Эълонҳо

Даъват ба фаъолияти ихтиёрӣ (волонтёрӣ)

Ношир: Ҳайати тадорукот Сана: Пшб, 10/05/2017 - 15:55

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоми шаҳрвандони дохил ва хориҷи кишвар, дӯстдорони забони тоҷикӣ муроҷиат менамояд, ки метавонанд ихтиёриёни (волонтёрони) Кумита шуда, лоиҳаҳо, фикру андешаҳо ва дархостҳои худро барои рушди забони тоҷикӣ ба Кумита тавассути сомонаи мо дар шакли зер пешниҳод намоянд:

Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявии «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар ҳифзи асолати забон ва меъёрҳои он»

Ношир: Ҳайати тадорукот Сана: Чшб, 08/30/2017 - 09:34

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки Кумита 3-юми октябри соли 2017 Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар ҳифзи асолати забон ва меъёрҳои он»-ро бо иштироки олимону донишмандони кишвар ба нақша гирифтааст.
Дар конференсия масъалаҳои марбут ба қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва ҷанбаҳои мусбату мушкилоти он баррасӣ хоҳад шуд.