намоянд.
Вазорати энергетика ва захираҳои об, ҳамчунин, вазифадор карда мешавад, ки якҷо бо ширкату корхонаҳои соҳа барои таъсис додани низоми ягона ва мутамаркази биллингӣ, насби ҳисобкунакҳои зеҳнӣ ва ба ин васила то охири соли 2025 то сатҳи 9 фоиз паст намудани талафот ва ҷамъоварии пурраи маблағи барқи истифодашуда, инчунин, истифодаи самараноки захираҳои мавҷудаи соҳа чораҳои фаврӣ андешад.
Дар баробари ин, таъкид менамоям, ки мардуми шарифи кишвар бояд маданияти истифодаи нерӯи барқ, яъне сарфакориро риоя кунанд ва тавассути истифодаи таҷҳизоти каммасраф ва паст кардани талафот самаранокии истифодаи онро таъмин намоянд.
Ҳамзамон бо ин, бо дарназардошти имконияту захираҳои «энергияи сабз» дар кишвар, вазоратҳои энергетика ва захираҳои об, саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Академияи миллии илмҳо бо таъсиси гурӯҳи кории байниидоравӣ масъалаи имконият ва дурнамои рушди энергетикаи водородӣ, яъне нерӯи гидрогениро ҳамаҷониба омӯхта, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳоди мушаххас манзур намоянд.
Ҳозирини гиромӣ!
Бо мақсади беҳтар намудани вазъи роҳу шоҳроҳҳои мошингард ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон дар 5 соли охир дар соҳаи нақлиёт 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 5 миллиарду 130 миллион сомонӣ амалӣ гардида, дар натиҷа 250 километр роҳҳои мошингард, 42 пул, 4 долон ва якчанд эстакада бунёд карда шуданд.
Ҳоло дар соҳа боз 17 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 11 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст.
Дар се соли оянда 6 лоиҳа ба маблағи 7,4 миллиард сомонӣ ба анҷом расида, 317 километр роҳи байналмилалии мошингард, 32 пул, 5 нақб бо дарозии 11,2 километр ва 7 долон ба истифода дода мешавад.
Корҳои дар соҳа анҷомдодашуда имконият фароҳам оварданд, ки мавқеи Тоҷикистон дар зарфи чор соли охир тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар раддабандии ҷаҳонии сифати роҳҳо дар байни 138 давлати ба таҳқиқот фарогирифташуда зинаи 50-умро устувор нигоҳ дорад.
Ҷиҳати идомаи корҳои таҷдиду азнавсозии роҳҳо ва тақвияти имкониятҳои транзитии кишвар дар соли 2022 татбиқи 3 лоиҳаи сармоягузорӣ, аз ҷумла таҷдиди як қисми роҳи мошингарди Данғара – Бохтар (29 километр) ва роҳи мошингарди Душанбе – Кулма дар қитъаи Қалъаихумб – Ванҷ – сарҳади ноҳияи Рӯшон (93 километр) оғоз гардид.
Ҳамзамон бо ин, татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Роғун – Обигарм – Нуробод (76 километр) бомаром идома дорад.
Соли 2022 корҳои лоиҳакашӣ оид ба таҷдиду бунёди роҳҳои мошингарди Хуҷанд – Конибодом ва Рӯшон – Хоруғ – деҳаи Варшез оғоз шуданд.
Илова бар ин, соли 2023 татбиқи 5 лоиҳаи дигар, аз ҷумла сохтмони роҳҳои мошингарди Гулистон – Кӯлоб (32,5 километр), Данғара – Гулистон (49,2 километр), Гулистон – Фархор (40 километр), Бохтар – Левакант – Данғара (40 километр), 4 қитъаи роҳ дар вилояти Суғд (52 километр) ва сохтмони пулҳо дар болои дарёҳои Ғунд, Шорфдарё ва долонҳо дар минтақаи Барсем (4,6 километр) дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон оғоз мегардад.
Дар ин ҷода, ба роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат зарур аст, ки бо истифода аз имконияту ташаббусҳои созандаи соҳибкорону шахсони саховатманд корҳоро дар самти бунёду азнавсозии роҳҳои дохиливу байни деҳаҳо, маҳалҳои аҳолинишин ва марказҳои шаҳру ноҳияҳо фаъол гардонанд.
