Фаъолият

Фишурдаи нишасти матбуотӣ дар бораи фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми 2023 (ш. Душанбе, 3.08.2023)

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 31 Июл, 2023 - 15:33

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2023 фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030», «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» ва дастуру супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳ монда, вазифаи пешбурди сиёсати забони давлатӣ ва ба танзим даровардани меъёрҳои ҳуқуқии марбут ба забони давлатиро амалӣ менамояд.
Санҷиш ва омӯзиши вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқи Низомномаи Кумита яке аз ваколатҳои асосии Кумита ба шумор рафта, риояи татбиқи бевоситаи меъёрҳои Қонуни мазкурро дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин, корхона, муассиса ва дигар ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва шакли моликият мунтазам назорат менамояд.
Мутобиқи Нақшаҳои кории Кумита барои нимсолаи якуми соли 2023 гурӯҳи кории Кумита (моҳи май) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шуъбаи маориф ва Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Спитамен ва (моҳи июн) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шуъбаи маориф, бахши САҲШ, беморхонаи марказии ноҳияи Нурободро мавриди назорат ва санҷиш қарор доданд.
Дар давраи ҳисоботӣ Кумита беш аз 20 фаъолияти субъектҳои хоҷагидорро дар шаҳру ноҳияҳои кишвар мавриди санҷиш қарор дода, ба номгузории 35 адад номгузории муассисаю ташкилот ва ҶДММ хулоса пешниҳод намудааст, ки дар муқоиса бо соли гузашта 20 адад ё 42,8% зиёдтар мебошад.
Аз натиҷаи санҷиш оид ба камбудиҳои ҷойдошта дар дигар ҷамъиятҳо аз ҷониби гурӯҳҳои кории Кумита корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудию норасоиҳои мавҷуда тавсияву пешниҳодҳои мушаххас дода шуд. Ҳамзамон, барои ислоҳи камбудиҳо ва оҷилан бартараф намудани онҳо санад тартиб дода шуда, ба ҷамъиятҳои мазкур пешниҳод карда шуданд.
Дар умум, дар нимсолаи якуми соли 2023 аз ҷониби Кумита ҷиҳати риояи вазъи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030», «Дар бораи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» ва «Дар бораи Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» фаъолияти 13 адад мақомоту муассисаҳои давлатӣ ва 11 адад субъектҳои хоҷагидор ва якҷоя бо Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти 2 адад мақомоти давлатӣ (ноҳияи Варзоб) мавриди назорату санҷиш қарор гирифтаанд.
Дар нимсолаи якуми соли 2023 гурӯҳи кории мазкур дар ҳамкори бо дигар идораю ташкилотҳо 197 адад маводи ташкилоту соҳибкорони инфиродӣ ва муассисаҳои рекламаистеҳсолкунандаро ҷиҳати забони матни ангораҳо ва навиштаҷоту овезаҳои рекламавӣ мавриди баррасӣ қарор дода, онро мувофиқа намуд. Нишондиҳандаи мазкур дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2022 (дар соли 2022, 98 адад) 99 адад ё 49,7% зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ, дар доираи ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Рекламаи беруна ва ороиши шаҳри Душанбе» намояндагони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дигар хадамоту мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ вобаста ба назорати матни шиору овезаҳо, навиштаҷоти ғалату бегона ва номгузориҳои ғайримеъёрии марказҳои хизматрасонӣ ва нуқтаҳои савдо аз ҷониби гурӯҳи корӣ назорати санҷишӣ гузаронида шуд.
Дар натиҷа, шиору овезаҳои ғайримеъёриву пур аз ғалати имлоӣ барканда шуда, ҳамчунин, ба соҳибкорони инфиродии ташкилоту марказҳои хизматрасонӣ ва нуқтаҳои савдо ҷиҳати ғайримеъёрӣ будани номгузориҳо огоҳӣ ва санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуданд.
Коркарди истилоҳот, баррасии луғату фарҳангномаҳои пешниҳодгардида яке аз самтҳои асоси фаъолияти кормандони Кумита ба ҳисоб меравад. Дар ин давра, Кумита вобаста ба баррасӣ ва ҳамгунсозии истилоҳоти соҳавӣ маводу фарҳангномаҳо ва дастуру барномаҳои таълимии зиёдеро баррасӣ намудааст.
Қобили зикр аст, ки дар нимсолаи якуми соли 2023 2 фарҳангномаи тахассусӣ (бо муҳтавои 3960 истилоҳ), 1 маводи марбут ба истилоҳоти соҳавӣ (шомили 123 истилоҳ) ва 8 китобҳои таълимӣ-омӯзишию дастурамалҳои машваратӣ (560 истилоҳоти соҳавӣ), ки дар умум, 4643 вожаву истилоҳро дар бар мегирад, мавриди баррасӣ ва мувофиқа қарор гирифтааст.
Кумита дар нимсолаи якуми соли 2023 ба теъдоди 46 адад лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро аз нигоҳи экспертизаи забоншиносӣ ва танзиму ҳамгунсозии истилоҳот ва инчунин, ба номгузории 20 муассисаи таълим, хулосаи коршиносӣ пешниҳод намудааст.
Мавриди зикр аст, ки дар нимсолаи якуми соли 2023 ба Кумита дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2022 (соли 2022 ба теъдоди 70 адад) 24 адад ё 34,2% камтар лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби вазорату идораҳо пешниҳод гардидааст.
Ҳамзамон, аз ҷониби Комиссияи номгузории номҳои миллии тоҷикӣ ба 398 муроҷиаткунанда оид ба номгузории фарзанд ҷиҳати ба меъёрҳои таърихии номгузории тоҷикӣ ва номгузории суннатии тоҷикӣ мутобиқат накардан номҳои пешниҳодгардида хулосаи рад дода шуда, ба 252 муроҷиаткунанда оид ба номгузории фарзанд хулосаи дастгирӣ пешниҳод намудааст. Инчунин ба 7 маводди судӣ экспертизаи забоншиносӣ хулоса пешниҳод намудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ Кумита дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ номгузориҳои маҳалҳои аҳолинишини ҳудуди шаҳру ноҳияҳоро баррасӣ намуда, хулоса пешниҳод намуд.
Боиси тазаккур аст, ки барои ивази номҳои ғайримеъёрии объектҳои ҷуғрофии кишвар, ки ҷамъулҷамъ 3522 ададро ташкил медиҳанд, номгузориҳо бо Кумита мувофиқа гардида, аз ҷониби мутахассисони Кумита тавзеҳномаи ҳар як номи объекти ҷуғрофӣ бо шарҳи маънояшон таҳия ва пешниҳод карда шуд.
Дар сомонаи Кумита матни пурраи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми декабри соли 2022 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва мақолаҳои роҳбарият ва кормандони Кумита оид ба шарҳу тавзеҳи Паём ҷойгир карда шудаанд, ки он ба истифодабарандагони сомонаи Кумита манзур гардида, дар роҳи амалисозии Паём ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат раҳнамо буда метавонад.
Дар давраи ҳисоботӣ, дар умум, кормандони Кумита дар 32 чорабинии илмию фарҳангии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳурӣ ва дар 24 машғулияти семинарии вазорату идораҳо оид ба омӯзиши «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» иштирок намуданд.
Қобили зикр аст, ки дар маҷаллаи «Забон ва истилоҳот» саҳифаи махсуси шарҳу тавзеҳи истилоҳоти навини тахассусӣ ҷой дода шудааст, ки дар ин саҳифа мунтазам истилоҳоти коркардшуда ва нави соҳавӣ бо забони давлатӣ манзури хонандагон мегардад.
Дар давраи ҳисоботӣ кормандони Кумита дар 26 барномаҳои телевизионӣ ва 16 барномаи радиоӣ иштирок намуданд, ки фарогири мавзуъҳои пешбурди сиёсати давлатии забон, номгузории фарзандон, номгузории ташкилоту муассисаҳо ва марказҳои хизматрасонӣ, таблиғи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масоили истилоҳнигорӣ мебошад.
Қобили зикр аст, ки бо мақсади иҷрои банди 13-и Нақшаи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.11.2020, №647 тасдиқ гардидааст, аз ҳисоби мутахассисон ва барномасозони маҳфили «Посдорон ва дӯстдорони забони давлатӣ»-и Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар кишварҳои Осиёи Марказӣ барномаи кор кардан бо Интернет ва сомонаҳо, яъне браузери нав (ҷустуҷӯгари нав) – Барномаи танзими Mozilla Firefox бо забони тоҷикӣ таҳия ва амалӣ карда шуд, ки он аз рӯзи 9-уми майи соли равон дар шабакаи Интернет ҷой дода шудаву фаъол мебошад.
Забони тоҷикӣ бо чунин барномаи интернетӣ неру ва тавонмандии воқеии худро дар ҷаҳон нишон дода, дар барномаҳои ҷаҳонӣ муаррифӣ мешавад, ки дар байни 190 забон дар даҳ ҷойи аввали забонҳои шабакаи интернетӣ қарор дорад. Мутахассисони барномасози Кумита беш аз 2 сол дар таҳияи Барномаи танзими Mozilla Firefox заҳмат кашида, ниҳоят ба комёбӣ муваффақ шуданд.
Фаъолият дар шабакаи интернетӣ ва сомонаҳо тариқи Барномаи танзими Mozilla Firefox, ки бо забони тоҷикӣ мебошад, муносиб ва осон буда, дар рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як иқдоми нек ба шумор меравад.
Бояд зикр намуд, ки дар Кумита почтаи электронӣ: info@kumitaizabon.tj фаъолият менамояд ва дар нимсолаи якуми соли 2023 аз он 10 миллиону 775 ҳазор (дар умум, 64 миллиону 820 ҳазор) муштарӣ истифода намудааст.
Бояд қайд намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ дар Кумита 978 содироти мактуб ва гузоришу хулосаҳо, аз ҷумла, 70 мактуб ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 908 мактуб ба вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар муҳлатҳои муқарраргардида аз ҷониби Кумита ирсол гардидааст.
Инчунин, дар нимсолаи якуми соли 2023 ба Кумита 1860 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тавассути телефон, шабакаи интернет, электронӣ ва дар ҷараёни қабули рӯзҳои шанбе (926 адад муроҷиати шифоҳӣ) ворид гардидааст, ки Кумита ба онҳо ҷавобҳои мушаххас гардонидааст.
Кумита дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ тамоми неруи худро баҳри назорат ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо дарки амиқи сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи Пешвои миллат оид ба рушди забони давлатӣ чораҳои муассир меандешад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (5 овоз)

Машғулияти идоравӣ ҷиҳати омӯзиши «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 24 Август, 2022 - 11:22

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои банди 59-и қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» ҷиҳати ташкил намудани семинар ва курсҳои омӯзиши забони тоҷикӣ ва «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» барои кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 23-юми августи соли 2022, соати 14:00 бо иштироки васеи кормандон машғулияти идоравӣ баргузор намуд.
Машғулияти идоравиро тибқи тартиб муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Умеда оғоз намуда, суханро ба сардори шуъбаи танзими истилоҳот Зулфониён Раҳим дод. Номбурда вобаста ба риояи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» суханронӣ намуда, тарзи дурусти истифодаи калимаҳоро ба аҳли кормандон бо овардани мисолҳо фаҳмонид. Сипас дар идомаи машғулияти идоравӣ сармутахассиси шуъбаи ташкилию ҳуқуқӣ Буриева Шаҳноза суханронӣ намуда, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба сиёсати давлатӣ оид ба забонро шарҳ дод.
Дар рафти машғулияти идоравӣ аз ҷониби кормандони Кумитаи кор бо занон ва оила саволҳо вобаста ба тарзи дурусти калимаҳо ҳангоми коргузорӣ, имлои овозҳои садоноку ҳамсадо, калимаҳои мушаддад, иқтибосӣ, аз сатр ба сатр гузаронидани калимаҳо ва ғайра пешниҳод гардид, ки кормандон ба ҳамаи саволҳо аз ҷониби мутахассисони Кумита бо овардани мисолҳо ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Машғулияти идоравӣ ҷиҳати омӯзиши «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» дар Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 19 Август, 2022 - 13:07

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои банди 59-и қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» ҷиҳати ташкил намудани семинар ва курсҳои омӯзиши забони тоҷикӣ ва «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» барои кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият дар Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 19-уми августи соли 2022, соати 8:00 бо иштироки зиёда аз 120 нафар кормандон машғулияти идоравӣ баргузор намуд.
Машғулияти идоравиро тибқи тартиб муовини сардори раёсати кадрҳои Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулмуъминзода Абдулманон ҳусни оғоз намуда, суханро ба сармутахассиси шуъбаи ташкилию ҳуқуқӣ Буриева Шаҳноза дод. Номбурда вобаста ба муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030», «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба сиёсати давлатӣ оид ба забон суханронӣ намуда, муҳтавои санадҳои меъёрии ҳуқуқии мазкурро ба аҳли кормандон шарҳ дод.
Дар рафти семинар аз ҷониби кормандони Агентӣ саволҳо вобаста ба тарзи дурусти калимаҳо ҳангоми коргузорӣ, имлои овозҳои садоноку ҳамсадо, калимаҳои мушаддад, иқтибосӣ, аз сатр ба сатр гузаронидани калимаҳо, имлои номи муассисаю корхонаҳо, мансабу вазифа ва рутбаҳо ва ғайра пешниҳод гардид, ки мутахассиси Кумита ба ҳамаи саволҳои кормандон бо овардани мисолҳо ҷавобҳои мушаххас дод.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (4 овоз)

Машғулияти идоравӣ ҷиҳати омӯзиши «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» дар Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 16 Август, 2022 - 13:06

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои банди 59-и қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» ҷиҳати ташкил намудани семинар ва курсҳои омӯзиши забони тоҷикӣ ва «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» барои кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият дар Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 16-уми августи соли 2022, соати 9:30 бо иштироки васеи кормандон машғулияти идоравӣ баргузор намуд.
Машғулияти идоравиро тибқи тартиб муовини сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Олимов Сироҷиддин оғоз намуда, суханро ба сармутахассиси шуъбаи ташкилию ҳуқуқӣ Буриева Шаҳноза дод. Номбурда вобаста ба муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030», «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба сиёсати давлатӣ оид ба забон суханронӣ намуда, муҳтавои санадҳои меъёрии ҳуқуқии мазкурро ба аҳли кормандон шарҳ дод.
Дар рафти семинар аз ҷониби кормандони Раёсат саволҳо вобаста ба тарзи дурусти калимаҳо ҳангоми коргузорӣ, имлои овозҳои садоноку ҳамсадо, калимаҳои мушаддад, иқтибосӣ, аз сатр ба сатр гузаронидани калимаҳо ва ғайра пешниҳод гардид, ки кормандон ба ҳамаи саволҳо аз ҷониби мутахассиси Кумита бо овардани мисолҳо ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (3 овоз)

Боздиди гурӯҳи кории Кумита аз мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оид ба вазъи амалишавии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти сиёсати давлатии забон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 3 Август, 2022 - 16:36

Бо мақсади санҷиши амалкарди муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030», «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» ва «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» ҷиҳати иҷрои Нақшаи кории Кумита барои нимсолаи дуюми соли 2022 аз 5-уми июли соли 2022, №2 тибқи фармоиши раиси Кумита аз 15 июли соли 2022, №76 гурӯҳи корӣ дар ҳайати муовини раиси Кумита Раҳматуллозода Сахидод Раҳматулло (роҳбари гурӯҳ) ва сардори шуъбаи ташкилию ҳуқуқӣ Сафаров Эраҷ Гулаҳмадович аз мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ ва Мурғоби Вилоят, шуъбаҳои маориф, бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои мазкур аз 17-уми то 26-уми июли соли 2022 ҳолати риояи муқаррароти санадҳои болозикрро дар шаҳру ноҳияҳои зикргардида мавриди санҷиш қарор доданд.
Ҳангоми санҷиш аз ҷониби гурӯҳи корӣ корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва риояи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» ба масъулон фаҳмонида шуд.
Ҳамзамон, аз ҷониби гурӯҳи корӣ ҷиҳати иҷрои Қонуни мазкур ба масъулон дастуру тавсияҳои мушаххас дода шуда, баъзе камбудиҳо саривақт бартараф карда шуданд.
Илова бар ин, гурӯҳи корӣ дар фарҷоми санҷиш бо иштироки доираи васеи кормандони шуъбаю бахшҳои дахлдори мақомотҳои мазкур семинар-машварат баргузор намуд, ки дар он доир ба масъалаҳои риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва риояи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» дар раванди коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ, муошират ва мукотибот, риояи номгузорӣ тибқи қонунгузории ҷумҳурӣ ва «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ», инчунин, ҷиҳати эҳтирому арҷгузорӣ ва баланд бардоштани савияи дониши забони давлатӣ байни занону духтарони шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, бартараф намудани норасоию камбудиҳо дар самти ҳуҷҷатнигорӣ ва коргузории мақомот, идора ва муассисаҳо ва ба меъёрҳои забони давлатӣ мутобиқ намудани навиштаҷоти шиору овезаҳо дар хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳои мазкур маслиҳату машваратҳои судманд дода шуд.
Ҳамзамон, аз ҷониби гурӯҳи кории Кумита ба масъулони мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ ва Мурғоби Вилоят маводҳои методии ёрирасон аз қабили китобҳои «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ», «Фарҳанги номҳои миллии тоҷикӣ», «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» дар умум 315 нусха китобҳои зикргардида ва дигар маводҳои зарурӣ дар шакли чопӣ ва электронӣ ҳамчун туҳфа аз номи Кумита ройгон дастрас карда шуданд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
-79955
Баҳои миёна: -79955 (6 овоз)

Фишурдаи нишасти матбуотӣ дар бораи фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2022

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 1 Август, 2022 - 10:00
Баҳодиҳии муҳтаво: 
4
Баҳои миёна: 4 (4 овоз)

Ҷаласаи Ҳайати мушовараи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 5 Июл, 2022 - 16:33

Рӯзи 5-уми июли соли 2022, соати 10:00 дар толори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Ҳайати мушовараи Кумита бо иштироки Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Пайшанбезода Муҳиддин, аъзои Ҳайати мушовараи Кумита, муовини раиси Кумита, сардорони шуъбаҳо, мудирони бахшҳо ва кормандони Кумита доир гардид, ки дар он ҳисоботи ҷамъбастии фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2022 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2022 шунида шуда, Нақшаи кории Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2022 тасдиқ карда шуд.
Дар ҷаласаи Ҳайати мушовараи Кумита баъд аз шунидани гузориш роҷеъ ба фаъолияти шашмоҳаи аввали соли 2022-и Кумита ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Пайшанбезода Муҳиддин, аъзои Ҳайати мушовараи Кумита Назарзода С., Абдураҳмонова М. Раҳматуллозода С., ва Мансурӣ Ш. суханронӣ намуда, фаъолияти Кумитаро дар нимсолаи аввали соли 2022 қаноатбахш арзёбӣ намуда, Нақшаи кории шашмоҳаи дуюми Кумитаро мувофиқи мақсад шумориданд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (11 овоз)

Баргузор намудани семинарҳои сайёр дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 13 Июн, 2022 - 22:47

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои банди 47-и қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» ҷиҳати доир кардани семинарҳои сайёр оид ба ташвиқу тарғиби Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва миёни ақаллиятҳои миллӣ ва банди 39-и нақшаи чорабиниҳо бобати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар машварати корӣ бо фаъолони вилояти Хатлон 24-уми феврали соли 2022 баён доштанд, нақшаи чорабиниҳои дохилӣ таҳия намуд.
Тибқи нақшаи мазкур гурӯҳи кории Кумита тасмим гирифтааст, ки аз 13-ум то 25-уми июни соли 2022 дар шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Шаҳритус, Қубодиён, Носири Хусрав, Дӯстии вилояти Хатлон бо иштироки кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва муассисаҳои ҳудуди он семинарҳои сайёр баргузор намояд. Дар рафти семинарҳои сайёр аз ҷониби гурӯҳи кории Кумита амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030», «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ», «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба сиёсати давлатӣ оид ба забон ба аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда мешавад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (4 овоз)

Машғулияти идоравӣ ҷиҳати омӯзиши «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» дар Хадамоти иҷрои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 13 Июн, 2022 - 17:00

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таблиғ ва омӯзиши қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти иҷрои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 10-уми июни соли 2022, соати 15:00 бо иштироки муовинони сардори Хадамоти иҷрои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфзода Ю.С. ва Холиқзода А.Ғ. ва аҳли кормандони Хадамот (ҳамагӣ 120 нафар) ҷиҳати омӯзиш ва риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба соҳа машғулияти идоравӣ баргузор намуд, ки дар он сардори шуъбаи танзими истилоҳот – Зулфониён Р. ва сармутахассиси шуъбаи ташкилию ҳуқуқии Кумита – Буриева Ш. иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар оғоз муовини якуми сардори Хадамоти иҷрои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфзода Ю.С. машғулияти идоравиро ҳусни оғоз бахшида, иштирокдоронро барои ташриф оварданашон хайрамақдам намуд. Баъдан барои шарҳ додани «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» суханро ба сардори шуъбаи танзими истилоҳоти Кумита – Зулфониён Р. дод.
Зулфониён Р. дар идомаи суханрониаш вобаста ба истифодаи садонокҳо ва ҳамсадоҳо, тарзи навишти калимаҳо, ки бештар дар шакли ғалати «мавзӯъ, мӯҳлат, оиди, нисбати, хатоӣ, иҷроиш ва ғайра» корбурд мешаванд, маълумот дода, риояи онро дар шакли дуруст ҳангоми коргузорӣ ҳатмӣ шуморид.
Сипас, суханронии сармутахассиси шуъбаи ташкилию ҳуқуқии Кумита – Буриева Ш. идомабахши чорабинии мазкур гардида, ҷиҳати амалишавии муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ», банди 48-и «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030», «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ андешаронӣ намуд.
Дар анҷоми машғулияти идоравӣ аз ҷониби иштирокдорон саволҳо пешниҳод шуданд, ки мутахассисони Кумита ба онҳо ҷавобҳои қонеъкунанда доданд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
4
Баҳои миёна: 4 (4 овоз)

Машғулияти идоравии кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати «Тақвияти раванди коргузорӣ дар Кумита»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 30 Май, 2022 - 12:11

30-юми майи соли 2022, соати 09:00 дар толори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба муҳтавои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба тақвияти раванди коргузорӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, воҳидҳои сохтории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” машғулияти идоравӣ баргузор гардид, ки дар он раиси Кумита, муовини раиси Кумита, сардорон, мудирон ва кормандони Кумита иштирок намуданд.
Дар оғоз раиси Кумита кормандонро бо муҳтавои рӯзнома шинос намуда, барои муаррифӣ ва шарҳ додани супориши болозикр суханро ба сардори шуъбаи ташкилию ҳуқуқии Кумита – Сафаров Э. дод.
Сафаров Э. қайд намуд, ки (тавассути намоиши нурафкан) якчанд талаботи раванди коргузорӣ, аз ҷумла, таҳия ва омода намудани ҳуҷҷат, матни бланкҳо ва андозаи ҳуруф, саҳифабандии мавод, истифодаи ҳуруфи тоҷикӣ ва дигар самтҳои омода ва таҳия намудани ҳуҷҷат, алалхусус, ҳуҷҷатҳое, ки ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол мегарданд, тибқи тартиби муқарраргардида таҳия карда шаванд.
Дар қисмати ниҳоии машғулияти идоравӣ вобаста ба масъалаи мазкур кормандони Кумита фикру мулоҳизаҳои худро иброз намуданд.
Машғулияти идоравиро муовини раиси Кумита доктори илми филологӣ – Раҳматуллозода Сахидод ҷамъбаст карда, таъкид намуд, ки кормандонро зарур аст, ҳангоми таҳияи ҳуҷҷат дар фаъолияти ҳамарӯза талаботи мазкурро пурра риоя намоянд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
3
Баҳои миёна: 3 (2 овоз)

Категория:

Машғулияти идоравӣ барои хизматчиёни давлатӣ ҷиҳати омӯзиши асари бунёдии Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров – «Тоҷикон»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 25 Май, 2022 - 09:53

Бо мақсади омӯзиши асари бунёдии Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати ошноӣ пайдо кардан ба гузаштаи пурифтихори халқи тоҷик ва баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ нақшаи чорабиниҳо таҳия ва бо фармоиши роҳбарияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми майи соли 2022, №53 тасдиқ гардид. Нақшаи чорабиниҳо аз 23 банд иборат буда, доир ба муҳтавои фаслҳои он роҳбарият ва шуъбаю бахшҳои Кумита маълумот медиҳанд. Машғулитҳои идоравӣ дар толори Кумита ҳафтае ду маротиба бо ҷалби хизматчиёни давлатӣ баргузор мегардад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория:

Нақшаи машғулиятҳои идоравии хизматчиёни давлатии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омӯзиш ва таблиғи китоби «Тоҷикон»-и Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 25 Май, 2022 - 09:47
Баҳодиҳии муҳтаво: 
3
Баҳои миёна: 3 (2 овоз)

Категория:

Машғулияти идоравӣ ҷиҳати амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо коррупсия»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 19 Апрел, 2022 - 15:55

19-уми апрели соли 2022, соати 09:00 дар толори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» машғулияти идоравӣ баргузор гардид, ки дар он раиси Кумита, муовини раис, нозири калони Раёсати таҳлили хавфҳои коррупсия ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии коррупсионии Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорон, мудирон ва кормандони Кумита иштирок намуданд.
Дар оғоз раиси Кумита иштирокдоронро бо муҳтавои рӯзнома шинос намуда, суханро ба намояндаи Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Файзуллозода Б. дод.
Файзуллозода Б. қайд намуд, ки Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқию ташкилии муқовимат ба коррупсияро муайян намуда, ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлату ҷомеа, таъмини амнияти миллӣ, фаъолияти муътадили мақомоти давлатӣ ва беғаразӣ дар хизмати давлатӣ равона гардидааст.
Дар анҷоми машғулияти идоравӣ саволҳо аз ҷониби кормандон ба намояндаи Агентӣ сурат гирифт.
Ҷаласаи мазкурро раиси Кумита доктори илми филологӣ – Муҳаммадҷонзода Олимҷон ҷамъбаст карда, кормандонро ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», аз ҷумла, поквиҷдониву шаффофкорӣ ва поктинатӣ дар фаъолияти ҳамарӯза даъват намуд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория:

Мулоқоти раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 23 Ноябр, 2021 - 20:00
Мулоқоти раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 23-юми ноябри соли 2021, соати 15:00 дар толори Кумита мулоқоти раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадҷонзода Олимҷон ва Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон оқои Муҳаммадтақии Собирӣ баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот тарафҳо ҷиҳати амалишавии Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар бахши забон ва истилоҳот, ки аз 10-уми сентябри соли 2014 ба имзо расидааст, изҳори ақида намуда, тасмим гирифтанд, ки минбаъда ҳамкориҳоро дар самти забон ва истилоҳот миёни ин ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг мустаҳкам намоянд.
Дар анҷоми мулоқот аз ҷониби тарафҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид, ки ин дар таҳкими ҳамкориҳои минбаъда хотирмон хоҳад монд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
3
Баҳои миёна: 3 (2 овоз)

ЗАБОН ВА ҶОМЕА: МУШКИЛОТИ НОМГУЗОРӢ ДАР МАРКАЗҲОИ САВДО

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 16 Август, 2021 - 09:55

 

 

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Нишасти матбуотии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 29 Июл, 2021 - 10:33
Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Семинари омӯзишӣ ҷиҳати назорати риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ва ташкилоту муассисаҳои он

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 2 Июл, 2021 - 19:06
Семинари омӯзишӣ ҷиҳати назорати риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ва ташкилоту муассисаҳои он

     Гурӯҳи кории Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раиси Кумита Муҳаммадҷонзода О. (роҳбари гурӯҳ), сардори шуъбаи танзими истилоҳот Зулфониён Р., сармутахассиси шуъбаи ташкилию ҳуқуқӣ Буриева Ш. (аъзои гурӯҳ) тибқи Нақшаи назоратӣ вазъи риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва иҷрои банди 22-и Нақшаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021»-ро (6.02.2021, №14) дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон, шуъбаи маориф, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ҶДММ «Осоишгоҳи Баҳористон» ва ҶСК Бонки «Эсхата», ҶСП «Ташкилоти амонатии қарзии хурди «Имон интернешнл», коллеҷҳои техникии ғайридавлатӣ ва инноватсионии ғайридавлатии шаҳри Хуҷанд аз 21-ум то 26-уми июни соли 2021 мавриди назорат ва таҳлил қарор дод.
     Ҳамзамон, Кумита 24-уми июни соли 2021, соати 11:00 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон аз натиҷаи назорат ва таҳлили риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва татбиқи банди Нақша бо иштироки сардори шуъбаи танзими истилоҳот ва сармутахассиси шуъбаи ташкилию ҳуқуқии Кумита, муовини раиси шаҳри Гулистон ва кормандони он, раисон, муовинон ва котибони ҷамоатҳо, Коллеҷи тиббӣ, мудири шуъбаи маориф ва кормандони он, мудирони боғчаҳо, директорони муассисаҳои таълимӣ, ҷонишинҳо, омӯзгорони муассисаҳо, соҳибкорон, намояндагони Беморхонаи марказӣ, шуғли аҳолӣ, нозироти андоз, маркази таъмини бехатарии озуқаворӣ, воситаҳои ахбори омма (ҳамагӣ 70 нафар) семинари омӯзишӣ баргузор намуд.
     Дар оғоз муовини раиси шаҳри Гулистон Оқилзода Ғ. ҳамаи иштирокдоронро ба семинари омӯзишӣ хайра мақдам намуда, намояндагони Кумитаро ба ҳозирин муаррифӣ кард ва оид ба муҳтавои рӯзномаи семинар маълумот дод. Баъдан барои гузориш суханро ба сардори шуъбаи танзими истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфониён Р. дод. Аъзои гурӯҳи корӣ баён намуд, ки тибқи нақша дар муҳлати кутоҳ вазъи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар баъзе аз корхонаю муассисаҳои шаҳри Гулистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
     Таҳлилҳо нишон дод, ки бо вуҷуди қаноатбахш будани масъалаи коргузорӣ дар ташкилоту муассисаҳои шаҳри Гулистон баъзе хатоҳои имлоӣ ва навишти ғайритоҷикӣ ба мушоҳида расид, ки гурӯҳи корӣ барои бартараф намудани камбудиҳои зикршуда тавсияҳои худро пешниҳод намуд. Инчунин, дар рафти таҳлил санҷиши саводи имлоии кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва шуъбаи маорифи шаҳри Гулистон санҷида шуд.
     Сипас, сухан ба сармутахассиси шуъбаи ташкилию ҳуқуқӣ Буриева Ш. дода шуд, ки фикру мулоҳизаҳои худро аз рафти назорати риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ва ташкилоту муассисаҳои он баён намуда, қайд карданд, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои дар гузориш дарҷгардида дар муҳлати муқарраргардида ба Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал ирсол намоянд.
     Семинари омӯзиширо муовини раиси шаҳри Гулистон – Оқилзода Ғ. ҷамъбаст намуда, бовар кунонданд, ки камбудию норасоиҳо дар муҳлати кутоҳ бартараф хоҳад шуд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
3
Баҳои миёна: 3 (2 овоз)

Таҳкими сулҳу субот – омили ҳастии миллат (вобаста ба филми ҳуҷҷатии «Хиёнат»)

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 9 Октябр, 2020 - 14:53
Таҳкими сулҳу субот – омили ҳастии миллат  (вобаста ба филми ҳуҷҷатии «Хиёнат»)

    Имрӯз 9-уми октябри соли 2020, соати 09:00 дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Таҳкими сулҳу субот – омили ҳастии миллат» вобаста ба филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» баргузор гардид, ки дар он раиси Кумита, муовини раис, сардорон, мудирон ва кормандони Кумита иштирок намуданд.
Дар оғоз раиси Кумита тамоми иштирокдоронро ба мизи мудаввар хайра мақдам намуда, оид ба мазмуну муҳтавои филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» маълумот дода, аз ҷумла баён намуданд, ки филми мустанади «Хиёнат», ки тавассути шабакаҳои телевизионии кишвар намоиш дода шуд, дар асоси далелҳои раднашаванда, шоҳидии иштирокчиёни ҳодисаҳо ва маълумоти бойгонӣ омода карда шудааст ва ҳамагон аз муҳтавои ин филм огоҳ гаштанд.
     Дар замони муосир гиромӣ доштани ваҳдату ягонагӣ беш аз пеш авлавият дорад. Насли ҷавон бояд аз таърихи кишвари азизамон бохабар бошанд, бахусус, аз бесарусомониҳои солҳои ҷанги шаҳрвандӣ огоҳ шаванду зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Ҳар як фарди ватандӯстро мебояд, ки ба қадри сулҳу субот дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳуқуқбунёд расид ва нагузорад, ки ягон ҳизб, ҳаракат ё равияҳои гуногун озодиву ваҳдати моро халалдор созанд.
     Маҳз талошу заҳматҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишвар ба рӯзҳои нек, зиндагии осуда, созандагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ расид. Албатта, ин кори саҳлу осон набуд. Шахсони ватандӯст, бонангу номус ва сарсупурдагони ватан ба хотири осудагии миллат кӯшиданд ва дар натиҷа ба он ноил гардиданд.
Пас аз намоиши филми мазкур тамошобинро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи доми хоинони ватанбезор нашаванд ва ба ҳимояи давлату миллат, ободу зебо ва бунёд намудани ватани худ ҷаҳду талош намояд.
     Баъдан мудирони бахши экспертизаи забоншиносӣ, умумӣ ва хадамоти кадрӣ ва мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилию ҳуқуқии Кумита маърӯзаҳои худро қироат намуданд. Дар охир суҳбати озод сурат гирифта, саволҳои муҳим баррасӣ шуданд.
Мизи мудавварро раиси Кумита доктори илми филология – Муҳаммадҷонзода Олимҷон ҷамъбаст карда, ба ҳамаи ҳозирин ва дар маҷмӯъ Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу салоҳ ва оромиву осудагиро орзу кард.


     Шунидани суруди миллӣ анҷомбахши мизи мудаввар гардид.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Бознигарии лоиҳаи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 14 Август, 2020 - 15:55
Бознигарии лоиҳаи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»

Бознигарии лоиҳаи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» дар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-уми августи соли 2020, №26/10-248 ҷиҳати иҷрои банди 8-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо намояндагони аҳли зиё, маориф, илм, адаб ва фарҳанг ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 октябри соли 2019 баён доштанд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Гузориш аз натиҷаи ҷаласаи ташкилоти ибтидоии «Пажӯҳиш»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 13 Август, 2020 - 14:33

Ташкилоти ибтидоии «Пажӯҳиш»-и Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳадафҳои ҳизбро ҷонибдорӣ ва дастгирӣ намуда, бо саҳмгузорӣ барои рушди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дар асоси барқияи электронии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур аз 11-уми августи соли 2020, №3 13-уми августи соли 2020 ҷаласаи ташкилоти ибтидоии «Пажӯҳиш»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро бо иштироки роҳбарият, сардорони шуъбаҳо, мудирони бахшҳо, кормандон аъзоёни ҳизб ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур Зулфиқор Гулаҳмадзода баргузор намуд.

Дар ҷаласаи мазкур раиси Кумита Олимҷон Муҳаммадҷонзода ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демокротии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур Зулфиқор Гулаҳмадзода суханронӣ намуданд.
Дар анҷом барои иштирок дар конференсияи ХXXI ташкилотҳои ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур вакилон аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод шуданд.

ш. Душанбе

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Баргузории мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 6 Август, 2020 - 10:35
Баргузории мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат»

   Имрӯз 6-уми августи соли 2020, соати 09:00 дар толори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» баргузор гардид, ки дар он раиси Кумита, муовини раис, сардорон, мудирон, кормандони Кумита ва намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.


   Дар замони муосир ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим, махсусан намуди шоҳмот ҷалб намудани қишрҳои гуногуни ҷомеа аҳамияти муҳим дошта, бозии шоҳмот барои рушди зеҳнии наврасону ҷавонон ва калонсолон мусоидат менамояд. Дар баробари рушди зеҳнии инсон ҳамзамон, бозии шоҳмот бозии адаб ва ахлоқ маҳсуб меёбад, ки ин бозӣ дар инсон хислатҳои накуро, аз қабили инсондӯстӣ, дурбинӣ, накукорӣ, воқеанигорӣ, танзими ҳаёти ҳаррӯза, мустақилона фикр рондан ва масъулиятшиносиро тавлид менамояд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Чаро баъзе аз кормандони САҲШ муқаррароти қонунро риоя намекунанд?

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 4 Июн, 2020 - 11:23
Раҳим ЗУЛФОНИЁН, сардори шуъбаи танзими истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вақти он расидааст, ки дар навиштани ному насаб аз имкониятҳои забони тоҷикӣ ва низоми таърихан ташаккулёфтаи миллӣ истифода барем. Татбиқи оқилона ва санҷидаи ин сиёсат ба эҳё ва тақвияти асолати миллӣ мусоидати матлуб хоҳад намуд.
Эмомалӣ РАҲМОН

Бисту нуҳуми апрели соли 2020 дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум вакилон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»-ро қабул карданд.

     Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ», ки аз 27-уми июли соли 2016 ба тасвиб расидааст, барои эҳёи арзишҳои маънавӣ ва сарватҳои бебаҳои таъриху фарҳанги миллӣ тавассути забони миллӣ, инчунин, номгузории суннатии тоҷикӣ мусоидат намуд. Лозим ба ёдоварист, ки ин масъала ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Боиси хушбахтист, ки  баъди ба тасвиб расидани қарори мазкур   шаҳрвандон дар интихоби номи кӯдакон ба ғалат роҳ надода, тибқи феҳрист ва талаботи қарор ном мегузоранд. Мутаассифона, то кунун  падару модароне низ ҳастанд, ки ба фарзандони навзод номҳои бегона мемонанд. Бо таъсири бегонапарастӣ ба ҷойи номҳои миллӣ номҳое чун Асмоа, Рамина, Осинот, Бинёмин, Муҳаммадсудайс, Абуҳурайра, Манисса, Ясмина, Элиф, Эмир, Адам, Асия, Элмира, Азалия интихоб мешаванд.
Вақти он расидааст, ки номи падар ва насаби кӯдак  дар асоси  талаботи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ сабт карда шавад. Баъзеҳо даъво доранд, ки дар вақти тақсими мерос номи шаҳрванд ҳарф ба ҳарф бояд мутобиқат кунад, вале дар ин ҳолат ба риоя накардани моддаи 74-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» роҳ медиҳем. Эътироф бояд кард, ки то кунун  аз ҷониби ягон масъули САҲШ ба ин масъалаҳо таваҷҷуҳ зоҳир нагардидааст.
Дар варақаҳои сабти асноди таваллуд баъзе ном ва насабу номи падарии кӯдакон (шаҳрвандон) хилофи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ сабт гардидаанд. Барои мисол, ному насаб, аз қабили Умарали, Руё, Дарина Беҳруз, Шерали, Эсмира, Муддасир, Асия, Джалолов Али Исмоилджонович, Гусейнов Табрис Фурқатович,  Фозылов Ромозон,  Голибҷонова Рахила Ғолибҷоновна, Умарали Мралиевич аз ҳамон ҷумлаанд.
     Ҳоло ҳуҷҷати тасдиқкунандаи наве лозим аст, ки  ҳуҷҷатҳои собиқан пур аз ғалати  насабнигориро ифшо ва ислоҳ намояд. Ҳолатҳое ба мушоҳида мерасанд, ки насаб ва номи падарии кӯдак тибқи талаботи моддаи 74-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ислоҳ нашуда, талаботи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ба назар гирифта намешаванд. Аз ҷумла, насаб ё номи падарии кӯдакони навзод ҳангоми пур кардани  варақаи сабти асноди таваллуд, ивази ному насаб ва ё барқароркунии  ному насаби кӯдакони беҳуҷҷати сабти асноди таваллуднадошта (бе шаҳодатномаи таваллуд) бо ҳамон ғалатҳои насабу номи падарии кӯдакон пур карда мешаванд.
Мушкилоти дигар он аст, ки шаҳрвандон бо дарназардошти  аъзои зиёди хонавода аз боҷи давлатӣ нигаронӣ мекунанд.  Дар робита бояд дар  масъалаи бекор кардан ё  кам кардани боҷи давлатӣ тадбирандешӣ намоянд.
Дар варақаҳои сабти асноди таваллуд, ки бисёр ному насаб хилофи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ (ҳатто бо навиштаҷоти дорои ҳуруфоти Ц, Щ, Ы, Ь) сабт мегарданд. Мисолҳои зиёдеро бо навишти ғайримеъёрӣ, аз қабили Шералиев Умарали Миралиевич, Яҳьёева Салима Ҷовидовна, Шарипова Марьям Фирузовна, Батырова Нурана  Шуҳратовна, Давлятова Сафия Шодмоновна ва ғайра дучор омадан мумкин аст.
     Кормандони САҲШ-и шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бояд донандаи хуби забони давлатӣ бошанд, вагарна насабнигори миллие, ки баъзе аз онҳо  «сохтаанд», истеҳзоомез аст. Барои мисол, Абдужабарзода, Бобоӣ, Тағоӣ, Қурбонӣ, Холӣ, Абдурахмонзода, Саторзода, Шарипӣ, Латипзода, Ахмедзода, Мамадзода, Маметзода, Сайвализода.
Дар маҷмӯъ, бо мақсади иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми ноябри соли 2019 таҳти №26/10-318 ҷиҳати татбиқи «Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон», ки зимни мулоқот бо намояндагони аҳли зиё, маориф, илм, адаб ва фарҳанг ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми октябри соли 2019 баён доштанд, масъулин бояд бетаъхир тадбирандешӣ намоянд.

Раҳим ЗУЛФОНИЁН,
сардори шуъбаи танзими истилоҳоти
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Таблиғот оид ба пешгирии коронавирус (COVID-2019)

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 3 Май, 2020 - 17:51
COVID-2019 Тоҷикистон

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои барқияи ҳукуматӣ аз 1-уми майи соли 2020, №24/10-19 оид ба чораҳои зиддиэпидемикӣ доир ба пешгирии бемории сироятии нави коронавирус (COVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом додани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули хона ба хона дар маҳаллаи Бадахшон-1 ва Бадахшон-2 аз 2-юм то 6-уми майи соли 2020 гурӯҳҳои кории Кумита таъсис дода шуд, ки ҷиҳати пешгирии бемории сирояти нави коронавирус (COVID-19) аз усули хона ба хона истифода намуда, бо аҳолии маҳаллаи Бадахшон-1 ва Бадахшон-2 суҳбату вохӯриҳо доир намуда, корњои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд ва моҳияти супориши мазкурро ба саҳми онҳо расониданд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Ҷаласаи Ҳайати мушовараи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 15 Апрел, 2020 - 15:39
       Мувофиқи қарори ҳайати мушовараи Кумиати забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои бахши илмҳои забоншиносии Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳоти Кумита, ки дар гурӯҳи кории номҳои ҷуғрофӣ ва Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ фаъолияти пурсамар нишон доданд, инчунин, барои фаъолияти пурсамари кормандони Кумита дар роҳи татбиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба мукофотҳои соҳавии «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Ифтихорномаи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуданд.
       Аз ҷумла, Офаридаев Назрӣ – профессор, доктори илмҳои филология, Бобохонов Бобоназар – ходими калони илмӣ, Мирбобоев Азиз – номзади илмҳои филология, Тӯраев Бурҳониддин – дотсент, номзади илмҳои филология бо мукофоти «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуда, бо мукофоти «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» кормандони зерини Кумита мукофотонида шуданд:
1.    Сангов Ғулом - Мудири бахши умумӣ ва кадрҳо
2.    Фарҳодова Сарвбону - Сармутахассиси шуъбаи танзими истилоҳот
3.    Умарова Шаҳноза - Сармутахассиси шуъбаи ташкилию ҳуқуқӣ
4.    Зайдуллои Абдулло - Сармутахассиси бахши экспертизаи забоншиносӣ
5.    Мирзоева Мунира - Мутахассиси пешбари бахши экспертизаи забоншиносӣ
6.    Абророва Соҳира - Сармутахассиси шуъбаи танзими истилоҳот.
       Ҳамчунин, аз кормандони Кумита Мухамедов Суҳроб – мудири бахши молия ва хоҷагидорӣ ва Мавлонова Миҷгона – котиби раис ба мукофоти «Ифтихорномаи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 21.04.2020

Рӯзнома

1.    Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2020 (Гузориши сардори шуъбаи танзими истилоҳот Зулфониён Р.);
2.    Масъалаҳои ҷорӣ:
2.1. Баррасӣ ва тасдиқи лоиҳаи Низомномаи маҷаллаи Кумита (гузориши сармутахассиси шуъбаи ташкилию ҳуқуқӣ Буриева Ш.);
2.2. Баррасӣ ва тасдиқи истилоҳҳои «қурама», «қуроқ».
2.3. Сарфароз намудани аъзои гурӯҳи кории Кумита бо мукофотҳои соҳавӣ.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Вохӯрии кормандон ва аъзоёни Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Пажӯҳиш»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистони Кумита бо номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот Матробиён С. Қ.

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 26 Феврал, 2020 - 15:00
Вохӯрии кормандон ва аъзоёни Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Пажӯҳиш»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистони Кумита бо номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот Матробиён С. Қ.

       Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 26-уми феврали соли 2020 дар толори Кумита вохӯрии кормандон ва аъзоёни Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Пажӯҳиш»-ро бо номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот Матробиён Саодатшо Қосимзода баргузор намуд.
        Дар ҷаласаи мазкур раиси Кумита О. Муҳаммадҷонзода раиси Ташкилоти ибтидоии «Пажӯҳиш», кормандон ва аъзоёни ташкилоти мазкур иштирок доштанд. Ташкилоти ибтидоии «Пажӯҳиш» баҳри татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи татбиқи ҳадафҳои ҳизб ҷонибдорӣ ва дастгирӣ намуда, барои рушди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона саҳмгузорӣ менамояд.
        Ташкилоти ибтидоии «Пажӯҳиш» фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, Оиннома ва Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба роҳ монда, баҳри татбиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб саъю талош намуда, тамоми имкониятҳои худро барои беҳбудии фаъолияти оянда истифода мебарад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Нақшаи санҷишии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 3 Феврал, 2020 - 11:19

Нақшаи санҷишии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси банди 27-и моддаи 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» вобаста ба назорати риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои соли 2020

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория:

Дастовардҳои Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба сиёсати забони давлатӣ дар даврони Истиқлолият

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 29 Январ, 2020 - 18:57

     Мо мардуми Тоҷикистон дар бисту панҷ соли даврони Истиқлолияти давлатии кишварамон шоҳиди дигаргуниҳои бузург ва бесобиқа дар татбиқи сиёсати Президент, давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забон, ба хусус забони давлатӣ мебошем. Бояд тазаккур дод, ки пешоҳанг ва ташаббускори ин ҳама иқдомоти наҷиб дар робита ба сиёсати забони давлатӣ ва забони миллии кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Нахустдастоварди замони Истиқлолият ин аз ҷониби Президенти муҳтарами кишвар ҳамчун омили асосии ҳамбастагии миллатҳо ва халқиятҳо эътироф шудани забони тоҷикӣ ва дар моддаи дувуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тариқи раъйпурсии умумихалқӣ соли 1994 қабул гардида буд, муқаррар шудани чунин меъёр мебошад:
«Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст.
Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад.
Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳақ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд».

     Бо дарназардошти татбиқи босамари Қонуни забон ва риояи меъёрҳои забони адабӣ Сарвари давлат дар суханронии хеш ба муносибати Рӯзи забон ҳанӯз 22-юми июли соли 1996 масъалаи таҳия ва тасвиби Қоидаҳои имлои забони тоҷикиро аз масъалаҳои хеле муҳим арзёбӣ ва таъкид намуда буданд. Таъкиди ин масъала аз ҷониби Президенти маҳбуби кишвар бар пояи мантиқи илмӣ устувор гардида, дар ҳоли қабули Қонуни забон дар соли 1989, ҳамзамон, зарурати таҳияи Қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ пеш омада буд ва имлои соли 1972 ҷавобгӯйи ҳама хусусиятҳои забони меъёр ва марҳилаи кунунии рушди забони точикӣ буда наметавонист. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3-юми сентябри соли 1998 Имлои забони тоҷикӣ дар таҳрири нав тасдиқ карда шуд.

     Пешвои миллат ва давлати тоҷикон дар суханрониҳо ва паёмҳои хеш ҳамеша бо пайгирӣ аз сиёсати ягона ва бар пояи илмӣ устувор гардондани забони тоҷикӣ дар баробари забони давлатӣ ва миллӣ дар замони муосири робитаҳои Тоҷикистон бо кишварҳои дигари дуру наздик омӯзиши забонҳои хориҷӣ, ба вижа забонҳои русӣ ва англисиро аз ҳадафҳои асосии давлату Ҳукумати Тоҷикистон маънӣ мекунад. Ба хотири омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар соли 2003 Фармони Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расида, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давалатии ташкил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои солҳои 2004-2014» таҳия ва қабул гардид. Сиёсати донистани чандин забон, ки имрӯз аз ҷониби Сарвари давлати мо аз тамоми ҷавонон ва кормандони мақомоти идораи давлатӣ тақозо мешавад, барои рушди солими шахсият ва ҷомеа ва дастрасии ҳар як фард ба иттилооти ҷаҳонӣ дар замони муосир аз падидаҳои хеле мусбат арзёбӣ мегардад. Оид ба масъалаҳои омӯзиши забонҳо дар партави ин сиёсат мо дастовардҳои хуберо дар кишвари хеш мушоҳида мекунем. Ҳоло сафи ҷавононе, ки ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла, забонҳои шарқӣ ва ғарбӣ талош меварзанд, аз даврони қабл аз Истиқлолият ба маротиб бештар буда, дар ҷумҳурӣ барои омӯзиши ин забонҳо имконоти фаровон фароҳам оварда шудааст, ки ин ҳама аз баракати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати миллии Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
     Як нуктаи бисёр ҷолибе, ки дар Суханронии Сарвари давлат ба муносибати Рӯзи забон (22-юми июли соли 2008) таъкид мешавад ин омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар заминаи забони тоҷикӣ, - забони давлатӣ дониста мешавад. Ин ҳидояти Президенти муҳтарами кишвар водор месозад, то забонҳои хориҷӣ на дар заминаи забони бегона, ки он низ забони хориҷӣ маҳсуб мешавад, балки бояд бар пояи меъёрҳои забони модарӣ ва риояи вижагиҳои он омӯхта шавад. Ин шеваи омӯзиш барои робитаҳои озоди мо бо кишварҳои ҷаҳон ва арҷ гузоштан ба забони давлатӣ дар баробари забонҳои дигар равиши мусбат арзёбӣ мегардад.
     Дар моддаи 4-и Қонуни мазкур дар мавриди забонҳои дигар чунин омадааст:
1. Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, ба истифодаи озоди забони модариашон ҳуқуқ доранд.
2. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳимоя ва инкишофи забонҳои бадахшонӣ (помирӣ) ва забони яғнобӣ шароит фароҳам меорад.
Бояд тазаккур дод, ки Кумита дар фаъолияти худ баҳри татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои риояи муқаррароти санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ вобаста ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, аз ҷумла, Аҳдномаи байналмилалии ҳуқуқи гражданӣ ва сиёсӣ, Санади машварати Копенгаген, Тавсияҳои Гаага дар бораи ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ ба таҳсилот, Тавсияҳои Осло дар бораи ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ ва ғайраҳо дар иртибот ба забон мунтазам тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Кумита бо Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар самти татбиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши забонҳо ҳамкории густурдаро ба роҳ мондааст. Соли 2011 дар Кумита ду мулоқот бо намояндагии дафтари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон, аз ҷумла, мулоқоти ҷудогона бо Комиссари Олии ин Созмон оид ба масъалаҳои ақаллиятҳои миллӣ ҷаноби Кнут Воллебек баргузор гардид, ки ин мулоқотҳо ба масъалаҳои тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида шуда буд.
Ҳамасола дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ 21-уми феврал мизҳои мудаввар, вохӯриҳо ва семинарҳо бо иштироки доираи васеи муҳаққиқон, намояндагони ҷамъиятҳои ақаллиятҳои миллии сокини Тоҷикистон, намояндагони забонҳои бадахшонӣ (помирӣ) ва яғнобӣ баргузор менамояд.

     Эҳтироми бепоён ба забони миллӣ дар ҳама суханрониҳо ва паёмҳои табрикотии Президенти кишвар ба муносибати Рӯзи забон баён гардидааст, ки ин ҳама далели арҷгузорӣ ба забони модарӣ - ин ганҷи бебаҳои меросу фарҳанги миллӣ дониста мешавад.     Президенти кишвар дар Паёми табрикотии хеш ба муносибати шонздаҳумин солгарди Рӯзи забон 22-юми июли соли 2005 волоияти мақоми забон ва поку бегазанд нигоҳ доштани онро аз далелҳои ифтихори миллӣ ва Ватану ватандорӣ дониста, забони тоҷикиро аз олитарин муқаддасоти миллӣ эълон дошт, ки ин волотарин арҷгузорӣ ба забони миллӣ ва миллати хеш аст. Фармони Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 26-уми соли 2007 дар бораи Соли забони тоҷикӣ эълон гардидани соли 2008 далели дигари эҳтирому бузургдошти забони модарӣ дар даврони Истиқлолият мебошад.

     Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 5-уми октябри соли 2009, №553 аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расида, дар асоси Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми октбяри соли 2009, №11 ҷиҳати иҷрои муқаррароти Қонуни мазкур ба мақомоти марбута дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Иҷрои ин Протокол аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти назорати доимӣ қарор дорад. Мутобиқи қисми 4-и моддаи 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин, шахсони ҳуқуқӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ вазифадоранд барои омӯхтани забони давлатӣ ва такмили забондонии кормандон шароит фароҳам оранд. Ин масъала ба банди 13-и Нақшаи чорабиниҳои Барномаи рушди забони давлатӣ ворид карда шуд. Қобили тазаккур аст, ки то имрӯз дар аксарияти ташкилоту муассисаҳо барои ташкили давраҳои бозомӯзии забони давлатӣ тадбирҳои мушаххас андешида шуданд.

     Забон аслан ҳастии миллат ва нишони давлатдории миллист ва аз ин ҷост, ки ба ғамхориву пуштибонии доимии давлат эҳтиёҷ дорад. Бинобар ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳоеро амалӣ намуд, ки барои рушди инкишофи мақоми забони давлатӣ равона мешаванд. Барои амалӣ намудани сиёсати забони давлатӣ дар ҷумҳурӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур шуморид, ки ниҳоди нав таъсис диҳад. Аз ин рӯ, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми октябри соли 2009, №604 таъсис ёфтааст.

     Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» 4-уми октябри соли 2011, №458 қабул шуд. Мутобиқи қисми 6-и моддаи 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳангоми истифодаи забони давлатӣ риояи муқаррароти қоидаҳои имлои забони адабӣ ҳатмӣ мебошад. Воқеияти таҳияи чунин як имлои ҷавобгӯ ба меъёрҳои забони тоҷикӣ дар номаи табрикотии Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 22-юми июли соли 2003 ба муносибати Рӯзи забон таъкид гардида буд. Ин дастури бисёр муҳим ва ҳидояти Сарвари давлат дар иртибот ба таҳия ва пешниҳоди қоидаҳои имлои фарогири меъёрҳои забони адабӣ пас аз таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардид. Бо пайгирӣ аз татбиқи ин ҳадафи муҳим, барои таҳияи лоиҳаи нав дар асоси фармоиши раиси Кумита аз 8-уми январи соли 2010, №21 дар ҳайати забоншиносон Д. Саймиддинов (раис), С. Назарзода, Б. Камолиддинов, Ҳ. Маҷидов, Ғ. Ҷӯраев, Ш. Исмоилов, М. Султонов, Ф. Зикриёев, О. Маҳмадҷонов, Ш. Кабиров ва К. Донаева (котиб) гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Лоиҳа пас аз баррасии ниҳоӣ аз ҷониби гурӯҳи корӣ бо дарназардошти хулосаи вазоратҳо ва кумитаҳои марбута ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 4-уми октябри соли 2011, №458 тасдиқ карда шуд.

     Тадбири бисёр муҳими дигар дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар бораи забон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ин таҳия ва қабули “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016” мебошад, ки он 30-юми июни соли 2012, №335 ба тасвиб расидааст. Мутобиқи банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2012, №335 «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016” Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсози татбиқи Барномаи мазкур муқаррар гардидааст. Зарурати таҳия ва қабули Барномаи мукаммалеро, ки бояд дурнамои воқеии рушди забони давлатиро дар шароити соҳибистиқлолӣ инъикос намояд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ 5-уми октябри соли 2010 таъкид намуда, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои таҳияи ин Барнома муваззаф сохта буданд. Бояд қайд намуд, ки Барномаи мазкур бар пояи таҳлилҳои дақиқи илмӣ бо дарназардошти дурнамои рушди забони давлатӣ таҳия гардида, дар он роҳҳо ва воситаҳои ташаккули забони миллӣ мутобиқи сиёсати давлатӣ дар бораи забон муқаррар гардидааст. Дар нимаи дуюми соли 2012 марҳилаи нахустини татбиқи «Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июни соли 2012, №335 тасдиқ шудааст, оғоз гардид. Ҳамзамон, Кумитаи забон ва истилоҳот ҳамчун ҳамоҳангсози Барномаи рушди забони давлатӣ ҳолати татбиқи Барномаро аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои дахлдор мавриди таҳлил қарор медиҳад. Мутобиқи қарори мазкур вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо ҳар сол на дертар аз 1-уми март аз вазъи иҷрои Барнома ба Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши иҷроиши ҳарсолаи онро пешниҳод менамоянд.
     Қобили зикр аст, ки мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки (4-уми октябри соли 2012) бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо, аҳли илму фарҳанг ва намояндагони насли ҷавони кишвар сурат гирифт, чорабинии муҳимтарини соли 2012 дар самти ҳимоя ва рушду такомули забони давлатӣ маҳсуб гардид. Дар мулоқот Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо маърӯзаи пурмуҳтаво суханронӣ ва дурнамои густариши забони давлатиро муайян намуд.
Боиси хурсандист, ки бо дастури Президенти кишвар зимни мулоқот ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ (4-уми октябри соли 2012) масъалаи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зери назорати шахсии роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қарор дода шуд. Ин иқдом, бешубҳа, барои татбиқи самарабахш ва устувори Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016 мусоидат хоҳад намуд.
     Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14-уми июни соли 2013, №АП2268 аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби олимони забоншинос Кумита Фарҳанги имлои забони тоҷикиро дар 20 ҷузъи чопӣ (320 саҳифа) таҳия ва барои чоп омода намуда, бо дарназардошти ниёзи ҷомеа ба ин фарҳанг нашри нахустини онро ба теъдоди 15 000 (понздаҳ ҳазор) нусха ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи нома аз 3-юми майи соли 2013, №1-2/112 пешниҳод намуд, ки он китоби рӯимизии кормандони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои кишвар гардидаанд.
Таҳия, танзим ва ҳамгунсозии истилоҳот яке аз масъалаҳои муҳим дар роҳи рушди забони давлатӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, Кумита бо мақсади татбиқи тадбирҳои муассир барои ташаккули забони тоҷикӣ ҳамчун забони илм ва танзими истилоҳот дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа бо қарори Ҳайати мушовара аз 28-уми марти соли 2011, №3/1 аз зумраи олимону муҳаққиқони соҳаҳои мухталиф Шӯрои ҷумҳуриявии ҳамгунсозии истилоҳотро таъсис додааст, ки он аз 3 гурӯҳ ва 20 бахш иборат аст.
Ҳоло дар ҳайати Шӯро (бо намояндагӣ аз вазорату идораҳо, мактабҳои олӣ ва пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ) зиёда аз 100 нафар муҳаққиқон фаъолият доранд.
     То имрӯз кори Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳот муназзам ба роҳ монда шудааст. Дар ҳамкорӣ бо ҳайати Шӯрои мазкур Кумита дар давоми фаъолияти худ беш аз 40 фарҳангномаҳои марбут ба истилоҳоти соҳавиро мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода, хулосаи Кумитаро пешниҳод намудааст. Фарҳангномаҳо бештар дар соҳаҳои тиб ва дорусозӣ, сиёсатшиносӣ, кишоварзӣ, техникӣ, иқтисодиёт, сохтмон ва меъморӣ, биологӣ, нассоҷӣ, педагогӣ, нақлиёт, коргузорӣ ва дигар соҳаҳои тахассусӣ таҳия гардида, дузабона (русӣ-тоҷикӣ) ва сезабона (тоҷикӣ –англисӣ-русӣ) мебошанд.
     Дар тӯли 6 соли фаъолияти худ Кумитаи навтаъсис бештар аз 100 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, даҳҳо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, низомномаҳо, консепсияҳо, созишномаҳо, маълумотномаву ойиннома ва барномаву тавсияномаҳо, 40 Луғатнома, теъдоди зиёди санад, парвандаҳои судӣ, таъиноти судӣ, мақола, нақша, барчаспҳои маводи хурокворӣ ва номгузориҳои ташкилоту муассисаҳоро мавриди экспертизаи забоншиносӣ қарор дода истилоҳоти онро коркарду мувофиқа намудааст.
     Боиси ифтихори миллати тоҷик аст, ки барои арҷгузорӣ ба ин муқаддасот соли 2009 5-уми октябр Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Феҳристи ҷашнҳои миллӣ ворид гардида, ҳамасола Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5-уми октябр ҳамчун рамзи худшиносию худогоҳӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанг ва ҳувияти миллӣ дар саросари кишвар ҷашн гирифта мешавад.
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ба ифтихори ин ҷашни муқаддас мизи мудаввар ва конференсияҳои ҷумҳуриявии илмӣ-амалиро бо иштироки намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, пажуҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва воситаҳои ахбори омма баргузор менамояд, ки то имрӯз Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ таҳти унвони «Истиқлолият ва сиёсати давлатӣ дар бораи забон» (2010), мизи мудаввар таҳти унвони «Тоҷикистон – Қазоқистон: Истиқлолият ва рушди забони давлатӣ»(2011), мизи мудаввар таҳти унвони «Барномаи стратегии рушди забони давлатӣ ва сиёсати давлатӣ дар бораи забон» (2011), Конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Забони давлатӣ ва танзими истилоҳот» (18-уми сентябри соли 2012), Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ таҳти унвони «Танзим ва корбурди истилоҳот дар забони давлатӣ» (1-уми октябри соли 2013), мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ (21-уми феврали соли 2014), мизи мудаввар ба ифтихори Ҷашни байналмилалии Наврӯз (18-уми марти соли 2014), конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони «Масоили вожагузинӣ ва истилоҳоти забони форсӣ-тоҷикӣ» (2015) бо иштироки муҳаққиқону донишмандони кишвар ва намояндагони Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, конференсияи ҷумҳуриявии «Суннатҳои номгузорӣ ва номҳои ҷуғрофӣ» (2015) конференсияи илмию амалии байналмилалӣ таҳти унвони «Мақоми забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – забони тоҷикӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ» (2016) бо иштироки олимону донишмандони кишварҳои хориҷӣ (Ҳиндустон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Британияи Кабир, намояндагони сафоратхонаҳои Федератсияи Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон), конференсия илмию амалии ҷумҳуриявии «Истиқлолият ва сиёсати давлатӣ дар бораи забон» (2016) баргузор гардида, дар татбиқи сиёсати забони давлатӣ ҳамчун забони илм нақши арзанда гузоштааст.
 Соли 2017 бахшида ба ҷашни Рӯзи байналмилалии забони модарӣ 21-уми феврали соли 2017 мизи мудаввар таҳти унвони «Вазъи омӯзиши забони давлатӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии таҳсилашон ба забони ғайридавлатӣ» баргузор намуд.
 Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявиро таҳти унвони «Нақши забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ» (23-юми июни соли 2017), Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявиро таҳти унвони «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар ҳифзи асолати забон ва меъёрҳои он» бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 3-юми октябри соли 2017 баргузор намуд.
     Соли 2018 бахшида ба ҷашни Рӯзи байналмилалии забони модарӣ 21-уми феврали соли 2018 мизи мудаввар таҳти унвони «Нақши забони адабии тоҷикӣ ва ташакули он дар ниҳоди шаҳрвандон» баргузор намуд.
Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба 140-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, сардафтари адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ таҳти унвони “Саҳми устод Айнӣ дар ҳифзи асолати забони тоҷикӣ ва бузургдошти фарҳанги суннатӣ” (13-уми апрели соли 2018), Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявиро бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Муҳити корбурд ва инкишофи забонҳои бумии Тоҷикистон» (5-уми октябри соли 2018 ) баргузор намуд.
     Соли 2019 бахшида ба ҷашни Рӯзи байналмилалии забони модарӣ Кумита дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти рисолату мақоми таърихии забони миллии кишвар ва аҳамияти он дар ҳифзи асолати забони давлатӣ барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Забони модарӣ – мероси фарҳангии соҳибзабонон» (21-уми феврали соли 2019), Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи «Вазъи забони давлатӣ дар фаъолияти воситаҳои ахбори оммаи кишвар» бахшида ба таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ, «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва «10-солагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Конференсияи илмию амалии байналмилалиро таҳти унвони «Вазъи забони тоҷикӣ дар минтақаҳои тоҷикнишини Осиёи Марказӣ бо иштироки олимону донишмандони кишварҳои хориҷӣ (5-уми октябри соли 2019) баргузор намуд.
     Кумита бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор намуд, ки дар он кормандони Кумита аз хидматҳои шоистаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои халқу давлатӣ соҳибистиқлоламон маърӯзаҳо намуданд ва ҳамзамон, дар ин рӯз озмун бахшида ба 10-солагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти унвони «Забон – пояи миллат» аз рӯи шартҳои «Мақолаи илмӣ», «Мақолаи илми-омавӣ», «Иншои беҳтарин» ва «Шеъри беҳтарин дар васфи забони тоҷикӣ» ҷамъбаст гардида, довталабони озмуни мазкур бо диплом ва сипосномаҳои Кумита қадрдонӣ карда шуданд.
Ҳамзамон, Кумита 23-юми ноябри соли равон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор намуд. Чорабинии мазкур бо Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Сипас, роҳбарият дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан намуда, кормандон бо маърӯзаҳо доир ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуданд.


МАЪЛУМОТ ОИД БА ДАСТОВАРДҲОИ МИНБАЪДА ИЛОВАТАН ПЕШНИҲОД МЕГАРДАД...
Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

“Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ” таҳрир мешавад.

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 14 Январ, 2020 - 15:29
“Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ” таҳрир мешавад.

Санаи 14-уми январи соли 2020 дар толори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи кории байниидоравӣ бо намояндагони вазорату идораҳои дахлдор доир ба таҳияи лоиҳаи нави “Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ” корашро идома дод. Хотирнишон бояд намуд, ки ҷаласаи аввал дар моҳи декабри соли гузашта багузор шуда буд.  
Ҳадаф аз баргузории ҷаласаи мазкур ин баррасии “Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ” мебошад, ки дар таҳрири нав таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.
Ёдовар бояд шуд, ки доир ба ин масъала Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо намояндагони аҳли маориф, илм, фарҳанг ва адаб, ки рӯзи  4-уми ноябри соли 2019 баргузор гардид, ибрози андеша тамуда таъкид доштанд: “Бо такя ба суннатҳои арзишманди гузаштаи халқамон барои эҳё намудани номҳои қадимаи тоҷикӣ ва истифодаи саҳеҳ аз қолабҳои калимасозии миллӣ бо қарори Ҳукумати мамлакат “Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ” тасдиқ шуда, меъёрҳои интихоби номҳои миллӣ муқаррар карда шуданд”.
Ҳадаф аз таҳияи феҳрист эҳё кардани арзишҳои маънавӣ ва мероси бебаҳои таъриху фарҳанги миллӣ, инчунин, номгузории суннатии тоҷикӣ мебошад.
Феҳрист бо таваҷҷуҳ ба арзишҳои миллӣ ва фарҳанги номгузории ниёгони мо таҳия гардида, дар он ҳеҷ маҳдудият вуҷуд надорад.
Аммо дар ин самт аз ҷониби масъулони шаҳраку деҳот ва идораҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҳанӯз ҳам саҳлангориву бемасъулиятӣ ба чашм мерасад, яъне баъзеи онҳо то ҳол пойбанди равишу усули пешинаи номгузорӣ мебошанд.
Бояд гуфт, ки баъзе падару модарон ба ин масъалаи муҳим беэътиноӣ зоҳир карда, фарзандони худро бо номҳои дорои маънои коста ё номҳое, ки ба анъанаҳои номгузории миллии мо бегонаанд, номгузорӣ мекунанд.
Дар урфият “номи зебо ними ҳусн” гуфтаанд.
Дар хотир бояд дошт, ки асолати миллӣ доштани номи инсон омили нерӯмандӣ, ташаккули шахсият ва эҳсоси худогоҳиву хештаншиносии ӯ ба шумор меравад.
Хотирнишон месозам, ки бегонапарастӣ дар самти номгузорӣ наслҳои ояндаро аз асолати таърихӣ дур мекунад, худшиносӣ ва ҳувияти миллии онҳоро коҳиш медиҳад, ки ба ин раванд ҳаргиз роҳ додан мумкин нест.
Вазорати адлия ва Кумитаи забон ва истилоҳот вазифадор карда мешаванд, ки якҷоя бо сохтору мақомоти дахлдор ин масъаларо ба таври ҷиддӣ таҳти назорат қарор диҳанд ва доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳои зарурӣ ба асноди қонунгузорӣ пешниҳоди мушаххас таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат манзур намоянд”.
Аз ин рӯ, дар робита ба ҳамин дастуру супоришҳои Пешвои миллат гурӯҳи корӣ такроран таҳлили номҳои дар Феҳрист воридшударо мавриди таҳлил қарор дода, номҳои навэҷодро ба он илова мекунанд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Ҳисобот дар бораи фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 25 Декабр, 2019 - 15:19
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 фаъолияти пурсамари худро оид ба пешбурди сиёсати давлати дар бораи забон ва баҳри татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ», ҳамчунин, иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба роҳ мондааст, рӯзи 25-уми декабри соли равон ҷаласаи ҷамъбастиро баргузор намуд.

Ҷаласа бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Ҳайати мушовара, роҳбарият ва кормандони Кумита баргузор гардида, фаъолияти Кумита дар соли 2019 қаноатбахш ҳисобида шуд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Озмуни «Забон – пояи миллат» ҷамъбаст гардид

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 15 Ноябр, 2019 - 15:57
Озмуни «Забон – пояи миллат» ҷамъбаст гардид

     Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумита рӯзи 15-уми ноябр мизи мудаввар баргузор намуд, ки дар он Раиси Кумита, муовини раис ва кормандони Кумита Умарова Ш. ва Ятимзода М. бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво доир ба корнамоиҳову фаъолияти пурсамари Президенти кишвар дар рушди Тоҷикистон ва мақоми он дар арсаи байналмилалӣ, хусусан дар таҳкиму  инкишофи забони давлатӣ ва арҷгузорӣ ба забони миллӣ баромад карданд.
     Ҳамзамон, дар ин рӯзи фархунда ва муборак озмуни Кумита, ки бахшида ба 10-солагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти унвони «Забон – пояи миллат» эълон гардида буд, ҷамъбаст шуд.
     Комиссияи тадорукоти озмун ҷойҳои ишғолнамудаи довталабонро барои ҳозирин эълон дошта, ғолибонро бо Диплом ва Сипоснома қадрдонӣ намуд.
Аз рӯи шарти «Мақолаи илмӣ»:
- диплом ба узви вобастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Ҳасани Султон барои ишғоли ҷойи аввал бо мақолаи «Пешвои миллат ва пешрафти забони тоҷикӣ»;
- диплом ба Нуралиев Абдубосит Фазлиддинович барои ишғоли ҷойи дуюм бо мақолаи «Шоҳасаре, ки забонаш ба ҳама порсизабонон ошно аст»;
Аз рӯи шарти «Мақолаи илмӣ-оммавӣ»:
- диплом ба Садриддин Ҳасанзода барои ишғоли ҷойи аввал бо мақолаҳои «Хат – таърих…», «Озмоишгоҳи таърих», «Баҳс», «Чаро лотинӣ?», «Ҳомии забон кист?»;
 Аз рӯи шарти «Иншои беҳтарин»:
- диплом ба Байзоев Азим барои ишғоли ҷойи аввал ба иншо таҳти унвони «Як лаҳза дар фикри мо бошед! (Номаи Манижаи 7-сола ба падару модарон ва бобою бибиҳо)»;
Аз рӯи шарти «Шеъри беҳтарин»:
- диплом ба Рустами Ваҳҳоб барои ишғоли ҷойи аввал;
- диплом ба Нуриддин Амриддин барои ишғоли ҷойи дуюм;
Ҳамчунин, Сипосномаҳо ба шахсони зерин тақдим шуданд:
- Муҳаммадалӣ Саидмуродов - омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40-и ноҳияи Варзоб (барои мақолаи «Забон – пояи давлат»);
- Ҳакималӣ Назаралиев - омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-и деҳаи Ғуриёти шаҳри Ҳисор (барои мақолаи «Забони модарии ман»);
- Суяров Қурбон - омӯзгори фанни химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (барои мақола «Химия ё қимиё»).

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Нуриддини Амриддин - «Забони тоҷикӣ», «Ганҷи якто», «Забони модар»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 30 Август, 2019 - 11:19
Нуриддин Амриддин
Ба озмуни «Забон – пояи миллат»


Забони тоҷикӣ
Ай бақои ҷисму ҷони мо, забони тоҷикӣ,
Давлату ному нишони мо, забони тоҷикӣ.

Себи ширини Самарқандию қанди порсӣ
Шаҳд дар кому даҳони мо, забони тоҷикӣ.

Бо «Авасто», «Занд»-у «Позанд»-у бузургони Аҷам
Сад ҷаҳоне дар ҷаҳони мо забони тоҷикӣ.

Гаштаи болонишин дар минбару тахти баланд,
Офтоби осмони мо, забони тоҷикӣ.

Эътибори миллати моро ба дунё бурдаӣ,
Ифтихору шаъну шони мо, забони тоҷикӣ.

Шири поки модарӣ ҷо гашта дар шарёни мо,
Шираи кому забони мо, забони тоҷикӣ.

Тоҷике то ҳаст дар дунё, бимонӣ ҷовидон,
Ай шукуҳи ҷовидони мо, забони тоҷикӣ.

*****
Забони тоҷикӣ
То забони тоҷикӣ барҷост, тоҷик зинда аст,
То бувад як тоҷике лафзи дарӣ поянда аст.
Дар сари гаҳвора гӯяд алла то як модаре,
Лафзи гавҳарбори модар чашмаи зоянда аст.

Мешавад бо шири модар ҷой он дар мағзи ҷон,
Метаровад ҳамчу чашма аз лаби пиру ҷавон.
Ормони миллати моро ба дунё мебарад,
Парзанон аз лаб ба лабҳо, аз карон то бар карон.

Ҳар ҳиҷову ҳарфи онро моми тоҷик асрҳо
Кишт дар дилҳо ба мисли дони гандум мекунад.
Шираи ҷонбахшу пандомӯзи қанди порсӣ
Ҳамчу шаҳди ноб ширин коми мардум мекунад.

Дурру гавҳар мешавад ҳарфу каломи тоҷикӣ,
То ба олам мебарад назму низоми тоҷикӣ.
Рӯдакӣ афсунгарӣ бо шеъру девон мекунад,
Ифтихори тоҷикии мо ба номи тоҷикӣ.

Аз Халиҷи Форс то Ҳинду ба Чин алфози мо
Мебарад шеъру сухан, овозаю овози мо.
Номи тоҷикро ба гетӣ мебарад бо боли худ,
Мояи иқболу бахту шаҳпари парвози мо.

Ганҷи мову давлати мо, шуҳрату ному нишон,
Дар Самарқанду Бухоро, Балху Чочу Бомиён.
Дар Хуросони Бузургу дар Варорӯди куҳан
Ҳалқаи пайванд мегардад миёни тоҷикон.

*****
Ганҷи якто
Шаҳду қандӣ ба коми ҷони мо,
Як ҷаҳони ту дар ҷаҳони мо,
Давлату ганҷи ҷовидони мо,
Ай забони биҳиштии тоҷик!

Ёдгоре ту аз ниёгонӣ,
Лафзи ширини шеъру дастонӣ,
Дар сарири сухан ту султонӣ,
Ай забони биҳиштии тоҷик!

Порсиро ту дурри дарёӣ,
Ҳам дариро ту ганҷи яктоӣ,
Шӯҳра гашта ба рӯи дунёӣ,
Ай забони биҳиштии тоҷик!

Лафз не, баҳри ҳикмату пандӣ,
Ҳамчу модар азизу дилбандӣ,
Оламеро ба ҳам ту пайвандӣ,
Ай забони биҳиштии тоҷик!

Мазҳари номи мо, нишони мо,
Гулшани сабзи бехазони мо,
Ояи меҳр дар забони мо,
Ай забони биҳиштии тоҷик!

Шуҳрату ифтихори миллат ту,
Шаъну шону виқори миллат ту,
Рӯҳи поку мадори миллат ту,
Ай забони биҳиштии тоҷик!
Ай забони биҳиштии тоҷик!

*****
Забони модар
Сарчашмаи зиндагӣ забони Модар,
Ин лафзи гуҳаррези равони Модар.
Ҷо дар лабу ҷисму ҷони мо гардида
Ҳар ҳарфу ҳиҷои ҷовидони Модар.

Пайванди равони мо забони Модар,
Бар реша тавони мо забони Модар.
Дар олами пуртазоди пуршебу фароз
Аз умр нишони мо забони Модар.

Ин шева, ки атри мушку анбар дорад,
Шаҳду шакари забони Модар дорад.
Дар Ҳинду Хуросону Варорӯди куҳан
Сад шукр, барои хеш минбар дорад.

Чун шаҳду шакар лафзи дарӣ ширин аст,
Гулқанди каломи модарӣ ширин аст.
Бо ҳикмату панди Рӯдакӣ шуҳраи даҳр
Бо шираи шеъри Анварӣ ширин аст.

Як қитъаи гулфишон забони Модар,
Як хиттаи ҷовидон забони Модар.
Як олами шуҳрату нишони тоҷик,
Як парчами парфишон забони Модар.


Нуриддини Амриддин
шаҳри Ваҳдат
Баҳодиҳии муҳтаво: 
4
Баҳои миёна: 3.5 (2 овоз)

Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Вазъи забони давлатӣ дар фаъолияти воситаҳои ахбори оммаи кишвар», 20-уми июни соли 2019

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 25 Апрел, 2019 - 12:05

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 20-уми июни соли 2019 конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявиро бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ,
«Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва «10-солагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти унвони
«Вазъи забони давлатӣ дар фаъолияти воситаҳои ахбори оммаи кишвар» бо иштироки олимону донишмандон ва рӯзноманигорони кишвар ба нақша гирифтааст.
Дар конференсия масъалаҳои зерин баррасӣ мешаванд:
• Риояи талаботи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар рӯзномаю маҷаллаҳои даврӣ;
• Вазъи иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ВАО;
• Мушкилоти татбиқи меъёрҳои забони адабӣ дар ВАО;
• Тарғиб ва арҷгузорӣ ба забони давлатӣ.

Талаботи пешниҳоди маърӯзаҳо дар шакли мақола
Матнҳои ирсолшуда бояд таҳрир ва ба талаботҳои техникии зерин ҷавобгӯ бошанд:
- маърӯзаҳо дар ҳаҷми аз 4 то 6 саҳифаи чопӣ дар саҳифаи формати Word;
- варақаи андозаи А 4, фосилаҳо аз боло 2 см., аз поён 2 см., аз чап 3 см., аз рост 1,5 см;
- фосилаи байни сатрҳо 1,5 ҳуруфи Times New Roman ва Times New Roman Tj,
- андозаи ҳарфҳо 14 дар шакли хаттӣ ва электронӣ;
- ному насаб, унвон ва дараҷаи илмӣ, вазифаи ишғолкардаи муаллиф бо пуррагӣ дар гӯшаи рости варақ баъди унвони маърӯза.
Маводи конференсия дар шакли маҷмӯа чоп мешавад.
Дархост барои иштирок ва матни маърӯза то 30-юми майи соли 2019 ба Кумитаи тадорукот супорида шавад.

Нишонии мо: шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод 25, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (ошёнаи 3-юми бинои Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»)
Телефонҳо барои тамос: 227 28 69; 93 893 96 09.
Сомонаи электронӣ: kumitaizabon@mail.ru

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Вазъи меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ дар сурудҳои муосир

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 18 Декабр, 2018 - 11:26
Вазъи меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ дар сурудҳои муосир

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми декабри соли 2018 дар мавзӯи “Вазъи меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ дар сурудҳои муосир” дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарояндагон вохӯрӣ баргузор намуд, ки дар он зиёда аз 60 нафар намояндагони вазорату идораҳо, сарояндагону ҳунармандон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.
Вохӯрии мазкур ба яке аз масъалаҳое, ки дар ташаккули фарҳангу санъати тоҷик муҳим арзёбӣ мегардад, яъне риоя ва танзими меъёрҳои забони адабӣ дар сурудҳои муосири тоҷик, бахшида шуда буд.
Ёдовар бояд шуд, ки вазъи матни суруди бархе аз сарояндагон аз ҷониби аҳли нишаст, алалхусус, Г. Шарофзода – раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, С. Назарзода – узви Ҳайати мушовараи Кумита, Камолиддинов Б. – устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Муҳтарам Ҳотам – адиб, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва дигарон мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт.
Дар суханронӣ Г. Шарофзода – раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёдовар шуданд, ки бо мусиқӣ хондани шеъру сурудҳо аз ҷониби сарояндагон бояд меъёрҳои забони адабӣ риоя шуда, ҳангоми хондани ашъори шоирон ҷаззобии сухани шоир ва меъёрҳои савтиёти забони адабии тоҷикӣ ба назар гирифта шавад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 23 Ноябр, 2018 - 10:55
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Ҳамватанони азиз!

Ҳар сол бисту чоруми ноябр дар кишвари соҳибистиқлоли мо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Ба ифтихори ин ҷашни фархунда ҳамаи шуморо самимона табрик гуфта, орзуманди он ҳастам, ки Парчами давлатии мо дар фазои орому осудаи мамлакат ҳамеша роҳнамову роҳкушои мардуми шарафмандамон ба сӯи ояндаи неку осуда бошад.

Рӯзи парчами давлатӣ имсол дар рӯзҳои ба истифода додани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне рӯйдоди воқеан таърихӣ дар ҳаёти мардуми Тоҷикистон таҷлил мегардад.

Сокинони заҳматқарину созандаи мо ба ин дастоварди бузург таҳти парчами парафшони давлати соҳибистиқлоламон ноил гардиданд ва ин иншооти бузурги асрро бо дарки баланди масъулияти ватандорӣ ва умед ба фардои боз ҳам ободу пешрафтаи ватани азизамон бунёд карда истодаанд.

Парчам аз рӯзи қабули он дар радифи Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ ба сифати рамзи давлати соҳибихтиёри тоҷикон ба сарвати муқаддаси маънавии ҷомеаи мо табдил ёфта, хурду бузург ба он бо муҳаббату садоқат нисбат ба Ватан ва давлати миллии худ арҷ мегузоранд.

Эҳтиром ба Парчами давлатӣ ифодаи эҳсоси муҳаббату садоқати ҳар як фарди Ватан нисбат ба давлатдории миллӣ буда, мардуми шарифи Тоҷикистон зери ливои давлати худ дар ҳамаи соҳаҳо садоқатмандона заҳмат мекашанд.

Халқи тоҷик аз замонҳои хеле қадим то даврони навин ба суннати парчамдорӣ арҷи хосса мегузорад ва ин амалро беҳтарин нишонаи ҳувияти миллӣ ва нангу номуси ватандорӣ мешуморад.

Ойини парчамдории мо ба сифати пайвандгари наслҳо умри ҷовидонӣ дорад ва бо хусусиятҳои хоси худ яке аз омилҳои муҳимтарини иттиҳоду сарҷамъии халқи тоҷик ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии сокинони мамлакат мебошад.

Дар замони соҳибистиқлолӣ парафшон гардидани баландтарин Парчами давлатӣ дар пойтахти мамлакатамон – шаҳри Душанбе идомаи суннати қадимаи парчамдории халқамон ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон бо ин, барафрохта шудани Парчами давлатӣ дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз таҳким ёфтани ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба рамзҳову арзишҳои миллӣ ва ойину суннатҳои давлатдории халқамон дар гӯшаву канораҳои гуногуни кишварамон гувоҳӣ медиҳад.

Ҳар як фарди кишвар бо эҳтироми Парчами давлати худ эҳсоси ватандориву ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва фарҳангсозу соҳибтамаддун будани халқи хешро собит мекунад. Зеро дар он рӯҳи ниёгони некном, далериву матонат ва орзуву омоли мардуми куҳанбунёди мо инъикос шудаанд.

Воқеан, парчам дар замони соҳибистиқлолӣ тавонист, ки ваҳдату ягонагӣ, ҳисси баланди миллӣ, нангу номуси ватандорӣ, инсондӯстиву фарҳансолорӣ ва саъю талоши созандагии мардуми сарбаланди тоҷикро таҷассум намояд ва ормону орзуҳои деринаи халқамонро дубора зинда гардонад.

Бинобар ин, мо бояд Парчами давлатиро мисли аҷдоди худ ҳамчун рамзи ҷовидонии давлатдории миллӣ ҳифз кунем, рӯҳу ҷони худро бо он пайванд созем ва дар ҳама ҳолат барои ҳимояи манфиатҳои давлату миллати хеш таҳти ин ливои зафар сарҷамъ бошем.

