Иштироки раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар курсҳои сиёсии «Зан- сарвар» дар Маркази омӯзиши афкори илмӣ ва сиёсии Пешвои миллат
Рӯзи 27-уми сентябри соли 2024 мувофиқи Нақшаи чорабиниҳои курсҳои сиёсии «Зан-сарвар» дар Маркази омӯзиши афкори илмӣ ва сиёсии Пешвои миллат дар мавзуи «Забон ва Истиқлол» дар маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори курси таълимӣ раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.ф., профессор Муҳаммадҷонзода Олимҷон иштирок ва таҳти унвони «Сиёсати давлатии забон дар даврони Истиқлол» роҷеъ ба дастовардҳои замони Истиқлол дар самти сиёсати давлатии забон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузориши илмӣ ироа намуд.
Категория:
- Ахбори рӯз [2]
- Конференсияҳо [3]