Ҳамчунин, барои вусъатбахшии корҳои бунёдкориву созандагӣ, ободу зебогардонии ҳамаи гӯшаву канори мамлакат ва дар навбати аввал, таъмин намудани рушди ҳамаҷонибаи деҳоти кишвар ба ифтихори 35 – солагии истиқлоли давлатӣ гузаронидани озмунҳои шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалли аҳолинишин ва хонаи беҳтарин ба роҳ монда шавад.
Ҳамчунин, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки барои тавсеаи имкониятҳои транзитии кишвар, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои соҳаи авиатсияи гражданӣ ва таъмин намудани рақобатнокии онҳо ҷиҳати ҷорӣ намудани низоми «Фазои кушод» чораҷӯӣ намояд.
Рушди соҳаи алоқа, бахусус, таъмин намудани суръати баланди интернет ва дастрас будани нархи он барои рушди иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ, таъмин намудани амнияти иттилоотӣ, ҷалби сармоя ва ташкили паркҳои технологиву инноватсионӣ зарур мебошад.
Ҳоло дар кишвар шумораи муштариёни интернет ба 4,5 миллион расидааст, ки ба 100 нафар аҳолӣ 45 муштарӣ рост меояд.
Вале таъкид менамоям, ки суръат ва арзиши интернет ҳанӯз қонеъкунанда нест.
Аз ин лиҳоз, Хадамоти алоқа вазифадор аст, ки якҷо бо ширкатҳои дар соҳа фаъолияткунанда барои беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо, паст кардани арзиши хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва интернет ва дастрас гардонидани интернети баландсуръат дар тамоми минтақаҳои кишвар, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои дурдаст тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намояд.
Ҳамчунин, ҷиҳати фароҳам овардани заминаи муосири ҳуқуқӣ барои ҳалли масъалаҳои зикршуда ва бо дарназардошти пешравию таҳаввулоти дар ин соҳа дар миқёси ҷаҳон бавуҷудомада сохтору мақомоти марбута вазифадор карда мешаванд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ»-ро дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намоянд.
Ҳозирини гиромӣ!
Вазъи ҳассоси ҷаҳони имрӯза, бахусус, ба танқисии шадиди озуқаворӣ дучор гардидани чоряки кишварҳои дунё моро водор месозад, ки ҷиҳати таъмин намудани ҳадафи стратегиамон – ҳифзи амнияти озуқаворӣ тадбирҳои иловагӣ андешем.
Солҳои охир, бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои берунӣ, пайи ҳам омадани хушксолӣ ва маҳдудсозии содироти озуқаворӣ аз ҷониби кишварҳои ҷаҳон, маҳз бо заҳмати шабонарӯзии кишоварзони мамлакат амнияти озуқаворӣ ва фаровонии бозори дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин карда шуд.
Аз ҷумла соли 2022 истеҳсоли ғалладонагиҳо ба 1 миллиону 600 ҳазор тонна, картошка ба 1 миллион ва меваю сабзавот ба 3 миллиону 200 ҳазор тонна расонида шуд.
Дар натиҷа тайи панҷ соли охир суръати рушди солонаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоиз нигоҳ дошта шуда, 1,4 баробар афзоиш ёфт.
Истеҳсоли гӯшти паранда дар ин давра 8 баробар зиёд шуда, ҳаҷми воридоти он 11 баробар кам гардид.
Дар панҷ соли охир ҳолати мелиоративии 50 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида, 13 ҳазор гектар замини нав аз худ ва 23 ҳазор гектар замини аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ба гардиш ворид карда шуд.
Дар доираи супоришҳои додашуда таҷрибаи кишоварзони мамлакат вобаста ба маданияти заминдорӣ, бахусус, дар кишти такрорӣ ва гирифтани ҳосили иловагӣ беҳтар гардида, майдони кишти заминҳои такрорӣ дар панҷ соли охир аз 90 ҳазор гектар ба 213 ҳазор гектар расид.
Бо вуҷуди ин, имкониятҳо дар самти самаранок истифода бурдани обу замин, баланд бардоштани маданияти заминдорӣ ва ҳосилнокии зироатҳо то ҳол пурра истифода нашудаанд ва чунин вазъ аз роҳбарону масъулин андешидани тадбирҳои иловагиро талаб менамояд.
Тибқи маълумот 85 фоизи заминҳои корами кишвар обёрӣ карда мешаванд ва беш аз 90 фоизи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ аз ин ҳисоб таъмин мегардад.