Итминон дорам, ки кулли мардуми бонангу номуси тоҷик бо азму талоши созанда ва бо парафшонии Парчами давлати соҳибистиқлоли худ минбаъд низ барои ба як мулки пешрафта табдил додани Тоҷикистони маҳбубамон саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Бори дигар Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба тамоми ҳамватанонамон самимона табрик мегӯям, ба ҳар хонадони тоҷик иқболу саодат, файзу баракат ва ба кишвари маҳбубамон сулҳу ваҳдати ҷовидонии миллӣ орзу менамоям!

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Номҳои тоҷикона таблиғ мешаванд

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 4 Июл, 2018 - 17:40
«Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ»

     Аз қабули қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи “Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ” ҳамагӣ 2 сол сипарӣ шуд. Дар ин муддати кӯтоҳ теъдоди номҳои зебою дилчаспи тоҷикона дар байни аҳолии кишвар хеле рӯ ба афзоиш ниҳод. Аксарияти падару модарон номи кӯдакони хешро бо риояи талаботи Феҳрист интихоб карда, ба ҳусни ҷигарбандонашон зебоии дигар зам намуданд. Фаъолияти мақомоти сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ оид ба номгузории миллӣ низ тибқи қарори мазкур ба роҳ монда шуд.
     Бо вуҷуди дастовардҳои забонӣ, ки симои миллии моро ифода менамоянд, мушоҳидаҳо маълум месозанд, ки китоби “Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ” ҳанӯз ба дастури рӯйимизии ҳамаи кормандони соҳаи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ табдил наёфта, дастраси аксар хонаводаҳо нагаштааст. Зикр бояд кард, ки номҳои ба Феҳрист воридгардида, ҳадди охирин набуда, дар асоси он тағйиру иловаҳо пешкаши аҳолии кишвар мешавад.
     Ин ва дигар масъалҳои марбут ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи “Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ” дар семинар-машварати кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони масъули идораҳои сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии ҷумҳурӣ, шуъбаҳои шиносномадиҳӣ, муассисаҳои таълимӣ ва падару модарон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
     Ба семинар-машварат раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Г. Шарофзода ифтитоҳ бахшида, ба иштирокдорони ҷамъомад барои ҳамкориҳои пайваста бо Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи татбиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон”, татбиқи сиёсати давлату ҳукумати ҷумҳурӣ дар бораи забони давлатӣ изҳори сипос намуд.
     Ҳамзамон, муовини раиси Кумита С. Матробиён дар мавзӯи “Риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳангоми бақайдгирӣ ва номгузорӣ ба кӯдакон” ва сардори шуъбаи танзими истилоҳот Зулфониён Р. дар мавзӯи "Таҳлили сабти ному насаб дар бахшҳои САҲШ-и шаҳру ноҳияҳои кишвар" маърӯза карданд. Перомуни маърӯзаҳо баҳсу мунозираи иштирокдорони семинар-машварат сурат гирифт.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

«Забони миллат- ҳастии миллат»- китоби нави Эмомалӣ Раҳмон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 1 Январ, 2017 - 19:10
«Забони миллат- ҳастии миллат»- китоби нави Эмомалӣ Раҳмон

Китоби нави Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат - ҳастии миллат» баргузор шуд.
Абдуҷаббор Раҳмонзода – Ёрдамчии Президенти кишвар оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дар сухани муқаддимотии худ дар остонаи ҷашни ҷамшедии Наврӯз нашр гардидани китоби «Забони миллат – ҳастии миллат»-ро дастоварди бузурги илмию фарҳангӣ ва муждаи наврӯзӣ барои миллати тоҷик ва кулли форсизабонони ҷаҳон арзёбӣ кард.
Зикр шуд, ки китоби нави Эмомалӣ Раҳмон доир ба сарнавишти таърихии забони тоҷикӣ, шебу фарозҳои он дар масири зуҳуру густариш ва зарфиятҳои фароху фарогири забони тоҷикӣ маълумот медиҳад.
Дар асар решаҳои ориёии забони тоҷикӣ бо далелҳои қавии илмӣ ва таърихӣ исбот шудаанд. Ҳамчунин даврабандии таърихии забони тоҷикӣ дар асоси маводи нави илмӣ матраҳ шудааст.
Дар маҷмӯъ асари мазкур фарогири бузургтарин сарчашмаҳои таърихию тамаддуни тоҷикон аст. Хусусан муаллифи асар – Пешвои миллат таърихи пайдоиши забони тоҷикиро дар фасли алоҳидаи китоб таҳти унвони «Забони миллат – ҳастии миллат» гирд овардааст.
Зикр мешавад, ки зодгоҳи асосии забони тоҷикӣ Хуросону Мовароуннаҳр, соҳили чапу рости рӯди Ому, хусусан қаламрави ҳозираи Тоҷикистон аст. Ҳамзамон дар асар доир ба сарнавишти забони тоҷикӣ дар замони истилои араб дар асоси сарчашмаҳои таърихӣ маълумоти илмӣ оварда шудааст, ки он барои пажӯҳиши дурнамои забоншиносӣ дастури муфиди илмӣ маҳсуб мешавад.
Таъкид шуд, ки бобҳои алоҳидаи асар дар заминаи осор ва матнҳои илмӣ, таърихӣ ва адабӣ, замина ва омилҳои эҳёи забони тоҷикӣ, ки дар аҳди Тоҳириёну Саффориён ва махсусан дар замони шукуфоии давлатдории тоҷикон -Сомониён ба авҷи олӣ расида буд, махсус зикр гардидааст.
Дар маросими муаррифии асари нави Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, олимон, президенти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Фарҳод Раҳимӣ ва дигар донишмандони шинохтаи кишвар – Кароматулло Олимов, Сайфидин Назарзода, Сахидод Раҳматулло ва дигарон доир ба паҳлуҳои таърихию илмии ин асари арзишманд ибрози назар намуда, таъкид доштанд, ки асари мазкур на танҳо барои мо тоҷикон, балки тамоми форсизабонони дунё хизмати бузург хоҳад кард.
Нашри китоби нави Пешвои миллат дар нашриёти «ЭР-граф»-и пойтахт идомаи мантиқии таҳқиқоти Пешвои миллат дар самти худшиносии миллӣ ва амалӣ намудани ормонҳои миллии тоҷикон арзёбӣ гардида, он дар забоншиносии тоҷик ва илми ҷомеашиносии муосири кишварамон дастоварди муҳим ва нотакрори илмию сиёсӣ маҳсуб мешавад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Низомномаи намунавии Комиссияи амалисозии Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 7 Июн, 2021 - 00:45
Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (3 овоз)

Ҳисобот дар бораи фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2017

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 1 Январ, 2018 - 11:11

Ҳисобот
дар бораи фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар нимсолаи аввали соли 2017

 

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2017 фаъолияти худро баҳри татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016», ҳамчунин, иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, дар ин замина фаъолиятро дар самтҳои зерин амалӣ намуд:

 

Назорати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 

Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июни соли 2012, №335 «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016» Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси ҳамоҳангсози Барномаи мазкур муайян гардидааст. Татбиқи Барномаи мазкур аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои дахлдор мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз натиҷаи ҷамъбасти Нақшаи чорабиниҳои Барномаи мазкур Кумита моҳи марти соли 2017 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши муфассал пешниҳод намуд.

Санҷиш ва омӯзиши вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқи Низомнома яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Бо мақсади иҷрои супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-уми ноябри соли 2013, №30/10-4, Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми марти соли 2014, №3 ҷиҳати иҷрои бечунучарои ҳолати Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонии маишии новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии шаҳри Душанбе бо муроҷиати Муассисаи давлатии “Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе” аз 23-юми январи соли 2017, №6 Муассисаи давлатии Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе гурӯҳи корӣ оид ба масъалаҳои ороиши пойтахт ва рекламаву тарғибот дар шаҳри Душанбе таъсис дода шудааст, ки дар он сардори шуъбаи танзими истилоҳоти Кумита Р. Зулфониён намояндагӣ мекунад. Гурӯҳи кории мазкур дар ҳамкориҳо то имрӯз 192 маводи ташкилоту муассисаҳои рекламаистеҳсолкунанда ва соҳибкорони инфиродиро ҷиҳати забони матни ангораҳо ва навиштаҷоту овезаҳои рекламавӣ мавриди баррасӣ қарор дода, онро мувофиқа намудааст.

Бо мақсади иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17-уми апрели соли 2017, №сод.263м ҷиҳати «Барӯйхатгирии номҳои мавзеъҳои ҷуғрофӣ, ки ба талаботи забони тоҷикӣ мутобиқат намекунанд» аз 20-ум то 30-юми апрели соли равон роҳбарият, кормандони Кумита дар ҳамкорӣ бо мутахассисони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо сафарбар шуда, номҳои вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳо, кӯчаю хиёбонҳо ва ғайра дар асоси моддаи 19-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди санҷиш қарор дода шуд. Барои ба талаботи Қонуни мазкур мутобиқ намудан ва эҳё намудани номҳои ҷуғрофӣ дар ҷумҳурӣ дар назди Кумита гурӯҳи корӣ таъсис додашуда, корҳо дар ин самт идома дорад. Аз натиҷаи супориши мазкур оид ба мутобиқ намудани номҳои мавзеъҳои ҷуғрофӣ ва ба талаботи забони тоҷикӣ ҷавобгӯй кардан ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди баррасии гурӯҳи корӣ дар нимсолаи дуюми соли равон гузориш пешниҳод карда мешавад.

Кумита дар ҳамкорӣ бо мақомоти санҷишӣ Нақшаи санҷишии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати риоя гардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» доир ба назорати муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, барои соли 2017 таҳия карда, барои тасдиқ ба Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ пешниҳод намуд, ки 3-юми марти соли 2017 тасдиқ карда шудааст.

Дар асоси Нақшаи санҷишии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017 дар асоси банди 27-и моддаи 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» тибқи фармоиши раиси Кумита аз 28-уми марти соли 2017, №38 аз 3-юм то 14-уми апрели соли 2017 гурӯҳи корӣ оид ба иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар раёсатҳои таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ; иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм; илм ва инноватсия; таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ; таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ; муносибатҳои байналмилалӣ; омори муассисаҳои таълимӣ, кадрҳо ва корҳои махсус, шуъбаҳои баҳисобгирии бухгалтерӣ ва ҳисоботи молиявӣ, низоми ахбороти идоракунии маориф ва илм, таъминоти ҳуқуқӣ ва котибот ва Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди санҷиш қарор дода шуда, барои ислоҳи камбудиҳо санад ба Вазорати мазкур пешниҳод карда шудааст.

Дар асоси фармоиши раиси Кумита аз 1-уми майи соли 2017, №49 гурӯҳи корӣ аз 15-ум то 31-уми майи соли равон оид ба иҷрои Нақшаи санҷишии Кумита дар асоси банди 27-и моддаи 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» ҷиҳати назорати риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар фаъолияти шуъбаю бахшҳои Дастгоҳи раиси вилоят, раёсатҳои омор, андоз, маориф ва бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, студияҳои «Фаридун», «Муҳаммад», «Суғдвидео», шуъбаю бахшҳои Дастгоҳи раиси шаҳри Истаравшан, Нозироти андоз, раёсатҳои омор, маориф ва Бозори марказии шаҳри Истаравшан, инчунин, шуъбаю бахшҳои Дастгоҳи раиси ноҳияи Зафаробод, Нозироти андоз, шуъбаҳои омор, маорифи ноҳияи Зафарободи вилояти Суғдро тибқи Номгӯи барномаи санҷиш мавриди санҷиш қарор дода шуд ва аз натиҷаи санҷиш санад таҳия гардида, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ба мақомоти дахлдор пешниҳод карда шуд.

Қобили зикр аст, ки аз ҷониби мақомоти судӣ дар ин давра барои риоя нагардидани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо моддаи 89 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 адад парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ карда шуда, ба андозаи 29250 сомонӣ таъин гардида, аз ин маблағҳо 14400 сомонӣ ба фоидаи давлат рӯёнида шудааст.

 

Экспертизаи забоншиносӣ, танзим ва ҳамгунсозии истилоҳот

 

Дар нимсолаи аввали соли 2017 дар Кумита зиёда аз 35 мавод аз нигоҳи экспертизаи забоншиносӣ ва танзими ҳамгунсозии истилоҳот мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Аз ҷумла:

1) Хулоса ба лоиҳаи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ (аз 10-уми марти соли 2016, №647)»;

2) Хулоса ба лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ховар»;

3) Хулоса ба лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди кинои тоҷик барои солҳои 2018-2022»;

4) Хулоса ба лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳо оид ба шартҳои ҳифзи иттилоот дар воситаҳои техникии коркарди иттилоот»;

5) Хулоса ба лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии рушди санъати Шашмақом, Фалак ва мактаби суннатии «Устод шогирд» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2017-2021»;

6) Хулоса ба лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқ намудани Оинномаи интизомии қисмҳои ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳии кӯҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон»;

7) Хулоса ба лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқ намудани «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2017-2030»;

8) Хулоса ба лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»;

9) Хулоса ба лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ»;

10) Хулоса ба лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»;

11) Хулоса ба лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ»;

12) Хулоса ба лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника»;

13) Хулоса ба лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон»;

14) Хулоса ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи навъҳои растанӣ»;

15) Хулоса ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Дар бораи кино»;

16) Хулоса ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ»;

17) Хулоса ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоотонӣ»;

18) Хулоса ба лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.12.2006, №610»;

19) Хулоса ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он»;

20) Хулоса ба лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот тибқи талаботи амнияти иттилоотӣ, аттестатсияи объектҳои иттилоотонӣ, тартиби бақайдгирии давлатии онҳо»;

21) Хулоса ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ»;

22) Хулоса ба лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-уми сентябри соли 2015, №570»;

23) Хулоса ба «Кодекси одоби варзишгар ва мураббӣ»;

24) Хулоса ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тагйиру иловаҳо ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ;

25) Хулоса ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»;

26) Хулоса ба лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», Оиннома, ҷадвали корбаст ва нақшаи сохтор»;

27) Хулоса ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»;

28) Хулосаи экспертизаи забоншиносӣ ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба парвандаи ҷиноятии №16196 ба айбдории Нозимов Д. Д. ва Нозимов И. И.;

29) Хулоса ба лоиҳаи китоби дарсии «Забони давлатӣ» барои синфи 2-юми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии таълимашон бо забони русии ҷумҳурӣ;

30) Хулоса ба лоиҳаи китоби дарсии «Забони давлатӣ» барои синфи 10-уми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии таълимашон бо забони русии ҷумҳурӣ;

31) Хулоса ба китоби дарсии «Забони давлатӣ» барои синфи 5-уми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии таълимашон бо забони русӣ;

32) Хулоса ба нахустнусхаи китоби “Забони давлатӣ”-и синфи 5 барои мактабҳои таълимашон ба забони русӣ;

33) Хулоса ба нахустнусхаи китобҳои “Забони давлатӣ” барои синфҳои 3, 7 ва 9-уми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии таълимашон ба забони русӣ;

34) Хулоса ба нахустнусхаи китоби “Забони давлатӣ”-и синфи 4 барои мактабҳои таълимашон ба забони русӣ;

35) Хулосаи экпертиза ба китоби дарсии «Забони давлатӣ» барои синфи 11-уми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии таълимашон бо забони русӣ.

 

Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳот

 

Қобили зикр аст, ки дар ҷаласаи Ҳайати мушовара ва Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳоти Кумита аз 14-уми декабри соли 2016, №7 бо дарназардошти такмилу таҳлилҳо нисбат ба фаъолияти аъзои Шӯро ҳайати нави Шӯрои ҷумҳуриявии ҳамгунсозии истилоҳоти Кумита тасдиқ карда шуд. Бо мақсади рушду густариши забони давлатӣ дар кишвар ва барои ба забони илм табдил додани забони тоҷикӣ дар соҳаҳои мухталиф, дар гурӯҳи илмҳои биология, тиб ва кишоварзӣ бахши нави тахассусӣ дар риштаи илмҳои дорусозӣ таъсис дода шуд. Дар давраи ҳисоботӣ дар ҳамкорӣ бо ҳайати Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳот фарҳангҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Аз ҷумла:

1) Хулоса ба лоиҳаи «Фарҳанги русӣ - англисӣ ба тоҷикии политехникӣ»- и Пирмуҳаммад Нуров, (19140 вожаю истилоҳи техникӣ);

2) Хулоса ба лоиҳаи «Луғати истилоҳоти варзишӣ» (Муассисаи давлатии «Хонаи ҷумҳуриявии методӣ», иборат аз 1910 истилоҳ).

Инчунин, аз ҷониби мутахассисони Кумита ба маводи зерин доир ба истилоҳот хулоса пешниҳод гардид:

1) Баррасӣ ва ташхиси забони нахустнусхаи барномаи «Прогмат», ки аз се қисмат (Арифметика, Алгебра, Геометрия) иборат аст;

2) Хулоса ба тавзеҳоти истилоҳи «Туризм – сайёҳӣ, турист – сайёҳ ва саёҳат (экскурсия)»;

3) Хулоса ба вожаҳои варзишӣ ва коркарди истилоҳоти варзишӣ (муассисаи давлатии телевизиони «Варзиш») (28 истилоҳи варзишӣ);

4) Хулоса ба лоиҳаи “Луғати истилоҳоти варзишӣ”, (1910 истилоҳ);

5) Хулоса ба шарҳ ва таърихи пайдоиши калимаи «озуқаворӣ» ба Раёсати банақшагирӣ ва стратегии ислоҳоти ДИПҶТ;

6) Хулоса ба лоиҳаи фарҳангномаҳои тахассусии кишоварзии «Фарҳанги тафсириии истилоҳоти соҳаи кишоварзӣ», «Феҳристи истилоҳот», «Истилоҳоти соҳаи агрономӣ, боғдорӣ, биотехнологияи кишоварзӣ ва коркарди маҳсулот» (бахши аввал), «Истилоҳоти соҳаи гидромелиоративӣ ва механиконии кишоварзӣ» (бахши дувум), «Истилоҳоти соҳаи зооинженерӣ ва тибби ветеренарӣ» (бахши сеюм), «Истилоҳоти соҳаи зооинженерӣ ва тибби ветеренарӣ» (бахши сеюм давомаш) «Истилоҳоти соҳаи иқтисодӣ, молия, бонкдорӣ, маркетинг ва менеҷмент» (бахши чорум)-ро, ки аз ҷониби Раёсати Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур (муаллифон Қодиров Т. А. ва Дустов К. А.) ҷиҳати баррасӣ, таҳия ва ба нашр омода намудани «Фарҳанги тафсирии истилоҳоти кишоварзӣ» пешниҳод гардидааст (дар умум -7 китоб), (дар ҳолати баррасӣ);

7) Хулоса ба лоиҳаи “Луғати футболи русӣ -тоҷикӣ” (мураттиб - мураббии шоистаи футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Шарипов), 3500 истилоҳро дар бар мегирад);

8) Хулоса ба мафҳуми чорабинии “Бойчечак” ва “Гулгардонӣ” (пешниҳод “Гулгардонӣ”) ва милликунонии баъзе ҷашнҳо ва расму оинҳо, аз ҷумла, Рӯзи 1-уми Май (пешниҳод: “Рӯзи пешаварон”);

9) Хулоса ба номи писарона Султонкарим дар асоси муроҷиати шаҳрванд Деҳқонов Султонраҳим;

Қобили зикр аст, ки агар дар шаш моҳи соли 2016, 6 фарҳангнома (дар соҳаҳои забоншиносӣ, тиббӣ, иқтисодӣ, компютерӣ ва техникӣ) дар ҳаҷми 16094 истилоҳ мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода шуда бошанд, дар шаш моҳи аввали соли равон 21981 истилоҳ (дар соҳаҳои техникӣ, варзишӣ, кишоварзӣ, байторӣ ва илмҳои дақиқ) мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода шудаанд, ки ин нишондод нисбат ба шаш моҳи соли гузашта 76% зиёд мебошад.

Таҳлилҳо нишон дод, ки аксар мураттибон ба ҷои коркарди истилоҳоти соҳавӣ бештар дар такя ба Фарҳангҳои умумӣ истилоҳоту вожаҳои дар соҳаи тахассусӣ бегона ва мухталифро дар китоб ҷой медиҳанд. Яъне, дар бештари маврид муаллифон ва мураттибон бидуни хулоса ва ё тақризи мутахассисон ва қарори Шӯрои олимони донишгоҳу донишкадаҳо онро ба Кумита пешниҳод менамоянд. Ҳамчунин, агар мураттиб ё муаллиф на кам аз 3 то 7, 10 сол китоби худро таҳия карда бошад, мутахассиси шуъба ва аъзои Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳот барои пешниҳоди хулосаи асоснок аз 1 то 3 моҳ муҳлат доранд. Мутаассифона, чунин таҷриба барои дар сатҳи зарурӣ коркард ва роҳандозӣ гардидани истилоҳот мусоидат карда наметавонад. Бинобар ин, хуб мебуд, ки аз ҷониби вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ, донишгоҳу донишкадаҳо ва пажӯҳишгоҳҳои илмиву соҳавӣ бо мақсади танзим ва коркарди истилоҳоти соҳавӣ дар ҳар семоҳа ба таври интихобӣ дар ҳаҷми аз 100 то 500 истилоҳ ба Кумита пешниҳод карда мешуд.

 

Номгузорӣ:

Ташкилоту муассисаҳо, нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонӣ

 

Аз ҷониби мутахассисони Кумита лоиҳаи «Дастурамали номгузорӣ оид ба номҳои ҷуғрофӣ ва ташкилоту муассисаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди омӯзиш ва коркард қарор дорад, ки он дар нимсолаи дуюм пешниҳод хоҳад гардид.

Дар асоси моддаи 18-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» номгузории мақомоти ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо, инчунин, дигар ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ба забони давлатӣ сурат мегирад. Номи ташкилотҳои хориҷӣ ва муштарак ба забонҳои дигар низ баргардонида мешавад. Ин нукта дар суханронии Сарвари давлат ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ (4 октябри соли 2012) қайд гардида, дар Нақшаи чорабиниҳо (бандҳои 5, 7) оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мулоқот низ дарҷ гардидааст.

Дар ҳамин давра номгузории ташкилоту муассисаҳои зерин аз лиҳози экспертизаи забоншиносӣ ва танзими истилоҳот дар робита ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифта, хулосаҳои Кумита дар мавриди номгузории муассисаҳои зерин пешниҳод гардид. Аз ҷумла:

  1. Хулоса оид ба номгузории корхонаи навтаъсиси dushop.tj (онлайн мағоза);
  2. Хулоса ба ҶДММ «Толе» оид ба ангораи матни рекламавии «Панҷа парто!»;
  3. Хулоса ба номгузории қаҳвахонаи миллии осетинии «Терек»;
  4. Хулосаи экспертизаи забоншиносӣ оид ба муроҷиати директори ҶДММ «Ором саёҳат» Абдуллоева М.С. дар мавриди номгузорӣ ва номлавҳа;
  5. Пешниҳоди экспертизаи забоншиносӣ оид ба номгузории мағозаи «Роҳи абрешим» истиқоматкнандаи ш. Душанбе Кенҷаев Ф.
  6. Хулоса ба муроҷиати шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба номгузории «Студияи миҷгон» Хусаинова Ш.
  7. Хулоса ба муроҷиати шаҳрванд оид ба номгузории Корхонаи «Шоколад».
  8. Хулоса ба номгузории корхонаи навтаъсис «МАҒОЗАИ ИНТЕРНЕТӢ»;
  9. Хулосаи забоншиносӣ ба муроҷиати истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе Сангов оид ба номгузории қаҳвахонаи «Абстракт»;
  10. Хулоса ба соҳибкор Саидзодаи Бобораҷаб оид ба номгузории қаҳвахонаи «Mv Fast»;
  11. Хулоса ба номгузорӣ ва маводи рекламавии Студияи зебоии «Чеҳра»;

12) Хулоса ба номгузории кошонаи ҳусни «Динора»;

13) Хулоса ба номгузории ҶДММ «Хуҷанд Элитсохтмон»;

14) Хулоса ба номгузорӣ намудани Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22-и ба номи Саидмурод Алиев (аз ноҳияи Восеъ);

15) Хулоса ба номгузории Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34 ба номи Изатулло Ҳаёев;

16) Хулоса ба номгузории Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37 ба номи Султон Мирзошо (шаҳри Кӯлоб);

17) Хулоса ба номи МТМУ-и №11-и ноҳияи Муъминобод ба номи Нурулло Одинаев (дастгирӣ);

18) Хулоса ба номгузории Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-и деҳаи Дастгираки Боло-и ноҳияи Ёвон ба номи Абдулло Бӯриев;

19) Хулоса ба номгузории Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и деҳаи Янгиободи Ҷамоати деҳоти Маданияти Ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ ба номи Холмурод Холмуминов;

20) Хулоса ба номгузории корхонаи таълимии «ISTUDY» ва тавсия ба номи «Хушзабон»;

21) Хулоса ба номгузории қаҳвахонаи «З.Вегас» (муроҷиати шаҳрванд Холова З.);

22) Хулоса ба номгузории маркази хизматрасонӣ Кошонаи ҳусн «Фарангис» (муроҷиати шаҳрванд Абдуллоева Ф.);

23) Хулоса ба номгузории Маркази савдои «Далер»;

24) Хулоса ба номгузории Ташкилоти омӯзишии навтаъсис бо номи «Маркази муҳорибаҳои ақдишӣ» (муроҷиати шаҳрванд Джураев Д.);

25) Хулоса ба номгузории ному насаби фарзанд – «Шикорчӣ Мухаммед Хоссейн Фархад» (муроҷиати шаҳрванд Ибодова Ш.);

26) Хулоса ба номгузории фарзанд бо номи Мирзокарим (муроҷиати шаҳрванд аз шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Ҷалилов М.);

27) Хулоса ба номгузории корхонаи навтаъсиси «АББА» (муроҷиати шаҳрванд Усмонов А.).

28) Хулоса ба муроҷиати шаҳрванди шаҳри Душанбе Латипов Ю оид ба шакли дурусти навишти ному насаби фарзандон;

29) Хулоса ба муроҷиати шаҳрванд Қодирӣ С., оид ба истилоҳоти китоби дарсии физикӣ;

30) Хулоса ба муроҷиати шаҳрванд Фараҳманд Нарзизода оид ба навишти дурусти «ӯ» дар калимаҳо;

31) Пешниҳод ба муроҷиати Исмоилов Б. истиқоматкунандаи ш. Душанбе оид ба ҳарфҳои алифбои забони тоҷикӣ ва вожаю истилоҳоти фарҳанги забони тоҷикӣ;

32) Хулоса ва мактуб ба муроҷиати шаҳрванди шаҳри Хуҷанд Тошхуҷаев С.С ва Тошхуҷаева Л.А оид ба гузоштани номи Самир ба фарзандаш;

33) Хулосаи экспертизаи забоншиносӣ ба истиқоматкунандаи шаҳри Норак Қурбонов З оид ба номгузории фарзанд «Асмоа»;

34) Хулосаи экспертизаи забоншиносӣ ба истиқоматкунандаи ноҳияи Б. Ғафуров оид ба номгузории фарзанд бо номи «Ҳадяхон»;

35) Хулоса ба муроҷиати шаҳрванд Бойтемуров Б.Б. оид ба номгузории фарзанд бо номи «Маснат»;

36) Хулоса ба муроҷиати шаҳрванд Ҳаятова У. оид ба номи «Мусканҷи»;

37) Хулоса ба муроҷиати шаҳрванд оид ба номгузории «Абдулборӣ»;

38) Хулоса ба муроҷиати шаҳрванд оид ба номгузории «Таҳия»;

  1. Хулоса ба муроҷиати истиқоматкунандаи ноҳияи Панҷ Расулов М. оид ба дуруст навиштани ному насаби тоҷикӣ.
  2. Хулоса ба муроҷиати истиқоматкунандаи ноҳияи Зафаробод Минийгитов И. оид ба номгузории «Ибратҷон»
  3. Хулоса ба муроҷиати истиқоматкунандаи ноҳияи Айнӣ, деҳаи Зиндакон Нуров М оид ба номгузории фарзанд бо номи «Облоқул»
  4. Хулоса ба истиқоматкунандаи ш. Исфара Давронов Х. оид ба номгузории фарзанд бо номи «Афроз».

43) Хулоса ба сокини ш.Ҳисор оид ба номгузории фарзанд бо номи «Ҷабраил»

44) Хулоса ба сокини ноҳияи Панҷ Ҳайталиев Ҳусниддин оид ба меъёри забони тоҷикӣ мутобиқ гардондани ному насаб

45) Хулоса оид ба номгузории Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22-и деҳаи Зелолаки Ҷамоати деҳоти Шугнови ноҳияи Балҷувонро ба номи Ҳалимов Мирзо;

46) Хулоса оид ба номгузории Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №39-и ноҳияи Темурмалик ба номи Аллаёрова Мамлакат Дониёровна;

47) Хулоса оид ба номгузорӣ намудани МТМУ-и №6-и ноҳияи Балҷувон ба номи Алиев Теша;

48) Хулоса оид ба номи ҶДММ “Ором саёҳат” ва номгузорию насби номлавҳаи онро дар шакли «YETI HOSTEL»-Хобгоҳи «Йети»;

49) Хулоса ба шаҳрванд оид ба номгузории тарабхонаи “Мавр”;

50) Хулоса оид ба номгузории ҶДММ –и навтаъсиси истеҳсолӣ ва эҷодӣ бо номи ҶДММ «Панҷшер-МЕДИА»;

51) Хулоса оид ба номгузории Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33-и ноҳияи Ховалинг ба номи Давлат Гадоев;

52) Хулоса оид ба номгузорӣ намудани МТМУ-и №6-и ноҳияи Балҷувон ба номи Алиев Теша;

53) Хулоса оид ба номгузории Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №45-и деҳаи Оҳангарони Ҷамоати деҳоти лангардараи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба номи Ғайрат Арзаниев.

Номгузории ташкилоту муассисаҳои зерин аз лиҳози экспертизаи забоншиносӣ ва танзими истилоҳот дар робита ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифта, номгузории марказҳои дар поён зикргардида, бартараф карда шуданд:

  1. Олами либосҳои тагпӯш «MILAVITCA» воқеъ дар кӯчаи Ш.Шоҳтемур-25, н. И. Сомонӣ;
  2. Маркази савдо «Модная Точка» воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, н. И. Сомонӣ;
  3. MS BURGER воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, н. И. Сомонӣ.

 

Агар дар шашмоҳаи аввали соли 2016-ум ба номгузории 29 ташкилоту муассиса, аз ҷумла, 20 ташкилоту муассиса, 9 муассисаи таълимӣ хулосаи шуъба пешниҳод гардида бошад, дар шаш моҳи аввали соли 2017-ум ба 28 адад номгузорӣ, аз ҷумла, ба 2 номгузории фарзанд ва 1 номгузории Хонаи фарҳангӣ, 14 ташкилоту муассиса, марказҳои хизматрасонӣ, 11 муассисаи таълимӣ хулоса пешниҳод гардидааст, ки дар муқоиса ба соли гузашта 1 адад кам аст.

Бо мақсади иҷрои супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-уми ноябри соли 2013, №30/10-4, Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми марти соли 2014, №3 ҷиҳати иҷрои бечунучарои ҳолати Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонии маишӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии шаҳри Душанбе бо муроҷиати Муассисаи давлатии “Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе” аз 23-юми январи соли 2017, №6 Муассисаи давлатии Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе гурӯҳи корӣ оид ба масъалаҳои ороиши пойтахт ва рекламаву тарғибот дар шаҳри Душанбе таъсис дода шудааст. Гурӯҳи кории мазкур то имрӯз 192 маводи ташкилоту муассисаҳои рекламаистеҳсолкунанда ва соҳибкорони инфиродиро ҷиҳати забони матни ангораҳо ва навиштаҷоту овезаҳои рекламавӣ мавриди баррасӣ қарор дода, ҷиҳати риоя гардидани Қонуни мазкур мунтазам назорат мебарад.

 

Номҳои ҷуғрофӣ ва маҳалҳои аҳолинишин:

 

Қобили зикр аст, ки ҷиҳати танзим намудани номгузории воҳидҳои марзиву маъмурӣ дар кишвар, дар асоси дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми ноябри соли 2015, №16/324 оид ба таъсиси гурӯҳи корӣ ҷиҳати иваз намудани номи мавзеъҳои ҷуғрофии кишвар аз ҳисоби олимони Академияи илмҳо ва донишгоҳу донишкадаҳо ва Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми феврали соли 2016, №3 оид ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва эҳтироми суннату арзишҳои неки фарҳанги миллӣ мутобиқ намудани номҳои воҳидҳои марзию маъмурӣ дар ҷумҳурӣ дар Кумита бо мақсади мутобиқ намудани номи воҳидҳои марзию маъмурӣ дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби роҳбарият, кормандон ва Ҳайати мушовараи Кумита, олимони Академияи илмҳо ва донишгоҳу донишкадаҳои кишвар гурӯҳи корӣ таъсис дода шудаст.

Айни замон Кумита оид ба сабаби зиёд шудани номҳои такрор дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои кишвар таҳлил ва ҳисоби оморӣ гузаронида истодаанд, ки зимни ин масъала ва ҷиҳати татбиқи дастури Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти гурӯҳи корӣ ва пешниҳодҳои марбут ба ин масъала ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши муфассал ирсол хоҳад гардид.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Кумита мутобиқи дархости мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба номгузории 120 деҳаву маҳалҳои аҳолинишин ва 12 ҷамоати деҳоту шаҳрак, 1 Хонаи маданият ва 2 номи кӯча хулоса пешниҳод гардид. Аз ҷумла:

1) Хулоса ба иваз намудани номи деҳаи Тошохур ба Боғдара (аз Ҷамоати деҳоти Ситораи сурх)-и ноҳияи Ёвон;

2) Хулоса ба иваз намудани номи деҳаи Будинобод ба Зарриндашт (аз Ҷамоати деҳоти Гулсара Юсуфова)-и ноҳияи Ёвон;

3) Хулоса ба иваз намудани номи Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх-и ноҳияи Ёвон ба номи Зармайдон ва деҳаи Шота Руставелли ба Саргаҳ, (аз Ҷамоати деҳоти Ҳасан Ҳусейнов)-и ноҳияи Ёвон;

4) Хулоса ба иваз намудани номи деҳаҳои Ҷарқӯрғон ба Зарҳалол, Қӯруқ ба Сеосиёб ё Чашмаруд, Ӯяс ба Ободдара, Ӯялӣ ба Навкат (аз деҳоти Зарҳалол). Обқарчағай ба Оби Зулол, аз деҳоти нофароҷ ва номи идораи беҳдошти замин ва обёрии Каттасой ба Зарринруди шаҳри Истаравшан;

5) Хулоса оид ба тағйир додани номи деҳаҳои Шӯрқӯрғон ба Боғи анор ё Сабзавор, (дар шакли Анорзор) Қӯрғонча ба Меҳробод ё Ҳисорак, (дастгирӣ), Қизилнур ба Нурафшон, (дастгирӣ) Янги Равот ба Работи нав ё Ганҷобод (радшуда) (Работи нав) ва маҳаллаи Қӯруқ ба Меҳроварон (радшуда);

6) Хулоса оид ба номгузории Ҷамоати деҳоти Фрунзе ба номи Алишери Навоӣ;

7) Хулоса оид ба номгузории деҳаи Майдончаи Комсомолии ноҳияи Мастчоҳ ба номи Мулломаҳмад Азизов (Азизобод, дастгирӣ);

8) Хулоса оид ба номгузории Ҷамоати деҳоти Вранги ноҳияи Ишкошим ба номи Муҳаммадаюбхон Самадов;

9) Хулоса оид ба иваз намудани номи деҳаҳои Сотсиализм ба Дарёканор ё Саязон ё Сароб, (радшуда) (Ҷамоати деҳоти Хистеварз), М Горкий ба Дашти Амин (дастгирӣ), (Ҷамоати деҳоти Исфисор), Мичурин ба Боғпарвар дар шакли Гулбоғ (дастгирӣ), (Ҷамоати деҳоти Овчиқалача), Учбоғ ба Чорбоғи боло дар шакли Боғи боло (дастгирӣ), Сартӯқай ба Сайҳун (дастгирӣ), Тошлоқ ба Регистон (радшуда), Хилватқурғон ба Тиллокон (радшуда), Осариқ ба Чилламазор (радшуда), (Ҷамоати деҳоти Ёва), Уяс ба Оҳучашма (дастгирӣ), Терак ба Сафедорон (радшуда, тавсия-Тиракзор), Қӯрғонча ба Гулафшон, Қароҷингил ба Заркон (дастгирӣ), Аждарлӣ ба Аждардара (дастгирӣ), (Ҷамоати деҳоти Исмоил), Оқкур ба Кондара (дастгирӣ), Камарқӯтон ба Рамагузар (радшуда), Қашқа ба Намоён (радшуда), Тол ба Яккабоғ (радшуда), Толбулоқ ба Сангчашма (радшуда), Қаттаолчалӣ ба Олучазор (дастгирӣ), Кичиколчалӣ ба Арчазор (радшуда), (Ҷамоати деҳоти Чашмасор), Қотма ба Фахробод (радшуда) (Ҷамоати деҳоти Ғозиён)-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров;

10 ) Хулоса оид ба иваз накардани номи Ҷамоати деҳоти Патари шаҳри Конибодом;

11) Хулоса оид ба тағйир додани номи деҳаи Ғалчамуллои деҳоти Пӯлотони шаҳри Конибодом ба Боғдорон;

12) Хулоса оид ба қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода «Дар бораи тағйир додани номи баъзе деҳаҳои Ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Турсунзода» аз 4-уми ноябри соли 2016, №90 оид ба иваз намудани деҳаҳои 1-Май ба Шараф (аз Ҷамоати деҳоти Турсун Тӯйчиев), Ӯзбеконтеппа ба Нақшбанд, Пахтабой ба Файзбахш (аз Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолият), Наълбек ба Гулафшон (аз Ҷамоати деҳоти Қаратоғ), Қипчоқ ба Сафо (аз Ҷамоати деҳоти Работ), Хоса-бача ба Иттиҳод (аз Ҷамоати деҳоти Пахтаобод), (дастгирӣ),- Ғарав ба деҳаи Анорбоғ, Неъматбача ба Истиқлолият (аз Ҷамоати деҳоти Турсун Туйчиев), Шулум ба Зулол (аз Ҷамоати деҳоти Навобод), Батош ба Ориён (аз Ҷамоати деҳоти Қаратоғ), Кадучӣ ба Чашмасор, Деҳвак ба Деҳоб (аз Ҷамоати деҳоти Работ), М. Горкий ба Баҳористон (аз Ҷамоати деҳоти Сешанбе), Тойчӣ ба Меҳр, Адир ба Гулобод, Янгибоғ ба Сомониён, Галлашаҳид ба Гулгашт, Оға ба Чаманро (аз Ҷамоати деҳоти Ҷӯра Раҳмонов);

13) Хулоса оид ба иваз накардани номи деҳаи Ақсинҷоти Ҷамоати деҳоти Ифтихор;

14) Хулоса оид ба иваз намудани номи деҳаҳои Янги-Юл ба Дурахшон, (радшуда) Уртабуз ба Сомониён, (радшуда) Пахта Қайнар ба Сайдои Насафӣ (дастгирӣ) (Ҷамоати деҳоти «Сарвати Истиқлол»), Октябри Кабир ба 25-солагии Истиқлолият, (Ҷамоати шаҳраки «Бохтариён»), (радшуда) СМП-540 ба Нурафшон (дастгирӣ) (Ҷамоати шаҳраки «Бустонқалъа»), Комсомол ба Хуррамзамин (радшуда), Чапаев ба Чаманоро (дастгирӣ), Орҷоникидзе ба Сафои ваҳдат (дар шакли Ваҳдатобод дастгирӣ), Киров ба Рахшонзамин (дар шакли Рахшон дастгирӣ), Болшевик ба Моҳпора (радшуда), Крупская ба Файзбахш (дастгирӣ), Ободончилик ба Гулафшон (радшуда), Тоштеппа ба Лоларух (радшуда), (Теппаи Сангин тавсия), Қизил партизан ба Хушманзар (радшуда) (Ҷамоати деҳоти «Заргар») –и ноҳияи Бохтар;

15) Хулоса оид ба бетағйир мондани номи деҳаи Яккатол аз деҳоти Сабристон ва бодарназардошти мувофиқ набудани номи деҳаи мазкур ивази номи он ба деҳаи Яккабед;

16) Хулоса оид ба категорияи деҳа мансуб донистани мавзеи аҳолинишини Работи Ҷамоати деҳоти Варзоб-Қалъа ва номгузорӣ намудани он ба номи Работ;

17) Хулоса оид ба номгузории кӯчаи Пушкини шаҳри Кӯлоб ба номи Муминов Аҳмадҷон;

18) Хулоса ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоилзода З. М. оид ба ивази номи кӯчаи «Ж»-и маҳаллаи 29-и шаҳри Хуҷанд ба «Интернатсионалист».

19) Хулоса оид ба иваз намудани номи деҳаҳои Мичурин ба Боғпарвар, (Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача), Тошлоқ ба Регистон дар шакли (Регзор) (пешниҳод), Хилватқӯрғон ба «Пули Ваҳдат» (Ҷамоати деҳоти Ёва), Қӯрғонча ба Гулафшон, (радшуда) (Ҷамоати деҳоти Исмоил);

20) Хулоса оид ба иваз намудани номи деҳаҳои Бедак ба Ваҳдат (Ҷамоати деҳоти «Навдӣ»), Белгӣ ба Дӯстӣ (Ҷамоати деҳоти «Қалъанак») (радшуда), Мулло Барот ба Бароти Шариф (Ҷамоати деҳоти «Ҷафр») (дастгирӣ) ва Хонаи маданият ба Филармонияи халқии ба номи Ҳоҷӣ Абдулазиз (дастгирӣ);

21) Хулоса оид ба категорияи шаҳрак мансуб донистани деҳаи Тоҷикобод ва номгузорӣ намудани он бо номи Истиқлол (Ба гурӯҳи кории номҳои ҷуғрофӣ пешниҳод карда шуд);

22) Хулоса оид ба иваз намудани деҳаи Янгиобод ба Навдеҳ ва маҳалли аҳолинишини Горний ба Доманкӯҳ аз ноҳияи Спитамен, (ба гурӯҳи корӣ дар баррасӣ);

23) Хулоса ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсис додани шаҳраки “Меҳробод” дар мавзеи навбунёди шаҳраки Суғдиёни ноҳияи Мастчоҳ, иваз намудани номи деҳаи Майдончаи комсомоли деҳоти Мастчоҳи ноҳияи Мастчоҳ ба деҳаи Азизобод ва иваз намудани номи деҳаҳои Урмонтоли деҳоти Ифтихор ба деҳаи Бедзор, Қирққудуқи деҳоти Ифтихори ноҳияи Ашт ба деҳаи Чилчашма (дастгирӣ);

24) Хулоса оид ба тағйир додани номи шаҳри Қурғонтеппа (пешниҳоди Кумита Лавканд;

25) Хулоса оид ба барномаи тафтиши имлои забони тоҷикӣ барои кор дар барномаҳои навтарини “Майкрософт Офис”(Ба шаҳрванд Ибрагимов Виктор) (дар баррасӣ);

26) Хулоса оид ба тағйир додани номи деҳаи Оғуртӣ ба деҳаи Гулдара, деҳаи Тошбулоқ ба деҳаи Наврӯзчашма ва категорияи деҳа мансуб донистани се маҳалли аҳолинишини нав бо номи Суғдиёна, Дашти Хорзор ва Чашмаи садаи ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ аз ноҳияи Варзоб (ба гурӯҳи корӣ пешниҳод карда мешавад, дар баррасӣ);

27) Хулоса ба Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати қарори маҷлиси аҳолии Деҳаи Ғуломон, Деҳаи Эшони Ҷамоати деҳоти Лангари шоҳ, Сари найи Ҷамоати деҳоти Ширинчашмаи ноҳияи Тоҷикобод;

28) Хулоса ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷиҳати тағйир додани номи Ҷамоати деҳоти Рушони ноҳияи Рушон бо номи арбоби давлатӣ, ҷамъиятию сиёсӣ Хӯҷам Шодмонов;

29) Хулоса ба номгузори шаҳраки “Меҳробод” дар мавзеи навбунёди шаҳраки Суғдиёни ноҳияи Мастчоҳ, иваз намудани номи деҳаи Майдончаи Комсомоли деҳоти Мастчоҳи ноҳияи Мастчоҳ ба деҳаи Азизобод ва иваз намудани номи деҳаҳои Урмонтоли деҳоти Ифтихор ба деҳаи Бедзор, Қирққудуқи деҳоти Ифтихори ноҳияи Ашт ба деҳаи Чилчашма (дастгирӣ);

30) Хулоса оид ба иваз намудани деҳаи Янгиобод ба Навдеҳ ва маҳалли аҳолинишини Горний ба Доманкӯҳ аз ноҳияи Спитамен, то ҷамъбасти хулосаи ниҳоии гурӯҳи кории Кумита оид ба номҳои ҷуғрофӣ мавқуф гузошта шавад (ба гурӯҳи корӣ);

31) Хулоса оид ба тағйир додани номи деҳаи Оғуртӣ ба деҳаи Гулдара, деҳаи Тошбулоқ ба деҳаи Наврӯзчашма ва категорияи деҳа мансуб донистани се маҳалли аҳолинишини нав бо номи Суғдиёна, Дашти Хорзор ва Чашмаи Садаи Ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ аз ноҳияи Варзоб (дастгирӣ);

32) Хулоса ба қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз 31-уми марти соли 2017, №322, 323, 324, 325, 326, 327, 328, 329, 330, 331, 332, 333, 335, 336, 337 ҷиҳати иваз намудани номи деҳоти Калинин ба Лоиқ Шералӣ, Фрунзе ба Аҳмади Дониш ва деҳаҳои Узбекобод ба Балхиён, Докучаев ба Закариёи Розӣ, Мичурин ба Зарбахш, Янгиобод ба Навдиёр, Янгиер ба Навзамин, Қазоқобод ба Кӯҳи Сурх, Комсомол ба Даҳана, Калининобод ба Дӯстон, Янги Турмуш ба Ҳаёти Нав, Ленин ба Зархез, Правда ба Сабзавоткор, Будёний ба Ангурзор аз ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ва деҳаи “Арал”-ро ба Яб (аз ноҳияи Восеъ) (дастгирӣ);

33) Хулоса ба намудани номи Ҷамоати деҳоти Тавилдара ба Ҷамоати деҳоти Зарнисор, номи деҳаи Шипилиён ба Деҳаи Даҳбеди Ҷамоати деҳоти Сангвор ва деҳаи Юфан ба деҳаи Бостони Ҷамоати деҳоти Сангвор (радшуда);

34) Хулоса ба номи деҳаҳои Неъматбача ба Неъмат (аз Ҷамоати деҳоти Регар), Канорӣ ба Каронӣ (аз Ҷамоати деҳоти Навобод), Батош бо Ҳамоварон, Налбек ба Наългарон (аз Ҷамоати деҳоти Қаратоғ), М. Горкий ба Барзгарон (аз Ҷамоати деҳоти Сешанбе), Тойчӣ ба Ҳамдилон, Янгибоғ ба Ангурзор, Оға ба Оғар (Ҷамоати деҳоти Ҷӯра Раҳмонов)-и шаҳри Турсунзода (дастгирӣ);

35) Хулоса оид ба тағйир додани номи Ҷамоати деҳоти Барвози ноҳияи Роштқалъа ба номи собиқадори меҳнат Ғуломиддин Шоҳдавлатов (радшуда);

36) Хулоса оид ба тағйир додани мақоми Ҷамоати деҳоти Шаҳринав ба Ҷамоати шаҳраки Шаҳринав ва номгузорӣ намудани ҷамоати шаҳраки Шаҳринав ба номи Наҷмиддин Аюбов (радшуда ба гурӯҳи корӣ);

37) Хулоса оид ба тағйир додани номи Ҷамоати деҳоти ба номи Калинин ба Ҷамоати деҳоти «Обшорон», Ҷамоати деҳоти «50-солагии Тоҷикистон» ба Ҷамоати деҳоти «Баҳористон» ва иваз намудани номи деҳаҳои «Кур-Чашма», «Роҳи Ленин» ба «Роҳи абрешим», «Роҳи сотсиолизм» ба «Заръофарон», «Правда» ба «Ҳақиқат», «Якуми май» ба «Ҷавонон», Пушкин ба деҳаи Гулрез, Максим Горкий ба Ҷалолиддини Бахлӣ ва Лермонтов ба «Шарифобод» аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ (ба гурӯҳи корӣ пешниҳод мегардад).

Аз ин теъдод Кумита бо дарназардошти масъалаи такрори номҳо ва номгузорӣ бо номи ашхос, ҳамчунин, сарфи назар гардидан ҳангоми интихоби номи маҳалҳои аҳолинишин аз хусусиятҳои таърихӣ ва ҷуғрофии ин ё он мавзеъ, зисту зиндагонии мардум тағйири 50 номи маҳалҳои аҳолинишин ва ҷамоати деҳотро рад намуда, 17 - номҳои ҷуғрофӣ барои омӯзиш ва баррасӣ ба гурӯҳи кории номҳои ҷуғрофӣ пешниҳод карда шуд.

Дар нимсолаи аввали соли 2016 агар дар маҷмӯъ ба 80 деҳаву маҳалҳои аҳолинишин ва 11 Ҷамоати деҳоту шаҳрак ва 2 мавзеи ҷуғрофӣ (парваришгоҳ ва дара) хулоса пешниҳод гардида бошад, дар нимсолаи аввали соли 2017 дар маҷмӯъ ба номгузории 135 деҳаву маҳалҳои аҳолинишин, 12 Ҷамоати деҳоту шаҳрак, 1- Хонаи маданият ва 2 номи кӯча хулоса пешниҳод карда шуд, ки ин нишондод дар муқоиса ба соли гузашта 41 % зиёдтар аст.

 

Чорабиниҳо

 

Бахшида ба ҷашни Рӯзи байналмилалии забони модарӣ 21-уми феврали соли равон мизи мудаввар таҳти унвони «Вазъи омӯзиши забони давлатӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии таҳсилашон ба забони ғайридавлатӣ» бо иштироки роҳбарони сохторҳо ва кормандони Кумита, намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати маорифи шаҳри Душанбе, муаллифон ва муҳаррирони китобҳои дарсии забони давлатӣ, омӯзгорони забони давлатии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе ва намояндагони ҷамъиятҳои ақаллиятҳои миллӣ, ҳамчунин, намояндагони ВАО иштирок доштанд. Ҳадафи асосии мизи мудаввар ҳалли мушкилоти масъалаҳои рушди забони давлатӣ дар муассисаҳо буд, ки дар анҷоми чорабинӣ барои ҳаллу фасли масъалаҳои зерин таклифу пешниҳодҳо қабул гардиданд, ки онҳо минбаъд барои рушду густариши забони давлатӣ барои толибилмон ниҳоят зарур ва рӯзмарра маҳсуб меёбад:

Дар нишасти мазкур вазъ ва мушкилоти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии таҳсилашон ба забони ғайридавлатӣ оид ба таълифу таҳрири китобҳои дарсӣ аз фанни забони давлатӣ барои толибилмон мавриди баррасӣ ва муҳокимаронӣ қарор дода шуд. Ҳамзамон, омӯзгорони литсей ва гимназияҳои шаҳр низ дар мавзӯъҳои ҳамсон суханронӣ намуданд.

Зимни баррасӣ ва муҳокимаронӣ намояндагони ҷамъиятҳои ақаллиятҳои миллии ҷумҳурӣ фаъолона ширкат намуданд ва пешниҳодҳои мушаххасро дар рафти нишаст ироа доштанд.

Дар ҳамин давраи ҳисоботӣ 22-юми феврали соли 2017 кормандони шуъбаи танзими истилоҳоти Кумита таҳти роҳбарии муовини раиси Кумита Матробиён С. Қ., бо 4 нафар намояндагон – котибони ҷамоатҳои деҳот ва намояндаи Комиссияи номгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон вохӯрии машваратӣ баргузор намуданд, ки дар ин вохӯрӣ масъалаҳои номгузорӣ мутобиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳаллу фасл гардида, ба бисёр мушкилоти номгузорӣ машварату маслиҳатҳо дода шуда, то пеш аз қарори Маҷлиси вакилони халқ ва Ҷамоати деҳот дар пешниҳоду ивази номҳои ҷуғрофӣ ва маҳалҳои аҳолинишин қаблан бояд, ки комиссияҳои номгузорӣ бо Кумита мувофиқа намоянд.

Дар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми феврали соли 2017, №2880(31-6) вобаста ба муроҷиати Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-уми феврали соли 2017, №67/10 оид ба такмил додани маҳорати касбии мутахассисони соҳаи ҳифзи иттилоот семинар дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрами амнияти иттилоотӣ»-ро бо ҷалби мутахассисони Ширкати «Инфотекс», «Gemalto» ва «ТОНК»-и шаҳри Москва дар санаи 10-уми марти соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллӣ баргузор гардид, мудири бахши умумӣ ва сармутахассиси шуъбаи ташкилию ҳуқуқӣ иштирок намуданд.

Дар асоси барқияи телефонӣ аз 25-уми январи соли 2017, оид ба мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат бо бонувони кишвар, ки рӯзи 7-уми марти соли ҷорӣ дар толори Кохи Борбад баргузор гардид, кормандони Кумита аз ҳисоби бонувон иштирок намуданд.

Дар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми декабри соли 2016, №16/3179(26) ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва баргузории ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Кумита фармоиш ва Нақшаи чорабиниҳо аз 4-уми январи соли 2017, №4 тасдиқ шудааст, дар асоси банди Нақшаи мазкур дар Кумита санаи 18-уми марти соли 2017 мизи мудаввар бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ баргузор гардид, кормандони Кумита фаъолона иштирок карда суханронӣ намуданд.

Дар асоси бандҳои 10, 20 ва 23-и Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24-уми феврали соли 2017, №2 ва барқияҳои ҳукуматӣ аз 1-уми марти соли 2017, №24/10-8 аз 3-юми марти соли 2017, №24/10-9 «Оид ба ободанӣ ва боз ҳам зебову ҷолиб гардонидани симои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бунёди майдончаҳои варзишӣ ва ободонии маҳаллаҳо, боғҳо, кӯчаю хиёбонҳои мувофиқи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобасташударо дар сатҳи баланду замонавӣ то ҷашнҳои Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Нақшаи чорабиниҳои Кумита барои соли 2017 таҳия гардида, аз 6-уми марти соли 2017, №28 тасдиқ шудааст, оид ба ташкил ва гузаронидани шанбегӣ дар рӯзҳои 27-уми феврал, 5, 12 ва 19-уми март кормандони Кумита фаъолона иштирок намуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ 19-уми январи соли 2017 дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунавои шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Ҳуқуқҳои забоншиносии ношунавоён» баргузор гардида, он ҳалли масъалаву мушкилоти таълим ва зисту фаъолияти минбаъдаи ношунавоён дар ҷомеаро дар бар мегирифт, ки дар он сардори шуъбаи танзими истилоҳот Зулфониён Р.Р. иштирок намуд.

Ҷамъомади мазкур бо иштироки 300 нафар намояндагон аз мақомоти ноҳияҳои кишвар, кормандони шуъбаи маорифи шаҳру ноҳияҳо, мутахассисону устодони донишгоҳу донишкадаҳо ва муассисаҳои таълимӣ ва ҷамъияти ношунавоёну маъюбони ҷумҳурӣ ва ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ баргузор гардид, ки дар он намояндаи Кумита, сардори шуъбаи танзими истилоҳот Зулфониён Р. ҷиҳати ҳамкорӣ бо ин ниҳоду мактаб ва муассисаҳо маърӯза намуда, иттилоъ дод, ки мушкилоти масъалаҳои ҳалталаби ношунавоён дар лоиҳаи «Консепсияи рушди забони миллӣ барои солҳои 2017-2031» ба нақша гирифта шудааст ва барои тақвияту таҳкими донишандӯзии ношунавоён Кумита татбиқи ин масъалаҳоро зарур мешуморад.

Инчунин, рӯзи 18-уми январи соли равон сармутахассиси шуъбаи танзими истилоҳот Фарҳодова С. дар вохӯрӣ бо кормандони Маркази саломатии шаҳрии №3-и шаҳри Душанбе оид ба муҳтавои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми декабри соли 2016 иштирок намуд.

Дар мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Модар таҳти унвони «Модар-сарчашмаи ҳаёт», ки санаи 7-уми марти соли 2017 (дар Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон) баргузор шуд, сармутахассиси шуъбаи танзими истилоҳот Фарҳодова С. иштирок намуд.

Дар асоси мактуби Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон аз 24-уми январи соли 2017, №1/1-1 бахшида ба «Соли ҷавонон» ва 20 солагии ҷашни «Ваҳдати миллӣ» санаи 27-уми январи соли 2017, Анҷумани навбатии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистонро дар бинои «Кохи афсарон»-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, сармутахассиси шуъбаи ташкилию ҳуқуқӣ Умарова Шаҳноза иштирок намуд.

Муовини раиси Кумита Матробиён С. Қ. 18-уми феврали соли 2017 дар семинари илмии Муассисаи давлатии Китобхонаи миллӣ, ки ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ баргузор гардид, иштирок ва маърӯза намуд. Мавсуф дар мавзӯи «Забон пояи фарҳанги миллӣ» маърӯза намуда, бо баёни рисолати забони тоҷикӣ ва арҷгузорӣ ба он, инчунин, даъват намуд, ки риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳатмӣ аст. Ҳамчунин, аз татбиқи Нақшаи «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016» роҳбарияти мақомот ва ташкилоту муассисаҳоро ёдовар намуд.

Ҳамчунин, дар ҳамин давра дар курси азнавтайёркунӣ барои хизматчиёни давлатии Мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи барномаи «Асосҳои ҳуқуқии хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 30-юми январ то 18-уми феврали соли 2017 кормандони Кумита, аз ҷумла, Маҳмадёрова Г., Давлатшоева М. ва Зайдуллои А. иштирок намуданд.

Қобили зикр аст, ки аз 9-уми феврал то 30-юми апрели соли равон дар Кумита барои гузаронидани таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ 2 нафар донишҷӯёни соли чоруми ихтисоси забоншиносӣ ва технологияи иттилоотии факултети забонҳои романӣ-германии Донишгоҳи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода қарор доранд, ки дар коромӯзии онҳо кормандони бахши экспертизаи забоншиносӣ масъул буданд.

Дар ҳамин давра дар вохӯрӣ бо хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36-и ноҳияи Шоҳмансур бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон (рӯзи 15.05.2017) сармутахассиси шуъбаи танзими истилоҳот Фарҳодова С. иштирок ва маърӯза намуд.

Инчунин, кормандони Кумита дар чорабинии Рӯзи дави миллӣ рӯзи 21-уми майи соли 2017 фаъолона иштирок карданд.

Ҳамчунин, дар ин давра намоиши “Модар-Ватан”-и Муҳиддини Музаффар, ки дар толори театри давлатии Ҷавонон ба номи М. Воҳидов ва дар барномаи фаҳангию фароғатии ҷавонон бахшида ба Рӯзи Шашмақом, ки дар Муассисаи давлатии фарҳангӣ – фароғатии “Аҳорун” баргузор гардид, кормандони Кумита иштирок намуданд.

Кормандони Кумита дар барномаи фарҳангии фароғатӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон рӯзи 23-юми майи соли 2017 дар Майдони Фрунзе иштирок намуданд.

Дар ҳамин давра, 15-уми июни соли равон корманди шуъбаи танзими истилоҳот Фарҳодова С., дар Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар мавзӯи “Нақши забони давлатӣ дар таҳкими Ваҳдати миллӣ” иштирок ва баромад намуд.

Бо мақсади ҳалли мушкилоти масъалаҳои рушди забони давлатӣ Кумита мизи мудаввар дар мавзӯи «Вазъи иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар рӯзномаҳои даврӣ» рӯзи 20-уми июни соли 2017 дар толори Академияи ВАО дар сатҳи ҷумҳуриявӣ баргузор намуд, ки мутаассифона масъулини рӯзномаҳои даврӣ дар кори мизи мудаввар иштирок накарданд.

Кумита ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Соли Ҷавонон Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявиро таҳти унвони “Нақши забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ” рӯзи 23-юми июни соли 2017 дар толори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” баргузор намуд, ки аз натиҷаи Конференсия тавсиянома қабул гардида, ба мақомоти дахлдор пешниҳод карда шудааст.

Ҳамчунин, кормандони Кумита дар давраи ҳисоботӣ барномаи консертии ансамбли “Ориё”-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Муассисаи давлатии фарҳангӣ – фароғатии Аҳорун баргузор гардид, иштирок намуданд.

 

Робитаҳои байналмилалӣ

 

Мутобиқи Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамкориҳо баргузор гардида истодааст.

Аз ҷумла, аз ҷониби мутахассисони Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳоти Кумита китоби Ҳазорвожаи пизишкии Фарҳангистон (қисмҳои 1 ва 2) бо тафсирҳои иловагии истилоҳот ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ то моҳи майи соли ҷорӣ таҳия ва нашр хоҳад гардид, гунаи тоҷикӣ-русӣ-англисӣ-форсӣ ва русӣ-тоҷикӣ –англисӣ-форсии он аз ҷониби Кумита интишор хоҳад шуд.

Қобили зикр аст, ки дар таҳияи китоби мазкур аъзои Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳоти Кумита ва мутахассисони варзида ҷалб карда шудаанд.

Дар ҳамин давра, дар асоси дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми майи соли 2017, №3112164(29-4), зимни муроҷиати Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон (аз 10-уми майи соли 2017, №605974) ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон бо раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости мулоқот намуда буд, рӯзи 21-уми июни соли равон мулоқот дар Кумита бо иштироки раиси Кумита Г. Шарофзода, муовини раиси Кумита С. Матробиён. сардори шуъбаи танзими истилоҳоти Кумита Р. Зулфониён, Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон – Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ ва Рӯдоба Назифӣ (мушовири Сафир) баргузор гардид.

Раиси Кумита меҳмононро пазироӣ намуда, ташрифи онҳоро хайрамақдам гуфтаву аз ҳамкории Кумита бо Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон ёдовар шуда, дар хусуси ба роҳ монда шудани тарҷумаву коркарди Ҳазорвожаи тахассусии форсӣ ба тоҷикӣ ва русӣ сухан кард.

Сипас, Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳ. Фағонӣ дар сароғози сухани худ аз ифтихори ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг, ки таҳти як тамаддун арзи ҳастӣ мекунанд, изҳори назар дошт.

Ҳамчунин, Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳ. Фағонӣ ёдовар шуд, ки дар шаҳри Душанбе бо кумаку сарпарастии Муассисаи молӣ ва эътибории Фирдавсӣ Федератсияи варзишгоҳи “Зӯрхона”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд, ки он маҳз бо сарпарастии ин муассиса таъсис дода шудааст, вале барои насби навиштаҷоту номгузории муассисаи мазкур ба хатти ниёгон гӯё Кумита монеагӣ карда бошад.

Раиси Кумита Г. Шарофзода ин ақидаро инкор карда, иттилоъ дод, ки номгузорӣ ва навиштаҷоти он тибқи қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ сурат гирифта, таблиғи он ба дигар забонҳо дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад. Маводи иттилоотӣ ва навиштаҷоти муассиса бо забони муассисони хориҷӣ низ навиштаву насб карда мешавад.

Дар анҷоми мулоқот раиси Кумита аз Сафири муҳтарам хоҳиш намуд, ки аз рӯи имконият дар дастрасии Фарҳангномаҳои форсӣ, ки дар Ҷумҳурии Исломии Эрон интишор шудаанд ба Кумита мусоидат намоянд. Ин таклифро Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон хуш пазируфт ва илова намуд, ки ин иқдом дар рушду густариши забони тоҷикӣ-форсӣ, ки сарчашмаи пайдоиши ин забон ҳамин диёри офтобӣ, яъне сарзамин тоҷикон басо судманд мебошад.

Таҳияи санад ва гузоришҳо

 

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016» ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Кумита қарори Ҳайати мушовара, фармоиш, нақшаи чорабиниҳо, гузоришҳо таҳия гардида, ба тасвиб расидаанд. Аз ҷумла:

  1. Қарори Ҳайати мушовара «Дар бораи фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 ва вазифаҳо барои нимсолаи аввали соли 2017»;
  2. Қарори Ҳайати мушовара «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи аввали соли 2017» ва Нақшаи санҷиши Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси банди 27-и моддаи 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» вобаста ба назорати риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои соли 2017;
  3. Гузориши Кумита ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳои «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016» аз натиҷаи ҳисоботу гузоришҳои вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои дахлдор ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  4. Нақшаи чорабиниҳои Кумита бахшида ба таҷлили Рӯзи байналмилалии забони модарӣ (21 феврал);
  5. Гузориш ба Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои Протоколи ҷаласаи шашуми Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24-уми ноябри соли 2016, №2к/54-31 ва иҷрои Нақшаи кории Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017, ҷиҳати амалисозии «Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020»;
  6. Гузориш ба Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13-уми январи соли 2016, №4 «Дар бораи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018»;
  7. Гузориш ба Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои банди 21-и Протоколи маҷлиси назди Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бандҳои 1, 2, 23, 34 ва 35-и Протоколҳои маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  8. Гузориш ба Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои бандҳои 10, 20 ва 23-и Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24-уми феврали соли 2017, №2 ва барқияҳои ҳукуматӣ аз 1-уми марти соли 2017, №24/10-8 аз 3-юми марти соли 2017, №24/10-9 «Оид ба ободонӣ ва боз ҳам зебову ҷолиб гардонидани симои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бунёди майдончаҳои варзишӣ ва ободонии маҳаллаҳо, боғҳо, кӯчаю хиёбонҳои мувофиқи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобасташударо дар сатҳи баланду замонавӣ то ҷашнҳои Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
  9. Гузориш ба Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17-уми марти соли 2017, №24/10-120 оид ба таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд;
  10. Гузориш ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси банди 1-и қисми II Протоколи маҷлиси Раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16-уми августи соли 2016, №9 доир ба масъалаи зери назорати ҷиддӣ қарор додани номгузории анъанавӣ ва мувофиқа намудани онҳо бо Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми ноябри соли 2015, №16/324 оид ба таъсиси гурӯҳи корӣ ҷиҳати иваз намудани номи мавзеъҳои ҷуғрофии кишвар ва мушкилоти дар ин самт ҷойдошта аз 24-уми январи соли 2017, №1-3/9;
  11. Гузориш ба Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба расонидани кумакпулии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании ноҳияҳои Файзобод, Нуробод ва шаҳри Роғун;
  12. Гузориш ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти соҳавии Кумита дар панҷ моҳи соли 2017;
  13. Гузориш ба Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ;
  14. Гузориш ба Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иштирок дар вохӯриҳо бо сокинони ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон бахшида ба “Соли ҷавонон” ва ҷашни 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ;
  15. Гузориш ба Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмин намудани Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бинои маъмурӣ;
  16. Гузориш ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа доир ба мизи мудаввари Кумита;
  17. Таҳияи Нақшаи кории Кумита барои нимсолаи аввали соли 2017;
  18. Таҳияи Нақшаи санҷишии Кумита дар асоси банди 27-и моддаи 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субектҳои хоҷагидор» вобаста ба назорати риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017», ки дар мувофиқа бо Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ аз 3-юми марти соли 2017;
  19. Таҳияи фармоиш ва Нақшаи чорабиниҳои Кумита дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-уми феврали соли 2017, №АП833 оид ба Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба «Соли ҷавонон»;
  20. Таҳияи фармоиш дар асоси «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» ва «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи соли 2030»;
  21. Таҳияи фармоиш ва Нақшаи чорабиниҳои Кумита дар асоси бандҳои 10, 20 ва 23-и Протоколҳои маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24-уми феврали соли 2017, №2 ва барқияҳои ҳукуматии Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми марти соли 2017, №24/10 ва 3-юми марти соли 2017, №24/10-9 оид ба ташкил намудани ҳашарҳо дар ниҳолшинонӣ, кабудизоркунӣ, обод намудани гулгаштҳо ва боғҳои истироҳатию фароғатӣ, ободонӣ ва боз ҳам зебову ҷолиб гардонидани симои пойтахти кишвар, бунёди майдончаҳои варзишӣ;
  22. Таҳияи фармоиш ва Нақшаи чорабиниҳои Кумита дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 ва вазифаҳо барои соли 2017» аз 30-юми декабри соли 2016, №531;
  23. Таҳияи фармоиш ва Нақшаи чорабиниҳои Кумита дар асоси супориши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои Протоколи ҷаласаи шашуми Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24-уми ноябри соли 2016, №2к/54-31, оид ба иҷрои Нақшаи кории Шӯрои муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017;
  24. Таҳияи фармоиш ва Нақшаи чорабиниҳо дар асоси банди 21-и Протоколи маҷлиси назди Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-уми январи соли 2017, №10-1 ва бандҳои 1, 2, 23, 34 ва 35-и Протоколҳои маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24-уми январи соли 2017, №1;
  25. Таҳияи фармоиш ва Нақшаи чорабиниҳо дар асоси бандҳои 1, 41, 43 ва 45-и Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми декабри соли 2016, №14 оид ба ҷаласаҳои Ҳайати мушовара дар соли 2016 ва ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта дар доираи стратегияву барномаҳои қабулгардида рушди ҳамасолаи иқтисодиёт, пешниҳод намудани Дастурамали коргузорӣ бо муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, сари вақт баррасӣ намудани муроҷиати шаҳрвандон;
  26. Таҳияи фармоиш ва Нақшаи чорабиниҳои Кумита дар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми декабри соли 2016, №16/3179(26) ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва баргузории ҷашни байналмилалии Наврӯз;
  27. Таҳияи фармоиш ва Нақшаи чорабиниҳои Кумита дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми январи соли 2017, №АП-820 «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми декабри соли 2016 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
  28. Таҳияи фармоиш ва Нақшаи чорабиниҳои Кумита дар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-уми феврали соли 2017, №24/10-55 ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми январи соли 2017;
  29. Таҳияи фармоиш ва Нақшаи чорабиниҳои Кумита дар асоси супориши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои Протоколи ҷаласаи шашуми Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24-уми ноябри соли 2016, №2к/54-31 ва иҷрои Нақшаи кории Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017, ҷиҳати амалисозии «Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020»;
  30. Таҳияи фармоиш ва Нақшаи чорабиниҳои Кумита бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми апрели соли 2017, №177 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018»;
  31. Таҳияи Низомнома ва ҳайати Комиссияи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода бо мақсади амалисозии иҷрои Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-уми январи соли 2016, №1, татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми декабри соли 2015, №799 “Дар бораи масъалаҳои Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода”;
  32. Таҳияи фармоиш ва Нақшаи чорабиниҳои Кумита бо мақсади иҷрои бандҳои 6, 24, 26 ва 27-и протоколҳои маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми март №3 ва аз 27-уми соли 2017, №4;
  33. Таҳияи фармоиш ва Нақшаи чорабиниҳои Кумита бо мақсади дастуру супоришҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо масъулону фаъолони шаҳри Душанбе аз 15-уми феврали соли 2017;
  34. Таҳияи Нақшаи кории Кумита барои нимсолаи дуюми соли 2017;
  35. Қобили зикр аст, ки Кумита лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба замимаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми июни соли 2016, №325«Дар бораи Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ»-ро таҳия намуда, бо вазорату идораҳо мувофиқа ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.

Ҳамзамон, Кумита лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»-ро дар таҳрири нав таҳия намуда, барои мувофиқа ба вазорату идораҳо пешниҳод кард, дар рӯзҳои наздик барои ҷонибдорӣ ва тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол мегардад.

 

Фаъолияти иттилоотӣ ва нашриявӣ

 

Дар асоси Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар нимсолаи дуюми соли 2015 мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ 30-юми январи соли 2017 нишасти матбуотии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма, баргузор гардид, ки кормандони Кумита фаъолона иштирок намуданд. Дар нишаст, инчунин, аз фаъолияти Кумита дар бахши экспертизаи забоншиносӣ, танзим ва ҳамгунсозии истилоҳот, пешбурди корҳои тарғиботӣ бо мақсади таъмини риояи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои хабарнигорон маълумот пешниҳод гардид.

Дар анҷом хабарнигорон оид ба масъалаҳои Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, сатҳи забондонии роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, роҳҳои ҳалли мушкилот дар интихоби ном, номи хонаводагӣ, насаб, номгузории шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку маҳалла, кӯчаю хиёбонҳо, истифодаи навиштаҷот ба забонҳои хориҷӣ, омилҳои ба миён омадани навиштаҷоти ғалат дар кӯчаю хиёбонҳо, забони воситаҳои ахбори омма, омӯзиши алифбои ниёгон, истифодаи истилоҳот дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзиши қоидаҳои имло дар мақомоти давлатӣ, навиштаҷот дар борпечҳои маводи доруворӣ, нашри фарҳангҳои соҳавӣ ва ғайраҳо саволҳо пешниҳод намуданд, ки аз ҷониби роҳбарият ва кормандони Кумита ба хабарнигорон посухҳои мушаххас дода шуд.

Дар нимсолаи аввали соли 2017, роҳбарият ва кормандони Кумита дар 58 барномаҳои телевизиониву радиоӣ иштирок намуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар шумораҳои рӯзномаи «Ганҷи забон» аз моҳҳои феврал ва марти соли 2017 дар ҳаммуаллифии сардори шуъбаи ташкилию ҳуқуқӣ Мансурӣ Ш.Ҷ. ва сардори шуъбаи танзими истилоҳот Зулфониён Р.Р. мақолаи «Сиёсати забони давлатӣ дар даврони истиқлолият» ба табъ расид, ки он масъалаҳои ҳуқуқӣ ва меъёриро доир ба мушкилоти татбиқи сиёсати забон ва кам будани воҳидҳои кории Кумита масъалагузорӣ намуд.

Ҳамчунин, аз Кумита 11 гузориш ба АМИТ «Ховар» аз натиҷаи фаъолият ва чорабиниҳои Кумита оид ба иҷрои нақшаҳо ва дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва интишор гардид.

Ҳамзамон, вожаҳои ғалат ва шакли дурусти он барои барномаи «Субҳ»-и Телевизиони «Тоҷикистон» аз ҷониби Кумита мунтазам пешниҳод мегардад, ки то имрӯз шумораи чунин истилоҳот ба 450 адад мерасад.

Қобили зикр аст, ки дар давраи ҳисоботӣ мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-уми марти соли 2016, №647 «Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ» аз ҷониби Кумита барои ишғоли мансабҳои озоди маъмурии хизмати давлатӣ дар шаш моҳии соли 2017, 2 маротиба бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани интихоб, ҷобаҷогузорӣ ва тарбияи кадрҳо, баланд бардоштани сифат ва самаранокии хизмати давлатӣ, гирифтани иттилооти объективӣ оид ба иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ ва сатҳи дониши касбии хизматчиёни давлатӣ ва таъмини мувофиқати онҳо ба мансаби ишғолнамуда тибқи банди 17-и Низомномаи тартиб ва шартҳои гузаронидани аттестатсияи хизматчиёни давлатии маъмурӣ, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми майи соли 2008, №468 тасдиқ карда шудааст ва фармоиши раиси Кумита аз 14-уми апрели соли 2017, №42 тибқи санади мазкур 1-уми майи соли равон бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 нафар кормандон аз аттестатсияи хизматчиёни давлатии маъмурӣ гузаронида шуданд.

Дар ин давра ба 3 нафар кормандони Кумита шаҳодатномаи хизматӣ пешниҳод гардид. Мувофиқи Нақшаи машғулиятҳои идоравӣ хизматчиёни давлатӣ дар Кумита, соли 2017, 3 маротиба яъне 27-уми январ, 24-уми феврал ва 28-уми март дар байни кормандон гузаронида шуда, аз натиҷаи он гузориши муфассал ба Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.

Ҳамзамон, дар асоси талаботи санадҳои меъёри ҳуқуқӣ ба 9 нафар, кормандони Кумита рутбаҳои тахасусӣ дода шудааст.

Дар шаш моҳи соли 2017 72 адад фармоишҳои раиси Кумита ба тасвиб расид. Дар давраи ҳисоботии соли ҷорӣ ба Кумита 473 муроҷиати хаттӣ, тавассути телефон ва зимни қабули шаҳрвандон пешниҳод гардид, ки ҳамаи онҳо баррасӣ шуда, ба муроҷиаткунандагон ҷавобҳои мушаххас пешниҳод гардид.

Муроҷиатҳо тавассути телефон, шабакаи интернет ва дар ҷараёни қабули рӯзҳои шанбе ба Кумита воридгардида, масъалаҳои зеринро дар бар мегиранд:

- оид ба самтҳои фаъолият ва нақшаҳои Кумита (25 адад);

- шарҳу тавзеҳи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар

бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар иртибот ба лавҳаю овезаҳо (57 адад);

- оид ба тарҷума, истифода ва шарҳи вожаю истилоҳот (64 адад);

- оид ба Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ (76 адад);

-шарҳи тартиби коркард, истилоҳнигорӣ ва қабули вожаю истилоҳоти соҳаҳои мухталиф (40 адад);

- шарҳи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» (44 адад);

- номгузорӣ (40 адад);

- тарзи дурусти навишти вожаю истилоҳот (24 адад);

- шарҳи масъалаҳои марбут ба ҳуҷҷатнигорӣ (85 адад);

- оид ба таҳияи фарҳангҳои соҳавӣ (18 адад);

Дар нимсолаи аввали соли 2017 ба Кумита 440 мактубу дархост ва барқияи телефонӣ, аз ҷумла, 126 мавод аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 233 мавод аз вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, 30 адад барқия ва 51 аризаи хаттӣ аз ҷониби шахсони алоҳида ба Кумита ворид гардида, ҳамаи онҳо мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд.

Дар ин давра аз Кумита 369 мактуб, барқияи телефонӣ ва пешниҳоду хулосаҳо, аз ҷумла, 87 мактуб ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 282 адад ба вазорату идораҳо ирсол гардидааст.

 

Вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда

 

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ (4 октябри соли 2012) масъалаи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зери назорати шахсии роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қарор дода шавад. Ин иқдом, бешубҳа, барои татбиқи самарабахш ва устувори Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мусоидат хоҳад намуд.

Новобаста аз корҳои баанҷомрасида дар самти татбиқи Қонуни мазкур дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳанӯз камбудиҳо хеле зиёданд. Дар бештар маврид фаъолияти Комиссияҳои назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» хусусиятҳои лаҳзавӣ дошта, мунтазам сурат намегирад.

Ҳамзамон, Кумита бо дарназардошти вазъи имрӯзаи татбиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва масоили марбут ба рушди сиёсати забони тоҷикӣ дар соли 2017 омӯзиш ва ҳалли масъалаҳои зеринро дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо барои пешрафти соҳа зарур мешуморад:

1. Натиҷаи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар нимсолаи аввали соли 2017 мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор дода, бояд тазаккур дод, ки мавҷуд набудани воҳидҳои кории алоҳида – масъулони татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои назорати мунтазам ва татбиқи самарабахши он дар тамоми ташкилоту муассисаҳо, нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонии маишӣ мушкилот пеш меорад.

Аз ин рӯ, Кумита таъсиси воҳидҳои кории алоҳидаро бо дарназардошти ҳолати бавуҷудомада дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (3 воҳиди корӣ), вилоятҳо (3 воҳиди корӣ), шаҳри Душанбе (3 воҳиди корӣ) ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (10 воҳиди корӣ) дар маҷмӯъ 22 воҳиди кориро зарур мешуморад.

2. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки кормандони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои ҳалли масъалаҳои вобаста ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва иҷрои Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016 ба дастурҳои методӣ ва баргузории семинару машғулиятҳо ниёз доранд.

3. Мусоидат барои густариши забони миллӣ дар мақоми забони илм вазифаи асосии ҳама сохторҳои илмӣ ва кафедраҳои муассисаҳои олии кишвар маҳсуб мегардад. Бинобар ин, ба забони илм табдил додани забони давлатӣ татбиқи чорабиниҳои мушаххасро аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишгоҳу донишкадаҳо ва тамоми марказҳои илмӣ-таҳқиқотӣ тақозо менамояд.

4. Бояд тазаккур дод, ки новобаста аз корҳои баанҷомрасида, дар самти танзими истилоҳот камбудиҳо хело зиёданд. Ба Кумита ҳамарӯза маводи гуногун ворид мегардад. Бинобар сабаби набудани фарҳангҳои чандзабона, тахассусӣ зимни омӯзиш ва баррасии маводи вурудӣ кормандон ба мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ дар самти таҳияи фарҳангҳо ва донишномаҳо меъёрҳои фарҳангнигорӣ дар бештари маврид аз ҷониби мураттибон риоя намегардад. Маводе, ки ба Кумита ворид мегардад ба талабот ҷавобгӯ набуда, кори мутахассисонро даҳчанд мушкил мегардонанд. Бо дарназардошти ин пешниҳод мешавад, ки бо ҷалби мутхассисони истилоҳшиносону забоншинсон ва фарҳангнигорон «Дастури фарҳангнигорӣ» таҳия карда шавад.

Аз ин рӯ, Кумита ба нақша гирифтааст, ки дар нимсолаи дуюми соли 2017 масъалаҳои зеринро дар роҳи ба танзим даровардани истилоҳоти соҳаҳои мухталиф ҳал намояд:

- таҳияи лоиҳаи «Дастурамали номгузорӣ оид ба номҳои ҷуғрофӣ ва ташкилоту муассисаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» семоҳаи сеюм;

  • таҳияи лоиҳаи «Дастурамали танзим ва қабули истилоҳот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» то охири сол;
  • баррасии фарҳангҳои вурудӣ ва номи маҳалҳои аҳолинишини кишвар;
  • таҳлил ва баррасии вазъи омӯзиш ва таҳқиқоти мавзӯҳои илмӣ дар самти истилоҳшиносӣ;
  • таҳияи Номгӯи номҳои ҷуғрофии харитаи сиёсии ҷаҳон ба забони давлатӣ ва пешниҳод барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  • таҳияи «Фарҳанги орфоэпии забони тоҷикӣ», ки барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад.
  • омодагӣ ба Анҷумани забоншиносони тоҷик дар кишвар.

5. Таъсиси марказҳои омӯзиши забони давлатӣ дар маҳалҳои зисти ақаллиятҳои миллии маскуни ҷумҳурӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ.

6. Кумита оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар нимсолаи дуюми соли 2017 ба нақша гирифтааст.

7. Ҳамзамон, баҳри рушди забони давлатӣ дар саросари ҷумҳурӣ Кумита лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Консепсияи миллии рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2031»-ро таҳия намудааст, ки дар нимсоали дуюми соли 2017 такроран барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Кумита дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ тамоми неруи худро баҳри назорат ва татбиқи муассири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо дарки амиқи сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи Пешвои миллат ҷиҳати рушди забони давлатӣ ва ба ҳамин васила устувор намудани пояҳои он, чораҳои муассир меандешад.

Замима

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Гузориши конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар ҳифзи асолати забон ва меъёрҳои он» (3 октябри 2017)

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 2 Ноябр, 2017 - 13:42

Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумита 3-юми октябри соли равон конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявиро таҳти унвони «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар ҳифзи асолати забон ва меъёрҳои он» дар бинои Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» баргузор намуд, ки дар он зиёда аз 70 нафар намояндагони вазорату идораҳо, пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, донишгоҳу донишкадаҳо, кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.

Конференсияи мазкур бо дарназардошти рисолату мақоми таърихии забони тоҷикӣ дар соҳаҳои гуногуни иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва илмию техникӣ, инчунин, мушкилоти ҳалталаби он дар тамоми самти қишри ҷомеа ва баҳри рушду густариши он дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар бораи забон, алалхусус, амалӣ намудани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба вазорату идораҳо, донишгоҳу донишкадаҳо ва ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ чунин тавсиянома қабул кард:

1) Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби олимони забоншинос Қоидаҳои имлои забони тоҷикиро дар таҳрири нав таҳия намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

2) Аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби барномасозон ва забоншиносон Барномаи навтарини тафтиши имлои забони тоҷикӣ таҳия ва роҳандозӣ карда шавад.

3) Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ, пажӯҳишгоҳҳо, донишгоҳу донишкадаҳои кишвар, МИМҲД шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои ҷумҳурӣ масъалаҳои зеринро роҳандозӣ намоянд:

- фароҳам овардани шароити мусоид дар ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ҷиҳати омӯзиши забони тоҷикӣ;

- назорати ҷиддӣ намудан ба сатҳу сифати забони матни рекламаҳои берунӣ дар ВАО паҳншаванда;

- назорати қатъии матни ҳама гуна навиштаҷоти шиору лавҳаю овезаҳо ва мутобиқ намудани барчаспҳо, нархномаҳои ширкату ташкилотҳои истеҳсолии кишвар, бахусус, номгузории маводи истеҳсолӣ дар ширкатҳо ва лавҳаҳои муваққатии мавсимӣ ва ҳамешагии насбшаванда ва зери назорати қатъӣ гирифтани фаъолияти муассисаҳои табъу нашри хусусӣ тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ;

- назорати забони ВАО дар ҷумҳурӣ;

- назорати номгузории ташкилоту муассисаҳо, матни шиору овезаҳо;

- дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тарғиб намудани омӯзиши забони тоҷикӣ ва донистани ҳатмии он барои муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ;

- дар мувофиқа фаъолият намудани Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои номгузорӣ, таҳияву насб ва пахши рекламаҳо ба забони тоҷикӣ;

- ба роҳ мондани омӯзиши он-лайн ба забони давлатӣ ва Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ тариқи шабакаҳои давлатии телевизионӣ;

- назорати ҷиддӣ ҷиҳати пахшу интишори афкори соҳибзабонон ба забони тоҷикӣ тариқи сомонаҳои интернетӣ;

- матнҳои рекламавии берунӣ ва дар ВАО паҳншаванда пеш аз паҳну манзуршавӣ ҳатман бо Кумитаи забон ва истилоҳот мувофиқа карда шаванд.

4) Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стандартҳои рамзгузорӣ ва ҷобаҷогузории алифбои тоҷикӣ дар сафҳакалиди (клавиатураи) компютерии стандарти UNICODE барои истифодабарии компютерӣ» аз 2-юми августи соли 2004, №330 қабул гардидааст, ки сафҳакалидҳои компютерҳои вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо бояд дар асоси он бо шрифти «Times New Roman Tj» ба роҳ монда шавад, вале бо пешрафти технология системаҳои оператсионии навтарини Microsoft Windows 7, 8.1 ва 10 ё ин ки OS Linux, монанди Mageia, Fedora, Ubuntu, OpenSuse, TrueOS (FreeBSD), Mint ва барномаҳои навтарини Microsoft Office 365 ё ин ки LibreOffice 5 ва ғайра бо интерфейси тоҷикӣ, шрифтҳо ва стандартҳои рамзгузорӣ ва ҷобаҷогузории алифбои тоҷикӣ дар сафҳакалиди (клавиатураи) компютерии стандарти UNICODE барои истифода пешниҳод шудааст. Бинобар ин зарур аст, ки барои ҳамгун сохтани шакли навишторӣ аз чунин технологияҳои навтарин истифода бурда шавад.

5) Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби забоншиносон ва мутахассисони Кумитаи забон ва истилоҳот бо мақсади бартараф намудани камбудиҳо ва ғалатҳои ному насабнависӣ ва ҳуҷҷатнигории онҳо ва ҷиҳати дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар ворид намудани тағйиру иловаҳо чораҳои зарурӣ андешанд:

- шаклу қолаб ва матни зодномаю шиносномаҳои тоҷикӣ ба тағйиру илова ниёз дошта, бояд гунаи дурусти ному насабнигорӣ тасдиқ карда шавад.

- пасвандҳои ташаккулдиҳандаи номи падар -“пур” ва “духт” ба моддаи 20-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” ворид карда шаванд.

- тибқи қарори алоҳида бо мақсади дуруст ба роҳ мондани талаботи моддаи 74-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” номҳои ғалату бемантиқи падарӣ ва номи хонаводаги (насаб)-и шикастаи шаҳрвандон бояд дар асоси қонунҳои амалкунанда - тибқи талаботи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ислоҳ карда шаванд, то оянда барои наслҳои баъдина дар ҳуҷҷатнигорӣ монеа эҷод нашавад.

- шаҳрвандон битавонанд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ тахаллус (лақаб) ё тахаллуси маконӣ (этнонимӣ ё топонимӣ) дошта бошанд (мисол: Сомонзод, Ориёнфар, Заргар, Сӯзанӣ, Зарринфом, Кешрудӣ, Турандод, Фарғонӣ, Бухороӣ, Суғдзод, Зарафшонӣ, Зарафшонфар, Хатлонӣ, Бадахшонӣ, Хуҷандӣ ва ғ.)».

6) Пешниҳоди асосноки Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи таъсиси воҳиди корӣ дар МИМҲД бо мақсади рушду густариши сиёсати давлатӣ дар бораи забон ва ҳалли масъалаҳои марбут ба ин самт.

7) Ба қайд гирифтани истилоҳоти соҳавии тасдиқнамудаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади меъёрии ҳуқуқӣ дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Фишурдаи гузориш барои Воситаҳои ахбори омма аз Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ таҳти унвони «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар ҳифзи асолати забон ва меъёрҳои он» бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (3-юми октябри соли 2017)

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 2 Ноябр, 2017 - 13:39

«Ҳукумати Тоҷикистон аз оғози истиқлолият барои рушди забони давлатӣ ва таҳкими мақоми он дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат пайваста тадбирҳои муассир андешида, ҷиҳати татбиқи ин сиёсат тамоми имкониятҳоро фароҳам овардааст».

                                                                                                                        Эмомалӣ Раҳмон

Забони тоҷикӣ, ки асолати беш аз ҳазорсолаҳо дорад, бо забон ва адабиёти ғании худ ҷаҳоншумул гардида, дар роҳи таҳкими тамаддуни инсонӣ ва афкори инсонгарои башарӣ саҳми босазое дорад. Дар ин давраи ҷаҳонишавии миллатҳо ин сарвати бебаҳо – забони миллии мо, ки худ омили муҳими пойдориву бақои миллат ва давлатдории миллӣ аст, аз ҷониби давлат ҳифз гардида, рушд меёбад.

Хушбахтона, баъди талошу заҳматҳои зиёд ва заминаҳои таърихию сиёсию адабии пурифтихор ва маърифтапарваронаву тамаддунофар дар замони Истиқлолият забони миллӣ ривоҷу равнақи худро ёфт.

            Аз соли 2009 инҷониб, санаи 5-уми октябр баъди тасдиқи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамчун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Мутобиқи муқаррароти Қонуни мазкур ва дастуру супоришҳои Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи асолат ва рушди забони тоҷикӣ вазифаи ҳар як фарди кишвар маҳсуб ёфта, он дар тамоми соҳаҳои мухталифи ҷомеа мавриди корбурд қарор дорад.

Ҳамин иқдоме, ки баҳри ташаккули қудрати воқеии забон бо ҷомеа ва инсонҳои муошираткунанда ва мукотиботу эҷоди онҳо хизмат мекунад, риояи меъёрҳои Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ мебошад.

Бо дарназардошти ин гуфтаҳо, воқеияти таҳияи чунин як имлои ҷавобгӯ ба меъёрҳои забони тоҷикӣ дар номаи табрикотии Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 22-юми июли соли 2003 ба муносибати Рӯзи забон таъкид гардида буд. Ин дастури бисёр муҳим ва ҳидояти Пешвои миллат дар иртибот ба таҳия ва пешниҳоди қоидаҳои имлои фарогири меъёрҳои забони адабӣ пас аз таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардид.

Бинобар мақоми кунунии забони тоҷикӣ дар ҷомеа ва дурнамои рушду густариши он матни «Имлои забони тоҷикӣ» аз нигоҳи интиқодӣ мавриди таҳриру такмили ҷиддӣ қарор гирифта, ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Бо дарназардошти такмили қоидаҳо ва меъёрҳои таърихӣ номи «Имлои забони тоҷикӣ» ба «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» иваз карда шуд.

 Такя бо ин ҳадафҳо, ки забони давлатӣ симои миллати моро ба олам бозгӯйӣ мекунад, имрӯз Кумита бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмии  ҷумҳуриявиро  таҳти унвони «Қоидаҳои имлои  забони тоҷикӣ дар ҳифзи асолати забон ва меъёрҳои он» баргузор менамояд.

Дар конференсия намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ниҳоду пажӯҳишгоҳҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ, аъзои Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳот ва аъзои маҳфили «Посдорон ва дӯстдорони забон»-и Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони Кумитаи мазкур ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон, инчунин, намояндагони воситаҳои ахбори умум ширкат хоҳанд варзид.

Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми филология Гавҳар Шарофзода оғоз намуд. Сипас, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулҷаббор Раҳмонзода, директори Иниститути забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Сахидод Раҳматуллозода дар суханрониҳои хеш аз мақоми арзанда ва таълимдиҳандагӣ доштани адабиёти ғании ин забон ёдовар шуда, пешниҳод намуданд, ки ҷавҳари асосӣ ва ҳадафи пур аз ҳикмати ин забонро танҳо дар донистани ин забон ва риояи талаботи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ мебояд фаҳмид. Зеро барои ба ин мақсадҳо ноил гаштан доираи омӯзиш ва таълими ин забонро дар кишварҳои олам бояд васеъ намуд.

          Дар Конференсия 13 маърӯзаи илмӣ аз ҷониби мутахассисони бахшҳои гуногуни забоншиносӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Қайд кардан зарур аст, ки дар асоси моддаи 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳангоми истифодаи забони давлатӣ риояи муқаррароти қоидаҳои имлои забони адабӣ ҳатмӣ мебошад.

Баргузории чунин як ҳамоиши илмӣ, барои пешрафт ва рушди забони давлатӣ дар ҷомеаи соҳибистиқлоламон натиҷаҳои судманд хоҳад бахшид. Ин иқдом бо сарварии Пешвои миллат дар самти сиёсати давлатии забон дар сарзамини мо тоҷикон амалӣ гардида, моро ба ҳифзи асолати забон ва посдории ин муқаддасот ҳидоят мекунад.

Дар анҷоми кори конференсия, пас аз баррасии фикру мулоҳизаҳо Тавсияномаи конференсия қабул ва эълон карда мешавад, ки он ба мақомоти дахлдор ва пажӯҳишгоҳҳои илмӣ ирсол гардида, дар ҳамкориҳои пайваста татбиқ хоҳад шуд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Фишурдаи гузориш барои Воситаҳои ахбори омма аз Конференсияи байналмилалии «Мақоми забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - забони тоҷикӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 2 Ноябр, 2017 - 13:35

«Забони тоҷикӣ бо гузашти асрҳо ҳамчун омили ваҳдат ва ифтихори миллӣ дар давлатдории навини мо дар мақоми забони давлатӣ қарор гирифт».

Эмомалӣ Раҳмон

Забони миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ буда, дар пойдорӣ ва таҳкими давлати миллӣ мақом ва нақши муҳим дорад ва ба ҳамин далел забони миллат бунёд ва пояи давлат маҳсуб мешавад. Забон дар ҳама давру замонҳо яке аз сарчашмаҳои асосии Истиқлолияти миллӣ ва омили муҳими ташаккули миллат мебошад. Дар ин замина ҳанӯз 1100 сол пеш ба сулолаи Сомониён муяссар шуда буд, ки дар қаламрави Мовароуннаҳру Хуросон бори нахуст дар таърих давлати мутамарказ ва миллии тоҷиконро бунёд намояд.
Ташаккул ва паҳншавии босуръати забони тоҷикӣ дар асрҳои IX-X на фақат ба инкишофи минбаъдаи халқи тоҷик мусоидат намуд, балки эътибори ин забон гувоҳномаи ҳуввияти миллии тоҷикон гардид. Дар минтақаҳои пайдоиш ва густариши ин забон номи тоҷик низ мақоми таърихӣ пайдо кард ва устувор гардид.
Пас аз сукути сулолаи Сомониён, ҳарчанд халқи тоҷик аз давлатдории худ маҳрум гардид, вале забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ мақоми поянда дошт. Тамоми корҳои ташкилу танзими давлатдорӣ, низоми мамлакатдорӣ, идораи девону дафтар, коргузорӣ маҳз бо забони тоҷикӣ сурат мегирифт. Пеш бурдани сафорату тиҷорат, танзими дахлу харҷ, таҳкими пояҳои иқтисоди кишвар, сарварии ҳавзаҳои илмию адабӣ ва ғайра суннати соф тоҷикона дошт.
Таъкид кардан баҷост, ки дар рӯзгори давлати Темуру Темуриён (1369-1585) ва Темуриёни Ҳинд (1526-1587) доманаи корбурд ва густариши ин забон боз ҳам фарохтар гардид. Табиист, ки забони расмии муносибати дипломатӣ байни империяи Темур ва кишварҳои Аврупо ғолибан забони форси тоҷикӣ буд ва як номаи асли боқимондаи Темур ба шоҳи Фаронса Карли VI де Валуа (1380-1422), ки дар таърихи 15-уми июни соли 1403 иншо шудааст, ин воқеиятро таъйид менамояд.
Ҷиҳати танзими истифодаи забони давлатӣ ва муайян намудани вазъи ҳуқуқии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» амал мекунад. Боби 6-уми Қонуни мазкур маҳз ба истифодаи забони давлатӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ бахшида шуда, забони гуфтушунидҳо ва мукотибот, забони фаъолияти намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулӣ ва намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷа, созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва байнидавлатӣ, забони шартномаҳои байналмилалӣ ва забони пазироӣ, гуфтушунид ва нишастҳои матбуотӣ бо намояндагони хориҷӣ ба таври дақиқ муайян шудаанд.
Сиёсати давлатӣ дар бораи забон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бар асоси меъёрҳои байналмилалии баробарии забонҳо, новобаста аз мақоми ҳуқуқии онҳо ва шумораи мардумоне, ки ба ин забонҳо гуфтугӯ мекунанд, амалӣ карда мешавад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори сиёсати давлатӣ дар бораи забон буда, 30-юми июни соли 2012, таҳти рақами 335 «Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016»-ро тасдиқ намуд. Яке аз вазифаҳои асосии Барнома ин робита бо марказҳои илмии ҷаҳон дар масоили таърихи забони тоҷикӣ ва таҳкими робитаҳои илмӣ бо кишварҳои ҳамзабон мебошад.
Барои ба ин ҳадафҳо расидан Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси банди 48-и қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми марти соли 2016, №99 ва банди 1- уми боби VI Нақшаи чорабиниҳои «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016» аз 30-юми июни соли 2012, №335 дар бораи ҳимоя ва рушди забони давлатӣ берун аз марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» бо иштироки намояндагони кишварҳои хориҷӣ - олимону донишмандони ҳавзаҳои форсизабон, давлатҳои муштаракулманофеъ, тоҷикзабонони Осиёи Марказӣ ва Аврупо инчунин, намояндагони Ҳукумати кишвар, вазорату идораҳои давлатӣ, донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар, ҷамъиятҳо, Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳоти Кумита ва намояндагони ВАО Конференсияи илмию амалии байналмилалиро таҳти унвони «Мақоми забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – забони тоҷикӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ» баргузор намуд.
Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми филология Гавҳар Шарофзода оғоз намуд. Сипас, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, раиси Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҷаноби оқои Ҳасан Қарибӣ, устоди Донишгоҳи ҷомеи исломии Деҳлӣ - профессор Қамар Ғаффор, раиси Донишгоҳи «Дунё»-и Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Сайид Махдум Раҳин ва устодони Донишкадаи забони русии Донишгоҳи забонҳои хориҷии шаҳри Пекин ҷаноби Хэ Фан, хонум Сай Хувэй ва намояндаи Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» Мансур Парҳезгор (Британияи Кабир) ҳамчунин, донишмандон аз кишварҳои Чин, Афғонистон, Олмон дар суханрониҳои хеш аз мақоми арзанда ва таълимдиҳандагӣ доштани адабиёти ғании ин забон ёдовар шуда, пешниҳод намуданд, ки ҷавҳари асосӣ ва ҳадафи пур аз ҳикмати ин забонро танҳо дар донистани ин забон мебояд фаҳмид. Зеро барои ба ин мақсадҳо ноил гаштан доираи омӯзиш ва таълими ин забонро дар кишварҳои олам бояд васеъ намуд.
Дар Конференсия 13 маърӯзаи илмӣ аз ҷониби мутахассисони бахшҳои гуногуни забоншиносӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ҷумла, дар мавзӯи «Пешинаи таърихии корбурди забони тоҷикӣ дар мукотиботи байналмилалӣ», - доктори илмҳои филологӣ Мирзо Ҳасани Султон (Бонки миллии Тоҷикистон), «Доир ба иқтибоси истилоҳҳои форсӣ-тоҷикӣ дар забони русӣ» -доктори илмҳои филологӣ Тӯхта Ҷӯраев (Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ), «Омӯзиши забони тоҷикӣ дар дунёи имрӯз» - номзади илмҳои филологӣ Худоёров Раҷабалӣ (Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон), «Вазъи дирӯзу имрӯзи забони форсии тоҷикӣ дар муҳити тоҷикони Чин»- профессор Шаҳбоз Кабиров, номзади илмҳои филологӣ Хуршед Кабиров (ДМТ), «Забони тоҷикӣ дар хориҷа»- доктори илмҳои филологӣ Туғрал Шокиров (Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон), «Сайри аносири луғавӣ ва ёвари форсӣ-тоҷикӣ дар бархе аз забонҳои туркӣ»- доктори илмҳои филологӣ Абдуҷамол Ҳасанов (Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров) ва «Густариши забони тоҷикӣ дар сарзаминҳои дур ва наздик»- раиси Департаменти дарии Донишгоҳи Кобул Азима Маҷид (Ҷумҳурии Исломии Афғонистон) маърӯза намуданд.
Забони тоҷикӣ ҷавҳари миллати моро ташкил медиҳад ва тамоми мардуми форсизабони дунёро бо ҳам мепайвандад. Забони тоҷикӣ-форсӣ дар баробари забони давлатии кишварҳои Афғонистон, Тоҷикистон ва Эрон будан, инчунин, дар як қатор давлатҳои аврупоиву шарқӣ ба монанди Фаронса, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Исроил, Канада, Чехия, Чин, Ҳиндустон, Покистон, Ӯзбекистон, Арманистон, Гурҷистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва ғайра омӯзонида мешавад ва дар ин кишварҳо нашрияҳо бо забони тоҷикӣ-форсӣ табъу интишор мешаванд, ки ин аз густариш ёфтани забони тоҷикӣ-форсӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ дарак медиҳад.
Дар интиҳо, пас аз баррасии фикру мулоҳизаҳо аз ҷониби ҳайати иштирокдорони Конференсия Тавсияномаи он қабул гардида, бо дарназардошти дурнамои таҳқиқи муқоисавии ин забон дар соҳаҳои гуногуни иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва илмию техникӣ баҳри рушду густариши забони тоҷикӣ-форсӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ ва мақоми он дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, таҳкими омӯзиши ин забон дар кишварҳои хориҷӣ ва таъсиси Марказҳои омӯзиши забони тоҷикӣ-форсӣ дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон ва ҳамгунсозии истилоҳоти ҳавзаҳои форсизабонон, омӯзиши муқоисавии таърихии забонҳои мардумони эронизабон ва дигар ҳамкориҳо дар ин самт бо баргузории силсилаи анҷуману семинарҳо ба нақша гирифта шуд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Фишурдаи гузориш барои Воситаҳои ахбори омма аз Мизи мудаввар дар мавзӯи «Вазъи иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар рӯзномаҳои даврӣ»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 2 Ноябр, 2017 - 13:32

«Забони давлатиро дар пояи меъёрҳои адабӣ устувор сохта, аз ҳама қолабҳои сунъии бегона ва унсурҳои лаҳҷавӣ бояд озод кард».

 Эмомалӣ Раҳмон

Забони миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ буда, дар пойдорӣ ва таҳкими давлати миллӣ мақом ва нақши муҳим дорад ва ба ҳамин далел забони миллат бунёд ва пояи давлат маҳсуб мешавад. Забон дар ҳама давру замонҳо яке аз сарчашмаҳои асосии Истиқлолияти миллӣ ва омили муҳими ташаккули миллат мебошад.

Ҷиҳати танзими истифодаи забони давлатӣ ва муайян намудани вазъи ҳуқуқии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» амал мекунад. Дар Қонуни мазкур дар моддаи 3-и банди 6 ба таври дақиқ муайян шудааст, ки забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ буда, ҳангоми истифодаи забони давлатӣ риояи муқаррароти қоидаҳои имлои забони адабӣ ҳатмӣ мебошад.

Барои тақвияти истиқрори фарҳанги миллӣ ва сиёсати давлатӣ дар бораи забон пояҳои забони миллиро устувор кардан зарур аст.

Барои ба ин ҳадафҳо расидан Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави Суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни вохӯрӣ бо зиёиёни кишвар аз 20-уми марти соли 2017 ва Нақшаи чорабиниҳои Кумита оид ба баргузории ҷашни 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, дар толори Академияи ВАО бо иштироки намояндагони вазоратҳои фарҳанг ва маориф, устодони мактабҳои олӣ, намояндагони муассисаҳои кишвар, масъулони рӯзномаҳои даврӣ, намояндагони ВАО ва кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 20-уми июни соли 2017, мизи мудаввар дар мавзӯи «Вазъи иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар рӯзномаҳои даврӣ» баргузор намуд.

Ҳадаф аз баргузории мизи мудаввар, ин доир ба татбиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», фасоҳати забони давлатӣ, риояи талаботи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, корбурди дурусти истилоҳоти соҳавӣ, инчунин рисолати таърихии забони тоҷикӣ ва арҷгузорӣ ба забони давлатӣ буда, ҳамзамон, мизи мудаввар дар иртибот ба вохӯрии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 1-уми марти соли 2016 бо кормандони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ифтитоҳи шабакаҳои телевизионии «Варзиш», «Синамо» ва Академияи ВАО баргузор гардида буд, инчунин, ҳангоми вохӯрӣ бо зиёиёни кишвар аз 20-уми марти соли равон дар Сухарониҳои Сарвари давлат ва супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-уми ноябри соли 2013, №30/10-4 оид ба татбиқ ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи «Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» ва «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» риояи меъёрҳои забони адабиро дар матбуоти даврӣ зери назорат гирифта, оид ба камбудиҳои рӯзноманигорон, навишти ғалат, риоя нагардидани савтиёти овоии тоҷикӣ, истифодаи истилоҳҳои нодуруст дар забони рӯзномаҳои даврӣ мавриди муҳокима қарор медиҳад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Ҳисобот дар бораи фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 2 Ноябр, 2017 - 13:28

Ҳисобот
дар бораи фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар соли 2016

 

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 фаъолияти худро баҳри татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016», ҳамчунин, иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, дар ин замина фаъолиятро дар самтҳои зерин амалӣ намуд:

 

Назорати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 

Санҷиш ва омӯзиши вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқи Низомнома яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30–юми июни соли 2012, №335 «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016» Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси ҳамоҳангсози Барномаи мазкур муайян гардидааст. Татбиқи Барномаи мазкур аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои дахлдор мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз натиҷаи иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Барномаи мазкур ҳар сол то 1–уми март ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши муфассал пешниҳод карда мешавад.

Кумита дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо татбиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва татбиқи бандҳои Нақшаи чорабиниҳои «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016»-ро ба роҳ монда, мунтазам назорат мебарад.

Қобили зикр аст, ки ҷамъбасти бандҳои Нақшаи чорабиниҳои Барномаи мазкур барои солҳои 2012-2016 1-уми марти соли 2017 буда, аз натиҷаи корҳои амалигардида ва корҳои иҷронашуда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши муфассал аз ҷониби Кумита пешниҳод карда мешавад.

Кумита дар ҳамкорӣ бо Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон 14-уми июни соли 2016 вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар тарабхонаи «Чаманоро»-и Муассисаи давлатии маҷмааи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди cанҷиш қарор дод. Дар рафти санҷиши муқаррароти Қонуни мазкур дар тарабхонаи «Чаманоро» маълум гардид, ки барои кормандони муассиса омӯзиши забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ ташкил карда нашудааст ва ин хилофи қисми 4 моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.

Компютерҳои тарабхона бо ҳуруфи тоҷикӣ таъмин буда, дар ҳуҷҷатгузорӣ ғалатҳои имлоӣ ва техникӣ ба назар мерасад. Матни муҳри мудаввари тарабхона ба забони русӣ ва тоҷикӣ; «Государственное учреждение гостиничной комплекс испольнительного Аппарата Президента Р.Таджикистан * Ресторан «Чаманоро» – Тарабхонаи «Чаманоро» Муассисаи давлатии маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷ.Тоҷикистон» буда, хилофи моддаи 20-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.

Шаҳодатномаи директори Тарабхонаи «Чаманоро» бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ мебошад: «ШАҲОДАТНОМАИ №342 Норбоев Ё. Государственное учреждение гостиничной комплекс испольнительного Аппарата Президента Республики Таджикистан * Ресторан «Чаманоро» – Тарабхонаи «Чаманоро» Муассисаи давлатии маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Аз маводу санадҳое, ки директори тарабхона ба гурӯҳи корӣ пешниҳод намуд, маълум гардид, ки аксар фармону аризаҳо, дафтарчаҳои меҳнатии кормандон, китобҳои қайди ҳуҷҷатҳои вурудию судурӣ ва ғ., ба забони русӣ буда, хилофи моддаҳои 5, 16, 17 ва 20-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошанд. Аз ҷумла:

  1. Приказ с 1 июня 2016г. № 3;
  2. Заявление Холназарова М., с 1- января 2014 год;
  3. Трудовая книжка №0037249 Ашуров У, 1 ноябри соли 2009;
  4. Главная книга ГУГКИАП РТ Чаманоро 2015-2016:
  5. Книга учёта заработной платы ГУГКИАП РТ Чаманоро 2014г – 2015-2016г.

Дар асоси Фармоиши раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24-уми июни соли 2016, №53 оид ба санҷиши вазъи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», иҷрои банди 15-и боби IV-и «Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» ва супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-уми ноябри соли 2013, №30/10-4 ҷиҳати иҷрои бечунучарои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми марти соли 2014, №3 дар ташкилоту муассисаҳо, нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонии маишӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ дар ноҳияҳои Сино, Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур ва Фирдавсии шаҳри Душанбе бо намояндагӣ аз прокуратураи ноҳияҳои шаҳри Душанбе, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе», Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории муштарак таъсис дода шуд. Аз ҷониби гурӯҳи корӣ танҳо дар ин давраи соли равон номгузории ташкилоту муассисаҳо, нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонии зерин дар ҳудуди ноҳияҳои Шоҳмансур, Сино, Фирдавсӣ ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, инчунин, Ҷамоати деҳоти Россияи ноҳияи Рӯдакӣ дар иртибот ба муқаррароти моддаҳои 13, 18 ва 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди санҷиш қарор гирифт. Чунончи (Номи ташкилоту муассисаҳо дар шакле, ки рӯзи санҷиш ба қайд гирифта шудааст, бо дарназардошти мухолифатҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғалатҳои ҷойдошта оварда мешаванд):

 

Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе:

 

  1. Ателе ЛАСТОЧА ПАРАСТУ, воқеъ дар кӯчаи Айнӣ 6.
  2. Дукони дузандагии «Парасту», воқеъ дар кӯчаи Айнӣ 6.
  3. Қаҳвахонаи «Бомазача», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 30.
  4. Тарабхонаи ISTANBUL, воқеъ дар кӯчаи Айнӣ 75.
  5. Мағозаи excluzive, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 62.
  6. Мағозаи “georgio armani”.
  7. Дӯкони дӯзандагии “Ателъе”.

 

Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе:

 

  1. Қаҳвахонаи «АЛАЗ», воқеъ дар кӯчаи Беҳзод 122.
  2. ҶДММ МХ «Интернешнл Групп», воқеъ дар кӯчаи Беҳзод 118.
  3. COFFEE REPUBLIC, воқеъ дар кӯчаи Бохтар 2.
  4. Қаҳвахонаи ЛАВАЗЗА, воқеъ дар кӯчаи Бохтар 2.
  5. COFFEE TAPIOCA, воқеъ дар кӯчаи Бохтар 3.
  6. Информационное сети «АЗИЯ», воқеъ дар кӯчаи Бохтар 3.
  7. Маркази савдо «Суғдиёна» Супермаркет, воқеъ дар к.Бохтар 3.
  8. Мағозаи интернетӣ Dushanbe express арзон ва тез, воқеъ дар кӯчаи Ш. Шоҳтемур 25.
  9. Маркази букмекерӣ «Profit» (ҶДММ Лайв Бет), воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 64.
  10. Мағозаи «МАРАШ», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 56.
  11. «MILA VITSA» модная коллекция, воқеъ дар кӯчаи Ш. Шоҳтемур 25.
  12. Мағозаи компютери ASUS, воқеъ дар кӯчаи Ш. Шоҳтемур 25.
  13. Мағозаи либосҳо AVESTO, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 66.
  14. Фурӯши бозичаҳо «ПОЗИТИВ», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 66.
  15. Мағозаи Coton cluv, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 87.
  16. Кошонаи ҳусн « NOZ7», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 70.
  17. Мағозаи « Joma», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 85.
  18. Кошонаи ҳусн «OSIS», воқеъ дар кӯчаи Пушкин 40/1.
  19. Дӯкони фуруши гулҳо, воқеъ дар роҳи зеризаминии Мағозаи марказӣ.
  20. Дӯкони пухтупаз, самбусапазӣ, воқеъ дар к. М. Турсунзода 49.
  21. Маҷмааи “Пойтахт”, воқеъ дар кӯчаи М. Турсунзода 54.
  22. Центр осмотра “Малиё”, вокеъ дар кӯчаи М. Турсунзода 45/1.
  23. Рекламная газета, вокеъ дар кӯчаи Бохтар 3.

 

Ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе:

  1. КСЕРОКОПИЯ, воқеъ дар кӯчаи Неъмат Қарабоев 5.
  2. Китоб, молҳои КОНСЕЛЯРӢ, воқеъ дар кӯчаи Неъмат ҚАРАБОЕВ 5.
  3. ФОТО, КОDAK EXPRESS, КСЕРОКОПИЯ, ремонт DVD воқеъ дар кӯчаи Неъмат Қарабоев 5.
  4. Симкартаи ФУРУШИ, воқеъ дар кӯчаи Неъмат Қарабоев 5.
  5. Мағозаи дилпур, ZINCAL BICHE BAGOZZA,DANIEL RIZJTTO, ODERM ARK, Реҷаи кори, воқеъ дар х. Неъмат Қарабоев 5.
  6. Срочная ФОТО, воқеъ дар кӯчаи Неъмат Қарабоев 5.
  7. Цение детали, Это удобно!, выбирай лучщее это хит, найди, твое , Это яркое, Сомони, Акция, воқеъ дар кӯчаи Неъмат Қарабоев 5.
  8. LOTTO ITALIAN SPORT, воқеъ дар кӯчаи Неъмат Қарабоев 5.
  9. Опсия Интернет – спринтер, воқеъ дар кӯчаи Неъмат Қарабоев 5.
  10. ОДЕЖДЫ, ДЖИНСЫ, КЕПКИ, ФУТБОЛКИ, ОБУВИ, ТАПОЧКИ....., воқеъ дар кӯчаи Неъмат Қарабоев 5.
  11. Либосҳои мардона МАТИН мужская одежда, ТЕННИСКИ, ОБУВЫ, КУРТКИ, БРЮКИ, ПИДЖАКИ, КОСТЮМЫ, ПЛАЩИ, СВИТЕРИ....., воқеъ дар кӯчаи Неъмат Қарабоев 7.
  12. ECEB, UTES, Emil:o, Ciuido, BAGOZZA, ROMANO BOTTA, OGGI, CABANI, SHOES, esse, Духиҳои оригинал, пичакхои арзоншуда....., воқеъ дар кӯчаи Неъмат Қарабоев 7.
  13. ТАДЖФОН, СОТОВИЙ КОМПАНИЯ, ДОСТУПНИЙ GSM, воқеъ дар кӯчаи Неъмат Қарабоев 9.
  14. МОРОЖЕНОЕ 1с2с3с, коктейл, воқеъ дар кӯчаи Неъмат Қарабоев 9.
  15. Ремонт – мобилных телефонов, воқеъ дар кӯчаи Неъмат Қарабоев 9.
  16. Сурати фаври, срочное фото, ксерокопия, сканер..., воқеъ дар кӯчаи Неъмат Қарабоев 9.
  17. Заргар-ремонт ювелирных издели, воқеъ дар кӯчаи Неъмат Қарабоев 9.
  18. Газированная вода, воқеъ дар кӯчаи Неъмат Қарабоев 9.
  19. Фуруши айнакҳо, IDEAL ОПТИКА, воқеъ дар кӯчаи Неъмат Қарабоев 9.
  20. Мағозаи eco hasib.tj, воқеъ дар дар кӯчаи А. Қаҳҳоров 430.
  21. Дӯкони дӯзандагии «ZAYNUR», воқеъ дар кӯчаи Неъмат Қарабоев 4.
  22. Кошонаи ҳусн «СОДОТ», воқеъ дар к.Неъмат Қарабоев 86/1.
  23. Идораи букмекери «KENO.tj», воқеъ дар кӯчаи Неъмат Қарабоев 4/1.
  24. ҶДММ «Spa Hayat», воқеъ дар кӯчаи А. Ҷомӣ 40/1.
  25. МХ Фото, воқеъ дар кӯчаи Неъмат Қарабоев 86.
  26. Корхонаи таъмири мошинҳо, воқеъ дар кӯчаи А. Қаҳҳоров.
  27. Чархҳои Б/У. воқеъ дар кӯчаи А. Қаҳҳоров.
  28. Қаҳвахонаи Содот, воқеъ дар кӯчаи Н. Қарабоев.
  29. Дӯконифурӯши яхмос, воқеъ дар кӯчаи А. Ҷомӣ.

 

Ноҳияи Синои шаҳри Душанбе:

  1. Қаҳвахонаи «Food station-Fast food», воқеъ дар к.Д. Боло 188.
  2. Қаҳвахонаи «Лесная сказка», воқеъ дар кӯчаи Н. Махсум 128/1.
  3. Тарабхонаи «Арбат», воқеъ дар кӯчаи Н. Махсум 70/1.
  4. Самбусахона, воқеъ дар кӯчаи 1-майи Ҷ/д. Россия.
  5. Фурӯши дискҳо, воқеъ дар роҳи зеризаминии Кӯли ҷавонон.

 

Ноҳияи Рӯдакӣ:

  1. 中國茶炊 - Китайский самовар (Ошхонаи чинӣ), воқеъ дар кӯчаи 1-Майи Ҷамоати деҳоти Россия.
  2. Тарабхонаи Бешаи палангон Тигровая балка, воқеъ дар кӯчаи 1-Майи Ҷамоати деҳоти Россия.
  3. «Урумчӣ»ارومچی تماقخانهسی воқеъ дар кӯчаи 1-Майи Ҷамоати деҳоти Россия.
  4. Самбусахона, вокеъ дар кӯчаи 1-майи Ҷамоати деҳоти Россия.

Муқаррар гардид, ки баъд аз пешниҳоди тавсияҳои Кумита ном ва маводи иттилоотии зиёда аз 10 муассиса ба талаботи Қонуни мазкур мутобиқ карда шудааст: Урумчи тамоғханаси ба Ошхонаи Урумчи, тарабхонаи Лесная сказка ба тарабхонаи Боғи афсонавӣ, Мағозаи интернетӣ Dushanbe express арзон ва тез ба Мағозаи интернентии Душанбе экспресс, Мағозаи eco hasib.tj ба “Ҳасиб”, дӯкони БОМАЗАЧА ба Шаурма ва чанде дигар номгузории муассисаҳои савдо ба забони давлатӣ тарҷумаву насб гардиданд.

Қобили зикр аст, ки зимни санҷишҳо дар ноҳияҳои пойтахт 32 санади огоҳӣ ва 15 огоҳии шифоҳӣ, аз ҷумла, ба ноҳияи И. Сомонӣ 17 санади огоҳӣ ва 8 огоҳии шифоҳӣ, ноҳияи Шоҳмансур: 2 санади огоҳӣ, ноҳияи Фирдавсӣ: 3 санади огоҳӣ, 3 машварат, ноҳияи Сино: 3 санади огоҳӣ ва 2 огоҳии шифоҳӣ, ноҳияи Рӯдакӣ 4 санади огоҳӣ ва 2 огоҳии шифоҳӣ тартиб дода шуда, барои бартараф намудани камбудиҳо муҳлат муқаррар гардидааст.

Бояд қайд намуд, ки кормандони Кумита дар якҷоягӣ бо Комиссияи муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе моҳи ноябри соли равон номгузорӣ ва маводи иттилоотии 5 ташкилоту муассиса, нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасониро мавриди санҷиш қарор дода, ҷиҳати мухолифат доштани номгузорӣ ва маводи иттилоотии ин ташкилоту массисаҳо ва марказҳои хизматрасонӣ 5 санади огоҳӣ тартиб дода, барои бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта муҳлати муайян муқаррар намуданд:

1. Маркази тарҷумонии “ОРИЁ”, воқеъ дар х. Рӯдакӣ 55/1.

2. Мағозаи “Молҳои конселярӣ, ” воқеъ дар х. Рӯдакӣ 55/1.

3. МД “ФУРӮҒ ва паҳни китобу нашрияҳои даврӣ”-и шаҳри Душанбе, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 55/1.

4. Маводҳои конселярӣ, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 55/1.

5. Оҷонсии тарғиботии “КОМЁР”, воқеъ дар х. Рӯдакӣ 55/1.

Аз ҷониби мақомоти судӣ дар ин давра барои риоя нагардидани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо моддаи 89 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 адад парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ карда шуда, ба андозаи 23260 сомонӣ таъин гардида, аз ин маблағҳо 18740 сомонӣ ба фоидаи давлат рӯёнида шудааст.

Мутобиқи фармоиши раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми августи соли 2016, №62 гурӯҳи корӣ дар ҳайати муовини раиси Кумита Матробиён С., сардори гурӯҳ ва сардори шуъбаи ташкилию ҳуқуқӣ Мансурӣ Ш.Ҷ., аз 4-ум то 29-уми августи соли 2016 ҷиҳати иҷрои супориши муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-уми январи соли 2016, №3520/26 оид ба маълумоти пешниҳоднамудаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-уми ноябри соли 2015, №11-01-2016 доир ба риоя нагардидани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми апрели соли 2016, №124/26 оид ба муроҷиати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12-уми апрели соли 2016, №659 ҳангоми вохӯриҳо бо интихобкунандагони шаҳру ноҳияҳои ВМКБ доир ба мушкилоти ҷойдошта ва риоя нагардидани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июни соли 2012, №335 «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016» дар шуъбаю бахшҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳои ҳудуди шаҳру ноҳияҳо, нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонии маишӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб ва шаҳри Хоруғи ВМКБ, мавриди санҷиш қарор дод.

Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб ва шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Нақшаи кории Комиссияи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таҳия гардида, тасдиқ карда шудааст.

Коргузорӣ дар шаҳру ноҳияҳо ба забони давлатӣ ба роҳ монда шуда, матни бланк ва муҳру тамғаҳои онҳо ба забони давлатӣ мебошад. Компютерҳои шуъбаю бахшҳои мақомотҳо ва ташкилоту муассисаҳо ба забони давлатӣ таъмин карда шудааст, вале аз барномаи «Tajik» истифода мебаранд. Дар ҳоле, ки мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 2.08.2004 №330 «Дар бораи стандартҳои рамзгузорӣ ва ҷобаҷогузории алифбои тоҷикӣ дар саҳвакалиди (клавиатураи) компютерии стандарти UNICODE барои истифодабарии компютерӣ» дар коргузорӣ бояд аз ҳуруфоте, ки дар қарори мазкур муайян гардидааст, истифода баранд.

Дар рафти санҷишҳо маълум гардид, ки барои кормандони шуъбаю бахшҳои шаҳру ноҳияҳо марказҳои омӯзиши забони давлатӣ, курси омӯзиши забони давлатӣ, забонҳои дигар ва Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ташкил карда нашудааст, ки ин амал ба қисми 4-и моддаи 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мухолифат мекунад. Аз ин рӯ, дар ҳуҷҷатгузории шуъбаю бахшҳо ҳанӯз ғалатҳои имлоӣ, техникӣ ва мантиқӣ ба мушоҳида мерасанд.

Дар гуфтугӯи кормандон дар дохили мақомот меъёрҳои забони адабӣ риоя нашуда, бештар лаҳҷаи маҳаллиро истифода мебаранд.

Дар масъалаи номгузории ҷамоатҳо, деҳаҳо, кӯчаҳо, марказҳои саломатӣ, фарҳангӣ Маҷлиси вакилони халқии ноҳияи Ишкошим баъзан ба саҳлангориҳо роҳ дода, ягон номгузорӣ бо Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа нашудааст. Аз он ҷумла, бо қарори Маҷлиси вакилони халқии ноҳияи Ишкошим аз 29-уми декабри соли 2011 кӯчаи марказии ноҳия ба номи собиқадори ҳизб ва меҳнат Бобоков Мирзо номгузорӣ шудааст. Тибқи талаботи низомномаи номгузорӣ номи кӯчаҳои марказӣ, (ё протоколӣ) бояд хусусиятҳои миллиро ифода карда, бо номи шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ ё қаҳрамонони миллат гузошта шаванд. Аз ин рӯ, пешниҳод гардид, ки Маҷлиси вакилони халқии ноҳияи Ишкошим барои иваз намудани кӯчаи марказии ноҳия ба номи Сомонӣ чораҷӯйӣ намоянд. Ҳамчунин, номгузории дигар кӯчаҳо низ мавриди баррасӣ қарор гирифта, барои мувофиқа ба Кумита пешниҳод карда шаванд.

Яке аз сарчашмаҳои асосии таблиғи забони давлатӣ ин шабакаҳои телевизионии ҷумҳурӣ мебошад, аммо яке аз масъалаҳои ташвишоваре, ки аз ҷониби сокинони ноҳия ба гурӯҳи корӣ пешниҳод гардид, ки сабаби ин дар аксарияти деҳаҳо пойгоҳҳои аз истифода баромада ва ё ба таъмир эҳтиёҷ доштаи телевизионӣ мебошад. Сокинони деҳаҳои ноҳия танҳо аз шабакаҳои телевизионии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон (тавассути моҳвораҳо) истифода мебаранд. Ин аст, ки ҳатто маълумоти сиёсии мардум доир ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле заиф шуда, баръакс доир ба сиёсати ҶИА маълумоти зиёдтар доранд. Доир ба ин масъала мақомоти ноҳияро зарур аст, то ҷиддӣ чораандешӣ намояд.

Зикр бояд кард, ки дар асоси банди 10-и «Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 4-уми октябри соли 2012 зимни мулоқот ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардидаанд», ки аз 18-уми октябри соли 2012 тасдиқ шудааст раиси Комиссияи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бояд худи раиси шаҳру ноҳияҳо таъин карда шавад. Мутаассифона, дар шаҳру ноҳияҳо супориши банди 10-и Нақшаи чорабиниҳо иҷро нагардида, вазифаи раиси Комиссия муовини соҳаи маънавиёт таъин шудааст.

Қобили зикр аст, ки бинобар сабаби хунукназарона рафтор кардани Мамадсаидова Ирис корманди шуъбаи маорифи ноҳияи Мурғоб оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва беэътиноӣ зоҳир намудан нисбати нақшаи кории забони давлатӣ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба мақомоти Прокуратураи ноҳияи Мурғоб супорида шуд.

Бо дарназардошти таъмини фаъолияти қаноатбахш дар татбиқи сиёсати забони давлатӣ, дар гурӯҳи кории Комиссияи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ноҳияи Ишкошим гурӯҳи корӣ вазифадор намуд, ки дар кӯчаи марказии ҳудуди ноҳия ба номгузории ташкилоту муассисаҳо ва марказҳои хизматрасонӣ таваҷҷуҳи хосса бояд диҳанд, зеро дар навишти лавҳаю овезаҳо, маводи иттилоотӣ ва номгузорӣ хатоҳои имлоӣ, мантиқӣ ва унсурҳои бегона вуҷуд доранд:

Матни навиштаҷоти ташкилоту муассисаҳо, нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонии маишӣ дар кӯчаи марказии ноҳияи Ишкошим:

1. ВАЗОРАТИ МАОРИФИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН КУДАКИСТОНИ МАРКАЗИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ ВМКБ.

2. АМИРБЕК ҚАҲВАХОНА, МЕНЮ, Шашлик, Ош, Самбуса, Манту, Мохи, Пиво, Чой, Кофе.

3. Тоҷик Содирот Бонк, Tоjik Sodirot Bank.

4. БОИБАР, BOIBAR (навиштаҷоти сари роҳ).

5. КСЕРОКОПИЯ.

6 Даршай, Darshai.

 

Матни навиштаҷоти нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонии маишӣ, ташкилоту муассисаҳо дар кӯчаи марказии ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон:

 

  1. МУРГАБСКИЙ РАЙОН ДОБРО ПОЖАЛОВАТЬ навиштаҷоти .
  2. АЗС Памир мунай 93-80 круглосуточная.
  3. FASTFOOD, Пирожки, беляши, сосиски, яйичница, молочный коктейл, кымыз боз…….
  4. HOTEL Помир.
  5. Тоҷик Содирот Бонк, КСЕРОКОПИЯ.
  6. Не курить, ОБЪЯВЛЕНИЯ, ПЕСОК.
  7. МАГАЗИН №4.
  8. САМБУСАХОНАИ АНИС.
  9. МАГАЗИН ПРОМТОВАРЫ.
  10. Gesthaus IBRAGIM ANARA……
  11. МЯСО.
  12. САРЫКОЛ БОЗОР, БАЗАРЫ САЛЫК.
  13. ПАРТОВҲОРО ДАР КӮЧА НАПАРТОЕД ТАШТАНДЫНЫ КОЧОГО ТАШТАНЫЗДАР.
  14. АЗС Давид, Дт... круглосуточно...
  15. Магазин МАХБУБА ДYКОНY..
  16. КАФЕ Сыймык.
  17. АЗС Мургаб, Аи.. Дт, ОГНЕОПАСНО!.
  18. АВТОЗАПЧАСТИ.
  19. MARS MURGAB, Автол.
  20. Sary Kol Lodge.

 

Матни навиштаҷоти нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонии маишӣ, ташкилоту муассисаҳо дар кӯчаи марказии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон:

 

  1. КАФЕ, Шашлыки, Манты, Шурпо, Салаты, Яйца, Сосиска, Чай зелёный, Кофе со сливким.
  2. Ошхонаи Ҳавас, Самбусаи варақӣ.
  3. Оши Lend, Макони ош.
  4. Самбусаи тандурӣ.
  5. Чойхонаи Паринен.
  6. Автомойка.
  7. ПОО “ОРИЕН” Обслуживает клиентов ООО “ГАЗПРОМНЕФТЬ ТАДЖИКИСТАН” ORIYON.
  8. Элегант мағозаи либос.
  9. СДАЁТСЯ В АРЕНДУ 93-777-00-00.
  10. ПРИЁМ ЦВЕТНЫХ МЕТАЛЛОВ, 93-156-75-55.
  11. КАФЕ ВСТРЕЧА.
  12. СУШИ БАР, СУШИ.
  13. САНТЕХНИКА ЭЛЕКТРООБОРУДОВАНИЕ.
  14. АВТОЗАПЧАСТИ, ЗАМЕНА МАСЛО, ОЧИСТКА ФОРСУНКОВ.
  15. МОРОЖЕННОЕ.
  16. РУСКОЕ ЛОТО.
  17. Салон Красоты, Bilissimo.
  18. Кафе Калифорния – КАФЕ КАЛИФОРНИЯ, Банкети, Дни рождения, Семинари до 60 человек.
  19. Pamir Pp plaza,
  20. Тоҷик Содирот Бонк, Tоjik Sodirot Bank.
  21. Мағозаи хуроквории ШАФОАТ.
  22. Мағозаи молҳои конселярӣ ва китобҳо.
  23. КАФЕ ЧАРС, ҚАҲВАХОНА, БЫСТРО, FACT, SCHNELL.
  24. Женская и мужская одежда ПОПЛАВОК.
  25. Шашлычна, гриль.
  26. Ателье З-эт.
  27. Кафе Панҷ, ПИВНОЙ БАР, Пиво на разлив.
  28. Фирма Декормет, Принимаем заказы на изготовление: Решетка, огради.....
  29. Ремонт мобилных телефонов.
  30. ТЕРМИНАЛ.
  31. FASTFOOD, Пицца.

 

Экспертизаи забоншиносӣ, танзим ва ҳамгунсозии истилоҳот

 

Дар соли 2016 дар Кумита зиёда аз 73 мавод аз нигоҳи экспертизаи забоншиносӣ ва танзими истилоҳот мавриди баррасӣ қарор дода шудааст. Аз ҷумла:

  1. Хулоса ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
  2. Хулоса ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
  3. Хулоса ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
  4. Хулоса ба лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми июли соли 2008, №311», «Дар бораи Низомномаи «Энсиклопедияи миллии тоҷик» ва «Ҳайати Шӯрои назорати илмии «Энсиклопедияи миллии тоҷик»;
  5. Хулоса ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
  6. Хулоса ба лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон»;
  7. Хулоса ба лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ»;
  8. Хулоса ба лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муайян намудани мақоми давлатдорӣ»;
  9. Хулоса ба лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Кодекси одоби шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ»;
  10. Хулоса ба лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи шакл ва тартиби истифодаи дафтари бақайдгирии санҷишҳо»;
  11. Хулоса ба лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қарори Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 2-юми июли соли 2008, №311;
  12. Хулоса ба лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Самтҳои асосии таҳияи барномаҳои телевизион ва радио барои солҳои 2016-2020»;
  13. Хулоса ба лоиҳаи Низомномаи Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  14. Хулоса ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти обуҳавошиносӣ»;
  15. Хулоса ба лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи таҳсилоти муттасил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2023»;
  16. Хулоса ба лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тағйири номи Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон ба номи Шабакаи телевизионии «Тоҷикистон»;
  17. Хулоса ба лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Низомномаи намунавии муассисаҳои намунавии тайёрии варзишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
  18. Хулосаи экспертизаи забоншиносӣ оид ба таъйиноти маҷлиси судӣ вобаста ба парвандаи гражданӣ бо аризаи даъвогии Давлатова З.Г.;
  19. Хулосаи экспертизаи забоншиносӣ ба Суди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон оид ба парвандаи гражданӣ аз рӯи даъвои Латифов Раҳматуло нисбати Чамиева Юлия Насруллоева ва Беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ;
  20. Хулоса ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
  21. Хулоса ба лоиҳаи Фармоиши директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва лоиҳаи Низомномаи маҳфили хадамоти кадрии мақомоти давлатӣ дар назди Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  22. Хулоса ба лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба Низомномаи «Шӯрои ташхис»-и Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  23. Хулоса ба лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Низомномаи «Шӯрои ҳимояи диссертатсияҳо барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) ва доктор аз рӯйи ихтисос»;
  24. Хулоса ба лоиҳаи Низомнома дар бораи додани унвонҳои илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  25. Хулоса оид ба лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Номгӯи молии фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Номгӯи молии фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
  26. Хулоса ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи байторӣ»;
  27. Хулоса ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист»;
  28. Хулоса ба лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва Таснифоти самту ихтисосҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ»;
  29. Хулоса ба лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва лоиҳаи «Консепсияи таҳсилоти муттасил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2023» ва лоиҳаи «Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани Консепсия»;
  30. Хулоса ба лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Тартиби аттестатсияи кормандони соҳаи омӯзгорӣ ва илмии муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
  31. Хулоса ба лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи қоидаҳои намунавии гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор»;
  32. Хулоса ба лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
  33. Хулоса ба лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи қоидаҳои муайян намудани меъёрҳои арзёбии дараҷаи таваккали фаъолияти субъектҳои хоҷагидор»;
  34. Хулоса ба лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Низомномаи додани дараҷаҳои илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
  35. Хулоса ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
  36. Хулоса ба лоиҳаи китоби «Алифбо»-и тоҷикӣ барои синфи 1;
  37. Хулоса ба лоиҳаи китоби забони тоҷикӣ барои синфи 7-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (муаллиф Саидамир Аминов);
  38. Хулоса ба лоиҳаи китоби «Алифбе» барои хонандагони синфи якуми ӯзбекзабон;
  39. Хулоса ба лоиҳаи китоби «Адабиёти тоҷик барои сифи 9»;
  40. Хулоса ба лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қарори ҲҶТ «Дар бораи муқаррар намудани рақами кӯтоҳи фаврии алоқаи 111»;
  41. Хулоса ба лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи расмиёти ташкил, пур кардан ва пешбурди маҳзани ягона оид ба санҷишҳои гузаронидашуда ва низоми иттилоотии идоракунӣ»;
  42. Хулоса ба лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Низомномаи намунавии Шӯрои диссертатсионӣ»;
  43. Хулоса ба лоиҳаи Тартиби додани дараҷа унвонҳои илмӣ (дотсент, профессор) ва «Тартиби бақайдгирии давлатии рисолаҳои илмии ҳимояшуда»;

44) Хулоса ба лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020»;

45) Хулоса ба лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Низомномаи докторантура аз рӯи ихтисос (дар таҳрири нав) ва «Стандарти давлатии докторантура», лоиҳаи «Стандарти давлатии докторантура аз рӯи ихтисос» (дар таҳрири нав) ва лоиҳаи «Низомномаи докторантура аз рӯи ихтисос»;

46) Хулоса ба лоиҳаи Феҳристи бошишгоҳҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

47) Хулоса ба лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиби баҳисобгирии давлатии фаъолияти ноширӣ, корхонаи полиграфӣ ва пешбурди феҳристи ягонаи давлатӣ» ва лоиҳаи «Тартиби баҳисобгирии давлатии фаъолияти ноширӣ, корхонаи полиграфӣ ва пешбурди феҳристи ягонаи давлатӣ»;

48) Хулоса ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»;

49) Хулоса ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»;

50) Хулоса ба лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиби нигаҳдорӣ ва нест кардани ҳуҷҷатҳои электронӣ, инчунин ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шахсони масъул»;

51) Хулоса ба лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тасдиқи Барномаи миллии имуннопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020»;

52) Хулоса ба лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи миллии имуннопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020»;

53) Хулоса ба лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқ намудани Оинномаи интизомии қисмҳои ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳии куҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон»;

54) Хулоса ба лоиҳаи ҚонуниҶумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот»;

55) Хулоса ба лоиҳаи «Тартиби воридшавӣ ба ҳудуди бинои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти он ба сирри давлатӣ алоқамандӣ дорад»;

56) Хулоса ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасонии давлатӣ»;

57) Хулоса ба қарори колегияи судӣ оид ба корҳои гарждании Суди шаҳри Душанбе оид ба муроҷиати Шарипоф А.П.;

58) Хулоса ба лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021»;

59) Хулоса ба лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар намудани рақами кӯтоҳи фаврии алоқаи 112-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати рақами даъвати хадамоти таъҷилии пешгирӣ ва эътино ба ҳолатҳои фавқулода ва баромадани ройгон ба он»;

60) Хулоса ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ»;

61) Хулоса ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия»;

62) Хулоса ба лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар намудани рақами кӯтоҳи фаврии алоқаи 112-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати рақами даъвати хадамоти таъҷилии пешгирӣ ва эътино ба ҳолатҳои фавқулода ва баромадани ройгон ба он»;

63) Хулоса ба Рӯйхати ташкилотҳои ҷамъиятии варзишие, ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

64) Хулоса оид ба лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби тақсимот ва ба ҷои кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон» ва лоиҳаи «Тартиби тақсимот ва ба ҷои кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон»;

65) Хулоса ба лоиҳаи Қарори Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба сохтори муассисаи давлатии телевизионии «Варзиш»;

66) Хулоса ба парвандаи ҷиноятӣ нисбати Ёров Б. дар иртибот ба қарори муфатташи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

67) Хулоса ба китоби Гоҳномаи илмию фарҳангии забони модарӣ дар асоси муроҷиати Кумитаи давлатии амниятии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

68) Хулоса ба лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи Талаботи ягона барои сомонаҳои расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар шабакаи Интернет”;

69) Хулоса ба китобҳои «Алифбои суратдор» (34 саҳ.) ва «Рақамҳои зудомӯз» барои кӯдакони аз 4 то 7-сола (12 саҳ.) (муаллифон – С. Зарафшонфар, П .Назарова;

70) Хулоса ба китоби “Забони давлатӣ”-и синфи 3 барои мактабҳои таълимашон ба забони русӣ (аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон);

71) Хулоса ба китоби “Забони давлатӣ”-и синфи 7 барои мактабҳои таълимашон ба забони русӣ (аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон);

72) Хулоса ба китоби “Забони давлатӣ”-и синфи 9 барои мактабҳои таълимашон ба забони русӣ (аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон).

73) Лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ»; «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Дар бораи ишораҳои ҷуғрофӣ»; «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Дар бораи ихтирооти махфӣ»; «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи топологияҳои микросхемаҳои интегралӣ»; «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Дар бораи намунаҳои саноатӣ» ва «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Дар бораи ихтироъ» дар ҳолати омӯзиш ва баррасӣ қарор дошта, дар рӯзҳои наздик ба мақомоти дахлдор хулосаи экспертизаи забоншиносӣ пешниҳод карда мешавад.

Қобили зикр аст, ки дар ҳамкорӣ бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” моҳи октябри соли 2016 дар асоси бандҳои 8 ва 24-и Нақшаи чорабиниҳои Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016 тарҷумаи забони филмҳои бадеӣ, хусусан забони филми “Мулои замонавӣ” мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода шуда, барои чораҷӯӣ ва ташкил намудани гурӯҳи корӣ ба мақомоти дахлдор пешниҳод шудааст.

Ҳамчунин, назорати иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар фаъолияти Муассисаҳои давлатии телевизионии “Тоҷикистон”, «Ҷаҳоннамо», «Сафина», «Баҳористон», «Пойтахт», радиои «Ватан», радиои «Тоҷик», радиои «Садои Душанбе», радиои «Имрӯз» ва ғайра аз ҷониби мутахассисони Кумита мунтазам назорат бурда мешавад. Дар соли равон 41 барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ оид ба риояи меъёри забони адабӣ бо иштироки кормандони Кумита таҳия ва пахш гардидааст. Дар соли 2016 чунин барномаҳои телевизионӣ мавриди экспертизаи забоншиносӣ қарор дода шудааст.

 

Таҳлили

забони қисме аз барномаҳои шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон

 

Истилоҳҳои нодурусти истифодашуда

Номгӯи

барномаҳо

Истилоҳҳои дурусти пешниҳодшуда

Хуҷанд : маркази «тиби аҷам»

Сатрҳои равон

Аҷам исми хос аст, бояд бо ҳарфи калон навишта шавад, вақте ки калима бандаки изофӣ мегирад, бояд ташдид риоя карда шавад, яъне маркази «Тибби Аҷам.

Дар Вилояти Кӯҳистони Бадахшон барфи зиёд борид, ки зарари моддӣ расид, мутаассифона талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

«Ахбор»

 

Мамнунгоҳ

«Олами ҳайвонот»

Мамнӯъгоҳ

Ҷое, ки даробуро қатъиян манъ аст.

Маркази дармони Чинӣ-Ҷамияти дорои масъулияташ маҳдуд. Ҳангоми сардзанию варамандозӣ.

реклама

Ҷамъияти масъулияти маҳдуд ё Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд.

сармозанӣ, варам ё омос.

роҷеъ ба селу обхезӣ. Селхезӣ

Маркази ҳавошиносии

Тоҷикистон дар сӯҳбати телевизионӣ

сел намехезад;

сел омад, сел шуст, сел зад.

таблиғот(рекламаҳо)-и Sanam, maккoли, Aziza ва дигар рекламаҳо бо забони русӣ ва бо истилоҳҳои забони хориҷӣ ба бинандагон пешниҳод мешаванд.

 

Хилофи моддаҳои 20

ва 13-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.

ба анҷом пазируфтааст;

категорияи якум;

мошинҳо барои гузаштан роҳат мегарданд

«Шабакаи якум» «Иншооти аср»

ба анҷом расидааст;

 

дараҷаи якум;

мошинҳо аз роҳ бе мушкилӣ мегузаштанд

масъулини ноҳия, мухолифин

«Сипар»

Шабакаи 1

масъулони ноҳия, мухолифон

Чиба бодирингро бирён кардем?

«Субҳ» «Сафина»

Чаро, барои чӣ гуфтан лозим аст.

амри маҳол

 

амри муҳол

Боришот шавад, ё боришот зиёд шуд

Шабакаи 1

борон зиёд борид ё бориш зиёд шуд.

эҳтиромона

 

эҳтироман ё боэҳтиром

купрук

Сатрҳои равон

пул

Акика

«Ҷаҳоннамо»

Ақиқа

Талбанда, талбандагӣ (20 маротиба такрор шуд)

Шабакаи 1»

Калимаҳое ҳастанд, ки шакли вайрон ва сирфан хоси лаҳҷа буда, ба ҳеҷ ваҷҳ ва ҳеҷ вақт дар забони меъёр истифода намешавад ва ҷавобгӯ ҳам нест.

Сигарет мекашанд

«сафина»

Сигор ё тамоку….

Бозии футбол зебо ва хушоҳанг буд;

Чалаеро, ки чойнак ном дошт;

Капитани даста

«Шабакаи 1»

футбол

Бозии футбол шавқовар буд…

 

Ангуштарӣ

Сардори даста…

Интиҷор дода шуд….

«Ҷаҳоннамо»

Инфиҷор дода шуд,яъне тарконда шуд.

Даҳони маҳлулро мекушоем;

Масъулинро мебояд.

«сафина»

«субҳ»

Сарпуши …

Масъулонро…

Ҳавои тағирёбандаи бебориш дар назар аст.

«сафина»

Ҳавои тағирёбандаи бебориш пешбинӣ мегардад.

Рекламаи ширкати «Машҳад-коло»

«Ҷаҳоннамо»

«Машад-коло»

дар поёни ҳар барномаи телевизионӣ баранда хитоб мекунад:

«ба шумо бурдбориҳои беназир орзумандем!»

Дар аксари барномаҳои телевизионӣ

маънои калимаи «бурдборӣ» «сабр» ва «таҳаммул» аст. Масалан, агар ба ҷои истифодаи ғалати «бурдборӣ» калимаи «муваффақият» истифода мешуд, беҳтар буд, «бурдборӣ» дар ҳамаи фархангномаҳои қадиму ҷадид ба маънои сабру таҳаммул, тоқат, шикебоӣ тасвир шудааст.

арзи вуҷуд доштанд;

талаботро қаноат намекунад;

ноадолатона;

ба мараз гузоштанд, шакли дурусти ин калима маъраз (арабӣ) аст

дар мадди аввал;

боиси тазаккур, боиси ёдоварӣ;

фаъолият бурдан, кор бурдан;

тадрис гирифтан;

ин нуқтаро дар ёд бояд дошт;

амалиёти ҷарроҳӣ;

шахсияти юридикӣ

 

дарс арзи вуҷуд карданд, ё вуҷуд доштанд;

талаботро қонеъ намекунад;

 

ноодилона, ё беадолатона;

ба намоиш гузоштанд;

 

дар навбати аввал;

қобили тазаккур, қобили ёдоварӣ, ё лозим ба ёдоварӣ;

фаъолият кардан, кор кардан;

 

гирифтан, тадрис кардан;

ин нуктаро дар ёд бояд дошт;

амали ҷарроҳӣ;

шахси ҳуқуқӣ

Аксаран дар сатрҳои равони шабакаҳои телевизионӣ хатоҳои имлоӣ дида мешавад, ки қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ба назар гирифта нашудааст.

 

 

маълумоти бозаргонӣ ё таблиғотӣ бо ду забон, қариб ки баробар пахш мешаванд.

 

 

 

 

Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳот

 

Қобили зикр аст, ки дар ҷаласаи Ҳайати мушовара ва Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳоти Кумита аз 10-уми марти соли 2016, №1 бо дарназардошти такмилу таҳлилҳо нисбат ба фаъолияти аъзои Шӯро ҳайати нави Шӯрои ҷумҳуриявии ҳамгунсозии истилоҳоти Кумита тасдиқ карда шуд ва бо мақсади рушду густариши забони давлатӣ дар кишвар ва барои ба забони илм табдил додани забони тоҷикӣ дар соҳаҳои мухталиф, дар гурӯҳи илмҳои биология, тиб ва кишоварзӣ бахши нави тахассусӣ дар риштаи илмҳои дорусозӣ таъсис дода шуд.

Дар ин давра, дар ҳамкорӣ бо ҳайати Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳот фарҳангҳои зерин (7 адад) мавриди баррасӣ қарор дода шуд:

1) «Фарҳанги истилоҳоти забоншиносӣ» (ҳудуди 600 ибораву истилоҳот, аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон);

2) Китоби дарсии тахассусии «Сохтори компютери фардӣ» аз Муассисаи давлатии «Маркази таълимӣ-методӣ ва мониторинги сифати таълим» (Барои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, дар ҳаҷми 105 саҳифа);

3) Китоби дарсии тахассусии «Назарияи муҳосибӣ» (дар ҳаҷми 61 саҳифа, аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

4) Маводи «Истилоҳоти илмии гиёҳҳо ва растаниҳои шифобахши Тоҷикистон» (Академияи илмҳои тиб, 427 номгӯи гиёҳҳо ва растаниҳои шифобахши Тоҷикистон);

5) «Луғати молиявию бонкии исломӣ» (аз Бонки миллии Тоҷикистон, 30 саҳифа, иборат аз 136 истилоҳ);

6) «Фарҳанги мухтасари истилоҳоти умумитехникӣ» (нашри сеюм, аз Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, иборат аз 14500 истилоҳ, дар ҳолати баррасӣ);

7) Хулоса ба истилоҳоти номгӯи ҳуҷраҳои Маҷмааи тандурустии «Пойтахт- 90» (аз Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, иборат аз 171 номгӯи навиштаҷоти тиббӣ ва номи ҳуҷраҳо);

8) Хулоса ба дурустии тарҷумаи матни барчаспи зарфҳои моеи сардкунандаи «Антифриз - 40» ва «Тосол - 40», тибқи муроҷиати шаҳрванд Раҷаббоев Ромин (муроҷиати шаҳрванд);

9) Хулоса ба дурустии тарҷумаи матни барчаспи нӯшокии «Блек Энерҷи» (муроҷиати шаҳрванд);

10) Хулоса ба китоби дарсии тахассусии «Назарияи муҳосибӣ» дар ҳаҷми 61 саҳифа, аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дубора);

11) Хулоса ба шакли дурусти истифодаи вожаҳои духтур (табиб) ва дорусоз (фармасевт) - (пизишк ва дорусоз);

12) Хулоса ба «Луғати мухтасари мактаби тоҷикӣ-ӯзбекӣ» «Тожикча-ӯзбекча қисқача мактаб луғати» (аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, иборат аз 2757 истилоҳ);

13) Хулоса ба «Фарҳанги русӣ-англисӣ ба тоҷикии политехникӣ» (аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ, 120000 истилоҳу ибора, дар ҳолати баррасӣ);

14) Хулоса ба иваз намудани истилоҳоти Шашмақом – Бузрук ба Бузург, Муғулча ба Замзама, Қашқарча ба Шодиёна ва Авҷи турк ба Авҷи Сурайё (аз Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон);

  1. Хулоса ба китоби «Феҳристи номҳои миллӣ» (5000 номвожа).

16) Хулоса оид ба баррасиву таҳлили китоби «Гесӯ»-и Аминии Деҳақӣ (нависандаи эронӣ) ва ташхиси ин китоб, ки аз ҷониби Исфандиёри Одина ва Умриддини Юсуф ба тоҷикӣ ҳуруфгардон шудааст (Душанбе. «Бухоро» 2016);

17) Хулоса оид ба “Нақши стратегӣ оид ба рушди кумаки аввалияи тиббию санитарӣ аз рӯи принсипи тибби оилавӣ” оид ба муроҷиати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

18) Хулоса ба тарзи дурусти номгузории муассисаҳои хизматрасонӣ дар шакли “Стомотология” ё “Дандонпизишк” оид ба муроҷиати Прокуратураи ноҳияи Фирдавсӣ;

19) Хулоса ба лоиҳаи Феҳристи ихтисосҳои кормандони илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

20) Хулоса ба лоиҳаи “Тасдиқ намудани номгӯйи истеҳсолот, кору ихтисосҳо ва вазифаҳои шароити корашон вазнину зарарнок ё хатарнок, ки истифодаи меҳнати занон, дастӣ бардоштан ва кашонидани онҳо иҷозат дода мешавад.” оид ба муроҷиати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

21) Хулоса ба “Луғати тафсирии истилоҳоти паразитология” (аз ДДХ, мураттибон Каримов С.Б., Мухамедов Ғ. К. ва Мирзобаҳодуров Ш.Р. иборат аз 1000 истилоҳ, дар баррасӣ);

22) Хулоса ба “Луғати истилоҳоти варзишӣ” (Муассисаи давлатии “Хонаи ҷумҳуриявии методӣ”, иборат аз 1910 истилоҳ, дар баррасӣ);

Қобили зикр аст, ки дар соли 2015 (дар соҳаҳои иҷтимоӣ, ҳуқуқ, физика, энергетика ва занбӯрпарварӣ) дар ҳаҷми 99 597 истилоҳ мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода шуд, ки ин нишондод дар соли 2016 11 фарҳангнома (дар соҳаҳои забоншиносӣ, тиббӣ, иқтисодӣ, компютерӣ ва техникӣ) дар ҳаҷми 239212 истилоҳ мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода шуд, ки ин нишондод нисбат ба соли 2016 58,1% зиёд аст мебошад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксар мураттибон ба ҷои коркарди истилоҳоти соҳавӣ бештар дар такя ба Фарҳангҳои умумӣ истилоҳоту вожаҳои дар соҳаи тахассусӣ бегона ва мухталифро дар китоб ҷой медиҳанд. Ҳамчунин, ҳангоми пешниҳоди лоиҳаи Фарҳангҳо масъулон ба талаботи қабули ҳуҷҷат дар Кумита риоя намекунанд. Яъне, дар бештари маврид муаллифон ва мураттибон бидуни хулоса ва ё тақризи мутахассисон ва қарори Шӯрои олимони донишгоҳу донишкадаҳо онро ба Кумита пешниҳод менамоянд. Ҳамчунин, агар мураттиб ё муаллиф на кам аз 3 то 7-10 сол китоби худро таҳия карда бошад, мутахассиси Кумита ва аъзои Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳот барои пешниҳоди хулосаи асоснок аз 1 то се моҳ муҳлат доранд. Мутаассифона, чунин таҷриба барои дар сатҳи зарурӣ коркард ва роҳандозӣ гардидани истилоҳот мусоидат карда наметавонад. Бинобар ин хуб мебуд, ки аз ҷониби вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ, донишгоҳу донишкадаҳо ва пажӯҳишгоҳҳои илмиву соҳавӣ бо мақсади танзим ва коркарди истилоҳоти соҳавӣ дар ҳар семоҳа ба таври интихобӣ дар ҳаҷми аз 100 то 500 истилоҳ ба Кумита пешниҳод карда шавад.

 

Номгузорӣ:

а) Ташкилоту муассисаҳо, нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонӣ

Аз ҷониби мутахассисони Кумита лоиҳаи «Дастурамали номгузорӣ оид ба номҳои ҷуғрофӣ ва ташкилоту муассисаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди омӯзиш ва коркард қарор дорад, ки он дар нимсолаи дувум пешниҳод хоҳад гардид.

Мутобиқи моддаи 18-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» номгузории мақомоти ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо, инчунин дигар ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ба забони давлатӣ сурат мегирад. Номи ташкилотҳои хориҷӣ ва муштарак ба забонҳои дигар низ баргардонида мешавад. Ин нукта дар суханронии Сарвари давлат ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ (4 октябри соли 2012) қайд гардида, дар Нақшаи чорабиниҳо (бандҳои 5, 7) оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар низ ифода ёфтааст.

Қобили тазаккур аст, ки тибқи амрномаи Бонки миллии Тоҷикистон аз санаи 5 феврали соли 2014, №101-172/390 зимни аз қайд гузаштани бонкҳо, аз ҷумла ташкилотҳои маблағгузории қарзии хурд, номи он бояд ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ гардонида шавад, вале мутаассифона, дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати ин масъала ягон муроҷиат ба Кумита ворид нагардид.

Дар ҳамин давра номгузории (24) ташкилоту муассисаҳои зерин аз лиҳози экспертизаи забоншиносӣ ва танзими истилоҳот дар робита ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт ва хулосаҳои Кумита ҷиҳати номгузории муассисаҳои зерин пешниҳод гардид:

- хулоса оид ба номгузории ҶДММ «Строитель-ЛТД» ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Насриён»;

- хулоса оид ба номгузории мағозаи «Мир костюмов» дар шакли «Мағозаи либосҳои мардона»;

- хулоса оид ба номгузории қаҳвахонаи «Арк»;

- хулоса оид ба номгузории кошонаи ҳусни ҶДММ «Олами зебоӣ» дар шакли дурусти навиштаҷоти номгузорӣ барои корбурд «Кошонаи ҳусн *Дессанж Порис* Dessange Paris»;

- хулоса оид ба номгузории муассисаҳои таълимии ноҳияи Балҷувон, аз қабили муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 ба номи Саидқул Турдиев, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 ба номи Исмат Шарифов, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 ба номи Сафар Раҳмон, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 ба номи Кавгов Чақал, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 ба номи Хуҷамардов Талбак ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 ба номи Мӯсоев Иброҳим;

- хулоса оид ба номгузории МТМУ №8-и Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба номи Муродов Орзу Маҳмадраҳимович;

- хулоса оид ба номгузории Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба номи Соҳиб Табаров;

- хулоса оид ба номгузории ҶДММ ТАҚХ «Фардо»;

- хулоса ба номгузории Муассисаи давлатии «Нигоҳдории ҷангал ва боғи «Ғалаба»;

- хулоса ба номгузории шабакаи дорухонаҳои «Давои Розӣ»;

- хулоса ба номгузории шабакаи дорухонаҳои «Тансиҳат»;

- хулоса оид ба номгузории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди навтаъсис (тавсия «Техабзор»);

- хулоса оид ба номгузории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ширкати сармоягузории лизингии «ҶДММ ШСЛ «Муфидлизинг»;

- хулоса оид ба иваз намудани номи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи Бонки сармоягузории «Конт» ба ҶСП «Бонки Осиё»;

- хулоса ба матни рекламаи ҶДММ «ЛС ВАЙКИКИ РИТЕЙЛ ТҶ»;

- хулоса оид ба номгузории ҶДММ «ЭРҶИС»;

- хулоса оид ба номгузории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Аурум-Ойл»;

- хулоса оид ба тағйир додани номи Варзишгоҳи марказии ба номи Уктам Маматов ба Варзишгоҳи марказии «Балх» (радшуда);

- хулоса оид ба номгузории қаҳвахонаи «Титав»;

- хулоса оид ба номгузории Муассисаи давлатии «Нигоҳдории ҷангал ва боғи «Ғалаба»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе»;

- хулоса ба Федератсияи варзишгоҳи «Зӯрхона»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- хулоса ба номи тарабхонаи «ҶИНС»;

- хулоса ба номи ҶДММ-и «ИНМ-ТРАНС»;

- хулоса ба номгузории МТМУ №6-и ноҳияи Муъминобод ба номи Сангаҳмад Юсуфзода;

- хулоса ба номи ҶДММ-и «Таробурд - МУНИС»;

- хулоса ба номи ҲДММ-и «Тоҷик Тур»;

  • хулоса оид ба номгузории ширкати навтаъсиси ба номи «Вакил»// «Вакилон»;
  • хулоса оид ба номгузории номи мағозаи «Душанбе экспресс мағозаи интернетӣ»;
  • хулоса оид ба номгузорӣ намудани муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба номи Мирзоев Ҷамшедшоҳ Алимардонович;

- хулоса оид ба номгузории Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №69-и деҳаи Дашти Ҷамоати Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент ба номи Бозор Ҳаким;

- хулоса оид ба номгузории МТМУ-и №25 ба номи Шарифзода Бозор Аҳмад;

- хулоса оид ба номгузорӣ намудани Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24-и деҳоти Бобо Носиров ба номи Абдулло Мусоев;

- хулоса ба номгузорӣ намудани Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Ш. Шоҳин ба номи Мирзоев Ҷамшедшоҳ Алимардонович;

- хулоса ба номгузории Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-и Ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг ба номи Тураев Иброҳим;

- хулоса ба дурустии матни барчаспҳои нӯшокиҳои ғайриспиртии “БЛЕК ЭНЕРГИ ” ва “БЛЕК ЭНЕРГИ ВИЛД АПЕЛСИН”;

- хулоса ба номгузории муассисаи хизматрасонии “EXPRESS PRINT”;

- хулоса оид ба тарҷумаи дурусти номвожаи «Food statiton» (Маркази таом) ва маводи иттилоотии «Fost Food» (таомҳои зудпаз);

- хулоса оид ба ном ва маводи иттилооти идораи букмекирии (KENO.tj)

- хулоса ба номгузории ҶДММ “Олами зебоӣ”.

Дар соли 2016 ба номгузории 40 ташкилоту муассиса, аз ҷумла, 26 ташкилоту муассиса, марказҳои хизматрасонӣ, 13 муассисаи таълимӣ ва дар як соли 2015 ба 16 номи ташкилоту муассисаҳо хулоса пешниҳод гардидааст, ки дар муқоиса ба соли 2015 24 адад зиёд буда, 60,4 дарсад % барзиёд аст.

 

б) Номҳои ҷуғрофӣ ва маҳалҳои аҳолинишин:

 

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони Кумита мутобиқи дархости мақомоти давлатӣ ва шахсони воқеию ҳуқуқӣ ба номгузории 98 деҳа ва 11 ҷамоати деҳоту шаҳрак ва 1 мавзеи ҷуғрофӣ (парваришгоҳ) хулоса пешниҳод гардид. Аз ҷумла:

- хулоса оид ба номгузории Ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ ба номи Ғаффор Абдуллоев;

- хулоса оид ба тағйири номи деҳаҳои Шаҳидқараянтоқ ба Диловарон, Янги Равот ба Райбат (дастгиришуда), Хамирҷӯй ба Шодоб, Шӯрқӯрғон ба Иттифоқ, Қӯрғонча ба Меҳргон, Яккатерак ба Чаманзори шаҳри Конибодом;

- хулоса оид ба иваз намудани номи деҳаҳои Охбулоқ ба Сафедчашма, Турко ба Заркамар, Беди Баҳтрай ба Дурахшон, Солмолидашт ба Иттифоқ, Узнохур ба Чаноро, Сулдузӣ ба Нурободи ноҳияи Балҷувон;

- хулоса ба тағйири номи деҳаҳои Оғуртӣ ба Гулдара, Тошбулоқ ба Наврӯзчашма ва номгузории маҳалҳои аҳолинишини навбунёди Дашти Хорзор, Суғдиён, Чашмаи Садаи Ҷамоати деҳоти Садриддин Айнии ноҳияи Варзоб аз 3-юми марти соли 2016, №1-3/94;

- хулоса оид ба тағйири номи деҳаи Наймани деҳоти Сурхи шаҳри Исфараи вилояти Суғд ба Сароб;

- хулоса оид ба тағйир додани номи деҳаҳои Янгиқишлоқ ба Зарзамин (дастгиришуда), Урмонтол ба Файзобод, Қирқидуқ ба Ифтихори ноҳияи Ашт;

- хулоса оид ба тағйир додани номи ҷамоати шаҳраки Обикиик ба Баҳористони ноҳияи Хуросон;

- хулоса оид ба тағйири номи деҳаҳои Оқтеппа ба Сафедтеппа, Саидқӯрғон ба Саидқалъа, Қуштергимон ба Сариосиё, Фармонқӯрғон ба Фармонқалъа (дастгиришуда), Янгиобод ба Меҳрободи ноҳияи Спитамен;

- хулоса оид ба тағйир додани номи Ҷамоати деҳоти Сайёди ноҳияи Шаҳритус ба номи Талбак Садриддинов ва деҳаҳои Қазоқ ба Кӯҳдоман, Хоҷа-Қучкорӣ ба Чорсӯ, Бурбулоқ ба Чашма, Кулдимон ба Кӯлдоман, Бешқудоқ ба Навшод (дастгиришуда) ва иваз намудани номи Ҷамоати деҳоти Арали ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба номи Қадриддин Ғиёсов (радшуда);

- хулоса оид ба тағйири номи деҳаҳои Коминтерн ба Кишоварзон, Коммунаи Париж ба Ободон (Ҷамоати деҳоти Фрунзе), Ленин ба Деҳқонобод (Ҷамоати деҳоти Калинин), НКВД ба Чорбоғ (Ҷамоати деҳоти Чорбоғ), Телмон ба Сабзавоткор (Ҷамоати деҳоти Узун), Тошробод ба Шоликорон (Ҷамоати шаҳраки Гулистон) ва Ҷамоати деҳоти Туғаланг ба Ҳалевард (дастгиришуда), Комсомол ба номи Абдухалил Холов (Ҷамоати деҳоти Навобод), Болшевик ба номи Абдуқодири Бедил, Ёш-Ленин ба номи Нақибхони Туғрал (Ҷамоати деҳоти Туғаланг), 38 Ленинюл ба номи Абдулло Холов (Ҷамоати деҳоти Навобод), Фрунзе ба номи Лоиқ Шералӣ (Ҷамоати деҳоти Фрунзе), Чапаев ба Наврӯз ва Докучаев ба Сабо аз Ҷамоати деҳоти Фрунзеи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ (радшуда);

- хулоса ба номгузории деҳаи Коммунизми ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба номи Эшони Бобои Кароматулло (дастгиришуда);.

- хулоса оид ба иваз намудани номи шаҳраки Колхозобод ба номи Сироҷиддин Исоев (радшуда);

- хулоса оид ба иваз намудани номи шаҳраки Колхозобод ба Балх (дубора, дастгирӣ);

- хулоса оид ба тағйир додани номи деҳаҳои Ганҷбор - 2 ба Шаҳдбор (Ҷамоати деҳоти Р. Исмоилов), Гулрез - 2 ба Хуррамдеҳ, Эловар ба Панҷдеҳ (Ҷамоати деҳоти А. Абдулвосиев), Гирдоб – 2 ба Сеоба, Баракат – 2 ба Сахиён, Гулобод – 2 ба Нурофар, Ҷавонон – 2 ба Бахтёрон (Ҷамоати деҳоти Б.Бурунов), Кишоварз – 2 ба Сароб, Ҳуснобод – 2 ба Чашмасор, Тиллои сафед – 1 ба Фахробод, Адолат – 1 ба Сафедҷар, Ҷангалобод – 2 ба Боғистон, Деҳқонобод – 2 ба Қалъаи Гулистон, Даҳана – 1 ба Ҳакимон (Ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Ваҳдат);

- хулоса оид ба иваз намудани номи деҳаҳои «Оқгаза» ба «Бӯстон» (аз Ҷамоати деҳоти «Гулистон»), Устотоймас ба Кӯҳдоман ва Табақчӣ ба Баҳористон - аз ҷамоати деҳоти Ваҳдати шаҳри Сарбанд, (радшуда);

- хулоса оид ба иваз намудани номи шаҳри Пролетари ноҳияи Ҷаббор Расулов ба шаҳраки Томирис (дастгирӣ);

- хулоса оид ба тағйири номи деҳаҳои Бӯстон-1 ба Бӯстон, Бӯстон-2 ба Гулбоғ (дастгирӣ), Будинобод ба Будинадашт (дастгирӣ) ва Тутбулоқ ба Тутчашма (радшуда) аз Ҷамоати деҳоти Гулсара Юсуфоваи ноҳияи Ёвон;

- хулоса оид ба тағйири номи деҳаҳои Тошохур ба Боғи Дарун, Охуҷар ба Оҳуҷар ва Ёвонсу ба Ёвонруд (дастгирӣ), Зулмобод ба номи Меҳробод (радшуда, Меҳристон) аз Ҷамоати деҳоти Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон;

- хулоса оид ба иваз намудани номи деҳаҳои Ӯрта-Қайнар ба Зафармандон (радшуда, номи Зафар), Бош-Қайнар ба Кишоварзон (дастгирӣ) ва маҳаллаи Оқ-Санглох ба Дӯстон (радшуда) аз Ҷамоати деҳоти Норини ноҳияи Ёвон;

- хулоса оид ба иваз намудани номи парваришгоҳи «Қаратов» ба «Сиёҳкӯҳ» (дар шакли «Парваришгоҳи «Сиёҳкӯҳ» дастгирӣ шуд);

- хулоса оид ба номгузории деҳи Гулфшони ноҳияи Ҷаббор Расулов ба номи Шодиёна;

- хулоса оид ба категорияи деҳа мансуб донистани деҳаи Даштаки Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнони ВМКБ;

- хулоса оид ба иваз намудани номи деҳаи Ғалчамулло ба Боғдорони шаҳри Конибодом; ...

  • хулоса оид ба тағйири номи шаҳраки Нови ноҳияи Спитамен ба шаҳраки Навкат;
  • хулоса оид ба иваз намудани номи деҳаи Ғорбулоқ ба Ғорчашмаи ноҳияи Ёвон;
  • хулоса оид ба иваз намудани номи дараи Даҳана-су ба Даҳанарӯди ноҳияи Ёвон;
  • хулоса оид ба иваз намудани номи Ҷамоати деҳоти Сари Осиёб ба Ғафор Мирзои Ноҳияи Ховалинг;
  • хулоса оид ба иваз намудани номи деҳаи Ленин-Юл ба номи Абдуллои ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ;
  • хулоса оид ба иваз намудани номи деҳаи Чапаев ба Наврӯзи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ;
  • хулоса ба иваз намудани номи маҳалҳои Оқсанглох ба Дӯстон ва Минчинор ба Чинори Ҷамоати д. Норини н. Ёвон.

- хулоса оид ба номгузории деҳи Гулфшони ноҳияи Ҷаббор Расулов ба номи Шодиёна;

  • хулоса оид ба категорияи деҳа мансуб донистани деҳаи Даштаки Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнони ВМКБ;
  • хулоса оид ба номгузории шаҳраки Пролетар ба «Томирис»;

Дар ин давра ба 9 (1 шаҳрак) номҳои ҷуғрофии кишвар хулоса пешниҳод гардидааст:

- хулоса оид ба иваз намудани номи шаҳраки Пролетари ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба Меҳробод;

- хулоса оид ба ивази номи деҳаи Қарақчиқуми деҳоти Лоҳутии шаҳри Конибодом ба деҳаи Ҷаҳонзеб;

- хулоса оид ба таъсис додани шаҳраки Баҳористон ва иваз намудани номи деҳаҳои шаҳрҳои Истаравшан, Конибодом, Панҷакент, ноҳияҳои Ашт ва Спитамен;

- хулоса оид ба иваз намудани номи деҳаҳои Тапқоқ ба Меҳнатобод, Тошбек ба Истиқлолият (аз Ҷамоати деҳоти Гули Сурх), Сари Ҷияк ва Сандағундак ба Сайёд (аз Ҷамоати деҳоти Қалъачаи Калон), Тӯқузчалак ба Файзобод ва Боёвут ба Чашмасор ( аз Ҷамоати деҳоти Зарҳалол)-и шаҳри Истаравшан;

- хулоса оид ба ивази номи кӯчаи Ненахови шаҳри Роғун ба 25 солагии Истиқлолият;

- хулоса оид ба ивази номи деҳаи Коммунизм ноҳияи Ҷ. Балхӣ ба деҳаи Саид Кароматулло;

- хулоса оид ба иваз намудани номи деҳаи Даҳани Шоли Ҷамоати Сари Осиёби ноҳияи Ховалинг ба номи Устоғулом.

Аз ин теъдод Кумита бо дарназардошти масъалаи такрори номҳо ва номгузорӣ ба номи ашхос, ҳамчунин сарфи назар гардидан ҳангоми интихоби номи маҳалҳои аҳолинишин аз хусусиятҳои таърихӣ ва ҷуғрофии ин ё он мавзеъ, зисту зиндагонии мардум тағйири номи 21 маҳали аҳолинишин ва ҷамоати деҳотро рад намуд.

