Муовини раис

Раҳматуллозода Сахидод Раҳматулло - муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раҳматуллозода Сахидод Раҳматулло
муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
  

ШАРҲИ МУХТАСАРИ ҲОЛ
Тав.: д. Қизил Иттифоқи н. Қубодиён, вил. Хатлон (27.10.1964), оилаи зиёӣ. Таҳсил: мактаби №37 н. Қубодиён (1972-1982). Хатмк. ф-таи забонҳои шарқи ДДТ ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ, 1982-1989), Хидмати низомӣ 1984-1986, лаборанти шуъбаи шевашиносии Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (1989-1991), аспиранти институти мазкур (1991-1994), дар вазифаҳои ходими хурди илмӣ, ходими калони илмии шуъбаи шевашиносии Институти мазкур (1995-2005), ёрдамчии ректори ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ (2005), муовини ректори донишгоҳи мазкур оид ба тарбия (2005-2007), мудири кафедраи забони тоҷикии факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ (2008-2010) декани факултети филологияи тоҷики донишгоҳи мазкур (2010-2012), рухсатии эҷодӣ (2012-2013), мудири кафедраи забони тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ (2013-2015),

Бо фармони Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 20 апрели соли 2015 Директори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Абуабдулло Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Товикистон таъин шуд. Баъд аз таҷдиди сохтори институти мазкур дар моҳи марти соли 2017 то 05.02.2019 ӯ чун директори Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Аз 2-юми феврали соли 2019 то 8-уми июни соли 2020 ба ҳайси профессори кафедраи назария ва амалияи забоншиносии ДДОТ ба номи С.Айнӣ кор кард. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 08.06.20 ба вазифаи муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид, ки то ҳол он ҷо кор карда истодааст.

Кори илмиааш таҳқиқи роҳҳои калимасозии шеваи ҷанубӣ ва ҷануби шарқии забони тоҷикӣ бошад ҳам, доир ба масоили муҳими забоншиносӣ: этнолингвистика, лингвистикаи когнитивӣ, назарияи калимасозӣ, вазъи имрӯзаи забони тоҷикӣ, усули тадриси забон ва ғайра асару мақолаи илмӣ дар дохил ва хориқи кишвар чоп намудааст. Беш 20 барнома ва силлабусҳои фанҳои таълимии кафедраи назария ва амалияи забоншиносии ДДОТ ба номи С.Айнӣ бо қалами Раҳматуллозода С. марбут аст, ки дар солҳои гуногун навишта шудаанд.

Раҳматуллозода С. раиси Шурои илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдулло Рӯдакии АМИ ҶТ (солҳои 2015-2019), раиси Шурои илмии дифои рисолаҳои номзадии назди институти мазкур (солҳои 2018-2020) буд ва дар тайёр кардани мутахассисони филология саҳми калон доранд. Бо роҳбарии эшон 25 нафар доктор PhD, унвонҷӯёну аспирантон ва докторантон ба навиштани рисолаҳои номдию докторӣ машғуланд ва қисме аз онҳо (15 нафар) аллакай дифоъ намудаанд. Ҳамчунин, беш аз 40 нафар дипломант ва магистрант бо роҳнамоии номбурда рисолаҳо навишта, дар солҳои гуногун ҳимоя кардаанд.

Номбурда аъзои ҳайати мушовараи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз моҳи августи соли 2017 узви вобастаи Академияи миллии илмҳои ҶТ интихоб шудааст. Бо қарори Шурои олимони ДДОТ ба номи С.Айнӣ аз соли 2015 профессори кафедраи назарияи ва амалияи забоншиносии донишгоҳи мазкур мебошад. Эшон аъзои сексияи забоншиносии Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакӣ, аъзои сексияи забоншиносии ДДОТ ба номи С.Айнӣ, узви Шурои ҳимояи рисолаҳои номзадию доктории Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакӣ ва ДДОТ ба номи С.Айнӣ мебошад. Ӯ бо марказҳои бузурги забоншиносии Россия, Фаронса, Олмон, Эрону Афғонистон ҳамкориҳои илмӣ дошта, дар форум ва симпозиумҳои илмии забоншиносии ин кишварҳо бо маърузаҳо иштирок мекунад.

