Пули миллӣ
Манбаъ: https://president.tj/tajikistan/moneys [1]
Пули миллӣ яке аз рукнҳои давлатдорӣ, сарвати миллӣ ва обрӯю эътибори миллат аст, ки аз Истиқлол сарчашма мегирад.
Саҳми Президенти Тоҷикистонмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар баробари дигар корнамоиву ҷонфидоиҳо дар арсаҳои гуногуни ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар, дар роҳи бунёд ва таҳкими низоми бонкии мамлакат низ ниҳоят муҳим мебошад. Зеро Сарвари давлати тоҷикон аз рӯзҳои аввали ба мақоми роҳбари кишвар интихоб шуданаш бо дарки амиқи муҳим будани соҳаи мазкур ба масъалаи сиёсати мустақили пуливу қарзӣ ва ташкили низоми миллии бонкдорӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекард. Вале рӯзгори тӯфонхези оғози даврони Истиқлол ва ба гирдоби ҷанги дохилӣ кашида шудани кишвар барои ташкилу барқарории чунин низоми ҳаётан муҳим монеа эҷод менамуд.
Дар ҳамон давраи буҳронӣ дар мамлакат нарасидани захираҳои молиявии худӣ, ки барои гузаронидани ислоҳоти амиқи иқтисодӣ зарур буданд, ҳаматарафа эҳсос мегардид. Вазъи иқтисоди кишвар андешидани чораҳои қатъӣ ва таъхирнопазирро барои таъсиси институтҳои молиявӣ ва поягузории механизмҳои амалкарди иқтисоди бозорӣ талаб мекард. Бар замми ин, аз байн рафтани фазои ягонаи иқтисодӣ ва бенизомии муносибатҳо дар соҳаи пуливу қарзӣ миёни ҷумҳуриҳои собиқ ИҶШС, ҳамчунин ба муомилот баровардани пули миллӣ дар ин ҷумҳуриҳо аз масъалаҳои дигари ҷиддӣ ба шумор мерафт. Дар шароити сатҳи баланди таваррум ва беқурбшавии пул Тоҷикистон ба ҳимояи иқтисоди худ ва татбиқи сиёсати самараноки иқтисодӣ ниёз дошт.
Бо ҳамин мақсад, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки воқеият ва камоли масъулиятшиносӣ масъалаи ба муомилот баровардани пули миллиро ба миён гузошт. Дар асоси пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 7-уми апрели соли 1995 рубли тоҷикиро чун нахустин пули миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба ҷорӣ намудани пули миллӣ ташкил дод.
Комиссияи мазкур дар таърихи 6 майи соли 1995 «Дар бораи аз 10-уми майи соли 1995 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот баровардани пули миллӣ – рубли тоҷикӣ» бо арзишҳои 1, 5, 10, 20, 50, 100, 200, 500, 1000 рубл қарор қабул кард.
Ин қадами устувор ва дурандешона дар роҳи ислоҳоти пулии Тоҷикистони тозаистиқлол буд, ки дар шароити ниҳоят мураккаби иҷтимоиву иқтисодии давраи ҷанги дохилӣ бо иқдоми бевоситаи Пешвои миллат сурат гирифт. Қаблан дар амри ҷуброн ва индексатсияи маблағҳо низ кӯшишҳо сурат гирифта буданд, вале баъди ба муомилот ворид гардидани рубли тоҷикӣ дар мамлакат марҳалаи сифатан нави ислоҳоти иқтисодӣ оғоз ёфт ва Бонки миллии Тоҷикистон дар фаъолияти худ, ки дар навбати аввал ба ташкили низоми миллии муомилоти пулӣ равона шуда буд, воқеан мустақил гардид.
Ҳамин тариқ, рубли тоҷикӣ яке аз василаҳои асосии ба даст овардани истиқлоли иқтисодии кишвар гардид ва имкон дод, ки дар кишвар то андозае суботи макроиқтисодӣ ба даст оварда шавад.
Маҳз дар ҳамин давраи инкишоф зарурати қабул намудани маҷмӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки мебоист мақсад ва вазифаҳои бонки марказиро ба сифати бонки танзимгар равшан ифода намуда, фаъолияти онро мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ ба роҳ монад, ба миён омад. Бинобар ин, соли 1996 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» қабул шуд, ки барои ба бонки марказии муосир табдил ёфтани Бонки миллии Тоҷикистон ва таъмин намудани устувории пули миллӣ замина гузошт.