Дар соли 2015 дар маҷмӯъ давоми сол ба 110 (82 деҳа, 5 ҷамоати деҳоту шаҳрак, 2 ноҳия, 2 шаҳр, 1 кӯча ва 18 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 1 Кохи фарҳанг) номи маҳаллии аҳолинишин хулоса пешниҳод карда шуда буд, ки дар муқоиса ба ин дар соли 2016 дар маҷмӯъ ба 97 деҳаву маҳалҳои аҳолинишин, 11 ҷамоати деҳоту шаҳрак ва 1 мавзеи ҷуғрофӣ (парваришгоҳ) хулоса пешниҳод карда шуд ва ин дар муқоиса аз соли 2015 12 дарсад % камтар аст.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар Кумита дар асоси муроҷиати МИМҲД-и ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ аз 25-уми ноябри соли 2016, № 1/1886 барои мувофиқа ва пешниҳоди хулоса баррасии номгузории 12 деҳа, 3 деҳот, 4 кӯча ва 1 муассисаи таълимӣ ворид гардидааст, ки он дар мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дорад.

Боиси тазаккур аст, ки дар асоси супориши Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми ноябри соли 2015, №3 бо мақсади ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва эҳтироми суннату арзишҳои неки фарҳанги миллӣ мутобиқ намудани номҳои воҳидҳои марзиву маъмурӣ барои ивази номи шаҳраки Пролетар ба ноҳияи Ҷаббор Расулов мактуб ирсол намуда, ҷиҳати иваз намудани номи шаҳрак номҳои «Томирис, Навгирд, Даштобод ва Сакоиён»-ро пешниҳод намуд.

Ҷиҳати танзими дурусти масъалаҳои номгузории воҳидҳои марзиву маъмурӣ дар кишвар, дар асоси дастури роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми ноябри соли 2015, №16/324 оид ба таъсиси гурӯҳи корӣ ҷиҳати иваз намудани номи мавзеъҳои ҷуғрофии кишвар аз ҳисоби олимони Академияи илмҳо ва донишгоҳу донишкадаҳо ва Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми феврали соли 2016, №3 дар бораи ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва эҳтироми суннату арзишҳои неки фарҳанги миллӣ мутобиқ намудани номҳои воҳидҳои марзию маъмурӣ дар ҷумҳурӣ, дар Кумита аз ҳисоби роҳбарият ва Ҳайати мушовараи Кумита, кормандони шуъбаи танзими истилоҳот, олимони Академияи илмҳо ва донишгоҳу донишкадаҳои кишвар гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд ва аз ҷониби раиси Кумита «Нақшаи кории гурӯҳи кории Кумита дар асоси дастури роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми ноябри соли 2015, №16/324 оид ба таъсиси гурӯҳи корӣ ҷиҳати иваз намудани номи мавзеъҳои ҷуғрофии кишвар аз ҳисоби олимони Академияи илмҳо ва донишгоҳу донишкадаҳо ва Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми феврали соли 2016, №3 оид ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва эҳтироми суннату арзишҳои неки фарҳанги миллӣ мутобиқ намудани номҳои воҳидҳои марзию маъмурӣ дар ҷумҳурӣ» аз 25-уми марти соли 2016, №24 тасдиқ карда шуд. Айни замон кормандони Кумита оид ба сабаби зиёд шудани номҳои такрор дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои кишвар таҳлил ва ҳисоби оморӣ гузаронида истодаанд, ки зимни ин масъала ва ҷиҳати татбиқи дастури Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти гурӯҳи корӣ ва пешниҳодҳои марбут ба ин масъала ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши муфассали Кумита ирсол хоҳад гардид.

 

Чорабиниҳо

 

Кумита мизи мудавварро бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ 19-уми феврали соли равон, таҳти унвони «Вазъи забони модарӣ дар муассисаҳои томактабии шаҳри Душанбе» бо иштироки намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсати маорифи шаҳри Душанбе, намояндагони шуъбаҳои маориф ва боғчаҳои бачагонаи ноҳияҳои пойтахт ва намояндагони ВАО баргузор намуд, ки дар он саҳми кормандони Кумита назаррас мебошад. Ҳадафи асосии мизи мудаввар ҳалли мушкилоти масъалаҳои рушди забони давлатӣ дар ин муассисаҳо буд, ки дар анҷоми чорабинӣ барои ҳаллу фасли масъалаҳои зерин таклифу пешниҳодҳо қабул гардиданд, ки онҳо минбаъд барои рушду густариши забони давлатӣ барои кӯдакон ниҳоят зарур ва рӯзмарра маҳсуб меёбад:

  1. Дар курси такмили ихтисос аз фанни забони давлатӣ мураббияҳо курси омӯзиш гузаранд;
  2. Дастурҳои таълимӣ, тарбиявӣ ва методӣ дар муассисаҳои томактабӣ бояд ягона бошанд;
  3. Миёни кормандон, мураббияҳо озмуни донандаи забони давлатӣ гузаронида шавад;
  4. Дар санҷишҳои навбатии гурӯҳи кории Кумита оид ба вазъи татбиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии Тоҷикистон» аз мураббияҳо ба забони давлатӣ диктанти санҷишӣ гирифта шавад;
  5. Дар Муассисаи давлатии Телевизиони кӯдакону наврасон –«Баҳористон» тибқи нақшаи «Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» соати омӯзиши забони давлатӣ ба роҳ монда шавад.
  6. Дар барномаҳои таълимиву тарбиявӣ барои кӯдакистонҳо, омӯзиши забони давлатӣ, аёниятҳо бо ин забон, озмуни беҳтарин гуянда, ровӣ, наттоқ, бо забони давлатӣ ҷой дода шуда, ҳамасола натиҷагирӣ карда шавад.
  7. Дар муассисаҳои томактабии кишвар ҳусни хатти беҳтарин ва дигар фаъолиятҳо, ки нерӯи ақлӣ ва зеҳнии кӯдаконро қавӣ намуда, дар он шинохти фарҳангӣ ва миллиро бедор карда метавонад, ҷиддӣ ба роҳ монда шавад.

Бо иштироки кормандони Кумита 5-уми январи сол 2016 ҷиҳати татбиқи супориши Протоколии маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми марти соли 2015, №4 бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши аҳолӣ оид ба фарҳангу маърифати номгузорӣ, ҷиҳати таҳия ва нашри маводи методию тафсирӣ, ташкили семинарҳои омӯзишӣ дар ҷамоатҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, таваллудхонаҳо ва идораҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино семинар-машварат баргузор гардид.

Ҷамъомади мазкур бо иштироки 120 нафар намояндагон аз мақомоти ноҳия, кормандони бахши асноди ҳолати шаҳрвандӣ, мутахассисони шуъбаи корҳои дохилӣ, кормандони таваллудхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳияи Синои пойтахт баргузор гардид. Мушкилоти номгузорӣ ба фарзандон тибқи анъанаҳои миллӣ ва пурра таҳияи китоби «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» маълумот дода, ба иттилои иштирокдорон расонид, ки минбаъд, баъди интишори китоби «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» танҳо номгузорӣ тибқи ин китоб ба роҳ монда мешавад ва дар сурати нофаҳмӣ оид ба ин масъалаҳо, ки ҷиҳати сабти ном ва навишти ғалати он рух медиҳад ва ё номи дар китоб мавҷуднабудаи тозаэҷоду зебои тоҷикӣ бояд ба Кумита муроҷиат намоянд.

Кормандони Кумита 16-уми феврали соли 2016 дар семинар-машварати Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ, ки бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ баргузор гардид, иштирок ва маърӯза намуданд.

Дар соли 2016, кормандони Кумита дар маҳфили «Рӯнамоии китобҳои забоншиноси тоҷик С. Назарзода «Истилоҳоти забони тоҷикӣ: таърих, гароиш ва дурнамо», «Забон ва бедории миллӣ», «Имло ва забони адабӣ» (дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон) ва Ҳамоиши китоб дар Пажӯҳишгоҳи забони форсӣ-тоҷикӣ, ки 10-уми феврали соли 2016 баргузор гардиданд, иштирок намуданд.

Мутобиқи Нақшаи раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19-уми марти соли 2016 оид ба татбиқи «Нақшаи мулоқоти мутахассисони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №25493 (26), аз 14.03.2016) доир ба забони таҳияи барномаҳои телевизиониву радиоӣ дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маросими ифтитоҳи МДТВ «Варзиш», ТВ «Синамо» ва МД «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» бо кормандони КТР баён доштанд», кормандони Кумита рӯзҳои 29, 30 ва 31-уми марти соли равон дар мулоқоти намояндагони Кумита бо роҳбарият ва аҳли эҷоди Шабакаи телевизиони Тоҷикистон, МД «Телевизиони Сафина», МД «Ҷаҳоннамо», МД «Телевизиони кӯдакону наврасон – Баҳористон», Радиои Тоҷикистон ва чор шабакаи он фаъолона ширкат варзиданд. Қобили тазаккур аст, ки кормандони Кумита дар таҳлили забони барномаҳои мухталифи шабакаҳои телевизионӣ ва нутқи ровиёну барандагони барномаҳои телевизионии Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон, МД «Телевизиони Сафина», МД «Ҷаҳоннамо», МД «Телевизиони кӯдакону наврасон - Баҳористон», инчунин, дар таҳлилу баррасии матну забони реклама ва навиштаҷоти сатрҳои равон дар ин шабакаҳо фаъолона иштирок намуданд, ки бо дарназардошти хулосаи онҳо дар ин мулоқотҳо барои минбаъд поку беолоиш ва тоза нигоҳ доштани забони гуфтор ва навиштор дар шабакаҳои телевизионӣ ва радиоии кишвар тавсияҳои Кумита пешниҳод гардиданд.

Мулоқотҳои мазкур бо намояндагони шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, дар он аз ҷониби намояндагони Кумита оид ба татбиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», доир ба фасоҳати забони давлатӣ, риояи талаботи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, корбурди дурусти истилоҳоти соҳавӣ, инчунин, рисолати таърихии забони тоҷикӣ ва арҷгузорӣ ба забони давлатӣ сухан рафта, ҳамзамон, камбудиҳои рӯзноманигорон, ровиён ва наттоқону барандагони барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ, оид ба гуфтори ғалат, риоя нагардидани савтиёти овоии тоҷикӣ, истифодаи калимаҳои ғалат дар забони радиову телевизион, инчунин, навиштаҷоти ғайримеъёрӣ дар матни эълону рекламаҳо ва сатрҳои равони телевизионӣ мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Бо дарназардошти хулосаи онҳо дар ин мулоқотҳо барои минбаъд поку беолоиш ва тоза нигоҳ доштани забони гуфтор ва навиштор дар шабакаҳои телевизионӣ тавсияҳои Кумита барои шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ пешниҳод гардид:

- ба роҳ мондани омӯзиши забони давлатӣ ва қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ барои кормандони телевизион;

- назорати ҷиддии забони филмҳои тарҷумашуда аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ;

- назорати мунтазами забони барномаҳо;

- назорати суханварӣ ва нутқи ровиён ва наттоқон;

- тарғиб ва ташвиқи забони давлатӣ тавассути силсилаи барномаҳо ва роликҳо;

- риояи дурусти талаботи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар сатрҳои равон;

- таблиғи мунтазами татбиқи масъалаҳои ҳалталаби «Нақшаи Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016»;

- назорати ҷиддӣ ва дар доираи меъёри забони адабӣ таҳия ва сабт намудани мусоҳибаҳо;

- таҳия ва татбиқи нақшаи чорабинии ҳамкорӣ байни Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Кумита бо мақсади арҷгузорӣ ба забони давлатӣ ва дуруст ба роҳ мондани сиёсати давлатии забон дар кишвар масъулони ВАО-ро таъкид намуд, ки тарғибгари асосии забони адабии меъёр ин воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла, кормандони телевизион ва радио маҳсуб меёбанд.

Дар анҷоми мулоқотҳо аз ҷониби намояндагони Кумита ба кормандони шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ иттилоъ дода шуд, ки барои риоя нагардидани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тибқи моддаи 89-и Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҷӯӣ карда мешаванд.

Дар мулоқот ҳамчунин, аз мушкилоти пахши барномаҳои шабакаҳои радиои давлатӣ барои шаҳрвандони кишвар сухан рафт. Чун дар даврони Шӯравӣ аз пахши радиои давлатӣ бо забони тоҷикӣ (тавассути радиои «Нуқта») ҳамагон таъмин буданд ва шаҳрвандон аз иттилооту ҳадафҳои татбиқи сиёсати давлатии кишвар саривақт огоҳӣ доштанд, имрӯз Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро лозим меояд, ки барномаҳои Радиои Тоҷикистонро дар саросари кишвар барқарор намояд. Ҳамзамон ба хотири пахши пурраи барномаҳои шабакаҳои телевизионӣ ва Радиои Тоҷикистон дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Телерадиоком»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистонро зарур аст, ки таъмини доимӣ ва пурраи пахши барномаҳоро ба роҳ монад.

Ҳамчунин, дар роҳи татбиқи супориши мазкур аз 21-ум то 26-уми апрели соли равон мулоқоти роҳбарият ва кормандони Кумита бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода баргузор гардид, ки дар он мутахассиси Кумита Зулфониён Р. иштирок намуд.

Дар вохӯрии мазкур аз ҷониби намояндагони Кумита оид ба татбиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», доир ба сиёсати забони давлатӣ, риояи талаботи Қоидаҳои имлоӣ забони тоҷикӣ, корбурди дурусти истилоҳоти соҳавӣ, инчунин, рисолати таърихии забони тоҷикӣ ва арҷгузорӣ нисбати забони давлатӣ ба омӯзгорону донишҷӯён фаҳмонида шуд.

Дар анҷом донишҷӯён ва омӯзгорон оид ба масъалаҳои Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, сатҳи забондонии рӯзноманигорон, роҳҳои ҳалли мушкилот дар интихоби ном, номи хонаводагӣ, насаб, номгузории шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку маҳалла, кӯчаю хиёбонҳо, истифодаи навиштаҷот ба забонҳои хориҷӣ, омилҳои ба миён омадани навиштаҷоти ғалат дар кӯчаю хиёбонҳо, забони воситаҳои ахбори омма, истифодаи истилоҳот дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзиши қоидаҳои имло дар мақомоти давлатӣ, нашри фарҳангҳои соҳавӣ ва ғайраҳо саволҳо пешниҳод намуданд, ки аз ҷониби роҳбарият ва кормандони Кумита ба донишҷӯёну омӯзгорон посухҳои мушаххас дода шуд.

Вохӯрии кормандони Кумита дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо сабабҳои номаълум аз ҷониби раёсати Донишгоҳ ташкил карда нашуд.

Кормандони Кумита таҳти роҳбарии муовини раиси Кумита Матробиён С. Қ., 7-уми апрели соли 2016 бо 8 нафар намояндагон – котибони ҷамоатҳои деҳот ва намояндаи Комиссияи номгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон вохӯрии машваратӣ баргузор намуданд, ки дар ин вохӯрӣ масъалаҳои номгузорӣ мутобиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳаллу фасл гардида, ба бисёр мушкилоти номгузорӣ машварату маслиҳатҳо дода шуданд, то пеш аз қарори Маҷлиси вакилони халқ ва Ҷамоати деҳот дар пешниҳоду ивази номҳои ҷуғрофӣ ва маҳалҳои аҳолинишин қаблан бояд, ки комиссияҳои номгузорӣ бо Кумита мувофиқа намоянд.

Дар ин давраи ҳисоботӣ, Кумита дар асоси банди 48-и қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми марти соли 2016, №99 «Дар бораи Нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конференсияҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016», банди 27-уми боби IVва VI-и Нақшаи чорабиниҳои Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016 аз 30-юми июни соли 2012, №335 дар бораи ҳимоя ва рушди забони давлатӣ берун аз марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нақшаи кории Кумита аз 7-уми январи соли 2016, №1 9-уми июни соли равон Конференсияи илмию амалии байналмилалӣ таҳти унвони «Мақоми забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – забони тоҷикӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ»-ро бо иштироки олимону донишмандони кишварҳои хориҷии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Британияи Кабир, намояндагони сафоратхонаҳои Федератсияи Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, инчунин, намояндагони Ҳукумати кишвар, вазорату идораҳои давлатӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотии кишвар, ҷамъиятҳо, аъзои Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳоти Кумита ва намояндагони ВАО баргузор намуд.

Қобили зикр аст, ки бо ибтикори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ ба масъалаи мазкур бори дувум чунин конференсиҳо дар сатҳи байналмилалӣ баргузор мегардад. Дар конференсия зиёда аз 120 нафар олимон, муҳаққиқон, таълимгарон ва рӯзноманигорон иштирок намуданд.

Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми филология Гавҳар Шарофзода оғоз намуд. Сипас, раиси Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҷаноби оқои Ҳасан Қарибӣ, устоди Донишгоҳи ҷомеи исломии Деҳлӣ - профессор Қамар Ғаффор, раиси Донишгоҳи «Дунё»-и Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Сайид Махдум Раҳин ва муҳаққиқи забоншиноси тоҷик, корманди Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии АИ ҶТ, доктори илмҳои филологӣ Ғаффор Ҷӯраев ва намояндаи Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» Мансур Парҳезгор (Британияи Кабир), Ройзани фарҳангии ҶИ Эрон Худоёр Иброҳим, ҳамчунин, мушовири Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, донишмандон аз кишварҳои Афғонистон, Олмон дар суханрониҳои хеш аз мақоми арзанда ва таълимдиҳандагӣ доштани адабиёти ғании ин забон ёдовар шуда, пешниҳод намуданд, ки ҷавҳари асосӣ ва ҳадафи пур аз ҳикмати ин забонро танҳо дар донистани ин забон мебояд фаҳмид. Зеро барои ба ин мақсадҳо ноил гаштан доираи омӯзиш ва таълими ин забонро дар кишварҳои олам бояд васеъ намуд.

Дар Конференсия 25 маърӯзаи илмӣ ва таҳлилӣ пешниҳод гардид, ки 16 маърӯзаи илмӣ аз ҷониби мутахассисони бахшҳои гуногуни забоншиносӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ҷумла, дар мавзӯи «Аҳамияти эҷодиёти Мирзо Абдулқодири Бедил дар таҳкими пайвандҳо байни нимқораи Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ дар замони муосир», – устоди Донишгоҳи ҷомеи исломии Деҳлӣ, муовини раиси Бунёди Бедил бону Қамар Ғаффор (Ҳиндустон), «Тоҷикӣ-дарӣ-форсӣ ва сайри таърихии он ҳамчун забони минтақавӣ ва ҷаҳонӣ», – ректори Донишгоҳи Дунёи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Саид Махдум Раҳин, «Посдории забони дарӣ аз таърихи ориёиён ва тамаддуни ориёӣ» – донишманди маъруфи забони дарӣ, профессори Донишгоҳи Кобул – Ҳусайни Ямин (Ҷумҳурии Исломии Афғонистон), «Пешинаи таърихии корбурди забони тоҷикӣ дар мукотиботи байналмилалӣ», – доктори илмҳои филологӣ Мирзо Ҳасан Султон (Бонки миллии Тоҷикистон), «Доир ба иқтибоси истилоҳҳои форсӣ-тоҷикӣ дар забони русӣ» – доктори илмҳои филологӣ Тӯхта Ҷӯраев (Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ), «Омӯзиши забони тоҷикӣ дар дунёи имрӯз» – номзади илмҳои филологӣ Худоёров Раҷабалӣ (Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон), «Вазъи дирӯзу имрӯзи забони форсии тоҷикӣ дар муҳити тоҷикони Чин» – профессор Шаҳбоз Кабиров, номзади илмҳои филологӣ Хуршед Кабиров (ДМТ), «Забони тоҷикӣ дар хориҷа»- доктори илмҳои филологӣ Туғрал Шокиров (Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон), «Сайри аносири луғавӣ ва ёвари форсӣ-тоҷикӣ дар бархе аз забонҳои туркӣ»- доктори илмҳои филологӣ Абдуҷамол Ҳасанов (Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров) ва «Густариши забони тоҷикӣ дар сарзаминҳои дур ва наздик» – раиси Департаменти дарии Донишгоҳи Кобул Азима Маҷид (Ҷумҳурии Исломии Афғонистон) маърӯза намуданд.

Конференсияи байналмилалии «Мақоми забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – забони тоҷикӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ» бо дарназардошти баррасии муҳимияти рисолати таърихӣ, адабиёти ғановатманди ҷаҳониро доро будани забони тоҷикӣ, ки дар тарбияти башар нақши арзандаву тарбиявӣ дошта, дар соҳаҳои гуногуни иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва илмию техникии ҳавзаҳои форсизабонони ҷаҳон дорои мақоми арзанда ҳаст ва баҳри рушду густариши он дар олами тамаддун ва дурнамои ин забон бо ҳамраъйии олимони варзидаи байналмилал – кишварҳои ҷаҳон чунин тавсия намуд:

1) Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ, пажӯҳишгоҳҳо ва донишгоҳу донишкадаҳои кишвар ҳамкориҳоро дар самти густариши омӯзиши ин забон мустаҳкам намуда, татбиқи чунин масъалаҳоро ҷиддӣ ба роҳ монад:

а) дар ҳамкорӣ бо сафоратхонаҳои ҶТ дар хориҷа ва Анҷумани форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» таъсис додани Марказҳои омӯзиши забони тоҷикӣ дар кишварҳои хориҷа.

б) дар санадҳои меъёрии пешбинишавандаи марбут ба сиёсати забон ворид кардани масъалаҳои рушди ҳамкориҳои ҳавзаҳои омӯзиши забони тоҷикӣ дар кишварҳои хориҷӣ.

в) омода намудани мутахассисони соҳавии ба талаботи бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир дар самти истилоҳнигорӣ, фарҳангнигорӣ (бахусус фарҳангнигории электронӣ), решашиносӣ, забоншиносии компютерӣ.

г) дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намудани китоби забони тоҷикӣ аз рӯйи дараҷаҳои омӯзиш.

д) дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳоии ҶТ тарғиб намудани омӯзиши забони тоҷикӣ ва донистани ҳатмии он барои муҳоҷирони меҳнатӣ аз хориҷи кишвар.

2) Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҳавзаи илмии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, инчунин дигар донишгоҳу донишкадаҳову пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотии кишварҳои хориҷӣ бо ҳамкории Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ, пажӯҳишгоҳҳо ва донишгоҳу донишкадаҳои кишвар масъалаҳои зеринро роҳандозӣ намояд:

  • таҳкими мақоми забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои байналмилалӣ;
  • рушду тавсеа додани ҷуғрофиёи истифодаи забони тоҷикӣ дар заминаи тоҷикони берун аз марзи кишвар;
  • татбиқи усулҳои таълими забони тоҷикӣ дар муассисаҳои таълимии кишварҳои хориҷӣ;
  • таҳкими вазъи забони тоҷикӣ дар кишварҳои хориҷӣ (аз нигоҳи забоншиносии иҷтимоӣ);
  • таваҷҷуҳи зарурӣ додан ба масъалаҳои мубрами забоншиносии муқоисавии тоҷик масоили вожагузинӣ ва истилоҳот ;
  • шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолияти илмии шуъбаҳои тоҷикшиносӣ дар факултетҳои шарқшиносии мактабҳои олии кишварҳои хориҷӣ;
  • таъсис ва густариши бахшҳои тоҷикшиносӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ;
  • ба забони тоҷикӣ додани мақоми забони муоширати байни қавму халқиятҳо ва миллатҳои сокини кишвар;

- фароҳам овардани шароити мусоид дар ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ҷиҳати омӯзиши забони тоҷикӣ;

- дар сатҳи байнидавлатӣ ҳаллу фасл намудани масоили миллӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароити озодона истифода бурдан аз забони миллӣ дар кишварҳои ҳамсоя;

- ташкили курсҳои омӯзиши забони тоҷикӣ дар назди сафоратхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ва баръакс;

- таҳияи маҷаллаи байналмилалии «Садои асрҳо» дар назди Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тавассути он тарғибу ташвиқ намудани таъриху тамаддун ва ташаккули забони тоҷикӣ-форсӣ дар ҳавзаи форсизабонони ҷаҳон;

- дар Марказҳои фарҳангӣ тавсеа додани омӯзиши забони тоҷикӣ дар баробари дигар забонҳо;

- бо мақсади густариши забони тоҷикӣ вусъат додани таблиғи синамо, мусиқӣ ва ВАО-и миллӣ ҳамчун муаррифгари забону фарҳанг;

- ба нақша гирифтани Анҷумани илмии байналмилалии забоншиносии тоҷик бо ҷалби олимону донишмандони маъруфи ҷаҳонӣ дар соли 2017;

- бо забони меъёри адабии тоҷикӣ ва забонҳои хориҷӣ ба роҳ мондани ташвиқ ва таблиғи адабиёти бачагона, фолклор ва филмҳои тасвирии тоҷикӣ;

- Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон, донишгоҳҳои олии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, донишгоҳҳои Ҳиндустон ва дигар кишварҳои хориҷӣ ҷиҳати баргузории силсилаи конференсия ва семинарҳо дар самти омӯзиши забони тоҷикӣ-форсӣ ҳамасола тадбирҳои мушаххас андешад;

- пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сабти сабки ҳиндӣ ва «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҳамчун мероси маънавии халқи тоҷик дар ЮНЕСКО.

Кумита дар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1.06.2016 №251234/26 бо мақсади назорати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оид ба риояи меъёрҳои забони тоҷикӣ дар мавриди таҳияи китобҳои адабиёти таълимӣ, роҳбарият ва кормандони шуъбаю бахшҳои Кумита рӯзҳои 16-ум ва 17-уми июни соли ҷорӣ вохӯриро бо омӯзгорони соҳибтаҷриба ва фаъоли ноҳияҳои шаҳри Душанбе баргузор намуд.

Мулоқотҳои мазкур бо намояндагони шуъбаҳои маориф, омӯзгорони соҳибтаҷриба ва Кумитаи падару модарони ноҳияҳои Сино, Шоҳмансур, Исмоили Сомонӣ ва Фирдавсӣ (ҷамъ зиёда аз 700 нафар) дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, дар он аз ҷониби роҳбарияти Кумита доир ба татбиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», фасоҳати забони давлатӣ, риояи талаботи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, корбурди дурусти истилоҳоти соҳавӣ, инчунин, рисолати таърихии забони тоҷикӣ ва арҷгузорӣ ба забони давлатӣ сухан рафта, ҳамзамон, камбудиҳо доир ба таҳияи забони адабиёти таълимӣ барои муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби омӯзгорони ин муассисаҳо мавриди муҳокима қарор гирифт.

Аз ҷониби омӯзгорон оид ба камбудиҳои ҷойдошта дар адабиёти таълимӣ, аз ҷумла, ба талаботи синну соли хонанда мувофиқ набудани аксарияти ашъори китобҳо ва ғалатҳои имлоӣ, мантиқӣ баҳсу мунозираҳои зерин сурат гирифт:

- бедор кардани ифтихори милливу ватандорӣ, эҳсоси худшиносӣ дар хонанда ва ғайра;

- машқҳои дар китобҳои дарсӣ овардашуда мантиқан нодуруст ифода ёфтаанд, ки дар ҳалли онҳо ҳатто омӯзгорон мушкилӣ мекашанд (савол ва супориш, китобҳои забони тоҷикӣ аз синфи 1 то 11 ва забони давлатӣ дар гурӯҳҳои ғайритоҷикӣ);

- баъзе аз луғатҳо шарҳи дуруст надошта, дар истифодаи синонимҳо вожаҳо нодуруст оварда шудаанд;

- гуфтори ғалат, риоя нагардидани савтиёти овоии тоҷикӣ, истифодаи калимаҳои ғалат дар забони таҳияи китобҳо, инчунин, навиштаҷоти ғайримеъёрӣ дар матнҳои китобҳо;

- оид ба ҳарфҳои овардашудаи алифбои имрӯза нигаронӣ карданд, чун ҳарфҳо 35-то бошанд пас таллафузи овозҳо низ оварда шаванд;

- дар аксари луғатҳо калимаҳои сода шарҳ дода шудааст, вале калимаҳои мураккаб бе шарҳ мондааст;

- ҳангоми шарҳи калимаҳо бояд ба маъноҳои он диққат дода, маънои манфии онҳо шарҳ дода нашавад;

- дар китобҳои дарсии забони тоҷикӣ барои синфҳои русӣ, тарҷумаи нодурусти калимаҳо бисёр дида мешавад;

- бояд дар муассисаҳои ғайритоҷикӣ дарсҳои забони давлатиро хубтар ба роҳ монанд, инчунин, дар китобҳои таълимии забони тоҷикӣ ба таври васеъ тарҷумаи ҳоли шоирон шарҳ дода шаванд;

- дар китоби «Корҳои хаттӣ» (муаллиф М. Афғонов) аксарияти матнҳо ба диктантҳо мувофиқат намекунанд, таҷдиди назар карда шуда, баъди хулосаи мутахассисон дар истифода қарор гирад;

- матнҳои овардашуда мушкилфаҳм буда, дар он талаботи хонандагон ба эътибор гирифта нашудааст;

- тарҷумаи номи ҳайвонҳо дар китоби таълимии «Зоология»-и синфи 8-ум, 10-ум ва 11-ум (муаллифон Маҳмад Зиёев, Султонов) хеле коста буда, китобҳои номбаршуда таҷдиди назар мехоҳанд;

- дар китобҳои «Забони тоҷикӣ» барои синфҳои 10-11 (муаллиф Камолиддинов Б.) ва адабиёти синфи 8 (муаллифон А. Аҳмадзод ва А. Сатторов) истилоҳҳо ва матнҳои душворфаҳм оварда шуда, инчунин, аксарияти сарлавҳаҳо ба матнҳо мувофиқат намекунанд;

- дар китоби «Адабиёти тоҷик» (синфи 11 муаллиф Асозода) достонҳое, ки аз онҳо хонандагон иншо менависанд, хело кӯтоҳ оварда шудаанд, ба мисли «Ғалабаи Таня» ва «Мардистон»;

- китоби «Адабиёти тоҷик» барои синфҳои 8-9, ки ҳанӯз аз давраи Шӯравӣ аз ҷониби Шарифҷон Ҳусейнзода сода, фаҳмо ва матнҳо ба синну сол мувофиқат мекунанд, таҷдиди назар карда шуда бо тағйироти кам (давраи шӯравӣ) барои омӯзиш дар ҳамин синфҳо барқарор карда шавад;

- омӯзгорони фанҳои «Таърихи Тоҷикистон» ва «Таърихи умумӣ» пешниҳод намуданд, ки муаллифи китобҳои дарсӣ бояд аз 6-нафар кам набошанд ва ҳангоми таҳияи китобҳои таълимӣ барои хонандагон ҷиҳати равонии онҳо ҳатман ба инобат гирифта шавад, то ки дар вақти омӯзиши китобҳо хонанда аз матнҳои дарозу дилгиркунанда хаста нагардад;

- аз 5 то 6 китобҳои таълимии пешниҳодгардида ба мақомоти дахлдор барои экспертизаи забоншиносӣ фиристода шавад;

- китобҳои «Таърихи халқи тоҷик» ва «Таърихи умумӣ» дар хонанда эҳсоси худшиносӣ ва ифтихори миллиро қариб, ки бедор намекунад, зеро дар он умумӣ, илмӣ ва воқеаҳои таърихӣ, ғалабаи халқи тоҷик хеле кам оварда шудааст;

- дар китоби «Таърихи халқи тоҷик» воқеаҳои ҷанги шаҳрвандии асри гузашта ва пешравиҳои кишвар шарҳ дода шаванд;

- дар китоби «Физика» истилоҳҳои тарҷумашуда хело коста ва нофаҳмо оварда шудаанд. Бинобар ин, китобҳои дарсии «Физика» аз нав таҷдиди назар карда шаванд;

- омӯзгор новобаста аз рӯйи ихтисос бояд забони меъёр ва қоидаҳои имлоро риоя намояд;

- соатҳои дарсии забони тоҷикӣ ва адабиёт зиёд карда шавад;

- дар барномаҳои телевизионӣ дар атрофи қоидаҳои имло, меъёри забони тоҷикӣ, барномаҳои алоҳида ба роҳ монда шаванд;

- барои як соат дарси забони русиро гузаронидан чанд дастурҳо вуҷуд дорад, аммо барои соати забони тоҷикӣ дастурҳо кам аст;

- барои гузаронидани дарсҳои зерсохторӣ дар муассисаҳо ҷой нест;

- гурӯҳи забони тоҷикӣ низ мисли гурӯҳи забонҳои хориҷӣ зергурӯҳ шаванд;

- аксарият барномаи таълимӣ бо китобҳои дарсӣ мутобиқат намекунад;

- барои омӯзгорон толори хониш ташкил карда шавад, то дар он аз китобҳои бадеӣ истифода намоянд;

- дар матнҳо ҷумлаҳо бениҳоят дароз буда, барои дарки хонанда мушкилӣ меоварад;

- дар дарсҳои тарбиявӣ бояд китобҳоеро, ки оид ба муқаддасоти миллӣ хусусияти таблиғотӣ доранд, истифода намуд;

- дар китобҳои дарсии забон ва адабиёти синфи 5 мавзӯъ ва машқҳо зиёд буда, соатҳо бениҳоят кам аст. Илова бар ин, бояд дар китоби «Адабиёти тоҷик» якчанд шоираҳоро дохил намоянд, то насли нав аз он бохабар бошад;

- бояд корҳои анҷомдодаи Пешвои миллат дар китобҳо ворид карда шавад;

- дар китобҳои «Физика» луғатҳо бениҳоят мушкил ва душворфаҳм мебошанд;

- таълими забони давлатиро дар муассисаҳои ғайритоҷикӣ хубтар ба роҳ монд;

- мавзӯъҳои китобҳои «Таърих»-и синфҳои 5, 6, 7 ва 8 бениҳоят калон буда, то 16 – саҳифаро дар бар мегиранд. Мавзӯъҳои таърихӣ бояд мухтасар бошанд, овардани рақамҳои зиёд ва солҳо шарт нест, муҳим мавзӯъро хонанда хуб аз худ намояд;

- мавзӯъҳои иншо ҳамчун китоб пешакӣ чоп нашавад, чунки хонанда бояд иншои озодро аз фикри худ нависад;

- дар китобҳои «Забони тоҷикӣ» аз синфи 5-боло таҳлилҳо ба таври амиқу саҳеҳ нест, масалан: садонокҳо ва овозҳои он, (ӣ, ӯ) ҳиссаҳои нутқ бояд муфассал бошанд, дар мавриди ётбарсарҳо, ки онҳо бо ду овоз ифода мешаванд, бояд ётбарсар гуфта шаванд;

- аз адабиёти назмӣ ва насрӣ ба хонандагон дар доираи мавзӯҳои барномаи таълимӣ матнҳои зарурӣ замима карда шаванд;

- дар китоби таълимии «Таърих ва ҳуқуқ» аз синфи 5 то 10 калимаҳо душвор буда, луғатҳо навишта нашудаанд, калимаҳои кӯтоҳшуда шарҳ дода шаванд, аз қабили «КПСС», «СССР» ва ғ.

Хулоса, омӯзгорони ноҳияҳои номбурда аз нав таҷдиди назар кардани китобҳои дарсиро пешниҳод намуда, ба гурӯҳи корӣ забони китобҳои таълимии муассисаҳои умумӣ, ки дар назди Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ворид намудани омӯзгорони муассисаҳои таълимиро дархост намуданд.

Ҳамчунин, дар чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ, ки бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ дар пойтахти кишвар баргузор гардид, аз ҷумла, дар Симпозиуми байналмилалии илмӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки бо ибтикори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» баргузор шуд ва дар Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз ва мулоқот бо зиёиён бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони Кумита иштирок намуд.

Инчунин, дар Конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Соли оила – идомабахши сиёсати меҳвари Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими мавқеи зан ва оила», ки санаи 31-уми марти соли 2016 бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, сармутахассиси шуъбаи танзими истилоҳоти Кумита Фарҳодова С. иштирок намуд.

Кормандони Кумита бо мақсади татбиқи Нақшаи Кумита оид ба ташкил ва гузаронидани шанбегӣ дар рӯзҳои 27-уми феврал, рӯзҳои 5,12 ва 19-уми марти соли ҷорӣ, инчунин, дар рӯзҳои шанбеи қабл аз ҷашнгирии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба иҷрои супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-уми феврали соли 2016, №24/10-9 ҳар рӯзи шанбе фаъолона иштирок намуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз 12-уми феврал то 30-юми апрели соли равон дар Кумита таҷрибаомӯзии 7 нафар донишҷӯён – хатмкунандагони факултети романию германии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода аз рӯи ихтисоси забоншиносӣ ва иттилооти навини компютерӣ баргузор гардид, ки дар таҷрибаандӯзии онҳо кормандони Кумита кумаку мусоидат намуда назорат бурданд.

Кумита бо мақсади арҷгузорӣ ва поку беолоиш нигоҳ доштани забони давлатӣ ва таблиғу ташвиқи сиёсати давлатӣ дар бораи забон дар саросари ҷумҳурӣ пешниҳод намуд, ки то 10-уми октябри соли 2016, давраи таҷлили Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Умри миллат ба умри забон вобаста аст» ташкил намуда, дар ҳамкорӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳукуқи инсон, Прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон», Агентии стандартизатсия метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қушунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар «Кӯли ҷавонон», Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» вохӯриҳо баргузор намуд.

Ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ороиши бинои вазорату идораҳо ташкилоту муассисаҳо ва кӯчаву хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ матни шиору овезаҳоро таҳия намуда, онро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд.

Кумита дар асоси банди 85-и Нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конференсияҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми марти соли 2016, №99 тасдиқ шудааст ва банди 27-и боби IV Нақшаи чорабиниҳои «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016» аз 30-юми июни соли 2012, №335 ва барқияи ҳукуматӣ аз 3-юми октябри соли 2016, №16/10-33 оид ба арҷ гузоштан ба забони давлатӣ ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» рӯзи 4-уми октябри соли 2016 ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» бо иштироки намояндагони Ҳукумати кишвар, вазорату идораҳои давлатӣ, олимону донишмандони донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар, ҷамъиятҳо, Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳоти Кумита ва намояндагони ВАО Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявиро таҳти унвони «Истиқлолият ва сиёсати давлатӣ дар бораи забон» баргузор намуд.

Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми филология Гавҳар Шарофзода оғоз намуд. Сипас, директори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Раҳматуллозода дар суханрониҳои хеш аз мақоми арзанда ва таълимдиҳандагӣ доштани адабиёти ғании ин забон ёдовар шуда, пешниҳод намуданд, ки ҷавҳари асосӣ ва ҳадафи пур аз ҳикмати ин забонро танҳо дар донистани ин забон мебояд фаҳмид. Зеро барои ба ин мақсадҳо ноил гаштан доираи омӯзиш ва таълими ин забонро, ки дар замони Истиқлолият рушд додаем, минбаъд низ бояд дар тавсеа ва густариши он таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намоем.

Дар Конференсия зиёда аз 10 маърӯзаи илмӣ аз ҷониби мутахассисони бахшҳои гуногуни забоншиносӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ҷумла, дар мавзӯи «Забони давлатӣ ва билингвизм» – доктори илми филология, профессори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев Назрӣ Офаридаев, «Рушди забони тоҷикӣ дар замони Истиқлолияти давлатӣ» – доктори илми филология, академики Академияи табиатшиносии Федератсияи Россия, мудири кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Шокиров Т.С., «Забон – омили ташаккул ва бақои миллат» - доктори илмҳои филологӣ Мирзо Ҳасани Султон (Бонки миллии Тоҷикистон),«Сарчашмаи аввали истилоҳоти техникии забони тоҷикӣ» – доктори илми филология Ҷӯраев Т.Қ., «Сухан бо ту нагӯям, то насанҷам» – доктори илми филология, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров Ҳасанов А., «Сиёсати давлатӣ дар бораи забон дар замони истиқлол» – мудири кафедраи забонҳои Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарипов Ш.Р., «Нақши Истиқлолият дар вусъатбахшии маънои вожаҳо ва ҳамнишинии онҳо» – номзади илмҳои филологӣ Кабиров Ш., «Сиёсати забони давлатӣ дар даврони Истиқлолият»  сардори шуъбаи ташкилию ҳуқуқии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Ш., (ҳаммуаллиф  сардори шуъбаи танзими истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфониён Р.) маърӯза намуданд.

Забони тоҷикӣ ҷавҳари миллати моро ташкил медиҳад ва тамоми мардуми тоҷикзабони кишварҳои ҳамсояи моро бо ҳам мепайвандад. Имрӯз бо забони тоҷикӣ дар як қатор давлатҳои аврупоиву шарқӣ ба монанди Фаронса, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Исроил, Канада, Чехия, Чин, Ҳиндустон, Покистон, Ӯзбекистон, Арманистон, Гурҷистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва ғайра омӯзонида мешавад ва дар ин кишварҳо нашрияҳо бо забони тоҷикӣ табъу интишор мешаванд, ки ин аз густариш ёфтани забони тоҷикӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ дарак медиҳад.

Дар интиҳо, пас аз баррасии фикру мулоҳизаҳо ва пешниҳодҳо баҳри рафъи мушкилоти забон дар самти татбиқи он ва чораандешиҳо дар роҳи рушду густариши забони давлатӣ ва бартараф намудани монеаҳо дар ин самт, аз ҷониби ҳайати иштирокдорон тавсияномаи Конференсия таҳия гардида, барои амалӣ намудани он ба мақомоти дахлдор ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Ҳамчунин, дар Кумита мизи мудаввар бахшида ба таҷлили рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд, ки кормандон бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад намуда, маълумоти муфассалро баҳри дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон пешниҳод намудаанд.

 

 

Робитаҳои байналмилалӣ

Мутобиқи Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамкориҳо дар самти рушду густариши забони тоҷикию форсӣ ва ба забони илм табдил додани ин забонҳо дар ҳамгунсозии истилоҳот дар ҳавзаи ин забонҳо рӯзи 26-уми январи соли равон вохӯрии роҳбарияти Кумита ва раиси Пажӯҳишгоҳи фарҳанги забони форсӣ-тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Ҳасан Қарибӣ баргузор гардид. Баъди мулоқот аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи фарҳанги забони форсӣ-тоҷикӣ ба Кумита китоби «Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ» (дар 5 ҷилд) тақдим карда шуд, ки он барои рушду густариши забон ва омӯзиши таърихи забони тоҷикӣ хеле муҳим арзёбӣ мегардад.

Айни замон, аз ҷониби мутахассисони Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳоти Кумита китоби «Ҳазорвожаи пизишкӣ» - и Фарҳангистон (қисмҳои 1 ва 2) бо тафсирҳои иловагии истилоҳот ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ то моҳи ноябри соли ҷорӣ таҳия ва нашр хоҳад гардид, ки ин иқдом дар соҳаҳои дигари тахассусӣ низ дар оянда ба нақша гирифта шудааст.

Қобили зикр аст, ки дар таҳияи китоби мазкур аъзои Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳоти Кумита ва мутахассисони варзида ҷалб карда шудаанд.

Ҳамчунин, мутобиқи дархости муовини гурӯҳи вожагузинии Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон аз 25-уми августи соли 2015, №Б-1198/2144 ва 12-уми сентябри соли 2015, №Б1101/2439 ширкати ду нафар корманди Кумита дар давраи магистратура дар бахши «Вожагузинӣ ва истилоҳшиносӣ» ба муддати 2 сол дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки дар асоси дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми январи соли 2016, №2918(29-6) муроҷиати Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро оид ба пешниҳоди мавзӯи гуманитарӣ барои соли 2018 Кумита мавзӯи гуманитариро таҳти унвони «Соли забони модарӣ ва мероси хаттӣ» (Год родного языка и письменного наследия) барои баррасӣ дар Шӯрои давлатҳои узви ИДМ оид ба ҳамкории гуманитарӣ ва тасдиқи минбаъда дар Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ пешниҳод намуд. Инчунин, тибқи муроҷиати Кумитаи иҷроияи ИДМ ба Нақшаи чорабиниҳо дар мавзӯи гуманитарии давлатҳои муштаракулманофеъ (ИДМ) барои солҳои 2017-2018 Кумита мавзӯъро барои таҳия ва нашри китоб дар соли 2017 таҳти унвони «Тарбияи фарзанд ва таҳкими хонавода» аз осори классикони тоҷику форс бахшида ба Соли оила (ба забони тоҷикӣ ва русӣ) пешниҳод намуд, иҷрокунандаи он тибқи Нақшаи пешниҳодгардида Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Боиси тазаккур аст, ки дар асоси банди 48-и қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми марти соли 2016, №99 «Дар бораи Нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конференсияҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016», банди 27-уми боби IV ва боби VI-и Нақшаи чорабиниҳои Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016 аз 30-юми июни соли 2012, №335 дар бораи ҳимоя ва рушди забони давлатӣ берун аз марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нақшаи кории Кумита аз 7-уми январи соли 2016 оид ба Конференсияи илмию амалии байналмилалӣ таҳти унвони «Мақоми забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – забони тоҷикӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ» баргузор гардид, ки аз натиҷаи иҷрои Нақшаи Ҳукуматӣ ҷиҳати баргузорӣ ва натиҷаи конференсия ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ гузориш пешниҳод карда шуд.

 

Таҳияи санад ва гузоришҳо

 

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016» ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Кумита қарорҳои Ҳайати мушовара, фармоиш, нақшаи чорабиниҳо, гузоришҳо таҳия гардида, ба тасвиб расидаанд. Аз ҷумла:

  1. Қарори Ҳайати мушовара «Дар бораи фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 ва вазифаҳо барои нимсолаи аввали соли 2016»;
  2. Қарори Ҳайати мушовара «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи аввали соли 2016»;
  3. Қарори Ҳайати мушовара «Оид ба ворид намудани лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми октябри соли 2011, №458 «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»;
  4. Қарори Ҳайати мушовара «Дар бораи ба ҳайати Шӯрои ҷумҳуриявии ҳамгунсозии истилоҳот ворид намудани тағйиру иловаҳо»;
  5. Қарори Ҳайати мушовара «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2016»;
  6. Қарори Ҳайати мушовара «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2016 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2016»;
  7. Қарори Ҳайати мушовара «Дар бораи фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2016»;
  8. Гузориши Кумита аз натиҷаи ҳисоботу гузоришҳои вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои дахлдор ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  9. Гузориш оид ба фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои семоҳаи аввали соли 2016 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  10. Гузориш оид ба фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаш моҳаи аввали соли 2016 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  11. Гузориш оид ба фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нуҳ моҳи соли 2016 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  12. Гузориш ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси супориши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми сентябри соли 2014, №31/2с-305 ҷиҳати иҷрои «Нақшаи кори Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2015», ки бо қарори Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-уми июли соли 2014, №4 тасдиқ шудааст ва иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми августи соли 2013, №1504 «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020»;
  13. Нақшаи чорабиниҳои Кумита бахшида ба таҷлили Рӯзи байналмилалии забони модарӣ (21 феврал);
  14. Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои банди 23-и Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 26-уми январи соли 2016, №8 «Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 ва вазифаҳо барои соли 2016» ҷиҳати таҳияи лоиҳаи Консепсияи миллии рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2026 аз 19-уми феврали соли 2016, №15 тасдиқ карда шудааст;
  15. Нақшаи чорабиниҳои Кумита дар бораи таъсиси Кумитаи тадорукот оид ба Конференсияи байналмилалии «Мақоми забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – забони тоҷикӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ»;
  16. Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои дастуру супоришҳои иловагии роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-уми декабри соли 2015, №16\10-8 дар иртибот ба иҷрои Протоколи машварати кории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14-уми декабри соли 2015, №1с/16-6, доир ба иҷрои Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми январи соли 2015, №2 ва татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми январи соли 2015, №36 «Дар бораи таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
  17. Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои банди 23-и қарори Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон аз 26 январи соли 2016, №8 «Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 ва вазифаҳо барои соли 2016»;
  18. Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13-уми январи соли 2016, №4 «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016;
  19. Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9-уми феврали соли 2016, №42 «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми январи соли 2016, зикр гардидаанд»;
  20. Нақшаи чорабиниҳои Кумита оид ба татбиқи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2015, №591;
  21. Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми марти соли 2016, №130 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017»;
  22. Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13-уми январи соли 2016, №4 «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018»;
  23. Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои дастуру супоришҳои иловагии роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-уми декабри соли 2015, №16\10-8 дар иртибот ба иҷрои Протоколи машварати кории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14-уми декабри соли 2015, №1с/16-6, доир ба иҷрои Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми январи соли 2015, №2 ва татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми январи соли 2015, №36 «Дар бораи таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
  24. Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҲҶТ оид ба раванди корҳои омодагӣ ба баргузории чорабиниҳои муҳим, Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доир ба иҷрои Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми апрели соли 2016№6, Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-уми феврали соли 2016, супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13-уми майи соли 2016, №24\10-135 «Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷараёни сафари корӣ ба ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон 22-юми апрели соли 2016 баён доштаанд»;
  25. Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба иҷрои Нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020», ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-юми августи соли 2013, №1504 аз 24-уми октябри соли 2016, №95 аз нав бо тавсияи роҳбари гурӯҳи кории санҷиши мақомоти давлатӣ тасдиқ карда шудааст;
  26. Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми ноябри соли 2016, №105 оид ба ташкил ва баргузории тантанаҳои ҷумҳуриявии ҷашни рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доир ба иҷрои Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-уми январи соли 2016, №1 ва татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19-уми декабри соли 2015, №760 «Дар бораи баргузории тантанаҳои ҷумҳуриявии ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
  27. Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми октябри соли 2016, №465 «Дар бораи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)», бандҳои 15 ва 16-и Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми октябри соли 2016, №12 оид ба мавриди омӯзиш ва корбарӣ қарор додани гузориши Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои дар натиҷаи гузаронидани таҳқиқоти маҷмӯии сотсиологӣ оид ба арзёбии вазъи коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  28. Гузориш ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-уми декабри соли 2015, №16/10-8, Протоколҳои маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-уми январи соли 2016, №1, аз 8-уми феврали соли 2016, №2, аз 22-юми августи соли 2016, №10 ва Протоколҳои маҷлиси Раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24-уми майи соли 2016, №6, аз 20-уми июни соли 2016, №7 ва аз 21-уми июли соли 2016, №8 бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ ва омодагӣ ҷашн гирифтани Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  29. Гузориши масъули хадамоти кадрӣ аз натиҷаи иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 15 сентябри соли 2010, №932, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2009, №252 «Дар бораи Барномаи татбиқи Консепсияи сиёсати давлатии кадрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2016», ба хотири татбиқи саривақтии Барномаи электронии «Кадрҳо» ба мақомоти дахлдор;
  30. Гузориш ба Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12-уми ноябри соли 2016, №30/7-10 «Оид ба ҷараёни амалишавии барномаҳо дар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ (тибқи намунаи замимагардида) дар иртибот ба ҷамъбасти бандҳои Нақшаи чорабиниҳои Барномаи мазкур барои солҳои 2012-2016, аз натиҷаи корҳои амалигардида ва корҳои иҷронашуда;

31. Гузориш ба Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои банди 2.2-и боби 2-и Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2016, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми июли соли 2016, №267 тасдиқ шудааст, дар асоси банди 41-и боби IV Нақшаи чорабиниҳои «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июни соли 2012, №335 тасдиқ шудааст, Барқияи Ҳукуматӣ аз 3-юми октябри соли 2016, №16\10-33 бо мақсади арҷ гузоштан ба забони давлатӣ ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-уми августи соли 2016, №251926\26 ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо таҳти унвони «Умри миллат ба умри забон вобаста аст» баргузор намудани вохӯриву чорабиниҳо ташкил гардидааст;

32. Гузориш оид ба муайян намудани вазъи фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Фармоиши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16-уми октябри соли 2016, №41 доир ба иншоотҳое, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафарҳои корӣ ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тайи солҳои 2015-2016 ифтитоҳ гардида ва ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

33. Гузориш ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои супориши Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми июли соли 2016, №9 доир ба баланд бардоштани маърифати номгузорӣ ва нашри Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ;

34. Гузориш ба Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои банди 85-и Нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конференсияҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми марти соли 2016, №99 тасдиқ шудааст ва дар асоси банди 1-и боби VI Нақшаи чорабиниҳои «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июни соли 2012, №335 тасдиқ шудааст, ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баргузор намудани Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявиро таҳти унвони «Истиқлолият ва сиёсати давлатӣ дар бораи забон»;

35. Дар асоси Фармоиши якҷояи муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16-уми августи соли 2011, №151 ва директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17-уми августи соли 2011, №8 «Дар бораи тасдиқи ҳисоботи омори давлатии шакли №1-ХД «Ҳисобот дар бораи теъдод ва ҳайати сифати хизматчиёни давлатӣ» (семоҳа, нимсола, почтавӣ) ва Дастурамал оид ба пур кардани он ҳисоботи семоҳаи якум, дуюм, сеюм ва солонаи омори давлатии шакли №1-ХД-ро ба мақомоти дахлдор ирсол намуд;

36. Таҳияи Тартиби гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва лоиҳаҳои онҳо, арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» дар Кумита ҷиҳати иҷрои супориши Роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9-уми марти соли 2016, 554\21 доир ба муроҷиати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми марти соли 2016, 10-3\1-614, доир ба риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми июни соли 2014, №355 «Дар бораи Тартиби гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва лоиҳаҳои онҳо, арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»;

37. Таҳияи лоиҳаи Тартиби амалӣ намудани назорати хизматӣ дар низоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

38. Таҳияи Низомномаи Комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулода дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

39. Таҳияи Низомномаи Комиссия оид ба Кодекси одоби хизматчии давлатии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

40. Таҳияи фармоиши раиси Кумита аз 16-уми ноябри соли 2016, №100 доир ба вазифадор намудани роҳбарият ва масъулони маводи танқидӣ ва вокунишҳо дар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми сентябри соли 2016, №26/10-84 ҷиҳати баррасӣ ва чораҷӯӣ намудани талаботи иҷрои ҷараёни Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7-уми феврали соли 2009, №622, «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводи танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ;

41. Таҳияи Дастурамал, Нақшаи чорабиниҳо ва Ҷадвали навбатдории муроҷиатҳои шаҳрвандон дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми сентябри соли 1998, №345 «Дар бораи тасдиқи Дастуруламали коргузорӣ бо муроҷиатҳои шаҳрвандон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», ки 23-юми июли соли 2016, №1339 қабул шудааст ва иҷрои бандҳои 4 ва 8-и Протоколҳои маҷлиси назди Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9-уми ноябри соли 2016, №10-4 оид ба раванди қабули шаҳрвандон аз ҷониби шахсони аввали вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;

42. Таҳияи лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи тасдиқи «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» дар асоси супориши муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-уми январи соли 2016, №1/4-26(4) доир ба иҷрои Протоколи машваратии кории назди муовини Сарвазари Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14-уми январи соли 2016, №1/4-26, иҷрои банди 15-и боби II-и «Нақшаи чорабиниҳои Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июли соли 2012, №335 таҳия намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми июли соли 2016, №325 тасдиқ гардидааст. Ҳамзамон, Кумита дар асоси Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ Фарҳанги номҳои миллии тоҷикӣ (номҳои писарона ва духтарона, дар 2 ҷилд)-ро таҳия намуда, онро нашр менамояд.

43. Кумита лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»-ро таҳия намуда онро барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.

Қобили зикр аст, ки дар Кумита таҳияи лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи забон ва истилоҳоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи улуми Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар бахши забон ва истилоҳот тибқи Созишномаи ҳамкории байналмилалӣ дар ҳолати баррасӣ қарор дорад.

Ҳамзамон, лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Консепсияи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2026»-ро таҳия намуда онро дар рӯзҳои наздик ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

 

Фаъолияти иттилоотӣ ва нашриявӣ

 

Кумита бо таҷҳизоти муосири компютерӣ таъмин буда, дар он 15 адад компютер ва 12 адад принтер фаъол буда, 1 адад дастгоҳи телефонии хизматрасонии факс мавҷуд аст. Инчунин, дар ҳамаи ҳуҷраҳои корӣ 1-ададӣ (ҷамъ 11 адад) телефонҳои байнишаҳрӣ ба кормандон мавриди хидматрасонӣ қарор дорад.

Кумита дорои сомона буда, он ба таври доимӣ фаъол аст, ки он аз сафҳаҳои «Асосӣ», «Кумита», «Қонунгузорӣ», «Чорабиниҳо», «Хадамоти матбуотӣ», «Санҷишҳо ва ҳисобот», «Забонҳои Тоҷикистон», «Забоншиносии тоҷик», «Танзими истилоҳот», «Экспертизаи забоншиносӣ», «Китобхона», «Робитаҳои байналмилалӣ», «Расмҳо ва наворҳо», «Хабарҳо» ва «Пурсишу посух» иборат аст. Муштариён имкон доранд, ки бо истифода аз сафҳаҳои мазкур доир ба саволҳои худ посухи дурусту мушаххас бигиранд. Аз ҷумла, дар сафҳаи «Забоншиносии тоҷик» хонанда метавонад ҳама гуна маълумот, мавод ва сарчашмаҳои мансуб ба илми забоншиносии тоҷикро, ки аз давраҳои чоряки аввали садаи бистум то ба имрӯз таълиф шудаанд, дастрас намояд.

Кумита ҳамчунин, почтаи электронии худро дорад, ки ин хизматрасонии шабакаи интернетиро Ширкати «Вавилон-Т» бо сифати баланди хизматрасонӣ мунтазам таъмин менамояд.

Дар асоси Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар нимсолаи дуюми соли 2015 мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ 3-юми феврали соли 2016 нишасти матбуотии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки кормандони Кумита дар ин нишаст фаъолона иштирок намуданд.

Дар нишасти матбуотӣ раиси Кумита, муовини раиси Кумита сардорони шуъбаҳою мудирони бахшҳо, кормандони Кумита ва 21 нафар намояндагони воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла аз АМИТ «Ховар», Муассисаҳои давлатии ТВ «Ҷаҳоннамо», ТВ «Сафина» шабакаҳои радиоии «Овози тоҷик», Радиои «Озодӣ», «Би-Би-Си», «Тоҷикистон», «Садои Душанбе», «Садои Хуросон», «Ховар», рӯзномаҳои «Садои мардум», «Минбари халқ», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Озодагон», «Фараж», «Халқ овози» ва «Народная газета» иштирок намуданд.

Нишасти матбуотиро раиси Кумита Гавҳар Шарофзода ифтитоҳ намуда, аз ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 ба хабарнигорон маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Зимни суханронии раиси Кумита қайд гардид, ки яке аз иқдоми муҳиме, ки дар роҳи рушди забони давлатӣ анҷом дода шуд, масъалаи назорат ва санҷиши татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва татбиқи «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016» дар мақомоти марказию маҳаллии шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи маркази ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ноҳияҳои он мебошад.

Раиси Кумита аз натиҷаи санҷиши гурӯҳи кории Кумита оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми октябри соли 2011, №458 «Дар бораи тасдиқи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июни соли 2012, №335 «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» бо намояндагӣ аз прокуратураи ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе танҳо дар соли 2015 78 адад номгузорӣ, эълону рекламаи ташкилоту муассисаҳо, нуқтаҳои савдо ва Марказҳои хизматрасонӣ дар ҳудуди ноҳияҳои Шоҳмансур, Сино, Фирдавсӣ ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба хабарнигорон маълумот дод.

Дар анҷом хабарнигорон оид ба масъалаҳои Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, сатҳи забондонии роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, роҳҳои ҳалли мушкилот дар интихоби ном, номи хонаводагӣ, насаб, номгузории шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку маҳалла, кӯчаю хиёбонҳо, истифодаи навиштаҷот ба забонҳои хориҷӣ, омилҳои ба миён омадани навиштаҷоти ғалат дар кӯчаю хиёбонҳо, забони воситаҳои ахбори омма, омӯзиши алифбои ниёгон, истифодаи истилоҳот дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзиши қоидаҳои имло дар мақомоти давлатӣ, навиштаҷот дар борпечҳои маводи доруворӣ, нашри фарҳангҳои соҳавӣ ва ғайраҳо саволҳо пешниҳод намуданд, ки аз ҷониби раис ва кормандони Кумита ба хабарнигорон посухҳои мушаххас дода шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар рӯзномаи «Садои мардум» аз 12-уми январи соли 2016, №5 (3485) мақолаи корманди Кумита Р. Зулфониён таҳти унвони «Мушкилот дар номгузории маҳалҳои аҳолинишин» ба табъ расид, ки дар он масъалаҳои мубраму рӯзмарра оид ба татбиқи моддаи 18-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мушкилоти номгузории шаҳру деҳоти навбунёд ва ивази номҳои ҷуғрофӣ, номҳои такрор, номҳои бегона ва беҳад зиёд шудани номгузории деҳаҳо ба номи ашхос мавриди шарҳу баррасӣ қарор дода шудаасту бевосита, ба Комиссияи номгузории шаҳру вилоятҳо тавсияе барои ҳалли мушкилоти номбурда маҳсуб меёбад.

Дар давраи ҳисоботӣ роҳбарият ва кормандони Кумита дар 74 барномаҳои телевизиониву радиоии идораи барномаҳои «Субҳ», «Самт», «Фарҳанг», «Ахбор»-и Шабакаи якум, «Айёми шубоб аст»-и Телевизиони «Сафина», «Як соат»-и Телевизиони Баҳористон ва дар мусоҳибаи радиоӣ бо хабарнигорони радиоҳои «ХОВАР», «Садои Душанбе», «Тоҷикистон» ва «Озодӣ» иштирок намуданд.

Дар ҳамин давра, Кумита дар ҷавоб ба мактуби идораи рӯзномаи “Садои мардум” аз 22-юми октябри соли 2016, №4 мақолаи “Андешаҳои нав “Ақидаи ботил”-ро эҳё карданист, ки дар рӯзномаи “Садои мардум” 20-уми августи соли 2016, №109 (3589) интишор гардида буд, вокуниш ирсол намуд.

Қобили тазаккур аст, ки кормандони Кумита бо мақсади риоя гардидани Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва шакли дурусти истифода ва навишти калимаҳо дар ҳамкорӣ бо Идораи барномаи «Субҳ»-и Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон саҳифаи вожаҳои дуруст ва нодурустро таҳия ва пешниҳод намуд, ки он дар ҳар барнома мунтазам бо теъдоди 10 калима (дар шакли ғалат ва дуруст) пахш гардида, то ин давра бештар аз 360 вожа манзури тамошобинони шабака шудааст.

Пешниҳоди вожаҳои ғалат ва шакли дурусти он барои барномаи «Субҳ»-и Телевизиони «Тоҷикистон» аз ҷониби кормандони Кумита мунтазам пешниҳод мегардад, ки то имрӯз шумораи чунин истилоҳот ба 300 адад мерасад.

Дар соли 2016 ду маҷмӯа аз маводи конференсияҳои дар соли 2015 доиргардида, нашр гардидааст. Аз ҷумла, маҷмӯаи мақолаҳои Конференсияи байналмилалии «Масъалаи вожагузинӣ ва истилоҳоти забони тоҷикӣ-форсӣ», ва маҷмӯаи Конференсияи илмии ҷумҳуриявии «Номҳои ҷуғрофӣ ва суннати номгузорӣ».

Дар давраи ҳисоботӣ мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-уми марти соли 2016, №647 «Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ» аз ҷониби Кумита барои ишғоли мансабҳои озоди маъмурии хизмати давлатӣ 3 маротиба бо иштироки намояндаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли равон баргузор гардид.

Дар асоси Фармоиши якҷояи муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16-уми августи соли 2011, №151 ва директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17-уми августи соли 2011, №8 «Дар бораи тасдиқи ҳисоботи омори давлатии шакли №1-ХД «Ҳисобот дар бораи теъдод ва ҳайати сифатии хизматчиёни давлатӣ» (семоҳа, нимсола, почтавӣ) ҳисоботи семоҳаи якуми омори давлатии шакли №1-ХД-и Кумита ба Агентӣ ирсол гардид.

Қобили тазаккур аст, ки дар асоси мактубҳои Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13-уми январи соли 2015, №03-16 ва №03-17 4 нафар кормандони Кумита дар соли 2016 ба курсҳои такмили ихтисос дар мавзӯъҳои «Сиёсати хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Тартиби таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар мақомоти давлатӣ» ба Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар карда шуданд, ки мутахассиси бахши умумӣ Сангов Ғ., ва сармутахассиси шуъбаи ташкилию ҳуқуқӣ Умарова Ш. курси такмили ихтисосро гузаштанд.

Ҳамчунин, сардори шуъбаи ташкилию ҳуқуқии Кумита Мансурӣ Ш. Ҷ. дар Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: рушд ва проблемаҳо» Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26-уми майи соли 2016, дар мизи мудаввар ба ифтихори таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Суди конститутсионӣ зодаи Истиқлолияти давлатӣ» 24-уми июни соли 2016 ва мизи мудаввар дар мавзӯи «Низом ва хизматрасонии фарогир барои кӯдакони имконияташон маҳдуд» 18-уми ноябри соли 2016 фаъолона иштирок намудаст.

Дар асоси мактуби Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми январи соли 2016 мутахассиси пешбари бахши экспертизаи забоншиносии Кумита Сатторов А. дар магистратура таҳсил дорад.

Тибқи Протоколи ҷаласаи Комиссияи Кумита аз 19-уми феврали соли 2016, №1 ва Фармоиши раиси Кумита аз 22-юми феврали соли 2016, №18 ба 4 нафар кормандони Кумита рутбаҳои тахассусӣ дода шудааст.

Ҳамзамон, барои фаъолияти арзанда дар роҳи татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти соҳаҳои забони давлатӣ, илму маориф ва фарҳанг дар арафаи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якқатор кормандони Кумита бо мукофоти давлатӣ, медали ҷашнӣ ва мукофотҳои соҳавии вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг ва адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд. Инчунин, 5 нафар бо Ифтихорномаи Иттифоқи касабаи Кумита сарфароз гардонида шудааст.

Дар соли равон 105 адад фармоишҳои раис ва муовини раиси Кумита ба тасвиб расида, то ин давра ба Кумита 1123 муроҷиати хаттӣ, тавассути телефон ва зимни қабули шаҳрвандон пешниҳод гардид, ки ҳамаи онҳо баррасӣ шуда, ба муроҷиаткунандагон ҷавобҳои мушаххас пешниҳод гардид.

Муроҷиатҳо тавассути телефон, шабакаи интернет ва дар ҷараёни қабули рӯзҳои шанбе ба Кумита воридгардида масъалаҳои зеринро дар бар мегиранд:

- оид ба самтҳои фаъолият ва нақшаҳои Кумита (75 адад);

- шарҳу тавзеҳи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар

бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар иртибот ба лавҳаю овезаҳо (75 адад);

- оид ба тарҷума, истифода ва шарҳи вожаю истилоҳот (168 адад);

- оид ба Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ (110 адад);

-шарҳи тартиби коркард, истилоҳнигорӣ ва қабули вожаю истилоҳоти соҳаҳои мухталиф (110 адад);

- шарҳи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» (95 адад);

- номгузорӣ (165 адад);

- оид ба Феҳрести номҳои миллии тоҷикӣ (105 адад);

- тарзи дурусти навишти вожаю истилоҳот (85 адад);

- шарҳи масъалаҳои марбут ба ҳуҷҷатнигорӣ (85 адад);

- оид ба таҳияи фарҳангҳои соҳавӣ (50 адад);

Дар давраи ҳисоботӣ ба Кумита 883 мавод, мактубу дархост, аз ҷумла, 219 мавод аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 669 мавод аз вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва 34 аризаи хаттӣ аз ҷониби шахсони алоҳида ба Кумита ворид гардида, ҳамаи онҳо мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд.

Дар ин давра аз Кумита 1019 мактуб, барқияи телефонӣ ва пешниҳоду хулосаҳо, аз ҷумла 91 мактуб ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 928 адад ба вазорату идораҳо ирсол гардидааст.

 

 

Вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда

Дар асоси дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ (4 октябри соли 2012) масъалаи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зери назорати шахсии роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қарор дода шавад. Ин иқдом, бешубҳа, барои татбиқи самарабахш ва устувори Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016 мусоидат менамояд.

Новобаста аз корҳои баанҷомрасида дар самти татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳанӯз камбудиҳои назаррас вуҷуд дорад. Дар бештар маврид фаъолияти Комиссияҳои назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» хусусиятҳои лаҳзавӣ дошта, мунтазам сурат намегирад.

Кумита натиҷаи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро то инҷониб мавриди омӯзиш, таҳлил ва баррасӣ қарор дода, ёддовар мешавад, ки мавҷуд набудани воҳидҳои кории алоҳида – масъулони татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои назорати мунтазам ва татбиқи самарабахши он дар ташкилоту муассисаҳо мушкилиҳо пеш меорад.

Аз ин рӯ, Кумита таъсиси воҳидҳои кории алоҳидаро бо дарназардошти ҳолати бавуҷудомада дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (3 воҳиди корӣ), вилоятҳо (6 воҳиди корӣ) ва шаҳри Душанбе (3 воҳиди корӣ) дар маҷмӯъ 12 воҳиди корӣ аз ҳисоби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ зарур мешуморад. Инчунин, Кумита бо мақсади бартараф намудани мушкилоте, ки дар самти татбиқи сиёсати забони давлатӣ ва рушду густариши он дар тамоми қишрҳои ҷомеа вуҷуд дорад, барои назорати мунтазам ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар саросари ҷумҳурӣ пешниҳод менамояд, ки аз ҳисоби мутахассисони шуъбаю бахшҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мутахассиси соҳаи забони давлатӣ ҷалб карда шуда, назорати татбиқи Қонуни мазкур ба уҳдаи онҳо вогузор карда шавад.

Қобили зикр аст, ки кори Комиссияҳои татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мутахассисони раёсат, шуъбаю бахшҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа пеш мебаранд.

Аз ин рӯ, барои ҳалли мушкилоти бамиёномада ва татбиқи ҳамаҷонибаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба сохтори раёсат, шуъбаю бахшҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тағйиру иловаҳо вобаста ба назорат кардани Қонуни мазкур ворид карда шуда, «раёсати рушди иҷтимоӣ, забон ва робита бо ҷомеа, шуъбаи рушди иҷтимоӣ, забон ва робита бо ҷомеа ва бахши рушди иҷтимоӣ, забон ва робита бо ҷомеа» аз нав таъсис дода шаванд.

Бинобар сабаби нокифоя будани воҳидҳои корӣ дар Кумита баҳри татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016 дар самти тарғибу ташвиқи забони давлатӣ дар фаъолияти экспертизаи забоншиносӣ, танзими истилоҳот, пешниҳоди иттилооти зарурӣ, таҳкими ҳамкориҳо ва ба маротиб афзудани муроҷиату дархости мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии шаҳрак ва деҳот, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ мушкилиҳо пеш меоянд.

Дар Кумита бахши экспертизаи забоншиносӣ фаъолият менамояд, ки аз се воҳиди корӣ иборат буда, бинобар нокифоя будани коршиносони забони давлатӣ, забони русӣ ва дигар забонҳои хориҷӣ зимни пешбурди фаъолияти ҳаррӯза дар самти гузаронидани экспертизаи забоншиносӣ, аз ҷумла, экспертизаи забоншиносии номҳои ҷуғрофӣ, маҳалҳои аҳолинишин ва шаҳраку деҳоти тозабунёд, инчунин баррасии номгузории шаҳрвандон, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, китобҳои таълимӣ ва ҳамагуна маводи иттилоотӣ ба душвориҳо рӯ ба рӯ мешавад.

Аз ин рӯ, зарур аст, ки дар Кумита Муассисаи давлатии «Экспертизаи забоншиносӣ ва тарҷумонӣ» таъсис дода шавад.

Мушкилоти дигаре дар соҳаи забони давлатӣ вуҷуд дорад, ин ҳам бошад забони номгузории ташкилоту муассисаҳо, эълону реклама, лавҳаю овезаҳои мебошад, ки бо забони ғайр ва бо ғалатҳои имлоию мантиқӣ аз ҷониби ширкатҳои рекламаистеҳсолкунанда ва паҳнкунанда таҳия мешавад. Бояд такид намуд, ки аз соли 1989 то ин ҷониб талаботи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороишии шаҳри Душанбе» ва мақомоти дахлдор назорат бурда мешавад, вале то ҳол мушкилоти номгузории ташкилоту муассисаҳо, эълону реклама ҳалли худро наёфтааст ва мақомоти давлатӣ сарсону саргардонанд.

Аз ин рӯ, Кумита пешниҳод менамояд, ки мувофиқа намудан ва гузаронидани экспертизаи забоншиносии номҳои вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, ҷамоати шаҳрак ва деҳот, шаҳракҳо, деҳаҳо, кӯчаҳо, хиёбонҳо, майдонҳо боғҳои фарҳангӣ ва маҳалаҳои аҳолинишин, муассисаҳои соҳаҳои иҷтимоӣ (маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва ғ.), номгузории шаҳрвандон, номгузории шахсони ҳуқуқӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, китобҳои дарсӣ, дастурҳои методию коргузорӣ, истилоҳоти соҳавӣ, фарҳангҳо, маводи воситаҳои ахбори омма, эълону реклама, маводи иттилоотӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо, номгузории нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматарсонии маишӣ, тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ, барчаспҳо, нархномаҳо маводи парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ ва маъмурӣ ҳатмӣ аз ҷониби мақомоти дахлдор ба роҳ монда шавад.

Ҳамзамон, зарур аст, ки барои таҳти назорати қатъӣ қарор додан ва ба низом даровардани забони давлатӣ дар ин соҳаҳо зарур аст, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи реклама», «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ», «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», «Дар бораи бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ», «Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ», «Дар бораи Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо вобаста ба мувофиқа намудан ва гузаронидани экспертизаи забоншиносӣ ворид карда шаванд.

Баҳри рушду густариши ҳар як забон таърихи забони он нақши муҳим мебозад, ки он заминаи ҳар як забони муосири инкишофёбанда мебошад. Дар моддаи 4-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои шароит фароҳам овардан, ҳимоя ва инкишофи забонҳои бадахшонӣ (помирӣ) ва забони яғнобӣ меъёр муқаррар шудааст. Зеро ҳифзи нигаҳдорӣ ва таҳқиқу омӯзиши ин забонҳо барои рушди забони адабии меъёр ва баррасии таърихи забони мо, ки бунёди ҳастии маънавии мост, нақши муҳим бозида, худ як осори зиндае аз решаи забонҳои мо мебошад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки кормандони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои ҳалли масъалаҳои вобаста ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва иҷрои «Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» ба дастурҳои методӣ ва баргузории семинару машғулиятҳо ниёз доранд.

Мусоидат барои густариши забони миллӣ дар мақоми забони илм вазифаи асосии ҳама сохторҳои илмӣ ва кафедраҳои мактабҳои олии кишвар маҳсуб мегардад. Бинобар ин, барои ба забони илм табдил додани забони давлатӣ татбиқи чорабиниҳои мушаххасро аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишгоҳу донишкадаҳо ва тамоми марказҳои илмӣ-таҳқиқотӣ тақозо менамояд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ дар самти таҳияи фарҳангҳо ва донишномаҳо меъёрҳои фарҳангнигорӣ дар бештари маврид аз ҷониби мураттибон риоя намегардад. Маводе, ки ба Кумита ворид мегардад ба талабот ҷавобгӯ набуда, кори мутахассисонро даҳчанд мушкил мегардонанд. Бо дарназардошти ин пешниҳод мешавад, ки бо ҷалби мутхассисони истилоҳшиносону забоншинсон ва фарҳангнигорон «Дастури фарҳангнигорӣ» таҳия карда шавад.

Мушкилоте, ки имрӯз дар роҳи рушд ва тавсеаи забони давлатӣ вуҷуд дорад ба омилҳои мухталиф вобастаанд. Аз он ҷумла, кор карда нашудани низоми истилоҳоти соҳаҳои илму фан, техника, истеҳсолот ба забони тоҷикӣ мебошад. Бисёре аз мутахассисони бахшҳои гуногун бо сабаби надонистани истилоҳот дар корбурди забони тоҷикӣ дар ин ё он соҳаҳо ба душвориҳо рӯ ба рӯ мегарданд. Истилоҳ мафҳуми муҳими муайянкунандаи ин ё он соҳа мебошад, он бояд аниқу равшан бошад. Аз ин рӯ, ҳамгун (унификатсия) сохтани истилоҳот омили муҳими густариши забони давлатӣ ба шумор меравад. Бинобар ин, такмили истилоҳот ва омӯзиши роҳҳои инкишофи он дар шароити имрӯза вазифаи муҳими забоншиносон ва мутахассисони соҳаҳои илму фан мебошад.

Таҳия ва ҳамгунсозии истилоҳот яке аз масъалаҳои муҳим дар роҳи рушди забони давлатӣ ба шумор меравад. Кумита барои банизом даровардани истилоҳоти соҳаҳои мухталиф дар ҳамкорӣ бо ҳайати Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳот дар ин давра 40 фарҳангномаҳои соҳавӣ, зиёда аз 510000 (панҷсаду даҳ) ҳазор истилоҳро мавриди баррасӣ қарор додааст, ки аз ин теъдод 23 (бисту се) ҳазор истилоҳҳои соҳаҳои ҳуқуқшиносӣ, сиёсатшиносӣ, дорусозӣ, кишоварзӣ, тиббӣ, техникӣ, иқтисодиёт, сохтмон ва меъморӣ, биологӣ, нассоҷӣ, педагогӣ, нақлиёт, коргузорӣ ва дигар соҳаҳои тахассусӣ таҳия шуда, қабул гардидаанд.

Кумита иқдом гирифтааст, ки «Феҳристи истилоҳоти забони давлатӣ»-ро таҳия намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд ва онро ҳамчун санади меъёрии ҳуқуқӣ дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта, мавриди истифодаи ҷомеаи шаҳрвандӣ қарор диҳад.

Ҳамчунин, имрӯз замоне фаро расидааст, ки бо мақсади тақвияти забони тоҷикӣ ба ҳайси забони илм ва густариши бахши истилоҳшиносӣ бо ҷалби истилоҳшиносони варзидаи дохиливу хориҷӣ дар донишгоҳу донишкадаҳо ва пажӯҳишкадаҳои илмиву таҳқиқотӣ давраҳои омӯзиши «Вожагузинӣ» таъсис дода шавад.

Аз ин рӯ, Кумита ба нақша гирифтааст, ки дар соли 2016 масъалаҳои зеринро дар роҳи ба танзим даровардани истилоҳоти соҳаҳои мухталиф ҳал намояд:

- «Дастурамали номгузорӣ оид ба номҳои ҷуғрофӣ ва ташкилоту муассисаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»;

  • пешниҳоди лоиҳаи «Дастурамали танзим ва қабули истилоҳот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» семоҳаи охир;
  • баррасии фарҳангҳои воридотӣ ва номи маҳалҳои аҳолинишини кишвар;
  • таҳлил ва баррасии вазъи омӯзиш ва таҳқиқоти мавзӯъҳои илмӣ дар самти истилоҳшиносӣ;
  • таҳияи «Луғати тафсирии калимаҳои хориҷӣ» (аз ҳарфи А то ҳарфи З);
  • пешниҳодҳо ба таҳияи Консепсияи рушди забони миллӣ барои солҳои 2017-2027;
  • таъсиси гурӯҳи корӣ аз ҳисоби мутахассисони вазоратҳои адлия ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо моддаҳои 19-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Низомномаи Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба номгузории корхонаҳои давлатӣ, объектҳои ҷуғрофӣ, ташкилоту муассисаҳо ва абадӣ гардонидани хотираи ходимони илм, маориф ва фарҳанг», «Тартиби номгузорӣ ва дигар кардани номи корхонаҳои давлатӣ, истгоҳҳои роҳи оҳан, фурӯдгоҳҳо, ташкилоту муассисаҳо, таълимгоҳҳо, инчунин объектҳои физикию ҷуғрофӣ»;
  • таҳияи Номгӯи номҳои ҷуғрофии харитаи сиёсии ҷаҳон ба забони давлатӣ, ки барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад.

Таъсиси марказҳои омӯзиши забони давлатӣ дар маҳалҳои зисти ақаллиятҳои миллии маскуни ҷумҳурӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки дар доираи Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016 бояд амалӣ гардад, андешидани тадбирҳои мушаххасро аз масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тақозо менамояд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар номгузории маҳалҳо ва кӯчаю хиёбонҳо, бо вуҷуди тағйири теъдоди номҳои бегона ва ғайримиллӣ, мутаассифона, бархе аз камбудиҳо низ ба назар мерасанд, ки ин ба такрори номҳои ашхос дар як ҷой ва ё дар чандин маҳалҳои дигар иртибот дорад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки Комиссияи номгузории назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо барои пешгирии ин раванд тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намоянд.

Қобили зикр аст, ки баҳри рушди забони давлатӣ дар саросари ҷумҳурӣ Кумита дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми январи соли 2016, №8 «Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 ва вазифаҳо барои соли 2016» тасдиқ шудааст, лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Консепсияи миллии рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2027»-ро дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо дахлдор дар заминаи ҷамъбасти бандҳои Нақшаи чорабиниҳои Барномаи мазкур барои солҳои 2012-2016 таҳия намуда, барои тасдиқ дар рӯзҳои наздик ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Кумита дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ тамоми неруи худро баҳри назорат ва татбиқи муассири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо дарки амиқи сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи Сарвари давлат бобати рушди забони давлатӣ ва ба ҳамин васила устувор намудани пояҳои он чораҳои муассир меандешад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Ҳисобот дар бораи фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 2 Ноябр, 2017 - 13:26

Ҳисобот
дар бораи фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар соли 2015

 

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 фаъолияти худро баҳри татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҳамоҳангсозии иҷрои Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016, ҳамчунин, иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, дар ин замина фаъолиятро дар самтҳои зерин амалӣ намуд:

 

Назорати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 

Санҷиш ва омӯзиши вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқи Низомнома яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Дар асоси фармоиши раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19-уми январи соли 2015, №8 оид ба санҷиши вазъи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», иҷрои банди 15-и боби IV-и «Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» ва супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-уми ноябри соли 2013, №30/10-4 ҷиҳати иҷрои бечунучарои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ташкилоту муассисаҳо, нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонии маишӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ дар ноҳияҳои Сино, Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур ва Фирдавсии шаҳри Душанбе бо намояндагӣ аз Прокуратураҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории муштарак таъсис дода шуд. Аз ҷониби гурӯҳи корӣ танҳо дар соли равон 78 адад номгузорӣ, эълону рекламаи ташкилоту муассисаҳо, нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонӣ дар ҳудуди ноҳияҳои Шоҳмансур ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар иртибот ба риояи муқаррароти моддаҳои 13, 18 ва 20-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди санҷиш қарор гирифт. Аз ҷумла, (номи муассисаҳо дар шакле, ки рӯзи санҷиш ба қайд гирифта шудааст, бо дарназардошти мухолифатҳо ба Қонуни мазкур ва ғалатҳои ҷойдошта оварда мешаванд):

 

Ноҳияҳои Шоҳмансур, Исмоили Сомонӣ ва Фирдавсии

шаҳри Душанбе:

 

  1. КВД «Бозори Шоҳмансур», воқеъ дар кӯчаи Лоҳутӣ, 12.
  2. Элеганти Шоҳмансур – Мағозаи №20, воқеъ дар бозори Шоҳмансур, кӯчаи Лоҳутӣ, 12.
  3. Дӯкони пирошки, воқеъ дар кӯчаи Лоҳутӣ, 12.
  4. Ошхонаи таомҳои миллии Лоҳутӣ, воқеъ дар кӯчаи Лоҳутӣ, 12.
  5. Растаи гуштфурушон, воқеъ дар Бозори Шоҳмансур.
  6. Растаи мевафурушон, воқеъ дар Бозори Шоҳмансур.
  7. Растаи чойфурушон, воқеъ дар Бозори Шоҳмансур.
  8. Растаи қандфурушон, воқеъ дар Бозори Шоҳмансур.
  9. Растаи асалфурушон, воқеъ дар Бозори Шоҳмансур.
  10. Растаи биринҷфурушон, воқеъ дар Бозори Шоҳмансур.
  11. Нуқтаи хизматрасонии Оригинал Ламинат, воқеъ дар кӯчаи Лоҳутӣ-12.
  12. Мағозаи фурӯши дискҳо - Мағозаи №20, воқеъ дар Бозори Шоҳмансур.
  13. ҶДММ «Ҷунуни», воқеъ дар кӯчаи Айнӣ, 17.
  14. Маркази хизматрасонии Нусхабардорӣ, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 11.
  15. Мағозаи Гулҳо, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 9.
  16. ҶДММ Раҳмат 2004, воқеъ дар кӯчаи Нисор Муҳаммад, 12.
  17. Мағозаи Баҳор, воқеъ дар дар кӯчаи Нисор Муҳаммад, 12.
  18. Мағозаи 29 - Таъмири телефонҳо «Мобилька-82», воқеъ дар хиёбони Нусратулло Махсум, 75.
  19. Мағозаи 25, воқеъ дар бозори Шоҳмансур.
  20. Мағозаи 61, воқеъ дар бозори Шоҳмансур.
  21. Мағозаи 62, воқеъ дар бозори Шоҳмансур.
  22. Мағозаи 47, воқеъ дар бозори Шоҳмансур.
  23. Мағозаи 57, воқеъ дар бозори Шоҳмансур.
  24. Гармоба, воқеъ дар бозори Шоҳмансур.
  25. Дукони тезтайёр, воқеъ дар бозори Шоҳмансур.
  26. Дӯкони пойафзолфурӯшӣ, воқеъ дар бозори Шоҳмансур.
  27. Мағозаи моҳифурӯшӣ №60, воқеъ дар бозори Шоҳмансур.
  28. Мағозаи моҳифурӯшӣ №52, воқеъ дар бозори Шоҳмансур.
  29. Мағозаи №21, воқеъ дар бозори Шоҳмансур.
  30. Маркази хизматрасонии «Чиптаҳои ҳавоӣ», воқеъ дар кӯчаи Лоҳутӣ 12.
  31. Қаҳвахонаи Баракат Бистро, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 24.
  32. Мағозаи “I am different”, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 32.
  33. Мағозаи “Парӣ”, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 32.
  34. Мағозаи “manisha”, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 32.
  35. Дорухона, воқеъ дар кӯчаи Нисор Муҳаммад, 12.
  36. Мағозаи “Саёҳ” , воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 3.
  37. Хазинадор, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 3.
  38. Мағозаи хӯрокворӣ, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 3.
  39. Маркази савдои Россия, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 3.
  40. Мағозаи Пичин мичин, воқеъ дар кӯчаи С. Айнӣ, 6.
  41. Мағозаи Сувениры, воқеъ дар кӯчаи Бухоро, 51.
  42. Кошонаи ҳусн ЛУИЗА, воқеъ дар кӯчаи Бухоро, 51.
  43. Маркази хӯрокворӣ САБИХА МИНИМАРКЕТ, воқеъ дар кӯчаи Турақул Зеҳнӣ 13.
  44. ҶДММ Сомон-Сайр, воқеъ дар кӯчаи Беҳзод 14.
  45. Гимназияи Низомӣ, воқеъ дар кӯчаи Мирсаид Миршакар 1.
  46. Қаҳвахонаи Marmara, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 83.
  47. Фурӯши чиптаҳо - ОАО «Агентии алоқаи ҳавоӣ», воқеъ дар кӯчаи Лоҳутӣ, 19.
  48. Дӯкони ISF, воқеъ дар кӯчаи Лоҳутӣ, 5.
  49. Ателеи Зайнаб-бибӣ, воқеъ дар кӯчаи Хусрави Деҳлавӣ, 9.
  50. Қаҳвахонаи Таъби дил - Вкусняшка, воқеъ дар кӯчаи Лоҳутӣ, 34.
  51. Дӯкони ҳасибфурӯшӣ, воқеъ дар кӯчаи Лоҳутӣ, 34.
  52. Мағозаи фурӯши телефонҳои мобилӣ TAJСЕТЬ, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 10.
  53. Тезтайёр ЗАРАФШОН Бистро, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 4/33.
  54. Парасту Ателеи Ласточка, воқеъ дар кӯчаи С. Айнӣ, 6.
  55. Дӯкони Шалтай болтай, воқеъ дар кӯчаи Неъмат Қарабоев, 79.
  56. Қасри арӯсон КОБРА Кошонаи ҳусн, воқеъ дар кӯчаи Неъмат Қарабоев, 77.
  57. Срочное фото, воқеъ дар кӯчаи Фирдавсӣ, 25.
  58. Интернет кафе ХИТ ZОНА бозиҳои комютери, воқеъ дар кӯчаи Фирдавсӣ, 25.
  59. Ошхонаи миллии «ХУРШЕД», воқеъ дар кӯчаи Фирдавсӣ, 25/1.
  60. Ксерокопия Запись мелодии Ламинатсияи телефонхои мобили, воқеъ дар кӯчаи Неъмат Қарабоев, 77.
  61. Мағозаи дузандаги “Бону”,(аз бозори Ганҷина. Н. Фирдавсӣ).
  62. Мағозаи №19 Олами мато ва молҳои занона аз Туркия, (бозори Ганҷина).
  63. Олами матоҳо №15, (бозори Ганҷина).
  64. Мағозаи Ricardo Costa (аз бозори Ганҷина).
  65. Дукони дузандаги МАРЯМ, (аз бозори Ганҷина).
  66. МХ Срочное фото, воқеъ дар кӯчаи Неъмат Қарабоев, 73.
  67. Нуқтаи фурӯши дискҳо (роҳи зеризаминии назди Сирк).
  68. Мағозаи Bagozza, воқеъ дар кӯчаи Неъмат Қарабоев, 5.
  69. Supermarket Somoniyon, воқеъ дар кӯчаи Неъмат Қарабоев, 47.
  70. Олотҳои варзишӣ, воқеъ дар кӯчаи Шестопалов, 2.
  71. Ошхонаи Камаров, воқеъ дар кӯчаи Бобоҷон Ғафуров, 13 (ноҳияи Сино).
  72. Дӯкони пухтупази ДОНЕР, воқеъ дар кӯчаи Бобоҷон Ғафуров, 40 (ноҳияи Сино).
  73. Дилерский Центр «Азиз», воқеъ дар кӯчаи Бобоҷон Ғафуров, 40 (ноҳияи Сино).
  74. Ателеи муд Савриниссо, воқеъ дар кӯчаи Бобоҷон Ғафуров, 44 (ноҳияи Сино).
  75. Мағозаи фурӯши мебел MAESTRO, воқеъ дар кӯчаи Бобоҷон Ғафуров, 44 (ноҳияи Сино).
  76. Маркази хизматрасонӣ воқеъ дар кӯчаи Беҳзод, 34.
  77. ҶДММ “Сомон – сайр” воқеъ дар кӯчаи Беҳзод, 14
      1. Маркази бозиҳои компютерӣ “ХИТ-ЧОПА” воқеъ дар кӯчаи Фирдавсӣ, 25.