Дар баробари ин, истифодаи зиёда аз 40 фоизи заминҳои обёришаванда аз кори пойгоҳҳои обкашӣ вобаста мебошад.
Аз ин лиҳоз, роҳбарону мутахассисони Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ҷиҳати зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо ва таҷдиду барқарорсозии иншооти обёрӣ эътибори аввалиндараҷа диҳанд.
Бо ин мақсад, зарур аст, ки лоиҳаи барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда барои давраи миёнамуҳлат таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад.
Саридораи геология ва Академияи илмҳои кишоварзӣ захираҳои мавҷудаи канданиҳои фоиданокро ҳамаҷониба таҳлил карда, доир ба имкониятҳои азхудкунии онҳо барои истеҳсоли нуриҳои маъданӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳодҳои мушаххас манзур созанд.
Инчунин, Вазорати саноат ва технологияҳои нав якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва соҳибкорон ҷиҳати таъсис додани корхонаҳои истеҳсоли нуриҳои минералӣ тадбирҳои зарурӣ андешад.
Вакилони муҳтарам!
Солҳои охир таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати кишвар ба соҳаи сайёҳӣ имкон дод, ки дар баробари афзун гардидани шумораи сайёҳон ширкатҳои сайёҳии ватанӣ низ зиёд гарданд.
Дар панҷ соли охир ба кишвари мо беш аз 3,9 миллион нафар, аз ҷумла соли 2022-юм 1 миллион нафар сайёҳон ворид гардидаанд.
Дар ин давра барои пешниҳоди хизматрасонӣ ба онҳо беш аз 600 ва танҳо соли 2022-юм 100 иншооти инфрасохтори сайёҳӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шудааст.
Хотирнишон менамоям, ки Тоҷикистон аз 1-уми январи соли 2022 ҷиҳати ҷалби бештари сайёҳон ва сармоягузорони хориҷӣ барои шаҳрвандони 52 кишвари хориҷӣ иқдоми яктарафаи воридшавии бидуни раводид ҷорӣ намуд ва зарур аст, ки ин раванд ба таври самаранок амалӣ карда шавад.
Инчунин, бо ин мақсад барои шаҳрвандони 126 давлати хориҷӣ пешниҳоди раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби соддакардашуда ҷорӣ гардидаст.
Барои таъмин намудани рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ зарур аст, ки Кумитаи рушди сайёҳӣ корро ҷиҳати зиёд кардани номгӯйи хизматрасониҳои сайёҳӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳо дар соҳа, роҳандозии васеи сайёҳии табобатӣ, экологӣ ва кӯҳнавардӣ густариш бахшад.
Дар ин раванд, бояд ба масъалаҳои самаранок ва бо сифати баланд татбиқ намудани лоиҳаҳои сармоягузории соҳа, идома додани бунёди инфрасохтори сайёҳии ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯй, баланд бардоштани мавқеи байналмилалии кишвар, ташаккули бренди миллии фарогири имкониятҳои сайёҳӣ ва муаррифии он дар арсаи ҷаҳонӣ, инчунин, таъмини иқтидори кадрии соҳа диққати ҷиддӣ дода шавад.
Бо шуғли пурмаҳсул таъмин намудани аҳолӣ яке аз ҳадафҳои стратегии давлат ба ҳисоб рафта, барои татбиқи он қабули барномаҳои соҳавию минтақавӣ зарур аст.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро зарур аст, ки барномаҳои миёнамуҳлати рушди шуғлро омода ва амалӣ намояд.
Бо мақсади соҳибкасб намудани шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавонон Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки дар асоси таҳлили вазъи бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ лоиҳаи барномаи миёнамуҳлати тайёр кардани кадрҳои касбии зинаи ибтидоӣ ва миёнаро аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисоди миллӣ таҳия ва амалӣ намояд.
Вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, ҳамчунин, вазифадор карда мешаванд, ки дар асоси таҳлили ҳамаҷониба ҷиҳати самаранок гардонидани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва касбомӯзии калонсолон оид ба гузаронидани ислоҳот дар низоми идоракунии ин муассисаҳо хулосаҳои худро дар муҳлати ду моҳ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Дар ин ҷода таъсис додани ҷойҳои корӣ ва фарогирии пурраи аҳолӣ бо шуғл вазифаи аввалиндараҷаи тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, ҳар як роҳбари сохтору мақомоти давлатӣ ва соҳибкорон ба шумор меравад.
