Дар Кумитаи забон ва истилоҳот бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ва Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш баргузор гардид
Рӯзи 11 декабри соли 2024 дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи Соли маърифати ҳуқуқӣ ва Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш баргузор гардид.
Дар ҳамоиш муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сахидод Раҳматуллозода, Сарнозири раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон майори адлия Акрамзода Ёсуман Абдуҳалим ва кормандони Кумита иштирок намуданд.
Иброз гардид, ки дар Тоҷикистон чун ҷузъи ҷудонопазир ва комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд диққати махсус равона гардидааст.
Ҳамин аст, ки дар робита ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид, ки дар замони муосири тағйирёбанда басе муҳим буда, моро ҳушдор медиҳад, ки ба ин санади сарнавиштсоз арҷ гузорем.
Дар Конститутсияи ҷумҳурӣ тибқи моддаи 5, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ ба сифати арзиши олӣ шинохта шудааст ва давлат масъул гардидааст, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф, риоя ва ҳифз намояд.
Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, «мо дар замони начандон тӯлонӣ тавонистем, ки аз тариқи Конститутсия ва дигар санадҳои қонунгузорӣ меъёрҳои бунёдии фаъолияти давлатӣ демократӣ — асосҳои сохти давлатдории демократӣ, моҳияти дунявӣ ва иҷтимоии он, муқаддас будани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, гуногунандешии сиёсӣ, таъсиси парламенти касбӣ, кафолати адолати судӣ ва баробар будани ҳамаро дар назди қонун, инчунин озодии виҷдон эълон ва таъмин намоем».
Категория:
- Ахбори рӯз [2]