Иқдомоти бесобиқаи фарҳангӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раҳматуллозода Сахидод
раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ки рӯзи 16.12.2025 пешниҳод шуд, ҳаёти воқеии моро инъикос карда, масоили муҳимми сиёсию иқтисодӣ ва илмию фарҳангии ҷомеаи Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дод, ки дар ташаккули зеҳнии миллати тоҷик солиёни дароз таъсир хоҳад расонд. Таҳлилу баррасиҳо, муқоисаю муқобалаҳои ҳаёти иқтисодии кишвар, роҳҳои ҳалли маосили мубрами сиёсию иқтисодӣ, изҳороти муҳим дар самти нақши ҷавонон, занону модарон, мутахассисону коршиносон, донишомӯзону муҳассилин, ходимони ҷамъиятию динӣ ва дигар қишрҳои ҷомеа аз огоҳии комили вазъ дарак медиҳад. Суханони пурлатофату бомуҳаббати Президенти кишвар нисбат мардум ва пешниҳоду тавсияҳои муфид дар самти некуаҳволии халқ аз ғамхориҳои бесобиқаи Ҷаноби олӣ дарак медиҳад.
Агар ба нуктаҳои дар паёми ба Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон ироашуда дақиқ назар андозем, зуд дармеёбем, ки ба тақдири баланди миллатамон ба изни Худованд шахсе сарвари ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки ҳар фарди ҷомеаро дӯст медорад ва барои чун гаҳвараки чашм ҳифз намудани онон талош меварзад. Ман аз таҷрибаи кор бо ҷомеа бо қаноатмандию дилпурӣ гуфта метавонам, ки ҳар фарди ҷомеаи Тоҷикистон ва неруҳои пешвафтаю солимфикрӣ хориҷи кишвар низ сарвари маҳбуби моро дӯст медоранд, эҳтиром мекунанд, зеро порча-порча суханони пурҳикмати панду ахлоқии эшонро дар саҳифаҳои интернетии худ мегузоранд ва аз онҳо лаззати маънавӣ мебаранд. Ин аст, ки аз доштани ин ганҷи бебаҳои миллӣ ифтихор мекунем ва дар навбати худ барои заҳматҳою ғамхориҳои падаронаашон нисбат ба ҷомеа сари таъзим фурӯд меорем.
Паёми имсола бо пешниҳодҳои ниҳоят муҳим дар ҳаёти фарҳангии тоҷикон фарқ мекунад. Пешвои миллат барҳақ изҳор медорад, ки ҳастии миллат ва бақои давлати тоҷикон ба муносибати мо нисбат арзишҳои миллӣ вобаста аст. Дар сурате мо метавонем арзишҳои миллаамонро ҳифзу нигаҳдорӣ намоем, ки маорифи пурқувват дошта бошем ва ҷиҳати аз бар кардани илму дониш талош варзем ва барои дур будан аз ҷаҳолату хурофот имконоти зеҳнии худро сафарбар созем. Дар ҳамаи давру замон хурофот ва нодонӣ садди роҳи тараққиёт ва пешрафту шукуфоӣ шуда, башариятро ба марзи сарбастаю номаълум бурдааст.
Пешвои муаззами миллат намунаи барҷастаи шахси ватандӯсту меҳанпараст буда, сокинони кишварро ба меҳанпарастӣ дар заминаи маърифати баланд роҳнамоӣ мекунанд. Заҳмат кашидан дар самти таҳқиқу омӯзиш, аз бар кардани илм, соҳибкасб шудану аз рӯйи виҷдон кору фаъолият кардан, муносибати ҳасана нисбат ба арзишҳои миллӣ, ғамхорӣ нисбат ба ҳар ваҷаби хоки Ватан ва дар ин замина дар ҳар гуна вазъият муаррифии бошарафонаи миллати тоҷик дар дохил ва хориҷи кишвар аз ватандӯстию меҳанпарастии мо дарак медиҳад. Ин аст зуҳуроти миллатдӯстӣ, ватандӯстӣ ва сидқу вафо ба Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон.
Пешвои миллат шукрона мекунанд, ки Ватани озоду обод дорем ва ҳамаи онро аз он мебинанд, ки халқи Тоҷикистон заҳматҳои аҳлона дошта, барои сарсабзию шукуфоии ҳар ваҷаб хоки поки Ватан заҳмат мекашанд ва дар сохтани роҳу пулҳо, биноҳои замонавии истиқоматӣ, коху кушкҳои фарҳангию маърифатӣ, боғҳо, мактабҳо, бунгоҳҳои тиббӣ, варзишгоҳҳо, мағозаю истироҳатгоҳҳо, корхонаю муассисоти гуногун заҳмат мекашанд. Албатта, ҳамаи ин корҳои ободонию созандагӣ бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат сурат гирифта истодааст.