Аълочии маориф Ҷумҳурии Тоҷикистон (2010), Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (2007), узви конфедератсияи журналистони Тоҷикистон (1996), Мушовири давлатии дараҷаи 2 (2021), узви ҳайати таҳририяи “Энсиклопедияи забоншиносӣ” (2019), узви ҳайати таҳририяи “Ахбори АМИ Тоҷикситон” (шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ) (2018), маҷаллаи илмии “Суханшиносӣ” (2016) ва сармуҳаррири маҷаллаи “Забон ва истилоҳот” мебошад. Ҳамчунин, узви ҳайати таҳририяи “Куллиёт”-и бисёрҷилдаи С.Айнӣ аст.

Бо ифтихорномаҳои чандкаратаи АМИ ҶТ ва ДДОТ ба номи С.Айнӣ мушарраф гардидааст.
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошанд.
E-mail:
saxidоdi@list.ru
Tel: 919002178

 

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ ва ихтироъот (аз 1 то 5-6 ҷумла):

-аввалин шуда дар шевашиносии тоҷик доир ба 35 пасванди исмсози шеваи ҷануби шарқии забони тоҷикӣ тадқиқоти мукаммали илмӣ гузаронидааст;
-дар забоншиносии тоҷик аввалин шуда аз ҷумлаҳо сохтани калимаҳои мураккабро дар асоси маводи фаровони шеваҳои ҷанубӣ ва ҷануби шарқии забони тоҷикӣ исбот намудааст;
-аввалин шуда дар ҳайати лексика баррасӣ кардани масъалаҳои грамматика (калимасозӣ)-ро анҷом дода дар шакли монографияи чоп кардааст.
- дар тайёр кардани кадрҳо (номзадҳо ва докторони илм) саҳми калон дорад

Унвони илмӣ
рисолаи номзадӣ

“Калимасозии пасвандии исм дар шеваи ҷануби шарқии забони тоҷикӣ”. Душанбе, 1996
рисолаи докторӣ
“Таҳқиқи луғавӣ-семантикии лексикаи предметӣ дар шеваҳои ҷанубӣ ва ҷануби шарқии забони тоқикӣ”. Душанбе, 2015

Унвонҳои дигар:
дотсент (2008)
профессор (2016)
узви вобастаи АМИ ҶТ (2017)

Номи китобҳои чопшуда:

  1. Калимасозии исм бо пасвандҳо. Душанбе, 2010. 144 с.
  2. Идоракунии ҷузъу томҳо дар замони осоишта (воситаи таълимӣ барои ҷузъу томҳои вазорати мудофиаи ҶТ). Душанбе. 2010. 296 с.
  3. Феҳристи адабиёти шевашиносӣ. Душанбе, 2010. 64с.
  4. Энсиклопедияи донишгоҳ. Душанбе, 2011, 750 с.
  5. Истилоҳоти калимасозӣ. Душанбе, 2012, 72с.
  6. Баррасии лингвистии гурӯҳҳои мавзуии таркиби луғати лаҳҷа. Душанбе:Дониш, 2014, 233 саҳ.
  7.  Ташаккули таркиби луғавӣ ва калимасозӣ. Душанбе, 2014, 106с.
  8.  Словообразования имён существительных в южных и юго-восточных говорах таджикского языка. Душанбе, 2016, 232 с.
  9. Ғаввоси баҳри илм (ҳаммуаллиф М.Маҳмудов). Душанбе, 2017, 50саҳ.
  10. Забон шаҳсутуни биноми маънавии миллат. Душанбе, 2019, 223 саҳ.
  11.  Калимасозии исм. Душанбе, 2019, 230 саҳ.
  12.  Калимаҳои хешутаборӣ. Душанбе, 2019, 51саҳ.
  13.  Китобномаи адабиёти шевашиносӣ (ҳаммуаллиф М.Маҳмудов). Душанбе, 2020, 139 саҳ.
  14.  Таҳлили лингвистии вожаҳои марбут ба ҳайвонот ва парандагон”. Душанбе, 2020, 65 саҳ.
  15.  Таҳқиқи лингвистии морфемаи грамматикӣ. Душанбе, 2021. 98с.
  16.  Мояи ифтихор. Душанбе, 2021, 110 саҳ.
  17.  Пешвои миллат ва сиёсати давлатии забон. Душанбе, 2021, 220с. (Ҳаммуаллиф Муҳаммадҷонзода О.)

 

Номи мақолаҳои илмӣ (бо ҳамон забоне, ки чоп шудааст)

1. Ихтисораҳо дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ//Фарҳанг. № 1-3, Д., 1995.

