Фишурдаи гузориш барои Воситаҳои ахбори омма аз Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Нақши забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ»
«Забони тоҷикӣ бо гузашти асрҳо ҳамчун омили ваҳдат ва ифтихори миллӣ дар давлатдории навини мо дар мақоми забони давлатӣ қарор гирифт».
Эмомалӣ Раҳмон
Забони ҳар миллат яке аз муҳимтарин унсурҳои ҳувият, рамзи истиқлоли маънавӣ ва аз муҳимтарин рукнҳои истиқлоли сиёсии он мебошад. Далели барҷастаи ин андеша дар аксари мавридҳо ҳамсон будани унвони забон бо номи миллат ва қамвият ва дар ниҳоят кишвар аст. Забони миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ буда, дар пойдорӣ ва таҳкими давлати миллӣ мақом ва нақши муҳим дорад ва ба ҳамин далел забони миллат бунёд ва пояи давлат маҳсуб мешавад. Дар қадим будан ва асолат доштани истилоҳи «тоҷик» ба унвони номи як миллати муаззам ва куҳанбунёд ҳеҷ шакку тардиде нест ва таҳқиқоти пуршумори донишмандони дохиливу хориҷӣ, ки устод Айнӣ аз ин зумра мебошад, ин ҳақиқатро ба суббот расондааст. Аз ин рӯ, забон дар ҳама давру замонҳо яке аз сарчашмаҳои асосии Истиқлолияти миллӣ ва омили муҳими ташаккули миллат мебошад.
Ташаккул ва паҳншавии босуръати забони тоҷикӣ на фақат ба инкишофи минбаъдаи халқи тоҷик мусоидат намуд, балки эътибори ин забон гувоҳномаи ҳуввияти миллии тоҷикон гардид. Дар минтақаҳои пайдоиш ва густариши ин забон номи тоҷик низ мақоми таърихӣ пайдо кард ва устувор гардид.
Бояд қайд намуд, ки сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат буд, ки забони тоҷикӣ ҳамчун забони миллӣ дар даврони Истиқлолият дар мақоми забони давлатӣ пазируфта шуда ва он имрӯз ба таври озод дар умури сиёсиву иҷтимоии кишвар мавриди истифода қарор дорад. Дар иртибот дар ин нукта, воқеан миллати мо бо вуҷуди он ҳама офатҳову бадбахтиҳои дар тӯли таърих дидааш, маҳз бо ҳифзи забони худ ҳамчун миллат зинда мондааст.
Эҳтироми бепоён ба забони миллӣ доштаи Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама суханрониҳо ва паёмҳояшон баён мегардад, ки ин ҳама далели арҷгузорӣ ба забони модарӣ – ин ганҷи бебаҳои меросу фарҳанги миллӣ дониста мешавад.
Мавзӯи дигаре, ки ба матни забон, ки ҳувияти миллатҳо робитаи мустаҳкам дорад, мавзӯъи ҷойномҳо мебошад. Дар Тоҷикистон пас аз дастёбӣ ба Истиқлолу Ваҳдати миллӣ ба ин мавзӯъ аз ҷониби Сарвар давлат аҳамияти хос дода шудааст, ки дар яке аз суханрониҳои худ ба муносибати бузургдошти забони давлатӣ ба ин масъала ба таври вижа таваҷҷуҳ намудааст:
«Номҳои ҷуғрофии минтақа ба таъриху сарнавишти миллат иртибот дошта, таърихи рушду такомули забони моро инъикос менамояд…». Соли 2015 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармон оид ба Комиссияи олии аттестатсионӣ дар назди Президенти ҶТ имзо шуд, ки мушкилоти зиёди шаҳрвандон дар бобати омода кардани рисолаҳои илмӣ ба забони давлатӣ ва ҳимояи онҳо дар дохили кишвар осон гардад, ки ин эҳтиром ва эътимод ба худ ва ба забони модарии худ буда, масъалаи ҳифзи ҳувият ва истиқлоли маънавию фарҳангӣ мебошад.
