ПАЙРОҲАИ ИБРАТБАХШ
«Миллате, ки омӯзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба ягон мартаба соҳиби мактабу китоб, илму маърифат ва олиму омӯзгор буданд, ҳастанд ва дар оянда низ хоҳанд монд».
Эмомалӣ Раҳмон
Мардони хирадманд, покҷавҳару некмаҳзар ва некбину росткор ҳамеша ва дар ҳар давру замон мавриди эҳтиром ва писанди ҳамагонанд. Зеро, онњо бо пайкори созанда, хислату фазилатҳои хоси худ дар ҷомеа нодиру камназиранд. Аз зумраи ин гуна шахсиятҳо, устоди саодатманд Талабшо Азизов мебошад, ки ҳамчун омӯзгори варзида байни аҳли маорифи ноҳия соҳибмақом гаштааст. Он кас бо тамоми ҳастияш дилдодаи касби пуршарафи омӯзгорӣ мебошад.
Устод, Азизов Талабшо Азимович 20-уми марти соли 1965 дар деҳаи Лухч, Ҷамоати Сағирдашт, ноҳияи Дарвоз дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Овони тифливу даврони наврасии устод дар диёри биҳиштосои Лухч сипарӣ гардидаст. Номбурда, солҳои 1972-1980 мактаби 8-солаи рақами 15-и зодгоҳашро хатм намуда, солҳои 1980 то 1982 таҳсилро дар мактаби миёнаи умумии рақами 2-и ҷамоати Сағирдашт идома додааст.
Солҳои 1983-1985 дар қушунҳои дохилии собиқ Ҷумҳурии шуравии сотсиалистии Украина адои хизмат намуда, мисли дигар халқияту миллатҳои замони шуравӣ бо ифтихор савганди садоқат ба забон оварда, дар ҳимояи Ватан баҳри пойдорӣ ва ҳастии он, марзи кишварро ба қимати ҷон ҳифз намудааст.
Меҳри омӯзгорӣ, ки дар дили эшон аз хурдӣ маъво гирифта буд, соли 1985 таҳсилро дар Омӯзишгоҳи омӯзгории ноҳияи Рашт (Ғарм) оғоз намуда, ин даргоҳи илму маърифатро соли 1988 бо ихтисоси муаллими синфњои ибтидої бо мувафақият хатм намуда, худи ҳамон сол фаъолияти меҳнатиашро дар МТМУ №20-и ноҳияи Нуробод (Комсомолобод) сар кардааст. Соли 1989 бо тавсияи роҳбарияти шуъбаи маорифи ноҳияи Дарвоз, ӯ фаъолияти минбаъдаи омӯзгориашро дар таълиму тадрисӣ фарзандони диёраш роҳнамун сохтааст.
Лекин мавсуфро як чиз ором намегузошт, яъне роҳу равиши дарсгузарии омӯзгори фанни таърих шодравон Аҳтам Ҷурахонов, ки таъсири амиқаш расонида буду тухми меҳр ва муҳаббати пешаи омӯзгориро дар замираш дучанд менамуд, ҳамон лаҳза мақсад гузошт, ки муаллими ҳамин фан мешавад ва то охирин нафас ба ташналабони роҳи дониш сабақ медиҳад. Ин орзуи деринаи устоди ростагор маҷрои худро пайдо намуду ба ҳадафи накуяш ҳам расид. Дар МТМУ рақами15-и зодгоҳаш аз фанни дӯстдоштааш таърих ва ҳуқуқ дарс мегуфту пайваста, дар фукултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки яке аз донишгоҳҳои бонуфузтарини кишвар мебошад, таҳсили илм мекард. Дар ин даргоҳи илму маърифат бар зиммааш боз ҳам вазифаи пурмасъулияте вогузошта шуд. Кунун ӯро мебоист дар баробари омӯзиши фанни таърих, инчунин, ба таълими хонандагон низ аҳаммияти аввалиндараҷа диҳад. Ҳадафи ин марди равшанзамир як буд, то мадор дар тан аст, ташналабони роҳи донишро таълим дода, ба роҳи илмомӯзи роҳнамунашон созад. Талошашро дӯст медошту доим аз пайи ҷустуҷӯ буд.