Бо пиёда сохтани мардумсолорӣ дар кишвар фазои озоди пешрафти зеҳнии мардум таъмин шудааст. Имрӯз барои ҷавонони кишвар тамоми шароитҳои зиндагии босаодат фароҳам аст ва дуруст истифода бурдани ҳар дақиқа ҳаёт барои пешрафти ҳар нафар дар дасти худи ӯст. Фазои озоди Тоҷикистон имкон додааст, ки дар ҳар донишгоҳе, ки лаёқати таҳсил дар онро доред, дохил шавед, ба ҳар машғулияти муфиде, ки ба он короӣ доред, кор кунед, дар ободонии гузари худ саҳм гузоред ва ё дуои модарону падарону хоҳарон ва ниёзмандонро бигиред.
Имрӯз дар Тоҷикистон барои ҳамаи равияҳои илм муассисаҳои таълимӣ мавҷуд аст ва шаҳрвандон метавонанд дар донишгоҳу донишкадаҳо, коллеҷу омӯзишгоҳҳо ба таҳсили масоили ҳуқуқшиносӣ, иҷтисодӣ, кишоварзӣ, забону адабиёт, таъриху дин, география, физикаю химия, ситорашиносию кайҳоншиносӣ, риёзӣ, биология, забонҳои гуногуни дунё (тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, олмонӣ, ҷопонӣ, чинӣ, арабӣ, кореягӣ ва ғ.) ва дигар фанҳо машғул шуда, аз дастовардҳои илм огоҳӣ дошта бошанд, ки барои худшиносию худогоҳӣ ва пешрафти зеҳнии хурду бузурги ҷомеа мусоидат карда, барои дур будан аз ҷаҳолат замина фароҳам меорад.
Дар баланд шудани донишҳои сокинони кишвар иқдомоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузур аст. Ҷаноби олӣ иброз менамоянд, ки “Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тули беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям. Зеро хуб медонам, ки рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад.” Ин гуфта ба он асоснок аст, ки ҳамасола ба истифода додани садҳо биноҳои таълимӣ, мусоидати ҳазорон нафар ба таҳсил аз тарафаи квотаҳои президентӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, ҷалби ҳазорон нафар ба озмунҳои илмию маърифатии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон - Ватани азизи ман”, “Илм - фурӯғи мърифат” ва ғайра, ҳадяи 3 миллиону 200 ҳазор нусхаи китоби аллома Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ, тарҷумаи китоби муқаддаси “Қуръон” ба забони тоҷикӣ барои такони ҷиддии маънавиёти миллат ва огоҳии ҳаматафаи пиру барно аз таъриху фарҳанг ва арзишҳои миллӣ ҷиҳати баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, худшиносию худогоҳӣ, ваҳдату ягонагӣ, сулҳу дӯстӣ ва сарҷамъии миллат шароит фароҳам меоварад.
Пешниҳодҳои дар паём баёншуда иқдомоти бузурги сарвари давлат барои пешбурди худшиносии миллӣ мебошанд. Пешниҳоди Президенти кишвар роҷеъ ба таъсиси Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе моро водор месозад, ки барои дар самти гиромӣ доштани арзишҳои маънавии миллиамон боз ҳам зиёдтар фикр кунем ва барои нигаҳдории онҳо чораҳо андешем. Тавре Сарвари давлатамон баён карданд, тамаддуни миллати ориёи таърихи беш аз шашҳазорсола дорад. Дар ин муддати мадид аз тарафи намояндагони миллати тоҷик шоҳкориҳои бузурге ба вуҷуд омадааст, ки сокинони сайёраи Заминро дар ҳайрат гузоштааст. Барои интисоби онҳо ба номи тоҷикон бунёди ин гуна марказ аҳаммияти бениҳоят калон дорад, зеро ҷиҳати муаррифии дастовардҳои ҳазорсолаҳо ба ҷаҳониён саҳмгузор хоҳад шуд. “Маркази тамаддуни ориёӣ”, ки дар оянда ташкил мегардад, чун як коргоҳи бузурги миллӣ дар ташаккули зеҳни ҷаҳониён нисбат ба тоҷикон метавонад таъсири мусбат расонад.
Дар ин росто аз тарафи Президенти муҳтарамамон пешниҳод шудани номи Борбади Марвазӣ барои ворид шудан Феҳристи шахсиятҳои барҷастаи фарҳангии ЮНЕСКО иқдоми бесобиқа аст, зеро мусаллам аст, ки аз ҷониби олимону коршиносони маъруфи дунё Борбади Марвазӣ ҳамчун яке аз аввалин донандагони илми мусиқӣ ва оҳангсози касбии қаламрави ориёӣ эътироф гардидааст.
