Суханронии Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Равандҳои ҷаҳонишавӣ ва масоили забонҳои миллӣ»

Суханронии Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мизи мудаввар бахшида ба
Рӯзи байналмилалии забони модарӣ таҳти унвони «Равандҳои ҷаҳонишавӣ ва масоили забонҳои миллӣ»
(19-уми феврали соли 2021, соати 10:00, дар толори Кумита)


Ассалому алайкум!
Устодони арҷманд,

Иштирокдорони мизи мудаввар!

     Иштироки Шуморо, ба чорабинии бахшида ба  Рӯзи байналмилалии забони модарӣ дар мавзӯи «Равандҳои ҷаҳонишавӣ ва масоили забонҳои миллӣ» хайра мақдам гуфта, ба Шумо дар пешбурди сиёсати давлат оид ба забони давлатӣ ва гиромидошти забони модарӣ муваффақиятҳо  хоҳонам.
     Бояд, зикр намуд, ки моҳи ноябри соли 1999 бо қарори ҷаласаи 30-юми Анҷумани ҷаҳонии ЮНЕСКО (бахши Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва маданият) бо мақсади ҳифз ва ташаккули забонҳои нобудшудаистода ва мусоидат барои ташаккули бисёрзабонӣ, рушди хазинаи луғавии забонҳои дунё 21-уми  феврал ҳамчун Рӯзи   байналмилалии  забони модарӣ эълон гардид ва он аз соли 2000-ум инҷониб ҳамасола дар  тамоми кишварҳои олам таҷлил мегардад.
     Санаи мазкур ба хотири 5 донишҷӯи шаҳидгардидаи банголӣ, ки дар гирдиҳамоии соли 1952 бо мақсади ҳимоя аз забони банголӣ ва мақоми давлатӣ гирифтани он дар Покистон сурат гирифта буд, интихоб гардидааст.
     Забони модарӣ инъикоскунандаи таърих, фарҳангу маданият, урфу одат ва анъанаи ҳар як миллат ба шумор меравад. Хазинаи маънавии ҳар як миллат ин забони ӯст. Чизи аз ҳама муҳим ва асосии ҳар як фард ин забони модарии ӯст, ки ӯ нахустин бор бо ин забон ҳарф гуфта модар, мегӯяд ва олами ҳастиро бо он мешиносаду дарк менамояд.
     Забон сарчашма, калид ва сарвати маънавии инсон ба шумор меравад, ки он барои камолот ва ташаккули  инсонҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳувияти миллӣ ва инсонпарварӣ  хидмат мекунад.
     Дар ҷаҳон беш аз 7000 забон  мавҷуд аст, ки ними зиёди он дар вартаи нобудшавӣ қарор дорад. Забонҳои маъмулу паҳнгардида дар давраи ҷаҳонишавӣ забонҳои  камнуфузро  маҳв мекунанд, ки дар оянда аз он забон  ҳарфе ҳам ҳатто боқӣ намемонад.
Ҳифзи гуногунзабонӣ ва ҳимояву рушди тамоми забонҳои дунё гуногунпаҳлуии фарҳангу тамаддуни  мардумони оламро дар сайёра тақозо мекунад, зеро ин ҳама ғановати  тамаддуни оламиён аст.
     Эҳтиром ба забони модарии худ, фарҳанг ва тамаддуни хеш   эҳтиром ба   тамаддуни дигар инсонҳоро нишон дода, пайванди решаи дӯстии  инсонҳоро ба вуҷуд меоварад.
     Зикр кардан бамаврид аст, ки соли 2010 бо дастгирии ҳукумати Норвегия аз ҷониби ЮНЕСКО (бахши Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва маданият) китоби «Атласи забонҳои дунё» ба забонҳои англисӣ, франсавӣ ва испанӣ дастраси хонандагон гардид, ки дар он 2500 забон сабт гардидааст. Теъдоди забонҳо дар муқоиса бо нашри соли 1959 камтар аст, яъне дар зарфи 60 сол 230 забон аз байн рафтааст. Мутобиқи маълумоти ин китоб дар Тоҷикистон 11 забон дар маърази хатар қарор дорад, аз ҷумла: забони яғнобӣ, гурӯҳи забонҳои бадахшонӣ (бартангӣ, ишкошимӣ, рӯшонӣ, шуғнонӣ, вахонӣ, язғуломӣ ва ғ.).
     Забонҳои бадахшонӣ ва яғнобӣ маъвои асосӣ ва сарчашмаи тамаддуни имрӯза ва  решаи забони  мост. Забони мо таърихи беш аз 4000-солаи хату алифбо дорад ва ин моро водор месозад, ки онро поку беолоиш  нигоҳ дошта, баҳри асолати он ва нобии он  бикӯшем, зеро  мо бояд мақоми ин забонро, ки замоне забони Ҷаҳони Шарқ буду то имрӯз  зинда аст, ба ҷаҳониён биомӯзем.
Яке аз заминаҳои ҳифзи ин забонҳо соҳибхат шудан ва ба роҳ мондани таҳқиқи онҳо  дар марказҳои илмӣ дар дохили ҷумҳурӣ  ва ҷалби муҳаққиқони дохиливу хориҷӣ дар нашри осори шифоҳӣ ва таҳияи  фарҳангномаҳои муқоисавии ин забонҳо мебошад. Азбаски ҳамаи ин забонҳо ба Китоби Сурхи ЮНЕСКО ворид шудаанд, ин ҳолатро ба назар гирифта, марказҳои илмии кишварҳои хориҷӣ дар заминаи  алифбоҳои гуногун даст ба таҳияи алифбо ба ин забонҳо зада, китобчаҳо ва дигар маводҳо барои шиносоӣ чоп намудаанд ва бо ҳамин роҳ  дар ҷаҳони илм худро «ҳомию пуштибон»-и ин забонҳо муаррифӣ намуда, фазои  иттилоотии сиёсати худро  тарғиб намуда истодаанд.
     Дар қисмҳои 1 ва 2-и моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» чунин омадааст:
«1.Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. 2. Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст забони давлатиро донад».
     Бо дарназардошти вазъи воқеии забонҳои бумии Тоҷикистон масъалаҳои ба роҳ мондани омӯзишу таҳқиқи ин забонҳо аз тариқи марказҳои илмӣ дар дохили ҷумҳурӣ, ҷалби муҳаққиқони дохиливу хориҷӣ дар нашри осори шифоҳӣ ва фарҳангҳои муқоисавии ин забонҳо, ташкили экспедитсияҳои тобистонаи этнолингвистӣ дар Бадахшон ва Яғноб ба роҳандозӣ намудан мувофиқи мақсад мебошад.
Ҳамчунин, бо мақсади таълим ва омӯзиши самарабахши забони давлатӣ ва бо он фаро гирифтани тамоми миллатҳо ва халқиятҳои маскуни кишвар аз ҷониби мутахассисон китобҳои дарсӣ, (худомӯзи забони тоҷикӣ) дастурҳои мухтасари забони тоҷикӣ барои ақаллиятҳои миллии сокини ҷумҳурӣ, фарҳангу муҳовараҳои умумию соҳавӣ, фарҳангҳои дузабона, сезабона, тафсирӣ ва мухтасар ба забони тоҷикию забонҳои ақаллиятҳои миллӣ ҳар чи бештар таҳия ва нашр карда шавад.
     Барои ҳимоя ва рушду инкишофи  забони давлатӣ дар шароити кунунӣ, пеш аз ҳама, осори илмиву адабии худро дар шабакаҳои электронӣ ворид намуда, “хазинаи забони миллӣ”-ро  ба вуҷуд оварем.  
     Хушбахтона, дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон забони модарии мо мақоми давлатӣ касб намуда, барои фароҳам омадани таъмину таҳияи як қатор заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ мусоидат намуд. Имрӯз ин забон забони расмии нишастҳо ва коргузории вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо мебошад. Ифтихори миллӣ ба Ватану ватандорӣ низ аз волоияти мақоми забон ва поку бегазанд нигоҳ доштани он оғоз мешавад.
     Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо соҳибзабононро пайваста баҳри посдории асолати забону фарҳангамон даъват намуда, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намудаанд: «Мо бояд ба рушди забони шево ва шоиронаи тоҷикӣ низ  эътибори аввалиндараҷа диҳем. Чунки забони давлатӣ яке аз сарватҳои муқаддас ва гаронбаҳотарини мо мебошад».
     Дар интиҳо ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи байналмилалии забони модарӣ муборак гуфта, бароятон дар ҳимоя ва рушди забони миллӣ дили бедор, иродаи устувор ва комёбиҳо таманно дорам.

     Сарбаланду пирӯз бошед!

Муҳаммадҷонзода Олимҷон Обидҷон

Баҳодиҳии муҳтаво: 

Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Категория: 

 

Меҳмонон

  • Шумораи меҳмонон: 28430304
  • Нишонии IP-и шумо: 3.237.48.165
 

Корбарони онлайн

1 корбари онлайн

 

Обунашавӣ

Ба ахбори рӯзи мо обуна шавед
 

Корбарони нав

  • raisikumita
  • Бекназаров Хамз...
  • Махадшарифзода ...
  • Курбонбеки Занчирбек
  • Шарипов Анвар А...
 

ЗАБОНҲО

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.