Инчунин, матни навиштаҷоти деворнигораҳои ҶСП «Тоҷиксемент»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ низ мавриди экспертизаи забоншиносӣ қарор додашуда, аз натиҷаи он ба раиси ноҳияи мазкур мактуб ирсол гардид.

Муқаррар гардид, ки баъд аз пешниҳоди тавсияҳои Кумита ном ва маводи иттилоотии 78 муассиса ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ карда шудааст: Ошхонаи таомҳои миллии «Лоҳутӣ» ба «Дилписанд», Мағозаи «Саёҳ» ба Мағозаи «Сайёҳ», «Таъби дил» ба «Табъи дил», ҶДММ «Ҷунунӣ», нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонии атрофи бозори Шоҳмансур ва ноҳияи Исмоили Сомонӣ лавҳаву овезаҳои худро дар доираи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ислоҳ намуда, номгузории як қатор муассисаҳои савдо ба забони давлатӣ тарҷума ва насб гардиданд.

Ҳамчунин, барои риоя нагардидани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар рафти санҷишҳо нисбати соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ 2 санад, 5 огоҳӣ ва 4 протокол, дар ноҳияи Шоҳмансур 41 санад, 5 огоҳӣ, дар ноҳияи Фирдавсӣ 5 огоҳӣ тартиб дода шудааст.

Инчунин, кормандони Кумита дар санҷиши гурӯҳи кории муштарак бо Прокуратураи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар Гимназияи ба номи Низомии ноҳияи мазкур оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иштирок намуда, аз натиҷаи ин санҷиш Протокол ба Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои баррасӣ ирсол гардид. Дар ин давра 8 муассисаву нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонии ноҳияи мазкур мавриди санҷиш қарор дода шуда, санади огоҳӣ ва маъмурӣ тартиб дода шуд:

  1. Қаҳвахонаи Mr. Fast, воқеъ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ, 6 (санади огоҳӣ).
  2. Мағозаи фурӯши молҳои чакана, Comfort, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 70 (санади огоҳӣ).
  3. Кошонаи ҳусн “Pariso”, воқеъ дар кӯчаи Шириншоҳ Шоҳтемур, 33 (санади огоҳӣ).
  4. Кошонаи ҳусн “Habibi”, воқеъ дар кӯчаи Шириншоҳ Шоҳтемур 33, (санади огоҳӣ).
  5. МХ Химчистка Хушкашӯй, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 91, (санади маъмурӣ).
  6. Маркази қасри арӯсон “Шоира Люкс” воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 83 (санади маъмурӣ).
  7. Тарабхонаи Салам - Namaste, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 87 (санади маъмурӣ).
  8. Мағозаи фурӯши дискҳо “Горбушка”, воқеъ дар хиёбони Исмоили сомонӣ 4 (санади маъмурӣ).

Дар муҳлати муайян номгузории марказҳои мазкур ба талаботи Қонуни мазкур мутобиқ гардони шуданд.

Мутобиқи фармоиши раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-уми феврали соли 2015, №18 бо мақсади иҷрои банди 15-и боби VI-и Нақшаи чорабиниҳои Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016, супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-уми ноябри соли 2013, №30/10-4 ҷиҳати иҷрои бечунучарои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», нусха аз Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми марти соли 2014, №3, муассисаҳои маишӣ, нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳисор ва ҷамоати деҳоти Ҳисор, аз ҷониби гурӯҳи корӣ дар ҳайати раиси Кумита Шарофзода Г. – роҳбари гурӯҳ, кормандони Кумита ва намояндагони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳисор 32 номгузорӣ ва эълону рекламаи ташкилоту муассиса ва нуқтаҳои савдо мавриди санҷиш қарор дода шуданд. Аз ҷумла:

  1. Мағозаи Олами исломӣ, воқеъ дар маркази ноҳия.
  2. Мағозаи хӯрокворӣ яклухт ва чакана, воқеъ дар маркази ноҳия.
  3. Мағозаи «Дилноза» К, воқеъ дар маркази ноҳия.
  4. Мағозаи Спутник, воқеъ дар маркази ноҳия.
  5. Торговый центр «Рамиз», воқеъ дар Қалъаи Ҳисор.
  6. Мағозаи Ихлос, воқеъ дар Қалъаи Ҳисор.
  7. Мамнуъгоҳи Қалъаи Ҳисор.
  8. Қурутобхонаи Ҳисор, воқеъ дар маркази ноҳия.
  9. Мағозаи Манучеҳр, воқеъ дар маркази ноҳия.
  10. Ателеи дӯзандагӣ Мафтуна, воқеъ дар маркази ноҳия.
  11. МХ Мобилка, воқеъ дар маркази ноҳия.
  12. Ксерокопия, воқеъ дар маркази ноҳия.
  13. Таъмири чархҳо, воқеъ дар маркази ноҳия.
  14. Стоматология Дандонпизишк, воқеъ дар маркази ноҳия.
  15. Рекламное агентство, воқеъ дар маркази ноҳия.
  16. Akfik ва Ксерокопия, воқеъ дар маркази ноҳия.
  17. Муассисаи таҳсилоти миёнаи уммумии №3-и ноҳияи Ҳисор.
  18. Молҳои конселярӣ, воқеъ дар маркази ноҳия.
  19. Департаменти давлатии Почтаи тоҷик, воқеъ дар маркази ноҳия.
  20. Маркази саломатии ноҳияи Ҳисор, воқеъ дар маркази ноҳия.
  21. Дорухонаи марказӣ, воқеъ дар маркази ноҳия.
  22. Самбусаи варақӣ, воқеъ дар маркази ноҳия.
  23. Мағозаи қисмҳои эҳтиётӣ, воқеъ дар маркази ноҳия.
  24. Агентство недвижимости, воқеъ дар маркази ноҳия.
  25. Молҳои конселярӣ, воқеъ дар маркази ноҳия.
  26. Мағозаи хӯрокворӣ, воқеъ дар маркази ноҳия.
  27. Срочное фото, воқеъ дар маркази ноҳия.
  28. Нуқтаи интиқоли маблағҳо, воқеъ дар маркази ноҳия.
  29. Маркази хизматрасонӣ, воқеъ дар кӯчаи марказии ноҳия.
  30. Кошонаи ҳусн (Салон) Амон, воқеъ дар маркази ноҳия.
  31. Ошхонаи миллии Каромат, воқеъ дар маркази ноҳия.
  32. Самбусаи дедонӣ, воқеъ дар маркази ноҳия.

Инчунин, кормандони Кумита бо роҳбарии раиси Кумита дар асоси нақша чорабиниҳои Кумита дар семоҳаи дуюм дар донишгоҳҳои шаҳри Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ва Данғара бо донишҷӯён вохӯрӣ гузаронида, оид ба рушду нумӯ ва пос доштани ин муқаддасоти миллӣ суҳбат намуданд.

Қобили зикр аст, ки зимни санҷишҳо дар се ноҳияи шаҳри Душанбе дар маҷмӯъ 65 санад тартиб дода шуд, 25 огоҳии шифоҳӣ ва 7 машварат дода шуд, инчунин1 далели шайъӣ гирифта шуд.

Мутобиқи фармоиши раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми марти соли 2015, №30 гурӯҳи корӣ дар ҳайати сармутахассиси шуъбаи танзими истилоҳот Зулфониён Р., – роҳбари гурӯҳ, сармутахассиси бахши экспертизаи забоншиносӣ Давлатшоева М., мутахассиси пешбари бахши экспертизаи забоншиносӣ Сатторов А., узви Шӯрои ҳайати мушовараи Кумита – Абдураҳмонова М., ва намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ҳусейнов Қ. аз 15-ум то 24-уми апрели соли 2015 вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июни соли 2012, №335 «Дар бораи тасдиқи «Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми декабри соли 2012, №458 «Дар бораи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ», Нақшаи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 4 октябри соли 2012 зимни мулоқот ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нусха аз протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми марти соли 2014, №3 баён гардидаанд, раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди санҷиш қарор доданд.

Гурӯҳи корӣ, инчунин, дар Маркази такмили ихтисос, раёсатҳои баҳисобгирии даромадҳо ва коркарди эъломияҳо, бақайдгирии андозсупорандагон, такмили қонунгузории андоз ва санадҳои меъёрии андоз, хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, шуъбаи кадрҳо, шуъбаи ташкили гардиши ҳуҷҷатҳо ва коргузорӣ, шуъбаи робита бо воситаҳои ахбори омма, шуъбаи умумӣ ва муҳосибот санҷишро гузаронид.

Гурӯҳи корӣ ошкор намуд, ки дар Кумитаи андоз аз сабаби ба роҳ намондани соатҳои таълимии дарси забони давлатӣ ва омӯзиши Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар мактубҳои содиротии сохтори мазкур ғалатҳои имлоӣ, техникӣ ва мантиқӣ бештар ба мушоҳида мерасанд.

Бо дарназардошти фаъолияти қаноатбахш дар татбиқи сиёсати забони давлатӣ ва риоя накардани моддаи 18-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар равзанаи ягонаи Кумитаи андоз гурӯҳи корӣ ошкор намуд, ки ҳангоми бақайдгирӣ дар номгузории ташкилоту муассисаҳо ва ширкатҳои ватанӣ аксар Қонуни мазкур риоя нагардида, дар сабти онҳо хатоҳои имлоӣ, мантиқӣ ва унсурҳои бегона дар номгузорӣ вуҷуд доранд.

Мутобиқи фармоиши раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми марти соли 2015, №31 гурӯҳи кории Кумита ва намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми апрел то 8-уми майи соли 2015 вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июни соли 2012, №335 «Дар бораи тасдиқи «Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми декабри соли 2012, №458 «Дар бораи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ», Нақшаи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 4 октябри соли 2012 зимни мулоқот ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нусха аз протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми марти соли 2014, №3 баён гардидаанд, дар Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» ва Муассисаи табъу нашри ҶДММ “СИП” воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансур мавриди санҷиш қарор дод.

Мутобиқи фармоиши раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми майи соли 2015, №46 гурӯҳи корӣ аз 26-уми май то 3-юми июни соли 2015 вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», татбиқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июни соли 2012, №335 «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» аз 4-уми октябри соли 2011, №458 «Дар бораи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» ва иҷрои супоришҳои нусха аз Протоколҳои маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 30-юми марти соли 2012, №3, аз 29-уми июли соли 2012, №7, аз 28-уми марти соли 2013, №3, аз 28-уми марти соли 2014, №3)-ро дар мақомотҳои иҷоияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, муассисаҳои таълимӣ, нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонии маишӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии шаҳри Хуҷанд, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Спитамени вилояти Суғд мавриди санҷиш қарор дод.

Гурӯҳи корӣ дар рафти санҷиш ошкор намуд, ки дар минтақаҳои мазкур ҳанӯз ҳам ташкили давраҳои омӯзиши забони давлатӣ ва Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар мақомот ва ташкилоту муассисаҳо ҷиддӣ ва воқеан ба роҳ монда нашудааст. Дар мақомот ва ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров то имрӯз аз мавҷудият ва татбиқи Нақшаи чорабиниҳои “Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июни соли 2012, №335 ба тасвиб расидааст, хабардор нестанд.

Бо иштироки гурӯҳи корӣ дар ҳамин давраи санҷишӣ рӯзи 3-юми июни соли 2015 бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров вохӯрӣ баргузор гардида, аз ҷониби гурӯҳи корӣ ба саволҳои устодону донишҷӯён ҷавобҳои мушаххас дода шуд.

Дар ҳамин давра, чунин мулоқот дар ноҳияи Спитамен низ баргузор гардид, ки дар он роҳбарони бахшу шуъбаҳои мақомоти ноҳия, ҷамоатҳои деҳот, муассисаҳои таълимӣ ва намояндагони САҲШ-и ҳудуди ноҳияи мазкур иштирок карда, ба саволҳои худ ҷавоби қонеъ гирифтанд.

Гурӯҳи корӣ инчунин, дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд номи мағозаву марказҳои хизматрасонӣ ва нуқтаҳои савдо бо номгузориҳои бегонаву ғайритоҷикӣ насб гардидаву фаъолият менамоянд ва рекламаҳои пурғалат ба мушоҳида мерасанд, ки ин хилофи моддаҳои 13 ва 18-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Рӯйхати зерин аз кӯчаҳои Камоли Хуҷандӣ, Р. Набиев ва Ленин далели ин санҷиш аст:

  1. Мағозаи озуқавории ШАФРАН.
  2. Мағозаи NATASHA
  3. Метро де Люкс. Мағозаи озуқаворӣ.
  4. Амири
  5. ҶДММ АСТЕРА.
  6. ҶДММ Спутник.
  7. Мағозаи КОЛЕСО
  8. - ХОЛОДНЫ ДОМАШНЫЙ КОМПОТ;
  9. - НАПИТКИ ГАЗ-ВОДА;
  10. - ПОКРАСКА НОМЕРОВ;
  11. - КУЛУБ ХВАКАНТА;
  12. - ТОБИСТОН 2015 ZUHR;
  13. - ИМПЕРИЯ СВАДЕБНОЙ РОСКОШИ;
  14. - ШОИРА ЛЮКС;
  15. - МУЖЧИНАМ ВХОД ЗАПРЕШЕНО;
  16. - нақлиёти хидмати СЛУЖЕБНЫЙ;
  17. - САЛОМ МАН ПОЛВОНЧА.

 

Мутобиқи фармоиши раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-уми августи соли 2015, №69 гурӯҳи корӣ аз 24-ум то 27-уми августи соли 2015 вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», татбиқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июни соли 2012, №335 «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016», аз 4-уми октябри соли 2011, №458 «Дар бораи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» ва иҷрои супоришҳои нусха аз Протоколҳои маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 30-юми марти соли 2012, №3, аз 29-уми июли соли 2012, №7, аз 28-уми марти соли 2013, №3, аз 28-уми марти соли 2014, №3)-ро дар мақомот, ташкилоту муассисаҳо, муассисаҳои таълимӣ, нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонии маишӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Восеи вилояти Хатлон мавриди санҷиш қарор дод.

Мутобиқи Фармоиши раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-юми августи соли 2015, №70 гурӯҳи корӣ аз 24-ум то 27-уми августи соли 2015 вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», татбиқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июни соли 2012, №335 «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016», аз 4-уми октябри соли 2011, №458 «Дар бораи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» ва иҷрои супоришҳои нусха аз Протоколҳои маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 30-юми марти соли 2012, №3, аз 29-уми июли соли 2012, №7, аз 28-уми марти соли 2013, №3, аз 28-уми марти соли 2014, №3)-ро дар мақомот, ташкилоту муассисаҳо, муассисаҳои таълимӣ, нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонии маишӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ дар ноҳияҳои Фархор ва Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон мавриди санҷиш қарор дод.

Мутобиқи Фармоиши раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми октябри соли 2015, №84 гурӯҳи корӣ аз 26-уми октябр то 26-уми ноябри соли 2015 вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», татбиқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июни соли 2012, №335 «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016», иҷрои супоришҳои нусха аз Протоколҳои маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми марти соли 2014, №3 ва супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-уми ноябри соли 2013, №30/10-4 донишгоҳу донишкадаҳои дар шаҳри Душанбе ҷойгир бударо мавриди санҷиш қарор дод.

Мутобиқи Фармоиши раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми ноябри соли 2015, №89 гурӯҳи корӣ аз 9-ум то 20-уми ноябри соли 2015 вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва иҷрои банди 30-юми Протоколҳои маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми октябри соли 2009, №11 ширкатҳои мобилии дар шаҳри Душанбе ҷойгир бударо мавриди санҷиш қарор дод. Аз он ҷумла:

  • ҶСП «Вавилон Мобайл»;
  • ҶСП «ТК – Мобайл»;
  • ҶДММ ҶМ«Тоҷикмобайл»;
  • ҶСП «ТТ Мобайл» (Мегафон);
  • ҶСП «Индиго Тоҷикистон» (Тселл);
  • ҶДММ «Таком» (Билайн).

Мутаассифона, ҶДММ «Таком» барои санҷиши вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» гурӯҳӣ кориро қабул накард.

Санҷиши вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту муассисаҳо, нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонии маишӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ дар соли 2016-ум ба нақша гирифта мешавад.

 

Экспертизаи забоншиносӣ, танзим ва ҳамгунсозии истилоҳот

Дар соли 2015 дар Кумита 53 мавод аз нигоҳи экспертизаи забоншиносӣ, ҳуқуқӣ ва танзими истилоҳот мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Аз ҷумла:

  1. Хулоса ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон».
  2. Хулоса ба лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби амалӣ намудани назорати хизматӣ дар низоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон».
  3. Хулоса ба лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Комиссияи давлатӣ оид ба рушди кинои миллӣ» №1-4/161.
  4. Хулоса ба лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқ намудани Номгӯи истеҳсолот, кору ихтисосҳо ва вазифаҳои шароити корашон вазнину зарарнок ё хатарнок, ки истифодаи меҳнати занон дар онҳо манъ аст, ҳадди ниҳоии меъёри борҳое, ки барои занон дастӣ бардоштан ва кашонидани онҳо иҷозат дода мешавад» №1-4/159.
  5. Хулоса ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ».
  6. Хулоса ба лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомнома доир ба грантҳо барои донишҷӯён ва магистрантон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» № 1-4/126.
  7. Хулоса ба лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Муассисаи давлатии «Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода».
  8. Хулоса ба Вазорати маориф ва илми ҶТ оид ба лоиҳаи қарори ҲҶТ «Дар бораи ҷудо кардани грантҳои хурд ҷиҳати ҷалби донишҷӯён ба таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва кашфиёту ихтироъкорӣ» аз 2.04.2015, №09/2-64.
  9. Хулоса ба Вазорати фарҳанг оид ба лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи мероси фарҳангӣ, санъати дастӣ ва сайёҳӣ аз 18.05.2015, №1-4/101.
  10. Хулоса ба прокуратураи шаҳри Душанбе оид ба хулосаи калимаи «ҳаромхӯр» аз 27.05.2015, №1-4/107.
  11. Хулоса ба прокуратураи ш. Душанбе оид ба хулосаи экспертизаи судии комплексӣ аз 27.05.2015, №1-4/114.
  12. Хулоса ба мактуби сармуҳаррири Нашрия барои мактаббачагон «Субҳи дониш» оид ба хулосаи экспертизаи забоншиносии китоби «Алифбе»-и узбекӣ.
  13. Таҳияи мактуб бо хулосаи таҳлилии рӯзномаи «Тоҷикистон» ба Вазорати фарҳанг аз 16.04.2015.
  14. Хулоса ба лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби амалӣ намудани назорати хизматӣ дар низоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон».
  15. Хулоса ба лоиҳаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон».
  16. Хулоса ба лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба «Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон».
  17. Хулоса ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ».
  18. Хулоса ба лоиҳаи «Низомномаи намунавӣ оид ба таҳия, экспертиза ва нашри адабиёти таълимӣ».
  19. Хулоса ба лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи номгузории Муассисаи давлатии таълимии «Мактаб интернати ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон».
  20. Хулоса ба лоиҳаи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.09.2010, №932».
  21. Хулоса ба лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода».
  22. Хулоса ба лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Низомномаи намунавии озмоишгоҳҳои илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон».
  23. Хулоса ба лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Нақшаи амали стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020».
  24. Хулоса ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ».
  25. Хулоса ба лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Муассисаи давлатии Телевизиони «Варзиш».
  26. Хулоса ба лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби амалӣ намудани назорати хизмати давлатӣ дар низоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон».
  27. Хулоса ба лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиби сертификатсияи воситаҳои техникии ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатӣ».
  28. Хулоса ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ».
  29. Хулоса ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ».
  30. Хулоса ба лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.03.2014, №145».
  31. Хулоса ба рӯйхати таомҳои миллӣ ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҲҶТ аз 26.08.2015, №1-4/376.
  32. Хулоса ба Суди иқтисодии ҶТ оид ба парвандаи №2-131/15, аз 15.07.2015, №1-4/314.
  33. Хулоса ба ҶДММ «Кифа» оид ба истилоҳи «Kifa».
  34. Хулоса ба лоиҳаи «Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба «Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон».
  35. Хулоса ба лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ташкил ва анҷом додани таҳқиқоти илмӣ ва иҷрои корҳои таҷрибавии конструкторӣ дар асоси шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон».
  36. Хулоса ба лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020».
  37. Хулоса ба лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Тартиби талаботи ягона веб-сайт ва шабакаи маҳдуди баҳисобгирии мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот».
  38. Хулоса ба лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиби аккредитатсияи субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмӣ-техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон».
  39. Хулоса ба лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомнома доир ба грантҳо барои донишҷӯён ва магистрантон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон».
  40. Хулоса оид ба тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Низомномаи Комиссияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба кӯчбандии аҳолӣ дар ҳолатҳои фавқулодда”.
  41. Хулоса ба лоиҳаи ;Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 16-уми июли соли 2015, №02-744.
  42. Хулоса ба лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон”Дар бораи тасдиқи Тартиби талаботи ягона барои веб-сайт ва шабакаи маҳдуди баҳисобгирии мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимиятӣ давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот”.
  43. Хулосаи экспертизаи забоншиносӣ ба муроҷиати намояндаи Фабрикаи қаннодии ҶСП «Ширин» оид ба номи конфетҳо.
  44. хулоса ба китоби «Донишномаи Душанбе».
  45. Хулоса ба лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дифои рисолаҳои илмӣ барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон».
  46. Хулоса ба лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми декабри соли 2007, №650».
  47. Хулоса оид ба таҳия намудани лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва амалию- техникӣ, конфронсҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016».
  48. Хулоса оид ба лоиҳаи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ».
  49. Хулоса оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ».
  50. Хулоса оид ба лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2008, №311».
  51. Хулоса оид ба лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аккредитатсияи субъектҳои фаъолияти илмӣ ва илмӣ-техникӣ».
  52. Хулоса оид ба лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиби нигоҳдорӣ ва нобудсозии ҳуҷҷатҳои электронӣ, инчунин ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шахсони масъул».
  53. Хулоса ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон».

Баррасии истилоҳоти соҳавӣ

Дар ин давра дар ҳамкорӣ бо ҳайати Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳот фарҳангҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд:

  1. «Луғати тоҷикӣ ба англисӣ ва англисӣ ба тоҷикӣ + Грамматика» (аз нашриёти «Пойтахт», иборат аз 7164 истилоҳ);
  2. «Фарҳанги русӣ ба тоҷикии истилоҳоти соҳаи ҳуқуқ» (аз Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, иборат аз 10 425 истилоҳ);
  3. «Истилоҳоти анатомӣ» (аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, иборат аз 6510 истилоҳ);
  4. «Луғати русӣ–тоҷикии тарроҳӣ (барои факултети дизайнерӣ), (аз Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, иборат аз 867 истилоҳ);
  5. «Вожаномаи русӣ–тоҷикии соҳаи занбӯриасалпарварӣ» (аз Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, иборат аз 1238 истилоҳ);
  6. «Луғати истилоҳоти соҳаи энергетика» (аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ, иборат аз 6583 истилоҳ);
  7. «Фарҳанги физикии русӣ ба тоҷикӣ» (аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, иборат аз 34030 истилоҳ);
  8. «Луғати русӣ-тоҷикиии нассоҷӣ» (аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ, иборат аз 15127 истилоҳ, 2 маротиба);
  9. «Фарҳанги мухтасари истилоҳоти умумитехникӣ» (русӣ-англисӣ-тоҷикӣ) (иборат аз 6600 истилоҳ, аз Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур);
  10. «Фарҳанги англисӣ-русӣ-тоҷикӣ ва русӣ-англисӣ-тоҷикии истилоҳоти ғанигардонии канданиҳои фоиданок» (иборат аз 5000 истилоҳ, муроҷиати шаҳрванд Самиҳов Шонаврӯз Раҳимович);
  11. хулоса ба номҳои географии лоиҳаи «Атласи миллии Тоҷикистон» (аз Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, иборат аз 551 истилоҳ);
  12. пешниҳоди хулоса ба забони матни рекламаҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТАГ»;
  13. пешниҳоди хулоса ба истилоҳи «зоир» ва «зоҳир» тибқи муроҷиати шаҳрванд Э. Мастонзод;
  14. пешниҳоди хулоса ба калимаҳои «мошин» ва «автомобил» дар асоси муроҷиати шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  15. пешниҳоди хулоса ба калимаҳои «стансия» ва «байторӣ» дар асоси мактуби Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муроҷиати шаҳрванд Карим Ҷӯраев;
  16. пешниҳоди хулоса ба калимаҳои «гибрид» ва «гибридкунонӣ» дар асоси муроҷиати шаҳрванд Мираков Зафар, ноҳияи Сино, шаҳри Душанбе, кӯчаи Борбад 154-54;
  17. хулоса ба забони матни сомонаи Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷинвест» (аз 10-уми июли соли 2015, №1-к/1-6/108);
  18. пешниҳоди хулоса оид ба «Номгузории тартиби нави номгузории кафедра ва курсҳо дар ДТИКСТҶТ» (аз 30-юми сентябри соли 2015, №1-356).

Аз инҳо 2 фарҳанг такроран мавриди омӯзиш қарор дода шудааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳангоми пешниҳоди лоиҳаи Фарҳангҳо масъулон ба талаботи қабули ҳуҷҷат дар Кумита риоя намекунанд. Яъне дар бештари маврид муаллифон ва мураттибон бидуни хулоса ва ё тақризи мутахассисон ва қарори Шӯрои олимони донишгоҳу донишкадаҳо ба Кумита пешниҳод менамоянд. Ҳамчунин, агар мураттиб ё муаллиф на кам аз 3 то 7-10 сол китоби худро таҳия карда бошад, мутахассиси шуъба ва аъзои Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳот барои пешниҳоди хулосаи асоснок аз 1 то се моҳ муҳлат доранд. Мутаасссифона, чунин таҷриба барои дар сатҳи зарурӣ коркард ва роҳандозӣ гардидани истилоҳот мусоидат карда наметавонад. Бинобар ин хуб мебуд, ки вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ донишгоҳу донишкдадҳо ва пажӯҳишгоҳҳои илмиву соҳавӣ бо мақсади танзим ва коркарди истилоҳоти соҳавӣ дар ҳар семоҳа ба таври интихобӣ дар ҳаҷми аз 100 то 500 истилоҳ ба Кумита пешниҳод намоянд.

Қобили зикр аст, ки дар соли 2014 (дар соҳаҳои тиббӣ, техникӣ, занбӯрпарварӣ, техникӣ, электротехника ва электроэнергетика) 39672 истилоҳот ва дар соли 2015 (дар соҳаҳои иҷтимоӣ, ҳуқуқ, физика, энергетика ва занбӯрпарварӣ) дар ҳаҷми 99 597 истилоҳ мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода шуд, ки ин нишондод нисбат ба соли гузашта 58,8% зиёд мебошад.

 

Номгузории ташкилотҳои қарзии хурд, ташкилотҳои амонатии қарзии хурд ва дигар ташкилоту муассисаҳо

Мутобиқи моддаи 18-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» номгузории мақомоти ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо, инчунин дигар ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ба забони давлатӣ сурат мегирад. Номи ташкилотҳои хориҷӣ ва муштарак ба забонҳои дигар низ баргардонида мешавад. Ин нукта дар суханронии Сарвари давлат ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ (4 октябри соли 2012) қайд гардида, дар Нақшаи чорабиниҳо (бандҳои 5, 7) оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар дар ин мулоқот низ ифода ёфтааст.

Қобили зикр аст, ки тибқи амрномаи Бонки миллии Тоҷикистон аз санаи 5-уми феврали соли 2014, №101-172/390 зимни аз қайд гузаштани бонкҳо, аз ҷумла ташкилотҳои маблағгузории қарзии хурд номи он бояд ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ гардонида шавад.

Дар иртибот ба ин масъала дар ҳамин давра номгузории ташкилоту муассисаҳои зерин аз лиҳози экспертизаи забоншиносӣ, ҳуқуқӣ ва танзими истилоҳот дар робита ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт ва хулосаҳои Кумита дар мавриди номгузории ин муассисаҳо пешниҳод гардид:

  1. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди ташкилоти қарзии хурди

«Фермер» (аз 12-уми январи 2015, №1/2015-01);

  1. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фобос–2020» (аз 15-уми январи соли 2015, №3);
  2. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ВМоо» (аз 25-уми феврали соли 2015, №1-3/87);
  3. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди ташкилоти амонатии қарзии хурди «Бонки Ҳамдиёрон» (аз 27-уми апрели соли 2015, №1-3/179).
  4. Хадамоти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 11-уми июни соли 2015, №1-3/134 аз Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон);
  5. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Kifa» (22-уми июли соли 2015, муроҷиати шаҳрванд Хасанова Валентина);
  6. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авто Тоҷикистон» (аз 13-уми августи соли 2015, №01/49, Иттиҳоди автодилерони Тоҷикистон);
  7. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ташкилоти амонатии қарзии Хурди «Бунёдкор-Созанда» (18-уми августи соли 2015, №02, Ҳамдиёрон 2015);
  8. Маркази Қасри арӯсон «Шоира Люкс» (дар асоси муроҷиати Комисияи забони шаҳри Хуҷанд);
  9. Пешниҳоди хулоса ба Маркази фурӯши техникӣ “Диёр аз 14-уми декабри соли 2015 (дар асоси муроҷиати шаҳрванд Баротов Д.);
  10. Пешниҳоди хулоса ба ба номгузории ширкати Континентал Конструкшенэнд Сюпплепс ба номи ҶДММ ТАҶХ “Неку”;
  11. Пешниҳоди хулоса ба номгузории ҶДММ “Риел”;
  12. Пешниҳоди хулоса ба номгузории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Крестон Ансар»;
  13. Пешниҳоди хулоса ба номгузории ҶДММ ТАҚХ “Ардо-Капитал”;
  14. Пешниҳоди хулоса оид ба муроҷиати шаҳрванд туманова г. Ҷиҳати номгузории тарабхонаи Ниагара;
  15. Пешниҳоди хулоса ба муроҷиати шаҳрванд Сулаймонов Акрамҷон ҷиҳати номгузории ширкати “Сангхок.

Дар соли 2014 ба 21 адад ва дар соли 2015 ба 16 номи ташкилоту муассиса хулоса пешниҳод гардид, ки нисбат ба соли гузашта ин нишондод кам аст.

 

Номҳои ҷуғрофӣ:

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони Кумита мутобиқи дархости мақомотҳо ба номгузории 82 деҳа, 5 ҷамоати деҳоту шаҳрак, 2 ноҳия, 2 шаҳр, 1 кӯча, 16 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 литсеи касбӣ ва 1 Кохи фарҳанг хулоса пешниҳод гардид. Аз ҷумла:

  • хулоса муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и Ҷамоати деҳоти Туғаланги ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ба номи Муқим Наҷмуддинов (аз 15-уми январи соли 2015, №1/66, рад гардид);
  • хулоса муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и ба номи М. В. Фрунзеи Ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара Юсуфоваи ноҳияи Ёвон ба номи Зулфаков Набот (аз 9-уми феврали соли 2015, №1/169);
  • хулоса ба номгузории Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 56-и деҳоти ба номи Мирзоалӣ Вайсови ноҳияи Восеъ ба номи Ҳасанов Абдулло (2-юми апрели соли 2014, №77);
  • хулоса ба номгузории Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №79-и деҳаи Чуботи ҷамоати деҳоти Хурмии шаҳри Панҷакентро ба номи Ботирҷон Зулфонов (аз 15-уми апрели соли 2015, №384);
  • хулоса ба номгузории Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20-и деҳаи Ориёни деҳоти Чубеки ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ба номи Ҳабибов Неъмат (аз 20-уми апрели соли 2015, №1/140);
  • хулоса ба номгузории Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ҷамоати шаҳраки Ёвони ноҳияи Ёвон ба номи Ҷаҳонбек Юсуфов (аз 16-уми июни соли 2015, №1/590).
  • хулоса ба номгузории Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии №2-и Ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ба номи Ишмурод Бердиқулов (6-уми июли соли 2015, №1/904);
  • хулоса ба номгузории мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №6-и ба номи М. В. Фрунзеи Ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара Юсуфоваи ноҳияи Ёвон ба номи Зулфаков Набот (аз 9-уми феврали соли 2015, №1/169);
  • хулоса ба номгузорӣ намудани Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 44-и деҳаи Пушёни болои Ҷамоати деҳоти Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ ба номи Давлатшоев Давлатшо (аз 2-юми апрели соли 2015, №1-166);
  • хулоса ба номгузории Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и ноҳияи Панҷ ба номи Бегов Ғанӣ (18-уми августи соли 2015, №592);
  • хулоса ба номгузории Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и Ҷамоати деҳоти Тугаланги ноҳияи Ҷалолиддин Румӣ ба номи Муқим Наҷмуддинов (15-уми январи соли 2015, №1/67 (воридот аз 26-уми августи соли 2015, №299);
  • хулоса ба номгузории Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-и ҷамоати деҳоти «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и ба номи Ҷумаев Ҳайдар ноҳияи Фархор;
  • хулоса ба номгузории Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ба номи Табаров Соҳиб Шуҳратович ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30-и ҷамоати шаҳраки Муъминобод ба номи Далиев Назар;
  • хулоса ба номгузории маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Варзоб: деҳаҳои Муғулои поён ба Меҳробод, Чағатай ба Шодоб, Гураҳа ба Чашмасор, Обизак – Шолиқунғурот ба Мавлавӣ, Чормағзакони тоҷик ба Чормағзакони боло, Чормағзакони узбек ба Чормағзакони поён, Дуоба ба Раҳмон Абдуллоев, Тойқара ба Гулбоғ (аз Ҷамоати деҳоти Чорбоғ); Тошбулоқ ба Наврӯзӣ, Қулмаҳмадӣ ба Яккачашма, Оғуртӣ ба Баҳор (аз Ҷамоати деҳоти ба номи С. Айнӣ), Дурманбулоқ ба Абдузариф Шарифов ва Куктеппа ба Спитамен (аз Ҷамоати деҳоти Лучоб), (аз 16-уми феврали соли 2015, №22, 2 маротиба);
  • хулоса ба номгузории худуди деҳаҳои Чубеки ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ: Чойлобкамар ба Кӯҳдоман, Янгиюл ба Баракат; Чубек ба Файзи Истиқлол, Қарағоч ба Тоҷмаҳал, Бузхона ба Баҳористон, Ғараб ба Чаманоро, Маслуқ ба Дурахшон, Тутбулоқ ба Зулол, Нуғай ба Зарнисор, Туғул ба Челонзор, Марғоб ба Челонзор, мактаби мусиқии бачагонаи ноҳия ба номи Маҷидов Бухорӣ (аз 9-уми июни соли 2015, №1/216, рад карда шуд);
  • хулоса ба номгузории номи Ҷамоати шаҳраки Нови ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ба Новканд (аз 29-уми майи соли 2015, №461, радшуда);
  • хулоса ба тағйири номгузории ноҳияи Ҷиликӯли вилояти Хатлон ба Ҳалевард (аз 29-уми майи соли 2015, №1-295);
  • хулоса ба номгузории деҳоти Комсомолобод ба Файзрез ва маҳаллаи навбунёди Файзи Ваҳдати деҳоти Хумдони ноҳияи Нуробод (аз 22-уми июни соли 2015, №233/01);
  • хулоса ба тағйири номгузории деҳаҳои Фурманов ба Боғистон ва Правда ба Сомониёни Ҷамоати деҳоти Узуни ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ (аз 9-уми июли соли 2015, №236, Сомониён радшуда аст);
  • хулоса ба тағйири номгузории деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ба Саид Одинаев (аз 15-уми июни соли 2015, №1/299, радшуда);
  • хулоса ба тағйири номгузории шаҳри Чкалови вилояти Суғд ба Шоҳканд (аз 15-уми июни соли 2015, №780/1-7);
  • хулоса ба тағйири номгузории шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд ба Ориёкант (аз 22-уми июни соли 2015, №776);
  • хулоса ба тағйири номи деҳаи Қулобод ба Меҳробод, кӯчаи ба номи Ленин ба Меҳвари ҷамоати шаҳраки Ёвон ва деҳаи Тошохур ба Боғистон, Утаган ба Себзори ҷамоати деҳоти ба номи Ҳ. Ҳусейнов (21-уми августи соли 2015, №1/819);
  • хулоса ба номгузории деҳаҳои Маданият 2 ба Манзара, Ситораи сурх ба Сафина, Ҳаёти нав 2 ба Сомонӣ, Ганҷбор ба Шаҳдбор (ҷамоати деҳоти Р. Исмоилов), Ваҳдатобод3 ба Шараф, Бузбит ба Чаманистон (ҷамоати деҳоти К. Исмоилов), Эловар ба Панҷдеҳ, гулрез 4 ба Хуррамдеҳ, Чиламазор 3 ба Файзбор, Заргар 2 Хайробод (ҷамоати деҳоти А. Абдулвосиев), Гирдоб ба сеоба, Баракат ба Саховат, Ҷавонон ба Саодат, Гулобод ба Нурофар (ҷамоати деҳоти Б. Бурунов), Тиллои сафед 1 ба Дурахшон, Даҳана 1 ба шифокорон, Ҳуснобод 2 ба Чашмасор, Шӯҳратёр ба Ифтихор, Ҷангалобод 2 ба Ганҷрез, Ҷангалобод 3 ба Бӯстон, Ҷангалобод 4 ба деҳаи Озодагон, Деҳқонобод 2 ба Қалъаи Гулистон, Кишоварз 2 ба Сароб, Ферма ба Заркамар (ҷамоати деҳоти Гулистон), Камонгарони боло ба Меҳрафшон, Пистамазори поён ба Ободон (ҷамоати деҳоти Баҳор), Хордараи ба Шоҳон (ҷамоати деҳоти Чӯянгарон), Саричинори узбек ба Чанористон (Ҷамоати деҳоти Симиганҷ);
  • хулоса ба тағйири номгузории деҳаҳои Қулобод ба Қулоободи Ҷамоати деҳоти Чоргул, Тошохӯр ба Боғдара ва Ӯтаган ба Гулибодоми Ҷамоати деҳоти Ҳ. Ҳусейнови ноҳияи Ёвон;
  • хулоса ба тағйири номгузории деҳаи Ғаллазор ба номи Гадоев Давлат аз ҷамоати деҳоти М. Вайсови ноҳияи Восеъ;
  • хулоса ба тағйири номгузории деҳаи Қарақчикуми ҷамоати деҳоти А. Лоҳутӣ ба Кӯҳандизи шаҳри Конибодом;
  • хулоса ба тағйири номгузории деҳаи Арали ҷамоати деҳоти А. Лоҳутӣ ба ба номи Ғиёсов Қадриддин ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ;
  • хулоса ба тағйири номгузории деҳоти Меҳнатобод ба номи Одинаев Саид ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ;
  • хулоса ба тағйири номгузории деҳаи Охҷари ҷамоати деҳоти Миралӣ Маҳмадалиев ба номи Каримов Давлат ноҳияи Восеъ;
  • хулоса ба тағйири номгузории деҳоти Деҳқонариқ ба номи Қаюмов Ҷурахон ноҳияи Фархор.
  • Хулоса ба номгузории ноҳияи Панҷ ба номи Бегов Ғанӣ (18-уми августи соли 2015, №592);
  • хулоса ба номгузориҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и деҳаи Шаҳрибарбари Ҷамоати деҳоти Доғистон ба номи Ҷумъахон Ҳотамов, Муассисаи таҳсилоти ибтидоии №55-и деҳаи Шуҷи ҷамоати деҳоти Даштиҷум ба номи Қурбон Мадуллоев, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-и деҳаи Ёли ҷамоати деҳоти Нуриддин Маҳмудов ба номи Сӯфӣ Ёрмадов ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36-и деҳаи Лангари ҷамоати деҳоти Лангардара ба номи Раҳим Орифов аз ноҳияи Шӯрообод (аз 6-уми октябри соли 2015, 1/422-02);
  • Хулоса ба номгузории шаҳраки Пролетари вилояти Суғд ба номи Деваштич;
  • хулоса ба номгузориҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18-и Ҷамоати деҳоти Чоргул ба номи Нарзулло Бобоёров ва номгузории Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22 ба номи Сайфиддин Наҷмиддинов аз ноҳияи Ёвон;
  • хулоса ба тағйир додани номи деҳаи Қирғочак ба Анористон (аз ҷамоати деҳоти Обшорон), Тутбулоқи ноҳияи Ёвон (дастгиришуда) аз 26-уми октябри соли 2015, №1/1030;
  • хулоса оид ба тағйир додани номи деҳаҳои Қамишқурғон ба Хуҷистон, Қароқазон ба Исфаҳон (Чоҳи Исфаҳон) (дастгиришуда) ва Қурғонча ба Заркор (радшуда)-и ноҳияи Ашти вилояти Суғд (аз 9-уми ноябри соли 2015, №4275);
  • хулоса оид ба тағйир додани номи ҷамоати шаҳраки Обикиик ба Ганҷинаи ноҳияи Хуросон. Кумита дар асоси сарчашмаҳои таърихӣ, баъди омӯзишу баррасии номгузории мазкур номи шаҳраки мазкурро дар шакли Обикек тавсия додааст;
  • хулоса оид ба ивази номи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29 ба номи Олег Кошевойи Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурхи ноҳияи Ёвон ба номи Нарзулло Валиев;
  • хулоса оид ба номгузорӣ намудани Литсейи касбӣ-техникии ноҳияи Восеъ ба номи Рустам Амакиев;
  • Хулоса ба Вазорати маориф ва илми ҶТ оид ба номи яке аз баҳрҳои уқёнуси Ором, - баҳрҳои «Баҳри Шарқӣ» (Баҳри Ҷопон)»;
  • Хулоса ба номгузории муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и шаҳри Кӯлоб аз номи В.П.Чкалов ба номи Сафармуҳаммад Аюбӣ;
  • Хулоса ба номгузории деҳаҳои Олтоул ба Гулрез ва Мирапоқ ба Сафар Амиршо (дастгиришуда) ва ивази номи деҳаҳои Дамариқ ба Баҳористон ва Бешкаппа ба Яккачинор (радшуда). Кумита номи деҳаи Дамариқро дар шакли «Дамарғоб» ва ё «Дамарғо» ва дар иртибот ба номи ҷуғрофии деҳаи Бешкаппа номи «Панҷкаппа»-ро тавсия намудааст;
  • хулоса ба тағйир додани номи деҳаи Арал ба Яп аз ноҳияи Восеъ;
  • хулоса ба номгузории маҳаллаи 14-уми шаҳри Кӯлоб ба номи Зардаков Қурбон Кумита (Қурбон Зардак);
  • хулоса ба номгузории ҷамоати деҳоти Сайёди Шаҳритус ба номи Садриддинов Талбак;
  • хулоса ба қарорҳои тағйир додани номи деҳаҳои Чойлобкамар ба Кӯҳдоман ва Тутбулоқ ба Зулоли ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (радшуда). Кумита номи деҳаи Чойлобкамарро ба «Кӯҳкамар» ва Тутбулоқро ба «Зулолчашма» тавсия намудааст;
  • хулоса ба номгузории Кохи фарҳанги шаҳри Панҷакент ба номи Олим Бобоев Кумита (Олим Искандар);
  • хулоса ба номгузории деҳаи навбунёди Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон ба номи Раҳмонобод;
  • хулоса ба номгузории деҳаҳои Кӯктош ба Кабудсанг, Камартош ба Камаргоҳ (радшуда), Тигирмонтеппа ба Осмондара (радшуда), Кичик Шурнова ба Шӯрноваи Хурд ва Чангал ба Ҷангалаки шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд;
  • хулоса ба номгузории Муассисаи давлатии литсейи №1-и ноҳияи Фархор ба номи Акбархон Муслимов Кумита (Акбархон Муслим);
  • хулоса ба номгузории деҳаҳои Ғалчамулло ба Боғистон, Хамирҷӯй ба Шодоб, Шӯрқӯрғон ба Иттифоқ, Қӯрғонча ба Меҳргон, Шаҳидқараянтоқ ба Диловарон, Яккатерак ба Чаманзор, Қизилнур ба Дурахшон, Янги Равот ба Райбати шаҳри Конибодоми вилояти Суғд (дар баррасӣ);
  • хулоса ба тағйири номи деҳаҳои Учбоғ ба Боғистон, Осариқ ба Сойча, Тошлоқ ба Меҳробод, Чақар ба Маданият аз ҷамоати деҳоти Ёва; деҳаҳои Уяс ба Оҳучашма, Қароҷингил ба Заробод, Терак ба Сафедор, Аҷдарли ба Сангдара аз ҷамоати деҳоти Исмоил; деҳаҳои Каттаолчали ба Олучазор, Кичиколчали ба Арчазор аз ҷамоати деҳоти Чашмасори ноҳияи Б. Ғафурови вилояти Суғд (дар баррасӣ).

Аз ин теъдод 44 номи маҳаллии аҳолинишин рад карда шуд. Кумита бо дарназардошти масъалаи такрори номҳо ва номгузорӣ бо номи ашхос, ҳамчунин сарфи назар гардидани ҳангоми интихоби номи маҳалҳои аҳолинишин ба хусусиятҳои таърихӣ ва ҷуғрофии ин ё он мавзеъ, зисту зиндагонии мардум тағйири номи деҳаҳои Тошбулоқро ба Наврӯзӣ, Оғуртиро ба Баҳор аз Ҷамоати деҳоти Садриддин Айнӣ, Муғуллои поёнро ба Меҳробод, Гурраҳаро ба Чашмасор, Дашти Хорзорро ба Гулистон ва Девдараро ба Ориёно аз Ҷамоати деҳоти Айнӣ, Кӯктеппаро ба Спитамен аз Ҷамоати деҳоти Зидеҳ, Обизак-Шолиқунғуротро ба Мавлавӣ, Дуобаро ба Раҳмон Абдуллоев аз Ҷамоати деҳоти Чорбоғ ва Дурманбулоқро ба Абдузариф Шарифов аз Ҷамоати деҳоти Лучоб, Чойлобкамар ба Кӯҳдоман, Янгиюл ба Баракат; Чубек ба Файзи Истиқлол, Қарағоч ба Тоҷмаҳал, Бузхона ба Баҳористон, Ғараб ба Чаманоро, Маслуқ ба Дурахшон, Тутбулоқ ба Зулол, Нуғай ба Зарнисор, Туғул ба Челонзор, Марғоб ба Челонзори ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Қулобод ба Қулоободи Ҷамоати деҳоти Чоргул, Тошохӯр ба Боғдараи ҷамоати деҳоти Ҳ. Ҳусейнови ноҳияи Ёвон, Ғаллазор ба Гадоев Давлати ноҳияи Восеъ, Ҳаёти нав 2 ба Сомонӣ (аз ҷамоати деҳоти Р. Исмоилов), Ҷангалобод 2 ба Ганҷрез, Ҷангалобод 3 ба Бӯстон, Ҷангалобод 4 ба Озодагон, Ферма ба Заркамар (ҷамоати деҳоти Гулистон)-и шаҳри Ваҳдатро рад намуд.

Қобили зикр аст, ки кормандони Кумита дар асоси нусха аз Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми апрели соли 2015, №5 бо мақсади баланд бардоштани маърифати номгузории шаҳрвандон ва эҳтироми суннату арзишҳои неки фарҳанги миллӣ, ҳангоми пешниҳоди номзадҳо ба мансабҳо ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таъмини риояи тартиби номгузорӣ, аз ҷумла барои тағйир додани номи ноҳияҳои Панҷ, Ҷиликӯл, Қумсангир, шаҳрҳои Қайроққум, Чкалов, шаҳракҳои Нов ва Пролетар ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Спитамен, Ҷиликӯл, Қумсангир, Панҷ ва шаҳрҳои Қайроққум, Чкалов, Нов ва Пролетар, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш, Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ, Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик мактуб ирсол намуда, пас аз пешниҳоди хулосаҳои дахлдор аз натиҷаи он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хулосаи дахлдор пешниҳод хоҳад намуд.

 

Таҳияи санад ва гузоришҳо

Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумита қарорҳои Ҳайати мушовара, фармоиш, нақшаи чорабиниҳо, гузоришҳо таҳия гардида, ба тасвиб расидаанд. Аз ҷумла:

  1. Қарори Ҳайати мушовара «Дар бораи фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014 ва вазифаҳо барои нимсолаи аввали соли 2015»;
  2. Қарори Ҳайати мушовара «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи аввали соли 2015»;

3.Ҳисоботи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014 ва вазифаҳо барои соли 2015 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

  1. Гузориши Кумита дар асоси супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми январи соли 2014, №272/10 ҷиҳати таъмини иҷрои банди 27-и маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 январи соли 2014 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016 дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои дахлдор;
  2. Нақшаи чорабиниҳои Кумита бахшида ба таҷлили Рӯзи байналмилалии забони модарӣ (21 феврал);
  3. Таҳияи лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешниҳод намудани он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  4. Ҳамзамон, Кумита дар соли равон таҳияи лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Консепсияи миллии рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2026»-ро дар нақша дорад.
  5. Таҳияи Нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили Рӯзи забони давлатӣ.

Чорабиниҳо

Дар давраи ҳисоботӣ 19-уми феврали соли 2015 бахшида ба ҷашни Рӯзи байналмилалии забони модарӣ, ки ҳамасола 21-уми феврал таҷлил мегардад, Кумита дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» мизи мудавварро бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумита, роҳбарият ва кормандони Китобхонаи миллӣ ва намояндагон аз Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, пажӯҳишгоҳҳои илмии кишвар, ташкилоту ҷамъиятҳои ақаллиятҳои миллии сокини Тоҷикистон, аз ҷумла, намояндагони ҷамъияти қазоқон дар Тоҷикистон - «Байтерек», ҷамъияти туркманҳо дар шаҳри Душанбе, Ассотсиатсияи кореягиҳои советии Тоҷикистон, Маркази миллӣ-фарҳангии «Дуслик»-и тотору бошқирдҳои Тоҷикистон, Ташкилоти осетинҳои Тоҷикистон «Алания» ва «Иристон», Иттиҳоди доғистониёни Тоҷикистон «Анжи», ташкилоти ҷамъиятии тоторҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Умет», Обшинаи немисҳои шаҳри Қӯрғонтеппа ва намояндагони воситаҳои ахбори омма дар Китобхонаи миллӣ баргузор намуд.

Дар мизи мудаввар раиси Кумита Гавҳар Шарофзода аз таърихи таҷлили ин ҷашни байналмилалӣ ва фаъолияти ташкилоту ҷамъиятҳои ақаллиятҳои миллии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Зимни суханронии раиси Кумита қайд гардид, ки имрӯз дар Тоҷикистон 16 ташкилоту иттиҳодия ва ҷамъиятҳои ақаллиятҳои миллӣ ба қайд гирифта шуда, фаъолияти пурсамар мекунанд.

Сипас, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Мансур Суруш иштирокдоронро ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ табрик намуда, қайд кард, ки ҳарчанд соли 1989 забони мо мақоми давлатӣ гирифта бошад ҳам, раванди инкишофу рушди он дар даврони Истиқлолияти кишвар нумӯъ кард, ки пешвои ин сиёсат Сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Инчунин, мавсуф таъкид намуд ки: «Ба муҳаққиқони забоншиноси мо зарур аст, риштаҳои ноомӯхтаи таърихи забони тоҷикиро пурратар омӯхта, онро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд».

Ҳамчунин, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, котиби масъули Комиссияи миллии ЮНЕСКО Бахтӣ Сарвар сухан карда, аз сарфарозии соҳибзабонон ҷиҳати афзуда шудани забони тоҷикӣ ба феҳрасти тарҷумаи пойгоҳи «Гугл» дар шабакаи интернетӣ ёдовар шуд.

Дар мизи мудаввар, инчунин, муҳаққиқи забонҳои бадахшонӣ -Мирбобоев А. дотсенти кафедраи таърихи забон ва типологияи ДМТ ва муҳаққиқи забони яғнобӣ – Мирзоев С. мудири шуъбаи забоншиносии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии АИ ҶТ маърӯза карданд. Ин муҳаққиқон аз мушкилоти густариш ва ҳимояи ин забонҳо сухан карда, зери таҳдиди хатари нестшавӣ қарор гирифтани забонҳои мазкурро мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар мавриди ҳимоя ва рушди забонҳои яғнобӣ ва помирӣ (бадахшонӣ) пешниҳод гардид, ки барои намояндагони ин минтақаҳо шароитҳои бештар фароҳам оварда шавад. Аз ҷумла, зиёд намудани соатҳои дарсӣ, нашри китобҳо бо забони мардумони ин минтақа, пажӯҳиш ва таҳқиқи вазъи таърихиву фарҳангии ин забонҳо, бо забонҳои мазкур баргузор намудани силсилаи барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ ҳафтае як маротиба ва ғайра.

Ҳамзамон, намояндагони дигар ташкилоту ҷамъиятҳои ақаллиятҳои миллии муқими кишвар андешаҳои худро аз фаъолияти некандешонаи худ дар роҳи ҳифзу посдории фарҳангу забон, анъанаҳои миллии ҳар халқу миллат ва дастовардҳои эшон дар ин самт иброз доштанд.

Мақсад аз баргузории чунин чорабинӣ дар арафаи Рӯзи байналмилалии забони модарӣ бо ҷалби пажӯҳишгарон ва намояндагони халқу миллатҳои гуногуни кишвар аз он иборат буд, ки ҳар як қавму миллат бояд ба забони модарӣ ва фарҳангу анъанаҳои миллии хеш арҷгузор бошад ва баҳри ҳимояи он талош варзида, онро аз хатари нестшавӣ эмин нигоҳ дорад, зеро забон худ ҳастӣ ва пойдории ҳар як миллат аст.

Дар анҷом, шумораи ҷашнии рӯзномаи «Ганҷи забон»-и Кумита, ки бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ аз ҷониби Кумита махсус нашр шуда буд, ба ҳамаи иштирокдорон тақдим гардид.

Дар давраи ҳисоботӣ 16-уми феврали соли ҷорӣ бо иштироки аъзои бахшҳои техникӣ ва забоншиносию кишоварзии Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳот ва мураттибони «Донишномаи русӣ–тоҷикии тарроҳӣ»-и фарҳангномаи мазкур мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар асоси даъвати Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони Кумита дар мизи мудаввар таҳти мавзӯи «Омӯзиши забони яғнобӣ ва мушкилоти он», ки рӯзи 18-уми феврали соли ҷорӣ бахшида ба ҷашни «Рӯзи забони модарӣ» баргузор гардид, иштирок намуданд. Дар семинар масъалаи ҳифзи забони яғнобӣ ва фароҳам овардани шароитҳои зарурӣ барои мардуми яғнобизабон баррасӣ шуд. Ҳамзамон, пешниҳод гардид, ки бо мақсади ҳимоя ва рушди ин забон барои аҳолии минтақаҳои яғнобинишин соатҳои омӯзиши забони яғнобӣ зиёдтар карда шуда, гирдоварӣ ва пажӯҳиши ин забон аз лиҳози таърих, забоншиносӣ, мардумшиносӣ, фолклоршиносӣ ва бостоншиносӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илм, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдомҳои зарурӣ ва саривақтӣ роҳандозӣ карда шаванд.

Қобили зикр аст, ки 10-уми марти соли ҷорӣ дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино семинари илмиву назариявӣ дар мавзӯи «Танзим ва ҳамгунсозии истилоҳоти тиббӣ дар забони тоҷикӣ» баргузор гардид. Дар семинар олимону устодон дар мавзӯъҳои «Мушкилоти истилоҳсозӣ дар бахши ҷарроҳӣ», «Истилоҳоти соҳаи акушерӣ ва гинекологӣ чӣ гуна бояд сохта шавад?», «Роҳҳои танзими истилоҳоти бахши бемориҳои дарунӣ», «Вазъи истилоҳоти бахши бемориҳои кӯдакона беҳбудӣ мехоҳад», «Истилоҳоти бахши бемориҳои сироятӣ чӣ гуна интихоб карда шаванд?», «Танзими истилоҳоти соҳаи психиатрия, асабшиносӣ ва ҷарроҳии асаб чӣ тавр бояд сурат бигирад?», «Роҳҳои сохтан ва интихоб кардани истилоҳот дар соҳаи беҳдошту эпидемиология», «Истилоҳоти тиббӣ-назариявӣ (анатомия, гистология, биология, физиология) ба танзим ва ҳамгунсозӣ зарурат доранд», «Вазъи имрӯзаи истилоҳоти фармакология, фармасевтӣ ва химия якрангиро мехоҳад», «Истилоҳоти стоматологӣ бояд танзим карда шаванд» маърӯза намуданд. Дар ҳамоиш зикр гардид, ки новобаста аз он ки то ба имрӯз қисми зиёде аз истилоҳоти соҳавӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума шудаанд, ҳанӯз ҳам дар ин самт мушкилоти зиёде вуҷуд доранд. Дар бештари маврид ҳангоми тарҷумаи матни китобҳои дарсӣ ва истилоҳоти соҳавӣ мутахассисон ноогоҳона ва бидуни дарки мафҳум ба тарҷумаи таҳтуллафзӣ роҳ медиҳанд. Дар интиҳо пешниҳод гардид, ки чунин нишаст дар ду моҳ як маротиба дар бахшҳои тахассусӣ роҳандозӣ карда шавад.

Баргузории чунин силсилаи семинарҳо дар ҳамкорӣ бо дигар муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ дар назар аст.

Бо дархости Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13-уми феврали соли ҷорӣ барои кормандони дастгоҳи марказӣ ва ҳайати шахсии Агентӣ бо иштироки узви бахши Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳот, гурӯҳи кории Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ, масъалаи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Кумита аз 26-уми июни соли 2014, №3/3 озмуни «Беҳтарин тарғибгари забон»-ро, ки қаблан бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз эълон карда буд, рӯзи 16-уми марти соли равон дар толори «Конуни забон»-и Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо намоиши китобҳо ва маҷлиси тантанавӣ ҷамъбаст намуд.

Дар озмун раиси Кумита, аъзои Ҳайати мушовара, сардорони шуъбаю мудирони бахшҳои Кумита, роҳбарият ва кормандони Китобхонаи миллӣ ва намояндагон аз вазорату идораҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, пажӯҳишгоҳҳои илмии кишвар, роҳбарони маҳфили «Посдорон ва дӯстдорони забон», мақомоти шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, ташкилоту муассисаҳо, Мактаби байналмилалии Президентӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.

Маросими ҷамъбасти озмунро раиси Кумита Гавҳар Шарофзода ифтитоҳ намуда, аз бузургиву таърихи дурударози забони тоҷикӣ ва ҳамчун забони давлатдорӣ садсолаҳо арзи ҳастӣ карда омадани он дар Шарқи мутамаддин маълумоти муфассал пешниҳод намуда, иброз дошт, ки имрӯз ин забон дар кишвари мо мақоми давлатӣ дораду Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушду густариши он чораҳои зарурӣ меандешад.

Қайд гардид, ки озмун ба хотири арҷгузорӣ, пос доштан ва тарғиби забони давлатӣ дар ҷомеа созмон дода шуда, ҳадафи он аз миёни наврасону ҷавонон дарёфтани ровиёну наттоқони беҳтарин ва дар ин самт саҳмгузор будани ҳар фарди ҷомеа мебошад.

Баъдан, олимону санъаткорон ва рӯзноманигорони радиои Тоҷикистон ба сухан баромада, мардумро бори дигар баҳри арҷгузорӣ ба ин забон ва фарҳанги ғанӣ даъват намуданд.

Дар доираи чорабинӣ устодону хонандагони Мактаби байналмилалии Президентии шаҳри Душанбе бо барномаи даъват аз арҷгузорӣ ба забони давлатӣ баромад карда, табъи ҳозиринро шод намуданд.

Сипас, директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода М.З., дар суханронии худ аз мушкилоти истилоҳоти ҳуқуқии забони тоҷикӣ ёдовар шуда, мутахассисону муҳаққиқони забоншинос ва соҳавиро ба истилоҳсозии дуруст даъват намуд. Ҳамчунин, Маҳмад Забир қайд намуд, ки дар як соли охир қариб 240 санади меъёрии ҳуқуқӣ ба забони тоҷикӣ коркард шудааст.

Дар озмун, инчунин, узви Ҳайати мушовара С. Назарзода суханронӣ карда, аз ҷумла зикр намуд, ки дар Китобхонаи миллӣ сарчашмаҳое мавҷуданд, ки ба қарнҳои дуюми мелодӣ мансуб буда, аз ҳастии калимаи «тоҷик» дарак медиҳанд.

Дар анҷом, Комиссияи озмун чорабиниро ҷамъбаст намуд. Барои саҳми арзанда дар роҳи тарғиби забони давлатӣ туҳфаҳои хотиравии Кумита ба Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд. Инчунин, барои саҳмгузорӣ дар татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» беҳтарин тарғибгарони забон - довталабони озмун бо Сипосномаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр карда шуданд.

Ҳамчунин, мутобиқи дархости Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16-уми марти соли 2015, №28/7-204, 20-уми март бо тавсия ва дархости Кумита узви гурӯҳи кории «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» Кабиров Шаҳбоз дар машғулиятҳо таҳти мавзӯи «Омӯзиши қоидаҳои имлои нави забони тоҷикӣ» барои тайёрии хизматӣ ва омодабошии кормандони Вазорат иштирок намуда, масъалаи мазкурро шарҳу тавзеҳ дод.

Дар давраи ҳисоботӣ Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Нақшаи чорабиниҳои семинари илмию амалӣ “Оид ба масоили татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” 30-юми июни соли равон дар толори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор намуд.

Дар семинари мазкур раиси Кумита, муовини раиси Кумита, сардорони шуъбаю мудирони бахшҳои Кумита, роҳбарият ва кормандони Китобхонаи миллӣ ва намояндагони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ташкилоту муассисаҳо ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.

Маросими ифтитоҳии семинарро раиси Кумита Гавҳар Шарофзода ифтитоҳ намуда, сипас муовини раис Матробиён Саодатшоҳ аз таърих ва пайдоиши забони тоҷикӣ, ки забони давлатӣ буда, аз густариши он дар қаламрави кишварҳои Шарқи мутамаддин маълумоти муфассал пешниҳод намуда, иброз дошт, ки мутаассифона имрӯз ворисони ин забон дар навиштаҷоти лавҳаю овезаҳо ва номгузории марказҳои савдо ва хизматрасонӣ ғалат навишта, Қоидаҳои имлоро риоя намекунанд ва дар истифодаи он аз истилоҳоти бегона ва гӯшхарош истифода менамоянд.

Қайд гардид, ки семинар оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, арҷгузорӣ, поку беолоиш нигоҳ доштани он аз истилоҳоти бегона мебошад.

Дар семинар, инчунин, узви Ҳайати мушовара С. Назарзода суханронӣ намуд.

Мутобиқи банди 3-и қисми 3-и Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва мувофиқи банди 60-и қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми феврали соли 2015, №106 «Нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конференсияҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» 27-уми июли соли 2015 Конференсияи байналмилалиро таҳти унвони «Масоили вожагузинӣ ва истилоҳоти забони форсӣ-тоҷикӣ» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки муҳаққиқону донишмандони кишвар ва намояндагони Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ҳамчунин, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳоти Кумита ва намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор намуд.

Бояд тазаккур дод, ки бо ибтикори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли аввал аст, ки дар ҷумҳурӣ роҷеъ ба масоили вожагузинӣ ва истилоҳоти забони форсӣ-тоҷикӣ дар соҳаҳои тахассусӣ конференсияи мазкур дар сатҳи байналмилалӣ баргузор гардид. Дар конференсия зиёда аз 150 нафар олимон, муҳаққиқон, таълимгарон ва рӯзноманигорон иштирок намуданд.

Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми филология Гавҳар Шарофзода оғоз намуд. Сипас, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ, раиси Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Ғуломалӣ Ҳаддод Одил, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон доктор Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ ва намояндаи сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

Дар конференсия 13 маърӯзаи илмӣ аз ҷониби мутахассисони бахшҳои гуногуни забоншиносӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз он ҷумла, «Танзим ва ташхиси истилоҳот дар мисоли як намуна аз вожаи форсӣ-тоҷикӣ» (узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми филология, профессор Додихудо Саймиддинов), «Вижагиҳои грамматикии пасванди -don (-dun) дар забони яғнобӣ» (номзади илми филология, дотсент Сайфиддин Мирзоев), «Баъзе масъалаҳои танзими истилоҳоти муосири тиббӣ дар забони тоҷикӣ» (номзади илми филология, дотсент Абдулло Юсупов), «Забони форсӣ – забони илм» (доктор Насрин Парвизӣ – Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон), «Инъикоси истилоҳсозӣ дар имлои забони тоҷикӣ» (доктори илми филология, профессор Сайфиддин Назарзода), «Ҷанбаҳои миллӣ ва ғайримиллӣ дар истилоҳгузинии забони тоҷикӣ» (доктори илми филология Сахидод Хоркашев), «Навоварии вожагон дар форсии муосир» (доктор Алоиддин Таботабоӣ), «Забон ва истилоҳнигории тоҷикӣ дар даврони Истиқлол» (доктори илми филология Мирзоҳасан Султонов), «Вожасозии навин дар забони форсӣ» (доктор Алиашраф Содиқӣ), «Зуҳуроти нави наввожаҳои электронӣ» (доктори илми филология Туғрал Шокиров), «Баъзе мулоҳизаҳо дар атрофи истилоҳоти маъмурӣ-коргузорӣ» (номзади илми филология, дотсент Мастура Абдураҳмонова ва аспиранти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ифтихор Давлатов), «Аз сарнавишти як вожа дар забони форсӣ-тоҷикӣ» (доктори илми филология Рустам Шодиев), «Ҳамгунсозии дастур ва истилоҳоти забоншиносӣ» (доктори илми филология Фарангис Шарифова), «Вижагиҳои вожасозии номгузорӣ ба ашхос дар забони вахонӣ» (номзади илми филология, дотсент Саодатшо Матробиён).

Дар интиҳои кори Конференсия пас аз баррасии фикру мулоҳизаҳо ва музокираҳо аз ҷониби ҳайати иштирокдорон тавсияномаи Конференсия бо дарназардошти дурнамои таҳқиқи истилоҳоти соҳаҳои гуногуни иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва илмию техникӣ дар ҳавзаҳои форсизабонони ҷаҳон, омӯзиши таҷрибаи Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бахшҳои истилоҳнигорӣ, фарҳангнигорӣ, решашиносӣ, забоншиносии компютерӣ, таҳқиқи муқоисавии масоили вожагузинӣ ва истилоҳот, ҳамгунсозии истилоҳоти ҳавзаҳои форсизабон, омӯзиши муқоисавии таърихии забонҳои мардумони эронизабон, баргузории силсилаи конференсия ва семинарҳо ба таври зайл қабул гардид:

1) Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ, пажӯҳишгоҳҳо ва донишгоҳу донишкадаҳои кишвар ҷиҳати омода намудани мутахассисон барои омӯзиши таҷрибаи Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар самти вожагузинӣ тадбирҳои мушаххас андешад:

а) таъсиси давраҳои омӯзишии «Вожагузинӣ ва истилоҳшиносӣ», «Барномарезии махзани истилоҳот», «Вожагузинӣ ва фановарии иттилоотӣ», «Забоншиносӣ ва фановарии иттилоотӣ»;

б) омода намудани мутахассисони соҳавӣ дар самти истилоҳнигорӣ, фарҳангнигорӣ (бахусус фарҳангнигории электронӣ), решашиносӣ, забоншиносии компютерӣ мутобиқ ба талаботи бозори ҷаҳонӣ.

  1. Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ, пажӯҳишгоҳҳо ва донишгоҳу донишкадаҳо масъалаҳои зеринро роҳандозӣ намояд:

а) таҳқиқи муқоисавии масоили вожагузинӣ ва истилоҳот;

б) гирдоварӣ ва таҳқиқи вожагузинии осори классикӣ;

в) танзим ва гурӯҳбандии истилоҳоти соҳавӣ;

г) ҳамгунсозии баъзе истилоҳоти кишварҳои ҳамзабон, ки доираи истифодабариашон фарох мебошад.

3) Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ, пажӯҳишгоҳҳо ва донишгоҳу донишкадаҳо дар ҳамкорӣ бо Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷиҳати ҳамгунсозии баъзе истилоҳоти соҳавӣ дар кишварҳои ҳамзабон тадбирҳои зарурӣ андешад.

4) Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дастури меъёрҳои таърихии вожасозӣ ва истилоҳнигорӣ»-ро таҳия намояд.

5) Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ, Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Баҳодур Искандарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тақвияти омӯзиши муқоисавии таърихии забонҳои эронӣ ва гӯишҳои мардумии ҳавзаҳои форсизабон, масъалаи омӯзиш ва таҳияи алифбо ба забонҳои зери хатар қарордошта (гурӯҳи забонҳои помирӣ ва забони яғнобӣ) чораандешӣ намоянд.

6) Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷиҳати арҷгузорӣ ба забони давлатӣ кори комиссияҳои татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро пурзӯр намуда, барои ба роҳ мондани фаъолияти пурсамари комиссияи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.

7) Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷиҳати баргузории силсилаи конференсия ва семинарҳо дар самти вожагузинӣ ва истилоҳот барои ҳар сол тадбирҳои мушаххас андешад.

Ҳамчунин қобили зикр аст, ки мутобиқи нақшаи Барномаи ташрифи ҳайати Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон субҳи рӯзи 27-уми июл мулоқоти раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раиси Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон сурат гирифт. Дар мулоқот ҳамзамон муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Саодатшо Матробиён, сардори шуъбаи танзими истилоҳот Нуқра Аҳмадова, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, намояндаи Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳуҷҷатуллоҳ Халилӣ, намояндаи Бунёди Саъдии Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ, раиси Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, Алӣ Ашраф Содиқӣ узви пайваста ва мудири гурӯҳи фарҳангнигорӣ, Насрин Парвизӣ муовини мудири гуруҳи вожагузинии Фарҳангистон Алоиддин Таботабоӣ узви Фарҳангистон ва коршиноси аршади гурӯҳи вожагузинии Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон ширкат намуданд.

Гавҳар Шарофзода робитаи ҳар ду муассисаро хуб арзёбӣ намуда, зикр карданд, ки умед дорем оянда фаъолияти дуҷонибаро бештар дар самти омода намудани мутахассисон дар бахшҳои вожагузинӣ, фарҳангнигорӣ ва таърихи забонҳои бостон бештар вусъат бахшем.

Ғуломалӣ Ҳаддод Одил иброз намуд, ки таҷрибаи Фарҳангистон дар ин самт хеле хуб буда, он дар заминаи омӯзиши таҷрибаи илмиву амалии кишварҳои бузурги Аврупо, аз ҷумла Франсияву Австрия ҳамчунин заҳмати 25-солаи мутахассисон роҳандозӣ гардидааст. Ҳамчунин, мо дар зарфи ин чанд сол як давраи омӯзиши дусоларо бо мақсади омода намудани истилоҳшиносони касбӣ дар ҳайати 10 нафар ба нақша гирифтем, ки моҳи сентябри соли равон ин иқдом амалӣ мегардад. Мо умедворем, ки робитаҳои дуҷонибаро дар самти вожашиносӣ ва истилоҳнигорӣ тақвият бахшида, ҷиҳати ҳамгунсозии истилоҳоти кишварҳои ҳамзабон саҳмгузор бошем.

Дар интиҳои суҳбат аз ҷониби ҳар ду ҳайат пешниҳод гардид, ки зимни табодули таҷрибаи фарҳангнигориву истилоҳшиносӣ дар баробари забонҳои англисӣ, форсӣ забонҳои русӣ ва тоҷикӣ низ роҳандозӣ карда шавад. Ҳамчунин, бо мақсади табодули афкори забоншиносону истилоҳшиносон ва фарҳангнигорони ҳар ду кишвар аз тариқи рӯзномаи «Ганҷи забон» матлаби бештаре роҳандозӣ карда шавад.

Пас аз мулоқот ҳайати Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Конференсияи «Масоили вожагузинӣ ва истилоҳоти забони форсӣ-тоҷикӣ» иштирок намуда, суханронӣ ва маърӯза карданд.

Ҳамчунин, мутобиқи нақшаи Барномаи ташрифи ҳайати Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон 28-уми июл мулоқоти раиси Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил бо президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот ҳамзамон раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода, муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Саодатшо Матробиён, сардори шуъбаи танзими истилоҳот Нуқра Аҳмадова, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, намояндаи Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳуҷҷатуллоҳ Халилӣ, намояндаи Бунёди Саъдии Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, Алӣ Ашраф Содиқӣ узви пайваста, мудири гурӯҳи фарҳангнигорӣ Насрин Парвизӣ муовини мудири гурӯҳи вожагузинии Фарҳангистон ва Алоиддин Таботабоӣ узви Фарҳангистон ва коршиноси аршади гурӯҳи вожагузинии Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон ширкат варзиданд.

Ҳадаф аз мулоқот боз ҳам таҳким бахшидани равобиту ҳамкориҳои илмӣ миёни ду кишвари ҳамзабон ва дӯсту бародар иборат буд.

Зимни мулоқот академик Фарҳод Раҳимӣ перомуни масоили корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ ва дақиқ сухан ронда, ҳамзамон оид ба рафти фаъолияти пурсамари олимони тоҷик дар мавзеъҳои таърихӣ-кишваршиносии Саразм, Панҷакенти қадим, Фархору Ҳисор ва димнаи Карон ва экспедитсияҳои кашшофӣ-тадқиқотӣ муфассал маълумот дод.

Раиси Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил зимни нишаст аз фаъолияти Фарҳангистон ва нақши забони миллӣ дар густариши забони илм, таърихи пайвастаи ҳар ду кишвари ҳамзабон суҳбат намуд.

Дар интиҳо пешниҳод гардид, ки дар масоили таҳқиқи рисолаҳои илмӣ дар самтҳои гуногун, бахусус тарҷумаи китобҳои илмиву таҳқиқотӣ, коркарди истилоҳоти соҳавӣ ва истифода аз таҷрибаҳои дуҷониба боз ҳам тақвият дода шавад.

Қобили зикр аст, ки рӯзҳои 28 ва 29-уми июл дар маҷлисгоҳи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандон ва устодони донишгоҳу донишкадаҳо семинари илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Фарҳангнигорӣ ва истилоҳот» баргузор гардид. Дар семинар донишмандони эронӣ Алиашраф Содиқӣ узви пайваста ва мудири гурӯҳи фарҳангнигории Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон, Насрин Парвизӣ муовини мудири гурӯҳи вожагузинии Фарҳангистон, ҷаноби оқои Алоиддин Таботабоӣ, узви Фарҳангистон ва коршиноси аршади гурӯҳи вожагузинӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар семинар перомуни таҷрибаи фарҳангнигорӣ дар Тоҷикистону Эрон изҳори ақида намуданд. Махсусан мутахассисони эронӣ аз таҷрибаи бистсолаи луғатнависиашон маълумот дода, диққати ҳозиринро ба фарҳангнигории компютерӣ ҷалб карданд, ки самаранокии кору вақтр о афзун мегардонад.

Роҷеъ ба масоили луғатнигории Институт Сангинов Аҳмад ва Каримов Саид, устоди Донишгоҳи миллӣ Мисбоҳиддин Нарзиқул баромад карданд. Семинарро директори Институт Сахидод Хоркашев ҷамъбаст карда, кори семинарро босамар донист.

Ҳамчунин, дар Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик 29-уми июл мулоқоти раиси Кумита ва ҳайати меҳмонони эронӣ Алиашраф Содиқӣ узви пайваста ва мудири гурӯҳи фарҳангнигории Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон, Насрин Парвизӣ муовини мудири гурӯҳи вожагузинии Фарҳангистон ва Алоиддин Таботабоӣ узви Фарҳангистон ва коршиноси аршади гурӯҳи вожагузинӣ бо кормандони Сарредаксия баргузор гардид. Меҳмонон зимни мулоқот дар бораи фаъолияти забоншиносони эронӣ дар самти вожасозиву вожагузинӣ ва фарҳангнигорӣ иттилои хуберо дастраси олимони тоҷик намуданд. Қайд карда шуд, ки Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ дар зарфи 21 соли фаъолияти худ дар Эрон дар ин самт корҳои назаррасеро анҷом додааст.

Чунончи, 50 ҳазор вожаи ҷадиди форсиро дар баробари 50 ҳазор вожаи илмии нави забонҳои ғарбӣ ё сохтаанд, ё интихоб кардаанд ва ё тарҷума намудаанд, ки ин теъдод вожаҳо 70 риштаи мухталифи ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, илмиву фарҳангӣ, иҷтимоиро дар бар мегиранд. Ин корро беш аз 400 нафар олимони забоншинос анҷом додаанд ва имрӯз ҳам идома медиҳанд. Маҳсули заҳматҳои олимони забоншинос дар як силсилае таҳти унвони «Ҳазорвожаҳо» пайваста ба нашр расида истодааст.

Дар ҳоли ҳозир 15 ҷилди «Ҳазорвожаҳо» дар риштаҳои пизишкӣ, заминшиносӣ, физика, химия, равоншиносӣ, улуми инсонӣ, улуми низомӣ, ҳамлу нақл, муҳандисӣ ва ғайра аз чоп баромадаанд. Ду ҷилди дигари ин силсила дар дасти чоп аст. Забоншиносони эронӣ изҳори умедворӣ карданд, ки хуб мешуд агар дар оянда ҳамзабонони тоҷику афғониашон дар ин масъала онҳоро дастгирӣ намуда, дар ҳамкорӣ ва ҳамбастагӣ битавонанд вожаномаҳоеро дар риштаҳои мухталифи илм, сиёсат, иқтисодиёт таҳия бинамоянд, ки истеъмол ва истифодаи онҳо дар муҳити илмӣ-фарҳангӣ ва адабии ин се кишвар баробар қобили қабул бошанд.

Дар ин мулоқот роҳбарони Сарредксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик ва Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон тавофуқ карданд, ки ҷонибҳо аз ин ба баъд ҳар китоберо, ки ба нашр мерасонанд, ба китобхонаҳои ниҳодҳои ҷониби дигар чанднусхагӣ ҳадя менамояд. Гузашта аз ин ҷонибҳо, агар ҳавасмандӣ ба ҳуруфи расмии кишварашон чоп кардани китобҳои банашррасидаи тарафи дигар бошанд, ин иҷозаро низ бидуни расмиятчигӣ ба якдигар медиҳанд.

Тибқи Нақшаи корӣ 29-уми июл дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» мулоқоти директори Китобхонаи миллӣ бо раиси Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил баргузор гардид.

Ҳамзамон, дар мулоқот раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода, сардори шуъбаи танзими истилоҳот Нуқра Аҳмадова, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, намояндаи Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳуҷҷатуллоҳ Халилӣ, намояндаи Бунёди Саъдии Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ ва раиси Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ва Алӣ Ашраф Содиқӣ узви пайваста ва мудири гурӯҳи фарҳангнигорӣ, Насрин Парвизӣ муовини мудири гурӯҳи вожагузинии Фарҳангистон ва Алоиддин Таботабоӣ, узви Фарҳангистон ва коршиноси аршади гурӯҳи вожагузинии Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон иштирок доштанд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо пешниҳод намуданд, ки китобҳои тозанашр ба ҳар ду ҷониб ирсол карда шавад.

Тибқи Нақшаи корӣ 30-юми июл ҳайати меҳмононро раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳуҷҷатулллоҳ Фағонӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе гусел намуданд.

Ҳамчунин, 11-уми августи соли ҷорӣ мулоқоти раиси Кумита бо намояндаи Бунёди Саъдии Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ, раиси Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Ҳасани Қарибӣ баргузор гардид. Дар нишаст масъалаи тақвияти ҳамкориҳо дар самти вожагузинӣ ва фарҳангнигорӣ баррасӣ гардид.

Ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки китоби Ҳазорвожаи пизишкии Фарҳангистонро бо тафсирҳои иловагии истилоҳот ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ то декабри соли ҷорӣ таҳия ва нашр хоҳанд намуд. Тафсири иловагии Ҳазорвожаҳои дигар низ дар оянда ба нақша гирифта шудааст.

Қобили зикр аст, ки дар таҳияи китоби мазкур аъзои Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳоти Кумита ва мутахассисони варзида ҷалб карда мешаванд.

4-уми сентябри соли равон мулоқоти раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раиси Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид. Дар мулоқот ҳамзамон муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Саодатшо Матробиён, сардори шуъбаи танзими истилоҳот Нуқра Аҳмадова, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Оймаҳмадов, раиси Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ва намояндаи Бунёди Саъдии Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ Ҳасан Қарибӣ ва Фирӯз Набиев намояндаи Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ ширкат намуданд.

Раиси Кумита робитаи ҳар ду муассисаро хуб арзёбӣ намуда, зикр карданд, ки ин ҳамкориҳо дар доираи Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда истодааст.

Қобили зикр аст, ки дар заминаи ин Ёддошти тафоҳум ва иқдомҳои банақшагирифташуда амалӣ шуда истодааст. Ҷудо намудани квота ва ҷалби мутахассиси Кумита ба нахустин давраи магистратура дар самти вожагузинӣ ва истилоҳшиносӣ дастоварди дигари ҳамкориҳои мост.

