КОРМАНДОНИ КУМИТАИ ЗАБОН ВА ИСТИЛОҲОТ БА ТАМОШОИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ РАФТАНД
Дар доираи дастуру супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии тарҷума, кормандони Кумита ва зерсохторҳои он аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос гардиданд.
Роҳбаладон ва ходимони илмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо кормандони Кумита сайрҳои осорхонавӣ гузарониданд.
Кормандони Кумита ва зерсохторҳои он дар толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ бо табиати нотакрору биҳиштосои диёр, таъриху фарҳанги пурғановат, ҳунармандӣ, шоҳкориҳои мусаввирони тоҷик ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ аз наздик шинос шуданд.
Таъкид шуд, ки тамошои ёдгориҳои таърихӣ, ки бозгӯи давраҳои гуногуни таърихӣ ва ҷоннисориву қаҳрамониҳои фарзандони баруманди миллати тоҷик мебошанд, руҳияи ватанпарастию худшиносии ҳар нафар, хосса кормандони Кумитаи забонро баланд бардошта, дар замири онҳо ҳисси баланди ифтихори миллӣ ва эҳтирому арҷгузорӣ ба осори таърихиро бедор менамояд.
Категория:
- Ахбори рӯз [2]









