ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ МЕҲРГОН
Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шуморо ба муносибати ҷашни Меҳргон, ки аз қадимулайём дар миёни мардуми тамаддунсозу фарҳангии мо ҳамчун рамзи ҷамъбасти натиҷаҳои заҳмати кишоварзон ва айёми баракату фаровонии дастархони ҳар як хонадони Ватани муқаддасамон мебошад, самимона табрик мегӯям.
Меҳргон дар баробари ҷашнҳои Наврӯз, Сада ва Тиргон аз ҷумлаи ойинҳои куҳантарини аҷдоди мо ба ҳисоб меравад.
Воқеан, бояд гуфт, ки мардуми куҳанбунёди мо барои ҳар як фасли сол як ҷашн ихтисос додаанд, яъне ҷашнҳои чоргонаро асос гузоштаанд.
Меҳргон дар масири таърихи чандинҳазорсолаи худ ҳамчун ойини воқеан табииву мардумӣ, тантанаи заҳмати кишоварзон ва таҷассумгари ормонҳои неки созандаву ободгаронаи инсон тавонистааст, ки моҳият ва рисолати аслии хешро ҳифз намояд.
Ба шарофати соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистони маҳбубамон мо имконият пайдо кардем, ки дар қатори дигар арзишҳои неки гузаштагон ин ойини аҷдодиро низ эҳё намоем ва онро ба муҳити фарҳангии даврони навини давлатдории миллиамон ҳамчун ҷашни миллӣ ворид созем.
Қобили таъкиди хос аст, ки рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмин намудани аҳолӣ бо маводи ғизоӣ ҷавҳари иҷтимоии ҷашни Меҳргонро ташкил дода, фалсафаи ин ойини дерина мардумро ба дӯст доштану ҳифз кардани табиати сарзамини аҷдодӣ, накӯкориву созандагӣ ва дӯстиву рафоқат ҳидоят мекунад.
Бо қаноатмандӣ изҳор медорам, ки ҳоло ин амалҳои нек ба рукнҳои ҷудоинопазири ҷаҳонбинии миллати мо табдил ёфтаанд.
Ҳамчунин, хотирнишон менамоям, ки ҷашнҳои Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада пояҳои асолати миллии тоҷикон ба шумор мераванд, зеро ҳамаи онҳо маҳз дар марзу буми аҷдодии мо, яъне дар қаламрави таърихии тоҷикон зуҳур карда, ташаккул ёфтаанд.
Як нуктаи бисёр муҳим қобили хотиррасон кардан аст, ки ойинҳои зикршуда ҳамчун омили муҳимми таҳкими ҳувияти миллии мардуми мо дар замони ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангҳои мухталиф васила ва сипари боэътимоди ҳифзи арзишҳои деринаи миллиамон маҳсуб мешаванд.
Яъне ҷашну ойинҳои аҷдодӣ, аз ҷумла Меҳргон моро на танҳо бо тамаддуни чандинҳазорсолаи миллатамон пайванд медиҳанд, балки дар замони муосир мардуми мо, бахусус, наврасону ҷавононро ба худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ раҳнамоӣ месозанд.
Аз ин хотир, эҳтиром гузоштан ба суннату ойинҳои миллӣ, бахусус, ҷашни Меҳргон, арҷгузорӣ ба миллату давлат, сарзамини муқаддас ва таъриху фарҳанги куҳанбунёди халқи тамаддунсозамон мебошад.
Бинобар ин, ҳар як фарди Ватан – аз хурд то бузург – бояд аз таърихи пайдоиш, ташаккулёбӣ ва сайри таърихии ҷашну ойинҳои ниёгони худ бохабар бошад, онҳоро омӯзад ва барои густариш додану ғанӣ гардонидани онҳо талош намояд.
Аҳли зиё ва махсусан, устодону омӯзгорон бояд бо масъулияти баланд наврасону ҷавононро ба омӯзиши амиқи фарҳанги ғании халқамон, боз ҳам тақвият бахшидани ҳисси ватандӯстиву ватанпарварӣ ва ифтихор аз таърихи пурғановати тоҷикон талоши бештар ба харҷ диҳанд.
Дигар ин, ки шароити ноорому мураккаби ҷаҳони муосир, бахусус, дар замони буҳронҳои иқтисодие, ки ҷомеаи башариро фаро гирифта, аҳолии баъзе минтақаҳои олам аз норасоии ғизо азият мекашанд, аз ҳар яки мо тақозо менамояд, ки бо истифода аз имкониятҳои дарихтиёрдоштаамон ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол кунем, ба захираи маводи ғизоӣ дар ҳар як оила эътибори ҷиддӣ диҳем, сарфаю сариштакор бошем ва муқаррароти қонуни танзимро бо таври ҳатмӣ риоя намоем.
Дар робита ба ин, масъулону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ва ҳамаи кишоварзони мамлакатро зарур аст, ки бо мақсади таъмини бозори истеъмолӣ бо маводи озуқа, махсусан, дар фасли зимистон ба масъалаи пурра ҷамъоварӣ кардани ҳосил, захираи маҳсулот, сари вақт анҷом додани кишти тирамоҳӣ, гузоштани замина барои ҳосили фаровони соли оянда, ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва афзоиш додани содирот чораҷӯи намоянд.
Бори дигар ҷашни бузурги Меҳргонро ба тамоми сокинони Тоҷикистони азиз самимона табрик гуфта, ба ҳар хонадони кишвар хайру баракат, дастархони пурфайз ва рӯзгори ободу босаодат орзу менамоям.
Ҷашни Меҳргон муборак бошад, ҳамватанони азиз!
Манбаъ: http://president.tj/node/31616 [2]
Категория:
- Ахбори рӯз [3]