Сипас, Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил иброз намуд, ки таҷрибаи Фарҳангистон дар ин самти вожагузинӣ ва истилоҳшиносӣ хеле хуб буда, он дар заминаи омӯзиши таҷрибаи илмиву амалии кишварҳои бузурги Аврупо, аз ҷумла Франсияву Австрия ҳамчунин заҳмати 25-солаи мутахассисон роҳандозӣ гардидааст. Ҳамчунин, мо дар зарфи ин чанд сол як давраи омӯзиши дусоларо бо мақсади омода намудани истилоҳшиносони касбӣ дар ҳайати 10 нафар ба нақша гирифта будем, ки пас аз мулоқоти қаблӣ ки 27-уми июли ҳамин сол баргузор гардида буд, як нафар корманди Кумитаро дар ин гурӯҳ шомил намудем. Мо умедворем, ки робитаҳои дуҷонибаро дар самти вожашиносӣ ва истилоҳнигорӣ тақвият бахшида, ҷиҳати ҳамгунсозии истилоҳоти кишварҳои ҳамзабон саҳмгузор бошем.

Ҳамчунин, дар мавриди такмил ва таҳияи бахши истилоҳоти тиббӣ китоби «Ҳазорвожа» (англисӣ-форсӣ)-ро бо иловаи забонҳои русӣ ва тоҷикӣ бисёр кори муфид дар роҳи ҳамкориҳо мешуморем.

Мутобиқи талаботи Қатъномаи Конференсияи байналмилалии «Масоили вожагузинӣ ва истилоҳоти забони форсӣ-тоҷикӣ» хазинаи «Ганҷвожа»-и Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шакли электронӣ дар хизмати Шумо қарор мегирад.

Зимни суҳбат Ҳаддоди Одил иброз дошт, ки бисёр хуб мебуд, ки ҳар матолибе, ки чи аз тарафи Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ройзании фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон бо хатҳои форсию кириллӣ нашр гардад, барои ошноии бештари ҳар ду ҷониб бо ин забонҳо хеле хуб мешавад.

Ҳамчунин, бо мақсади табодули афкори забоншиносону истилоҳшиносон ва фарҳангнигорони ҳар ду кишвар аз тариқи рӯзномаи «Ганҷи забон» матлаби бештаре роҳандозӣ карда шавад.

Пас аз мулоқот Ҳаддоди Одил бо кормандони Кумита шинос шуда, дар самти фаъолит барояшон комёбиҳоро таманно намуд.

Ҳамчунин, мутобиқи дархости муовини гурӯҳи вожагузинии Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон аз
25-уми августи соли 2015, №Б-1198/2144 ва 12-уми сентябри соли 2015, №Б1101/2439 ширкати як нафар корманди Кумита дар давраи магистратура дар бахши «Вожагузинӣ ва истилоҳшиносӣ» ба муддати 2 сол дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки Кумита дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми феврали соли 2015, №106 «Нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конференсияҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015», банди 4-и боби 4-и Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи дуюми соли 2015 ва қисми 1-и Нақшаи баргузории чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Умри забон ба умри миллат вобаста аст» аз 18-уми сентябри соли 2015, №26/4-25299 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон кормандони шуъба дар баргузории Конференсияи илмии ҷумҳуриявии «Номҳои ҷуғрофӣ ва суннати номгузорӣ», бо иштироки донишмандони забоншинос баргузор намуд.

Дар конференсия намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ниҳоду пажӯҳишгоҳҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, раисони шаҳру ноҳияҳо ва Комиссияҳои номгузорӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои ҷумҳурӣ, ташкилоту муассисаҳо, донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ, аъзои Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳот ва аъзои маҳфили «Посдорон ва дӯстдорони забон»-и Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони Кумитаи мазкур ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон. Инчунин, намояндагони воситаҳои ахбори умум ширкат хоҳанд варзид.

Конференсия бо сухани ифтитоҳии раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - доктори илми филология Гавҳар Шарофзода кушода гардида, сипас баъд аз суханони табрикотии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми филология, профессор Марҳабо Ҷабборӣ бахшида ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва суханронии намояндагони вилоятҳои Суғду Хатлон ва вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маърӯзаи олимону муҳаққиқони забоншинос, бостоншинос ва таърихшинос дар мавзӯъҳои номгузории ҷуғрофӣ ва суннатҳову мушкилот дар ин самт оғоз гардида, ҳамзамон масъалаҳои дар иртибот ба ин мавзӯъ мавриди муҳокимаву баррасӣ ва натиҷагирӣ қарор хоҳанд гирифт.

Ёдовар мешавем, ки дар ин чорабинии илмӣ 8 маърӯзаи илмӣ оид ба масъалаҳои номҳои ҷуғрофӣ ва суннати номгузорӣ мавриди баррасии иштирокдорони Конференсия қарор гирифта, маърӯзаҳои «Номҳои ҷуғрофӣ ва равишҳои суннатии номгузорӣ»-и узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми филология, профессор Додихудо Саймиддинов (Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон), «Номвожаҳои таърихии ҷуғрофии Тоҷикистон»-и доктори илми филология, профессор Сайфиддин Назарзода (Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон»), «Садои асрҳо»-и доктори илми филология, профессор Шамсулло Исмоилов (Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода), «Фарҳанги номгузорӣ дар забони тоҷикӣ»-и доктори илми филология, профессор Олимҷон Маҳмадҷонов (Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон), «Сохтор ва қолабҳои таърихии номҳои ҷуғрофии Тоҷикистон»-и доктори илми филология, профессор Назрӣ Офаридаев (Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев), «Номҳои ҷуғрофӣ оинаи қаднамои забони миллӣ»-и доктори илми филология Мирзоҳасан Султонов (Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон), «Масоили номҳои таърихии ҷуғрофии Хатлон»-и номзади илми филология Рустам Шодиев (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) ва «Мушкилот дар номгузории маҳалҳои аҳолинишини кишвар»-и Раҳим Зулфониён – сармутахассиси шуъбаи танзими истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зумраи онҳоянд.

Дар интиҳои кори Конференсия пас аз баррасии фикру мулоҳизаҳо ва музокираҳо аз ҷониби ҳайати иштирокдорон тавсияҳои Конференсияи илмии ҷумҳуриявии «Номгузории ҷуғрофӣ ва суннати номгузорӣ» бо дарназардошти баррасии мушкилоти номҳои ҷуғрофии кишвар, дурнамои таҳқиқу омӯзиш ва эҳёи номҳои ҷуғрофӣ дар ҳамкорӣ бо Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳот, Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба таври зайл қабул гардид:

1) Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Комиссияҳои номгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар, Муассисаи давлатии «Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик», Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати эҳёи номҳои таърихӣ тадбирҳои мушаххас андешад.

2) Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои адлия ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо моддаҳои 18 ва 19-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Низомномаи Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба номгузории корхонаҳои давлатӣ, объектҳои ҷуғрофӣ, ташкилоту муассисаҳо ва абадӣ гардонидани хотираи ходимони илм, маориф ва фарҳанг» (31-уми августи соли 2009, №489), «Тартиби номгузорӣ ва дигар кардани номи корхонаҳои давлатӣ, истгоҳҳои роҳи оҳан, фурӯдгоҳҳо, ташкилоту муассисаҳо, таълимгоҳҳо, инчунин объектҳои физикию ҷуғрофӣ» (31-уми октябри соли 2009, №609), ҳамчунин, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар иртибот ба масъалаи номгузорӣ, мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур намояд.

3) Номгузории шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо, деҳаҳо, кӯчаю хиёбонҳо, майдону боғҳои фарҳангӣ қабл аз тасдиқ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо бо Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда шавад.

4) Дар Комиссияҳои номгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо олимони забоншиносу таърихдон ҷалб карда шаванд.

5) Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати барқарор намудани номҳои бостонӣ, мавзеъҳои ҷуғрофӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

6) Ба номҳои такрор ва ашхос гузоштани номи ҷамоатҳо ва деҳаҳо аз ҷониби Комиссияи номгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо қатъиян манъ карда шавад.

7) Номгузории ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ қаблан бо Кумитаи забон ва истилоҳот мувофиқа гардида, сипас ба мақоми дахлдор пешниҳод карда шавад.

8) Муассисаи давлатиии «Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик», дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2017 «Фарҳанги решашиносии номҳои ҷуғрофӣ»-ро таҳия намуда, ба Кумитаи забон ва истилоҳот пешниҳод намояд.

9) Таҳқиқ ва омӯзиши номҳои ҷуғрофӣ ва номшиносӣ дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш ва Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Баҳодур Искандарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият бахшида шавад.

10) Гирдоварӣ ва пажӯҳиши номҳои ҷуғрофӣ тавассути корҳои таҷрибаомӯзӣ бо ҷалби донишҷӯён дар бахши лаҳҷашиносии донишгоҳу донишкадаҳои кишвар ба роҳ монда шавад.

 

 

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иттилоъ медиҳад, ки дар асоси «Нақшаи чорабиниҳо оид ба эълон гардидани соли 2015 «Соли оила» ва мутобиқи моддаи 16-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, таҳкими оила ва танзими муносибатҳои оилавӣ аз 15-уми апрели соли 2015, №221», ки дар Кумита аз 28-уми апрели соли 2015, №39 тасдиқ гардидааст, рӯзи 26-уми ноябри соли 2015 дар толори Кумита бахшида ба Соли оила дар мавзӯи «Нақши хонавода дар густариши забони миллӣ» мизи мудаввар баргузор намуд.

Дар мизи мудаввар роҳбарияти Кумита, намояндагон аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Комиссияи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ноҳияҳои Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Мизи мудавварро раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода кушод ва иштирокдоронро хайрамақдам гуфта, оид ба сарчашмаи асосии забондонӣ маҳсуб ёфтани хонавода сухан ронда, баргузории чунин як чорабиниро дар самти пешбурди сиёсати давлатии забон муҳим арзёбӣ намуд.

Сипас, муовини раиси Кумита С. Матробиён доир ба масъалаҳои марбут ба оила, алалхусус, баланд бардоштани маърифати забондонии фарзандон, рушду инкишофи сатҳи хиради оиладорӣ дар ҷомеа ва фарҳанги забондонии оила маърӯза намуд.

Номбурда ин масъаларо яке аз масъалаҳои мубрами рушди фарҳанги оиладорӣ шуморида, қайд намуд, ки маҳз хишти аввали забономӯзӣ аз хонавода оғоз меёбаду он барои ташаккул ва рушди савияи забондонии кӯдак ибтидо гузошта, маърифати ҳар инсон аз хонавода оғоз ёфта ва дар дабистону ҷомеа густариш пайдо мекунад.

Сипас, муовини сардори Раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Обидҷон Маҳмудзода маърӯза намуда, қайд кард, ки воқеан, баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ як марҳилаи муҳими рушди забон оғоз гардид ва онро метавон натиҷаи рӯҳияи истиқлолхоҳӣ ва озодиталабии мардуми тоҷик унвон кард, ки бо дарназардошти ҳамин гуна масъалаҳои муҳим мо бояд насли ҷавони кишварро барои ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, мероси хаттӣ, таъриху адабиёт ва дар маҷмӯъ забони ноби тоҷикӣ даъват намуда, дар шароити ҷаҳонишавӣ нақши созандаву бунёдкоронае гузорем.

Дар мизи мудаввар ҳамчунин, намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Комиссияи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ноҳияҳои Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур дар суханрониҳои худ аз таъриху фарҳанги забон ва сатҳи забондониву арҷгузорӣ ба ин муқаддасот маърӯза намуда, бори дигар таъкид карданд, ки имрӯз даврае фаро расидааст, мо бояд ба рушду густариши забони давлатӣ, ки он аз гаҳвораи хонавода оғоз меёбад, масъулиятбардор бошему онро ба ҷаҳониён бо ҳама шевою шаҳомати доштааш муаррифӣ карда тавонем.

Мақсад аз баргузории чунин чорабинӣ дар «Соли оила» бо ҷалби намояндагони вазорату идораҳо ва мақомоти марказиву маҳаллӣ аз он иборат аст, ки ҳар як қавму миллат бояд ба забони модарӣ ва фарҳангу анъанаҳои миллии хеш арҷгузор бошад ва баҳри ҳимояи он талош варзида, онро аз хатари нестшавӣ эмин нигоҳ дорад, зеро забони адабии меъёри мо худ ҳастӣ ва пойдории миллати соҳибистиқлоли мо буда, он муаррифгари ин миллат ва ҳастии давлати мост.

Дар анҷоми мизи мудаввар Тавсиянома пешниҳод гардид, ки барои минбаъд рушду густариши забон дар хонавода ва ҷомеаи кишвари мо судманд аст:

  1. Дар робита бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тозагии забон ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши забони давлатӣ дар боғчаҳои кӯдакона миёни мураббиён.
  2. Дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намудани чорабиниҳои таблиғотӣ барои риояи меъёрҳои забони адабӣ.
  3. Аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва забони давлатӣ, умри миллат ба умри забон вобаста аст, омӯзиши забони давлатӣ, Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва суннати номгузорӣ барои кормандони бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии кишвар ва тамоми мақомоти давлатӣ.
  4. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи забондонии хонаводаҳо ташкили вохӯриву мулоқотҳо дар шаҳраку маҳалҳои аҳолинишин.

Кумита қарор дод, ки Тавсияномаи пешниҳодгардидаро дар нақшаи чорабиниҳои минбаъда оид ба сиёсати забони давлатӣ ва рушду густариши он дар дохил ва хориҷи кишвар ворид намуда, баҳри татбиқаш кӯшиш ба харҷ диҳад.

Ҳамчунин, 10-уми декабри соли 2015 бо ташаббуси Комиссияи татбиқи забони давлатии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино бо мақсади иҷрои Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва татбиқи «Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» дар маҷлисгоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37-и ноҳияи Сино мулоқот бо кормандони ташкилоту муассисаҳои марзиву маъмурии ноҳияи Сино баргузор гардид.

Дар мулоқот раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Г. Шарофзода, сардори шуъбаи танзими истилоҳоти Кумита Р. Зулфониён, намояндагон аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино ва хабарнигорони Муассисаи давлатии телевизони Тоҷикистон «Шабакаи якум» иштирок намуданд, ки он бо ҷалби 150 нафар кормандони ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорону тоҷирон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёна, соҳибкорону тоҷирон ва хонандагони мактабҳои ноҳия амалӣ гардид.

Муовини раиси ноҳияи Сино Гулов З.Ш. аз вазъи татбиқи Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳудуди ноҳияи мазкур, мушкилоту камбудиҳои муассисон ва шахсони воқеию ҳуқуқӣ гузориш дода, иброз намуд, ки дар ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта оид ба масъалаи номгузорӣ ва навишти лавҳаву овезаҳо, инчунин, маводи иттилоотии нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонӣ бояд ҳар як соҳибкор саҳмгузор ва вазифадор бошад.

Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Г. Шарофзода аз сиёсати давлатии забон дар кишвар ва дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар ин самт сухан карда, мардумро бори дигар ба арҷгузорӣ ба ин муқаддасот, ки забони давлатии кишвари мост, даъват намуд.

Сипас омӯзгори МТМУ №91 Акрамова Н. А., аз таъриху шуҳратёрии забони тоҷикӣ ва мақоми он дар давраи соҳибистиқлолии кишвар маърӯза намуд.

Дар анҷом раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода ба саволҳои соҳибкорон ҷавобҳои мушаххас доданд.

Мақсад аз баргузории вохӯрӣ бо муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва татбиқи «нақшаи чорабиниҳои Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» шинос намудани кормандони ташкилоту муассисаҳои марзиву маъмурӣ, - кормандони соҳаи маориф, соҳибкорон ва огоҳӣ ёфтани эшон аз сиёсати давлатии забон дар кишвар, роҳи дурусти татбиқи он ва дар дили ҳар яки онҳо бедор кардани фарҳанги забондонӣ, арҷгузорӣ ва эҳтиром ба забони давлатӣ буд.

Қобили зикр аст, ки ташкили чунин мулоқоту машваратҳо бо ташаббуси МИМҲД-и ноҳияи Сино дар ҳудуди ноҳия ҷиҳати татбиқи муқаррароти дастуру супоришҳои Ҳукумати кишвар дар роҳи пешбурди сиёсати забони давлатӣ иқдоми некандешона маҳсуб меёбад.

Дар арафаи Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қобили зикр аст, ки тибқи Нақшаи чорабиниҳои Кумита бо мақсади тарғиби арҷгузорӣ ба забони давлатӣ ва даъвати вазорату идораҳо кормандони Кумита дар мулоқоту вохӯриҳо, мизҳои мудаввар, чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва илмии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (2-юми октябри соли 2015), Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1-уми октябри соли 2015), Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии АИ ҶТ (29-уми сентябри соли 2015), Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (2-юми октябри соли 2015), Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2-юми октябри соли 2015), Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (5-уми октябри соли 2015), Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур (3-юми октябри соли 2015) ва Боғи устод Рӯдакӣ (5-уми октябри соли 2015) иштирок намуданд.

 

Фаъолияти иттилоотӣ ва нашриявӣ

Дар асоси Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар

вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар нимсолаи дуюми соли 2014 мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ 28-уми январи соли 2015 нишасти матбуотии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар нишаст раиси Кумита, сардорони шуъбаҳою мудирони бахшҳои Кумита ва 22 намояндаи воситаҳои ахбори омма, аз қабили АМИТ «Ховар», Муассисаи давлатии телевизиони «Ҷаҳоннамо», Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина», радиоҳои «Садои Душанбе», «Тоҷикистон», «Ховар», «Озодӣ», оҷонсии иттилоотии «Toj News», сомонаи «Диалог tj.», «Маркази миллии иттилоотӣ ва муошират», рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Минбари халқ», «Имрӯз News», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Озодагон», «Тоҷикистон». «ASIA-PIus», «Фараж», «Халқ овози», «Паёми Душанбе» ва рӯзноманигорони мустақил иштирок намуданд.

Нишасти матбуотиро раиси Кумита Гавҳар Шарофзода ифтитоҳ намуда, аз ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2014 ба хабарнигорон маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Тавре зимни суханронии раиси Кумита қайд гардид, яке аз иқдомҳои муҳиме, ки дар роҳи рушди забони миллӣ анҷом дода шуд, ин дар асоси Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар зимни мулоқот ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ (4 октябри соли 2012) масъалаи назорат ва санҷиши муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва татбиқи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016 дар мақомоти марказию маҳаллии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он мебошад.

Ба роҳ мондани назорати татбиқи Қонун ва Барномаи мазкур, инчунин, иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат яке аз ҷанбаҳои асосии фаъолияти Кумита мебошад.

Зимни суханронӣ раиси Кумита аз натиҷаи санҷишҳои такрории гурӯҳҳои кории Кумита оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2011, №458 «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2012, №335 «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» дар иртибот ба номгузории ташкилоту муассисаҳо ва таҳияи лавҳаю овезаҳои нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонии ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе маълумот дод. Аз ҷумла, қайд гардид, ки дар соли 2014 оид ба номгузорӣ ва маводи иттилоотии 231 муассиса, ки бар хилофи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» буданд, санадҳои огоҳӣ тартиб дода шуда, барои бартараф намудани камбудиҳо муҳлат дода шуд. Муқаррар гардид, ки баъд аз пешниҳоди тавсияҳои Кумита ном ва маводи иттилоотии 56 муассиса ислоҳ ва ба талаботи Қонуни мазкур мутобиқ карда шудааст.

Аз ҷониби мақомоти судӣ дар ин давра барои риоя нагардидани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо моддаи 89-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардид, ки аз ин шумора 19 адад парванда нисбат ба 19 шахс бо баровардани қарор моҳиятан баррасӣ шуд ва нисбат ба онҳо ҷарима ба маблағи 81200 сомонӣ таъин гардида, 4 адад парванда аз рӯи тобеият ирсол шудааст.

Раиси Кумита, ҳамчунин, аз вохӯриву мулоқотҳои баргузоргардидаи роҳбарият ва кормандони Кумита бо донишҷӯёну устодони донишгоҳу донишкадаҳо ва ташкилоту муассисаҳои шаҳри Душанбе ва дигар самтҳои фаъолияти Кумита дар соли сипаришуда ба хабарнигорон гузориши муфассал дода.

Аз ҷониби хабарнигорон оид ба вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар иртибот ба мавзӯъҳои муроҷиати шаҳрвандон, забони филмҳои тасвирӣ, назорати забони тарҷумаи филмҳои хориҷӣ ва риояи меъёрҳои забони адабӣ, номгузории ташкилоту муассисаҳо, нуқтаҳои савдо ва марказҳои хидматрасонии маишӣ, шароити баргашт ба хатти ниёгон, вазъи риояи Қонуни мазкур дар ширкатҳои мобилӣ ва ҳамкорӣ бо ин муассисаҳо, оид ба истилоҳоти илмҳои дақиқ ва тавсияи дурусти он дар китобҳои дарсӣ, оид ба тағйири номгузории кӯчаҳои пойтахт ва ғайра саволҳо пешниҳод гардиданд.

Ба ҳамаи саволҳои хабарнигорон аз ҷониби роҳбарият ва кормандони Кумита посухҳои мушаххас дода шуд.

Дар анҷом, раиси Кумита рӯзноманигоронро ба ҳамкории пайваста даъват карда, ба нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон-рӯзномаи «Ҷумҳурият» барои чопи мақолаҳои илмӣ, фарҳангӣ ва таърихӣ дар иртибот ба рушду густариши забони давлатӣ изҳори сипос намуд.

Дар давраи ҳисоботӣ кормандони Кумита дар 52 барномаҳои телевизиониву радиоии идораи барномаҳои «Субҳ», «Самт», «Фарҳанг», «Ахбор»-и Шабакаи якум, Сафина ва Ҷаҳоннамо «Айёми шубоб аст»-и Телевизиони «Сафина», «Як соат»-и Телевизиони Баҳористон ва дар мусоҳибаи радиоӣ бо хабарнигорони радиоҳои «Садои Душанбе», «Тоҷикистон» ва «Озодӣ» иштирок намуданд.

Қобили зикр аст, ки давраи ҳисоботӣ мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми марти соли 2009, №659 «Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ» аз ҷониби Кумита барои ишғоли мансабҳои озоди маъмурии хизмати давлатӣ 4 мароти озумун эълон карда шуд. Аз он ҷумла: 30-юми январи соли 2015 дар рӯзномаи «Ганҷи забон», №1 (4), дар Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон тариқи мактуб аз 26-уми январи соли 2015, №1-8/41, 20-уми ноябри соли 2015 ва 29-уми декабри соли 2015, дар Веб-сайти Кумита ва дар рӯзномаи “Ҷумҳурият”.

Ҳамчунин, барои ишғоли мансабҳои озоди маъмурии хизмати давлатии Кумита ба Раёсати агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар ноҳияи Шоҳмансур мактубҳо низ ирсол гардиданд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз натиҷаи иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми апрели соли 2009, №252 «Дар бораи Барномаи татбиқи Консепсияи сиёсати давлатии кадрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2016» ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 15 сентябри соли 2010, №932 ба Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши Кумита пешниҳод гардидааст.

Ҳамчунин, маводи таҳлилии Кумита дар мавзӯи «Татбиқи сиёсати давлатии кадрҳо дар 23 соли Истиқлолияти давлатӣ» ба мақомоти дахлдор ирсол карда шуд.

Дар асоси фармоиши якҷояи муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16-уми августи соли 2011, №151 ва директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17-уми августи соли 2011, №8 «Дар бораи тасдиқи ҳисоботи омори давлатии шакли №1-ХД «Ҳисобот дар бораи теъдод ва ҳайати сифатии хизматчиёни давлатӣ» (семоҳа, нимсола, почтавӣ) ҳисоботи семоҳаи якуми омори давлатии шакли №1-ХД-и Кумита ирсол гардид.

Қобили тазаккур аст, ки дар асоси мактубҳои Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13-уми январи соли 2015, №03-16 ва №03-17 2 нафар хизматчии давлатие, ки дар соли 2014 ба хизмати давлатӣ қабул шудаанд, ба курсҳои такмили ихтисос дар мавзӯъҳои «Ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Асосҳои ҳуқуқии хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар карда шуданд, ки мутахассиси бахши умумӣ Боймуродова З. Н., ва мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилию ҳуқуқӣ Шермуҳамади М. курси такмили ихтисосро гузаштанд.

Ҳамчунин, дар асоси мактуби Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-уми ноябри соли 2014, №548 сардори шуъбаи ташкилию ҳуқуқии Кумита Мансурӣ Ш. Ҷ. дар магистратура таҳсил дорад.

Дар давраи ҳисоботии соли 2015, 64 адад фармоишҳои раиси Кумита ба тасвиб расид. Дар соли ҷорӣ ба Кумита 1196 муроҷиати хаттӣ, тавассути телефон ва зимни қабули шаҳрвандон пешниҳод гардид, ки ҳамаи онҳо баррасӣ шуда, ба муроҷиаткунандагон ҷавобҳои мушаххас пешниҳод гардид.

Муроҷиатҳои тавассути телефон, шабакаи интернет ва дар ҷараёни қабули рӯзҳои шанбе ба Кумита воридгардида масъалаҳои зеринро дар бар мегиранд:

- оид ба самтҳои фаъолият ва нақшаҳои Кумита;

- шарҳу тавзеҳи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар

бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар иртибот ба лавҳаю овезаҳо;

- оид ба арҷгузори нисбати забони давлатӣ;

- оид ба тарҷума, истифода ва шарҳи вожаю истилоҳот;

- оид ба Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ;

-шарҳи тартиби коркард, истилоҳнигорӣ ва қабули вожаю истилоҳоти соҳаҳои мухталиф;

- шарҳи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»;

- номгузорӣ;

- тарзи дурусти навишти вожаю истилоҳот;

- шарҳи масъалаҳои марбут ба ҳуҷҷатнигорӣ;

- оид ба таҳияи фарҳангҳои соҳавӣ;

Дар давраи ҳисоботӣ 585 мактубу дархост ва барқияи телефонӣ, аз ҷумла аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, аризаҳои хаттӣ аз ҷониби шахсони алоҳида ва барқияи телефонӣ ба Кумита ворид гардида, ҳамаи онҳо мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд.

Дар ин давра аз Кумита 807 мактуб, барқияи телефонӣ ва пешниҳоду хулосаҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба вазорату идораҳо содир карда шуданд ва ба муроҷиати шифоҳии шаҳрвандон ҷавобҳои мушаххас пешниҳод гардид.

Бо мақсади назорати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бандҳои 8-и боби IV Нақшаи чорабиниҳои Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016 сармуҳаррири рӯзномаи «Ганҷи забон»-и Кумита Ҷумъаев Ҷ. дар семоҳаи аввали соли равон дар ҳафт ҷаласаи Шӯрои бадеии Корхонаи воҳиди давлатии киною видеои «Тоҷиккино» ширкат намуд. Дар ҷаласаҳо аз ҷониби аъзои Шӯрои бадеӣ муҳтаво ва забони зиёда аз 25 қисмати силсилафилмҳои аз забонҳои туркӣ, арабӣ, англисӣ ва ҳиндӣ ба забони тоҷикӣ тарҷумашуда, ки аз ҷониби студияҳои «Нурангез», «Арш», «Симо Продакшн», «Килк», «Ҳамсадо», «Асар» пешниҳод гардида буданд, инчунин филми истеҳсоли киностудияи «Тоҷикфилм» - «Парӣ аз паси кӯҳи Қоф» мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ҳангоми баррасӣ оид ба ислоҳи ғалатҳои имлоӣ, истифодаи дурусти калимаю ибораҳо, ифода ва риояи меъёри забони адабӣ эроду пешниҳодҳои мушаххас манзур гардид, ки аз ҷониби студияҳои номбурда ба инобат гирифта шуданд.

Дар асоси супориши нусха аз Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2015, №4 дар семоҳаи аввали соли 2015 таҳлили ҳаматарафаи фаъолияти хоҷагидорӣ дар ҳама соҳаҳо, муайян намудани камбудиву норасоиҳои мушкилоти Кумита ва ҳалли масъалаҳои зеринро дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбута барои пешрафти соҳа зарур мешуморад:

1) Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2015, №38 «Дар бораи Дастурамал оид ба тартиби пардохти хароҷоти сафарҳои хизматии хизматчиёни давлатӣ ва кормандони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ба кишварҳои хориҷӣ, инчунин дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон» маблағи хароҷоти шабонарӯзӣ аз 20 сомонӣ ба 40 сомонӣ ва хароҷоти манзил аз 50 сомонӣ ба 80 сомонӣ муқаррар гардидааст. Дар басти 2.2.1.4. барои сафарҳои хизматии кормандон мувофиқи қарори мазкур як баробар зиёд гардидааст, ки барои сафархарҷии шабонарӯзии хизматчиёни давлатӣ мусоидат менамояд. Бинобар сабаби зиёд будани ҳаҷми кор, сафарҳои хизматӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар басти 2.2.1.4. маблағҳои сафари хизматӣ барои кормандони Кумита ба маблағи 26000 сомонӣ, барои чопи рӯзномаи «Ганҷи забон» дар як моҳ 2000 нусха ва дар як сол 24000 нусха ба маблағи 24000 сомонӣ ва барои чопи китоби Номнома (яъне номи хонаводагӣ, ном ва номи падарӣ) 10000 китоб ба маблағи 250000 сомонӣ дар умум 304800 (сесаду чор ҳазору ҳаштсад) сомонӣ норасоии молиявӣ вуҷуд дорад.

2) Дар басти 2.2.1.8. барои алоқа дар асоси мактуби Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №07-1065 аз 21-уми ноябри соли 2014, барои хизматрасонии нурию нахӣ ва фаъолияти Шабакаи ягонаи иттилооти коммуникатсионии байни идоравӣ ба маблағи 6360 сомонӣ, дар асоси мактуби ҶСК «Тоҷиктелеком» аз 8-уми декабри соли 2014 №2/2-1048 барои хизматрасонӣ истифодаи қубурҳои коррезии алоқаи телефонӣ ба маблағи 8500 сомонӣ, барои обуна шудани Кумита дар рӯзномаҳо ба маблағи 4000 сомонӣ ҷамъ 18860 сомонӣ норасоӣ ба назар мерасад.

3) Дар басти 2.2.1.5.барои таъмир кардани нақлиёт ва таъмири утоқҳои кории Кумита ба маблағи 100 000 сомонӣ, норасоӣ мебошад. Қобили зикр аст, ки соли 2014 Кумита барои таъмири мошини хизматии раиси Кумита ба маблағи 38360 (сию ҳашт ҳазору сесаду шаст) сомонӣ ба роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намудааст. Айни замон мошини хидматӣ корношоям гардида, таъмирталаб мебошад.

Басти 2.8.1.4. харидорӣ намудани мошинҳо ва таҷҳизотҳо, пешниҳод мегардад, ки барои харидорӣ намудани нақлиёти нав дар Кумита аз сабаби фарсуда шудани нақлиётҳо як адад нақлиёти нав ба маблағи 189 000 (яксаду ҳаштоду нуҳ ҳазор) сомонӣ зарур мебошад ва барои харидорӣ намудани 5 адад компютерҳо 27500 (бисту ҳафт ҳазору панҷсад) сомонӣ ҷамъ 216 500 (дусаду шонздаҳ ҳазору панҷсад) сомонӣ намерасад.

4) Барои беҳтар намудани шароити кории кормандон ва таъмин намудани 8 ҳуҷраи корӣ бо 32 адад курсӣ ба маблағи 120 сомонӣ дар ҷамъ 3840 (се ҳазору ҳаштсаду чил) сомонӣ ва барои харидорӣ намудани китобҳои омӯзишӣ, фарҳангҳо, муҳовараҳо ва ғ. 200 адад ба маблағи 250 (дусаду панҷоҳ) сомонӣ дар умум 50 000 (панҷоҳ ҳазор) сомонӣ дар ҷамъ 53 840 (панҷову се ҳазору ҳаштсаду чил) сомонӣ мебошад.

Барои пеш бурдани сиёсати забони давлатӣ дар саросари ҷумҳурӣ ва амалӣ намудани бандҳои Нақшаи чорабиниҳои Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016 ва шароити мусоиди корӣ фароҳам овардан барои кормандон дар умум маблағи иловагӣ 694 000 (шашсаду наваду чор ҳазор) сомонӣ зарур мебошад.

 

Вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда

Бояд тазаккур дод, ки мувофиқи дастури Президенти кишвар зимни мулоқот ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ (4 октябри соли 2012) масъалаи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зери назорати шахсии роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қарор дода шавад. Ин иқдом, бешубҳа, барои татбиқи самарабахш ва устувори Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016 мусоидат хоҳад намуд.

Новобаста аз корҳои баанҷомрасида дар самти татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳанӯз камбудиҳо хеле зиёданд. Дар бештар маврид фаъолияти Комиссияҳои назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» хусусиятҳои лаҳзавӣ дошта, мунтазам сурат намегирад.

Ҳамзамон, Кумита бо дарназардошти вазъи имрӯзаи татбиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва масоили марбут ба рушди ҳамаҷонибаи забони тоҷикӣ дар соли 2015 омӯзиш ва ҳалли масъалаҳои зеринро дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо барои пешрафти соҳа зарур мешуморад:

1. Натиҷаи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар соли 2015 мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор дода, бояд тазаккур дод, ки мавҷуд набудани воҳидҳои кории алоҳида – масъулони татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои назорати мунтазам ва татбиқи самарабахши он дар тамоми ташкилоту муассисаҳо, нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонии маишӣ мушкилот пеш меорад.

Аз ин рӯ, Кумита таъсиси воҳидҳои кории алоҳидаро бо дарназардошти ҳолати бавуҷудомада дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (3 воҳиди корӣ), вилоятҳо (3 воҳиди корӣ), шаҳри Душанбе (3 воҳиди корӣ) ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (10 воҳиди корӣ) дар маҷмӯъ 22 воҳиди кориро зарур мешуморад.

2. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки кормандони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои ҳалли масъалаҳои вобаста ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва иҷрои Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016 ба дастурҳои методӣ ва баргузории семинару машғулиятҳо ниёз доранд.

3. Мусоидат барои густариши забони миллӣ дар мақоми забони илм вазифаи асосии ҳама сохторҳои илмӣ ва кафедраҳои мактабҳои олии кишвар маҳсуб мегардад. Бинобар ин, ба забони илм табдил додани забони давлатӣ татбиқи чорабиниҳои мушаххасро аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишгоҳу донишкадаҳо ва тамоми марказҳои илмӣ-таҳқиқотӣ тақозо менамояд.

4. Бояд тазаккур дод, ки новобаста аз корҳои баанҷомрасида, дар самти танзими истилоҳот камбудиҳо хело зиёданд. Ба шуъба ҳамарӯза маводи гуногун ворид мегардад. Бинобар сабаби набудани фарҳангҳои чандзабона, тахассусӣ зимни омӯзиш ва баррасии маводи вурудӣ кормандон ба мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд.

Қобили зикр аст, ки ҷиҳати ба забони илм табдил додани забони давлатӣ ва амалӣ гардидани масъалаи мазкур имрӯз дар кишвар мушкилоти зиёде вуҷуд дорад. Бинобар сабаби он ки ҳанӯз ҳам Шӯрои ҳимояи рисолаҳои номзадӣ тобеи Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия қарор доранд, дар ҷумҳурӣ забони ҷаласаҳо ва рисолаҳои номзадӣ, ҳатто рисолаҳои марбут ба забон ва адабиёти тоҷик ба забони русӣ сурат мегирад, ки ин барои амалӣ намудани моддаи 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мушкилоти зиёд пеш оварадааст. Паҳлуи дигари масъала, тарҷумаҳои нолоиқи рисолаҳо дар шароити феълӣ ва мушкилоти молиявӣ имконият намедиҳад, садди роҳи мутахассисони ҷавон барои пешбурди корҳои илмӣ гардидааст.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ дар самти таҳияи фарҳангҳо ва донишномаҳо меъёрҳои фарҳангнигорӣ дар бештари маврид аз ҷониби мураттибон риоя намегардад. Маводе ки ба Кумита ворид мегардад ба талабот ҷавобгӯ набуда, кори мутахассисонро даҳчанд мушкил мегардонанд. Бо дарназардошти ин пешниҳод мешавад, ки бо ҷалби мутхассисони истилоҳшиносону забоншинсон ва фарҳангнигорон «Дастури фарҳангнигорӣ» таҳия карда шавад.

Ҳамчунин имрӯз замоне фаро расидааст, ки бо мақсади тақвияти забони тоҷикӣ ба ҳайси забони илм ва густариши бахши истилоҳшиносӣ бо ҷалби истилоҳшиносони варзидаи дохиливу хориҷӣ дар донишгоҳу донишкадаҳо ва пажӯҳишкадаҳои илмиву таҳқиқотӣ давраҳои омӯзиши «Вожагузинӣ» таъсис дода шавад.

Аз ин рӯ, Кумита ба нақша гирифтааст, ки дар соли 2016 масъалаҳои зеринро дар роҳи ба танзим даровардани истилоҳоти соҳаҳои мухталиф ҳал намояд:

- баргузории силсилаи семинарҳои машваратӣ, мизи мудаввар ва конференсияҳоро дар ҳамкорӣ бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ, пажуҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ ва донишгоҳу донишкадаҳо дар мавзӯҳои гуногун;

- баррасии вазъи нашри фарҳангномаҳои соҳавию тафсирӣ;

-мусоидат барои ташкили давраҳои таҷрибаомӯзии мутахассисони Кумита дар Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон;

- пешбурди фаъолияти самараноки Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳот;

- таҳияи лоиҳаи «Низомномаи Шӯрои номгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»;

- таҳияи лоиҳаи «Созишномаи ҳамкории Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фарҳангистони улуми Афғонистон».

Ҳамзамон, баҳри густариши ҳамкориҳо дар муносибатҳои байналмилалӣ бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, воситаҳои ахбори омма ва ба аҳолии кишвар пешниҳоди иттилои дақиқу саҳеҳ оид ба сиёсати забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инъикоси муназзами масъалаҳои соҳа, асоси меъёрҳои илмӣ, коркард ва қабули вожаю истилоҳоти соҳаҳои мухталиф Кумита таъсиси маҷаллаи «Тамаддуни ориёӣ ва ҷаҳон»-ро мувофиқи мақсад мешуморад.

5. Таъсиси марказҳои омӯзиши забони давлатӣ дар маҳалҳои зисти ақаллиятҳои миллии маскуни ҷумҳурӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки дар доираи Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016 бояд амалӣ гардад, андешидани тадбирҳои мушаххасро аз масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тақозо менамояд.

6. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар номгузории маҳалҳо ва кӯчаю хиёбонҳо, бо вуҷуди тағйири теъдоди номҳои бегона ва ғайримиллӣ, мутаассифона, бархе аз камбудиҳо низ ба назар мерасанд, ки ин ба такрори номҳои ашхос дар як ҷой ва ё дар чандин маҳалҳои дигар иртибот дорад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки Комиссияи номгузории назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо барои пешгирии ин раванд тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намоянд.

Барои татбиқи самараноки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Кумита лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Ҳамзамон, баҳри рушди забони давлатӣ дар саросари ҷумҳурӣ Кумита ба нақша гирифтааст, ки лоиҳаи «Консепсияи миллии рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2026»-ро таҳия намуда, дар соли 2016 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

Дар давраи минбаъдаи фаъолият Кумита амалӣ намудани якчанд тадбирҳо ва баргузории як қатор чорабиниҳои судманди марбут ба забон ва истилоҳшиносиро ба нақша гирифтааст:

  • пешниҳоди лоиҳаи «Дастурамали танзим ва қабули истилоҳот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
  • баррасии фарҳангҳои воридотӣ;
  • таҳлили истилоҳоти Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • мусоидат барои таҷрибаомӯзии кормандони Кумита дар Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон;
  • таҳлил ва баррасии вазъи омӯзиш ва таҳқиқоти мавзӯъҳои илмӣ дар самти истилоҳшиносӣ.
  • дар сатҳи зарурӣ ҷашн гирифтани Рӯзи забони давлатӣ дар тамоми мақомотҳои маркзиву маҳаллӣ, ташкилотҳо ва муассисаҳо новобаста аз шакли ҳуқуқиашон.
  • таъсиси воҳидҳои кории алоҳида дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати иҷрои назорати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон »;
  • ворид намудани намояндаи Кумита ба ҳайати Шӯрои Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»;
  • табдили Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи давлатии забон ва истилоҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама»;
  • ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
  • таъсиси Комиссияҳои ҷамъиятӣ дар назди мақомотҳо;
  • Нашри китоби «Номнома».

Кумита дар асоси супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ тамоми нерӯи худро баҳри назорат ва татбиқи муассири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо дарки амиқи сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи роҳбари давлат бобати рушди забони давлатӣ ва ба ҳамин васила устувор намудани пояҳои он, чораҳои муассир меандешад. 

Баҳодиҳии муҳтаво: 
3
Баҳои миёна: 3 (1 овоз)

Гузориш оид ба татбиқи Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 2 Ноябр, 2017 - 13:09

Мутобиқи банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июни соли 2012, №335 «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсози татбиқи «Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» муқаррар гардидааст.

Иҷрокунандаҳои Нақшаи чорабиниҳои «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016»Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Академияи илмҳои тиб, Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ, Институти илмҳои гуманитарӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муқаррар гардидаанд.

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси ҳамоҳангсози Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016ҷиҳати иҷрои онро аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳои дахлдор мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода, аз натиҷаи корҳое, ки дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Барномаи мазкур ба анҷом расидаанд, чунин иттилоъ медиҳад:

 

I ТАЪМИНИ ЗАМИНАҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ

 

Банди 1 (муҳлат 2012-2013). Натиҷаи иҷро: Қобили тазаккур аст, ки баъд аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар асоси супоришҳои Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми октябри соли 2010, №11 ба вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳои дахлдор барои ба Қонуни мазкур мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дастур дода шуд. Маҳз бо дарназардошти моҳияти ин масъала боби I-и Нақшаи чорабиниҳои «Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» иқдомҳои мушаххасро барои таъмини заминаҳои меъёрии ҳуқуқии сиёсати давлат дар бораи забони давлатӣ фаро мегирад.

Маҷмӯи иқдомҳо ва ё чорабиниҳое, ки дар доираи Барнома амалӣ мегарданд, пеш аз ҳама барои таҳкими заминаи меъёрии ҳуқуқии татбиқи сиёсати давлатӣ дар бораи забон мусоидат хоҳад кард.

Дар иртибот ба иҷрои банди 1-и боби I-и Нақшаи чорабиниҳои Барнома дар мавриди таҳлили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ дар иртибот ба сиёсати давлат дар бораи забон бояд тазаккур дод, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои рушди устувор ва муназзами забони давлатӣ заминаҳои мусоиди ҳуқуқиро фароҳам овард. Баъд аз қабули Қонуни мазкур қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ва «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардиданд.

Ҳамчунин, дар асоси банди 23-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Ҷаноби Олӣ,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (5-уми октябри соли 2010) Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоби вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ», «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» ва Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо вобаста ба донистани забони давлатӣ ворид намудаанд, ки ин иқдом дар таҳкими мақоми забони давлатӣ дар замони истиқлолият хеле муҳим арзёбӣ мешавад.

Банди 2 (муҳлат 2012-2015). Натиҷаи иҷро: Фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ барои рушди забон ва истифодаи истилоҳоти илмӣ дар раванди қонунгузорӣ бевосита ба гузаронидани экспертизаи ҳуқуқӣ алоқамандӣ дорад. Аз ин рӯ, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»гузаронидани экспертизаи ҳуқуқӣ, экспертизаи забоншиносиӣ ва таҳлили қонунҳоро дар иртибот ба сиёсати давлат дар бораи забон ба роҳ мондааст. Кумита баҳри таъмини меъёрҳо ва қолабҳои вожасозии истилоҳот ва мафҳумҳо ба забони давлатӣ дар лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам таклифу пешниҳодҳои мушаххасро ба мақомоти дахлдор манзур менамояд.

Дар ин раванд аз ҷониби Марказ ҳангоми таҳияи лоиҳаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав, истилоҳоти ҳуқуқии соҳавӣ дар матни Кодекси мазкур ҳамгун карда шуд, ки чунин ҳамгунсозӣ зиёда ба 50 қонунҳои соҳаи ҳуқуқи гражданӣ дахл дорад.

Инчунин Тафсири Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ нашр гардид.

Бо мақсади истифодаи дуруст ва фаҳмиши ягонаи мазмуни истилоҳоти ҳуқуқӣ аз ҷониби вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон китобҳои истилоҳоти соҳаҳои гуногун омода ва нашр шудаанд, аз ҷумла: «Истилоҳоти соҳаи сохтори давлатӣ, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»;«Истилоҳоти соҳаи молия, андозу гумрук ва фаъолияти бонкӣ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»;«Истилоҳи соҳаи меҳнат, ҳифзи иҷтимои, тандурустӣ, фарҳанг, илм ва маориф дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»; «Истилоҳоти соҳаи кишоварзӣ, истифодаи сарватҳои табии ва ҳифзи муҳити зист дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам пешниҳодҳои мушаххас ба мақомоти дахлдор манзур карда мешавад.

Ҳамзамон Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013 «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ»-ро дар ҳаҷми зиёда аз 65 ҳазор истилоҳот ва Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 «Фарҳанги русӣ ба тоҷикии истилоҳоти ҳуқуқ»-ро дар ҳаҷми зиёда аз 10 ҳазор истилоҳоти ҳуқуқӣ омода ва нашр намудааст.

Бандҳои 3 боби I (муҳлат 2012-2014) ва 31 боби IV (муҳлат мунтазам). Натиҷаи иҷро: Барои истиқболи сазовори ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумита таҳти унвони «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати давлатӣ дар бораи забон» китоб таҳия намуд. Ин китоб чаҳор бахшро дар бар мегирад, ки дар бахши I суханрониҳо ва паёмҳои табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи забон, дар бахши II иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти кишвар дар иртибот ба забони давлатӣ, дар бахши III гулчини иқтибосҳо аз суханрониҳои Сарвари давлат дар бораи забон ва дар бахши IV Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба сиёсати давлатӣ дар бораи забон гирдоварӣ шудаанд. Китоби мазкур ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ дастраси вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ гардонида шуд.

Мутобиқи Барнома шакли электронии китоби мазкур ба сомонаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуд. Ҳамчунин, сомонаи Кумита мунтазам такмил дода мешавад ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба фаъолияти Кумита ва маълумоти тоза ба он ворид мегарданд.

Банди 4 (муҳлат 2012-2013). Натиҷаи иҷро: Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Дастурамали танзим ва қабули истилоҳотро таҳия намуда ба пажӯҳишгоҳҳои илмӣ барои мувофиқа пешниҳод намудааст. Лоиҳаи Дастурамали мазкур айни замон аз ҷониби муҳаққиқони пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дорад. Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо дигар зинаҳои муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ҷиҳати ба танзим даровардани истилоҳоти соҳавӣ дастурамалҳо таҳия намуда, тибқи талаботи он фаъолият намуда истодаанд. Вобаста ба он, ки истилоҳот такондиҳандаи рушди забони давлатӣ дар замони муосир ин бештар истилоҳоти соҳаҳои техникиву технологӣ, табиию риёзӣ, тиббию биологӣ, энергетикиву металлургӣ, иқтисодӣ ва амсоли инҳо мебошад, бинобар ин, муассисаҳои таҳсилоти олии дар чунин самтҳо фаъолиятдошта барои таҳия ва дастрас намудани чунин дастурамалҳо муваззаф гардонида шудаанд.

Кумитаи забон ва истилоҳот дар нимсолаи якуми соли равон лоиҳаи «Консепсияи миллии рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2026»-ро таҳия менамояд ва лоиҳаи дастурамали танзим ва қабули истилоҳот дар Нақшаи чорабиниҳои Консепсияи мазкур ворид намуда барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.

 

II.ТАҲҚИҚИ МАСОИЛИ НАЗАРИЯ ВА АМАЛИЯИ

ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ, ТАҲИЯ ВА НАШРИ

ФАРҲАНГНОМАҲО

 

Банди 1(муҳлат 2012-2016). Натиҷаи иҷро:Мутобиқи банди 1-и боби II Нақшаи чорабиниҳои Барнома бо қарори №2-и маҷлиси Шӯрои олимони факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз 30-юми сентябри соли 2013 «Оид ба таҳияи грамматикаи меъёрии забони тоҷикӣ»ва «Таҳқиқи масоили услубшиносии забони тоҷикӣ» комиссияи корӣ дар ҳайати 11 нафар забоншиносони шинохтаи кишвар таъсис дода шудааст. Комиссияи мазкур уҳдадор карда шудааст, ки дар муҳлати барои иҷрои талаботи банди мазкур ҷудошуда «Грамматикаи меъёрии забони тоҷикӣ»-ро омода намояд.

Қобили зикр аст, ки ҷиҳати таҳияи «Грамматикаи меъёрии забони тоҷикӣ» комиссия таъсис дода шуда бошад ҳам вале то ҳол аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ талаботи банди мазкур иҷро нагардидааст.

Инчунин, дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон монографияи “Таҳқиқи муқоисавии забони тоҷикӣ” (“Южные говоры таджикского языка”) ҷ.1, 370 саҳ.дар нашриёти “Дониш” ба табъ расид,ки аз бахшҳои фонетика, лексика ва морфология иборат аст.

Ҷилди дуюми асар, ки бахши синтаксисро дар бар мегирад,ба чоп омода шудааст.

Банди 2 (муҳлат 2012-2015). Натиҷаи иҷро: Қобили қайд аст, ки аз ҷониби Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ китоби «Таърихи забони тоҷикӣ», қисми 1 «Давраи бостон» ба табъ расидааст. Китоби «Давраи миёнаи забони тоҷикӣ» аз ҷониби узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Д.Саймиддинов мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Китоби “Фарҳанги гӯйишҳои ҷанубии забони тоҷикӣ”дар нашриёти “Пайванд”-и Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон чоп шуд,ки аз 946 саҳ. иборат буда, беш аз 25000 калимаву ибораро дар бар мегирад.

Банди 3 (муҳлат 2012-2016). Натиҷаи иҷро:Дар мавриди таҳқиқи муқоисавии лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ, қайд менамоем, ки рисолаи ходимони илмии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ Ғ.Ҷӯраев, Р.Л.Неменова ва X.Мурватов бо номи «Таҳқиқи муқоисавии гӯйишҳои ҷанубии забони тоҷикӣ» (ҷилди 1) дар ҳаҷми 23 ҷузъи чопӣ нашр гардид.

Аз ҷониби муҳаққиқони факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ китоби «Лексикаи лаҳҷаи Тангов» тавассути нашриёти «Ирфон» ба нашр расид.

Банди 4 (муҳлат 2012-2016). Натиҷаи иҷро:Дар иртибот ба банди 4-и Нақшаи чорабиниҳо барои таҳия ва нашри луғати лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ иқдомҳои мушаххас ба нақша гирифта шуд. Аз ҷониби Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ «Фарҳанги гӯйишҳои ҷанубии забони тоҷикӣ» (мураттибон Ғ.Ҷӯраев, М.Маҳмудов, Б.Бердиев) дар ҳаҷми 63 ҷузъи чопӣ таҳия ва нашр гардид.

Ҳамчунин, аз ҷониби кормандони шуъбаи фарҳангнигорӣ ва истилоҳот дар ҳамкорӣ бо донишмандони Донишгоҳи Самарқанд таҳияи «Фарҳанги луғати омиёнаи «Маснавии Маънавӣ»-и Ҷалолиддини Балхӣ» идома дорад.

Қобили қайд аст, ки оид ба иҷрои банди мазкур аз ҷониби Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ корҳо ба роҳ монда шуда бошад ҳам, вале талаботи банди мазкур қисман иҷро гардидааст.

 

Банди 5 (муҳлат 2012-2016). Натиҷаи иҷро:Роҷеъ ба масоили услубшиносии забони тоҷикӣ рисолаи С.Сабзаев таҳти унвони «Забон ва сабки баёни Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ» дар ҳаҷми 33 ҷузъи чопӣ таҳия гардида, омодаи чоп аст. Тибқи қарори №2-и маҷлиси Шӯрои олимони факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз 30-юми сентябри соли 2013 “Таҳқиқи масоили услубшиносии забони тоҷикӣ” комиссия уҳдадор карда шудааст, ки дар муҳлати муқарар гардида лоиҳаи “Таҳқиқи масоили услубшиносии забони тоҷикӣ”-ро омода намуда, пешниҳод намоянд.Қобили зикр аст, ки оид ба иҷрои банди мазкур аз ҷониби Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон корҳо ба роҳ монда шуда бошад ҳам, вале талаботи банди мазкур қисман иҷро гардидааст.

 

Банди 6 (муҳлат 2012-2016). Натиҷаи иҷро: Аз ҷониби устоди кафедраи забони адабии муосири тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дотсент Ш.Бобомуродов «Фарҳанги тафсирии истилоҳоти забоншиносӣ» таҳия ва нашр гардид.Қайд кардан ба маврид аст, ки оид ба иҷрои банди мазкур аз ҷониби Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон корҳо идома тошта, талаботи банди мазкур қисман иҷро гардидааст.

 

Банди 7 (муҳлат 2012-2016). Натиҷаи иҷро: Лексика, грамматика ва масоили этнолингвистии забонҳои бадахшонӣ (помирӣ) ва яғнобӣ аз ҷониби ходимони калони шуъбаи забони Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ Н.Назаров ва С.Мирзоев мавриди таҳқиқ қарор дорад. С.Мирзоев дар соли 2012 роҷеъ ба феълҳои забони яғнобӣ рисоларо дар ҳаҷми 10 ҷузъи чопӣ ба чоп омода намуд. Ҳамчунин, дар соли сипаригардида номбурда бо номи «Суннатҳои маҳаллӣ ва сурудҳои яғнобӣ» дар ҳаҷми 10 ҷузъи чопӣ рисола ба табъ расонид.

С.Мирзоев дар бахши лексикаи феълҳои забони яғнобӣ таҳқиқотро дар 216 саҳифа ва се боб, ки тақрибан ба 10 ҷ/ч баробар аст, ба анҷом расонидааст. Боби якум «Таҳқиқи луғати феълҳои сода»,боби дуюм «Баррасии решашиносии бархе аз феълҳои яғнобӣ, боби сеюм «Мавқеи феълҳои таркибии номӣ дар забони яғнобӣ».

Ҳамзамон, фарҳанги дузабонаи яғнобӣ-тоҷикӣ дар ҳаҷми 279 саҳ. ва сезабонаи яғнобӣ-тоҷикӣ-англисӣ дар ҳаҷми 435 саҳ. таҳия ва нашр шудаанд, ки мураттиби онҳо С.Мирзоев мебошад.

Банди 8 (муҳлат 2012-2016). Натиҷаи иҷро: Дар мулоқот ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ 5-уми октябри соли 2010 Президенти кишвар таъкид карда буданд: «Муҳаққиқонро лозим аст, то дар бахши забони илм аз суннати тӯлонии забони тоҷикӣ дар пайванд додани он ба меъёрҳои илмӣ огоҳона истифода намоянд.

Таҷрибаи забони лотинӣ ва арабӣ дар иртибот ба забони илм далели ин гуфтаҳо буда, имрӯз бештари кишварҳо, ки ба дастовардҳои бузурги илми ҷаҳонӣ ноил шудаанд, илми хешро тавассути забонҳои миллӣ эҷод ва муаррифӣ менамоянд. Аз ин рӯ, забони миллӣ дар мақоми забони расмӣ ва давлатӣ асоси ташаккули илму маориф ва тамаддуни ҳар кишвар мебошад. Ба вуҷуд овардани забони илм ва танзими истилоҳоти дақиқи илмӣ аз вазифаҳои асосии ҳама сохторҳои илмӣ ва кафедраҳои мактабҳои олии кишвар ба шумор мераванд».

Аз ин рӯ, таҳия ва нашри фарҳангҳои русӣ ба тоҷикии истилоҳоти техникӣ мутобиқи Барнома яке аз иқдомҳои муҳим барои танзим ва ҳамгунсозии истилоҳот дар ин соҳаи илм ба шумор меравад.

Қобили қайд аст, ки аз ҷониби устодони Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар шаҳри Қӯрғонтеппа арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ Инъом Тоҳиров ва номзади илмҳои техникӣ Рустам Ҷалилов «Фарҳанги истилоҳоти гидроэнергетикӣ» (ба забонҳои тоҷикӣ-русӣ, русӣ-тоҷикӣ) бо фарогирии 15 000 истилоҳот омода ва ба табъ расонида шудааст. Айни замон муаллифон фарҳанги мазкурро ба се забон: тоҷикӣ-русӣ-англисӣ омода намуда истодаанд.

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон таҳияи фарҳанги сезабона (англисӣ-русӣ-тоҷикӣ) вобаста ба истилоҳоти нақшакашии муҳандисӣ ва компютерӣ идома дорад.

Ҳамзамон, дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд як қатор корҳо ба анҷом расонида шуд.

Қобили қайд аст, ки аз тарафи устоди кафедраи таъминоти барқӣ Раҳимов О.С. луғати русӣ-тоҷикӣ доир ба электротехника ва электроэнергетика таҳия гардида, барои тасдиқ ба шӯрои илмӣ-методӣ пешниҳод гардид, ки ин иқдом саривақтӣ буда, барои ривоҷу равнақи барқи тоҷик чун обу ҳаво зарур аст.

Ҳамчунин, аз ҷониби мутахассисони муассиса таҳрири нави «Вожаномаи компютерӣ» дар назар дошта шудааст.

Банди 9 (муҳлат 2012-2016). Натиҷаи иҷро: «Фарҳанги истилоҳоти тиббӣ», ки мутахассисони Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино таҳия намуданд, бо тавсияи Кумитаи забон ва истилоҳот ба теъдоди 1000 нусха нашр гардид.

Ҳамчунин, дар ҳамин давра аз ҷониби Донишгоҳи мазкур «Луғати русӣ-тоҷикӣ-англисӣ-дарии истилоҳоти тиббию биологӣ», «Луғати русӣ-тоҷикӣ-англисии бофташиносӣ», «Муҳовараи тиббии русӣ-тоҷикӣ», маҷмӯаҳои «Андарзҳо дар бораи тиб», «Анатомия дар назм» ва “Вожаномаи тиб” (60 ҳазор вожа,Душанбе-2014) мураттаб ва нашр шуданд.

Ҳамзамон, дар ин муассиса таҳияи «Луғати истилоҳоти маъмулии тиббӣ» идома дорад, ки наздики 12 ҳазор истилоҳи тиббиро фаро мегирад. Инчунин, тарҷумаи «Номенклатураи анатомӣ» (бо шарҳи 6510 вожаю истилоҳ) дар асоси «Парижская анатомическая номенклатура» ба се забон: лотинӣ-русӣ-тоҷикӣ ба анҷом расид. Ҳоло «Номенклатураи анатомӣ» мавриди баррасии мутахассисони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҳаққиқони Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳот қарор дорад.

Бояд тазаккур дод, ки устодони Донишгоҳи миллӣ Ш.Кабиров ва М.Аюбова низ дастури таълимии забони тоҷикиро барои факултетҳои биология ва тиббиву дорусозӣ (220 с.) ба табъ расониданд, ки дар қисмати охири ин дастур истилоҳоти соҳа ба забонҳои тоҷикӣ-русӣ ва лотинӣ оварда шудааст.

Банди 10 (муҳлат 2012-2016). Натиҷаи иҷро: Аз ҷониби шуъбаи фарҳангнигорӣ ва истилоҳоти Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ (С.Холматова , О.Қосимов, З.Холназарова, Ҷ.Азизқулов, С.Каримов, С.Файзиев) қисми аввали «Луғати русӣ-тоҷикӣ» мавриди тадвину такмил ва таҳрир қарор дорад. Ҳоло як қисми он (ҳарфҳои А-К) барои таҳрири илмӣ омода гардидааст.

Банди 11 (муҳлат 2012-2013). Натиҷаи иҷро:Бо мақсади ба мардум пешниҳод намудани номҳои зебо ва хушоҳанги суннатӣ бо қарори Ҳайати мушовараи Кумита гурӯҳи корӣ барои таҳияи китоби «Номнома» таъсис дода шуд. Таҳрири ниҳоии китоби мазкур дар нимсолаи аввали соли 2016 ба анҷом мерасад ва нашри он бо дарназардошти дарёфти маблағ дар нимсолаи аввали соли 2016 ба нақша гирифта шудааст.

Банди 12 (муҳлат 2012-2013). Натиҷаи иҷро:Мувофиқи маълумоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳия ва нашри дастурҳои худомӯзи забони тоҷикӣ ҳамаи муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ вазифадор карда шудаанд. Муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, ки бо доштани кафедраҳои забони тоҷикӣ ва нерӯи илмии кадрӣ имконияти таҳия ва омода намудани дастурҳои худомӯзи забони тоҷикиро доранд, барои хонандагону донишҷӯён, ба хусус ақаллиятҳои миллии кишвар чунин дастурҳоро омода ва дастрас менамоянд. Қобили қайд аст, ки оид ба иҷрои банди мазкур аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон намуна ё руйхати дастурҳои худомӯзи забони давлатӣ пешниҳод нагардидааст.

Банди 13 (муҳлат 2012-2016). Натиҷаи иҷро:Доир ба таҳия ва нашри «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ вазифадор гардидаанд. Дар соли 2012Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ ҷилди якуми «Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ»-ро (ҳарфи А ва Б (қисман) ба табъ расонд.

Қобили зикр аст, ки аз ҷониби Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ таҳия ва нашри нави «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» идома дошта бошад ҳам, вале то ҳол лоиҳаи Фарҳанги мазкур барои омӯзиш ва баррасӣ ба Кумитаи забон ва истилоҳот пешниҳод нагардидааст.

Банди 14(муҳлат 2012-2015). Натиҷаи иҷро:Осори миллии гузаштаи мо собит месозад, ки забони тоҷикӣ дар мақоми забони илм таҷрибаи тӯлонӣ дорад. Хусусан, дар аҳди Сомониён ва чанд асри дигар забони тоҷикӣ дар баробари забони арабӣ тавоноии худро дар риштаҳои гуногуни илм муаррифӣ намудааст. Ба хотири таҳқиқоти истилоҳоти илмие, ки дар асарҳои донишмандони гузаштаи мо истифода шудааст, дар доираи Барнома таҳия ва нашри фарҳангҳои истилоҳоту таркиботи илмӣ аз осори классикии форсӣ-тоҷикӣ ба нақша гирифта шуд.

То имрӯз аз ҷониби устоди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Ш.А. Раҳмонов «Таҳаввули воҳидҳо ва созмони жанрҳои лирикӣ дар назми форсӣ-тоҷикӣ» ба теъдоди 1000 нусха дар нашриёти «Пайванд» ба табъ расонида шудааст. Аз ҷониби устодони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон «Луғати истилоҳоти иқтисод» омода ва дар матбааи «Ирфон» ба табъ расонида шудааст.

Бояд гуфт, ки кормандони шуъбаи фарҳангнигорӣ ва истилоҳоти Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ дар ин замина таҳқиқоти илмӣ ба анҷом расонида, теъдоде аз китобҳо низ ба нашр расидааст. Аз ҷумла, таълифоти Мирзоҳасан Султонов таҳти унвони «Забони илм ва истилоҳот» ва Олимҷон Қосимов бо номи «Лексикаи ҷонварон дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ» намунаи ин гуфтаҳоянд.

Ҳамчунин, дар ин самт аз ҷониби устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маводи зерин ба табъ расонида шуд:

-«Вожаномаи соҳавии русӣ ба тоҷикӣ»- муаллифон Ш.Кабиров, С.Исматов, С.Қурбонов;

-«Луғати вожаҳои нав»- муаллиф Г.Шукуров;

-«Корбурди баъзе истилоҳоти ҳуқуқӣ дар форсии қадим ва миёна»- муаллиф Ш.Ҳаитова;

-«Ташаккул ва таҳаввули низоми истилоҳоти тиббӣ дар «Захираи Хоразмшоҳӣ»-и Муҳаммад Исмоили Ҷурҷонӣ»- муаллиф Ш.Ҳаитова;

-«Нақши маркази илмии Гундишопур дар ташаккули истилоҳоти тиббии забони тоҷикӣ»- муаллиф З.Мухторов;

-«Захираи Хоразмшоҳӣ»-и Исмоили Ҷурҷонӣ яке аз манбаъҳои асосии захираи истилоҳоти тиббии тоҷикӣ»- муаллиф З.Мухторов;

-«Баъзе хусусиятҳои назариявии истилоҳоти соҳавӣ»- муаллиф Ш.Ҳаитова.

Банди 15 (муҳлат 2012-2013). Натиҷаи иҷро:Қобили тазаккур аст, ки бо мақсади иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маркази табъу нашр, баргардон ва тарҷума таъсис дода шудааст. Дар соли таҳсили ҷорӣ аз тариқи Маркази табъу нашр, баргардон ва тарҷума 28 китоби дарсӣ, 49 дастури таълимӣ-методӣ ва 112 барномаи таълимӣ ба забони давлатӣ таҳриру такмил, таҳия ва ба чоп тавсия гардиданд.

Дар Донишгоҳи миллӣ аз ҷониби устодон Х.Табаров, М.Муслимов дастури таълимии «Забони тоҷикӣ барои факултети кимиё», Душанбе - 2013, 167 с. дотс. С.Қурбонов, М.Диловаров китобҳои «Ҳуҷҷатнигорӣ» (Душанбе, 2013, 123 с.), «Таълими қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» (Душанбе, 2013, 87 с.), Ш.Кабиров, М.Аюбова «Забони тоҷикӣ» (барои факултетҳои тиббию фармасевтӣ ва биология), С.Исматов, С.Қурбонов «Забони тоҷикӣ» (китоби дарсӣ барои факултетҳои физика ва риёзӣ), Г.Шукуров «Луғати вожаҳои нав» (Душанбе, 2013, 48 с.), Ш.Бобомуродов «Истилоҳоти забоншиносӣ» (Душанбе, 2013, 450 с.), Ш.Бобомуродов «Забони тоҷикӣ» (барои синфи VI), (Душанбе, 2013, 210 с.) «Забон - ҳастии миллат» (маҷмӯаи мақолаҳои забоншиносӣ-Душанбе, 2013, 257 с.), З.Мухторов «Афкори забоншиносии тоҷик дар асрҳои X-XI» (Душанбе, 2013, 344 с.) ба нашр расид.

Ҳамчунин, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон китоби дарсии «Забони тоҷикӣ» барои ихтисосҳои ғайрифилологӣ аз ҷониби устодони кафедраи забони тоҷикӣ Ш.Кабиров ва С.Анварӣ, «Муҳовараи тоҷикӣ-англисӣ-русӣ-арабӣ», дастурҳои таълимии забони тоҷикӣ барои факултети химия ва таълими «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» ба нашр расид.

Дар соли таҳсили 2012-2013 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон 20 маводи таълимӣ ба забони давлатӣ ба нашр расидааст. Ҳамчунин, ҷиҳати иҷрои банди мазкур дастури таълимии «Забон ва ҳусни баён» барои омӯзгорон ва донишҷӯёни коллеҷҳову омӯзишгоҳҳои тиббӣ (муаллиф Д.Раҳимов) ва китоби дарсии «Забони тоҷикӣ» барои донишҷӯёни соҳаҳои техникиву муҳандисӣ дар ду қисм (муаллиф Г.Шарифова) таълиф гардида, бо қарори Ҳайати мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр тавсия карда шуд.

Ҳамчунин, аз ҷониби устодони кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон Искандарова Ф.Д.,Ҳошимов С.Х.,.Музаффарова Ш.М., Раҷабов Р.Р., Яхшибоева М.,Амлоев А.ва Холов Х.Р. дастуру китобҳои методӣ барои таълими забони тоҷикӣ дар гурӯҳҳои ғайритоҷикӣ таълиф ва чоп карда шудааст.Ф.Искандаров ва С.Ҳошимов китоби дарсии «Забони тоҷикӣ»-ро барои донишгоҳҳои ИДМ “Маориф ва фарҳанг”,соли 2014,дар ҳаҷми 352 саҳифа омода ва ба нашр расонидаанд. Устодони ҳамин донишгоҳ Х.Табаров ва М.Муслимов дастури тахассусӣ-таълимии «Забони тоҷикӣ»-ро барои донишҷӯёни факултети химия ба нашр расониданд.

Банди 16(муҳлат 2012-2016). Натиҷаи иҷро: Мутобиқи Барнома то соли 2016 таҳия ва нашри муҳовараҳои русӣ ба тоҷикӣ, тоҷикӣ ба русӣ, англисӣ ба тоҷикӣ, тоҷикӣ ба англисӣ, олмонӣ ба тоҷикӣ, тоҷикӣ ба олмонӣ, фаронсавӣ ба тоҷикӣ, тоҷикӣ ба фаронсавӣ, чинӣ ба тоҷикӣ, тоҷикӣ ба чинӣ ва омода намудани шакли электронии онҳо дар назар аст.

То имрӯз аз ҷониби устодони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур «Муҳовараи тоҷикӣ-русӣ-англисӣ» ва аз ҷониби устоди Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода К.Х. Гадоев «Вожаномаи англисӣ-тоҷикӣ дар мавзӯъҳои гуногун» мураттаб гардида, бо қарорҳои Ҳайати мушовараи Вазорати маориф ба нашр тавсия карда шуданд.

Ҳамзамон, дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар кафедраи забонҳо гурӯҳи омӯзгорони забони русӣ ва англисӣ муҳовараи русӣ-тоҷикӣ, англисӣ-тоҷикӣ, чинӣ-англисӣ, олмонӣ-тоҷикӣ таҳия намудаанд. Корҳо дар ин самт дар пажӯҳишгоҳҳо ва мактабҳои олӣ идома дорад.

Бандҳои 17 боби II(муҳлат 2012-2016) ва банди 18 боби IV (муҳлат 2012-2014).Натиҷаи иҷро:Тавассути муассисаҳои нашриявии зертобеи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар силсилаҳои «Ахтарони адаб», «Аркони сухан» ва «Китобхонаи мактаб» намунаҳои осори классикии тоҷику форс аз ҷумла, «Наврӯзнома»-и Носири Хусрави Қубодиёнӣ, «100 панд аз ҳикоят ва андарзҳои «Бӯстон»-и Саъдии Шерозӣ ва «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Восифӣ ба чоп расиданд.

Ҳамчунин, дар соли 2013 аз ҷониби Вазорати фарҳанг китобҳои «Мантиқ-ут-тайр» ва «Илоҳинома»-и Фаридуддини Аттор, «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолиддини Балхӣ, «Нур-ул-луғот»-и Амон Нуров, «Панду ҳикматҳо аз осори ниёгон», «Пандҳои Саноӣ» ва «Кимиёи саодат» нашр шудааст.

Аз ҷониби Маркази тарҷумаи адабиёт ва истилоҳоти соҳавии Донишгоҳи тиббӣ китоби «Донишнома»-и Ҳаким Майсарӣ (асри X) ба хатти кириллии забони тоҷикӣ баргардонида шуд.

Банди 18 (муҳлат 2012-2014). Натиҷаи иҷро:Бо дарназардошти имкониятҳо ва дарёфти маблағҳои зарурӣ таҳия ва нашри «Энсиклопедияи забони тоҷикӣ» дар Муассисаи нашриявии «Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик» ба нақшаи мавзӯи чопи китобҳо барои соли 2015 ворид карда мешавад.

Банди 19 (муҳлат 2012-2016). Натиҷаи иҷро: Аз ҷониби устоди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд О.Раҳимов «Луғати русӣ-тоҷикии истилоҳоти электротехника ва электроэнергетика» мураттаб шудааст, ки айни ҳол барои пешниҳод ба ҷаласаи навбатии мушовараи Вазорати маориф омода мегардад.

Қобили қайд аст, ки норасоиҳо дар фарҳангномаҳои нимтафсилии”Электроэнергетика” (Раҳимов О.- устоди филиали Донишгоҳи техникӣ дар Хуҷанд) ва”Истилоҳоти умумитехникӣ” (устоди Донигоҳи агросаноатӣ Сафаров Х.) низ мавҷуданд.

Аз ҷониби Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ шакли электронии «Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ» омода гардид ва барои ворид кардан ба Фарҳанги бисёрзабонаи байналмилалии Лингво пешниҳод карда шуд.

Айни ҳол, дар ҳамкорӣ бо кормандони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз ҷониби шуъбаи фарҳангнигорӣ ва истилоҳоти Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ «Фарҳанги истилоҳоти бофандагӣ» таҳия мегардад.

Аз ҷониби устодони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур «Луғати тафсирии истилоҳоти зироаткорӣ ва истеҳсоли хӯроки чорво» (муаллифон М.Сардоров, Т.Иззатов), «Луғати тафсирии истилоҳоти зироатпарварӣ» (муаллифон Т.Набиев, Т.Иззатов), «Луғати тафсирии истилоҳоти иқтисодӣ» (муаллифон Ҷ.Пириев ва Т.Иззатов), «Луғати тафсирии истилоҳоти соҳаи чорводорӣ» (муаллифон Т.Қодиров ва К.Дӯстов) омода ва ба табъ расонида шуданд.

Банди 21 (муҳлат 2012-2016): Аз ҷониби Академияи таҳсилоти Тоҷикистон «Фарҳанги тафсирии мактабии тоҷикӣ-ӯзбекӣ» таҳия ва бо тавсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нашр пешниҳод гардид.

Кормандони шуъбаи фарҳангнигорӣ ва истилоҳоти Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ дар ҳамкорӣ бо устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон «Фарҳанги арабӣ-тоҷикӣ-русӣ»-ро омода карда истодаанд.

Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд дар кафедраи забонҳо таҳияи фарҳанги русӣ-англисӣ-тоҷикӣ истилоҳоти технологияи компютерӣ идома дошта, дар ин кор устодони забони англисӣ Ғайбуллоева М.,забони русӣ Каримбоева Ҳ.,технологияи компютерӣ Солиев О.ва Худойбердиев Х машғул ҳастанд.

Банди 22 (муҳлат 2012) Ҷилди сеюми фарҳанги «Бурҳони қотеъ» иборат аз 30 ҷузъи чопӣ дар соли 2014 тавассути Муассисаи нашриявии «Адиб» ба табъ расид.

 

 

III.ОМӮЗИШ

Банди 1 (муҳлат 2012-2014). Натиҷаи иҷро:Дар масъалаи таҳия ва татбиқи барномаҳо барои омӯзиши забони давлатӣ дар муассисаҳои томактабӣ аз ҷониби кормандони Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва муассисаҳои зерсохтори он Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ва Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон маводи таълимии омӯзишӣ омода шуда истодааст. Китоби дарсии академик М.Лутфуллоев- ходими калони Академияи таҳсилоти Тоҷикистон бо номи «Забони тоҷикӣ», ки бо теъдоди 58000 нусха ба табъ расидааст, намунаи корҳо дар ин самт мебошад.

Банди 2 (муҳлат 2012-2014). Натиҷаи иҷро:Аз ҷониби Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия дастурҳои худомӯзи забони тоҷикӣ дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дахлдор, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи рушди маориф таҳия гардида истодаанд. Аз ҷониби Маркази мазкур шаклҳои электронии китобҳои дарсӣ, бахусус китобҳои дарсию маводи таълимии забони тоҷикӣ ва шакли электронии онҳо омода карда шудаанд, ки дар шакли дискҳо дастрас мегарданд.

Банди 3 (муҳлат 2012-2013). Натиҷаи иҷро:Қобили қайд аст, ки нашри сеюми китоби дарсӣ бо номи «Забони тоҷикӣ» ба теъдоди 58 000 нусха (аз ҷониби корманди Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, академик М.Лутфуллоев таҳия шудааст), ки то соли сипаригашта дар синфҳои 1-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳамчун китоби насли пешина истифода мешуд, бо супориши вазири маорифи кишвар минбаъд дар муассисаҳои томактабии ҷумҳурӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.

Донишкадаи такмили маълумоти касбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои Марказҳои инкишофи барвақтии кӯдакони синни томактабӣ, кӯдакистонҳо ва синфҳои тайёрии мактабҳои миёна китобчаҳои рангаи суратдор, амсоли «Гунҷишкак», матн дар муқоисаи забони маҳаллӣ ба забони давлатӣ бо унвони «Бобо», «Мукча» ва дастури методиро барои омӯзгорон таҳия ва дастраси таълимгоҳҳои вилоят гардонд.

Банди 4 (муҳлат 2012-2014). Натиҷаи иҷро:Дар ҳамин муддат аз ҷониби Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи таълими забони модарӣ дар синфҳои ибтидоӣ», ҳамчунин, китобҳои дарсии «Забони модарӣ» барои синфҳои 1, 2, 3, 4 ва дастури методии «Роҳнамои омӯзгор-Забони модарӣ» барои омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ интишор ва дастраси муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар гардонида шуд.

Банди 5(муҳлат 2012-2015). Натиҷаи иҷро: Дар асоси Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016 Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Вазорати маориф ва илм вазифадор карда шудааст, ки дар мувофиқа бо Академияи таҳсилоти Тоҷикистон маводи аудиоию видеоиро барои омӯзиши забони давлатӣ дар низоми таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ, ҳамчунин барои ақаллиятҳои миллии сокини ҷумҳурӣ таҳия намояд. Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон маводи аудиоию видеоӣ дар шакли слайдҳо, тахтаҳои электронӣ ва диапрокторҳо ба миқдори 12 адад барои гурӯҳҳои тоҷикӣ ва русӣ тартиб дода шудааст. Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд,устодони забони тоҷикӣ БобоеваТ.Р., Темирова Х.И., Раҳматова М. ва дигарон дар давоми дарс аз маводҳои видеоӣ “Хазинаи маърифат”, “Шукрона”, филмҳои ҳуҷҷати дар бораи Тоҷикистони соҳибистиқлол наворҳо аз шабҳои эҷодии шоирон истифода мебаранд.

Банди 6(муҳлат 2012-2016). Натиҷаи иҷро: Мутобиқи банди 6 Нақшаи чорабиниҳои Барномаи рушди забони давлатӣ, барномаи телевизионии омӯзиши забони давлатӣ таҳти унвони «Меҳри сухан» барои кӯдакону наврасон тавассути Муассисаи давлатии кӯдакону наврасон «Баҳористон» таъсис дода шуд ва соли дуюм аст мунтазам пахш мегардад. Ҳамзамон, ба намоиши «Як соат» меҳмонону донишҷӯён аз хориҷи кишвар, ки дар муассисаҳои олии Тоҷикистон таҳсил мекунанд, даъват мешаванд ва ба забони давлатӣ суҳбат меороянд.

Дар Муассисаи давлатии кӯдакону наврасон «Баҳористон» ҳафтае як маротиба барномаи “Ҳусни баён” бо иштироки доктори илмҳои филология,профессор Б. Камолиддинов омода ва пахш мегардад.

Банди 7 (муҳлат 2012-2015). Натиҷаи иҷро: Мувофиқи маълумоти Вазорати маориф ва илм, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва муассисаҳои зерсохтори он муваззаф гардонида шудаанд, ки дар давоми соли таҳсили 2012-2013 барои ақаллиятҳои миллии ҷумҳурӣ такмили барномаҳои таълимии забони давлатиро таъмин намоянд.

Банди 8 (муҳлат ҳамасола). Натиҷаи иҷро: Дар муассисаҳои таълимӣ ҳафтаи аввали моҳи октябр ҳамчун ҳафтаи фанни забони тоҷикӣ эълон гардидааст. Тӯли як ҳафта дар муассисаҳои таълимӣ мизҳои мудаввар, конференсияҳо, маҳфилҳои шеъру суруд ва ғ. баргузор мегардад. Масалан, дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода масъулини Комиссияи татбиқи Қонун ҳафтаи аввали моҳи октябрро «Ҳафтаи забони давлатӣ» эълон карда, дар ҳамаи факултетҳои донишкада баргузории нишасту суҳбатҳоро перомуни масъалаҳои забон ва андешаи миллӣ, ҷойгоҳи забони давлатӣ дар ташаккули ҳуввияти миллӣ роҳандозӣ намуданд. Ҳамчунин, нишастҳо бо қироати пораҳои назмию насрӣ аз осори Абулқосим Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Мавлонои Балхӣ, Иқболи Лоҳурӣ, Садриддин Айнӣ, Расул Ғамзатов ва дигар бузургони илму адаб баргузор гардид.

Ҳамасола дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар доираи ҳафтаи забони тоҷикӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши донишҷӯён ва такмили малакаву маҳорати суханварӣ озмунҳои дарёфти ғалатҳо бо истифода аз технологияи компютерӣ, тарҷума, зуд ва дуруст навиштани мукотиботи расмӣ, «Фирдавсихонӣ», «Мавлавихонӣ», «Ҳофизхонӣ» ва иншои беҳтарин дар мавзӯи «Забон ҳастии миллат» гузаронида мешавад.

Дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ семоҳаи аввали соли таҳсили 2012-2013 озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи «Забони Рӯдакиро пос доред!» доир гардид.

Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳафтаҳои фанни забони тоҷикӣ дар асоси Нақшаи донишкада гузаронида шудаанд. Дар он донишҷуён ва устодон бо олими забоншинос, дотсент А.Зоҳидов ва профессор Шокиров Т.С.вохӯрӣ дар мавзӯъҳои “Забони давлатӣ ва Истиқлолият” ва “Масъалаҳои актуалии забоншиносии тоҷик”гузаронида шуд.

Банди 9(муҳлат 2012). Натиҷаи иҷро: Ҷиҳати татбиқи фармоиши вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июли соли 2012, №1482 «Оид ба амалӣ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2012, №335 «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» доир ба масъалаи зиёд намудани теъдоди соатҳои таълими забони тоҷикӣ дар факултетҳои ғайрифилологии мактабҳои олӣ дастур дода шудааст, ки дар доираи имконият аз ҳисоби соатҳои захиравии нақшаҳои таълимӣ барои ихтисосҳо ва факултетҳои ғайрифилологӣ дарсҳои иловагии таълими забони тоҷикӣ ба роҳ монда шавад.

Чунончи, мувофиқи қарордоди раёсат ва омӯзгорони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон гузаронидани соатҳои иловагӣ барои ҳамаи фанҳои таълимӣ дар назар дошта шудааст. Аз ҷумла, омӯзгорони фанни забони тоҷикӣ вазифадоранд, то ҳафтае 3 рӯз дар ҳаҷми 3 соат дарсҳои иловагӣ гузаранд.

Банди 10 (муҳлат мунтазам). Натиҷаи иҷро: Аз ҷониби Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» бо мақсади инъикоси вазъи омӯзиши забони модарӣ миёни тоҷикони сокини кишварҳои хориҷӣ барномаи «Ёди ёри меҳрубон» аз Ҷумҳурии Қирғизистон ва Федератсияи Россия таҳия ва пахш гардид.

Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода тариқи телевизиону радио ва матбуоти даврӣ тарғибу ташвиқ намудани забони давлатиро ба роҳ мондааст. Донишкада дар ҳамкорӣ бо намояндагони шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ зиёда аз 15 барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ доир ба масоили умдаи забони давлатӣ, ҷойгоҳи забони миллӣ дар байни ҷомеа, забон ва худогоҳии миллӣ, нақши забон дар таҳаввули андешаи миллӣ суҳбат ва мусоҳибаҳои радиоӣ оростанд. Таҳияи чунин барномаҳо дар оянда низ идома хоҳад ёфт.

Банди 11 (муҳлат мунтазам). Натиҷаи иҷро: Дар масъалаи омода кардани муаллимони фанни забони давлатӣ барои мактабҳои ғайритоҷикӣ аз ҳисоби намояндагони ин забонҳо аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдомҳои муҳим амалӣ шуданд. Ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбие, ки омӯзгорони забони давлатиро омода менамоянд, зиёда аз нақшаи қабул теъдоди муайяни донишҷӯён қабул карда шуданд.

Тибқи мактуби Вазорати маориф ва илм мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳое, ки дар он ақаллиятҳои миллӣ сукунат доранд, бо дарназардошти эҳтиёҷоти онҳо ба омӯзгорони забони давлатӣ бояд ба Вазорати маориф ва илм ба таври расмӣ маълумот ва дархост манзур намоянд. Дар асоси дархости мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ Вазорати маориф метавонад, ки дар нақшаи қабул барои қабули иловагии донишҷӯён аз ҳисоби ақаллиятҳои миллӣ аз рӯи ихтисоси забони тоҷикӣ дар мувофиқа бо мақомоти дахлдор чораандешӣ намояд.

Ҳамчунин, қайд менамоем, ки мутобиқи маълумоти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ барои муаллимони мактабҳои қирғиззабони ноҳияи Мурғоб курсҳои омӯзиши забони тоҷикӣ таъсис дода, дар он аксари омӯзгорони мактабҳои ноҳия давра ба давра фаро гирифта шуданд.

Намояндагони ақаллиятҳои миллии маскуни кишвар айни замон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода, муассисаҳои таҳсилоти олии дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппаю Кӯлоб, Хоруғу Хуҷанд ва ноҳияҳои Панҷакенту Рашт аз рӯи ихтисосҳои филологияи тоҷик таҳсил менамоянд.

Бо мақсади омода кардани муаллимони фанни забони давлатӣ барои мактабҳои ғайритоҷикӣ аз ҳисоби намояндагони ин забонҳо дар назди факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ соли 2008 шуъба бо ихтисоси «Забон ва адабиёти тоҷик» (барои мактабҳои ғайримиллӣ) кушода шуд, ки ҳар сол тибқи нақша 25 нафар довталаб қабул карда мешавад ва муҳлати умумии таҳсили он 4 сол мебошад.

Банди 12(муҳлат 2012-2015). Натиҷаи иҷро: Дар маҷмӯъ дар соли таҳсили 2012-2013 аз ҷониби омӯзгорони Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ 32 китоби дарсӣ, 23 монография, 5 дастури таълимӣ ва 106 барномаи таълимӣ таълиф карда шудааст.

Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон як китоби дарсӣ, 14 дастури таълимӣ ва 12 монография ва маводҳои методӣ ба забони тоҷикӣ таҳия ва нашр гардидааст.

Аз ҷониби омӯзгорони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд соли 2012 3 монография, аз ҷумла «Баҳисобгирии муҳосибӣ дар соҳаи кишоварзӣ», «Таҷрибаи синтези компютерии нутқи тоҷикӣ» ва «Муаммоҳои омӯзиши адабиёти классикӣ дар байни донишҷӯён» ба забони давлатӣ нашр гардиданд.

Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соли 2013 таҳрири 13 китоби дарсӣ ва 5 дастури таълимӣ анҷом дода шудааст.

Дар Донишгоҳи миллӣ аз ҷониби устодон Х.Табаров, М.Муслимов дастури таълимии «Забони тоҷикӣ барои факултети кимиё», Душанбе, 2014, 167с., дотс. С.Қурбонов, М.Диловаров китобҳои «Ҳуҷҷатнигорӣ» (Душанбе, 2014, 121 с.), «Таълими қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» (Душанбе, 2014, 87 с.) нашр намуданд.

Банди 13 (муҳлат 2012-2014). Натиҷаи иҷро: Аз ҷониби устоди Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода С.Матробов “Барномаи таълими фанни забони тоҷикӣ”барои донишҷӯёни низоми таҳсилоти кредитии ихтисосҳои тарҷумонӣ, забонҳои хориҷӣ ва рӯзноманигорӣ тартиб дода шуд, ки бо қарори Ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илм тасдиқ гардид. Бояд таъкид намуд, ки бинобар сабаби дар буҷети Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ нагардидани маблағ ҷиҳати нашри адабиёти таълимӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ нашри онҳо аз ҳисоби маблағҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва ё аз ҳисоби маблағҳои шахсии муаллифон сурат мегирад.

Дар кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ «Силлабуси забони тоҷикӣ» таҳия ва ба ҳамагон пешниҳод карда шуд, ки он масоили имло, ҳуҷҷатнигорӣ, луғатомӯзӣ ва ғайраро дар бар гирифтааст.

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон низ барномаи таълимии (силлабус) низоми кредитӣ барои омӯзиши забони тоҷикӣ таҳия гардида, дар оғози соли таҳсили 2012-2013 тасдиқ карда шуд.

 

IV.ЧОРАБИНИҲОИ ТАШКИЛӢ

 

Банди1 (муҳлат 2012-2016)Натиҷаи иҷро:

Таҳия ва ҳамгунсозии истилоҳот яке аз масъалаҳои муҳим дар роҳи рушди забони давлатӣ ба шумор меравад. Дар ин ҷода танҳо дар сурати таъмини ҳамкории муназзами институтҳои илмию тадқиқотӣ ва мақомоти мухталиф метавон муваффақ шуд. Аз ин рӯ, Кумитаи забон ва истилоҳот бо мақсади татбиқи тадбирҳои муассир барои ташаккули забони тоҷикӣ ҳамчун забони илм ва танзими истилоҳот дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таъсиси Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳотро аз ҳисоби олимони варзидаи соҳаҳои мухталифи илм ба Ҳайати мушовара пешниҳод намуд. Дар натиҷа бо қарори Ҳайати мушовараи Кумитаи забон ва истилоҳот аз зумраи олимону муҳаққиқони соҳаҳои мухталиф Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳот таъсис дода шуд, ки он аз 3 гурӯҳ ва 19 бахш иборат аст. Ҳоло дар ҳайати Шӯро (бо намояндагӣ аз вазорату идораҳо, мактабҳои олӣ ва пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ) зиёда аз 100 нафар муҳаққиқон фаъолият доранд. То ба имрӯз кори Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳот муназзам ба роҳ монда шудааст. Дар ҳамкорӣ бо ҳайати Шӯрои мазкур дар ин давра зиёда аз 20 фарҳангномаҳои соҳавӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Аз ҷумла:

- «Луғати русӣ-тоҷикии коргузорӣ барои мутахассисони хизмати давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ» (Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон);

- «Луғати тафсирии истилоҳоти генетика, селексия ва ситогенетикаи растаниҳо» (Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон);

- «Луғати мухтасари русӣ-тоҷикӣ-қирғизӣ» (Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон);

- «Луғати русӣ-тоҷикии нав» (Новый русско-таджикский словарь) (Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон);

- «Луғати мухтасари тоҷикӣ-русӣ-ӯзбекӣ-англисӣ» (Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон);

- «Луғати мухтасари тафсирии русӣ-тоҷикии истилоҳоти муҳосибӣ» (Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон);

- «Луғати истилоҳоти бонкӣ-молиявӣ ба забонҳои англисӣ-русӣ-тоҷикӣ» (Донишгоҳи славянии Россия - Тоҷикистон);

- «Фарҳанги русӣ-тоҷикии истилоҳоти технологияи нигаҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ»;

- «Фарҳанги тафсирии истилоҳоти сиёсатшиносӣ»;

- «Фарҳанги истилоҳоти тиббӣ»;

- «Фарҳанги тафсирии истилоҳоти стандартҳои фаъолияти аудиторӣ»;

- «Луғати русӣ-тоҷикии истилоҳоти нассоҷӣ»;

- «Истилоҳоти сохтмон ва меъморӣ»;

- «Фарҳанги тафсирии истилоҳоти биёбоншавӣ»;

- «Фарҳанги тоҷикӣ-англисӣ-русӣ, русӣ-тоҷикӣ-англисӣ» (дар ду ҷилд);

- «Луғати калима ва ибораҳои иқтисоди бозоргонӣ» (Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон).

- «Луғати англисӣ – русӣ- тоҷикии иқтисодӣ (барои соҳибкорон). Хуҷанд-2014., (Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон);

- «Луғати русию тоҷикии истилоҳот оид ба усули муҳофизати биологии растаниҳо» (Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шотемур);

- фарҳангномаи «Технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ», «Луғати тафсирии соҳаи чорводорӣ», Луғати тафсири зироаткорӣ ва истеҳсоли хӯроки чорво, Луғати «Усули биологии муҳофизати растаниҳо» (Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шотемур);

- Фарҳанги дузабонаи яғнобӣ-тоҷикӣ дар ҳаҷми 279 саҳ.ва Фарҳанги сезабонаи яғнобӣ-тоҷикӣ-англисӣ дар ҳаҷми 435 саҳ.таҳия ва нашр шудаанд, ки мураттиби онҳо С.Мирзоев мебошад.

Қобили тазаккур аст, ки дар вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо низ марҳила ба марҳила барои танзими истилоҳоти соҳавӣ тадбирҳои мушаххас андешида мешавад. Чунончи, дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳамгунсозии истилоҳоти соҳавӣ дар ҳамкорӣ бо факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон «Луғати тафсирии русӣ ба тоҷикии калимаю ибораҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ» таҳия мегардад.

Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Луғатномаи истилоҳоти соҳаи иқтисодӣ», ки аз ҷониби Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик таҳия гардидааст, инчунин «Луғати истилоҳоти иқтисодӣ», «Луғати муосири истилоҳоти иқтисодӣ» нашр гардида, ба тамоми кормандони вазорат барои истифода дастрас карда шудааст.

То имрӯз 3 фарҳанги истилоҳоти соҳаи нақлиёт дар риштаи истилоҳоти роҳи оҳан, роҳдорӣ ва нақлиёт ба табъ расидааст. Дар саҳифаҳои рӯзномаи соҳавии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Нақлиёт» гӯшаи доимии истилоҳоти бахшҳои гуногуни соҳаи нақлиёт ба нашр мерасад.

Дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни таҳияи лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қоидаҳои андозбандии соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолият менамоянд», «Дар бораи номгӯи воситаҳои нақлиёт, мошинаҳо ва механизмҳои худгард, воситаҳои шинокунанда ва локомотивҳои дар роҳи оҳан истифодашаванда, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб ва (ё) ба қайди давлатӣ гирифта шуда, андозбандӣ мегарданд», «Дар бораи тартиби содакардашудаи воридоти молҳо аз ҷониби шахси воқеӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки қонунгузории андозро ташкил медиҳанд, истилоҳоти дар таҳрири нави Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда, истифода гардид. Ин тадбир гуногунфаҳмиҳоро аз байн бурда, барои содатар гардидани қонунгузории андоз мусоидат менамояд.

Бо ташаббуси бевоситаи вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Р.Ҳ. Раҳимов ҷиҳати ба танзим даровардан ва ҳамгун сохтани калимаю ибораҳои ҳуқуқшиносӣ «Луғати мухтасари истилоҳоти соҳавӣ» ба забони тоҷикӣ тартиб дода шуда, барои мувофиқа ба вазорату идораҳои гуногуни ҷумҳурӣ ирсол карда шудааст.

Дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ дастури таълимии «Омӯзиши риштаи ҳуқуқ», ки фарогири намунаи ҳуҷҷатҳои марбут ба фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ мебошад, дастраси кормандони ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ шудааст.

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013 «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ»-ро дар ҳаҷми зиёда аз 65 ҳазор истилоҳот ва Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 «Фарҳанги русӣ ба тоҷикии истилоҳоти ҳуқуқ»-ро дар ҳаҷми зиёда аз 10 ҳазор истилоҳоти ҳуқуқӣ омода ва нашр намудааст.

Оид ба иҷрои б.1 фасли 4-и Нақша чорабиниҳо дар КВД “Хоҷагии манзилию каммуналӣ” аз аввали моҳи январ то 20-уми ноябри соли 2014 аз корхона 1282 мактуб содирот шудааст,ки ҳамаи онҳо аз ҷониби мутасаддии Қонуни забон аз назар гузаронида шуда, таҳрир дидаанд.

Ҳамзамон, ҷиҳати танзим ва ҳамгунсозии истилоҳоти соҳавӣ ( банди 1 Нақша),дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ бо Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаи зич дошта, бевосита бо мутахассисони Кумитаи мазкур ҳамкорӣ менамояд.

Чунончӣ, моҳи апрели соли ҷорӣ дар Академияи Вазорат бо корманди Кумита Аҳмадова Н. бо ҳайати шахсӣ оид ба мавзӯи “Истилоҳот ва корбурди он дар забон” вохӯрӣ багузор гардид.

Дар соли 2015 дар ҳамкорӣ бо ҳайати Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳот фарҳангҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд:

  1. «Луғатитоҷикӣ ба англисӣ ва англисӣ ба тоҷикӣ + Грамматика» (аз нашриёти «Пойтахт», иборат аз 7164 истилоҳ);
  2. «Фарҳанги русӣ ба тоҷикии истилоҳоти соҳаи ҳуқуқ» (аз Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, иборат аз 10 425 истилоҳ);
  3. «Истилоҳоти анатомӣ» (аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, иборат аз 6510 истилоҳ);
  4. «Луғати русӣ–тоҷикии тарроҳӣ (барои факултети дизайнерӣ), (аз Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, иборат аз 867 истилоҳ);
  5. «Вожаномаи русӣ–тоҷикии соҳаи занбӯриасалпарварӣ» (аз Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, иборат аз 1238 истилоҳ);
  6. «Луғати истилоҳоти соҳаи энергетика» (аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ, иборат аз 6583 истилоҳ);
  7. «Фарҳанги физикии русӣ ба тоҷикӣ» (аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, иборат аз 34030 истилоҳ);
  8. «Луғати русӣ-тоҷикиии нассоҷӣ» (аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ, иборат аз 15127 истилоҳ, 2 маротиба);
  9. «Фарҳанги мухтасари истилоҳотиумумитехникӣ» (русӣ-англисӣ-тоҷикӣ) (иборат аз 6600 истилоҳ, аз Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур);
  10. «Фарҳанги англисӣ-русӣ-тоҷикӣ ва русӣ-англисӣ-тоҷикии истилоҳоти ғанигардонии канданиҳои фоиданок» (иборат аз 5000 истилоҳ, муроҷиати шаҳрванд Самиҳов Шонаврӯз Раҳимович);
  11. хулоса ба номҳои географии лоиҳаи «Атласи миллии Тоҷикистон» (аз Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, иборат аз 551 истилоҳ);
  12. пешниҳоди хулоса ба забони матни рекламаҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТАГ»;
  13. пешниҳодихулосабаистилоҳи«зоир»ва«зоҳир»тибқимуроҷиатишаҳрвандЭ. Мастонзод;
  14. пешниҳоди хулоса ба калимаҳои «мошин» ва «автомобил» дар асоси муроҷиати шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  15. пешниҳоди хулоса ба калимаҳои «стансия» ва «байторӣ» дар асоси мактуби Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муроҷиати шаҳрванд Карим Ҷӯраев;
  16. пешниҳоди хулоса ба калимаҳои «гибрид» ва «гибридкунонӣ» дар асоси муроҷиати шаҳрванд Мираков Зафар, ноҳияи Сино, шаҳри Душанбе, кӯчаи Борбад 154-54;
  17. хулоса ба забони матни сомонаи Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷинвест» (аз 10-уми июли соли 2015, №1-к/1-6/108);
  18. пешниҳодихулосаоидба «Номгузории тартиби нави номгузории кафедра ва курсҳодарДТИКСТҶТ» (аз 30-юми сентябри соли 2015, №1-356).

Аз инҳо 2 фарҳанг такроран мавриди омӯзиш қарор дода шудааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳангоми пешниҳоди лоиҳаи Фарҳангҳо масъулон ба талаботи қабули ҳуҷҷат дар Кумита риоя намекунанд. Яъне дар бештари маврид муаллифон ва мураттибон бидуни хулоса ва ё тақризи мутахассисон ва қарори Шӯрои олимони донишгоҳу донишкадаҳо ба Кумита пешниҳод менамоянд. Ҳамчунин, агар мураттиб ё муаллиф на кам аз 3 то 7-10 сол китоби худро таҳия карда бошад, мутахассиси шуъба ва аъзои Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳот барои пешниҳоди хулосаи асоснок аз 1 то се моҳ муҳлат доранд. Мутаасссифона, чунин таҷриба барои дар сатҳи зарурӣ коркард ва роҳандозӣ гардидани истилоҳот мусоидат карда наметавонад. Бинобар ин хуб мебуд, ки вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ донишгоҳу донишкдадҳо ва пажӯҳишгоҳҳои илмиву соҳавӣ бо мақсади танзим ва коркарди истилоҳоти соҳавӣ дар ҳар семоҳа ба таври интихобӣ дар ҳаҷми аз 100 то 500 истилоҳ ба Кумита пешниҳод намоянд.

Қобили зикр аст, ки дар соли 2014 (дар соҳаҳои тиббӣ, техникӣ, занбӯрпарварӣ, техникӣ, электротехника ва электроэнергетика) 39672 истилоҳот ва дар соли 2015 (дар соҳаҳои иҷтимоӣ, ҳуқуқ, физика, энергетика ва занбӯрпарварӣ) дар ҳаҷми 99 597 истилоҳ мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода шуд, ки ин нишондод нисбат ба соли 2014 58,8% зиёд мебошад.

Банди 2 (муҳлат 2013). Натиҷаи иҷро: Аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон асноди зарурӣ оид ба таъсиси фаслномаи «Забон ва истилоҳот» таҳия гардидааст. Бинобар норасоии мушкилоти молиявии Кумита фаслномаи мазкур амал наменамояд. Кумита дар нақша дорад, ки барои ҳалли мушкилоти молиявӣ лоиҳаи фаслномаро ба лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои «Консепсияи миллии рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2026» ворид намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

Бандҳои 3, 4, 5 ва 6 (муҳлат 2012-2014). Натиҷаи иҷро: То имрӯз ба хотири ҳамгунсозии истилоҳот дар ҳуҷҷатҳои махсус ва ҳуҷҷатгузории мақомоти ҳокимияти давлатӣ, тадбирҳои мушаххас андешида шудааст.

Дар Раёсати хизмати давлатӣ ва Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ тамоми истилоҳоти коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ ҳамгун сохта шуда, дар асоси талаботи «Дастурамали намунавии коргузорӣ дар вазорату кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми декабри соли 2008, №585 тасдиқ гардидааст, ба роҳ монда шудааст.

Стандартсозии ҳуҷҷатҳои Агентии хизмати давлатӣ ва Донишкада тибқи Дастурамали коргузорӣ дар мувофиқа бо Саридораи бойгонӣ амалӣ мегардад.

Аз ҷониби Агентии хизмати давлатӣ барои нимсолаи якуми соли 2013 аз ҷониби гурӯҳи кории Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи «Фарҳанги истилоҳоти хизмати давлатӣ» омода гардида, барои таҳрири ниҳоӣ пешниҳод шудааст.

Ҳуҷҷатҳои расмии соҳаи хизмати давлатӣ ба забони тоҷикӣ таҳия мегарданд. Дар мавриди аз ташкилоти байналмилалӣ ворид шудани ҳуҷҷатҳои дахлдор ба забони русӣ аз ҷониби воҳиди сохторӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума карда мешаванд. Мукотиба бо ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ва чорабиниҳо тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сурат мегирад.

Вазорати тандурустӣ танзим ва ҳамгунсозии истилоҳоти тиббиро яке аз самтҳои асосии фаъолияти коргузории худ арзёбӣ намуда, дар ин самт фармоишро «Дар бораи созмон додани гурӯҳи кории техникӣ» оид ба тарҷумаи намунаи ҳуҷҷатҳои аввалияи тиббӣ ва ҳисоботӣ, нишондодҳои (индикаторҳои) системаи тандурустӣ ба тасвиб расонидааст. Ҳоло тарҷумаи теъдоди зиёди ҳуҷҷатҳои зикршуда анҷом дода шудааст.

Вобаста ба танзим ва ҳамгунсозии истилоҳоти соҳавӣ аз ҷониби аъзоёни Шӯрои илмӣ-техникии Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2012 барои нашри «Фарҳанги мухтасари тафсирии русӣ ба тоҷикии истилоҳоти сохтмон», ки 4500 истилоҳи сохтмониро дар бар мегирад, иҷозат дода шуд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои стандартсозии ҳуҷҷатҳои идорӣ, тарҷумаи расмии ҳуҷҷатҳои соҳавӣ ба забони давлатӣ, ташкили давраҳои омӯзиши забони давлатӣ дар дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои он тадбирҳои муайян андешида мешаванд.

Дар Вазорат бо мақсади танзим ва ҳамгунсозии истилоҳоти соҳавӣ дар якҷоягӣ бо факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон «Луғати тафсирии русӣ ба тоҷикии калима ва ибораҳои соҳаи иҷтимоӣ» таҳия мегардад.

Дар вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо пешбурди ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ дар асоси Дастурамал оид ба пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ дар муассисаҳои буҷетӣ, ки бо фармоиши Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми декабри соли 2000, №157 тасдиқ шудааст, ба роҳ монда мешавад. Ҳисоботҳои оморӣ дар асоси намунаи тасдиқнамудаи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хонапурӣ карда мешаванд.

Ҳамзамон, оид ба ҳамгунсозии баъзе ҳуҷҷатҳои махсус воҳидҳои сохтории дахлдор вазифадор карда шудаанд.

Қобили тазаккур аст, ки дар аксарияти вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои тарҷумаи ҳуҷҷатҳои соҳавӣ аз забони давлатӣ корҳои зиёд ба анҷом расидаанд.

Чунончи, то ба имрӯз «Дастурамали коргузорӣ дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои давлатӣ ва дигар корхонаву идораҳои зерсохтори он», ки меъёрҳои ягонаи нигориши ҳуҷҷатҳоро дар тамоми сохторҳои нақлиёти кишвар таъмин менамояд, 2 маротиба бо шумораи зиёд ба нашр расидааст.

Дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаклҳои ҳисоботҳои оморӣ ва дастурамалҳои онҳо, дастурамалҳои мансабии кормандон, фармоишҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои соҳавии дохилӣ пурра ба забони давлатӣ омода карда шуда истодаанд. Вобаста ба гузариш аз Таснифоти умумии соҳаҳои хоҷагии халқ (ТУСХХ) ба Таснифоти умумии намуди фаъолияти иқтисодӣ (ТУНФИ) маҷмӯаи «Общий классификатор видов экономической деятельности Республики Таджикистан» ба забони давлатӣ тарҷума ва нашр карда шуд. Нашри маҷмӯаҳои даврии ҳамаи соҳаҳои омор ба забони давлатӣ ба роҳ монда шудааст.

Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ дар ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ дар соли 2014 тарҷумаи Классификатори Аврупоӣ мол, кор ва хизматрасонии иборат аз даҳ ҳазор мавқеи молиро ба забони тоҷикӣ ба нақша гирифтааст.

Дар соли 2013 зиёда аз 46 ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ оид ба нархгузорӣ ва меъёрбандии харҷномавӣ дар сохтмон ба забони давлатӣ тарҷума гардида, ҳамаи онҳо бо фармоиши директори Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-уми ноябри соли 2013, №83/ф тасдиқ гардиданд.

Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар асоси Дастурамали намунавии коргузорӣ дар вазорату идораҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Дастурамали коргузории корхонаро таҳия ва тасдиқ намудааст. Таҳияи чунин Дастурамали намунавии коргузорӣ барои корхонаҳои тобеи соҳа низ ба нақша гирифта шудааст, ки дар рафти таҳияи он талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пурра риоя хоҳад гардид.

Қобили тазаккур аст, ки пас аз тасдиқи Барномаи мазкур бланкҳои мактубу фармоишҳои ташкилоту муассисаҳо, ки қаблан ба забонҳои (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) буданд, ба меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ гардонида шуданд.

Ҳайати Фармондеҳии Гвардияи миллӣ дар масъалаи тарҷумаи расмии ҳуҷҷатҳои соҳавӣ ба забони давлатӣ чораҳои таъхирнопазир андешида, ҳуҷҷатгузорӣ дар ҷузъу томҳои Гвардияи миллӣ пурра ба забони давлатӣ ба роҳ монда шудааст.

Ҷиҳати таъмини тарҷумаи расмии ҳуҷҷатҳои соҳавӣ ба забони давлатӣ дар ҳайати Котиботи Вазорати корҳои дохилӣ бахши тарҷумонӣ фаъолият менамояд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ дар бахши мазкур таҳрир ва ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ карда мешавад.

Дар ин самт аз ҷониби Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Китоби рӯйимизӣ барои истифодабарии ташкилотҳои ҷамъиятӣ бо номи «Ҳуҷҷатгузорӣ дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ба нашр расид.

Дар шуъбаи котиботи Вазорати энергетика ва саноат мутахассис оид ба тарҷумаи расмии ҳуҷҷатҳои соҳавӣ ба забони давлатӣ ба тариқи шартномавӣ ба кор гирифта шудааст.

Бонки миллии Тоҷикистон таҳия ва тарҷумаи расмии аксари ҳуҷҷатҳои ҳисобдорӣ, назорати бонкӣ, амалиёти бонкдорӣ, мактубҳои расмии бонкдорӣ ва дар маҷмӯъ ҳамаи фаъолияти бонкдорӣ, молиявӣ ва иқтисодиро ба забони давлатӣ анҷом додааст. Ҳамгунсозии истилоҳоти бонкдорӣ, оморӣ ва шаклҳои ҳисобдорию ҳисоботдиҳӣ дар низоми бонкдории мамлакат идома дорад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ аз 8-уми июли соли 2014, №14 Дастурамал “ Дар бораи тартиби муайян намудани сатҳи донистани забони давлатӣ аз ҷониби номзадҳо ба аъзогии Маҷлиси миллӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо ва ҷамоатҳо” тасдиқ карда шуд.

Дар Кумитаи андоз ва мақомоти ҳудудии андоз коргузорӣ пурра бо забони давлатӣ ба роҳ монда шуда, дар ин замина варақаҳои мактубу фармоишҳо, маълумотномаву гувоҳномаҳо, санаду иқтибосҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои коргузорӣ танҳо бо забони давлатӣ ба тасвиб расонида,мавриди истифода қарор дода шудаанд.

Ҳамзамон, дар Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳо мутобиқ ба меъёрҳои қабулгардида, бахусус дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллӣ ваАгетии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, дар Академия мутобиқи онҳо коргузорӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар соли 2015 дар Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди ҲҶТ ва марказҳои вилоятию минтақавии он, ҳамаи ҳуҷҷатҳои коргузории соҳавӣ бо забони давлатӣ тарҷума гардида, давра ба давра ҳуҷҷатҳои махсуси коргузорӣ ба як шакл дароварда шудаанд.

Аз ҷумла, бо мақсади амалӣ намудани Барномаҳои “Таҳияи дастурамалҳои техникӣ барои солҳои 2013 ва 2016” дар Агентӣ ёздаҳ дастурамалҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва якчанд ҳуҷҷатҳои меъёрию техникии дигар бо забони давлатӣ тарҷума гардида, мавриди истифодаи қарор дода шудаанд.

Ҳамчунин, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, лавҳаю овезаҳо ва навиштаҷоти соҳавӣ ба талаботи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ гардонида шудаанд.

Ҷиҳати таъмин намудани маҳсулоти дар дохили ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда бо борчаспҳо, нархномаҳо ва дастурамалҳо ба забони давлатӣ, бо истеҳсолкунандагон вохӯриҳо ташкил шуда, мунтазам корҳои таблиғотию ташвиқотии сиёсати забони давлатӣ гузаронида мешавад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки Дастурамали техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ” қабул карда шудааст, ки яке аз талаботи он дар борҷомаҳои маҳсулот сабт намудани маълумот дар бораи мол бо забони давлатӣ мебошад ва талаботи мазкур зери назорати доимӣ қарор дорад.

Дар соли 2015 ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ дар Агентӣ ва зерсохторҳои он ҳамасола бо иштироки аҳли кормандон ва иштироки бевоситаи намояндагони Кумитаи забон ва истилоҳот доир ба паҳлуҳои гуногуни татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», бахусус дуруст истифода бурдани калимаҳо, тарзи ҳуҷҷатгузорӣ, риояи талаботи Қонуни мазкур ва арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги миллат мизи мудаввар баргузор намуд.

Кумитаи забон ва истилоҳот, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ҷиҳати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мунтазам ҳамгунсозии истилоҳотро дар ҳуҷҷатгузории махсус ва идории мақомоти давлатӣ назорат мебарад.

Банди 7(муҳлат мунтазам). Натиҷаи иҷро: Масъалаи мубрами дигар дар корбурди забони тоҷикӣ ин риояи ҳатмии меъёрҳои адабӣ дар телевизион, радио ва тамоми воситаҳои ахбори омма маҳсуб мешавад. Забони телевизион ва радио ҳамчун намунаи беҳтарини сабки адабӣ ва забони гуфтории меъёр дониста мешавад. Забони телевизион ва радио бояд мавриди таҳлил ва баррасии ҳамешагии мутахассисон қарор гирад ва аз натиҷаи он гузориш пешниҳод карда шавад.

Яке аз мушкилоти нигаронкунанда ин забони воситаҳои ахбори омма, бахусус забон ва сабки рӯзномаҳои озод маҳсуб мешавад. Дар Барнома ба риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар иртибот ба ин масъала таваҷҷуҳ сурат мегирад.

Ҳамчунин, назорати иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар фаъолияти Муассисаҳои давлатии телевизионии Шабакаи якум, Ҷаҳоннамо, Сафина, Баҳористон, Пойтахт, радиои Ватан, радиои Тоҷик, радиои Садои Душанбе, радиои Имрӯз ва ғайра аз ҷониби мутахассисони Кумита мунтазам назорат бурда мешавад. Дар соли равон 51 барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ оид ба риояи меъёри забони адабӣ бо иштироки кормандони Кумита таҳия ва пахш гардидааст. Дар соли равон чунин барномаҳои телевизионӣ мавриди экспертизаи забоншиносӣ қарор дода шудааст.

Таҳлили забони қисме аз барномаҳои телевизионии Тоҷикистон

(аз 23-юми август то 4-уми декабри соли2014)

Истилоҳҳои нодурусти истифодашуда

Номгӯи

барномаҳо

Таърихирӯз

Истилоҳҳои дурусти пешниҳодшуда

пропускат, светафор, штраф, поварот, пешиход, велосипед

«Сафина»

«Нӯшу неш»

23 .08

роҳ додан,чароғак,ҷарима, гардиш, пиёдагард, роҳрав, гузаргоҳ, дучарха

супермаркет

«Сапедадам»

23.08

Фурӯшгоҳи бузург

шаҳрвандоне, ки дар шаҳр зиндагӣ мекунанд;

ман шаҳрванди ҳамин кӯча;

вақти обед рафтани мардум;

пирожкӣ мепазанд;

заправка.

«Сафина»

«Ҳукм»

9.09

 

22.09

сокиноне, ки дар шаҳр зиндагӣ мекунанд;

 

ман сокини ҳамин кӯча;

вақти ба хӯроки нисфирӯзӣ рафтани мардум;

бичак (чалпак,самбӯса) мепазанд;

нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ.

капитани команда.

«Сафина»

«Заковат»

27.09.

сардори гурӯҳ, ё ин ки сардори даста.

якташа алиш мекнем;

рафтем

«Сафина»

«Сабоҳ»

11.11

як пойро ба ҷои пойи дигар мегузорем;

шурӯъ мекунем.

фасли дай фаро мерасад;

фасли поиз фаро мерасад

«Сафина»

«Сабоҳ»

11.11

фасли зимистон, ё ин ки фасли сармо, фаро мерасад;

фасли тирамоҳи зарнисор, тирамоҳ фаро мерасад (то ин ки ба ҳамагон фаҳмо бошад).

атапленияҳо

 

 

таҷҳизотҳои гармидиҳанда

сангҳо дар навбати кофтуков ба вуҷуд омадаанд

 

 

сангҳоро ҳангоми кофтуков пайдо намуданд

аппаратура

«Сафина»

«Ошёни меҳр»

11.11

таҷҳизоти тиббӣ

дастҳоро ба пушти кала монда

«Сафина»

«Сабоҳ»

15.11

дастҳоро ба паси сар гузошта

Айёми шубоб аст.,

самасабой, конечно, комплимент,

штраф, обезательна, …

«Сафина»

«Айёми шубоб аст»

23.11

«Шубоб» истилоҳи арабӣ аст

номгузории барномаҳо бо забони тоҷикӣ бояд сурат гиранд.

Худазхуд бегуфтугӯ, албатта, илтифот, лутф,ҷарима, ҳатман,…

таблиғот(рекламаҳо)-и Sanam, maккoли, Aziza ва дигар рекламаҳо бо забони русӣ ва бо истилоҳҳои забони хориҷӣ ба бинандагон пешниҳод мешаванд.

 

 

 

 

Хилофи моддаҳои 20

ва 13-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.

ба анҷом пазируфтааст;

категорияи якум;

мошинҳо барои гузаштан роҳат мегарданд

Шабакаи якум «Иншооти аср»

27.10

ба анҷом расидааст;

дараҷаи якум;

 

мошинҳо аз роҳ бе мушкилӣ мегузаштанд

эксперименый сезони ман аст;

отпуск бароям баъд истироҳат мекунам

«Баҳористо»

«1 соат»

23.08

мавсими кори ман аст;

 

рухсатии мехнатӣ бароям…

мултьфилм;

сериал

«Ҷаҳоннамо»

Хабари итилоотӣ

22.09

филми тасвирӣ;

силсилафилм

рабуда шудани кавкаби мошинҳои шоҳзодаи Арабистони Саудӣ

«Ҷаҳоннамо»

ахбор

17.08

рабуда шудани кавкабаи мошинҳои шоҳзодаи Арабистони Саудӣ

мошинро ҳай карда бурдааст;

ошкории ҷиноиро таъмин намудан;

ба озмун шаҳодат медод

Шабакаи якум

«сипар»

4.12

мошинро ронда бурдааст;

ҳолатҳои ҷиноятиро ошкор намуданд;

аз озмун гувоҳӣ медод

ба унвони олӣ ноил гаштан сода набуд;

унвахта;

гуштингпарвар ҳастанд

Шабакаи якум

«Пайки олимпӣ»

4.12

унвони олиро сазовор шудан осон набуд;

онвақта;

намуди варзиши гуштингро меписанданд

анализ кунанд;

 

4.12

ташхис гузаронанд;

дар поёни ҳар барномаи телевизионӣ баранда хитоб мекунад:

«ба шумо бурдбориҳои беназир орзумандем!»

Дар ҳамаи шабакаҳо

 

маънои калимаи «бурдборӣ» «сабр» ва «таҳаммул» аст. Масалан, агар ба ҷои истифодаи ғалати «бурдборӣ» калимаи «муваффақият» истифода мешуд, беҳтар буд.

арзи вуҷуд доштанд;

талаботро қаноат намекунад;

ноадолатона;

дар маъраз гузоштанд;

дар мадди аввал;

боиси тазаккур, боиси ёдоварӣ;

фаъолият бурдан, кор бурдан;

тадрис гирифтан;

ин нуқтаро дар ёд бояд дошт;

ҳаддалимкон;

амалиёти ҷарроҳӣ;

шахсияти юридикӣ

Дар ҳамаи шабакаҳо

 

арзи вуҷуд карданд, ё вуҷуд доштанд;

талаботро қонеъ намекунад;

ноодилона, ё беадолатона;

ба намоиш гузоштанд;

дар навбати аввал;

қобили тазаккур, қобили ёдоварӣ, ё лозим ба ёдоварӣ;

фаъолият кардан, кор кардан;

 

дарс гирифтан, тадрис кардан;

ин нуктаро дар ёд бояд дошт;

 

ҳатталимкон;

амали ҷарроҳӣ;

шахси ҳуқуқӣ

дар шабакаи «Сафина» ва «Баҳористон» ҳар рӯз қариб даҳ соат барномаҳо ба забони русӣ нишон дода мешавад.

Дар

барномаҳои «Сафина» ва «Баҳористон»

 

як филми ҳунариву як бозии футбол қариб чор соатро дар бар мегирад, ки дар як рӯз чанд филми ҳунарӣ аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ пахш мегардад.

маълумоти бозоргонӣ ё таблиғотӣ низ бо ду забон, қариб ки баробар пахш мешавад

Дар ҳамаи шабакаҳо

 

 

 

Бо дарназардошти далелҳои мазкур Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шабакаҳои телевизионӣ ҷиҳати риояи қатъии меъёрҳои забони адабӣ чунин пешниҳод менамояд:

-омӯзиши забони давлатӣ ва қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ барои кормандони шабакаҳои телевизионӣ ба роҳ монда шавад;

-назорати ҷиддии забони филмҳои тарҷумашуда;

-назорати мунтазами забони барномаҳо;

-назорати суханварӣ ва нутқи наттоқон ва барандагони барномаҳои телевизионӣ;

-роҳандозӣ намудани тарғиб ва ташвиқи забони давлатӣ тавассути силсилаи барномаҳо ва роликҳо.

Ин иқдом аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доимӣ буда, меъёри забони воситаҳои ахбори омма мунтазам мавриди омӯзиш ва назорат қарор дорад.

Қобили тазаккур аст, ки соли равон аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии кино ва видеои «Тоҷиккино» Шӯрои бадеӣ таъсис дода шуд ва намояндаи бахши экспертизаи забоншиносии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати он шомил гардид.

Дар ҳама воситаҳои ахбори омма риояи меъёрҳои забони адабӣ ҳатмӣ буда, он тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» амалӣ карда мешавад.

Инчунин, доир ба ин масоил бо ибтикори Кумитаи телевизион ва радио дар Маркази миллии санъатҳои аудиовизуалии кино ва видео барои муҳаррирон ва наттоқони шабакаҳои давлатии телевизион ва радио бо иштироки забоншинос Б.Камолиддинов дарси «Ҳусни баён» гузаронида шуд. Илова бар ин, Кумитаи телевизион ва радио ҷиҳати омӯзиши забони давлатӣ пайваста кормандони худро барои бозомӯзӣ ба курсҳои Маркази миллии санъатҳои аудиовизуалии кино ва видеои Кумита ҷалб месозад.

Банди 8 (муҳлат 2012-2016). Натиҷаи иҷро: Дар Барнома ба чигунагии забони тарҷумаҳои бадеӣ, илмӣ ва тарҷумаи филмҳо, бахусус тарҷумаи филмҳо барои кӯдакону наврасон таваҷҷуҳи лозима сурат мегирад. Дар филмҳои ҳунарӣ ва осори намоишӣ бояд беҳтарин намуна ва сабки забони меъёр истифода шавад ва ин забон аз ҳама гуна унсурҳои бегона ва лаҳҷавии омиёна бояд орӣ бошад.

Бо мақсади назорати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бандҳои 8-и боби IV Нақшаи чорабиниҳои Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016 корманди Кумита Шодиев Ҳайбатулло дар ҷаласаи Шӯрои бадеии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиккино» иштирок намуд. Дар ҷаласаҳои Шӯрои бадеӣ зиёда аз 112 филми аз забонҳои туркӣ, арабӣ, англисӣ ва ҳиндӣ ба забони тоҷикӣ тарҷумашуда, ки аз ҷониби студияҳои «Нурангез», «Арш», «Симо Продакшн», «Килк», «Ҳамсадо», «Тоҷикфилм», «Асар», «Манижа», «Оиша», «Аҷам филм», «Дарвоз филм» ва «Сорбон» пешниҳод гардида буданд, мавриди омӯзиш вабаррасии гурӯҳи корӣ қарор гирифтаанд.

Ҳангоми баррасӣ оид ба истифодаи калимаю ибораҳои забони адабии тоҷикӣ, ифода ва риояи меъёри забони адабӣ эроду пешниҳодҳои мушаххас манзур карда шуд. Пешниҳод ва тавсияҳои додашуда аз ҷониби студияҳои дар боло зикргардида пазируфта шуда, барои соддаю равон ва оммафаҳм гардидани забони тарҷумаи филмҳои пешниҳодшаванда саҳм гузоштаанд.

Аз ҷониби кормандони идораи «Телефилм»-и Шабакаи якуми Телевизиони Тоҷикистон 83 филм ба забони тоҷикӣ тарҷума карда шуданд.

Инчунин дар Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон-Баҳористон» як студияи дубляжи муҷаҳҳаз бо техникаи ҳозиразамон кушода шудааст, ки дар он бештар аз 50 филмҳои мустанад, тасвирӣ ва бадеӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума гардидаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ идораи таҳия ва дубляжи филмҳои Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» 22 филми бадеӣ ва 66 филми мустанадро тарҷума ва пахш намуд, ки давомнокии онҳо ба 2420 дақиқа ё 40 соату 30 дақиқа баробар аст. Ҳамчунин, дар давраи ҳисоботӣ филмҳои бадеии «Доғ», «Орзуи рассом» ва филмҳои «Подош» ва «Танҳоӣ» таҳия ва пешкаши тамошобинон гардиданд. Айни замон наворбардории филмҳои бадеии «Фасли рӯъё» ва «Зани дузд» идома дорад, ки то охири сол ба анҷом мерасад.

Минбаъд ҳар моҳ дар идораи таҳия ва дубляжи филмҳои муассисаи мазкур ду филми бадеӣ ва шаш филми мустанад ба забони тоҷикӣ баргардонда мешавад.

Бандҳои 13, 14, 38 ва 39 (муҳлат 2012-2016). Натиҷаи иҷро: Кумита бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2011, №458 «Дар бораи тасдиқи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» қоидаҳои мазкурро бо теъдоди 1500 нусха дар шакли китобча нашр намуд.

Бо тавсияи Кумита аз ҷониби Вазорати маориф ва муассисаҳои зерсохтори он санади мазкур ба теъдоди 36 000 нусха ба табъ расонида шуда, дастраси муассисаҳои таълимӣ гардид.

Боиси тазаккур аст, ки «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» дар рӯзномаи «Омӯзгори ҷавон»-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ ба табъ расонида шуд. Ҳамчунин, тибқи фармони ректори Донишгоҳи мазкур Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ба теъдоди 1000 нусха чоп карда шуда, дастраси тамоми факултету кафедраҳои таълимӣ гардонда шуд.

Ҳамчунин, «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» дар ҳафтавори «Омӯзгор», маҷаллаҳои «Маорифи Тоҷикистон», «Масъалаҳои маориф» ва рӯзномаву маҷаллаҳои тобеи муассисаҳои таълимӣ ба табъ расонида шуданд.

Дар асоси банди 13-и Нақшаи чорабиниҳои Барномаи рушди забони давлатӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсату шуъбаҳои маориф, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ, ҳамчунин, он муассисаҳои таълимие, ки дар минтақаҳои ақаллиятҳои миллӣ сукунатдошта воқеанд, вазифадор карда шуданд, ки бо дарназардошти дархосту пешниҳоди ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои таъсиси курсҳои омӯзиши забони давлатӣ мусоидат намоянд.

Қобили тазаккур аст, ки то имрӯз дар аксарияти ташкилоту муассисаҳо барои ташкили давраҳои бозомӯзии забони давлатӣ тадбирҳои мушаххас андешида шуданд.

Дар қисми низомии Раёсати қушунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ибтидои сол барои афсарону сарбозон, ки намояндагони халқияту миллатҳои гуногуни сокини ҷумҳурӣ мебошанд, давраҳои омӯзиши забони давлатӣ ташкил гардидааст. Дар Вазорат бахши тарҷумонӣ фаъолият дорад ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ пеш аз ба имзо расидан дар бахши мазкур таҳрир ва ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ карда мешаванд.

Дар қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиа барои сарбозоне, ки забони давлатиро хуб намедонанд, дарсҳои иловагӣ ташкил карда шуд. Барои хизматчиёни ҳарбии Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа ва Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ аз ҷониби ҳайати устодони Донишгоҳи ҳарбӣ курсҳои омӯзиши забони давлатӣ ташкил ва гузаронида шуданд.

Дар технологияҳои компютерии сохторҳои Вазорат шакли электронии «Луғати тоҷикӣ-русӣ ва русӣ-тоҷикӣ» ворид карда шуда, ҳайати шахсӣ ҳангоми фаъолият аз он истифода мебарад ва ба ин васила захираи луғавии худро ғанӣ мегардонад.

Дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида курсҳои омӯзиши забони давлатӣ роҳандозӣ гардидааст. Аз ҷумла, дар КВД «Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳакашию кофтуковӣ» курсҳои доимоамалкунандаи забони давлатӣ барои мутахассисони русзабон амал дорад. Ҳамчунин, мутахассисони ҷавон дар курсҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ низ таҳсил менамоянд.

Ҷиҳати татбиқи Барномаи рушди забони давлатӣ ва бо дарназардошти эҳтиёҷоти мавҷуда аз соли 2011 инҷониб дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон курсҳои омӯзиши забони тоҷикӣ амал мекунанд. Инчунин, ба кормандони Вазорат имкон фароҳам оварда шудааст, ки малакаи забондонии худро дар асоси маводи матбуоти даврӣ, адабиёт ва натиҷаҳои пажӯҳишҳои муосир баланд бардоранд.

Аз соли 2012 то ҳол дар Вазорат 8 курси омӯзиши забонҳои англисию русӣ бо дарназардошти забони тоҷикӣ амал мекунанд, ки дар онҳо зиёда аз 50 нафар кормандони Вазорат иштирок менамоянд. Дар роҳи татбиқи Барномаи рушди забони давлатӣ баргузории курсҳои санъати суханварӣ, маҳорати таҳлилию таҳқиқотӣ, услубшиносӣ ва амсоли ин дар солҳои 2013-2016 дар назар дошта шудааст.

Вазорати корҳои хориҷӣ аз соли 2013 сайти махсуси дохилиро ташкил намуда, бо ин роҳ маводи таълимӣ, аз қабили грамматикаи забони тоҷикӣ, луғатҳои бисёрзабона, санҷишҳо, инчунин адабиётҳои иловагиро пешкаши кормандони худ мегардонад. Чунин тарзи корбарӣ бешубҳа, ба рушди забони тоҷикӣ ва беҳтарсозии сатҳи донишҳои забонии кормандон мусоидат хоҳад кард.

Дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курсҳои махсуси омӯзиши забонҳо амал мекунад. Омӯзиши «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ», талаффуз ва дастури омӯзиши забон дар Марказ дар асоси барномаи таълимӣ аз тарафи устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба роҳ монда шуд. Дар соли ҷорӣ кормандони Марказ тайи се моҳ ба омӯзиши забони давлатӣ фаро гирифта шуданд.

Вобаста ба банди 13-и боби IV Нақшаи чорабиниҳои Барномаи рушди забони давлатӣ бо мақсади таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ донистани забони давлатӣ ва риояи ҳатмии муқаррароти «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» машғулиятҳои касбӣ ташкил карда шудааст.

Дар маркази таълими судяҳои назди Шӯрои адлия барои судяҳо, кормандони Дастгоҳи Шӯрои адлия, кормандони дастгоҳи судҳои шаҳри Душанбе, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, судҳои иқтисодӣ ва ҳарбӣ, дарсҳои омӯзиши забони давлатӣ ва инчунин, забони англисӣ ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, дар соли 2012 ба омӯзиши забони давлатӣ 140 судя ва 420 нафар кормандони дастгоҳи судҳо фаро гирифта шуданд.

Инчунин, соли 2013 дар Суди Олӣ баҳри баланд бардоштани малакаи касбӣ ва такмили ихтисос Нақшаи таълимӣ таҳия шуда, тибқи он дар як моҳ ду маротиба бо кормандони масъули Дастгоҳ семинар-машваратҳо дар мавзӯъҳои вобаста ба «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» ва истифодаи истилоҳоти ҳуқуқӣ дар фаъолияти судӣ гузаронида мешавад. Кормандони масъули Дастгоҳи Суди Олӣ ба курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ҷалб карда шудаанд.

Дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ҳар сол барои донишҷуён дарсҳо иловагии фанни забони тоҷикӣ бо номи “Ҳусни хат ва ҳусни баён”гузаронида мешавад,ки устодони кафедраи “Забон ва адабиёти тоҷик” масъули он мебошанд.

Дар Донишгоҳи давлатии тибби Тоҷикистон ҳамасола курсҳои омӯзиши меъёрҳои забони давлатӣ барои омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ таъсис дода шудааст.

Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон омӯзиши забони давлатӣ ва «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» барои кормандони мақомоти мазкур гузаронида шуд.

Дар Муассисаи давлатии «Маркази таълимӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо»-и Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам омӯзиши забони давлатӣ барои кормандон ба роҳ монда шудааст.

Дар Вазорати корҳои хориҷӣ барои кормандони Дастгоҳи марказии Вазорат аз ҷониби омузгори маркази омӯзиши забонҳо ҳар ҳафта се маротиба бо мақсади баланд бардоштани малакаю дониши кормандон дарсҳо ташкил гардидаанд, ки онҳо натиҷаҳои назаррас дода истодаанд.

Дар курсҳои мазкур дар як вақт 50 нафар кормандони дастгоҳи маркази ба омӯзиши забони давлатӣ фаро гирифта шудааст.

Дар Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши забони давлатӣ барои мутахассисони ғайритоҷик ба роҳ монда шудааст.

Дар Иттифоқи Тоҷикматлубот, муассисаҳои таълимии он- Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишкадаи иқтисод ва савдои шаҳри Хуҷанд ва Литсеи Донишгоҳи давдатии тиҷорати Тоҷикистон омӯзиши забони давлатӣ пурра ба роҳ монда шудааст.

Дар Прокуратураи генералӣ омӯзиши Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ташкил гардида, барои такмили забондонии кормандон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.Инчунин, дар Маркази такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ омӯзиши забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ низ ташкил карда шадааст.

Баъди ворид шудани Барномаи рушди забони давлатӣ дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши забони давлатӣ ба барномаи таълимии фанни тарбияи ватандӯстӣ ворид карда шуд. Ба Барномаи таълимӣ зиёда аз 10 мавзӯъ вобаста ба омӯзиши забони давлатӣ, аз ҷумла омӯзиши «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» ба он ворид гардид, ки дар асоси он дар ҷузъу томҳои Гвардияи миллӣ бо ҳамаи гурӯҳҳои хизматчиёни ҳарбӣ машғулиятҳо ташкил ва гузаронида мешаванд.

Дар Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» курсҳои омӯзиши забони тоҷикӣ ташкил шуда, ҳамаи кормандони русзабон ба омӯзиши забони давлатӣ фаро гирифта шудаанд.

Қобили тазаккур аст, ки дар ҳамаи курсҳои такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ аз ҷониби Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ мавзӯи «Имлои забони тоҷикӣ ва риояи он дар коргузории мақомоти давлатӣ» омӯзонда мешавад.

Аз ҷумла, дар соли 2012 тибқи Нақшаи чорабиниҳо аз ҷониби кафедраи забонҳои Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ омӯзиши «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» барои кормандони Раёсати хизмати давлатӣ ба миқдори 20 соат ва дар тӯли ду моҳ ба роҳ монда шуд. Ҳамчунин, дар магистратураи Донишкада фанни забони тоҷикӣ дар ҳаҷми 32 соат дарс дода мешавад.

Дар Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси омӯзиши забони давлатӣ барои кормандон дар ҳаҷми 20 соат дар моҳҳои июл-августи соли 2012 ташкил гардида, дар он «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» тартиби коргузорию ҳуҷҷатнигорӣ, истилоҳоти маъмули хизмати давлатӣ, тартиби таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ омӯзонда шуд.

Мавзӯи мазкур дар курсҳои такмили ихтисоси хизмати давлатӣ низ омӯзонида мешавад. Инчунин, модули таълими омӯзиши Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016 таҳия шудааст.

Дар Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ омӯзиши Қоидаҳои мазкур дар курси такмили ихтисос барои мутахассисони хадамоти кадрии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия дар мавзӯи «Татбиқи қонунгузории хизмати давлатӣ дар мақомоти давлатӣ» (як ҳафта) ва дар курси азнавтайёркунӣ барои хизматчиёни давлатии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия дар мавзӯи «Асосҳои ҳуқуқии хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (се ҳафта) сурат гирифт.

Соли 2013 низ дар барномаҳои таълимии курсҳои азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ омӯзиши «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» ҷой дода шудааст.

То имрӯз омӯзиши «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти қудратӣ васеъ ба роҳ монда шудааст. Чунончи, дар солҳои 2012-2013 машғулиятҳо барои омӯзиши «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» дар Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон,Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки аъзои гурӯҳи кории имло баргузор гардиданд.

Бо дархости Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 феврали соли равон бо кормандони вазорат ва зерсохторҳои он машварат доир ба “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ” баргузор гардид.

Дар бархе аз мақомот ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса сурат гирифтааст. Ҳамчунон ки Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тазаккур додааст, дар воқеъ, риояи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» дар коргузории Вазорат ва муассисаҳои зерсохтори он яке аз масъалаҳои мавриди нигаронӣ боқӣ монда, роҳбарияти ин муассиса пайваста ба масъулин ҷиҳати ба талаботи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» мутобиқ намудани асноди коргузорӣ супоришҳои алоқаманд ирсол менамояд. Масъалаи мавриди назар дар дастури роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2013, №30/10-2, ки унвонии вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ низ бевосита зикр гардидааст.

Аз ҷониби Кумитаи занон дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ваҳдат, Файзобод, шаҳри Норак ва ноҳияҳои Мӯъминободу Ёвони вилояти Хатлон, шаҳрҳои Исфара, Конибодом, Истаравшан, Хуҷанд ва ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд, ноҳияҳои Рашт, Нуробод ва Тавилдара дар байни аҳолӣ, хусусан дар байни занону духтарон масъалаҳои омӯзонидани забони давлатӣ ба фарзандон, омӯзиш, эҳтиром нисбат ба забони модарӣ ва гиромидошти он, ба таҳсил фаро гирифтани духтарон, суҳбату вохӯриҳо гузаронида шуд.

Дар шаҳраки 64, 65, маҳаллаҳои Шодиёна ва Маърифати ноҳияи Фирдавсӣ барои духтарону бонувон курсҳои кӯтоҳмудати омӯзиши забони тоҷикӣ таъсис дода шудаанд, ки дар онҳо омӯзгорони мактабҳои таҳсилоти умумии №77, 78, 17, 18, 45 таълим медиҳанд.

Дар аксари мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо низ масъалаи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» бо иштироки хизматчиёни давлатӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он, идораҳо, корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ давраҳои омӯзиши забони давлатӣ ташкил карда шуд, ки олимони соҳаи забоншиносӣ оид ба риояи меъёрҳои «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» дарсҳои омӯзишӣ гузарониданд.

Тибқи реҷаи таҳиягардидаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар идораву муассисаҳои вилоят таҳти намояндагии шахсони соҳибихтисос омӯзиши «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» баргузор гардид. Ҳамзамон дар маркази ноҳияи Мурғоб барои шахсони алоҳида низ курсҳои омӯзиши забони давлатӣ ташкил гардид.

Тибқи талаботи банди 39 ҷиҳати ташкили омӯзиши «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» дар ноҳияи Варзоб панҷшанбеи ҳар ҳафта дар маҷлисгоҳи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия рӯзҳои бозомӯзӣ барои кормандони ташкилоту идораҳо ба роҳ монда шудааст, ки дар баробари омӯзиши санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» ба иштирокдорон дарс дода мешавад. Ҳамзамон дар соли 2012 курси 10-рӯзаи «Зан роҳбар» ташкил шуда, ба шунавандагони он дарси «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» омӯзонида шуд.

Кумитаи забон ва истилоҳот «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ»-ро бо замимаи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» бо дастгирии Президенти кишвар ба теъдоди 15 000 (понздаҳ ҳазор нусха) ба нашр расонд.

Ҳамчунин, оид ба иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва меъёрҳои «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» бо иштироки кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиётиҶумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе ва донишгоҳу донишкадаҳо машварату мулоқотҳо баргузор гардид.

Банди 15 (муҳлат 2012-2013). Натиҷаи иҷро: Санҷиш ва омӯзиши вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқи Низомнома яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мегардад.

Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти кишвар фаъолияти Кумита дар ин ҷода пеш аз ҳама ба ислоҳи лавҳаю навиштаҷоти ғалат ва танҳо ба забонҳои бегона мураттабгардидаи муассисаҳои савдо ва хизматрасонии шаҳри Душанбе равона карда шуд. Бо ин мақсад Кумита дар давоми соли 2012 4 маротиба гурӯҳҳои корӣ таъсис дода, дар маҷмӯъ 195 ташкилоту муассиса мавриди санҷиш қарор гирифтанд.

Чунончи, дар асоси Фармоиши раиси Кумита аз 17 апрели соли 2012 №16 аз ҷониби гурӯҳи корӣ вазъи иҷрои моддаҳои 13,18 ва 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 18 то 27 апрели соли 2012 дар муассисаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонии зерини ноҳияи Шоҳмансур мавриди санҷиш қарор дода шуд (Номи муассисаҳо дар шакле, ки рӯзи санҷиш ба қайд гирифта шудааст, бо дарназардошти мухолифатҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғалатҳои ҷойдошта оварда мешавад):

  1. Қаҳвахонаи ЭЛИТ воқеъ дар кӯчаи Айнӣ 27.
  2. Мағозаи КОРОЛЕВА воқеъ дар кӯчаи Лоҳутӣ 12.
  3. Мағозаи КОРЕАНА воқеъ дар кӯчаи Айнӣ 29.
  4. Мағозаи «ALARA» воқеъ дар кӯчаи Айнӣ 29.
  5. Мағозаи ОДЕВАШКА воқеъ дар кӯчаи Айнӣ 29/9.
  6. Мағозаи MELAVITCHAвоқеъ дар кӯчаи Айнӣ 27.
  7. Мағозаи БАХТ воқеъ дар кӯчаи Айнӣ 27.
  8. Қаҳвахонаи УЙГУРКА воқеъ дар кӯчаи Айнӣ 46.
  9. Маркази бизнес СОЗИДАНИЕ воқеъ дар кӯчаи Айнӣ 48.
  10. faberlicвоқеъ дар кӯчаи Айнӣ 50/51.
  11. Мағозаи хӯрокворӣ воқеъ дар кӯчаи Рӯдакӣ 50/51.
  12. АМИРАВТО қисмҳои эҳтиётӣ воқеъ дар кӯчаи Айнӣ 59.
  13. Толори зебоӣ ДИАНА воқеъ дар кӯчаи Айни 59.
  14. ҶДММ «РОСТО» воқеъ дар кӯчаи Айнӣ 59/1.
  15. Маркази дилерии Belineвоқеъ дар кӯчаи Айнӣ 59/1.
  16. Живой уголок воқеъ дар кӯчаи Айнӣ 59/1.
  17. SCHÖNLINE + воқеъ дар кӯчаи Айнӣ 61.
  18. Маркази сайёҳии VIZATOURвоқеъ дар кӯчаи Айнӣ 61.
  19. Ателье «АНЗОР» воқеъ дар кӯчаи Айнӣ 61.
  20. ФОРМУЛА УСПЕХА воқеъ дар кӯчаи Айнӣ 61.
  21. Маркази хизматрасонӣ «AKF» воқеъ дар кӯчаи Айнӣ 65.
  22. ҶДММ “ХУМРИ+К” воқеъ дар кӯчаи Айнӣ 65.
  23. Қаҳвахонаи УМЕДҶОН воқеъ дар кӯчаи Айнӣ 69/53.
  24. РЕКЛАМНОЕ АГЕНТСТВОвоқеъ дар кӯчаи Айнӣ 69/53.
  25. Маркази савдо «ШОҲОНА» воқеъ дар кӯчаи Раҷабов 13.
  26. Маркази таълимии Multikid воқеъ дар кӯчаи Айнӣ 61.
  27. SATURN ONLINE воқеъдаркӯчаиАйнӣ 50/51.

Санҷишмуқаррарнамуд, кидараксариятимуассисаҳоталаботимоддаҳои 13, 18 ва 20 ҚонуниҶумҳурииТоҷикистон «ДарбораизабонидавлатииҶумҳурииТоҷикистон» риоянамегардад. Дарҷараёнисанҷишдар 17 муассисамухолифатҳоиҷойдоштабаҚонуниҶумҳурииТоҷикистон «ДарбораизабонидавлатииҶумҳурииТоҷикистон» бартарафгардид. Бароибартарафнамуданикамбудиҳобамасъулонимуассисаҳоидигармуҳлатдодашуд. БодахолатиКумитаномитеъдодизиёдиинмуассисаҳобаномҳоихушоҳангитоҷикӣивазгардидандваҳамчунинмаводииттилоотӣбароишаҳрвандонбазабонидавлатӣпешниҳодкардашуд.

ДарасосисупоришҳоиНусхаазПротоколимаҷлисиҲукуматиҶумҳурииТоҷикистоназ 30 мартисоли 2012, №3 дармувофиқабороҳбариДастгоҳииҷроияиПрезидентиҶумҳурииТоҷикистонбароисанҷишивазъииҷроиҚонуниҶумҳурииТоҷикистон «ДарбораизабонидавлатииҶумҳурииТоҷикистон», НусхаазПротоколимаҷлисиҲукуматиҶумҳурииТоҷикистоназ 30 октябрисоли 2009 №11, НақшаичорабиниҳооидбаиҷроидастурусупоришҳоиПрезидентимуҳтарамиҶумҳурииТоҷикистонЭмомалӣРаҳмонзимнимулоқотбамуносибатиРӯзизабонидавлатииҶумҳурииТоҷикистон (5 октябрисоли 2010) дарташкилотумуассисаҳовануқтаҳоисавдоюмарказҳоихизматрасониимаишииноҳияҳоиИсмоилиСомонӣ, Шоҳмансур, ФирдавсӣваСиноишаҳриДушанбебоФармоишираисиКумитааз 8 майисоли 2012, №23 гурӯҳикоримуштаракбонамояндагӣазКумитаизабонваистилоҳотиназдиҲукуматиҶумҳурииТоҷикистон, ПрокуратураигенералииҶумҳурииТоҷикистон, КумитаиандозиназдиҲукуматиҶумҳурииТоҷикистон, ХадамотизиддиинҳисорииназдиҲукуматиҶумҳурииТоҷикистон, Марказимиллиииттилоотиюпатентӣ, МақомотииҷроияимаҳаллииҳокимиятидавлатӣдаршаҳриДушанбеваноҳияҳоипойтахттаъсисдодашуд. Азҷонибигурӯҳикорӣаз 10 майто 10 июнисоли 2012 зиёдааз 80 нуқтаҳоисавдовамарказҳоихизматрасонӣдариртиботбамуқарраротимоддаҳои 13, 18 ва 20 ҚонуниҶумҳурииТоҷикистон «ДарбораизабонидавлатииҶумҳурииТоҷикистон» мавридисанҷишқароргирифт. Чунончи (Номимуассисаҳодаршакле, кирӯзисанҷишба қайдгирифташудааст, бодарназардоштимухолифатҳобаҚонуниҶумҳурииТоҷикистон «ДарбораизабонидавлатииҶумҳурииТоҷикистон» вағалатҳоиҷойдоштаовардамешавад):

  1. Тарабхонаи «ДарёиЯнцзы»,воқеъдархиёбониРӯдакӣ 187.
  2. Марказидилерӣ,воқеъдархиёбониРӯдакӣ 185.
  3. Интернет-кафе «Қутбнамо», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 181.
  4. Қаҳвахонаи «CoffeehouseJ&P», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 181/6.
  5. Нуқтаи интиқоли маблағ «ARZONmobile», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 185.
  6. Интернет-кафе «Северный», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 155.
  7. «Восточная шаурма», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 155.
  8. ООО «Гульноз-С», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 183.
  9. Мағозаи сантехникаи туркӣ ва масолеҳи рӯзғор «КАНАТ», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 175.
  10. Кондитерский цех «Тысяча и одна ночь», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 187.
  11. Маркази хизматрасонии «СИЁМА», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 187.
  12. Мағозаи «Фирдавс», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 185.
  13. Маркази таълимии «AVANGARD», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 163.
  14. «Срочное ФОТО», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 157.
  15. Кошонаи ҳусн «Багира», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 161.
  16. Дорухонаи «Эликсир», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 163.
  17. Кошонаи «Нигор», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 163.
  18. ИНТЕРНЕТ КАФЕ, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 181.
  19. Маркази хизматрасонӣ, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 155.
  20. Кошонаи ҳусн «ТАМИРИС», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 155.
  21. Қаҳвахонаи интернет «KAPPA», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 128.
  22. ҶДММ «ИОНА», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 112.
  23. Кафе «ARIRANG», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 96.
  24. «СТОМАТОЛОГИЯ», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 185.
  25. ҶДММ «Формула успеха», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 114.
  26. Мағозаи «МАГНОЛИЯ», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 106.
  27. «Ремонт мобильных телефонов», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 106.
  28. «Срочное ФОТО», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 106.
  29. Ателье «ЗИНАТ», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 91.
  30. «ГАСТРОНОМ», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 88.
  31. Чойхонаи «РОХАТ», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 84.
  32. Толори арӯсии «ЗЕБОСАНАМ», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 96.
  33. Маркази савдои «ВАҲДАТ», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 96.
  34. Мағозаи «ХАЗИНА», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 85.
  35. Молҳои консилярӣ «КОМУС-Т», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 93.
  36. Интернет-кафе, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 134.
  37. ҶДММ «Ирсол», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 155.
  38. «3.7.2. CAFE», воқеъ дар хиёбони Рудакӣ 155.
  39. Мағозаи маводи сохтмонӣ «EVRO», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 175.
  40. «Маркази табобати Чин», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 155.
  41. Интернет-кафе «SATURNonline», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 134.
  42. КВД «Маркази ҷумҳуриявии иттилоот тамоюли ҷавонон «САМТ», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 112.
  43. «FABERLIC», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 114.
  44. «КСЕРОКОПИЯ», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 128.
  45. «ФИТНЕС клуб», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 156.
  46. Мағозаи «ИМПЕРИЯ», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 142.
  47. Кошонаи пардаи «BLAСK&WHITЕ», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 142.
  48. Фирменная аптека «ГЕДЕОН РИХТЕР», ҶДММ «МЕДИКАЛ ФАРМА», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 128-13.
  49. «Кантр.и», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 130.
  50. Кошонаи ҳусн «PRESTIGE», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 142.
  51. Қасри арӯсон «Шоира - люкс», воқеъ дар хиёбони Рудакӣ 91.
  52. Хушкашӯй «White&dry», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 91.
  53. «Арт салон Шодмон», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 95.
  54. Бытовая техника «СИНОН», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 93.
  55. Қаҳвахонаи Fastfood «Zenger», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 91.
  56. Мағозаи «PLAZMA», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 87.
  57. Маркази «ВИДЕО-ГИД», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 91.
  58. Мағозаи «ЭЛЕГАНТbaby», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 66.
  59. Қаҳвахонаи «AQUABAR», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 66.
  60. Маркази ҳусн «YvesPocher», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 66.
  61. Мағозаи либос «CONSjeans», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 66.
  62. Қаҳвахонаи «Segаfredo», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 70.
  63. Маркази савдои «PRESTIGE», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 70.
  64. Мағозаи «ЭЛЕГАНТ», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 66.
  65. Мағозаи «STAR» HomeCoollection, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 70.
  66. Кошонаи ҳусн «ФАЙЗА», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 70.
  67. Мағозаи атриёти «LACITE», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 66.
  68. Мағозаи «BESSINILaBoutique», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 66.
  69. ҶДММ «VERITAS», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 112.
  70. Мағозаи «IAMDIFFERENT», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 114.
  71. Мағозаи таҷҳизоти сохтмонӣ «PETROTALL», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 96.
  72. Маркази Лоиҳаи пешгирии СПИД, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 112.
  73. Маркази хизматрасонии «ПОРТ САИД», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 114.
  74. Мағозаи «Кайнак», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 95.
  75. VipClub «ORASH»,воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 84.
  76. Қаҳвахонаи «КРИСТАЛЛ», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 95.
  77. Магазин «ЕВА»,воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 70.
  78. Қаҳвахонаи «20-солагии Истиқлолият, воқеъ дар» кӯчаи Саид Носир 45.
  79. Маркази интернет «WEB», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 167.
  80. Олами гулҳо «Ясмина», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 89.
  81. Ташкилоти ҷамъиятии «Насли ҷавони Тоҷикистон», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 112.
  82. Маркази савдо «Millenium», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 181.
  83. KabulGallery Кобул «Галлерея», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 89.

Дар ҷараёни санҷиш дар 66 муассиса мухолифатҳои ҷойдошта ба муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бартараф гардид. Ба 19 муассисае, ки номгузорӣ ва маводи иттилоотии онҳо бар хилофи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад, барои бартараф намудани камбудиҳо муҳлат дода шуд. Ҳамчунин, дар давоми санҷиш Кумита барои ин муассисаҳо номҳои зебою хушоҳангро низ тавсия намуд.

Санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар иртибот ба қаҳвахонаҳои «3.7.2. CAFE», марказҳои хизматрасонии «FABERLIC», «КАНТРИ», муассисаи «Хушкашӯй» ва мағозаи гулфурӯшии «ЯСМИНА» ба Прокуратураи шаҳри Душанбе ва Прокуратураи ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои ирсол намудан ба Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе пешниҳод карда шудааст.

Дар асоси Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки 4 октябри соли 2012 зимни мулоқот ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардидаанд ва мутобиқи Фармоиши раиси Кумита аз 9 ноябри соли 2012, №65 «Дар бораи таъсиси гурӯҳи корӣ барои санҷиши вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе» вазъи иҷрои қонун аз 13 то 30 ноябри соли 2012 дар ноҳияҳои мазкур мавриди санҷиш қарор дода шуд. Ин даври санҷиш зиёда аз 80 муассисаро фаро гирифт. Чунончи(Номи муассисаҳо дар шакле, ки рӯзи санҷиш ба қайд гирифта шудааст, бо дарназардошти мухолифатҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғалатҳои ҷойдошта оварда мешавад):

  1. Олами гулҳо «Гулдастаи Роксалана», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 85.
  2. Мағозаи «terra», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 85.
  3. Фурӯшгоҳи рангҳо «TIKKURILA», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 85.
  4. Мағозаи машрубот «TEQULAsunrseluorshop», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 85.
  5. Олами техника, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 79.
  6. Продажа мобильных телефонов, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 81.
  7. Мағозаи «Шаҳзодаи форс», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 81.
  8. Тарабхонаи Salaam Namaste, The Fragrance of India,воқеъдархиёбониРӯдакӣ 81.
  9. Мағозаи «Эмир»,воқеъдархиёбониРӯдакӣ 79.
  10. Марказихизматрасонии «Алооо-express»,воқеъдархиёбониРӯдакӣ 79.
  11. Идораибукмекерӣ, воқеъдархиёбониРӯдакӣ 79.
  12. Мағозаилибосҳоимардонавапойафзол «КАШМИР»,воқеъдархиёбониРӯдакӣ 55/1.
  13. O! DIAMOND,воқеъдархиёбониРӯдакӣ 55/1.
  14. ГУЛҲО «Жасмин»,воқеъдархиёбониРӯдакӣ 37.
  15. Арабскаяшаурма, воқеъдархиёбониРӯдакӣ 37.
  16. Кафе «Жасмин», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 37.
  17. Таъмири телефонҳои мобилӣ, воқеъ дар кӯчаи Бухоро 37.
  18. Таъмири телефонҳои мобилӣ - Салон сотовой связи «ВООМ», воқеъдар кӯчаи Бухоро 37.
  19. Нуқтаи мубодилаи асъор, воқеъ дар кӯчаи Бухоро 37.
  20. Майкада TheWineShop, воқеъ дар кӯчаи Бухоро 37.
  21. Идораи букмекерӣ IRSOL, воқеъ дар кӯчаи Бухоро 37.
  22. Олами атриёт «Лиза», воқеъ дар кӯчаи Бухоро 37.
  23. Кафе «Сан-Тропе», воқеъ дар кӯчаи Бухоро 35.
  24. Продуктовый магазин Biskrem, воқеъ дар кӯчаи Бухоро 35.
  25. Дӯкони хӯрокворӣ, воқеъ дар кӯчаи Бухоро 37.
  26. РАХШ идораи букмекерӣ, воқеъ дар кӯчаи Бухоро 37.
  27. Ошхонаи миллӣ, воқеъ дар кӯчаи Бухоро 37.
  28. Қаҳвахонаи МУ–МУ, воқеъ дар кӯчаи Бухоро 37.
  29. Қаҳвахонаи ЧИПОЛИНО, воқеъ дар кӯчаи Бухоро 37.
  30. ҶДММ «ФАРМИКО», воқеъ дар кӯчаи Бухоро 37.
  31. Мағозаи атриёт «АРОМАТ», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 35.
  32. Маркази интернетии «ШАҲЗОДА», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 37.
  33. Кошонаи ҳусн «ИМИДЖ», воқеъ дар кӯчаи Ш. Ҳусейнзода 18-5.
  34. Мағозаи молҳои рӯзгор «Новая жизнь», воқеъ дар кӯчаи

Истаравшан 15.

  1. Ширкати сайёҳии «Вояж Тоҷикистон», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 35.
  2. Тарабхонаи Шанхай, воқеъ дар кӯчаи Ш. Ҳусейнзода 12.
  3. Мағозаи фурӯши либосҳои кӯдакона «БЕЙБИ-БУМ», воқеъ дар

кӯчаи Ш.Ҳусейнзода 25-1.

  1. Кошонаи ҳусн ва меҳмонхонаи «SAAF», воқеъ дар кӯчаи

Ш.Ҳусейнзода 1.

  1. ҶДММ TRANSAVIA, воқеъ дар кӯчаи Раҷабавҳо 11-26.
  2. Маркази хизматрасонии «КопиЦентр-Политех», воқеъ дар кӯчаи Раҷабовҳо 13.
  3. Кошонаи ҳусн «КАМЕЛИЯ», воқеъ дар кӯчаи Шевченко 44.
  4. Тарабхонаи «AS-SHAM», воқеъ дар кӯчаи Раҷабовҳо 11.
  5. Мағозаи «Шохона» ва Маркази хизматрасонӣ, воқеъ дар кӯчаи академик Раҷабовҳо 13.
  6. Тарабхонаи «АШОКА», воқеъ дар кӯчаи Шевченко11.
  7. Мағозаи хӯрокворӣ, воқеъ дар кӯчаи Шевченко 11.
  8. Мағозаи фурӯши компютерҳо «ULTRA», воқеъ дар кӯчаи Айнӣ 6.
  9. Кошонаи ҳусн «BLACK», воқеъ дар кӯчаи академик Раҷабовҳо 17.
  10. ҶДММ «Zebrapoligraphu», воқеъ дар кӯчаи академик Раҷабовҳо 17.
  11. Табака цыплята, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 30.
  12. Мағозаи либос «Brioni», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 30.
  13. Мағозаи «diva», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 30.
  14. Мағозаи «CLASSIC», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 30.
  15. Маркази интернет «WwW», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 32-32.
  16. Дизайн-студияи «ЛОГО-Сервис», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 32-31.
  17. Каҳвахона РАНДЕВУ, воқеъ дар кӯчаи Нисор Муҳаммад 6/2.
  18. Мағозаи фурӯши компютерҳо «айКом», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 32.
  19. Мағозаи фурӯши пойафзол, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 9.
  20. Таъмири телефонҳои мобилӣ, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 15/1.
  21. Мағозаи Модная точка, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 22.
  22. Ошхонаи миллии ШОҲ, воқеъ дар хиёбони Хусрави Деҳлавӣ 5.
  23. Мағозаи CLIMBER, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 9.
  24. Дорухонаи «ЭЛИКСИР», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 15/1.
  25. Мағозаи бадеъи МОДИЛЬЯНИ, воқеъ дар кӯчаи Нисор Муҳаммад 4 а.
  26. Нуқтаи хизматрасонии КСЕРОКОПИЯ, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 15/1.
  27. Мағозаи Косметикаи белорусӣ, воқеъ дар кӯчаи Айнӣ 29/9.
  28. Мағозаи либос MELAVitca, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 9.
  29. Қаҳвахонаи «DÖNER», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 1/31.
  30. Мағозаи АТИҚАФУРӮШӢ, воқеъ дар хиёбони Рудакӣ 37.
  31. Мағозаи либоси кӯдакона «Ҳабиби», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 9.
  32. Мағозаи БАЗИС-Д, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 32.
  33. Нуқтаи тиҷорат Пираҳан, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 30.
  34. ҶДММ «Хронос», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 32.
  35. БИСТРО ИРАМ, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 30.
  36. Мағозаи GLADRAGS, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 32.
  37. ФОТО, воқеъ дар кӯчаи А. Дониш 5.
  38. Маркази хизматрасонии faberlic, воқеъ дар кӯчаи Аҳмади Дониш 5.
  39. Нуқтаи фурӯши симкортҳо, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 30.
  40. Ксерокопия, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 30.
  41. МАРКАЗИ САВДО Evropa. TJ, воқеъ дар кӯчаи Аҳмади Дониш 19.
  42. Каҳвахона GEORGIACAFЕ, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 35.
  43. Мағозаи либосҳои занона BOUTIQUE, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 9.
  44. Ателье «ПРОСТО МАРИЯ», воқеъ дар кӯчаи Бухоро 37.
  45. ХИМЧИСТКА Хушкашӯй, воқеъ дар кӯчаи Ш.Ҳусейнзода 18.

Дар ҷараёни санҷиш дар 22 муассиса мухолифатҳои ҷойдошта ба муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бартараф гардид. Ба 63 муассисае, ки номгузорӣ ва маводи иттилоотии онҳо бар хилофи муқаррароти Қонуни ҶумҳурииТоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад, барои бартараф намудани камбудиҳо муҳлат дода шудааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки теъдоди зиёди навиштаҷоти ғалат ва лавҳаи номҳои ғайримиллии муассисаҳо бо сарфи маблағи зиёд таҳия ва насб гардидаанд. Дар ҷараёни бақайдгирии ин муассисаҳо ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби мақомоти дахлдор таваҷҷӯҳ дода нашудааст. Табиист, ки ин омил боиси ба миён омадани мушкилоти зиёд ҳангоми бартараф намудани қонунвайронкуниҳо мегардад.

Қобили тазаккур аст, дар давраи ҳисоботӣ кормандони Кумита дар 85 муассисае, ки барои бартараф намудани мухолифатҳои ҷойдошта ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муҳлат дода шуда буд, санҷиши такрорӣ гузарониданд.

Мутобиқи муқаррароти қисми 6 моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳангоми истифодаи забони давлатӣ риояи муқаррароти қоидаҳои имлои забони адабӣ ҳатмӣ мебошад. Ҳамчунин, қисмҳои 1 ва 2 моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» талаб менамояд, ки номгузории муассисаҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ба забони давлатӣ сурат гирад ва ҳамаи лавҳаю овезаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ навишта шаванд. Вобаста ба ин масъала, Кумита аз Ширкати саҳомии холдингии «Барқи тоҷик», Ширкати саҳомии «Тоҷиксодиротбонк», Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Аввалин бонки молиявии хурд» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Созидание» бартараф намудани мухолифатҳои ҷойдоштаро ба қисми 6 моддаи 3 ва қисмҳои 1, 2 моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар иртибот ба навиштаҷоти ин муассисаҳо тақозо намуд. Дар натиҷа, навиштаҷоти Ширкати саҳомии холдингии «Барқи тоҷик» ва «Аввалин бонки молиявии хурд» ба талаботи моддаҳои 3 ва 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ гардонида шуданд. Масъалаи мазкур дар Ширкати саҳомии «Тоҷиксодиротбонк» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Созидание» мавриди баррасӣ қарор дорад.

Ҳамчунин, дар ҳамин давра аз ҷониби кормандони Кумита вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқи Фармоиши раиси Кумита аз 14 сентябри соли 2012, №51 дар ноҳияҳои Нуробод ва Рашт мавриди санҷиш қарор гирифт. Дар ҷараёни санҷиш ба масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияҳои мазкур ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо барои беҳбудӣ бахшидан дар татбиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тавсияҳои мушаххас дода шуд.

Барои риоя нагардидани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқи моддаи 89 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсони воқеӣ ба андозаи аз понздаҳ то бист, барои шахсони мансабдор аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима муайян карда шудааст.

Кумита дар соли 2012 вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар 195 ташкилоту муассисаи ҳудуди шаҳри Душанбе мавриди cанҷиш қарор дод ва ба муассисаҳое, ки иҷрои Қонуни мазкурро таъмин нанамудаанд, баҳри бартараф намудани камбудиҳо муҳлат дода шуда буд.

Дар робита ба ин масъала моҳҳои апрел ва декабри соли 2013 санҷишҳои такрории гурӯҳи кории Кумита оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар иртибот ба номгузории ташкилоту муассисаҳо ва таҳияи лавҳаю овезаҳои нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонии ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе баргузор гардида, муассисаҳое, ки барои бартараф намудани камбудиҳо муҳлат гирифта буданд, мавриди санҷиш қарор гирифтанд.

Бо дахолати Кумита номи теъдоди зиёди ташкилоту муассисаҳо ба номҳои хушоҳанги тоҷикӣ, ба мисли «Королева» ба «Бону», «Аlara» ба«Гулдаста», «Одевашка» ба «Амина», «Олами гӯшт» ба «Мағозаи гӯштфурӯшӣ», «Бистро шарқӣ» ба «Қаҳвахонаи шарқӣ», «FUJIFILM» ба «Фуҷифилм», «FOR MEN» ба «Молҳои мардона», «Chicken» ба «Чӯҷаҳо», «Ласточка» ба «Парасту», «7 континент» ба «Қитъаи 7», «BRIONI» ба «Пироҳан», «Продажа компьютеров» ба «Мағозаи фурӯши компютерҳо», «Магазин компьютерных игр» ба «Мағозаи бозиҳои компютерӣ», «Книжный магазин» ба «Мағозаи китобфурӯшӣ», «EXCHANGE OFFICE» ба «Нуқтаи мубодилаи асъор», «Қаҳвахонаи «КАРРА» ба «Қаҳвахонаи «Сабрина», «Ясмина» ба «Ёсуман», олами гулҳо «Жасмин» ба олами гулҳои «Ёсуман», кафе «Жасмин» ба қаҳвахонаи «Ёсуман», «Лиза» ба «Лола», «ЧИПОЛИНО» ба «Эркинҷон», «Ателье «Просто Мария» ба «Коргоҳи дӯзандагии «Сайёра», «Новая жизнь» ба «Ҳаёти навин» ва ғ. иваз гардиданд ва ҳамчунин маводи иттилоотӣ барои шаҳрвандон ба забони давлатӣ пешниҳод карда шуд. Маводи иттилоотии мағозаҳои «Му-му» ва «Шоҳона», тарабхонаи «Шанхай», мағозаи фурӯши пойафзол, косметикаи белорусӣ, нуқтаҳои фурӯши симкортҳо тибқи моддаҳои 13 ва 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба забони давлатӣ пешниҳод гардид.

Кормандони Кумита дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи кории назди Вазорати тандурустӣ аз 17 то 29 апрели соли 2013 вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2011, №458 «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2012, №335 «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016»-ро дар муассисаҳои тандурустии мавриди санҷиш қарор доданд:

1. Академияи илмҳои тиб.

2. Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон.

3. Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии

кормандони тибби Тоҷикистон.

4. Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология.

5. Пажӯҳишгоҳи тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинотологии Тоҷикистон.

6. Пажӯҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй.

7. Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ.

8. Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

9. Маркази тиббии шаҳрӣ.

10. Маркази миллии ташхис.

11. Маркази саломатии шаҳрӣ.

12. Маркази саломатии шаҳрии №1.

13. Маркази саломатии шаҳрии №4.

14. Маркази саломатии шаҳрии №6.

15. Маркази саломатии шаҳрии №7.

16. Маркази саломатии шаҳрии №12.

17. Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои касбӣ.

18. Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон.

19. Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои чашм.

20. Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории СПИД.

21. Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои пӯст ва узвҳои таносул.

22. Маркази ҷумҳуриявии тарзи ҳаёти солим.

23. Маркази ҷумҳуриявии мубориза бо бемориҳои тропикӣ.

24. Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологии ба номи профессор М.Ғ. Ғуломов.

25. Маркази ҷумҳуриявии худмаблағгузории бемориҳои сутунмӯҳра.

26. Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ.

27. Маркази ҷумҳуриявии клиникии «Урология».

28. Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои сил.

29. Маркази ҷумҳуриявии кори ҳамширагӣ.

30. Маркази шаҳрии илмии эҳё ва детоксикатсия.

31. Беморхонаи клиникии шаҳрии №5 ба номи академик К.Т. Тоҷиев.

Санҷиш муайян намуд, ки дар муассисаҳои зертобеи Вазорати тандурустӣ вазъи иҷрои Қонун дар сатҳи зарурӣ нест. Давраҳои бозомӯзии забони давлатӣ, ки барои кормандони соҳа хеле муҳим аст, ташкил карда нашудааст. Дар ҳуҷҷатгузорӣ ғалатҳои имлоӣ дида мешавад. То ҳанӯз ҳам дар баъзе аз муассисаҳои тандурустӣ қисме аз бланкҳои коргузорӣ ба забони русӣ истифода мегардад. Масъалаи мазкур санаи 4 июни соли 2013 дар ҷаласаи васеи Ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд ва тибқи қарори ҷаласа ба роҳбарони муассисаҳои зертобеи Вазорат барои бартараф намудани камбудиҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Кумита баррасии натиҷаи фаъолияти массисаҳои тандурустиро дар самти бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта аз тариқи санҷишҳои такрорӣ ба нақша гирифтааст.

Инчунин гурӯҳи кории Кумита аз 11 июн то 29 июни соли 2013 оид ба вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016 дар шаҳрҳои Хуҷанд, Қайроққум ва ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд санҷиш гузаронид.

Дар ҷараёни санҷиш муқаррар гардид, ки аксар вақт дар таҳияи лавҳаю овезаҳо муқаррароти моддаҳои 13 ва 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» риоя намегардад. Чунончи, дар шаҳрҳо ва ноҳияи номбурда лавҳаю навиштаҷот ва номи ташкилоту муассисаҳо дар рӯзи санҷиш дар шакли зер ба қайд гирифта шуд:

 

Шаҳри Хуҷанд

1. СЕРЕБРО.

2. предоставляет АВИАБИЛЕТ В КРЕДИТ!.

3. ҶДММ ТКХ Хубҷамъ-ООО МЗО «Хубҷамъ».

4. АТЕЛЬЕ Aziz&Co.

5. РЕСТОРАН ОМАР ХАЙЯМ.

7. Дорухона АВИЦЕННА №5 АПТЕКА.

8 НУҚТАИ МУБОДИЛАИ ИВАЗИ АСЪОР «КАПИТАЛ ПЛЮС».

9. Импулс серебро.

10. CAFE ISTANBUL.

11. TOMIS СТРОИТЕЛЬНЫЕ И ОТДЕЛОЧНЫЕ МАТЕРИАЛЫ.

12. ГОСТЕХОСМОТР.

13. FIDAN Bona либосҳои занона постельное белье и

полотенца.

14. АZIZA.

15. OXUS.

16. PULATOV' S SCHOOL KHUJAND.

17. GOETHE GYMNASIN.

18. БӮВОҶОН.

19. МУҲАӢЁ.

20. ҚУЯНБИРЁН.

 

Шаҳри Қайроққум

1. ҶДММ «МИН».

2. Чойхонаи ПОПЛАВОК.

4. Дамский салон.

5. АДРАСМАНСКИЙ ГОРНО-ОБОГАТИТЕЛЬНЫЙ

КОМБИНАТ.

6. Комплекси «СОҲИЛ».

7. КОШОНАИ ХУСН Шукрона.

8. ҶДММ «ШАРҚ ОЙЛ»

 

Ноҳияи Ҷаббор Расулов

1. Сехи дӯзандагии Хуршида.

2. Раҳимий.

3. Ромашка.

4. Ошхонаи миллии Хумо.

5. Меҳнат фахрийси Абдуманнон Қодиров номли кӯча.

6. Фотолаборотория - рухсатсиз кирманг.

Ҳамчунин, муайян гардид, ки номҳои зиёди ташкилоту муассисаҳо бар хилофи моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шуъбаи бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии нозироти андози шаҳри Хуҷанд ба қайд гирифта шудаанд. Мисол:

  1. ҶДММ «Нектранс».
  2. ҶДММ «Абдулаким».
  3. ҶДММ «Нуркабел».
  4. ҶДММ «ИЛНУР».
  5. ҶДММ «САЛОМ ПЛЮС».
  6. ҶДММ «ШМФ».
  7. ҶДММ «ОРТЕКС».
  8. ҶДММ «ҶАВОНИ И».
  9. ҶДММ «АРАЛ АВТО».
  10. ҶДММ «НАСУЛЛО».
  11. ҶДММ «ТТМ».
  12. ҶДММ «АНСИТУ».
  13. ММ «КЕДР».