Дар баробари фаъолияти омӯзгорӣ, пайваста дар озмуну семинар ва конференсҳо баромад намуда, маҳорату малакаи худро сайқал ва таҷрибаашро ғанӣ мегардонд. Ҳамин гуна талоши пайвастааш буд, ки пас аз чанд соли фаъолияти минбаъда, ӯро ҳамчун тарбиятгари насли наврас, мудири қисми илмӣ аз соли 2007- 2013 ва муовини директор оид ба тарбия ба муҳлати ду сол таъин намуданд. Ҳамин ҳадафҳои сидқӣ ӯро сол ба сол неруман гардонда, аз соли 1993 то 2020 њамчун узви фаъоли Ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар «МТМУ № 15» ва аз соли 2020 то имрӯз, роҳбарии ин ҳизби сиёсии бонуфузтаринро ба зимма дорад. Бо роҳнамоии ин омӯзгори дарёдил, Ташкилоти ибтидоии ҳизб дар муассиса, пайваста барои амалӣ намудани ҳадафҳои олии кишвар равона шуда, маъракаҳои сиёсию ҷамъиятиро аз қабили ҷашни Истиқлол, Рӯзи Конститутсия, Рӯзи Президент, Рӯзи Парчами миллӣ, Рӯзи байналмилалии Наврӯз, Идҳои ғалабаву ваҳдати миллӣ ва амсоли инҳоро бо як ифтихори хос таҷлил намуда, мафҳум ва моҳияти асосии онҳоро барои аҳли ҷомеа, хусусан, омӯзгорони ин даргоҳи маърифт расонидааст.
Пуррагии сатњи донишу љањонбинї, фурӯтанию қаноатпешагӣ ва дигар фазилатњое, ки дар замири ин марди некширишт нињон аст, шояд ангуштшумор бошад. Ҳамин фазилатҳои неки инсонӣ ва маърифатнокиаш буд, ки бо тавсияи собиқ раиси ноҳия Абдураҳмонзода Сайбурҳон ва мудири шуъбаи маориф, аз соли 2020 то имрӯз масъулияти роҳбари МТМУ № 15-и деҳаи Лухчро ба дӯш дорад. Номбурда дар баробари тарбияи беш аз 60 хонанда, ҳамчунин, талош варзид, то дарду мушкилоти омӯзгорони муассисаро низ дарк намояду маслиҳату машварат диҳад. Дар корњои љамъиятии муассиса фаъолона иштирок намуда, љињати ба роњ мондани муносибатњои мутаќобилаи судманд бо шуъбаи маорифи ноҳияи Дарвоз ва дигар муассисаҳои таълимӣ дар ҷамоати Сағирдашт саҳми назаррас гузоштааст. Ногуфта намонад, ки ӯ хушбахтии худро дар саодати мардум дониста, њаргиз барои манфиати шахсиаш талош намеварзанд. Аз ин рӯ, ин гуна ашхос тавассути хираду фазилатњои наљиб ва амалњои неки хеш дар зењнњо боқӣ монда, ањли ҷомеа онҳоро қадршиносӣ менамоянд ва азиз медорад.
Устод ба пешаи худ муҳаббати зиёд дошту бо камоли майл кор мекард. Аз ин ҷост, ки мақолаҳояш дар рӯзнома ва маҷалаҳои даврӣ, аз ҷумла, «Садои мардум», «Фараж», «Минбари халқ», «Бадахшон», «Самак», «Омӯзгор» ва «Дарвоз» нашр гардида, њаводорони худро низ пайдо намудаанд. Хусусияти муњимтарини мақолаҳои ўро сатњи баланди масъалагузорӣ, муносибати ахлоқӣ, холисона баҳо додан ба падидаю равандњо ва фаъолияти сиёсӣ ташкил менамоянд, ки ањаммияти бунёдӣ пайдо намудаанд.