Ҳамчунин, Пешвои миллат пешниҳод карданд, ки бо дарназардошти фалсафаю ҳикмати ҷовидонаи Наврӯз, суннату анъанаҳои башардӯстонаи он ва истифодаи онҳо барои тарбияи наслҳои оянда дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалии Наврӯз бунёд карда шавад. Имрӯз вожаи Наврӯз ба ҳамаи забонҳои дунё як хел садо медиҳад, зеро аз тарафи ЮНЕСКО соли 2016 ҳамчун унсури фарҳанги ғайримоддии миллати тоҷик сабт шуда, бо худ ҳикматҳои бузурги ориёиҳоро ба ҷаҳон муаррифӣ мекунад. Таъсиси Маркази байналмилалии Наврӯз барои муаррифи на танҳо Наврӯзи тоҷикон, балки дигар анъанаҳои миллӣ, ки ба ягон дину мазҳаб рабте надоранд мусоидат хоҳад кард. Дар ин замина, метавон ҷашнҳои Сада, Меҳргон ва Тиргон ҳам ба таҳқиқ фаро гирифта шаванд ва оламиён аз ин ҷашнҳои бостониамон огаҳ гарданд. Маркази мазкур барои ҳамбастагии миллӣ, қадри арзишҳои миллӣ ва таҳқиқи ҳамаҷонибаи ҷашну маросимҳои бостониамон ва мероси таърихиву фарҳангӣ, ки шиносномаи миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад, заминагор буда метавонад.
Иқдоми дигари муҳим дар самти қадри мероси гузаштагонамон ин аст, ки дар Паём Сарвари давлат супориш доданд, ки бо таваҷҷуҳ ба ин ки зиёда аз 70 фоизи мероси гузаштаро ёдгориҳои бостонӣ ташкил мекунанд, лоиҳаи қонуни соҳаи бостоншиносӣ дар муҳлати кутоҳтарин таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Бо ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат соли 2025 теъдоди 11 ёдгории мероси фарҳангии Хутали қадим (дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Данғара, Восеъ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлон) ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид, ки нишонаи қадрдонии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз мероси ниёгони мо ба шумор меравад. Ҷиҳати иттилоъ метавон зикр кард, ки рӯзи 12 июли соли 2025 дар ҷаласаи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дар ш.Париж парвандаи “Хутали Қадим” бо қарори 47СОМ 8В.21 тасдиқ шуда, ба феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шуд. Он 11 ёдгории таърихии фарҳангӣ ва бостоншиносӣ инҳоянд: Дайри буддоии Аҷинатепа, Қалъаи Ҳулбук, Шарҳристони Ҳулбук, Шаҳраки Манзаратеппа, Қалъаи Золи Зард, Мақбараи Мавлоно ТОҷикддин, Шаҳраки Ҳалевард (Кофирқалъа), Шаҳристони Золи Зар, Корвонсаройи Тоҳир, Шаҳртеппа ва Дайри буддоии Хишттеппа.
Дар баробари ин, созмони фарҳангии ЮНЕСКО дар бораи эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» ва бузургдошти 1050-солагии Робияи Балхӣ дар солҳои 2026-2027 қатъномаҳо қабул намуд, ки аз гувоҳи бузурги арзишҳои фарҳангиву маънавии миллати тоҷик дар тамаддуни умумибашарӣ аст.
Пешниҳоди дигари Сарвари давлат дар Паём эълони “Соли 2026 соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” мебошад, ки ба ифтихори ҷашни муқаддас ва бузурги миллии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мебошад. Мутобиқи таҳлилҳои Сарвари давлат “Тайи панҷ соли охир тамоми қишрҳои ҷомеа ҷиҳати сазовор истиқбол намудани ин санаи таърихӣ сарҷамъона заҳмат кашида, корҳои бузургро анҷом дода истодаанд. Аз 29 ҳазор иншооту биноҳои ба ифтихори ҷашни 35-солагӣ ба нақша гирифташуда то имрӯз 26 ҳазори онҳо ба истифода дода шудаанд, ки беш аз 70 фоизашон аз ҳисоби соҳибкорону шаҳрвандон мебошад.” Президенти муҳтарамамон ба ақли солим ва созандагию бунёдкории мардуми Тоҷикистон бовар доранд ва рӯйи ин ақидаанд, ки то ҷашни муқаддаси миллӣ шумораи иншооти биноҳои ҷашнӣ аз 30 ҳазор мегузарад. Яъне, дар иҷрои ин ҳадафҳои неку созанда Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми кишвар такя менамоянд ва изҳор менамоянд, ки “Итминони комил дорам, ки мо ҳама аҳлонаву сарҷамъона минбаъд низ ба хотири рушду пешрафти Тоҷикистони маҳбубамон ва ободии Ватани азизамон заҳмат мекашем, ба ҳамаи ҳадафҳои некамон мерасем ва нуфузу обрӯи давлати тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем.
Ин қарзи милливу имонӣ ва вазифаи инсониву шаҳрвандии ҳар яки мост!”
Категория:
- Ахбори рӯз [2]