Вобаста ба ин, супоришеро, ки қаблан дода шуда буд, бори дигар таъкид менамоям.
Ҳукумати мамлакат то соли 2026 бо истифода аз тамоми имкониятҳо дар бобати ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб кардани шаҳрвандони аз 18-сола боло, ки касбу ҳунар надоранд ва саросар соҳибкасб гардонидани аҳолӣ чораҷӯӣ намояд.
Дар ин самт зарур аст, ки ба беҳтар гардонидани сифати таҳсилоту касбомӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва ба омӯзиши ихтисосу ҳунарҳои барои бозори меҳнат зарурӣ фаро гирифтани аҳолӣ, хусусан, ҷавонон ва занону бонувон тадбирҳои фаврӣ андешида шаванд.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ пешрафти бомароми соҳаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа – ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.
Ҳоло бо мақсади дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки ҷиҳати аз 1-уми июли соли 2023 то соли 2025 ҳар сол зиёд кардани андозаи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ барои оилаҳои камбизоат, яъне аз 512 сомонии амалкунанда то 836 сомонӣ ва иловатан барои ҳар як кӯдаки оилаҳои мазкур мутобиқан ба ин давра аз 34 сомонӣ то 152 сомонӣ ҷудо кардани маблағҳо чораҷӯӣ намояд.
Илова бар ин, бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳод менамоям:
– аз 1-уми марти соли 2023 музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад;
– аз 1-уми июли соли 2023 музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, илм, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шаванд;
Ҳамчунин пешниҳод менамоям, ки аз 1-уми июли соли 2023:
– андозаи нафақаи заминавӣ 20 фоиз зиёд карда шавад;
– нафақаҳои суғуртавие, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъин ва пардохт мегарданд, ба андозаи сатҳи таварруми ду соли охир, вале на кам аз 16 фоиз индексатсия, яъне зиёд карда шаванд;
Дигар нафақаҳои амалкунанда ба андозаи 20 фоиз аз меъёри нафақаи заминавӣ зиёд карда шаванд.
Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем.
Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад.
Вобаста ба ин, бори дигар таъкид менамоям, ки бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад.
Бинобар ин, ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта – сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад.
Маҳз ба ҳамин хотир, мо дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста, барои рушди ин соҳаи муҳимми низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои заруриро роҳандозӣ карда истодаем.
Мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад.
Фаромӯш набояд кард, ки пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии мустақим дорад.
Зеро бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва касодии давлат мегардад.
Зимнан, бояд гуфт, ки дар сӣ соли охир шумораи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва хонандагони онҳо беш аз ду баробар, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 1,6 баробар ва донишҷӯёни ин зинаҳои таҳсилот сеюним баробар, мактабҳои олӣ чор баробар ва донишҷӯён зиёда аз се баробар афзудааст.
Соли 2022 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба соҳаи маориф 6 миллиарду 304 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки нисбат ба соли 2021-ум 707 миллион сомонӣ ё худ 12,6 фоиз зиёд буда, қариб 19 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷетро ташкил медиҳад.
Бо истифода аз имкониятҳое, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат фароҳам оварда истодааст, муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таҳсилоти олӣ бояд бо роҳи анҷом додани кашфиёту ихтироот, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии пешбурди таҳқиқоти илмӣ ва техникаву технологияҳои муосир дар рушди минбаъдаи иқтисоди миллиамон саҳми фаъолтар гузоранд.
Вазъи имрӯзаи илми кишвар тақозо менамояд, ки ҷиҳати ба равандҳои ҷаҳони имрӯза мутобиқ намудан ва тибқи талаботи замони муосир ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олӣ тадбирҳои муассир андешида шаванд.
Дар ин самт, вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо тавассути роҳандозии барномаҳои таълими касбу ҳунарҳои муосир ва васеъ ҷорӣ намудани омӯзиши амалии донишҷӯён бо роҳи пайванди илм ва истеҳсолот ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати омодасозии мутахассисони соҳаҳои саноат ва технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, инчунин, иқтисоди рақамӣ тадбирҳои судмандро амалӣ созанд.