Бояд ёдовар шуд, ки барои гузоштани саҳми арзанда дар пешрафти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирӣ ва барҳамзании ҷиноятҳои хусусияти экстремистию террористдошта аз ҷониби Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба Рӯзи Конститутсия, аз ҷониби раиси ноҳияи Дарвоз ва дар самти дастгирии сиёсати давлатии забон бошад, аз ҷониби раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Муҳаммадҷонзода О, заҳматҳои устод бо сипосномаю ифтихорномаҳо қадршиносӣ гардидаанд. Хизматҳои арзандаву шоиста ва пурсамараш боиси он шуд, ки аз ҷониби раиси вилоят, соли 2021 дар шаҳри Хоруғ бо нишони аълочии маориф сарфароз гардонида шуд. Т. Азизов дар ҷодаи омӯзгори ва корҳои роҳбарӣ фаъолияти пурсамару чашмрас дошта, мақоми шоистаро касб кардааст. Воқеан ӯ шахсиятест, ки дар ҷомеаи имрӯза на танҳо, чун устоди варзида, балки рамзи мардонагию фурутанӣ ва хоксорӣ мавриди эътироф ва эҳтиром қарор дорад.
Гуфтан ҷоиз аст, ки аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ то имрӯз масъалаи мактабу маориф ва омӯзгору хонанда таҳти таваҷҷуҳу ғамхории Ҳукумати мамлакат қарор дошта, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба муносибати Рӯзи дониш, ки бо аҳли зиё ва кормандони соҳаи маориф мулоқот дошт, як нуктаро ба маврид қайд намуд: «Эҳтиром ба омӯзгор- эҳтиром ба ояндаи миллат аст».
Ин омӯзгори асил ҳамеша мефахраду меболад, ки ӯро дар ҷодаи омӯзгорӣ ва корҳои роҳбарӣ устодони зиндаёд, аз қабили Давлат Сафаров, Диловар Солиҳов, (Ворисов Мирзовалї, собиќ мудири шуъбаи маорифи ноњияи Дарвоз) Нурулло Иброҳимов, Шакар Мирзоев, Идибек Ёров, Тоҷиддин Ризоев ва омӯзгорони варзида, ки имрӯз дар соҳаи ин касби пуршараф фаъолиятдоштан ва ҳоло бархе аз онҳо фаъолият доранд, ба мисли мудири шуъбаи маорифи ноҳия Саидраҳмон Мирмаҳмадов, Қурбонов Ҳайдар раиси иттифоқи касабаи шуъбаи маорифи ноҳия, устоди Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон Ҷумъа Махшулов, сармутахассиси шуъбаи маориф Муҳаммадҷон Лоиқов, Мирмаҳмад Сангаков, Қурбон Гулов, Муҳаббатшо Назокатов, Шодӣ Одинаев, Назришо Шогурезов, Сайдамир Раҳимов, Шариф Одинаев ва Сайдмаҳмуд Саидов роҳнамун сохтаанд.
Меҳру садоқат ба касб ва масъулият дар иҷрои рисолаташ буд, ки миёни омӯзгорон ҷойгоҳи махсусро касб кард. Ӯро гузашти замон неруи тозае бахшиду руҳи дучанд, то дар роҳи пешгирифтааш боз ҳам бештару беҳтар фаъолият бараду ғунчаҳои боғи донишро бипарварад. Ҳар вақте комёбии шогирдонашро медид, вуҷудашро ҳисси ифтихор ва сарфарозӣ мепечид, ки тавонистааст чанд наврасеро дониш додаву дар замирашон чароғи муҳаббати илмандӯзиро фурӯзон кардааст.
