МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗУИ «КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА НАҚШИ ОН ДАР ЭЪМОРИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ»
Имрӯз 3-юми ноябри соли 2023, соати 14:00 дар толори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзуи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар эъмори давлати соҳибистиқлол» бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси Кумита, муовин, аъзои ҳайати мушовараи Кумита, сардорони шуъбаҳо, мудирони бахшҳо ва кормандони Кумита баргузор гардид.
Мизи мудавварро раиси Кумита бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла, қайд намуд, ки таҷлили ҳамасолаи Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари мо аз таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пеш аз ҳама, аз ғамхорӣ ва пуштибонии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин санади бузурги таърихӣ гувоҳӣ медиҳад.
Баъди эълон гардидани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сессияи 17-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҳз бо роҳбарии раиси Шурои Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комиссияи муштарак оид ба таҳияи лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, баъд аз таҳияи мардуми тоҷик бо майлу иродаи худ ва бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ онро санаи 6-уми ноябри соли 1994 қабул намуд. Қабули Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ, воқеан, мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, Тоҷикистонро ба ҷаҳони мутамаддин ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ намуд ва ба омили муҳимтарини кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеа мубаддал гардид.
Конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодагари азму ирода ва равшангари роҳи ҳаёти мардум, воқеан, санади тақдирсозе аст, ки низоми давлатдориро муайян намуда, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин менамояд. Ҳамчунин, гуфтан бамаврид аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи шаҳрвандони кишвар, риояи қонун, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳо ва шаъну эътибори дигарон, ҳимояи ватан ва манфиатҳои давлату ҷомеа, таҳкими истиқлол, амният ва иқтидори мудофиавии давлат, ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва ҳифзи муқаддасоти миллиро ба сифати уҳдадориҳои конститутсионӣ вогузор намудааст, ки чунин вогузоркунии уҳдадориҳо ҳифзи шаҳрвандии ҳар як фарди бонангу бономус мебошад.
Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи шумо ва дар симои шумо, аҳли хонадон ва тамоми мардуми сарбаланд ва азизи кишварро ба ифтихори ин ҷашни бузург, ки барои ҳар яки мо бисёр азизу гиромист, самимона табрику муборакбод намуда, ба Шумо саломатӣ, хушбахтиву некрӯзӣ, саодати рӯзгор ва барори корро орзумандам.
Сиҳатманду пирӯз бошед!
Дар охир, маърузаҳо шунида шуда,вобаста ба ҳар яке аз онҳо маърузаи шунидашуда, баҳсу мунозираҳо сурат гирифта, раиси Кумита О. Муҳаммадҷонзода мизи мудавварро ҷамъбаст намуда, ба ҳамаи иштирокчиёни мизи мудаввар ибрози миннатдорӣ намуд.
Категория:
- Гузоришҳо [1]