Ҷиҳати танзими истифодаи забони давлатӣ ва муайян намудани вазъи ҳуқуқии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» амал мекунад.
Барои ба ин ҳадафҳо расидан Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19-уми майи соли 2017, №251732/26 ва Нақшаи кории Кумита оид ба таҷлили 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ 23-юми июни соли 2017 дар толори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» бо иштироки намояндагони Ҳукумати кишвар, вазорату идораҳои давлатӣ, донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар, ҷамъиятҳо, Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳоти Кумита ва намояндагони ВАО Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявиро таҳти унвони «Нақши забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ» -ро баргузор намуд.
Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми филология Гавҳар Шарофзода оғоз намуд. Сипас, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ва директори Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии АИ ҶТ Сахидод Раҳматуллозода роҷеъ ба нақши забони давлатӣ дар таҳкими Ваҳдати миллӣ сухан намуданд. Дар конференсия намояндагон аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров, аз Донишгоҳи далатии Қурғонтеппа ба номи Носири Хусрав ва аз Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ширкат варзиданд. Дар Конференсия инчунин, 10 маърӯзаи илмӣ аз ҷониби мутахассисони бахшҳои гуногуни забоншиносӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ҷумла, дар мавзӯи «Забони миллӣ ва ваҳдати миллӣ», доктори илмҳои филологӣ Назарзода Сайфиддин (Китобхонаи миллии Тоҷикистон) «Истиқлолият ва вазъи забону истилоҳот» доктори илмҳои филологӣ Мирзо Ҳасани Султон (Бонки миллии Тоҷикистон), «Шинохти фарогири мақоми забони тоҷикӣ»- доктори илмҳои филологӣ, профессор Шамсиддин Солеҳов, «Сиёсати забонӣ ва ваҳдати миллӣ» - номзади илмҳои филологӣ, профессор Кабиров Шаҳбоз (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон), «Забони тоҷикӣ-забони фарҳанги маънавии мардуми Бадахшон» номзади илмҳои филологӣ, дотсент Матробиён Саодатшо, «Забон нишони миллат ва давлат аст» профессори ДДҚ Ҳасани Муродиён, «Нақши забони давлатӣ дар таҳкими Ваҳдати миллӣ» полковник Ҳомидов Исмоил (Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа оид ба корҳои илмӣ- сардори шуъбаи илмӣ-ҳарбӣ), «Саққои Бухороӣ ва рушди забони тоҷикӣ дар Ҳинд» Фаридун Маҳмадулло (мудири редаксияи забон, адабиёт ва фолклори Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии энсиклопедияи миллии тоҷик) ва «Саҳми Мавлоно Яқуби Чархӣ дар инкишоф ва рушди забони адабии ҳозираи тоҷик» асиссенти кафедраи забон ва адабиёти арабӣ Холов Аълохуҷа (Донишкадаи давлатии исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам) маърӯза намуда, масъалаҳои зерин баррасӣ гардид;
-нақши ваҳдатофарини забони тоҷикӣ дар масири таърих;
-сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забон;
-вазъи иҷтимоии забони тоҷикӣ дар 20 соли Ваҳдати миллӣ.
Бояд қайд намуд, ки муҳимтарин унсури таъйинкунандаи як миллат забон аст. Давлатҳо ҳам дар пояи миллат вуҷуд доранд, ногузир забон муҳимтарин унсури вуҷуди як давлати миллӣ ҳам ҳаст. Забони тоҷикӣ бошад, ҷавҳари миллати моро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, месазад баҳри пешбурди сиёсати давлат оид ба забони давлатӣ ҳамчун забони миллӣ хизматҳои арзанда кард.
Дар интиҳо, пас аз баррасии фикру мулоҳизаҳо аз ҷониби ҳайати иштирокдорони Конференсия Тавсиянома оид ба рушду инкишофи забони давлатӣ дар таҳкими Ваҳдати миллӣ қабул гардид.