Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ

Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ

31 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ходимони давлатӣ - роҳбарони ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия, собиқ роҳбарони парламент ва аъзои Ҳукумати мамлакат, мукофотҳои давлатӣ супориданд.

Қабл аз оғози маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба муносибати ҷашни бузурги миллӣ 30 - солагии Истиқлоли давлатӣ таҳният гуфта, таъкид намуданд, ки имрӯз шахсоне бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз мегарданд, ки саҳми онҳо дар тӯли сӣ соли даврони соҳибистиқлолӣ дар рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва идораи давлатӣ назаррас ва арзишманд мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қадршиносӣ аз саҳми арзандаи собиқадорон ва роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар рушду пешрафти ҷомеа ва таҳкими сулҳу субот, таъкид доштанд, ки ҳар яки шумо барои ободии Ватани соҳибистиқлоламон, таҳкими пояҳои давлатдории миллиамон ва пешрафти кишвари азизамон содиқона заҳмат кашидаед ва роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат имрӯз фаъолияти софдилонаи шуморо ба таври сазовору шоиста қадрдонӣ мекунанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори сипос илова ба мукофотҳои давлатӣ ба ҳама собиқадорон, барои кору фаъолияти ватандӯстонаашон миннатдории самимӣ баён карданд.

Ин қадршиносиҳои Пешвои муаззами миллат ва бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданро метавон подоши хизмати содиқона ба халқи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон маънидод намуд.

Таҷрибаи таърих собит намудааст, ки ба даст овардани истиқлолу озодӣ кори саҳлу осон нест, вале ҳимояи неъмати озодӣ ва дастовардҳои истиқлол кори бамаротиб душвортар мебошад.

Халқи тоҷик дар муддати сӣ соли гузашта ба мушкилоти сахту сангин рӯ ба рӯ гардид. Дар он айёми пурфоҷиа хатари аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлати тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик ба як ҳақиқати даҳшатнок табдил ёфта буд.

Бо дарки миқёси хатар фарзандони огоҳу сарсупурдаи миллат ба андешидани тадбирҳои фаврӣ иқдом карданд.

Қобили зикр аст, ки онҳоро дар ин роҳ пуштибонии қотеона, майлу ирода ва хоставу орзуҳои мардуми шарифи Тоҷикистон мадад мекард ва қувват мебахшид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифтихор иброз доштанд, ки маҳз бо дастгириву пуштибонии мардуми кишвар мо аз имтиҳони тақдирсӯзи таърих гузаштем ва онро ба дастоварди тақдирсоз табдил додем. Маҳз бо талошҳои ватандӯстона ва заҳмати содиқонаи сокинони Тоҷикистон ба чунин рӯзҳои ободу осуда расидем ва давлати соҳибихтиёру озоди тоҷикон сисола шуд.

Дар охири суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъи пешгӯинашавандаи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷомеаи ҷаҳон, аз ҷумла таҳдиду хатарҳои муосир андешаронӣ карда, таъкид доштанд, ки дар шароите, ки авзои минтақа ва ҷаҳон ҳар лаҳза дар ҳоли тағйиру дигаргунӣ қарор дорад, мову шумо ҳамеша бояд ҳушёр бошем, дар ғафлат намонем, манфиатҳои милливу давлатиро дар ҳар куҷое, ки набошад ва дар сатҳу ҳолате, ки набошад, қотеона ҳифз кунем.

Ҳамин тавр, дар фазои тантанавӣ барои дастовардҳои баланди хизматӣ ва фаъолияти самаранок, саҳми арзанда дар пешрафти кишвар бештар аз 90 нафар ходимони давлатӣ - роҳбарони ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия, собиқ роҳбарони парламент ва аъзои Ҳукумати мамлакат, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, қадрдонӣ шуданд.

Дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ - 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматҳои содиқонаи роҳбарони ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия, собиқ роҳбарони парламент ва аъзои Ҳукумати мамлакатро бо Медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қадр карданд.

Дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфарозгардонии кормандони соҳаи илму фарҳанги мамлакат, тандурустӣ, истеҳсоли молу хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар хизматчиёни давлатӣ бо мукофотҳои давлатӣ” 88 нафар бо Медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва 2 нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, сарфароз гардиданд.

