РОҲНАМОЮ КАЛИДИ ДАРИ ГАНҶИ СОҲИБҲУНАР
(андешаҳо роҷеъ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон )
Раҳматуллозода С.
муовини раиси Кумитаи забон ва
истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар давраи истиқлол ба масоили волоияти қонун ва сиёсати ҳуқуқии кишвар аҳамияти махсус дода шуд. Пеш аз ҳама, қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тағйиру иловаҳои минбаъдаи он ва дар ин замина, ба вуҷуд омадану такмили дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқию истилоҳоти он барои ташаккули низоми ҳуқуқӣ замина гузошт. Дар оғози давлатдории навини кишвар дар моддаи якуми Конститутсия муқаррар гардид, ки “Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад”. Ин меъёри ҳуқуқиест, ки шаҳрвандон метавонанд дар фазои озод кору фаъолият карда, барои зиндагии арзанда талош варзанд.
Дар баробари ин, дар замони истиқлол падидаи муроҷиати Сарвари давлат ба мардуми кишвар тавассути паёмҳои ҳамасолаашон ба ҳукми анъана даромад, ки он ҳам яке аз ҳуҷҷатҳои муҳимми сиёсию ҳуқуқӣ ва стратегӣ ба шумор рафта, дар онҳо таҳлилҳои амиқи сиёсати дохилию хориҷӣ, ҳадафҳои стратегии мамлакат, шароити иқтисодию иҷтимоии кишвар, сатҳи зиндагии мардум, таҳлилҳои муқоисавии сифати пешрафти кишвар ва некуаҳволии сокинон, масъалагузориҳои мушаххас оид ба рушду тараққии соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва натиҷагириҳои мудаллалу асоснок, муайянсозии дурнамои рушд ва равнақи бахшҳои хоҷагии кишвар пешниҳод мегардад. Ҳамин гуна таҳлилҳои амиқу фарогири ҳаёти мардум дар Паёми навбатии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (23.12.2022) равшан дида мешавад, ки ин ҳолат онро, барҳақ, ҳамчун ҳуҷҷати роҳнамо муаррифӣ менамояд. Барои пешбурд ва инкишофи соҳаҳои хоҷагии халқ дар Паёми Пешвои миллат ба таҳия ва қабули чанде аз ҳуҷҷатҳои муҳим аҳамияти хоса дода шуд, ки аз ҷавҳари банақшагириҳои стратегӣ ва дурнамои давлатӣ бармеоянд. Дар ин росто, барои таҳия ва қабули консепсияи мудофиаи миллӣ, стратегияи миллии рушди истеҳсолу коркарди пахта ва саноати нассоҷӣ, барномаи азхудкунӣ ва дар дохили мамлакат то маҳсулоти ниҳоӣ коркард намудани физилоти ранга, барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, барномаи миёнамуҳлати рушди шуғл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаи миёнамуҳлати тайёр кардани мутахассисони касбии зинаи ибтидоӣ ва миёна аз ҳисоби ҷавонон барои иқтисоди миллӣ, барномаи маҳаллии кор бо ҷавонон ва ғайра ба сохторҳои давлатии марбута супоришҳои мушаххас дода шуд, ки ҳамаи ин ҳадафҳои стратегии давлат барои тақвияти рушди бемайлон соҳаҳои зиндагии мардуми кишвар мусоидат мекунанд.
Пешвои миллат иброз доштанд, ки барои дастгирии ҷавонон ва ҳалли мушкилоти онҳо, ки захираи стратегии миллӣ ба шумор мераванд, имсол “Барномаи рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” ва “Барономаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” қабул гардиданд ва дар ин замина, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо якҷо бо Кумитаи ҷавонон барои қабули барномаҳои маҳаллӣ ва нақша-чорабиниҳои рушди ҷавонони маҳалҳо бояд иқдом намоянд. Воқеият ин аст, ки ҳифзи манфиатҳои миллӣ, марзу буми кишвар ва содиқ будан ба Ватан ба тарбияи дурусти ҷавонон вобаста аст. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархурди манфиатҳо ин масъала мубрамтар шуда истодааст. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки “Тоҷикистон кишвари ҷавонон аст” (аз Паём) ва нақши онҳо дар рушду нумуи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат назаррас аст, Сарвари давлат ба онҳо итминон дорад ва бовар ҳосил кардааст, ки онҳо “сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд”. Ин баҳои Пешвои миллат ҷавононро руҳбаланд намуда, ба он водор месозад, ки дар роҳи хизмат ба Ватан хоҳ дар дохил ва хоҳ дар беруни кишвар камари ҳиммат баста, содиқона хизмат намоянд. Таваҷҷуҳи Сарвари давлат ба ҷавонон чандин даҳсола аст, ки идома дорад ва онҳоро неруи пешбарандаи ҷомеа номида, барои ҳалли мушкилоти