Ҳамзамон бо ин, вобаста ба таъсиси донишгоҳҳои муштарак бо давлатҳои пешрафтаи дунё оид ба омӯзиши илмҳои муҳандисиву технологӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳодҳои мушаххас манзур намоянд.
Ҳозирини арҷманд!
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи аҳолии мамлакат аз 5 миллион нафар дар соли 1991 то ба 10 миллион нафар дар моҳи июли соли 2022 афзоиш ёфтааст, яъне ду баробар зиёд гардидааст.
Барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва дастрасии аҳолӣ ба он бунёди муассисаҳои нав, азнавсозии муассисаҳои мавҷуда ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонидани онҳо зарур мебошад.
Бо ин мақсад, танҳо дар ду соли охир аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба муассисаҳои тандурустии кишвар ба маблағи зиёда аз 1 миллиард сомонӣ беш аз 200 номгӯй таҷҳизоту дастгоҳҳои муосир дастрас карда шудаанд.
Бо вуҷуди он ки дар самти пешгирӣ кардан ва табобати беморон дастоварду пешравиҳои муайян ба назар мерасанд, вале ҳанӯз масъалаҳои тарбияи кадрҳо, хусусан, дар коллеҷҳои тиббии чи давлатӣ ва чи хусусӣ, аз рӯйи ҳамаи ихтисосҳо бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ ва сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ беҳбудӣ металабанд.
Вобаста ба ин, бори дигар хотиррасон менамоям, ки рушди саноати дорусозӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин мебошад.
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа бисёр тадбирҳои судмандро амалӣ намуд.
Ҳоло аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз, аз ҷумла кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 фоизро бонувону занон ташкил медиҳанд.
Инчунин, бонувону занон дар соҳаи маориф 73 фоиз, тандурустӣ 71, фарҳанг 47, бонкдорӣ 39, алоқа 25, аз ҷумла дар соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ қариб 40 фоиз мебошанд.
Таъсиси грантҳои президентӣ ба густариши фаъолияти соҳибкории занону бонувон мусоидат намуд ва онҳо дар баробари беҳтар сохтани шароити оилавии худ ҳоло ба рушди иқтисоди кишвар низ таъсири назаррас расонида истодаанд.
Соли 2022 ба зиёда аз 600 ҳазор занону бонувон аз ҷониби муассисаҳои бонкӣ ба маблағи беш аз 3 миллиарду 400 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба соли 2018-ум 2,4 баробар зиёд мебошад.
Умуман, дар панҷ соли охир маблағи қарзи ба занону бонувон пешниҳодшуда 12,1 миллиард сомониро ташкил кардааст.
Рақамҳои зикршуда гувоҳи равшани фаъол будани занону бонувон дар иқтисодиёти кишвар мебошанд.
Дар 21 соли охир беш аз 504 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилоти касбиро хатм карда, соҳибкасб шудаанд.
Аз ин ҳисоб 239 ҳазор нафари онҳо соҳиби маълумоти олӣ гардида, ҳоло боз 100 ҳазор нафар духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳсил карда истодаанд.
Мо тасмим дорем, ки ҷалби бонувонро ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ густариш бахшем, зеро онҳо дар ҷомеаи мо қувваи бузург мебошанд ва мо ба неруву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорем.
Мо, ҳамчунин, ба нақши зан – модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад.
Ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа бисёр арзишманд ва назаррас мебошад.
Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд.
Маҳз ҷавононанд, ки дар оммавигардонии варзиш нақши асосӣ дошта, ба шарафи пирӯзиҳои онҳо парчами Тоҷикистони маҳбуби мо дар гӯшаҳои гуногуни дунё парафшонӣ мекунад.
Бо дастгириву ғамхорӣ фаро гирифтани ҷавонон, ҳаллу фасли мушкилоти ҳаёти онҳо ва истифодаи дурусту оқилона аз ин захираи стратегии миллӣ ба хотири ободиву пешрафти Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарине мебошанд, ки таҳти таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд, зеро Тоҷикистон худ кишвари ҷавонон аст.
Мо имсол «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026» ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2027»-ро қабул намудем.
Дар ин замина, зарур аст, ки аз ҷониби Кумитаи ҷавонон ва варзиш якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати қабули барномаҳои маҳаллии кор бо ҷавонон тадбирҳои амалӣ андешида шаванд.
Ҳозирини гиромӣ!
