Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Интишори сомонаи «Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» (http://kumitaizabon.tj)

Асосӣ > Коррупсия– хатари зуҳуроти фарогир ба арзишҳои ахлоқии ҷомеа

Коррупсия– хатари зуҳуроти фарогир ба арзишҳои ахлоқии ҷомеа

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 1 Сентябр, 2025 - 13:35
[1]

«Фаромӯш набояд кард, ки мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад»
Эмомалӣ Раҳмон

Коррупсия кирдорест, ки метавонад ба ҳаёти ҳамаррӯзаи мо таъсир расонад. Он аз як амали ночиз оғоз шуда, монеаи асосии рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ дар ҷомеа гардида, боиси нобоварии мардум ба ҳокимият, заиф шудани қонун ва халалдор шудани принсипҳои адолати иҷтимоӣ мегардад. Барои муқовимат бо ин падидаи манфӣ, на танҳо чораҳои давлатӣ, балки иштироки фаъолонаи шаҳрвандон ҳатмӣ мебошад. 
 Мақсади ҳар як ҷомеа ва њар як давлат, инчунин, роњбарияти сиёсии он ташкилу таъмини њаёти хушу хуррам ва осудаву ороми халқу диёр, сарсабзӣ ва сарбаландии миллат дар арсаи байналмилалї мебошад. Вале барои ба ин њадафњои воло расидан ѓайриихтиёр монеањои зиёде пеш меоянд, ки барои рафъи онњо кўшишҳои дастаљамъонаи зиёде лозиманд.
Мавриди зикр аст, ки инсоният имрўз ба хатарњои нави глобалӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, паҳншавии маводи мухаддир, буҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва дигар хатарҳо рўбарў гаштааст. Айни замон ба ин хатарњо боз коррупсия зам шудааст. Коррупсия низ дар ҷомеа реша давондааст, ки зарари он нисбат ба хатарҳои зикршуда камтар нест ва ба онњо алоқамандии зич дорад.
Бояд дар хотир дошт, ки коррупсия, воқеан, яке аз ҷиноятҳои хавфноки сиёсие ба њисоб меравад, ки барои амалӣ гардидани барномаҳои иҷтимоию иқтисодии давлат монеа барпо намуда, намегузорад, ки маблағҳои давлатӣ барои барномаҳои пешбинишуда амалӣ гарданд. Коррупсия метавонад нобоварии шаҳрвандонро нисбат ба давлату ҳукумат ва сиёсати пешгирифтаи он эљод намуда, барои сар задани ҷиноятҳои гуногун замина гузорад.
 Бо ин ҳама коррупсия падидаи иљтимоиест, ки дар тафаккури ҷамъиятӣ низ фаҳмиш ва тафсири якхела надорад. Ҳамин аст, ки имрўз муносибати шањрвандон бо коррупсия гуногун буда, онро бо ришва, суйистифода аз мансаб, судхурӣ, хушомад задан ва ғайра таъбир мекунанд.