ҳаёту фаъолияти онҳо ба хотири тарбияву таълими дурусти ин қишри ҷомеа тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ ва имкониятҳои мавҷударо ба хотири ободиву пешрафти Ватан сафарбар менамоянд. Ташаккули афкор, тақвияти зеҳнии ҷавонон, ҷаҳонбинии солим ва дар руҳияи ватанпарастию миллатдӯстӣ тарбия ёфтани онҳо ба маориф вобастагии бевосита дорад. Ин аст, ки Сарвари давлат бори дигар доир ба нақши маориф таъкид карда, онро яке аз соҳаҳои афзалиятноки миллӣ дониста, ҳалли масъалаҳои дар соҳа ҷойдоштаро зарур медонанд ва иброз намуданд, ки “бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад”. Пешвои миллат омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари наврасону ҷавонон ва мактабро чун боргоҳи илму маърифат эътироф менамоянд ва дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат пешрафти босуботи соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва дар ин замина фароҳам овардани шароити муносиб барои таълиму тарбияи наврасону ҷавонон аз самтҳои афзалиятнок меҳисобанд, ки барои рушди зеҳнӣ, бомаърифату оқилу доно шудани миллат мусоидат мекунад. Маърифатнокии мардум барои пешрафти давлат ва ободии Ватан мусоидат намояд, бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот бадбахтӣ оварда, ба ақибмонии ҷомеа ва касодии давлат оварда мерасонад. Барои саводнокшавии ҷомеа имрӯзҳо дар тамоми ташкилоту муассисаҳо китобхонаҳо ташкил шуда, ҳазорон нафар аз онҳо истифода мекунанд. Гузашта аз ин, озмунҳои фарҳангии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фуруғи маърифат”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Тоҷикон – оинаи таърихи миллат” баргузор мешаванду дар онҳо пиру барно иштирок карда истодааст, ки он нишонаи майлу рағбати азалии миллати тоҷик ба китоб ва китобхонӣ аст. Китоб ва омӯзиши он ба забондонӣ, донишу малака, ҷаҳонбинӣ, идроки воқеият ва дар маҷмуъ ба зиндагии хонанда аҳамияти фавқулода муҳим дорад. Муҳим будани соҳаи илму маориф боз ба он вобаста аст, ки илму техника бо суръати кайҳонӣ пеш рафта, зарурати ба таври мукаммал омӯхтани илмҳои дақиқ ва пурқувват кардани тафаккури техникии аҳолиро тақозо менамояд. Аз тарафи Пешвои миллат соли 2010 “Соли маориф ва фарҳанги техникӣ” ва солҳои 2020-2040-ро ”Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон кардан саривақтӣ буда, барои такмили донишҳои илмии табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, ки ҷаҳонбинии илмию дунявӣ ва соҳибназарии аҳли ҷомеаро тақвият медиҳанд, бисёр муҳим арзёбӣ мегарданд.
Муҳим будани ин соҳаро ба назар гирифта, ҳамасола барои маблағгузории соҳаи маориф ва шароити мусоиди таълиму тарбияро фароҳам овардан иқдомоти зиёде шуда истодааст. Аз ҷумла, соли 2022 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба соҳаи маориф 6 миллиарду 304 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки нисбат ба соли 2021-ум 707 миллион сомонӣ ё худ 12,6 дарсади зиёд буда, қариб 19 дарсади ҳаҷми умумии хароҷоти буҷетро ташкил медиҳад. Дар панҷ соли охир бошад, барои пешрафти соҳаи маориф ва тандурустӣ 36 миллиард сомонӣ сарф шудааст. Имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 2 млн 300 ҳазор нафар хонанда таҳсил мекунанд ва барои онҳо бешубҳа имконоти таҳсил фароҳам омадааст. Аз ҷумла, барои сохта ба истифода додани биноҳои нави таълимӣ ба соҳаи маориф аҳамияти калон дода мешавад. Ин аст, ки дар давраи Истиқлоли давлатӣ 3430 муассисаи нави таълимӣ барои қариб якуним миллион хонанда сохта, барои баҳрабардорӣ пешниҳод шудааст, ки ин ҳолат дар 70 соли замони шуравӣ ба 3229 муассисаи таълимӣ рост меояд. Ин ғамхориҳои давлату Ҳукумати мамлакат масъулини илму маорифро водор менамояд, ки бо истифода аз имконоти бузурги фароҳамомада, барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, илм ва дар маҷмуъ ташаккули инсони худогоҳу хештаншинос ва ватанпараст тамоми саъйу кӯшишашонро равона сохта, бо истифода аз усулҳои инноватсинии илмӣ-тадқиқотӣ барои анҷом додани кашфиёту ихтироот дар соҳаҳои ҷамъиятшиносию илмҳои дақиқ иқдом намоянд.