Рушди устувор ва босуръати мамлакат, махсусан, амалӣ намудани стратегияҳо, барномаҳои дарозмуддат ва миёнамуҳлати кишвар тақозо менамояд, ки заминаҳои ҳуқуқии онҳо сари вақт ва босифат таъмин карда шаванд.
Ин вазифа аз мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда, пеш аз ҳама, аз парламенти кишвар талаб менамояд, ки фаъолияти худро ҳамаҷониба тақвият бахшад.
Вазифаҳои дар назди мо қарордошта тақозо менамоянд, ки фаъолияти Маҷлиси Олӣ ҷиҳати қабули қонунҳои саривақтии мукаммал ва босифат боз ҳам тақвият бахшида шавад.
Ин масъала дар навбати худ ҳамкории доимии парламентро бо дигар мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда, аз ҷумла бо субъектҳои дорои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ва татбиқи ҳуқуқ талаб менамояд.
Бо дарназардошти рушди минбаъдаи муносибатҳои ҷамъиятӣ, таҳкими кафолатҳои судии субъектҳои ин муносибатҳо зарур аст, ки фаъолияти мақомоти судӣ пайваста таҳкиму такмил дода шавад.
Бинобар ин, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодиро зарур аст, ки оид ба бартараф намудани камбудиву норасоиҳои ҷойдошта, интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи тахассусӣ ва омодагии касбии судяҳо тадбирҳои муассир андешанд.
Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд.
Аз ин лиҳоз, мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ боз ҳам вусъат бахшида, бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гароидани ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд.
Дар робита ба ин, ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистиву террористидошта ва ҷиноятҳое, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ содир карда мешаванд, зарур аст, ки Маркази ягонаи иттилоотӣ таъсис дода шавад.
Аз ин рӯ, ба Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ супориш дода мешавад, ки якҷо бо дигар вазорату идораҳо масъалаи таъсиси маркази зикршударо омӯхта, пешниҳодҳои худро ба Ҳукумати мамлакат манзур намоянд.
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби ҷавонмардӣ маҳсуб ёфта, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани хизматчиёни ҳарбӣ ва барои онҳо муҳайё намудани шароити хуби хизмат, инчунин, риояи талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ муҳимтарин самти сиёсати мудофиавии кишвар маҳсуб меёбад.
Вазъи мураккаби ҷаҳони муосир моро водор менамояд, ки ҷиҳати суръат бахшидан ба навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии Қувваҳои Мусаллаҳ, баланд бардоштани омодабошии ҳарбӣ ва тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар тадбирҳои зарурии иловагиро амалӣ намоем.
Бинобар ин, Ҳукумати мамлакат, Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои низомӣ вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори мудофиавии кишвар Консепсияи мудофиаи миллиро таҳия ва пешниҳод намоянд.
Вакилони муҳтарам!
Ҳозирини гиромӣ!
Имрӯзҳо равандҳои геополитикӣ ҳамоно мураккабу печида боқӣ монда, боиси афзоиши мухолифату низоъҳо, шиддат гирифтани рақобат ва талоши кишварҳо барои тавсеаи нуфуз дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон гардидаанд.
Ин ҳолат боиси ба миён омадани таҳдиду хатарҳои бесобиқаи амниятӣ гардида, дар маҷмӯъ, ба сохтори бунёдии муносибатҳои байналмилалӣ таъсири ҷиддӣ мерасонад.
Дар чунин шароит Тоҷикистон ба хотири таъмин намудани манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи арзишҳои анъанавии худ сиёсати хориҷии мутавозин ва санҷидаро идома медиҳад.
Дар ин замина, давлати мо азм дорад, ки дар асоси сиёсати «дарҳои кушода»-и хориҷии худ робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманду созандаи дуҷониба ва бисёрҷонибаро бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон тавсеа бахшида, рушд диҳад.
Соли 2022 Тоҷикистон сисолагии барқарор намудани робитаҳои дипломатиашро бо аксари давлатҳои ҷаҳон таҷлил намуд.
Идомаи робитаҳои фаъол ва рушду таҳкими маҷмӯи муносибатҳо бо шарикони стратегӣ, анъанавӣ ва боэътимод самти муҳимми сиёсати хориҷии моро ташкил медиҳад.
Дар баробари ин, мо саъю талошро ҷиҳати таъмин намудани рушди устувор ва тақвияти рӯҳияи ҳусни ҳамҷаворӣ, эътимод ва дӯстии пойдор дар минтақаи Осиёи Марказӣ идома медиҳем.
