Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии Ташкилоти ибтидоии «Пажуҳиш»-и Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тибқи Нақшаи кории Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати иҷрои супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 26-уми июни соли 2024 дар толори Кумита маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии «Пажуҳиш»- и Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки аъзои Ҳайати мушовара, роҳбарият, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, кормандони Кумита ва аъзоёни маҳфили «Посдорон ва дӯстдорони забон».
Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд.
Сараввал, оид ба баррасии масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис ҳисоботи раиси Кумитаи О. Муҳаммадҷонзода оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти ташкилот аз моҳи июни соли 2023 то моҳи июни соли 2024 ва вазифаҳо барои минбаъд шунида шуд.
Ҳисоботи раиси Ташкилоти ибтидоии “Пажуҳиш”-и Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби аъзоёни маҷлис мусбат арзёбӣ гардид.
Вобаста ба баррасии масъалаи дуюм ва сеюм бо пешниҳод ва ҷонибдории якдилонаи аъзоёни Ташкилоти ибтидоии “Пажуҳиш”-и Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадҷонзода Олимҷони Обидҷон, раис, Ҷалолов Салоҳиддин Азаматович муовин ва Муродова Ибодат Давлятовна котиби раиси Ташкилоти ибтидоии “Пажуҳиш” интихоб карда шуд.
Дар идома, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Сорбон Давлатзода суханронӣ намуда, андешаҳои худро оид ба нақш ва мақоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ҳамчун ниҳоди сиёсӣ, дар раванди амалисозии ормонҳои миллати тоҷик ва бунёди давлати миллии тоҷикон иброз дошт.
Ҳамзамон, дар идома оид ба иҷрои босифати нақша чорабиниҳо бахшида ба 30 - юмин солгарди таъсиёбии ҲХДТ, қабули сифатноки аъзо ба сафи ҲХДТ, танзими пурраи ҳаракати аъзо, назорат оид ба пардохти саривақтии маблағи ҳаққи узвият ба ҳизб, ба роҳ мондани корҳои ободонию созандагӣ бо ҷалби васеи аъзои ташкилот ва дигар масъалаҳои муҳим ибрози назар гардид.
Категория:
- Ахбори рӯз [2]