Бояд гуфт, ки кормандони соҳаҳои илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои саҳми арзанда дар рушди илму фарҳанги мамлакат, ҳифзи саломатии аҳолӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ ва дастовардҳои баланди истеҳсоли бо Медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардиданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни супоридани мукофотҳои давлатӣ аз роҳбарони шохаҳои гуногуни ҳокимият ва сохторҳои идораи давлатӣ даъват ба амал оварданд, ки мардуми заҳматпеша, бонангу номус ва таҳаммулгарои кишварро сарварӣ намоянд, онҳоро ба ҳифзу таҳкими дастоварди бузургтарини даврони соҳибистиқлолӣ - сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ раҳнамоиву сафарбар созанд.

Бино ба таъкиди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама, роҳбарон бояд намунаи заҳматкашӣ, ватандӯстӣ ва садоқат ба давлату миллат ва халқи Тоҷикистон бошанд.

Дар ин кори муҳим, инчунин, аз собиқадорон даъват ба амал оварда шуд, ки бо таҷрибаи зиёд дар роҳи тарбияи насли оянда саҳми ватандӯстонаи худро гузоранд, зеро ба андешаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи онҳо бо заҳмати содиқона дар ҷодаи ҳифзи манфиатҳои давлат ва миллат дар байни ҷомеа соҳиби эҳтирому обрӯ мебошанд.

Дар миёни бо мукофотҳои давлатӣ сарфарозшудагон собиқ роҳбарони мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, собиқ роҳбарони парламент ва аъзои Ҳукумат, роҳбарони сохторҳои гуногун ва дигар хизматчиёни давлатӣ дар толор ҳузур доштанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки ҳар яки онҳо дар оянда низ тамоми донишу таҷриба ва саъйу талоши худро барои ободии кишварамон, пойдории сулҳу суботи ҷомеа, саҳмгузорӣ дар пешрафти иқтисодиёти кишвар ва дигар ҳадафҳои бунёдкорона равона месозанд.

Давоми 30-соли соҳибистиқлолӣ занону бонувон дар доираи сиёсати неки иҷтимоии Пешвои миллат ва тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа дар баробари мардон баҳри таъмини сулҳу субот ва пешрафти соҳаҳои иқтисоди миллӣ саҳми арзанда гузоштанд.

Ташаббус ва дастгирии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани нақши занону бонувон дар ҷомеа неку назаррас аст. Натиҷаи ҳамин аст, ки имрӯз дар маросими супоридини мукофотҳои давлатӣ як гуруҳ занону бонувони фаъоли кишвар, ки солҳои гуногун дар вазифаҳои мухталиф паҳлуи Сарвари давлат содиқона фаъолият карда, сиёсати бобарору ояндадори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар амал татбиқ кардаанд, бо мукофоти давлатии 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ қадр карда шуданд.

Хизматҳои шоёни як гуруҳ шоирону нависандагон, ки таърихи пурпечутоби давлати навини тоҷикон, тамоми дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ҷонфидоии фарзандони баруманди халқ, заҳматҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар роҳи мушкили барқарорсозии сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон дар асарҳои баландмазмун васф кардаанд, бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз карда шуд.

Дар анҷоми маросими мукофотсупорӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи нафаронеро, ки барои фаъолияти пурсамар дар роҳи таъмини амну субот ва пешрафти ҷомеа аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат бо мукофотҳои олӣ қадрдонӣ гардиданд, самимона табрик гуфтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки фарзандони содиқи Ватан вазифаҳои хизматии худро дар назди давлат ва халқи Тоҷикистон минбаъд низ бо масъулияти баланд, эҳсоси ватандӯстӣ ва ватанпарварӣ, иҷро менамоянд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 

5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория: 

 

Корбарони онлайн

1 корбари онлайн

 

Меҳмонон

  • Шумораи меҳмонон: 35697964
  • Нишонии IP-и шумо: 52.90.49.108
 

Обунашавӣ

Ба ахбори рӯзи мо обуна шавед
 

Корбарони нав

  • raisikumita
  • Бекназаров Хамз...
  • Махадшарифзода ...
  • Курбонбеки Занчирбек
  • Шарипов Анвар А...
 

ЗАБОНҲО

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.