Замони фаъолияташ дар муассисаи таълимӣ ба муваффақиятҳои зиёде ноил гардидаву шогирдонаш, ҳамасола, дар озмуну олимпиадаҳо ширкат варзида, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гаштаанд. Аз ҷумла, хонандаи синфи 9-ум Раҳимзода Зоҳир дар озмун аз фанни таърих дар минтақа ва ноҳияи Рашт соҳиби медали тилло, Салимзода Шаҳром дар озмуни ноҳиявӣ аз фанни ҳуқуқ сазовори ҷойи якум, инчунин, хонандагон: Азимзода Нуралӣ, Шодизода Фариддун, Мақсадшои Иброҳим ва Ҳасратшои Раҳматшо дар озмунҳои «Фуруғи субҳи донои китоб аст», «Тоҷикон» - дар оини таърих» ва «Илм фуруғи маърифат» мақоми ифтихориро касб намуда, бо ифтихорнома ва туҳфаҳои раиси ноҳия сазовор гардидаанд.
Дар ин ҷода А.С. Макаренко ба маврид гуфтааст, ки «агар муаллим барои эҳёи тафаккури насли нав хизмат намекард, зиндагӣ як лаҳза ҳам пеш намерафт».
Он кас дар давоми фаъолияти кориаш дар мактаб, шогирдони зиёдеро тарбия намуд. Вақте медид дар ҷодае муввафақ аст, меболид. Шогирдонаш имрӯз дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон дар ҷабҳаҳои гунони хоҷагии халқ ифои вазифа менамоянд. Т. Азизов бо ифтихор мегӯяд, ки “хушбахтам, ки умри худро сарфи роҳе сохтам, ки ҳамеша роҳнамои шогирдон дар ҷодаи илму дониш буду то имрӯз садҳо шогирдонро тарбия намуда, дар қалбашон муҳаббати дониш андӯхтанро мақом додам”.
Ҳангоми ба ёд овардани ҳар хотирае дар замирӣ ин марди бомаърифат эҳсоси гарме фаро мерасад ва якояки он хотираҳо монанди сатрҳое мебошанд, ки китоби зиндагиашро пурра месозанд. Ӯ на як солу ду сол, балки умри худро пурра ба роҳе бахшид, ки на молу сарват, балки обрӯ, эҳтиром ва намунаи ибрат буданашро ба даст овард. Ҳар кадом аз шогирдонаш ҳангоми дидор, ташаккур мегӯянд, ки барояшон дониш омӯхтаву роҳи дурусти ҳайётро роҳнамунашон сохтааст. Дар таълиму тарбияи фарзандонаш Солеҳҷон ва Оятулло низ саҳлангорӣ накарда, ин ду ҷавони фидоии Ватан дар мақомотҳои бонуфузтарини Ҷумҳурӣ, яке корманди Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дигаре корманди Вазорати корҳои дохилӣ ифои вазифа доранд.
Шоире дар васфи ҳамингуна устодон чунин гуфтааст:
Устод набошад, ту чӣ донӣ қаламаш чӣ?
Устод набошад, ту чӣ донӣ рақамаш чӣ?
Устод набошад, ту чӣ донӣ суханаш чӣ?
Бар қайди ҳайёт омадану зистанаш чӣ?
Устод бо меҳнати ҳалол, кордониву амалҳои шоиста, донишу малакаи қавӣ аз чанд имтиҳони ҷиддии зиндагиву рӯзгор гузашааст. Ӯ худро хушбах меҳисобад, ки ҳамчун тарбиятгари насли наврас дар рушди соҳаи маориф саҳм дошта, беш аз 36 соли фаъолияти омӯзгорӣ ва рисолати роҳбариро бо сари баланд пеш бурда истодааст. Ин марди наҷиб ҳамеша ба пайвандону шогирдонаш таъкид мекунад, ба қадри умр, ки ин неъмати пурарзиштарин аст, бирасанд ва ҳамеша некбину некрафтор ва дурандеш буда, бо касбу кори арзандаву шоиста дар пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми худро гузоранд...
Мирзозода Мирзошариф Одина,
корманди Кумита забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мирзораҳимов Беҳрӯз,
устоди фанни таърих, МТМУ №51-и ноҳияи Рӯдакӣ
Категория:
- Ахбори рӯз [1]
- Мақолаҳо [2]