2. Калимасозии суффикса -ак дар шеваиҷанубӣ-шарқӣ// Докладҷ апрельской научно-теоретической и преподавательского состава ТГУ им. В.И.Ленина. Д., 1994.

3. Бахшикалимасозиизабон //Илмваҳаёт.1-3, Д., 2000.

4. Назаре ба таърифифеъл // Омӯзгор. Душанбе, 1990.

5. Сиғаи эҳтимолӣ // Илм ва ҳаёт. № 4-6, Д., 2001.

6. Қаринаҳои суффикса –ак // Фарҳанг. №7-12. Д., 2001.

7. Ҳифзи истилоҳот// Илм ва ҳаёт. № 1-3, Д., 2003.

8. Калимаи дъхтар чун воҳиди этнолингвистӣ //Фарҳанг. № 11-12, Д., 2002.

9. Таҳлили морфологии ибораҳои фразеологӣ дар ашъори М.Баҳор// Паёми донишгоҳ. Д., 2006.

10. Мавқеи фразеологизмҳо дар ашъори Маликушшуаро Тақии Баҳор// “Ҷавонон ва ҷаҳони андеша». Д., 2005.

11.Усули тадриси забони тоҷикӣ дар гурӯҳҳои русӣ // Такмили тадриси забони тоҷикӣ. Д.,2005.

12.Роҳу воситаҳои ифодаи ҷинсият ва падежҳои забони русӣ дар забони тоҷикӣ //«Актуальные проблемы преподавания государственного языка и других неродных языков» (Материалы международной научной конференции, посвящённой 10-летию образования РТСУ и году арийской цивилизации) 1 июня 2006 года. Д., 2006.

13. Усули тадриси пешояндҳои забони тоҷикӣ дар гурӯҳҳои русӣ// Дар китоби «Актуальные проблемы преподавания государственного языка и других неродных языков» (Материалы международной научной конференции, посвящённой 10-летию образования РТСУ и году арийской цивилизации) 1 июня 2006 года. Душанбе, 2006.

14. Русуми ҷашни арусӣ дар Ванҷу Дарвоз// Номаи пажуҳишгоҳ. №11-12. Д., 2006. Саҳ.36-40

15. Мавқеи пасванди –акӣ дар шеваи ҷануби шарқӣ // Пажуҳиш ва дастовард. Д., 2007.

16.Фасоҳати забон ва муоширати нек//Нақши забон ва рушд ҷомеа». Д., 2008.

17. Пасвандҳое, ки исми маънӣ месозанд аз рӯйи маводи шеваи ҷанубӣ шарқӣ) // Ахбороти АИ ҶТ. Шуъбаи илмҳои ҷамъиятӣ. №2. Д., 2009.

18. Бо пасванди -ӣ (-гӣ) сохтани исмҳои маънӣ // Маҷмуаи илмию методӣ. Д., 2009.

19. Забон меваи зиндагии иҷтимоӣ// Маҷмуаи илмию методӣ. Д., 2009.

20. Ватанпарастӣ амри воқеист // Конфереренсияи байналмилалии нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов дар тарбияи насли наврас». Д., 2005.

21. Нахустин китоби дарсӣ// Боргоҳи сухан. №13. Душанбе., 2010.

22. Ҷойгоҳи зарбулмасалу мақол дар ашъори Маликушшуаро Тақии Баҳор// Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ, №1 (35). Д., 2010, саҳ. 173-189.

23. Мавқеи пасванди –от/-ёт дар забони тоҷикӣс// Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ, №3 (58-1). Д., 2011, саҳ.315-319.

24. Истилоҳоти ҷашни туйи арусӣ дар дар шеваҳои ҷанубӣ ва ҷануби шарқӣ // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Д., 2013, №4/1 (105).

25. Хусусиятҳои калимасозии морфемаи аффиксиалии –ак дар дар шеваҳои ҷанубӣ ва ҷануби-шарқӣ // Паёми Донишгоҳи омӯзгорӣ. Д., 2013, №4 (53) қ.2.

26. Истилоҳоти марбут ба ҳайвонот // Паёми Донишгоҳи омӯзгорӣ. Д., 2014, №3 (58/1).

27. Таҳқиқи воҳидҳои луғавии марбут ба асбоби рӯзгор // Паёми Донишгоҳи омӯзгорӣ. Д., 2014, №3 (58-1).