Иқдоми мазкур якҷо бо маҷмӯи дигар чорабиниҳои иқтисодиву молиявӣ, аз ҷумла қабули Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисодии кишвар, таҷдиди низоми бонкӣ, қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба сирри бонкӣ, ҳифзи пасандозҳо ва ғайра имкон доданд, ки иқтисоди кишвар давраи коҳишёбӣ ва пастравиро паси сар намояд ва барои дар соли 2000-ум ворид намудани нишонаҳои нави пули миллӣ - «сомонӣ» заминаи зарурӣ фароҳам орад.
Бо ибтикори шахсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба муомилот баровардани нишонаҳои нави пули миллӣ гурӯҳи корӣ ташкил дода шуд, ки ба он худи Пешвои миллат роҳбарӣ мекард.
Дар таърихи 26 октябри соли 2000 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №415 дар хусуси аз 30 октябри соли 2000 ба муомилот баровардани воҳиди нави пули миллии кишвар «сомонӣ», ки ба ифтихори асосгузори аввалин давлати мутамаркази тоҷикон Исмоили Сомонӣ номгузорӣ шудааст, ба имзо расид ва пулҳои коғазӣ бо арзиши 1, 5, 10, 20, 50, 100 сомонӣ ва воҳиди хурди он бо арзиши 1, 5, 20, 50 дирам ба муомилот бароварда шуданд . Баъдан, соли 2010 бинобар зарурат ва эҳтиёҷоти муомилоти пулии мамлакат пулҳои коғазӣ бо арзиши 3, 200, 500 сомонӣ ба муомилот ворид гардиданд.
Бояд гуфт, ки пули миллии сомонӣ дорои бештар аз даҳ унсури ҳимоя мебошад, ки қалбакӣ сохтани онро ғайриимкон мегардонад.
Ворид гардидани нишонаҳои пули комилан миллӣ – сомонӣ, бо тасвири симои бузургони дирӯзу имрӯзи миллат ва дигар муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла порчаи шеърӣ, ки ҳамчун пайванди азалии сиёсату иқтисод бо забону фарҳанги мо дар паси 10-сомонӣ ҷой дода шудааст, барои оғози рушду нумӯи иқтисод ва дигаргуниҳои мусбати ҳаёти ҷомеаи кишвар дар назди низоми бонкии мамлакат ва аҳли ҷомеа вазифаҳои нав гузошт ва ба сифати ислоҳоти дигари пулии мамлакат дар таърихи давлатдории навини тоҷикон барои ҳамеша бо номи Пешвои миллат сабт гардид.
Ҳамзамон бо ин, бо мақсади истифода дар муомилот тангаҳои филизӣ ва ба муносибати ҷашну санаҳои таърихӣ тангаҳои хотиравӣ сикказанӣ шуданд.
Низоми бонкии мамлакат ҷавобан ба ғамхориву дастгирии ҳамаҷонибаи Пешвои миллат дар навбати худ кӯшиш мекард, ки ба низоми байналмилалии бонкӣ шомил гардида, навгониҳои олами бонкдории ҷаҳонро дар фаъолияти худ ҷорӣ намояд ва ҳамқадами давру замон бошад. Ба меъёрҳои байналмилалии ҳисобдорӣ гузаштани Бонки миллии Тоҷикистон ва низоми бонкии мамлакат ҳамкории онро бо низоми бонкии ҷаҳонӣ боз ҳам қавитар гардонид.
Дар маҷмӯъ, Пешвои миллат ва Сарвари давлати тоҷикон дар бунёди сиёсати мустақили пуливу қарзӣ ва таҳкими низоми бонкдории миллӣ нақши мондагор дорад ва пули миллии сомонӣ, ки бо ибтикори бевоситаи ӯ дар муомилот ҷорӣ гардид, имрӯз на танҳо воситаи муомилот, балки рукни муҳимми давлатдории миллӣ ва мояи эҳтирому ифтихор мебошад. Нидои худи Пешвои миллат, ки «Эҳтироми пули миллӣ, эҳтироми миллат аст!», бозгӯйи ин ҳақиқат мебошад.