Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Интишори сомонаи «Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» (http://kumitaizabon.tj)

Асосӣ > ҶАВОНОН НЕРУИ СОЗАНДА ВА ПЕШБАРАНДАИ ҶОМЕА

ҶАВОНОН НЕРУИ СОЗАНДА ВА ПЕШБАРАНДАИ ҶОМЕА

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 13 Январ, 2026 - 14:53
[1]

Имрӯз дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳ дода шуд.
Зимни он Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Сахидод Раҳматуллозода иброз намуд, ки Паёми Президенти мамлакат ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ ва барномавӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, таъмини суботи сиёсиро дар бар мегирад.
Дар идома муовини директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии тарҷума»-и назди Кумитаи забон ва истилоҳот Шаҳноза Буриева афзуд, ки яке аз масъалаҳои муҳимме, ки зимни ироаи Паём таҳлил гардид, таваҷҷуҳии беандозаи муҳтарам Пешвои миллат ба ҷавонони давраи соҳибистиқлолии кишварамон мебошад, ки дар ин замина ҷавононро неруи созанда ва ояндаи миллат номиданд. Воқеан, ватандўстӣ, хештаншиносӣ ва ифтихор аз кишвари азизамон яке аз хислатҳои наҷиб ва писандидаи ҷавонони кишвар ба шумор рафта, онҳо саҳми арзандаи худро дар пешрафту тараққиёт ва рушду инкишофи Тоҷикистон ба таври ҳамешагӣ мегузоранд. Иброз гардид, ки тарбияи ватандўстӣ ва хештаншиносӣ омили муҳимми рушди давлатдории миллӣ буда, дар навбати худ давлатдории миллӣ ба тарбия ва баланд гардидани ҳисси ватандўстии ҳар як сокини давлат, бахусус ҷавонон, мусоидат менамояд. Пешвои миллат дар ҳама суханрониҳояшон, махсусан дар Паёми имсола, мудом аз ҷавонони бонангу номуси миллат ифтихор доштанашонро иброз доштанд: “Бовар дорам, ҷавонони бонангу номуси даврони Истиқлол дар пешрафти иқтисоди миллӣ, тараққиёти давлат ва ободии Ватани худ минбаъд низ саҳми арзишманд мегузоранд.
Дар маҷмуъ, Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат боз як ҳушдоре буд дар роҳи ҳифзу гиромидошти таъриху тамаддун, забону фарҳанг, худогоҳиву худшиносии миллӣ, ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ, ки асоси оромиву осудагии халқ, кафолати инкишофи давлат ва рушди ҳамаҷонибаи он маҳсуб меёбанд. Мо набояд фаромўш созем, ки сулҳ, ваҳдату ягонагӣ неъмати бебаҳотарин аст ва ҳифзу пойдории он вазифаи ҳаётан муҳим ва қарзи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Агар ҳар яки мо дар рушду таҳкими ваҳдати миллӣ ва дигар арзишҳои муқаддаси миллиамон сидқан саҳм гузошта, муттаҳид шавем, он гоҳ чун миллати ягона бо асолату фарҳанг, таърих, забони тоҷикӣ ва симои хоси худ мавқеи сазоворро пайдо хоҳем кард.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

Категория:

  • Ахбори рӯз [2]

Манбаъ::http://kumitaizabon.tj/tg/content/chavonon-nerui-sozanda-va-peshbarandai-chomea?qt-quicktabs=0

Пайвандҳо
[1] http://kumitaizabon.tj/sites/default/files/field/image/615785320_122187488336462396_556271371516858848_n.jpg [2] http://kumitaizabon.tj/tg/category/%D0%B0%D1%85%D0%B1%D0%BE%D1%80%D0%B8-%D1%80%D3%AF%D0%B7