Ахбори рӯз

Паёми телевизионӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ

Ношир: Ҳайати тадорукот Сана: Пшб, 10/05/2017 - 21:00

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, яъне забони шоиронаву шевои тоҷикӣ, ки онро султони суханварони Аҷам устод Рӯдакӣ «тараббахши рӯҳу фараҳафзои ҷон» номидааст, самимона табрик мегӯям.

Забони тоҷикӣ мероси бузурги ниёгони некноми мо бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд ҳамчун риштаи пайванди насл ба насли миллат аз ҳазорсолаҳои дур то давлати соҳибистиқлоли тоҷикон омада расидааст ва решаҳои умри миллатамонро оби ҳаётбахш додааст.

Сомонаи нави Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ношир: Ҳайати тадорукот Сана: Шнб, 08/26/2017 - 00:11

Ҳамватанони азиз, дӯстон, ҳаводорони забони тоҷикӣ,

Сомонаи нави Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дари худро ба Шумо боз намуд.
Ин сомона барои Шумост ва мо умедворем, ки он ба Шумо муфид буда, аз тамоми фаъолияти Кумита метавонед тавассути сомонаи мо маълумот дастрас намоед.

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ношир: Ҳайати тадорукот Сана: Шнб, 08/26/2017 - 00:11

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2009 таҳти № 604 таъсис дода шудааст. Вазифаҳо ва ҳадафҳои асосии Кумита - татбиқи сиёсати давлат дар бораи забони давлатӣ ва дигар забонҳо мутобиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.

«Забони миллат- ҳастии миллат»- китоби нави Эмомалӣ Раҳмон

Ношир: Ҳайати тадорукот Сана: Дшб, 03/21/2016 - 22:25

Китоби нави Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат - ҳастии миллат» баргузор шуд.

Ҳайати мушовараи Кумитаи забон ва истилоҳот

Ношир: Ҳайати тадорукот Сана: Пшб, 10/12/2017 - 16:18

Рӯзи 13-уми октябри соли 2017 Мушовараи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 14:00 дар толори Кумита баргузор гардид. Дар Мушовара ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳаи Кумита баррасӣ шуд. Инчунин, китоби "Фарҳанги номҳои миллии тоҷикӣ" барои чоп тавсия шуд.

Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот: «Ҳазорвожаи пизишкии Фарҳангистон» нашр мегардад»

Ношир: Ҳайати тадорукот Сана: Пшб, 08/31/2017 - 12:05

Интизор меравад, ки дар ояндаи наздик дар Тоҷикистон китоби «Ҳазорвожаи  пизишкии   Фарҳангистон» қисмҳои  1  ва 2 бо тафсирҳои иловагии истилоҳот ба забонҳои тоҷикӣ  ва русӣ таҳия ва  мунташир гардад.
Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз  дар ҷамъи хабарнигорон дар Душанбе гуфт, ки  китоби мазкур аз ҷониби мутахассисони Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳоти  Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Санг бар об задам оҳ,оҳ,оҳ… бигуфт

Ношир: Ҳайати тадорукот Сана: Шнб, 08/26/2017 - 00:11

Маҷмаи Умумии СММ якдилона қатъномаеро, ки ба барномаи сеюми байналмилалии «Об барои рушди устувор» оғоз мебахшад, қабул намуд. Ин барнома аз соли 2018 то 2028 идома меёбад. Қатъномаро 177 давлати аъзои СММ ҷонибдорӣ кардаанд.

Ин хабар дар қатори он хабарҳои некест, ки тоҷику тоҷикистониёнро хушҳол гардонид.

Номҳои Асмоа ва Облоқул рад карда шуданд. «Фарҳанги номҳои миллии тоҷикӣ» ба нашр мерасад

Ношир: Ҳайати тадорукот Сана: Ҷум, 08/25/2017 - 23:47

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи сентябри соли равон «Фарҳанги номҳои миллии тоҷикӣ»-ро ба нашр мерасонад. Ин нуктаро имрӯз Раиси Кумита Гавҳар Шарофзода зимни нишасти матбуотӣ дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» баён дошт.

Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Гавҳар Шарофзода: «ВАО дар тарғиби забони давлатӣ нақши назаррас доранд»

Ношир: Ҳайати тадорукот Сана: Ҷум, 08/25/2017 - 23:32

«Мо бояд забони давлатиамонро мисли оинаи поку пурҷило нигоҳ дорем ва онро аз ҳар гуна олоишу омехтагиҳои нозаруру ғайриматлуб ҳифз намоем».