Фишурдаи гузориш барои воситаҳои ахбори омма аз конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Сиёсати давлатии забон ва рушди забони модарӣ» бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ
«Ҳар як фарди соҳибзабон бояд забони модарӣ ва ба воситаи он
ҳувияти миллӣ ва фарҳанги миллии худро ҳифз кунад ва гиромӣ дорад»
Эмомалӣ Раҳмон
Барои гузаштагони мо ифтихор аз Ватан, Модар ва Забон ҳамеша ангезандаи эҳсоси олӣ буда, дар ҳама давру замон аз ҷумлаи мафҳумҳои муқаддастарин арзёбӣ гардидаанд. Забон бешубҳа, яке аз арзишҳои бузурги миллӣ ва пояҳои давлатдорӣ буда, таҷассумгари таърихи пуршебу фарози халқи тоҷик мебошад.
Тавассути забон ҳувияти миллӣ ҳифз мегардад, он воситаи муқтадири сарҷамъ намудани миллат, таъмини якпорчагии сарзамини кишвар дар ҳамаи давру замон мебошад. Забони модарӣ инъикоскунандаи фарҳангу маърифати ҳар як миллат маҳсуб гардида, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари забони давлатӣ барои истифодаи озоди забонҳои модарии намояндагони дигар миллату халқиятҳои сокини кишвар низ тамоми шароит ва заминаҳои ҳуқуқӣ муҳайё гардидаанд.
Ёдовар бояд шуд, ки моҳи ноябри соли 1999 бо қарори ҷаласаи 30-юми Анҷумани ҷаҳонии ЮНЕСКО (бахши Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва маданият) бо мақсади ҳифз ва ташаккули забонҳои нобудшудаистода ва мусоидат барои ташаккули бисёрзабонӣ, рушди хазинаи луғавии забонҳои дунё рӯзи 21-уми феврал ҳамчун Рӯзи байналмилалии забони модарӣ эълон гардид ва он аз соли 2000 инҷониб ҳамасола дар тамоми кишварҳои олам таҷлил мегардад.
Тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи Ҷамъияти «Дӯстӣ» имрӯз дар Тоҷикистон 15 ҷамъияту ассотсиатсияҳо ва маркази фарҳангии ақаллиятҳои миллии арманҳо, бошқирдҳо, гурҷиҳо, доғистониҳо, кореягиҳо, қазоқҳо, қалуғҳо, қирғизҳо, озарбойҷониҳо, осетинҳо, русҳо, тоторҳо ва уйғурҳо фаъолият менамоянд.
Дар моддаи 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст: «Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст».
Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байнимиллатҳо амал мекунад.
Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳақ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд.».
Дар қисмҳои 1 ва 2-и моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» чунин омадааст: «1.Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст.
2. Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст забони давлатиро донад».
Дар иртибот ба ин масъала дар қисми 1-и моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» чунин омадааст:
«1. Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, ба истифодаи озоди забони модариашон ҳуқуқ доранд».
Забони тоҷикӣ, ки забони модарии мардуми тоҷик аст, асолати беш аз ҳазорсолаҳо дошта, бо хат, забон ва адабиёти ғании худ ҷаҳоншумул гардидааст, дар роҳи таҳкими тамаддуни инсонӣ ва афкори башарӣ саҳми босазое дорад. Дар ин давраи ҷаҳонишавии миллатҳо, забони миллати мо чун сарвати бебаҳо ва омили муҳими пойдориву бақои миллат ва давлатдории миллӣ аст, аз ҷониби давлат ҳифз гардида, рушд меёбад.
Кумита дар асоси Нақшаи кории нимсолаи аввал, ки аз 7-уми январи соли 2022, №4 тасдиқ шудааст, бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ конференсияи илмию амалӣ таҳти унвони “Сиёсати давлатии забон ва рушди забони модарӣ” 18-уми феврали соли 2022 дар толори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон якҷоя бо Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, баргузор намуд, ки дар он вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, пажуҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, Шурои ҳамгунсозии истилоҳоти Кумита ва намояндагони ВАО иштирок карданд.
Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илми филология Шарифзода Боймурод оғоз намуда, ҳузури меҳмононро хайрамақдам гуфт.
Сипас раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми филология, профессор Олимҷон Муҳаммадҷонзода ҳозиринро бо Рӯзи байналмилалии забони модарӣ табрик намуда, конференсияро ҳусни оғоз бахшид.
Дар конференсия 15 маърузаи илмӣ аз ҷониби мутахассисони бахшҳои гуногуни забон мавриди баррасӣ қарор гирифт. «Ҷойгаҳи забони миллӣ дар раванди робитаҳои байни фарҳангӣ (раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми филология, профессор – Олимҷон Муҳаммадҷонзода), «Аҳамияти забоншиносии матнҳои суғдӣ» (доктори илми филология, профессор – Сайфиддин Назарзода), «Вижагиҳои маъноӣ ва сохтори бархе аз луғоти (номи) гиёҳу растаниҳо (дар пояи маводи забони яғнобӣ) Аманда Прос (намояндаи ҷумҳурии Австралия) “Сабабҳои асосии ҳифзи забони яғнобӣ ва нақши он дар рамзкушоии осори суғдӣ» (номзади илми филология – Мирзоев Сайфиддин), «Забони модарӣ яке аз арзишҳои бунёдии миллӣ (доктори илми филология – Раҳматуллозода Сахидод) аз ҷумлаи он маърузаҳое буданд, ки мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар анҷоми кори конференсия барномаи фарҳангӣ аз ҷониби санъаткорони Консерваторияи миллии Тоҷикистон баргузор гардид.
Категория:
- Гузоришҳо [1]
- Ахбори рӯз [2]
- Конференсияҳо [3]