КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМИЮ АМАЛӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ЗАБОНИ МИЛЛӢ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ» БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои банди 32-и нақшаи амалисозии «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020 - 2030» ва тибқи Нақшаи корӣ барои соли 2024 оид ба таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ 25-уми июни соли 2024 дар толори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар, ҷамъиятҳо, Шурои ҳамгунсозии истилоҳоти Кумита ва намояндагони ВАО Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба 27-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳти унвони «Забон миллӣ ва Ваҳдати миллӣ»-ро баргузор намуд.
Конференсия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оѓоз шуд.
Конференсияро раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми филология Олимҷон Муҳаммадҷонзода ифтитоҳ намуд.
Дар идома аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон филми кӯтоҳи мустанад доир ба Ваҳдати миллӣ ва муҳиммияти ин дастоварди таърихӣ пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.
Дар Конференсия зиёда аз 15 маърузаи илмӣ аз ҷониби мутахассисони бахшҳои гуногуни забоншиносӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ҷумла, дар мавзуъҳои “Забони миллӣ, манфиати миллӣ ва ваҳдати миллӣ - арзишҳои муҳимми истиқлоли давлатӣ” - доктори илми филология Олимҷон Муҳаммадҷонзода, “Забон унсури ваҳдатсози миллӣ” - доктори илмҳои филологӣ Назарзода Сайфиддин, “Забон - омили муҳимми таҳкимбахшандаи ваҳдати миллӣ” - ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа Зокирзода Нусратулло, “Ваҳдати миллӣ – омили устувории давлатдорӣ” - профессори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ Маҳмадҷонова Муҳиба, “Инъикоси ваҳдат дар адабиёт” - доктори илми филология, профессор Раҳматуллозода Сахидод, “Ситораи дурахшони забоншиносии тоҷикӣ” - профессори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ, доктори илми филология Шодиев Рустам, “Ёди марди наку” - Бибираъно Ҷӯраева намояндаи Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигарон ироа гардид.
Ҳамзамон, бо таваҷҷуҳ ба ин ки имсол забоншиноси варзида, шодравон профессор Додихудо Саймиддинов 75-сола мешаванд, аз ҷониби иштирокдорони Конференсия маҷмуаи мақолаҳои устодону донишмандон доир ба зиндагинома, хотироти дӯстон ва пажуҳишҳои забоншиносии доктори илми филология, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Додихудо Саймиддинов муаррифӣ карда шуд.
Дар интиҳо, пас аз баррасии фикру мулоҳизаҳо аз ҷониби ҳайати иштирокдорони Конференсия Тавсиянома оид ба рушду инкишофи забони давлатӣ дар таҳкими Ваҳдати миллӣ қабул гардид.
Категория:
- Конференсияҳо [2]