28. Воҳидҳои луғавии марбут ба анвои ҳашарот ва хазанда дар шеваҳои ҷанубӣ ва ҷануби-шарқӣ // Паёми Донишгоҳи омӯзгорӣ. Д., 2014, №3(58-2).

29. Истилоҳоти хешутаборӣ дар шеваҳо // Паёми Донишгоҳи миллӣ. Д., 2014, №4/2 (133).

30. Истилоҳоти сохтмонӣ дар дар шеваҳои ҷанубӣ ва ҷануби шарқӣ Паёми Донишгоҳи миллӣ. Д., 2014, №4/6 (146).

31. Омилҳои асосии ташаккул ва такомули таркиби луғавии шеваҳо // Паёми Донишгоҳи миллӣ. Д., 2014, №4/5 (143).

32. Словообразовательные функции суффиксальной морфемы –чú в южных и юго –восточных говорах таджикского языка // Вестник университета (Российско-Таджикский (славянский) университет). Д., 2014. № 1(44).

33. Қолиби нави калимасозӣ // Паёми Донишгоҳи миллӣ. (Маҷаллаи илмӣ). Д., 2014, №4/1 (129).

34. Ду нигоҳ ба масоили калимасозӣ // Паёми Донишгоҳи омӯзгорӣ. Д., 2014, №1 (56)

35. Ҷумлаҳо асоси калимаҳои мураккаб // Паёми Донишгоҳи омӯзгорӣ. Д., 2014, №1 (56-2)

36. Таҳқиқи истилоҳоти марбут ба узвҳои бадан // Паёми Донишгоҳи омӯзгорӣ. Д., 2014, №1 (56-2).

37. Таркиби луғавии лаҳҷа ва ташаккули он // Паёми Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсат. -Хуҷанд, 2014, №3 (59).

38. Усули омехтаи калимасозии исм дар шеваҳои ҷанубӣ ва ҷануби шарқии забони тоҷикӣ // Ахбороти АМИ ҶТ. Шуъбаи илмҳои ҷамъиятӣ. №5. .Д., 2013.

39. Роҷеъ ба истилоҳоти хешутаборӣ дар шеваҳои ҷанубӣ ва ҷануби шарқии забони тоҷикӣ // Ученые записки (гуманитарные науки), №2 (39). Худжанд, 2014.

40. Воҳидҳои луғавии марбут ба анвои ангур // Паёми Донишгоҳи омӯзгорӣ. (Маҷаллаи илмӣ). Д., 2014, №4 (59)

41. Истилоҳоти марбут ба дарахтони мевадор дар шеваҳои ҷанубӣ ва ҷануби шарқии забони тоҷикӣ // Паёми Донишгоҳи омӯзгорӣ. №6-2 (67), Д., 2015. Саҳ.57-61.

42. Калимаҳои мураккаби типии копулятивӣ дар шеваҳои ҷанубӣ ва ҷануби шарқии забони тоҷикӣ //Суханшиносӣ, Д., 2015, №1.

43. Нақши факки изофат дар сохтани калимаҳои мураккаби детерминативӣ // Суханшиносӣ, Д., 2015, №2.

44. Истифодаи пасвандҳое, ки исми шахс месозанд (аз рӯйи маводи осори Туғрали Аҳрорӣ) // Ҷойгоҳи Туғрали Аҳрорӣ дар адабиёти тоҷик. (Маводи конференсияи байналмилалӣ ба ифтихори 150-солагии Нақибхон Тқғрали Аҳрорӣ (10 ноябри 2015). Д., 2015.

45. Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ пайвандгари робитаҳои фарҳангии кишварҳои минтақа // «Аҳвол ва осори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ». Д., 2015.

46. Ещё раз о словообразовании // Вестник университета (Российско-Таджикский (славянский) университет). (Научный журнал). Д., 2015. №.2(46).

47. Воҳидҳои луғавии марбут ба анвои таом дар шеваҳои ҷанубӣ ва ҷанубӣ шарқӣ // Суханшиносӣ, Д., 2015, №4.

48. Забон ва ваҳдати миллӣ // Маҷмуаи илмии «Ваҳдат – ҷавҳари ҳастии миллат ва омили рушди устувори кишвар». Д., 2016.

49. Забони тоҷикӣ-рамзи ваҳдату ягонагӣ // “Маорифи Точикистон”. Д., 2016. №11.

