Паёми шодбошии Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии иди саиди Қурбон, ки яке аз маросими дини мубини ислом ва иди суннатии мардуми мусулмони мо мебошад, самимона табрик мегӯям.

Маҳз ба шарофати истиқлоли давлатӣ шароити мусоид фароҳам омад, ки сокинони кишвари мо расму ойин ва...

 
Семинари омӯзишӣ ҷиҳати назорати риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ва ташкилоту муассисаҳои он

     Гурӯҳи кории Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раиси Кумита Муҳаммадҷонзода О. (роҳбари гурӯҳ), сардори шуъбаи танзими истилоҳот Зулфониён Р., сармутахассиси шуъбаи ташкилию ҳуқуқӣ Буриева Ш. (аъзои гурӯҳ) тибқи Нақшаи назоратӣ вазъи риояи муқаррароти...

 
Ғалатҳои сомонаи Wikipedia (Бунёди "Wikimedia")

Баъд аз баррасӣ ва мутолиаи муҳтавои қисми тоҷикии сомонаи "Wikipedia", ки дар нишонии интернетии https://tg.wikipedia.org ҷойгир шудааст, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ху...

 
Рӯзномаи «Ганҷи забон» №7 (42), феврали соли 2020

ЗАБОН ОЙИНАЕСТ, КИ ДАР ОН СИМОИ ПУРҶИЛОИ МИЛЛАТ РАВШАН ИНЪИКОС МЕШАВАД
Иқтибос аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ (26 декабри соли 2019)
Мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷикиро мисли модар ва Ватани худ дӯст дорем ва онро...

Семинари омӯзишӣ ҷиҳати назорати риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав ва ташкилоту муассисаҳои он

     Гурӯҳи кории Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати муовини раиси Кумита    Раҳматуллозода С. (роҳбари гурӯҳ), мудири бахши умумӣ ва масъули хадамоти кадрӣ Абдуллоев Ш., сармутахассисони шуъбаи ташкилию ҳуқуқӣ Буриева Ш., Ҷалолов С. (аъзои гурӯҳ) тибқи Нақшаи назоратӣ вазъи риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва иҷрои банди 22-и Нақшаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021»-ро (6.02.2021, №14) дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, шуъбаи маориф, сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Шаҳринав аз 16-ум то 20-уми августи соли 2021 мавриди назорат ва таҳлил қарор дод.

Баҳодиҳии муҳтаво: 

Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

ЗАБОН ВА ҶОМЕА: МУШКИЛОТИ НОМГУЗОРӢ ДАР МАРКАЗҲОИ САВДО

 

 

Баҳодиҳии муҳтаво: 

Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030

Баҳодиҳии муҳтаво: 

5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Нишасти матбуотии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Даъватнома ба нишасти матбуотии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

     Муҳтарам намояндагони ВАО ва ҳамкасбони гиромӣ!
     Аз ҳамкориҳои судманди Шумо ҷиҳати дастгирӣ ва тарғиби соҳаи забони давлатӣ изҳори сипос ва миннатдорӣ намуда, ҳамзамон, иттилоъ медиҳем, ки тибқи Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2021 мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми сентябри соли 2011, №АП-1729 дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» (ш. Душанбе, кӯчаи Беҳзод 25) нишасти матбуотии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 29-уми июли соли 2021, соати 08:00 баргузор мегардад.
     Вобаста ба ин, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ҷиҳати инъикоси нишасти матбуотии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамудед.

Баҳодиҳии муҳтаво: 

5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Изҳори тасаллӣ

Аҳли кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба даргузашти хоҳарашон Қурбонбӣ Раҳмонова изҳори ҳамдардӣ намуда, ба аҳли хонадон ва пайвандонашон аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил хоҳонанд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 

5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Паёми шодбошии Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии иди саиди Қурбон, ки яке аз маросими дини мубини ислом ва иди суннатии мардуми мусулмони мо мебошад, самимона табрик мегӯям.

Маҳз ба шарофати истиқлоли давлатӣ шароити мусоид фароҳам омад, ки сокинони кишвари мо расму ойин ва ҷашну идҳои таърихӣ, миллӣ ва динии худро озодона истиқбол намоянд.

Иди саиди Қурбон бисёр унсурҳои неки инсондӯстона дорад, ки шахси мусулмон бо анҷом додани онҳо метавонад соҳиби аҷру савоби зиёд гардад.

Дастгирии ятимону маъюбон, беморону пиронсолон, поси хотири гузаштагон, аёдати пайвандону хешу таборон, изҳори ҳамдардӣ ба азодорон ва хайру эҳсон ба оилаҳои камбизоат ва шахсони бемор аз ҷумлаи суннату фазилатҳои хоси иди Қурбон мебошад.

Яъне, ҳар шахси хайрхоҳе, ки имконияти мусоиди молиявӣ дорад, ба ятимону маъюбон ва шахсони камбизоату эҳтиёҷманд дасти ёрӣ дароз мекунад.

Боиси қаноатмандист, ки дар кишвари мо дар арафаи иду айём дастгирии моддӣ ва кумак ба эҳтиёҷмандон аз ҷониби муассисаҳои давлатӣ, шахсони саховатпешаву ҳимматбаланд ва соҳибкорону тоҷирон ба анъанаи нек табдил ёфтааст.

Фарҳанги исломӣ беҳтарин арзишҳои маънавии ҳаётӣ, аз қабили омӯзиши илму маърифат, хайру саховат, покизагиву накӯкорӣ, заҳматдӯстӣ, рафоқату дӯстӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва таҳаммулгароиро талқин карда, аҳли ҷомеаро ҳамеша ба иҷрои чунин амалҳои нек ҳидоят менамояд.

Яке аз суннатҳои дигари иди Қурбон анҷом додани маросими қурбонӣ ба ҳисоб меравад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 

Ҳоло баҳо надорад
 

Меҳмонон

  • Шумораи меҳмонон: 32914530
  • Нишонии IP-и шумо: 44.197.197.23
 

Корбарони онлайн

1 корбари онлайн

 

Обунашавӣ

Ба ахбори рӯзи мо обуна шавед
 

Корбарони нав

  • raisikumita
  • Бекназаров Хамз...
  • Махадшарифзода ...
  • Курбонбеки Занчирбек
  • Шарипов Анвар А...
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.