Таваҷҷуҳ ба соҳаи тандурустӣ яке аз масъалаҳои муҳимми сиёсати иҷтимоии Пешвои миллат буда, дар Паём ҷойгоҳи хоса дорад, зеро тани солим фикри солимро ба вуҷуд меорад. Дар замони Истиқлол барои сохта, ба истифода додани муассисаҳои таълимию табобатии кишвар иқдомоти зиёде шуда, даҳҳо коллеҷ ва донишгоҳи тиббӣ таъсис ёфта, дар онҳо ҳазорон нафар шаҳвандони кишвар ба таълиму тарбия машғуланд. Тавре ки дар Паём зикр мегардад, дар 70 соли замони шуравӣ дар мамлакат ҳамагӣ 2862 муассисаву иншооти тандурустӣ бо 52 ҳазору 800 нафар корманд фаъолият карда бошад, дар 25 соли охири замони Истиқлоли давлатӣ 2827 муассисаву иншооти тандурустӣ сохта, ба истифода дода шуда, дар маҷмуъ ба 5116 расида, дар онҳо 79 ҳазор нафар кор мекунанд. Дар ин замина, барои нигаҳдории муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ зиёда аз 19 млрд сомонӣ сарф шудааст, ки аз ин ба соли 2022 миқдори 4,3 млрд сомонӣ рост меояд. Кумак ба ятимону бесарпарастон, маъюбону камбизоатон ва гирандагони нафақаи иҷтимоӣ яке аз самтҳои дигари башардӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар аз ҳадафҳои олии давлат ва Ҳукумат бо сарварии Пешвои миллат ба шумор меравад.
Яке аз масъалаҳое, ки дар Паёми Пешвои миллат мақоми муҳим касб кардааст, дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ аст. Воқеан, дастгирии соҳибкорӣ барои ҳалли масоили гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ аҳамияти калон дорад ва он аз як тараф барои кушодани корхонаҳо ва рушди истеҳсолот мусоидат намояд, аз тарафи дигар, ҷиҳати бо ҷойи кор таъмин кардани шаҳрвандон ва дар ин замина, некуаҳволии аҳолӣ саҳим мебошанд. Ин аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ тибқи сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат доир ба дастгирии фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ ба ин соҳа тадбирҳои зиёде андешида шуда, барои соҳибкорон имтиёзу сабукиҳои зиёд дода шудааст. Аз ҷумла, барои соҳибкорон 120 намуди имтиёзу сабукиҳои андозиву гумрукӣ дода шуда, теъдоди сохторҳои бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ аз 4 ба 1 кам гардида, хизматрасонӣ дар ин самт ройгон муқаррар шудааст. Дар соли 2022 имтиёзҳои андозиву гумрукие, ки истифода шудаанд, зиёда аз 12 миллиард сомониро ташкил намудаанд. Ҳамчунин, 5 намуди андоз паст ва бекор гардида, маблағи он 1,5 миллиард сомониро ташкил менамояд, ки ҳамчун тахфиф дар дасти соҳибкорон барои тавсеаи истеҳсолот боқӣ мондааст. Барои занону бонувони соҳибкор грантҳои президентӣ дода шудааст, ки барои пешбурди фаъолияташон мусоидат намуда, шароити зисту зиндагониашонро беҳтар карда, дар маҷмуъ, ҳамаи ин ба рушди иқтисоди кишвар низ таъсири назаррас расонидааст.
Ғамхорию тадбирҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба соҳибкорон ҳамасола афзун шуда истодааст ва ин боиси ҳавасманд гардидани онҳо шуда, сол то сол сатҳу сифати корашон беҳтар гардада, дар соли 2022 шумораи онҳо ба 339 ҳазор расидааст, ки нисбат ба соли 2018 беш аз 76 ҳазор зиёд мебошад.
Сарвари давлат бо қаноатмандӣ баён менамоянд, ки дар ҷавоб ба тадбирҳои давлатӣ “соҳибкорони мамлакат, дар навбати худ, дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, иншооти иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои кории нав саҳми назаррас гузошта истодаанд ва бовар дорам, ки чунин иқдомоти созанда аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст вусъати боз ҳам бештар пайдо мекунад.
Танҳо дар панҷ соли охир аз ҷониби соҳибкорони мамлакат ба маблағи умумии беш аз 12 миллиард сомонӣ қариб 18 ҳазор иншооти таъиноти истеҳсоливу иҷтимоӣ сохта, ба истифода супорида шудааст”.
Дар самти беҳтар шудани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии ташаббусҳои созандаи соҳибкорону сармоягузорон Пешвои миллат ба сохторҳои дахлдор дастуру супоришҳо додаанд, ки бешубҳа барои ҳавасмандгардонӣ ва қадрдонии соҳибкорон қадами ҷиддӣ хоҳад шуд.
Мақсади асосии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Пешвои миллат дар шакли бисёр кутоҳ, вале бомазмуну муҳтавои баланд чунин ҷамъбаст кардаанд, ки “бояд таваҷҷуҳи асосӣ ба рушди босуботи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба он, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти содирот, ташаккули «иқтисоди сабз», суръат бахшидан ба раванди рақамикунонии бахшҳои иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ равона карда шавад”.
Ин аст, ки дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои миллатро тавассути Паём метавон ба унвони роҳнамою калиди дари ганҷи соҳибҳунар дониста, барои амалӣ намудани ҳар ҳарфи дар он баёншуда бояд тамоми имконоти зеҳнию ҷисмониамонро ба кор барем.
Категория:
- Ахбори рӯз [2]
- Кумитаи забон [3]
- Сиёсати имрӯзаи соҳа [4]