50. Нашъунамои забони давлатӣ – тантанаи сиёсати миллии пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон // «Эмомалӣ Раҳмон - Пешвои миллат». Д., 2016.

51. Фаъолияти Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии АМИ ҶТ дар 25 соли Истиқлолият // Дастовардҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Д., 2016.

52. Бозтоби ваҳдат дар адабиёти муосири тоҷик // “Масъалаҳои мубрами забон ва адаби форсии тоҷикӣ”. Д., 2016.

53. Забони миллат – ҳастии миллат // “Пайванд” (номаи анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон). Д., 2016. №3.

54. Инсони поксиришт ва мафтуни илм//Дар маҷмуаи илмии “Сеҳркушои сухани ноб”. Д., 2017, саҳ.39-42

55. Ваҳдати миллат осоиши миллат аст // Ваҳдати миллӣ ва пешрафти ҷомеа. Д., 2017.

56. Чароғи маърифатат бардавом бод // “Худоӣ Шарифзода”. Д., 2017.

57. Забони тоҷикӣ: таърихи воқеӣ ва ростин // Пешвои миллат ва сиёсати забон. Хуҷанд, 2017.

58. Оғозгоҳи баҳамойӣ ва ваҳдати миллӣ // “Иҷлосияи XVI шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: ибтидои сулҳу субот”. Д., 2017. (бахшида ба 25-умин солгард).

59. Забонро ҳифз намоем // “Бонувони Тоҷикистон”. Д., 2017 (№131).

60. Эй зудуда сояат, з-ойинаи фарҳанг занг // Гавҳаршиноси маънӣ. Д., 2016.

61. Забони тоҷикӣ-рамзи ваҳдату ягонагӣ // Маорифи Тоҷикистон”. №11, 2016.

62. Расидан ба орзуҳо дар сояи тавонгарист // “Гулчини накӯии дунё”. Хуҷанд, 2017.

63. Нури маърифати сухан // Маорифи Тоҷикистон”, №11, 2017.

64. Словообразовательные функции суффиксальной морфемы –чи в южных и юго-восточных говорах таджикского языка // Иранской сборник. К 100-летному юбилею Веры Сергеевны Расторгуевой.М.: Языки народов мира, 2017.

65. Концептологический анализ названия видов лепешек (нон) в южных и юго-восточных говорах таджикского языка // Маҷаллаи байналмилалии илмии «Philology», №1, 2018, e-mail: sciphilology@mail.ru., http:// sciphilology.ru/ 8(962) 7600-119.

66. Ба забони модарии ҳамаи қавму миллатҳо дар Тоҷикистон эҳтиром гузошта мешавад // Амид “Ховар”. 21 феврал-Рӯзи байналмилалии забони модарӣ.

67. Таркиби луғавии осори Аҳмади Дониш. (аз назари Н.Маъсумӣ) // Аҳмади Дониш ва афкори ҷамъиятиву сиёсии Осиёи Марказӣ дар нимаи дуввуми асри XIX ибтидои асри ХХ. Д., 2018.

68. Номвожаҳои ҷуғрофӣ – сарвати бебаҳои муаррификунандаи миллат // Дар китоби “Забон кафили пойдории миллат”. Маводи конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ, бахшида ба рӯзи байналмилалии забони модарӣ. Д., 2019.

69. Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст. Дар китоби “Забон шаҳсутуни биноми маънавии миллат”. Д., 2019.

70. Масоили мубрами калимасозӣ. Дар китоби “Забон: таҳқиқ ва таълим. Д., 2019.

71. Андешави нав дар яғнобшиносӣ // Дар кит.: Тӯраев Б.Б. Микротопонимияи водии Яғноб. Д.,2019, саҳ. 3-9.

72. Санадҳои меъёрию ҳуқуқии марбут ба забон ба рушди бемайлони забони тоҷикӣ мусоидат мекунанд. АМИТ Ховар tj. 30.09.2019.

73. Лексические единицы, обозначающие стен и разновидности штукатурки (на материале южных и юго-восточных говорах таджикского языка) // В кн. “Актуальныепроблемы иранской филологии”. К 90-летию д.и.ф., профессора Р.Х.Додихудоев. Материалы научной конференсииИнститута гуманитарных наук им.академика Б. Искандарова АНРТ в Памире, Центр писмеонного наследия АН РТ, Государственний институт языков им С.Улугзаде. Д., 2019.

