Забони сариқӯлӣ

Забони сариқӯлӣ

Ношир: Ҳайати тадорукот Сана: Пшб, 08/31/2017 - 11:29

Дар минтақаи Тошқӯрғони ноҳияи худмухтори ӯйғуристони Чин мустаъмал аст ва ба забонҳои бартангӣ ва рошорвӣ қаробат дорад. Чунонки Т.Н Пахалина  зикр кардааст, ба ин забон  ҳудуди 10 ҳазор нафар  аҳолии ин макон такаллум мекунанд ва се гӯиши он роиҷ аст. [Пахалина 1966]. Теъдоде аз сарикӯлиҳо дар ноҳияи Мурғоби Бадахшони Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд.