Навигарӣ

  • Фишурдаи гузориш барои Воситаҳои ахбори омма аз Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Нақши забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ»

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 2 Ноябр, 2017 - 12:16

    «Забони тоҷикӣ бо гузашти асрҳо ҳамчун омили ваҳдат ва ифтихори миллӣ дар давлатдории навини мо дар мақоми забони давлатӣ қарор гирифт».

    Эмомалӣ Раҳмон

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    3
    Баҳои миёна: 3 (2 овоз)
  • Забонҳои бадахшонӣ (помирӣ) дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 2 Ноябр, 2017 - 12:09

    Забонҳое, ки дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон роиҷанд, ба забонҳои шарқии эронӣ шомиланд. Ин забонҳоро шарқшиносон шартан «забонҳои помирӣ» ном ниҳодаанд ва дар солҳои охир ҷойи ин ибораро таркиби «забонҳои бадахшонӣ» ишғол намудааст.

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    5
    Баҳои миёна: 5 (1 овоз)
  • Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявии «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар ҳифзи асолати забон ва меъёрҳои он»

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 1 Ноябр, 2017 - 19:06

    Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки Кумита 3-юми октябри соли 2017 Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар ҳифзи асолати забон ва меъёрҳои он»-ро бо иштироки олимону донишмандони кишвар ба нақша гирифтааст.
    Дар конференсия масъалаҳои марбут ба қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва ҷанбаҳои мусбату мушкилоти он баррасӣ хоҳад шуд.

    Барои иштирок дар конференсия матни маърӯзаро то 22-юми сентябри соли 2017 ба нишонии мо: шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод 25, ошёнаи 3-юми бинои Тоҷикфилм ё ин ки почтаи электронии Кумита kumitaizabon@mail.ru пешниҳод намоед.

    Талабот ба таҳияи маърӯзаҳо:
    Маърӯзаро дар ҳаҷми аз 4 то 6 саҳифаи чопӣ дар формати Word, варақаи андозаи А 4, фосилаҳо аз боло 2 см., аз поён 2 см., аз чап 3 см., аз рост 1,5 см., фосилаи байни сатрҳо 1,5 ҳуруфи Times New Roman ва Times New Roman Tj, андозаи ҳарфҳо 14 дар шакли хаттӣ ва электронӣ пешниҳод кардан зарур аст. Ному насаб, унвон ва дараҷаи илмӣ, вазифаи ишғолкардаи муаллиф бо пуррагӣ дар гӯшаи рости варақ баъди унвони маърӯза ҷойгир карда шавад.
    Маводи конференсия дар шакли маҷмӯа чоп мешавад.

    Телефонҳо барои тамос: 227-59-25;227-64-51; 92-721-53-46. Почтаи электронӣ: kumitaizabon@mail.ru.
    Комиссияи тадорукот

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    5
    Баҳои миёна: 5 (1 овоз)
  • Даъват ба фаъолияти ихтиёрӣ (волонтёрӣ)

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 1 Ноябр, 2017 - 16:43

    Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоми шаҳрвандони дохил ва хориҷи кишвар, дӯстдорони забони тоҷикӣ муроҷиат менамояд, ки метавонанд ихтиёриёни (волонтёрони) Кумита шуда, лоиҳаҳо, фикру андешаҳо ва дархостҳои худро барои рушди забони тоҷикӣ ба Кумита тавассути сомонаи мо дар шакли зер пешниҳод намоянд:

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    1
    Баҳои миёна: 1 (1 овоз)
  • Фишурдаи гузориш барои Воситаҳои ахбори омма аз Конференсияи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар ҳифзи асолати забон ва меъёрҳои он» 2017

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 1 Ноябр, 2017 - 15:52

    ФИШУРДАИ

    гузориш барои Воситаҳои ахбори омма аз Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ таҳти унвони «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар ҳифзи асолати забон ва меъёрҳои он» бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

    (3-юми октябри соли 2017)

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    5
    Баҳои миёна: 5 (1 овоз)
  • Манобеъ

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 31 Октябр, 2017 - 11:01

    1. Аламшоев М. Отраслевой словарь шугнанского языка.-С.-П.,2002.
    2. Бахтибеков Т. Грамматикаи забони шуғнонӣ- Душанбе, 1979.
    3. Боголюбов М. Н. Ягнобский (новосогдийский) язык. АДД.-Л., 1956.
    4. Боголюбов М. Н. Ягнобского-согдийские диалектологические отнашения // Вестик ЛГУ. №8, вып.2., 1956
    5. Боголюбов М. Н. Ягнобский язык // Языки народов СССР, т. 1.-М., 1966.
    6. Грюнберг А.Л. Мунджанский язык.-Л., 1972.
    7. Вопросы памирской филологии.-Душанбе, 1985.
    8. Грюнберг А. Л., Стеблин-Каменский И.М. Ваханский язык.-М., 1976.
    9. Забонҳои помирӣ ва фолклор. Памирские языки и фольклор.1.-Душанбе, 1972.
    10. Зарпубин И. И. К списку памирских языков // ДРАН-13, 1924, с.79-81.
    11. Зарубин И. И. К характеристике мунджанского языка // Иран, 1.-Л., 1927
    12. Зарубин И. И. Орошорские тексты и словарь // Памирская экспедиция 1928.-Л., 1930.
    13. Зарубин И. И. Шугнанские тексты и словарь.-М.-Л., 1960.
    14. Каландаров Т. С. Шугнанцы.-М., 2004.
    15. Карамхудоев Н. Бартангский язык (Фонетика и морфология). Душанбе 1973.
    16. Карамшоев Д. Баджувский диалект шугнанского языка.-Душанбе, 1963.
    17. Карамшоев Д. Значение памирских языков для определения этногенеза древних иранцев // Этнические прорблемы истории Центральной Азии в древности (И тысячилетие до н.э.).- М., 1981, с. 230-241.
    18. Карамшоев Д. Шугнанского-русский словарь.-М:-т.1, 1988, т.2, 1991, т. 3, 1999, т.4.-Душанбе, 2005.

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    2
    Баҳои миёна: 2 (1 овоз)
  • Забони мунҷонӣ

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 31 Октябр, 2017 - 10:58

    Дар води Мунҷони вилояти Бадахшони Афғонистон роиҷ аст ва баъзе аз муҳаққиқон онро бозмондаи забони бохтарӣ шумурдаанд [Грюнберг 1972; Стаблин-Каменский // ОИЯ 1981, с. 314-346]. Дар деҳаи Тсорҷи води Шохдараи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мунҷониҳое иқомат доранд, ки дар гузашта аз Мунҷон ба ин ҷо муҳоҷират кардаанд. Акнун мунҷониҳои солманди ин деҳа ба форсӣ-тоҷикӣ ваҷавонону кӯдакон ба лаҳҷаи шохдарагии забони шуғнонӣ такаллум мекунанд.

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    5
    Баҳои миёна: 5 (1 овоз)
  • Забони вахонӣ

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 31 Октябр, 2017 - 10:55

    Дар ҳудуди ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон, дар қисмати чапи водии Вахони Афғонистон, дар манотиқи Чатрор ва Хунзои Покистон ва, ҳамчунин, дар Сариқули Чин ривоҷ дорад [Пахалина 1975; Грюнберг, Стеблин-Каменский 1978; Стеблин-Каменский 1999]. Ин забон ҳам дар водии Вахон ва ҳам дар манотиқи дигар гӯишҳои сершумор дорад.

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    5
    Баҳои миёна: 5 (1 овоз)
  • Забони ишкошимӣ

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 31 Октябр, 2017 - 10:53

    Дар деҳаҳои Рэн ва Сумҷини ноҳияи Ишкошими Тоҷикистон ва низ ба унвони забони сангличӣ ва зебокӣ дар Бадахшони Афғонистон мустаъмал аст. Дар байни гӯйишҳои ишкошимӣ сангличӣ ва зебокӣ тафовутҳои фонетикӣ ва луғавӣ ба назар мерасад (ниг. [Пахалина 1959; 1987, с. 474-536]). Муҳаққиқон сангличиро ба унвони забон низ баррасӣ кардаанд [Юсуфбеков 1999]. Теъдоди гӯйишварони забони ишкошимӣ дар Тоҷикистон ҳудуди ҳазор нафар аст .

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    5
    Баҳои миёна: 5 (1 овоз)
  • Забони язгуломӣ (Yuzdomi zveg)

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 31 Октябр, 2017 - 10:48

    Дар води Язгуломи ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва қисман дар води Вахши вилояти Хатлони Тоҷикистон мустаъмал аст ва теъдоди гӯишваронаш ҳудудан ду ҳазор нафар аст. Ин забон ду гӯиш (лаҳҷаҳои саргаҳ ва поёни водии Язгулом) дорад [Эделман 1966].

    Забони язгуломӣ (yůzdomi zəvəg) дар ду соҳили рӯди Язгулом ва водии ҳамноми он дар ноҳияи Ванҷи Бадахшони Тоҷикистон ба кор меравад. Чунонки Д.И.Эделман иттилоъ додааст, гуфтори сокинони саргаҳи водии Язгулом бо баъзе хусусиёти диалектологии худ аз гуфтори мардуми қисмати поёноби ин водӣ тафовут дорад (1). Ин забон низ бехат буда, осори адабии он ба сурати эҷодиёти фолклорӣ ривоҷ доштааст. Дар даврони истиқлоли давлатии Тоҷикистон кӯшишҳои соҳибхат намудани ин забон ба амал омада, баъзе намунаҳои назми муаллифии шоирони язгуломӣ ба хатти кириллӣ интишор ёфтанд, ки дар байни онҳо ашъори А. Алиев, ки худ муҳаққиқи ин забон аст, қобили таваҷҷуҳ мебошад.

    Адабиёт
    1. 2 Эдельман Д.И. Язгулямский язык. – М., 1966, с. 3-11.

    Бардошт аз «Муқаддимаи филологияи Эрон»-и А.Мирбобоев

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    5
    Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Pages