Бояд қайд намуд, ки коррупсия амалҳои ғайриқонунии шахсони мансабдор ё кормандони дигарро дар назар дорад, ки онҳо манфиатҳои шахсиро аз манфиатҳои умумӣ болотар мегузоранд. Аммо ин истилоҳ на танҳо ба корхонаю муассиса ва мақомоти алоҳида дахл дорад, балки қариб дар ҳар ҷое, ки одамон, дар баробари қоидаву қонунҳо амал намекунанд, коррупися метавонад пайдо шавад. Масалан, вақте ки касе мехоҳад кореро на аз рӯйи қоида, балки бо роҳи ғайрирасмӣ ҳал кунад. 
Мутафаккири бузурги Фаронса Ш. Л. Монтеске гуфта буд, ки «Дар натиҷаи амалњои коррупсионӣ тартиботи хуби ҷамъиятӣ аз байн рафта, дастгоҳи давлатӣ фалаљ ва ба як чизи бекора мубаддал мешавад».
Мусаллам аст, ки коррупсия дар ҳамаи шаклу зинаҳояш ба пояҳои давлатдории муосир таҳдид мекунад. Ин падидаи номатлуб танҳо ба фошсозии ҳолатҳои алоҳида решакан намешавад, бояд заминаҳои пайдошавии он бартараф карда шаванд. Ин аст моҳияти пешгирии коррупсия, ки ниёз ба идораи сиёсӣ, муносибатҳои ҷиддӣ ва иштироки фарогири ҷомеа дорад. 
 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия, маҳз ба хотири мубориза алайҳи коррупсия, пешгирии сабаб ва омилҳои ба пайдоиши ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда ва решакан намудани онњо 31 октябри соли 2003 қабул шуда, бањри амалӣ кардани ин мақсад чорањои мушаххас пешбинӣ намудааст. Муҳиммияти ин ҳуҷҷати Созмони Милали Муттаҳидро ба назар гирифта, Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, 25 сентябри соли 2006 ба он имзо гузошт. Конвенсияи мазкур 16 апрели соли 2008 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маљлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ (ратификатсия) ва минбаъд қисми таркибии системаи ҳуқуқии мо ба шумор рафта, ҳамаи қонунҳои қабулгардида ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида шуд.
Қонунҳо, Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумат, ки дар давраи соҳибистиқлолии кишвар ба тасвиб расидаанд, гувоҳи гуфтаҳои боло ва диққати ҷиддии Роҳбари давлат дар самти мубориза бар зидди коррупсия мебошад.
Айни замон, дар кишвар барои пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия қадамҳои муҳим гузошта шудаанд. Аз ҷумла:
-Қабули Стратегияи муқовимат бо коррупсия:
-Таъсиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия;
-Амалигардонии корҳои фаҳмондадиҳӣ ва омӯзишӣ дар муассисаҳои таълимӣ;
-Татбиқи технологияҳои электронӣ барои шафофияти хизматрасониҳо.
Пешгирии самаранокии коррупсия, дар Стратегияи миллии муқовимат бо каррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 муайян шудааст, афзалияти аввалиндараҷа дорад. Маҳз пешгирӣ воситаи муҳимми ҳимояи ҷомеа ва давлат аз фасод мебошад. 
Чӣ гуна метавон коррупсияро пешгирӣ кард?
1. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон. (Камии маълумоти ҳуқуқи дар байни аҳолӣ);
2. Шаффофият дар фаъолияти идораҳои давлатӣ;
3. Дастрасии озод ба иттилоот ва ҳисоботдиҳии доимӣ аз ҷониби роҳбарони идораву муаасисаҳо, як воситаи боварии мардум;
4. Иштирок дар барномаҳои таълимии зиддикоррупсионӣ;
5. Фош кардани ҳолати коррупсионӣ тавассути расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ;
6. Тарбияи насли нав дар руҳияи зиддикоррупсионӣ. 
Мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва фарҳангӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори омма бояд дар ин раванд якҷоя ва фаъол бошанд. Фақат дар чунин ҳолат мо метавонем ба натиҷаҳои назаррас ноил гардем. Пешгирии коррупсия бояд дар зеҳни шаҳрвандон ҳамчун як вазифаи шахсӣ, на фақат давлатӣ ҷой гирад.