74. Забони тоҷикӣ: таърихи воқеӣ ва ростин. Дар китоби “Тулӯи Ҳақиқат”. Хуҷанд: “Ношир”, 2019,

75. Фидоии роҳи илму ирфон. Дар китоби “Забон: таҳқиқ ва таълим. Д., 2019. Саҳ.50-52.

76. Нақши пасванди –vara дар калимасозӣ // Суханшиносӣ. (Маҷаллаи илмии тақризшавандаи КОА назди Президенти ҶТ). Д., 2019, №3. саҳ.13-24. (Ҳаммуаллиф).

77. Умри миллат ба умри забон вобаста аст // Садои мардум, 323 (4285), 20.02.21.

78. Масоили мубрами калимасозӣ // Дар китоби Забон: таҳқиқ ва таълим. Маводи конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ (ш.Душанбе, 23.05.2019). саҳ.60-68.

79. Забон – рукни ҷовидонии миллат//Паёми донишкадаи омӯзгорӣ дар ноҳияи Рашт. Маҷаллаи илмӣ. №1 (1), 2019, октябр-ноябр. Саҳ. 112- 120.

80. Диалектизмҳои марбут ба ҳайвонот ва парандагон дар “Луғати нимтафсилии тоҷикӣ барои забони адабии тоҷик”-и Садриддин Айнӣ. // “Масъалаҳои илмҳои гуманитарӣ”. (Маҷаллаи илмӣ). №1, 2020, саҳ.9-17. (Ҳаммуаллиф).

81.Тадбирҳои давлатӣ оид ба забон. Рӯзномаи “Омӯзгори ҷавон”. №9 (1012), 16 январи соли 2020.

82.Забоншиноси дақиқназар. “Адабиёт ва санъат”. 12.03.2020, №11 (2034). Бахшида ба 95-солагии забоншинос А.О.Каримова. (Ҳаммуаллиф).

83. Ибораҳои феълии алоқаи ҳамроҳӣ дар забони насри асрҳои ХV- ХVI // Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ. №1.(84). Д., 2020. -С.8-13.

84. Нақши пасвандҳои калимасоз дар ташаккули лексикаи марбут ба ҳайвоноти хонагии лаҳҷаи Варзоб // Суханшиносӣ. (Маҷаллаи илмӣ). Д., 2020, №3. саҳ.33-42. (Ҳаммуаллиф).

85. Таъсирпазирии омилҳои лингвистӣ ва экстралингвистӣ ба забон // Маводи конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Филологияи шарқ дар масири фарҳанг ва тамаддунҳо”. 22.12.20. Саҳ.128-138. Душанбе, 2020.

86. Ба забон на танҳо китобҳои фанни забони тоҷикӣ, балки фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ низ диққати ҷиддӣ мебояд. https://khovar.tj/ 22. 02.2020, 09:00.

87. «Яке аз арзишҳои миллие, ки дар давраи истиқлоли давлатӣ бо он менозем – ин забони тоҷикии мост» https://khovar.tj/ 5.10. 2020 13:57.

88. Таҳлили сохтории лексикаи марбут ба ҳайвоноти хонагии лаҳҷаи Варзоб. // Суханшиносӣ. (Маҷаллаи илмӣ). Д., 2020, №2. саҳ.5-16. (Ҳаммуаллиф).

89. Тоҷикӣ шакар аст // Дар кит.: Пешвои миллат ва сиёсати давлатии забон. Душанбе, 2021. Саҳ. 21-44.

90. Суханшиноси баруманд // “Адабиёт ва санъат”. 04.06.2020, №23 (2046). Бахшида ба 80-солагии забоншинос М.Маҳмудов. (Ҳаммуаллиф).

91. Ороста ба илм // Адабиёт ва санъат. 19.11.2020. №46. Бахшида ба ёдбуди забоншинос Ғ. Ҷӯраев.

Баҳодиҳии муҳтаво: 

5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория: 

 

Корбарони онлайн

1 корбари онлайн

 

Меҳмонон

  • Шумораи меҳмонон: 35910908
  • Нишонии IP-и шумо: 18.212.120.195
 

Обунашавӣ

Ба ахбори рӯзи мо обуна шавед
 

Корбарони нав

  • raisikumita
  • Бекназаров Хамз...
  • Махадшарифзода ...
  • Курбонбеки Занчирбек
  • Шарипов Анвар А...
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.