Тоҷикистон ҳамкориҳои худро бо шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар сохторҳои бисёрҷониба ҳамчун узви фаъол идома хоҳад дод.
Дар ин раванд, ҳамкории мо бо сохторҳои байналмилалии молиявӣ ва дигар шарикони рушд дар сатҳи баланд қарор дошта, минбаъд низ густариш дода мешавад.
Тоҷикистон дар оянда низ дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеаи байналмилалӣ, аз қабили мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқи силоҳ ва маводди мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ, ҳамчунин, мутобиқшавӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он саҳми босазо хоҳад дошт.
Мо ҷонибдори ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ ва низоъҳои минтақавӣ бо роҳи муколама ҳастем ва аз тақвияти нақши калидии Созмони Милали Муттаҳид дар ин раванд пуштибонӣ мекунем.
Боиси қаноатмандист, ки Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим эътироф шудааст.
14-уми декабри соли ҷорӣ Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, якдилона қарор қабул кард.
Мувофиқи ин қатънома дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфта, вобаста ба ин мавзӯъ соли 2025 дар шаҳри Душанбе конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад.
Мояи ифтихор ва сарфарозии ҳамаи мост, ки панҷумин ибтикори ҷаҳонии кишвари мо оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар миқёси сайёра амалӣ хоҳад шуд.
Воқеан, қабули ин қатънома дар миқёси ҷаҳон иқдоми муҳим ва таърихӣ буда, тавассути он ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон пайдо мекунад, ки барои ҳифзи бузургтарин манбаъҳои оби ошомиданӣ тадбирҳои муштараки зарурӣ андешад.
Бо истифода аз фурсат, ба тамоми кишварҳо, сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои байналмилаливу минтақавӣ барои дастгирӣ аз ин ташаббуси Тоҷикистон миннатдорӣ изҳор менамоям.
Бори дигар мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати қабули ин қарори муҳимму таърихии Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид самимона табрик мегӯям.
Ҳамватанони азиз!
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Пешрафту дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар солҳои охир ва мушкилоту масъалаҳои ҳалталаби ҳаёти ҷомеа ва давлат ин ҷо баён шуданд ва вазифаҳо барои бартараф намудани онҳо низ муайян гардиданд.
Таъкид менамоям, ки танҳо саъю талоши содиқонаву софдилона, ҳисси баланди масъулият дар назди халқу Ватан ва иқдому ташаббусҳои созанда моро ба ҳадафҳои олиамон наздик мерасонанд.
Бовар дорам, ки мардуми шарифу сарбаланд, ватандӯсту ватанпарвар ва қавииродаву заҳматдӯсти мо аз уҳдаи иҷрои ҳама гуна амалҳои нек ва бартараф намудани тамоми мушкилот мебароянд, Тоҷикистони азизамонро боз ҳам ободу зебо ва пешрафта мегардонанд ва барои зиндагии аз имрӯза беҳтар шароит фароҳам меоваранд.
Ҳар яки мо – роҳбарони сохтору мақомоти давлатӣ ва кулли хизматчиёни давлатӣ дар ин ҷода масъулият дорем ва вазифадорем, ки ба халқи азизи Тоҷикистон софдилонаву содиқона хизмат кунем.
Яъне мо бояд боз ҳам бештар заҳмат кашем ва барномаҳои созандаву нақшаҳои бунёдкоронаи барои рушди давлат ва ободии Ватан тарҳрезикардаи худро сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонем.
Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад.
Яъне ҳар яки мо бояд минбаъд низ мафҳумҳои «ватандӯстӣ» ва «рушд»-ро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем.
Илова бар ин, ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ва дастовардҳои он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бояд қарзи инсонӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати имонии ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарасти ҷомеа бошад.
Мо бояд тамоми донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю талоши худро минбаъд низ ба рушди давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон равона кунем, кишвари маҳбубамонро пешрафта гардонем ва барои наслҳои оянда як мулки обод мерос гузорем.
Ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон, ба ҳар кадоми шумо – вакилони халқ ва ҳозирини гиромӣ саодати рӯзгор, муваффақият ва барори кор орзумандам!
Ҳамеша сарбаланду комёб бошед, ҳамватанони азиз!
Категория:
- Ахбори рӯз [2]