Гарчанде, ки маъмулан кумитаю идораҳо, муассисаҳои илмӣ ва фарҳангӣ дониста мешаванд, нақши онҳо дар баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон хело муҳим аст. Масалан, дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи бандҳои Стратегияи милли муқовимат бо каррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ доир мегарданд. Маҳз чунин таҷрибаҳо нишон медиҳад, ки мубориза бо каррупсия танҳо кори прократура ва Агентӣ нест, балки як ҳаракати умумимиллист. Кумита кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки минбаъд ҷиҳати татбиқи ҳамаҷонибаи Стратегияи муқовимат бо каррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ислоҳи камбудиҳо чораҳои дахлдоро амалӣ наморяд.
      Бо мақсади дарки кормандон аз хавфҳои коррупсионӣ ва пешгирӣ намудани ҳолатҳои коррупсионӣ дар маҷлисҳои назорати аз ҷониби раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Кумита ва Директри маркази тарҷумаи назди Кумита машварату маслиҳатҳо доир гардида, вобаста ба Стратегия корҳои назаррас ба анҷом расонида шудааст.
   Ҳамзамон, бо мақсади аз бай бурдани ин амалҳои номатлуби ба ҷомеа зараровар, дар Кумита фаъолияти рақамӣ ба роҳ монда шуда, гардиши ҳуҷҷатҳо тавассути ҳукумати электронӣ анҷом дода мешаванд. 
Маврид ба зикр аст, ки санаи 7-уми майи соли 2025 дар толори Кумита бо иштироки корманди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия подполковник Розиқзода Алихон вохурӣ баргузор гардид. Мавсуф дар мавзуи «Баррасӣ ва пешниҳоди Агенти дар бораи пешгирӣ ва бартараф кардани омилҳои коррупсионӣ ва таъсири бевоситаи он ба ҷомеа» баромад намуда, муҳтавои мавзуи болозикрро ба кормандон шарҳу тавзеҳ дода, аз хатар ва зиёни ин амалӣ ба ҷомеа таҳдидкунанда, дастуру тавсияҳои муфид доданд.
Агар  ҳар як муассиса - мактаб, беморхона, корхона, идораҳои давлатӣ аз дохил муқовимати шахсиро бо коррупсия ташаккул диҳанд, пас мо натанҳо дар сатҳи стратегӣ, балки дар зиндагии воқеӣ ба ҷомеаи шаффоф наздик мешавем.  
Мубориза бо коррупсия фақат аз мубориза бо оқибатҳои он оғоз намешавад, он бояд аз решаҳо, аз тарбия, аз намунаи шахсӣ ва аз иштироки беамони шаҳрвандон бар зидди беадолатӣ оғоз гардад. Фақат чунин мубориза самараи воқеӣ хоҳад дод. Ин муборизае, ки некуаҳволии ҷомеаро таъмин мекунад.
Масъулиятшиносӣ бояд аз хурдсоли ба инсонҳо омӯхта шавад. Дар мактабу донишгоҳҳо бояд на танҳо донишомӯзӣ, балки ба тарбияи ахлоқӣ ва арзишҳои инсонӣ диққати махсус дода шавад. Чораҳои таълимӣ ва семинару конференсияҳо метавонанд дар ташаккул додани ҳисси масъулият ва эҳтироми қонун мусоидат кунад.
  Мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ нест, балки масъулияти шаҳрвандии ҳар як нафар мебошад. Танҳо бо ҳамкории ҷомеа ва давлат метавонем муҳити поки сиёсӣ ва иҷтимоиро фароҳам оварем. Ҳар нафар бояд бо риояи қонун, росқавлӣ ва беғаразиро пеша кунад.
Махсус таъкид менамоям, ки пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия дар оянда низ ҳамчун яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати ҳуқуқии давлат боқӣ мемонад.
Вазифаи аввалиндараҷаи мо, кормандони Кумита ин аст, ки дар Кумита ва дар байни мардум корҳои тарғиботиро пурзӯр карда, барои решакан кардани ин амали хатарзо тамоми сокинони кишварро талқин намем. 
Мо бояд мардумро ба меҳнати ҳалол ва шукргузорӣ даъват намуда, ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи сокинони кишвар корҳои муҳимро анҷом диҳем. Бо ҳамкории якҷоя мо метавонем зиндагии осоишта ва покдилонаро таъмин кунем ва барои наслҳои ояндаи ҷомеаи одил ва шаффоф бунёд намоем.

Мирзозода Мирзошариф Одина
корманди Кумитаи забон ва            
истилоҳоти назди Ҳукумати 
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Категория:

  • Ахбори рӯз [2]

Манбаъ::http://kumitaizabon.tj/tg/content/korrupsiya-hatari-zukhuroti-farogir-ba-arzishkhoi-ahlokii-chomea?page=13

Пайвандҳо
[1] http://kumitaizabon.tj/sites/default/files/field/image/MSharif.png [2] http://kumitaizabon.tj/tg/category/%D0%B0%D1%85%D0%B1%D0%BE%D1%80%D0%B8-%D1%80%D3%AF%D0%B7