Санҷиш муқаррар намуд, ки бланки мактуб ва матни муҳру тамғаҳои бархе аз ташкилоту муассисаҳо ба ду забон таҳия шудаанд. Дар таҳияи баъзе аз санадҳо то ҳанӯз аз ҳуруфи тоҷикии компютерӣ истифода бурда намешавад, гарчанде компютерҳои муассисаҳо бо ҳуруфи тоҷикӣ таъмин гардидаанд.

Дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои мазкур давраҳои бозомӯзии забони давлатӣ ва омӯзиши «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» ташкил карда нашудааст.

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов зарурияти таъсиси марказҳои омӯзиши забони давлатӣ барои ақаллиятҳои миллӣ баръало мушоҳида мешавад.

Аз ҷониби гурӯҳи кории Кумита барои татбиқи самараноки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулини шаҳрҳои Хуҷанд, Қайроққум ва ноҳияи Ҷаббор Расулов дар ҷараёни санҷиш тавсияҳои мушаххас пешниҳод гардид. Ҳамзамон, бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта аз масъулини мақомоти мазкур назорати мунтазам ва ҷиддиро тақозо менамояд.

Барои риояи талаботи моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар номгузории ташкилоту муассисаҳо тавсия дода шуд, ки намояндаи шуъбаи бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии нозироти андоз ба ҳайати Комиссияҳо оид ба татбиқи қонуни мазкур ворид карда шавад.

Фаъолияти Комиссия оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров нисбатан хуб ба роҳ монда шудааст.

Дар баробари ин барои назорати пайгиронаи татбиқи Қонуни мазкур Кумита баргузории санҷишҳои такрориро дар вилоят зарур мешуморад.

Соли 2013 дар ҳамкорӣ бо Прокуратураи ноҳияиИсмоилиСомонӣ вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2011, №458 «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз июни соли 2012, №335 «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияиИсмоилиСомонӣ, қисми мустақили 3-юмиҳарбикунонидашудаиХадамотидавлатииоташнишонииноҳияиИсмоилиСомонӣ, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияиИсмоилиСомонӣ, шуъбаи маорифи ноҳияиИсмоилиСомонӣ, инчунин, 23 муассисаисавдовамарказҳоихизматрасонииҳудудиноҳиямавридисанҷишқарордодашуд. Санҷиш муқаррар намуд, ки татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ин ноҳияи пойтахт суст ба роҳ монда шудааст.

Аз ин рӯ, гурӯҳикорӣ дар иртибот ба лавҳаюовезаҳованомгузории муассисаҳоисавдовамарказҳоихизматрасонӣ 12 санади огоҳӣ тартибдод, ки мутобиқи онбароибартарафнамудани камбудиҳомуҳлатмуқарраргардидааст.

Санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар иртибот ба қисми мустақили 3-юмиҳарбикунонидашудаиХадамотидавлатииоташнишонииноҳияиИсмоилиСомонӣ, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияиИсмоилиСомонӣ ва Шуъбаи маорифи ноҳияиИсмоилиСомонӣ ба Прокуратураи шаҳри Душанбе ва Прокуратураи ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои ирсол намудан ба Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе пешниҳод карда шудааст.

Айни замон бар асоси тавсияҳои гурӯҳикорӣ номгузорииКошонаиҳусн«МАЛИНА» ба«МАЛИКА» иваз карда шуда, навиштаҷоти номи Тарабхонаи «JAMOL» ба «ҶАМОЛ» баргардон шуд. Ғизономаи тарабхонаи «ҶАМОЛ» ва қаҳвахонаи«Питсерия» ба забони давлатӣ тарҷумавапешниҳодгардид.

Дар соли 2013 Кумита дар 266 ташкилоту муассиса оид ба вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» санҷиш гузаронид, ки нисбат ба соли 2012 73 адад зиёд аст.

Дар соли 2013 ном ва маводи иттилоотии 130 ташкилоту муассиса ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ гардонида шуд, ки нисбат ба соли 2012 25 адад зиёд аст.

Қобили қайд аст,ки мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ аз натиҷаи санҷиш баҳри бартараф кардани камбудию қонунвайронкуниҳои дар самти татбиқи Қонуни мазкур ошкоршуда ва сабабу шароитҳои ба содиршавии онҳо мусоидаткарда 126 амр ва 44 пешниҳодро ба тасвиб расонид ва 117 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуда, нисбати 66 ашхос парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз намуд.

Инчунин, гурӯҳи кории Кумита аз 20 то 30 декабри соли 2013 оид ба вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016 дар ноҳияҳои Қубодиён ва Шаҳритузи вилояти Хатлон санҷиш гузаронид.

Дар ҷараёни санҷиш муқаррар гардид, ки аксар вақт дар таҳияи лавҳаю овезаҳо муқаррароти моддаҳои 13 ва 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» риоя намегардад. Чунончи дар ноҳияҳои номбурда лавҳаю навиштаҷот ва номи ташкилоту муассисаҳо дар рӯзи санҷиш дар шакли зер ба қайд гирифта шуд:

Ноҳияи Қубодиён

  1. ҶДММ АЛТЕРНАТИЯ ТҶ.
  2. ВУЛКАНИЗАЦИЯ.
  3. БАЛАНСИРОВКА.
  4. Мелкий ремонт.
  5. Замен масло.
  6. СТОЯНКА.
  7. АВИАКАССА.
  8. ЭЛЕКТРОНАЯ ПОЧТА
  9. СКАНЕР.
  10. СРОЧНОЕ ФОТО.
  11. ALOOO express.
  12. QУБОД-ПЛАСТ.

 

Ноҳияи Шаҳритуз

 

  1. Суратгирхонаи Умедчон
  2. Мағозаи фуруши атриётӣ ШАХНОЗА
  3. Кошонаи Мукарама
  4. Мағозаи хӯроквории САХИ
  5. Свадебный салон ГӮЗАЛ
  6. BOSH ҚИСМҲОИ ЭҲТИЁТӢ BOSH
  7. СУРАТГИРХОНА АЗИЯ
  8. СУРАТИ ФАВРӢ
  9. ВУЛКАНИЗАТСИЯ Балансировка
  10. ТОЛОРИ АРУСИИ СЕВИНЧ
  11. Ҷ.Д.М.М Сино-Авицена
  12. Боғи фарҳанги фароғатии ба номи Худойназаров.
  13. Фаъолияти тибби хусусӣ табобати бемориҳои занона ва ташхиси

фарсафтӣ дар шароити дармонгоҳи ҳуҷраи ташхисию машваратӣ.

  1. Ошхонаи миллӣ (Қрутоб, Шашлык, Окорачка, Пелмен, тухум…).
  2. Нсхабардори (…Чехоли телфонхо, заядник, наушник.
  3. Даъватномахо барои туй ва маракахо, маводхои конселяри).
  4. Ламинация телефон Сабти мусиқӣ.
  5. Суратгирхонаи табассум (Сурати фаври дар 5 дакика).
  6. Ошхона Ҷамъияти матлуботи ноҳияи Шаҳритус.
  7. МХ Осиёи ордӣ.

Ҳамчунин, муайян гардид, ки номҳои зиёди ташкилоту муассисаҳо бар хилофи моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шуъбаи бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии нозироти андози ноҳияи Қубодиён ба қайд гирифта шудаанд. Мисол:

  1. ҶДММ БОЛОШАХР.
  2. ҶДММ ҶАХОНГИР 2013.
  3. ҶДММ ИЛХОМ-2013.
  4. ҶДММ ЗАРИФА-2013.
  5. ҶДММ БАХОР-5.
  6. ҶДММ ҲОЧИ ДАВЛАТ.
  7. ҶДММ ХАФИЗИ.
  8. ҶДММ ҲОЧИ МУКИМ.
  9. ҶДММ ТОЧИР-2013.
  10. ҶДММ БЕХРУЗИ КАМОЛ.
  11. КООПЕРАТИВИ ИСТЕҲСОЛИИ ХУЧАМАТ.
  12. КООПЕРАТИВИ ИСТЕҲСОЛИИ ТАГОЙЗОД.
  13. КООПЕРАТИВИ ИСТЕҲСОЛИИ ЭШОНИ АБДУХОЛИК.
  14. КООПЕРАТИВИ ИСТЕҲСОЛИИ ЧУРА АКА ҶУМАЕВ.
  15. КООПЕРАТИВИ ИСТЕҲСОЛИИ ХОЧИ НАСИМА.

 

Ҷамъиятҳои дорои масъулияташ маҳдуд ва хоҷагиҳои

деҳқони дар ноҳияи Шаҳритуз

  1. КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ МАРКАЗИ ҶАМЪОВАРИИ

ТУХМИ ДАР НОХИЯИ ШАХРИТУЗ

  1. ҶДММ ШАХРИЁР
  2. ҶДММ ҲОҶИ АБДУРАҲмон
  3. ҶДММ ЧОЙХОНАИ МУМИН

 

Аз ҷониби гурӯҳи кории Кумита барои татбиқи самараноки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дар ҷараёни санҷиш тавсияҳои мушаххас пешниҳод намуд.

Барои риояи талаботи моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар номгузории ташкилоту муассисаҳо тавсия дода шуд, ки намояндаи шуъбаи бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии нозироти андоз бо Комиссияи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба татбиқи Қонуни мазкур ҳамкорӣ намояд.

Дар таҳияи баъзе аз санадҳо то ҳанӯз аз ҳуруфи тоҷикии компютерӣ истифода бурда намешавад, гарчанде компютерҳои муассисаҳо бо ҳуруфи тоҷикӣ таъмин гардидаанд.

Дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои мазкур давраҳои бозомӯзии забони давлатӣ ва омӯзиши «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» ташкил карда нашудааст.

Дар ноҳияҳои мазкур зарурияти таъсиси марказҳои омӯзиши забони давлатӣ барои ақаллиятҳои миллӣ баръало мушоҳида мешавад.

Аз ҷониби гурӯҳи кории Кумита барои татбиқи самараноки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин ноҳияҳои Қубодиён ва Шаҳритуз дар ҷараёни санҷиш тавсияҳои мушаххас пешниҳод гардид.

Мутобиқи маълумоти Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013 барои риоя нагардидани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо моддаи 89 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 69 парванда баррасӣ карда шуда, нисбати 5 нафар огоҳӣ ва нисбати 64 нафар ҷарима таъин гардидааст. Аз маблағи умумии ҷаримаҳои таъин шуда то имрӯз 37 600 сомонӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ пардохт карда шудааст.

Яке аз омилҳои солиёни зиёд ғалат таҳия гардидани матни лавҳаю овезаҳо, навиштаҷоти мағозаю тарабхона ва марказҳои хизматрасонӣ танзим нагардидани фаъолияти Агентиҳои рекламавӣ ҷиҳати риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба шумор меравад. Санҷишҳои Кумита муқаррар сохт, ки дар аксарияти тарабхонаю мағозаҳо ва нуқтаҳои хизматрасонӣ ғизонома, нархномаю номгӯи мавод ва хизматрасонӣ хилофи меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тартиб дода шудааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки теъдоди зиёди навиштаҷоти ғалат ва лавҳаи номҳои ғайримиллии муассисаҳо бо сарфи маблағи зиёд таҳия ва насб гардидаанд. Дар ҷараёни бақайдгирии ин муассисаҳо ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби мақомоти дахлдор таваҷҷуҳ дода нашудааст. Табиист, ки ин омил боиси ба миён омадани мушкилоти зиёд ҳангоми бартараф намудани қонунвайронкуниҳо мегардад.

Санҷиш ва омӯзиши вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқи Низомнома яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Дар соли 2014 бо Фармоиши раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2014, №15 оид ба санҷиши вазъи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» ва супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 ноябри соли 2013, №30/10-4 ҷиҳати иҷрои бечунучарои ҳолати Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ташкилоту муассисаҳо, нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонии маишии новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии ноҳияҳои Сино, Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур ва Фирдавсии шаҳри Душанбе гурӯҳи кории муштарак бо намояндагӣ аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Сино, Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур ва Фирдавсии шаҳри Душанбе таъсис дода шуд. Аз ҷониби гурӯҳи корӣ аз 10 апрел то 11 июни соли равон зиёда аз 231 адад ташкилоту муассисаҳо, нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонӣ дар ҳудуди ноҳияҳои Сино, Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар иртибот ба муқаррароти моддаҳои 13, 18 ва 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди санҷиш қарор гирифт. Чунончи (Номи муассисаҳо дар шакле, ки рӯзҳои санҷиш ба қайд гирифта шудаанд, бо дарназардошти мухолифатҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғалатҳои ҷойдошта оварда мешаванд):

 

Ноҳияи Синои шаҳри Душанбе:

  1. Минимаркет ФУРУҒ Маркази савдо – Олами кудакон, воқеъ дар кӯчаи Деҳи боло 70.
  2. Мағозаи РЕТЕК, воқеъ дар кӯчаи Деҳи боло 186.
  3. ОзмоишгоҳиДиагностики - DIAMED labaratori, воқеъ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ 59а.
  4. Мағозаи SERGE, воқеъ дар хиёбони Нусратулло Махсум 61/1.
  5. Мағозаи SН. FAУZ and Kо, воқеъ дар хиёбони Нусратулло Махсум 61-1.
  6. Мағозаи кӯдакона BABYSHOP, воқеъ дар хиёбони Нусратулло Махсум 61/1.
  7. ҶДММ Элита – Стомотология, воқеъ дар хиёбони Нусратулло Махсум 68.
  8. ООО Насим и Ко. “Моя семья – Оилаи ман,” воқеъ дар хиёбони Нусратулло Махсум 70.
  9. Мағозаи МИНИ Элита МАРКЕТ, воқеъ дар хиёбони Нусратулло Махсум 70.
  10. Тарабхонаи Ғ1, воқеъ дар хиёбони Нусратулло Махсум 61/1.
  11. Маркази интернети PAYVAND, воқеъ дар хиёбони Нусратулло Махсум 75.
  12. Мағозаи техника SAMSUNG, воқеъ дар хиёбони Нусратулло Махсум 75.
  13. Срочное фото, воқеъ дар хиёбони Нусратулло Махсум 75.
  14. Маркази интернетӣ АВАНГАРД, воқеъ дар хиёбони Нусратулло Махсум 75.
  15. Маркази интернет RINGOBET, воқеъ дар хиёбони Нусратулло Махсум 75.
  16. Таъмири телефонҳо «Мобилька-82», воқеъ дар хиёбони Нусратулло Махсум 75.
  17. Мағозаи САНОВБАР, воқеъ дар хиёбони Нусратулло Махсум 198.
  18. Кошонаи ҳусн Хюррем, воқеъ дар хиёбони Нусратулло Махсум 85/1.
  19. Кошонаи ҳусн Изумруд, воқеъ дар хиёбони Нусратулло Махсум 83/1.
  20. Мағозаи АВОМА, воқеъ дар хиёбони Нусратулло Махсум 98.
  21. Дорухонаи Ромашка, воқеъ дар х. Нусратулло Махсум 5.
  22. Тарабхонаи Шахриёр, воқеъ дар хиёбони Нусратулло Махсум 7.
  23. Кошонаи ҳусн ЕВРОСТИЛЬ, воқеъ дар хиёбони Нусратулло Махсум 71/1.
  24. Кошонаи ҳусн Шаноз, воқеъ дар хиёбони Нусратулло Махсум 71/1.
  25. Толори мебели Белорус-Руссия х. Нусратулло Махсум 73/3.
  26. Маркази интернет SATURN, воқеъ дар хиёбони Нусратулло Махсум 85/1.
  27. Мағозаи KIDS, воқеъ дар кӯчаи Шамсӣ-23.
  28. Тарабхонаи BЕLLUCCI, воқеъ дар хиёбони Нусратулло Махсум 77/5а.
  29. Мағозаи №227-Lady М, воқеъ дар кӯчаи Шамсӣ-23.
  30. Мағозаи NЕV YORK, воқеъ дар кӯчаи Шамсӣ-23.
  31. Мағозаи AREZZО, воқеъ дар кӯчаи Шамсӣ-23.
  32. Кошонаи ҳусн INFINIТI, воқеъ дар кӯчаи Шамсӣ-23.
  33. Ширкати сайёҳии СКАЙ Тур,воқеъ дар кӯчаи Шамсӣ-23.
  34. Мағозаи Салон света, воқеъ дар кӯчаи Шамсӣ-23.
  35. Магазин мужской одежды PARIS, воқеъ дар к. Шамсӣ-23.
  36. Дӯкони ЯХМОБ – Коктейль, воқеъ дар кӯчаи Шамсӣ-72/9.
  37. Маркази интернетии NETCITI, воқеъ дар х. Борбад 127/2.
  38. АТЕЛЬЕ, воқеъ дар хиёбони Борбад 133.
  39. Мағозаи АСБОБҲОИ РӮЗҒОР, воқеъ дар х. Борбад 161.
  40. Мағозаи РАКСАНА, воқеъ дар хиёбони Борбад 165.
  41. Маркази хизатрасонии Ксерокопия, воқеъ дар хиёбони Борбад 165.
  42. Мағозаи САИД–Текстиль őzdilek, воқеъ дар кӯчаи Шамсӣ-23.
  43. Дорухонаи Меркурий plus, воқеъ дар хиёбони Нусратулло Махсум 75.
  44. Мағозаи Симбод, воқеъ дар кӯчаи Яккачинор.
  45. Кошонаи ҳусн Александрия, воқеъ дар к. Яккачинор 144/1.
  46. Кошонаи ҳусн Аимма, воқеъ дар кӯчаи Яккачинор 144/1.
  47. Зоомагазин ALLIGATOR, воқеъ дар кӯчаи Яккачинор 144/1.
  48. Мағозаи faberlic воқеъ дар кӯчаи Яккачинор 144/1.
  49. Кошонаи хусн Шахло, воқеъ дар кӯчаи Яккачинор 146/1.
  50. Срочное фото, воқеъ дар кӯчаи Яккачинор 144/1.
  51. Тарабхонаи Кабоб House, воқеъ дар хиёбони Нусратулло Махсум 61/1
  52. Муассисаи давлатии «Боғи ҳайвонот», воқеъ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ 26.
  53. «Боғи ҷавонон», воқеъ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ 14.
  54. Саломатии сибири, воқеъ дар кӯчаи Деҳи боло 186.
  55. Мағозаи молҳои рӯзғор, воқеъ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ 30.
  56. Мағозаи хӯрокворӣ «Мухаммадҷон», воқеъ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ 30.
  57. Дӯкони рӯзномафурӯшӣ, воқеъ дар гузаргоҳи зеризаминии Деҳи боло 187.
  58. Ошхонаи бардами, воқеъ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ 57.
  59. Мағозаи «Хонаи тоза», воқеъ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ 57.
  60. Дорухонаи ҶДММ «Гулмухаммад» Пульс, воқеъ дар хиёбони Исмоили сомонӣ 55.
  61. ҶДММ «Галина» фитнес-клуб, воқеъ дар хиёбони Нусратулло Махсум 61/1.
  62. Мағозаи Умеда, воқеъ дар хиёбони Нсратулло Махсум 61/1.
  63. Мағозаи либосҳои мардона, воқеъ дар хиёбони Нусратулло Махсум 61/1.
  64. ҶДММ Элита Стомотология, воқеъ дар хиёбони Нусратулло Махсум 68-38.
  65. Ремонт ювелирных изделый Заргар, воқеъ дар хиёбони Нусратулло Махсум 72/1.
  66. Олами китоб ва молҳои конселярӣ, воқеъ дар хиёбони Нусратулло Махсум 61/1.
  67. Мағозаи Малайзия, воқеъ дар хиёбони Нусратулло Махсум 71/1.
  68. Мағозаи асбобҳои рӯзгор, воқеъ дар хиёбони Нусратулло Махсум 71/1.
  69. Шаурма по арабскӣ, воқеъ дар хиёбони Нусратулло Махсум 73/3.
  70. Мағозаи детский мебель, воқеъ дар хиёбони Нусратулло Махсум 61.
  71. Мағозаи гулфурӯшӣ, воқеъ дар хиёбони Нусратулло Махсум 73/3.
  72. Толори мебели Белорус-Руссия, воқеъ дар хиёбони Нусратулло Махсум 73/3.
  73. Дукони Мясо- гушт, воқеъ дар хиёбони Нусратулло Махсум 73/3.
  74. ҶДММ Маркази тарҷумонии «Баён», воқеъ дар хиёбони Нусратулло Махсум.
  75. Ашёи конселярӣ, воқеъ дар хиёбони Нусратулло Махсум 75.
  76. Таъмири телефонҳо, воқеъ дар хиёбони Нусратулло Махсум 75.
  77. Марказӣ хизматрасонӣ Срочное фото, воқеъ дар хиёбони Нусратулло Махсум 75.
  78. Срочное фото +маркази иртернетӣ, воқеъ дар хиёбони Нусратулло Махсум 75.
  79. Марказӣ интернети Озод, воқеъ дар хиёбони Нусратулло Махсум 75.
  80. Срочное фото, воқеъ дар хиёбони Нусратулло Махсум 75.
  81. Суратгирхона AZOT, воқеъ дар хиёбони Нусратулло Махсум 75.
  82. Кошонаи хусн «Омина», воқеъ дар хиёбони Нусратулло Махсум 75.
  83. Марказӣ савдои Сифат, воқеъ дар хиёбони Нусратулло Махсум 126.
  84. Толори мебел ROYAL - дар бинои тарабхонаи Гулдаста, воқеъ дар хиёбони Нусратулло Махсум.
  85. Мағозаи Декор, воқеъ дар хиёбони Нусратулло Махсум 61/1.
  86. КВД Почтаи тоҷик Ксерокопия, воқеъ дар хиёбони Нусратулло Махсум 98.
  87. Қурутобхонаи «Орзу», воқеъ дар хиёбони Нусратулло Махсум 89/1.
  88. Мағозаи хӯрокворӣ, воқеъ дар хиёбони Нусратулло Махсум 73/3.
  89. Ксерокопия Ламинация, воқеъ дар хиёбони Нусратулло Махсум 95/1.
  90. Тарабхонаи «Шахриёр». Воқеъ дар хиёбони Нусратулло Махсум 7.
  91. Срочное фото, воқеъ дар хиёбони Нусратулло Махсум 73.
  92. Рахш букмекерская контора, воқеъ дар хиёбони Нусратулло Махсум 5/1.
  93. Агенство по недвижмости воқеъ дар хиёбони Нусратулло Махсум 85.
  94. Срочное фото, воқеъ дар кӯчаи Шамсӣ 26 .
  95. Ремонт обуви, воқеъ дар хиёбони Нусратулло Махсум 83/1.
  96. Дорухона «Мадад», воқеъ дар хиёбони Нусратулло Махсум 83/1.
  97. Кафе Камила, воқеъ дар кӯчаи Шамсӣ 32.
  98. Свежее пиво, воқеъ дар кӯчаи Шамсӣ 26.
  99. Кошонаи ҳусн Нозанин, воқеъ дар кӯчаи Шамсӣ 28.
  100. Маҷмааи савдо ва тиҷорати «Саодат», воқеъ дар кӯчаи Шамсӣ 23.
  101. Мағозаи №255, воқеъ дар Маҷмааи Саодат, кӯчаи Шамсӣ 23.
  102. Мағозаи №262, воқеъ дар кӯчаи Шамсӣ 23.
  103. Мағозаи №254, воқеъ дар кӯчаи Шамсӣ 23.
  104. Мағозаи №364, воқеъ дар кӯчаи шамсӣ 23.
  105. Мағозаи №217, воқеъ дар кӯчаи Шамсӣ 23.
  106. Мағозаи №230, воқеъ дар кӯчаи Шамсӣ 23.
  107. Мағозаи №415, воқеъ дар кӯчаи Шамсӣ 23.
  108. Мағозаи №202, воқеъ дар кӯчаи Шамсӣ 23.
  109. Мағозаи №345 LOUIS VUITTON, воқеъ дар кӯчаи Шамсӣ 23.
  110. Мағозаи №353 CONS Jeans, воқеъ дар кӯчаи Шамсӣ 23.
  111. №345 Ателье мод «Мадина», воқеъ дар кӯчаи Шамсӣ 23.
  112. Мағозаи №202, воқеъ дар кӯчаи Шамсӣ 23.
  113. Мағозаи №160 1001 Майда чуйда, воқеъ дар кӯчаи Шамсӣ 23.
  114. Маркази савдо-Супермаркет, воқеъ дар кӯчаи Шамсӣ 23.
  115. Мағозаи Салон света, воқеъ дар кӯчаи Шамсӣ 23.
  116. Мағозаи №358 Магазин мужской одежды PARIS, воқеъ дар кӯчаи Шамсӣ 23.
  117. Мағозаи «МИР обувь», воқеъ дар хиёбони Борбад 161.
  118. Мағозаи РАКСАНА, воқеъ дар хиёбони Борбад 165.
  119. КСЕРОКОПИЯ, воқеъ дар хиёбони Борбад 165.
  120. Олами сангҳо, воқеъ дар кӯчаи Бобоҷон Ғафуров 36.
  121. ҶДММ АRSHAD Истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ, воқеъ дар

кӯчаи Ҷаббор Расулов 41/1.

  1. Мағозаи Изогам «Лайе Сазан» Шарг, воқеъ дар кӯчаи Ҷаббор Расулов 11.
  2. Мағозаи масолеҳи сохтмонӣ ПАЙМОН, воқеъ дар кӯчаи Ҷаббор Расулов 11.
  3. Мағозаи Бурхон, воқеъ даркӯчаи Асадулло Ғуломов 18 а.
  4. Маркази интернетӣ «OCEAN», воқеъ дар хиёбони Саъдии Шерозӣ 37/2-3.
  5. Мағозаи «Симбод», воқеъ дар кӯчаи Яккачинор 142/1 18 а.
  6. Минимаркет ТАБ Р. ЕН, воқеъ дар кӯчаи Яккачинор 141.
  7. Сервис центр VOLNA, воқеъ дар кӯчаи Яккачинор 144/1.
  8. Мағозаи конселярӣ, воқеъ дар кӯчаи Яккачинор 144/1.
  9. Дӯкони Шаурма, воқеъ дар кӯчаи Яккачинор 144/1.
  10. Мағозаи faberlic, воқеъ даркӯчаи Яккачинор 144/1.
  11. Мағозаи Шоҳона, воқеъ дар кӯчаи Яккачинор 146/1.
  12. Интернет кафе Океан, воқеъ дар кӯчаи Яккачинор 146/1.
  13. Мағозаи хуроквории Сарвиноз, воқеъ дар кӯчаи Яккачинор 146/1.
  14. Кошонаи хусн Шахло, воқеъ дар кӯчаи Яккачинор 146/1.
  15. Срочное фото, воқеъ дар кӯчаи Яккачинор 144/1.
  16. Мағозаи гулҳо, воқеъ дар кӯчаи Яккачинор 146/1.
  17. ПИЦЦА-PIZZA, воқеъ дар кӯчаи Яккачинор 144/1.
  18. Мағозаи фурӯши либосҳои кӯдакона, воқеъ дар кӯчаи Нусратулло Махсум 198$
  19. Кошонаи ҳусн «Feberlic», воқеъ дар кӯчаи Ҷомӣ-10;
  20. Ателе «Мадина», воқеъ дар кӯчаи Ҷомӣ-10.

 

Номгузорӣ ва маводи иттилоотии 141 муассиса бар хилофи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад, барои бартараф намудани камбудиҳо муҳлат дода шуд. Муқаррар гардид, ки баъд аз пешниҳоди тавсияҳои Кумита ном ва маводи иттилоотии 51 муассиса ба талаботи Қонуни мазкур мутобиқ карда шудааст.

Аз ҷумла, масъулони Маркази фарҳангӣ-фароғатии Боғи ҷавонон, Боғи ҳайвонот, Мағозаи №153 (аз Маҷмааи савдо ва тиҷоратии Саодат), лавҳаву овезаҳои худро ба талаботи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ мутобиқ намуда, номгузории як қатор муассисаҳои савдо ба забони давлатӣ тарҷума ва насб гардиданд: Мағозаи Салон света (Толори чароғҳо), Мағозаи Изогам «Лайе Сазан» Шарг ба МАСОЛЕҲИ СОХТМОНӢ (Истеҳсоли Эрон), ҶДММ Гулмухаммад-Пульс ба ҶДММ Гулмуҳаммад-набз, Мағозаи детский мебель ба Олами мебели кӯдакона, Мағозаи Симбод ба Синдбод кошонаи ҳусни «Хюррем» ба «Хуррам».

 

Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе:

  1. Срочное фото, воқеъ дар кӯчаи Мирзо Турсунзода 9.
  2. Маркази тиббӣ-эстетикии «Жасмин», воқеъ дар кӯчаи Мирзо Турсунзода 13/23.
  3. Маркази омузиши забонҳо ва компютер, воқеъ дар кӯчаи Пушкин 13.
  4. ҶДММ «Кони Дон», воқеъ дар кӯчаи Мирзо Турсунзода 21а.
  5. Меҳмонхонаи «Тоҷ палас», воқеъ дар кӯчаи Мирзо Турсунзода 21 б.
  6. Кафе «Славянка», воқеъ дар кӯчаи Бухоро 28.
  7. Маркази омӯзиши забонҳо ва компютер ШАФАҚ, воқеъ дар кӯчаи Пушкин 13.
  8. Мағозаи «Славянка», воқеъ дар кӯчаи Бухоро 28.
  9. Дорухона, воқеъ дар кӯчаи Бухоро 28.
  10. Маркази интернетӣ, воқеъ дар кӯчаи Шота Руставелӣ 226.
  11. Қаҳвахонаи Омар Хаям, воқеъ дар кӯчаи Бухоро 78.
  12. Қаҳвахонаи F-1, воқеъ дар кӯчаи Теҳрон 21.
  13. Қаҳвахонаи халқӣ - PUBLIEPUB,воқеъ дар кӯчаи Бохтар 2.
  14. Мағозаи либосҳои мардона «Принц», воқеъ дар кӯчаи Мирзо Турсунзода 80.
  15. Маҷмӯи солимгардонии «Бахт» дар Маркази равобити пойтахт, воқеъ дар кӯчаи Мирзо Турсунзода 27а.
  16. Ширкати сайёҳӣ «Бипар», воқеъ дар к. Мирзо Турсунзода 45.
  17. Белорусская косметика, воқеъ дар к. Мирзо Турсунзода 45.
  18. Супермаркет «Пойтахт», воқеъ дар к. Мирзо Турсунзода 45.
  19. Кошонаи ҳусн «Каприз Афродиты», воқеъ дар кӯчаи Мирзо Турсунзода 45.
  20. Агентии тарҷумонии «Душанбе», воқеъ дар кӯчаи Мирзо Турсунзода 45.
  21. Тарабхонаи Қишлоқ, воқеъ дар кӯчаи Шириншоҳ Шоҳтемур 59.
  22. Кахвахона Asti, воқеъ дар кӯчаи Шириншоҳ Шоҳтемур 32.
  23. Ширкати сайёхи Aspendostravel, воқеъ дар кӯчаи Шириншоҳ Шоҳтемур 32.
  24. Намоишгоҳ - фурӯшгоҳ Рохи абрешим, воқеъ дар кӯчаи Шириншоҳ Шоҳтемур 32.
  25. Мир самоцветов - Файзи кӯҳсор, воқеъ дар кӯчаи Шириншоҳ Шоҳтемур 32.
  26. Марказӣ савдо «ВАТАН», воқеъ дар кӯчаи Маҳмадалӣ Қурбонов 24.
  27. Тарабхонаи Роҳи абрешим, воқеъ дар кӯчаи Маҳмадалӣ Қурбонов 24.
  28. Мағозаи СЛАДКИЙ МИР - Дунёи ширин, воқеъ дар кӯчаи Шириншоҳ Шоҳтемур 32.
  29. Мағозаи хӯроквори «Аҳмадшоҳ», воқеъ дар кӯчаи Шириншоҳ Шоҳтемур 34.
  30. ООО «Графика-Н», воқеъ дар кӯчаи Шириншоҳ Шоҳтемур 34.
  31. Мағозаи Trend-N, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 64.
  32. Мағозаи либосҳои мардона VitalliRicci, воқеъ дар х.Рӯдакӣ 66.
  33. Мағозаи Элита, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 66.
  34. Мағозаи либосҳо Avesto, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 66.
  35. Мағозаи Элегант baby, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 66.
  36. Коллексияи хонагӣ Star, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 66.
  37. Қаҳвахонаи Вкус *Няшка, воқеъ дар кӯчаи Беҳзод 34.
  38. Дорухонаи ШАБИР, воқеъ дар кӯчаи Мирзо Турсунзода 36.
  39. Мағозаи JOMA, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 85.
  40. AKdenizturkiye (коргоҳи қаннодӣ), воқеъ дар хиёбони

Рӯдакӣ 93;

  1. Тарабхонаи Янсзӣ, воқеъдархиёбониРӯдакӣ 187;
  2. Тарабхонаи «Шаш-беш», воқеъдаркӯчаиКарамов;
  3. Филиали ҶДММ «Билайн», воқеъдархиёбониРӯдакӣ 93;
  4. PIZZA - ПИЦЦА, воқеъдархиёбониРӯдакӣ 93;
  5. Қасри арӯсонШоираЛюкс, воқеъдархиёбониРӯдакӣ 93;
  6. ҶДММ «ИМАЙ» (ХУАВЕЙ), воқеъдархиёбониРӯдакӣ 93;
  7. Ателе Эксклюзив, воқеъдархиёбониРӯдакӣ 93;
  8. МХ «Хушкашӯй», войеъдар хиёбони Рӯдакӣ 93;
  9. МағозаиМЕХХ, воқеъдаркӯчаиАҳрорӣ 140/1;
  10. Дорухонаи Шабир, воқеъдаркӯчаиБохтар 2;
  11. МағозаигулҳоКАПРИС, воқеъдархиёбониРӯдакӣ 62;
  12. МағозаиМодная точка, воқеъдархиёбониРӯдакӣ 76.

 

Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе:

  1. Cofee-shop Espresso, воқеъ дар кӯчаи Академик Раҷабовҳо-5.
  2. Питсерияи вохӯри, воқеъ дар кӯчаи Академик Раҷабовҳо-5.
  3. Супер маркет БЕҲЗОД Маркази савдо, воқеъ дар кӯчаи Беҳзод-2.
  4. Ремонт обуви, воқеъ дар кӯчаи Беҳзод-8.
  5. KINTO, воқеъ дар кӯчаи Беҳзод -2.
  6. Қаҳвахонаи «SHISHA», воқеъ даркӯчаи Беҳзод-2.
  7. Flydubai, воқеъ дар кӯчаи Беҳзод-2.
  8. Женский одежда «Лили», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ -32.
  9. ҚУВВАТ мағозаи хуроки варзиши, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ -32.
  10. RINGOBET ИДОРАИ БУКМЕКИРИ RINGOBETtj БУКМЕКЕР,

воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ -32.

  1. Europe - Chronos Соат ва ҷавоҳирот, воқеъ дар xиёбони Рӯдакӣ -32.
  2. Mr. KING, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ -32.
  3. Магазин «DIVA», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ -32.
  4. CLASSIC женская одежда, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ -32.
  5. LACITE Атриёт ва косметика, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ -32.
  6. ) GLAFRAGS Мағозаи молҳои занона, скидки арзон, воқеъ дар

хиёбони Рӯдакӣ -32.

  1. Олами пойафзол, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ -32.
  2. Мағозаи «Pari» TajBao. Tj., воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ -32;
  3. ҶДММ «Гулмухаммад» Санта-русь-(2) фуруши чакана, воқеъ дар

кӯчаи Нисор Муҳаммад-4 а.

  1. Чуҷаи бирён – Цыплёно табака, Рыбная жарка моҳи зирбон, фарель,

воқеъ дар кӯчаи Нисор Муҳаммад-4 а.

  1. ҶДММ «Трансавия» TRANSAVIA Авиатурагентство, воқеъ дар кӯчаи Нисор Муҳаммад-4 а.
  2. Beauty – фасон, воқеъ дар кӯчаи Нисор Муҳаммад-4 а.
  3. ГАЛЕРЕЯ, толори бадей modigliani, воқеъ дар кӯчаи Нисор

Муҳаммад-4 а.

  1. АКҒ Ширкати сайёҳӣ, воқеъ дар кӯчаи Нисор Муҳаммад-4 а.
  2. МАРКАЗИ САВДО ОСАФ – МИННИ МАРКЕТ, воқеъ дар

кӯчаи Нисор Муҳаммад-4 а;

  1. Мағозаи гулҳои «ЖАСМИН», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ-37;
  2. Қаҳвахонаи «ЖАСМИН», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ-37;
  3. ҶДММ «Тоҷикавиатур», воқеъ дар кӯчаи Ансорӣ-2;
  4. Мағозаи «Москва», воқеъ дар кӯчаи Бухоро-37;
  5. Маркази хидматрасонии фурӯши чиптаҳои «Авиакасса», воқеъ дар кӯчаи Лоҳутӣ-9;
  6. Авиакасса Донавия, дар кӯчаи Лоҳутӣ-9\17;
  7. Авиакасса Трансавиа, воқеъ дар кӯчаи Нисор Муҳаммад-4;
  8. Ошхонаи «Соҳил», воқеъ дар (колхози Росия);
  9. Ошхонаи «Ҳаловат», Авқотҳои кулобигӣ, воқеъ дар (колхози Росия);
  10. Қаҳвахонаи Одноклассники, воқеъ дар кӯчаи Ҷомӣ-10;
  11. Кошонаи ҳусн «Faberlic» воқеъ дар кӯчаи Ҷомӣ-10;
  12. Мағозаи «Келин», воқеъ дар кӯчаи Лоҳутӣ-2;
  13. Тарофаи хизматрасонии «Любой Ҷо», воқеъ дар хиёбони Беҳзод 14.

 

Номгузорӣ ва маводи иттилоотии 25 муассиса бар хилофи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» буда, барои бартараф намудани камбудиҳо муҳлат дода шуд. Бо дахолати Кумита номи теъдоди зиёди ин муассисаҳо ба номҳои хушоҳанги зебои тоҷикӣ, ба мисли «KINTO» ба «Қаҳвахонаи КУТАИСӢ -ХӮРОКҲОИ ГУРҶӢ», «SHISHA» ба «Қаҳвахонаи ШИША», «Питсерияи вохӯри» ба «Ошхонаи вохӯрӣ», «Ремонт обуви» ба «Таъмири пойяфзол», Қаҳвахонаи «ЖАСМИН» ба Қаҳвахонаи «ЁСУМАН», Мағозаи гулҳои «ЖАСМИН» ба Мағозаи гулҳои «ЁСУМАН», Тарофаи хизматрасонии «Любой Ҷо» ба Тарофаи хизматрасонии «Ҳама Ҷо» иваз карда шуданд.

Аз ҷониби мақомоти судӣ дар ин давра барои риоя нагардидани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо моддаи 89 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 адад парванда баррасӣ гардида, аз ин теъдод 19 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо баровардани қарор моҳиятан баррасӣ шуда, маблағи умумии ҷарима 81200 сомониро ташкил медиҳад.

Дар асоси Фармоиши раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-уми июни соли 2014, №44 гурӯҳи корӣ аз 13-ум то 14-уми июни соли ҷорӣ мутобиқи Таъиноти хусусии раиси коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди шаҳри Душанбе Азизов Ш. О. аз 15-уми майи соли 2014 «Оид ба риоя нагардидани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» вазъи иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди санҷиш қарор дод.

Дар асоси Фармоишҳои раиси Кумита дар соли 2014 вазъи иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июни соли 2012, №335 «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, аз ҷумла, шаҳри Роғун ва ноҳияи Тавилдара, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Норак, ноҳияҳои Панҷ ва Носири Хусрави вилояти Хатлон, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд, ҷамоатҳо, шуъбаҳои маориф, муассисаҳои таълимӣ, ташкилоту муассисаҳо, нуқтаҳои савдо, марказҳои хизматрасонии маишӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ мавриди санҷиш қарор дода шудааст.

Соли равон Кумитаи забон ва истилоҳотиназдиҲукуматиҶумҳурииТоҷикистоназ 4-уми июлисоли 2014, №56 гурӯҳикорӣ аз 10-ум ва 11-уми июлисоли 2014 вазъииҷроимуқарраротиҚонуниҶумҳурииТоҷикистон«ДарбораизабонидавлатииҶумҳурииТоҷикистон»-родарМуассисаҳоинашриявии«Маориф» ва нашриявии «Адиб»-ро мавридисанҷишқарордод.

Гурӯҳикорӣкитобҳоидарсии«Забонитоҷикӣ»бароисинфи 7 (муаллиф - Саидамир Аминов, муҳаррир - ФатҳуллоҳиАзиз), «Адабиётитоҷик» - барои синфи 9 (муаллифон - Тӯйчӣ Миров, СуннатуллоҳиДавлатзода) ва«Адабиётитоҷик»бароисинфи 8 (муаллифАбдунабӣСатторзода)-ромавридибаррасии экспертизаи забоншиносӣ қарордод, ки чунин ғалатҳои имлоӣ ва техникӣ даркитобҳоимазкур ошкор гардид:

 

 

Забони тоҷикӣ (синфи 7) Душанбе «Маориф ва фарҳанг» 2013

саҳифа

Шакли ғалат

Шакли дурусти калима

1.

14

калимахоро

калимаҳоро

2.

17

сиҳати

сиҳатии

3.

зири

зери

4.

38

матро

матнро

5.

41

маиби

айби

6.

40

наисед

нависед

 

Адабиёти тоҷик (синфи 8) Душанбе«Маориф» 2014

1.

11

соям

сояаам

2.

8

миллӣ

миллии

3.

7

VI пеш

VI-и пеш

4.

7

331 пеш

331-и пеш

5.

7

асри 1 пеш

асри 1-и пеш

6.

7

IV мелодӣ

IV-и мелодӣ

7.

16

бо пеш хост

ба пеш хост

 

Забони тоҷикӣ (синфи 10) Душанбе«Маориф»2014

1.

2

Ному насаби шогирд

Ному насаби хонанда

2.

12

андуҳи

андӯҳи

3.

14

гундумпая

гандумпая

4.

64

банки

бонки

5.

59

ҷаҳо

ҷойҳо

6.

13

нармӣй

нармӣ

7.

14

а сар

асар

 

Адабиёти тоҷик (синфи 9) Душанбе«маориф» 2014

1.

5

ҷаррори

ҷаррорӣ

 

Ба Муассисаи нашриявии «Маориф» тавсия дода шуд, ки баҳри амалӣ гардидани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар коргузорӣ, лавҳаю овезаҳо, маводи иттилоотии муассисаро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳад, инчунин таҳия ва нашри китобҳои дарсӣ, муҳовараву фарҳангномаҳо ва дигар маводи таълимӣ-методӣ пеш аз табъу нашр бо Кумитаи забон ва истилоҳлоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда шавад.

Мутобиқи Фармоиши раиси Кумита аз 4-уми июли соли 2014, №55 дар бораи санҷиши вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016, нусха аз Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2014, №3, супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 ноябри соли 2013, №30/10-4 ҷиҳати иҷрои бечунучарои ҳолати Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»гурӯҳи корӣ Муассисаи нашриявии «Адиб»-ро мавриди санҷиш қарор дод.

Дар Нашриёт 35 нафар корманд фаъолият менамоянд. Масъалаи татбиқи муқаррароти Қонуни мазкур ба таври зарурӣ роҳандозӣ нагардидааст.

Комиссияи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис нагардидааст, супориши нусха аз Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2014, №3, супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-уми ноябри соли 2013, №30/10-4 дар Муассисаи нашриявии «Адиб» роҳандозӣ нашудааст.

Дар асоси фармоиши раиси Кумита гурӯҳҳои корӣ аз 19-ум то 20-уми августи соли 2014 вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Комрон Агрохолдинг» мавриди санҷиш қарор дод.

Дар асоси Фармоишҳои раиси Кумитаи забон ва истилоҳотиназдиҲукуматиҶумҳурииТоҷикистоназ 25 августи соли 2014, №76, 27 августи соли 2014, №77 ва аз 1-уми сентябри соли 2014, №78 гурӯҳикорӣаз 22-юми август то 3-юми сентябри соли 2014 оид ба ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», иҷрои Нақшаи чорабиниҳои «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016» ва супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 ноябри соли 2013, №30/10-4 ҷиҳати иҷрои бечунучарои ҳолати Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ярмаркаҳои мактабӣ, марказҳои фурӯши китоб ва муассисаҳои табъу нашри шаҳрҳои ХуҷандивилоятиСуғд, ҚӯрғонтеппаваКӯлобивилоятиХатлон ва шаҳри Душанбе санҷиш гузаронида шуд, ки дар он масъалаи табъу нашр ва фурӯши лавозимоти дафтардорӣ ва мактабӣ, аз ҷумла, рӯзномаву дафтарҳо, китобҳои дарсӣ барои хонандагон, ки бо ғалатҳои имлоӣ паҳн гардидаанд, ошкор карда шуданд, ки онҳо дар тамоми кишвар ба фурӯш бароварда шудаанд.

Дар рафти санҷиш муайян гардид, ки бештари маводи дафтардорӣ ва лавозимоти мактабӣ аз ҷониби соҳибкорони номаълуми Тоҷикистон дар хориҷа бо ғалатҳои имлоӣ, техникӣ ва услубӣ нашр гардидаанд, ки барои фурӯш дар ярмаркаҳои мактабӣ, нуқтаҳои савдо, мағозаҳои китоб ва бозорҳои ҷумҳурӣ пешкаш гардидааст, ки хилофи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Ҳамзамон, вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар муассисаҳои табъу нашри Корхонаи воҳиди давлатии «Матбаа»-и шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, Муассисаи «Ношир» ва «Хирадмандони Суғд»-и вилояти Суғд мавриди санҷиш қарор дода шуд.

Дар асоси фармоиши раиси Кумита аз 8-уми октябри соли 2014, №87 гурӯҳҳои корӣ аз 9-ум то 11-уми октябри соли 2014 вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро оид ба тарофаи хизматрасонии «Любой ҷо»-и Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Таком» (Билайн) мавриди санҷиш қарор дод.

Дар рафти санҷиш оид ба фаъолияти тарофаи хизматрасонии «Любой ҷо»-и ҶДММ «Таком» санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, барои ислоҳи он муҳлат дода шуд. Аз ҷониби Ҷамъият ва намояндагиҳои он дар саросари ҷумҳурӣ дар муҳлати кӯтоҳ калимаҳои ғалати хилофи забони меъёр ва омиёнаи тарофаи хизматрасонии «Любой ҷо» ба номи хушоҳанги зебои тоҷикӣ «Ҳама ҷо» ислоҳ гардид. Дар баробари ин оид ба тарофаи хизматрасонии «Любой ҷо» ба раисҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҷониби Кумита барои чораҷӯӣ мактуби расмӣ ирсол гардидааст.

Ҳамзамон, дар асоси фармоиши раиси Кумита аз 18-уми ноябри соли 2014 №108 гурӯҳҳои корӣ оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июни соли 2012, №335 «Дар бораи тасдиқи «Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» аз 20-ум то 23-юми ноябр дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон (ноҳияи Рашт), аз 24-уми ноябр то 2-юми декабри соли 2014 дар ноҳияи Тоҷикобод ва аз 3-юм то 9-уми декабри соли 2014 дар ноҳияи Ҷиргатол ҷамоатҳо, шуъбаҳои маориф, нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонии маишӣ ва ташкилоту муассисаҳои новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, мавриди санҷиш қарор дорад.

Дар асоси фармоиши раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19-уми январи соли 2015, №8 оид ба санҷиши вазъи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», иҷрои банди 15-и боби IV-и «Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» ва супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-уми ноябри соли 2013, №30/10-4 ҷиҳати иҷрои бечунучарои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ташкилоту муассисаҳо, нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонии маишӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ дар ноҳияҳои Сино, Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур ва Фирдавсии шаҳри Душанбе бо намояндагӣ аз Прокуратураҳои ноҳияҳоишаҳриДушанбе, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон гурӯҳи кории муштарак таъсис дода шуд. Аз ҷониби гурӯҳи корӣ танҳо дар соли 2015 78 адад номгузорӣ, эълону рекламаи ташкилоту муассисаҳо, нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонӣ дар ҳудуди ноҳияҳои Шоҳмансур ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар иртибот ба риояи муқаррароти моддаҳои 13, 18 ва 20-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди санҷиш қарор гирифт. Аз ҷумла, (номи муассисаҳо дар шакле, ки рӯзи санҷиш ба қайд гирифта шудааст, бо дарназардошти мухолифатҳо ба Қонуни мазкур ва ғалатҳои ҷойдошта оварда мешаванд):

Ноҳияҳои Шоҳмансур, ИсмоилиСомонӣ ва Фирдавсии

шаҳри Душанбе:

 

  1. КВД «Бозори Шоҳмансур», воқеъ дар кӯчаи Лоҳутӣ, 12.
  2. Элеганти Шоҳмансур – Мағозаи№20, воқеъдарбозориШоҳмансур, кӯчаи Лоҳутӣ, 12.
  3. Дӯконипирошки, воқеъ дар кӯчаиЛоҳутӣ, 12.
  4. Ошхонаи таомҳоимиллииЛоҳутӣ, воқеъ дар кӯчаиЛоҳутӣ, 12.
  5. Растаи гуштфурушон, воқеъ дар БозориШоҳмансур.
  6. Растаи мевафурушон, воқеъ дар Бозори Шоҳмансур.
  7. Растаи чойфурушон, воқеъ дар Бозори Шоҳмансур.
  8. Растаи қандфурушон, воқеъ дар БозориШоҳмансур.
  9. Растаи асалфурушон, воқеъ дар БозориШоҳмансур.
  10. Растаи биринҷфурушон, воқеъ дар БозориШоҳмансур.
  11. НуқтаихизматрасонииОригиналЛаминат, воқеъдаркӯчаиЛоҳутӣ-12.
  12. Мағозаифурӯшидискҳо - Мағозаи№20, воқеъ дарБозори Шоҳмансур.
  13. ҶДММ«Ҷунуни»,воқеъдаркӯчаиАйнӣ, 17.
  14. Маркази хизматрасонии Нусхабардорӣ, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 11.
  15. МағозаиГулҳо, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 9.
  16. ҶДММРаҳмат 2004, воқеъ дар кӯчаи Нисор Муҳаммад, 12.
  17. МағозаиБаҳор, воқеъ дар дар кӯчаи Нисор Муҳаммад, 12.
  18. Мағозаи 29 - Таъмири телефонҳо «Мобилька-82», воқеъ дар хиёбони Нусратулло Махсум, 75.
  19. Мағозаи 25,воқеъ дар бозори Шоҳмансур.
  20. Мағозаи 61, воқеъ дар бозори Шоҳмансур.
  21. Мағозаи 62, воқеъ дар бозори Шоҳмансур.
  22. Мағозаи 47,воқеъ дар бозори Шоҳмансур.
  23. Мағозаи 57, воқеъ дар бозори Шоҳмансур.
  24. Гармоба, воқеъ дар бозори Шоҳмансур.
  25. Дукони тезтайёр, воқеъ дар бозори Шоҳмансур.
  26. Дӯконипойафзолфурӯшӣ, воқеъдарбозориШоҳмансур.
  27. Мағозаимоҳифурӯшӣ№60, воқеъ дар бозори Шоҳмансур.
  28. Мағозаимоҳифурӯшӣ№52,воқеъ дар бозори Шоҳмансур.
  29. Мағозаи№21, воқеъ дар бозори Шоҳмансур.
  30. Маркази хизматрасонии «Чиптаҳоиҳавоӣ», воқеъдаркӯчаи Лоҳутӣ 12.
  31. ҚаҳвахонаиБаракатБистро,воқеъдархиёбони Рӯдакӣ 24.
  32. Мағозаи “I am different”, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 32.
  33. Мағозаи “Парӣ”, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 32.
  34. Мағозаи “manisha”, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 32.
  35. Дорухона, воқеъ дар кӯчаи Нисор Муҳаммад, 12.
  36. Мағозаи “Саёҳ” , воқеъдархиёбониРӯдакӣ, 3.
  37. Хазинадор, воқеъдархиёбониРӯдакӣ, 3.
  38. Мағозаихӯрокворӣ,воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 3.
  39. Маркази савдои Россия, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 3.
  40. МағозаиПичинмичин, воқеъдаркӯчаиС. Айнӣ, 6.
  41. Мағозаи Сувениры, воқеъ дар кӯчаи Бухоро, 51.
  42. Кошонаи ҳусн ЛУИЗА, воқеъ дар кӯчаи Бухоро, 51.
  43. Маркази хӯрокворӣСАБИХАМИНИМАРКЕТ, воқеъдаркӯчаиТурақул Зеҳнӣ 13.
  44. ҶДММСомон-Сайр, воқеъдаркӯчаиБеҳзод 14.
  45. Гимназияи Низомӣ, воқеъдар кӯчаи Мирсаид Миршакар 1.
  46. Қаҳвахонаи Marmara, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 83.
  47. Фурӯшичиптаҳо - ОАО «Агентии алоқаиҳавоӣ», воқеъдаркӯчаиЛоҳутӣ, 19.
  48. Дӯкони ISF, воқеъдаркӯчаиЛоҳутӣ, 5.
  49. Ателеи Зайнаб-бибӣ, воқеъдаркӯчаиХусравиДеҳлавӣ, 9.
  50. Қаҳвахонаи Таъби дил - Вкусняшка, воқеъдаркӯчаиЛоҳутӣ, 34.
  51. Дӯкониҳасибфурӯшӣ, воқеъдаркӯчаиЛоҳутӣ, 34.
  52. Мағозаи фурӯши телефонҳоимобилӣ TAJСЕТЬ, воқеъдархиёбониРӯдакӣ, 10.
  53. Тезтайёр ЗАРАФШОН Бистро, воқеъдархиёбониРӯдакӣ, 4/33.
  54. Парасту Ателеи Ласточка, воқеъдаркӯчаи С. Айнӣ, 6.
  55. Дӯкони Шалтай болтай, воқеъдар кӯчаи Неъмат Қарабоев, 79.
  56. Қасриарӯсон КОБРА Кошонаи ҳусн, воқеъдаркӯчаи Неъмат Қарабоев, 77.
  57. Срочное фото, воқеъдаркӯчаи Фирдавсӣ, 25.
  58. Интернет кафе ХИТ ZОНА бозиҳои комютери, воқеъдаркӯчаи Фирдавсӣ, 25.
  59. Ошхонаи миллии «ХУРШЕД», воқеъдаркӯчаи Фирдавсӣ, 25/1.
  60. Ксерокопия Запись мелодии Ламинатсияи телефонхои мобили, воқеъдаркӯчаи Неъмат Қарабоев, 77.
  61. Мағозаидузандаги“Бону”,(азбозориГанҷина. Н. Фирдавсӣ).
  62. Мағозаи№19 ОламиматовамолҳоизанонаазТуркия, (бозориГанҷина).
  63. Олами матоҳо№15, (бозори Ганҷина).
  64. Мағозаи Ricardo Costa (азбозориГанҷина).
  65. Дукони дузандаги МАРЯМ, (аз бозори Ганҷина).
  66. МХ Срочное фото, воқеъдаркӯчаи Неъмат Қарабоев, 73.
  67. Нуқтаифурӯши дискҳо (роҳизеризаминииназдиСирк).
  68. Мағозаи Bagozza, воқеъдаркӯчаи Неъмат Қарабоев, 5.
  69. Supermarket Somoniyon, воқеъдаркӯчаи Неъмат Қарабоев, 47.
  70. Олотҳоиварзишӣ, воқеъдаркӯчаи Шестопалов, 2.
  71. Ошхонаи Камаров, воқеъдаркӯчаи Бобоҷон Ғафуров, 13 (ноҳияиСино).
  72. Дӯкони пухтупази ДОНЕР, воқеъдаркӯчаи Бобоҷон Ғафуров, 40 (ноҳияиСино).
  73. Дилерский Центр «Азиз», воқеъдаркӯчаи Бобоҷон Ғафуров, 40 (ноҳияиСино).
  74. Ателеи муд Савриниссо, воқеъдаркӯчаи Бобоҷон Ғафуров, 44 (ноҳияиСино).
  75. Мағозаи фурӯши мебел MAESTRO, воқеъдаркӯчаи Бобоҷон Ғафуров, 44 (ноҳияиСино).
  76. Маркази хизматрасонӣ воқеъ дар кӯчаи Беҳзод, 34.
  77. ҶДММ “Сомон – сайр” воқеъ дар кӯчаи Беҳзод, 14
      1. Маркази бозиҳои компютерӣ “ХИТ-ЧОПА” воқеъ дар кӯчаи Фирдавсӣ, 25.

Инчунин, матни навиштаҷоти деворнигораҳои ҶСК «Сементи Тоҷик»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ низ мавриди экспертизаи забоншиносӣ қарор додашуда, аз натиҷаи он ба раиси ноҳияи мазкур мактуб ирсол гардид.

Муқаррар гардид, ки баъд аз пешниҳоди тавсияҳои Кумита ном ва маводи иттилоотии 78 муассиса ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ карда шудааст: Ошхонаи таомҳоимиллии«Лоҳутӣ» ба«Дилписанд», Мағозаи «Саёҳ» ба Мағозаи «Сайёҳ», «Таъби дил» ба «Табъи дил», ҶДММ«Ҷунунӣ», нуқтаҳои савдо ва марказҳоихизматрасонииатрофибозориШоҳмансур ва ноҳияи Исмоили Сомонӣ лавҳаву овезаҳои худро дар доираи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ислоҳ намуда, номгузории як қатор муассисаҳои савдо ба забони давлатӣ тарҷума ва насб гардиданд.

Ҳамчунин, барои риоя нагардидани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар рафти санҷишҳо нисбати соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ 2 санад, 5 огоҳӣ ва 4 протокол, дар ноҳияи Шоҳмансур 41 санад, 5 огоҳӣ, дар ноҳияи Фирдавсӣ 5 огоҳӣ тартиб дода шудааст.

Инчунин, кормандони Кумита дар санҷиши гурӯҳи кории муштарак бо Прокуратураи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дарГимназияибаномиНизомииноҳияи мазкур оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иштирок намуда, аз натиҷаи ин санҷиш Протокол ба Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣбароибаррасӣ ирсол гардид. Дар ин давра 8 муассисаву нуқтаҳоисавдовамарказҳоихизматрасонииноҳияимазкурмавридисанҷиш қарордодашуда, санадиогоҳӣ ва маъмурӣ тартиб дода шуд:

  1. Қаҳвахонаи Mr. Fast, воқеъ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ, 6 (санади огоҳӣ).
  2. Мағозаи фурӯши молҳои чакана, Comfort, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 70 (санади огоҳӣ).
  3. Кошонаи ҳусн “Pariso”, воқеъ дар кӯчаи Шириншоҳ Шоҳтемур, 33 (санади огоҳӣ).
  4. Кошонаи ҳусн “Habibi”, воқеъ дар кӯчаи Шириншоҳ Шоҳтемур 33, (санади огоҳӣ).
  5. МХ Химчистка Хушкашӯй, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 91, (санади маъмурӣ).
  6. Маркази қасри арӯсон “Шоира Люкс” воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 83 (санади маъмурӣ).
  7. Тарабхонаи Салам - Namaste, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 87 (санади маъмурӣ).
  8. Мағозаи фурӯши дискҳо “Горбушка”, воқеъ дар хиёбони Исмоили сомонӣ 4 (санади маъмурӣ).

Дар муҳлати муайян номгузории марказҳои мазкур ба талаботи Қонуни мазкур мутобиқ гардони шуданд.

Мутобиқи фармоиши раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-уми феврали соли 2015, №18 бо мақсади иҷрои банди 15-и боби VI-и Нақшаи чорабиниҳои Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016, супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-уми ноябри соли 2013, №30/10-4 ҷиҳати иҷрои бечунучарои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», нусха аз Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми марти соли 2014, №3, муассисаҳои маишӣ, нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонӣ,новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияиҲисорва ҷамоати деҳотиҲисор, аз ҷониби гурӯҳи корӣ дар ҳайати раиси Кумита Шарофзода Г. – роҳбари гурӯҳ, кормандони Кумита ва намояндагони МақомотииҷроияимаҳаллииҳокимиятидавлатииноҳияиҲисор 32 номгузорӣ ва эълону рекламаи ташкилоту муассиса ва нуқтаҳои савдо мавридисанҷишқарордодашуданд. Аз ҷумла:

  1. МағозаиОламиисломӣ, воқеъдармарказиноҳия.
  2. Мағозаихӯрокворӣ яклухтвачакана, воқеъдармарказиноҳия.
  3. Мағозаи«Дилноза»К, воқеъдармарказиноҳия.
  4. Мағозаи Спутник, воқеъдармарказиноҳия.
  5. Торговый центр «Рамиз», воқеъдарҚалъаиҲисор.
  6. МағозаиИхлос, воқеъдарҚалъаиҲисор.
  7. МамнуъгоҳиҚалъаиҲисор.
  8. ҚурутобхонаиҲисор, воқеъдармарказиноҳия.
  9. МағозаиМанучеҳр, воқеъдармарказиноҳия.
  10. Ателеи дӯзандагӣ Мафтуна, воқеъдармарказиноҳия.
  11. МХ Мобилка, воқеъдармарказиноҳия.
  12. Ксерокопия, воқеъдармарказиноҳия.
  13. Таъмири чархҳо, воқеъдармарказиноҳия.
  14. Стоматология Дандонпизишк, воқеъдармарказиноҳия.
  15. Рекламное агентство, воқеъдармарказиноҳия.
  16. Akfik ва Ксерокопия, воқеъдармарказиноҳия.
  17. Муассисаи таҳсилотимиёнаиуммумии№3-иноҳияи Ҳисор.
  18. Молҳоиконселярӣ, воқеъдармарказиноҳия.
  19. Департаменти давлатии Почтаи тоҷик, воқеъдармарказиноҳия.
  20. Маркази саломатии ноҳияиҲисор, воқеъдармарказиноҳия.
  21. Дорухонаи марказӣ, воқеъдармарказиноҳия.
  22. Самбусаи варақӣ, воқеъдармарказиноҳия.
  23. Мағозаиқисмҳоиэҳтиётӣ, воқеъдармарказиноҳия.
  24. Агентство недвижимости, воқеъдармарказиноҳия.
  25. Молҳоиконселярӣ, воқеъдармарказиноҳия ва ғайраҳо.

Инчунин, кормандони Кумита бо роҳбарии раиси Кумита дар асоси нақша чорабиниҳои Кумита дар семоҳаи дуюм дар донишгоҳҳои шаҳри Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ва Данғара бо донишҷӯён вохӯрӣ гузаронида, оид ба рушду нумӯ ва пос доштани ин муқаддасоти миллӣ суҳбат намуданд.

Қобили зикр аст, ки зимни санҷишҳо дар се ноҳияи шаҳри Душанбе дар маҷмӯъ 65 санад тартиб дода шуд, 25 огоҳии шифоҳӣ ва 7 машварат дода шуд, инчунин1 далели шайъӣ гирифта шуд.

Дар асоси фармоиши раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми марти соли 2015, №30 гурӯҳи корӣ дар ҳайати сармутахассиси шуъбаи танзими истилоҳот Зулфониён Р., – роҳбари гурӯҳ, сармутахассиси бахши экспертизаи забоншиносӣ Давлатшоева М., мутахассиси пешбари бахши экспертизаи забоншиносӣ Сатторов А., узви Шӯрои ҳайати мушовараи Кумита – Абдураҳмонова М., ва намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҲусейновҚ. аз 15-ум то 24-уми апрели соли 2015 вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июни соли 2012, №335 «Дар бораи тасдиқи «Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми декабри соли 2012, №458 «Дар бораи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ», Нақшаи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 4 октябри соли 2012 зимни мулоқот ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нусха аз протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми марти соли 2014, №3 баён гардидаанд, раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди санҷиш қарор доданд.

Гурӯҳи корӣ, инчунин, дар Маркази такмили ихтисос, раёсатҳои баҳисобгирии даромадҳо ва коркарди эъломияҳо, бақайдгирии андозсупорандагон, такмили қонунгузории андоз ва санадҳои меъёрии андоз, хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, шуъбаи кадрҳо, шуъбаи ташкили гардиши ҳуҷҷатҳо ва коргузорӣ, шуъбаи робита бо воситаҳоиахбориомма, шуъбаи умумӣ ва муҳосибот санҷишро гузаронид.

Дар ин давра ошкор гардид, ки дар Кумитаи андоз аз сабаби ба роҳ намондани соатҳои таълимии дарси забони давлатӣ ва омӯзиши Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар мактубҳои содиротии сохтори мазкур ғалатҳои имлоӣ, техникӣ ва мантиқӣ бештар ба мушоҳида мерасанд.

Бо дарназардошти фаъолияти қаноатбахш дар татбиқи сиёсати забони давлатӣ ва риоя накардани моддаи 18-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар равзанаи ягонаи Кумитаи андоз гурӯҳи корӣ ошкор намуд, ки ҳангоми бақайдгирӣ дар номгузории ташкилоту муассисаҳо ва ширкатҳои ватанӣ аксарҚонунимазкурриоянагардида, дар сабти онҳо хатоҳои имлоӣ, мантиқӣ ва унсурҳои бегона вуҷуд доранд.

Мутобиқи фармоиши раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми марти соли 2015, №31 гурӯҳи кории Кумита ва намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми апрел то 8-уми майи соли 2015 вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июни соли 2012, №335 «Дар бораи тасдиқи «Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми декабри соли 2012, №458 «Дар бораи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ», Нақшаи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 4 октябри соли 2012 зимни мулоқот ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нусха аз протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми марти соли 2014, №3 баён гардидаанд, дар Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳриДушанбе» ва Муассисаи табъу нашри ҶДММ “СИП” воқеъдарноҳияиШоҳмансур мавриди санҷиш қарор дод.

Ҳамзамон гурӯҳи корӣ аз 26-уми май то 3-юми июни соли 2015 вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», татбиқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июни соли 2012, №335 «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» аз 4-уми октябри соли 2011, №458 «Дар бораи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» ва иҷрои супоришҳои нусха аз Протоколҳои маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 30-юми марти соли 2012, №3, аз 29-уми июли соли 2012, №7, аз 28-уми марти соли 2013, №3, аз 28-уми марти соли 2014, №3)-ро дар мақомотҳои иҷоияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотумуассисаҳо,муассисаҳоитаълимӣ, нуқтаҳоисавдовамарказҳоихизматрасониимаишӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии шаҳри Хуҷанд, ноҳияҳоиБобоҷон ҒафуровваСпитаменивилоятиСуғд мавриди санҷиш қарор дод.

Дар рафти санҷиш ошкор гардид, ки дар минтақаҳоимазкур ҳанӯз ҳамташкилидавраҳоиомӯзиши забони давлатӣ ва Қоидаҳоиимлоизабонитоҷикӣ дар мақомотваташкилотумуассисаҳо ҷиддӣ ва воқеан ба роҳ монданашудааст. Дармақомотваҷамоатҳои деҳотиноҳияиБобоҷон Ғафуровтоимрӯз аз мавҷудият ва татбиқиНақшаичорабиниҳои “БарномаирушдизабонидавлатииҶумҳурииТоҷикистон барои солҳои 2012-2016”, ки бо қарори Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон аз 30-юми июни соли 2012, №335 ба тасвиб расидааст, хабардор нестанд.

Бо иштироки гурӯҳикорӣ дар ҳаминдавраисанҷишӣ рӯзи 3-юми июни соли 2015 бо устодону донишҷӯёни ДонишгоҳидавлатииХуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуроввохӯрӣ баргузор гардида, аз ҷониби гурӯҳикорӣ ба саволҳоиустодонудонишҷӯён ҷавобҳоимушаххасдодашуд.

Дар ҳамин давра, чунин мулоқотдарноҳияиСпитаменнизбаргузоргардид, кидаронроҳбаронибахшушуъбаҳоимақомотиноҳия, ҷамоатҳоидеҳот,муассисаҳоитаълимӣ ва намояндагони САҲШ-и ҳудудиноҳияимазкуриштироккарда,басаволҳоихуд ҷавоби қонеъгирифтанд.

Инчунин, дар ҳудудишаҳриХуҷанд номи мағозавумарказҳоихизматрасонӣвануқтаҳоисавдобономгузориҳои бегонаву ғайритоҷикӣ насб гардидаву фаъолият менамоянд ва рекламаҳои пурғалатбамушоҳидамерасанд, ки ин хилофи моддаҳои 13 ва 18-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Рӯйхати зерин аз кӯчаҳоиКамолиХуҷандӣ,Р. НабиевваЛенин далели ин санҷишаст:

  1. МағозаиозуқаворииШАФРАН.
  2. МағозаиNATASHA
  3. Метро де Люкс. Мағозаиозуқаворӣ.
  4. Амири
  5. ҶДММ АСТЕРА.
  6. ҶДММ Спутник.
  7. Мағозаи КОЛЕСО
  8. - ХОЛОДНЫ ДОМАШНЫЙ КОМПОТ;
  9. - НАПИТКИ ГАЗ-ВОДА;
  10. - ПОКРАСКА НОМЕРОВ;
  11. - КУЛУБ ХВАКАНТА;
  12. - ТОБИСТОН 2015 ZUHR;
  13. - ИМПЕРИЯ СВАДЕБНОЙ РОСКОШИ;
  14. - ШОИРА ЛЮКС;
  15. - МУЖЧИНАМ ВХОД ЗАПРЕШЕНО;
  16. - нақлиёти хидмати СЛУЖЕБНЫЙ;
  17. - САЛОМ МАН ПОЛВОНЧА.

Мутобиқи фармоиши раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-уми августи соли 2015, №69 гурӯҳи корӣ аз 24-ум то 27-уми августи соли 2015 вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», татбиқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июни соли 2012, №335 «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016»,аз 4-уми октябри соли 2011, №458 «Дар бораи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» ва иҷрои супоришҳои нусха аз Протоколҳои маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 30-юми марти соли 2012, №3, аз 29-уми июли соли 2012, №7, аз 28-уми марти соли 2013, №3, аз 28-уми марти соли 2014, №3)-ро дар мақомот, ташкилотумуассисаҳо,муассисаҳоитаълимӣ, нуқтаҳоисавдовамарказҳоихизматрасониимаишӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Восеивилояти Хатлон мавриди санҷиш қарор дод.

Мутобиқи Фармоиши раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-юми августи соли 2015, №70 гурӯҳи корӣ аз 24-ум то 27-уми августи соли 2015 вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», татбиқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июни соли 2012, №335 «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016»,аз 4-уми октябри соли 2011, №458 «Дар бораи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» ва иҷрои супоришҳои нусха аз Протоколҳои маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 30-юми марти соли 2012, №3, аз 29-уми июли соли 2012, №7, аз 28-уми марти соли 2013, №3, аз 28-уми марти соли 2014, №3)-ро дар мақомот, ташкилотумуассисаҳо,муассисаҳоитаълимӣ, нуқтаҳоисавдовамарказҳоихизматрасониимаишӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ дар ноҳияҳои Фархор ва Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон мавриди санҷиш қарор дод.

Мутобиқи Фармоиши раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми октябри соли 2015, №84 гурӯҳи корӣ аз 26-уми октябр то 26-уми ноябри соли 2015 вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», татбиқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июни соли 2012, №335 «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016», иҷрои супоришҳои нусха аз Протоколҳои маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми марти соли 2014, №3 ва супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-уми ноябри соли 2013, №30/10-4 донишгоҳу донишкадаҳои дар шаҳри Душанбе ҷойгир бударо мавриди санҷиш қарор дод. Аз ҷумла:

  1. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
  2. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ
  3. Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ
  4. Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур
  5. Донишгоҳи ДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино
  6. Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия
  7. Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон
  8. Донишгоҳи технологии Тоҷикистон
  9. Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов
  10. Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода
  11. Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии донишкадаи пӯлод ва хӯлаи шаҳри Москва дар шаҳри Душанбе
  12. Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон
  13. Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон
  14. Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон
  15. Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода
  16. Донишкадаи Исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит
  17. Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе
  18. Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
  19. Донишкадаи идоракунии давлатии назди ПҶТ
  20. Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

 

Таҳлилҳо нишон доданд, ки аз диктанти санҷишии гирифташуда дар муассисаҳои олии шаҳри Душанбе зиёда аз 300-нафар донишҷӯён, 80% баҳои ғайриқаноатбахш гирифтаанд.

Назорати татбиқи Қонуни мазкур аз ҷониби роҳбарони аввали муассисаҳои олии шаҳри Душанбе пурра ҳалли худро наёфтааст.

Ҳамзамон Кумита аз 9-ум то 20-уми ноябри соли 2015 вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва иҷрои банди 30-юми Протоколҳои маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми октябри соли 2009, №11 ширкатҳои мобилии дар шаҳри Душанбе ҷойгир бударо мавриди санҷиш қарор дод. Аз он ҷумла:

  • ҶСП «Вавилон Мобайл»;
  • ҶСП «ТК – Мобайл»;
  • ҶДММ ҶМ«Тоҷикмобайл»;
  • ҶСП «ТТ Мобайл» (Мегафон);
  • ҶСП «Индиго Тоҷикистон» (Тселл);
  • ҶДММ «Таком» (Билайн).

Мутаассифона, ҶДММ «Таком» барои санҷиши вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» гурӯҳӣ кориро қабул накард.

Таҳлилҳо дар ин самт идома доранд.

Санҷиши вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту муассисаҳо, нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонии маишӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ дар соли 2016-ум ба нақша гирифта мешавад.

 

Банди 16 (муҳлат 2012-2016). Натиҷаи иҷро:Мутобиқи маълумоти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини иҷрои банди 16 Нақшаи чорабиниҳои Барнома дар мавриди таъмини хизматрасонӣ ба забони давлатӣ дар нақлиёти ҷумҳурӣ тамоми сохторҳо муваззаф гардидаанд. Қобили тазаккур аст, ки дар фурудгоҳҳои байналмилалӣ вобаста ба шароит хизматрасонӣ ба забонҳои байналмилалӣ низ баробар сурат мегирад.

Банди 17(муҳлат 2012-2016). Натиҷаи иҷро: Дар соли 2012 аз ҷониби Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини маҳсулоти дар дохили ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда бо барчаспҳо, нархнома ва дастурамалҳо ба забони давлатӣ 9 маротиба бо соҳибкорону истеҳсолкунандагони маҳсулоти хӯрокворӣ (ҳасиб, маҳсулоти ширӣ, обҳои нӯшокӣ, маҳсулоти қаннодӣ ва яхмос) суҳбат гузаронида шудааст.

Ҷиҳати таъмин намудани маҳсулоти дар дохили ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда бо борчаспҳо, нархнома ва дастурамалҳо ба забони давлатӣ, бо истеҳсолкунандагон вохӯриҳо ташкил намуда, мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳамзамон дар ин замина бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми январи соли 2014, №29 Регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ” қабул карда шудааст, ки яке аз талаботи он дар борҷомаи маҳсулот сабт намудани маълумот дар бораи мол бо забони давлатӣ мебошад.

Кумитаи забон ва истилоҳот низ дар ҷараёни санҷишҳо мунтазам ба ин масъала таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамояд ва мақомоти дахлдор барои риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳияи барчаспҳо огоҳонида мешаванд.

Бандҳои 19 ва 21(муҳлат 2012-2016). Натиҷаи иҷро: Кумита бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва гиромидошти забони миллӣ матни навор (ролик)-ҳои телевизиониро таҳия намуд, ки онҳо дар ҳамкорӣ бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим ва тавассути шабакаҳои телевизион пахш гардиданд. Таҳия ва пахши чунин наворҳо ҳамасола дар назар дошта шудааст.

Кумита дар ҳамкорӣ бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои телевизиониро таҳти унвони «Забон ва Қонун» ва «Фарҳанги забондонӣ» таъсис додааст. Ҳамчунин, ба хотири инъикоси ҳамаҷонибаи ҷараёни татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Нақшаи чорабиниҳои муштараки Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, дар асоси он мунтазам силсилаи барномаҳои тарғиботию маърифатӣ дар шабакаҳои телевизион ва радио омода ва пахш мегарданд. Барномаи алоҳида барои омӯзиши забони давлатӣ тавассути Муассисаи давлатии Телевизиони кӯдакону наврасон «Баҳористон» пешкаши наврасон мегардад.

Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои банди 21-и боби IV Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016 мунтазам намоишҳои телевизионӣ ва гуфторҳои радиоӣ таҳия ва пахш менамояд. Вобаста ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бандҳои Нақшаи чорабиниҳои мазкур тавассути Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон барномаҳои «Ҳастии миллат», «Забони бостон», «Гавҳари ҳастӣ», «Тамос», «Нигини тоҷи миллат», «Ҳарфи ишқ», «Саманди андеша», «Мубоҳиса», «Сайди маънӣ», «Чашмандоз», «Тобиш», «Ганҷи сармад» ва дар барномаи «Субҳ» бахшҳои «Дуруст мегӯем, дуруст менависем», «Тоҷикӣ ҳарф мезанем», «Вожаҳои сабз», «Забони ман–ҷаҳони ман» омода ва пахш карда шуданд.

Дар ин барномаҳо олимони маъруфи тоҷик Д.Саймиддинов, А.Турсун, Б. Камолиддинов, Н.Салимов, С.Назарзода, Б.Мақсудов, Б.Шарифзода, У.Тоҳиров, М.Абдураҳмонова, А.Байзоев, Ҳ.Талбакова, шоирону адибон М.Бахтӣ, Н.Яздон, К.Насрулло, А.Ҳаким, М.Бобобекова, Шаҳрия, А.Самадов ва кормандони Кумитаи забон ва истилоҳот Б.Ғуломова, Н.Аҳмадова, иштирок намуда, вобаста ба ғановати забони тоҷикӣ, риояи меъёрҳои адабии он мулоҳизаронӣ карданд. Ҳамчунин дар барномаи «Субҳ» суханони бузургон оид ба забон ба таври доимӣ ҳам дар шакли видеоролик ва ҳам дар шакли гузариш истифода бурда мешаванд.

Дар Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» дар барномаҳои «Хабар», «Забон донӣ-ҷаҳон донӣ», «Забон ва Истиқлол», «Суҳбати рӯз», «Хатти сабз», «Як хабару чанд назар» ва «Ифтихори ватандорӣ» мавзӯи мазкур пайваста мавриди баҳсу баррасӣ қарор мегирад.

Дар Муассисаи давлатии Телевизиони кӯдакону наврасон «Баҳористон» аз тариқи барномаҳои «Хабар», «Меҳри сухан» ва «Ном» вазъи омӯзиши забони тоҷикӣ дар муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои миёна ва олии ҷумҳурӣ, забони воситаҳои ахбори омма ва дигар паҳлӯҳои масоили забони тоҷикӣ матраҳ мегарданд.

Бо мақсади тарғиби забони тоҷикӣ дар радиои Тоҷикистон гуфторҳои «Решаи ҳастии миллат», «Дар суҳбати соҳибдилон», «Ганҷи ҷовид», «Ангубин», «Дурри маънӣ», «Садои пои вожаҳо» ва «Гавҳари сухан» омода ва пахш мегарданд.

Вобаста ба тарҷумаи филмҳо ба забони тоҷикӣ фаъолияти Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон назаррас мебошад. Дар ин самт аз аввали соли 2013 беш аз 40 номгӯй филмҳои мустанади илмию оммавӣ ва бадеӣ ба забонӣ тоҷикӣ тарҷума ва дубляж шуда, пешниҳоди тамошобинон гардиданд.

Ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ дар соли 2014 Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон филмҳои мустанади «Гавҳари ҳастӣ» (муаллиф А.Камолов, коргардон Ҷ.Султонов) ва «Пойдевори тамаддун» (муаллиф Ҳ.Раҳмонов, коргардон Н.Набиев), барномаҳои алоҳидаи «Тафсир», «Дунёи нав», «Тоҷикистон ва ҷаҳон», «Чакомаи Ватан», «Кохи бегазанд», «Самт», «Ганҷи шойгон», «Ҳарфи ишқ», композитсияҳои адабии «Ганҷи сармад», «Гавҳари маънӣ» инчунин, 8 видеолавҳа ва роликҳои тарғиботӣ намоиш дода шуданд. Дар арафаи Рӯзи Забон барномаҳои «Забон-ҳастии миллат», «Чашмандоз», «Маҷро», «Дар ниҳояти рӯз», «Сайди маънӣ», «Меъмори сухан», «Ҷавҳари ҳастӣ», «Нардбони осмон», барномаи адабӣ-мусиқии «Авранг» (оид ба ҳунари суханварии Рӯдакӣ) омода ва пешкаши тамошобинон гардонида шуданд. Ҳамзамон, ба ин муносибат пахши мустақими барномаи «Дурахши иқбол» бо иштироки масъулини Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода амалӣ шуд, ки дар он аз гиромидошти забон ва ҳувияти миллӣ сухан рафт. Барномаи «Бозтоби андеша» низ ҳамин мавзӯъро пайгирӣ намуд, ки дар он ҷавонон аз боби хушгуфторӣ ва риояи меъёрҳои забони давлатӣ баҳс карданд. Дар барномаҳои ҳамарӯзаи «Субҳ» бахшҳи «Дуруст меғӯем, дуруст менависем», «Панди рӯз», «Осори ниёгон», «Одоби муошират» «Вожаҳои сабз» мавзӯъҳои риояи Қонуни забон ва ҳунари сухандониву суханварӣ баррасӣ мешаванд.

Дар барномаи «Самт» оид ба бартараф сохтани ғалатҳои имлоӣ дар рӯзномаю маҷаллаҳои мактабӣ, барномаи «Кохи бегазанд» - доир ба марҳилаҳои таърихи ташаккули забон, барномаи «Ганҷи шойгон»- роҷеъ ба ситоиши бузургон дар васфи забон, барномаи «Авранг» - оид ба таносуби забон ва мусиқӣ маълумот пешниҳоди тамошобинон карда шуд.

Аз моҳи октябр ин ҷониб барномаи нави «Амвоҷи сухан» ҳафтае як маротиба пахш мегардад. Ҳамчунин, филми «Гавҳари ҳастӣ», барномаи «Дунёи нав»- доир ба масоили забон дар раванди ҷаҳонишавӣ, барномаи «Тафсир»- оид ба тарзи гуфтори ҷавонон ва мушкилоти он, барномаи «Тоҷикистон ва ҷаҳон» - оид ба мавқеи забони тоҷикӣ дар қиёс бо забонҳои гуногуни олам манзури бинандагон гардонида шуданд.

Вобаста ба тарҷумаи филмҳо ба забони тоҷикӣ низ фаъолияти Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон назаррас мебошад. Дар ин самт аз аввали соли 2014 беш аз 83 номгӯй филмҳои мустанади илмию оммавӣ ва бадеӣ ба забонӣ тоҷикӣ тарҷума ва дубляж шуда, пешниҳоди тамошобинон гардиданд ва дар хазинаи тиллоии Шабака маҳфузанд.

Дар Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» мувофиқи талаботи банди 21-и Нақшаи мазкур барномаи «Ислоҳоти маориф» дар мавзӯи вазъи забони модарӣ дар мактабҳо бо иштироки директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №13-и ноҳияи Ҳисор М.Ниёзов ва мураббияи Кӯдакистони №67-и шаҳри Душанбе М.Ҷураева таҳия вапешниҳоди бинандагон карда шуд.

Дар Радиои Тоҷикистон доир ба риояи ҳатмии муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи забони давлатӣ», эҳтиром ва тоза нигоҳ доштани забони модарӣ гуфторҳои «Фасоҳати калом», «Гавҳари сухан», «Ҳар кӣ суханро бо сухан зам кунад» омода ва ба самъи шунавандагон расонида мешаванд.

Банди 22 (муҳлат 2012). Натиҷаи иҷро:Бо қарори Ҳайати мушовараи Кумитаи забон ва истилоҳот аз 25 апрели соли 2011, №4/1 «Дар бораи таъсиси Шӯрои коршиносон дар Кумита» аз зумраи муҳаққиқони забоншинос Шӯрои коршиносон таъсис дода шуд.

Банди 23 (муҳлат 2013). Натиҷаи иҷро: Китоби «Феҳристи номҳои ҷуғрофии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар соли 2013 тавассути Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик таҳия гардида, ба нашр расид.

Банди 24 (муҳлат мунтазам). Натиҷаи иҷро: Мувофиқи маълумоти пешниҳоднамудаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди ҷорӣ намудани назорати риояи одоби сухан ва гуфтор дар фиттаҳои аудиоӣ ва видеоӣ аз ҷониби роҳбарияти Вазорат ба раёсатҳои дахлдор супориш дода шудааст ва масъалаи мазкур зери назорати доимӣ қарор дорад.

Ҷиҳати таъмини назорат оид ба риояи одоби сухан ва гуфтор дар фиттаҳои аудиоӣ ва видеоӣ дар солҳои 2012-2013 кормандони Вазорати фарҳанг бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, амният ва Кумитаи оид ба корҳои дин чор маротиба санҷишҳои муштарак гузарониданд.

Ҳамчунин, қайд менамоем, ки мутобиқи маълумоти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, назорат оид ба риояи одоби сухан ва гуфтор дар фиттаҳои аудиоӣ ва видеоӣ дар соли равон зери назорати доимӣ қарор дорад.

Банди 27 (муҳлат ҳамасола). Натиҷаи иҷро:

Кумита ба истиқболи Рӯзи забони давлатӣ 18 сентябри соли 2012 Конференсияи ҷумҳуриявиро таҳти унвони «Забони давлатӣ ва танзими истилоҳот» баргузор намуд, ки дар он 96 нафар муҳаққиқону донишмандон, аз ҷумла намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ, Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳоти вобаста ба Кумита, аъзои маҳфили «Посдорон ва дӯстдорони забон»-и Кумита ва намояндагони ВАО ширкат варзиданд.

Дар конференсия 12 маърӯзаи илмӣ аз ҷониби донишмандони забоншинос мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки «Қолабҳои вожасозӣ дар номгузории бонкҳо», «Масъалаҳои татбиқи забони тоҷикӣ дар соҳаи илм», «Баъзе масъалаҳои истифодаи истилоҳот дар Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Вижагиҳои забон ва истилоҳоти бахши ҳуқуқ» аз ҷумлаи онҳоянд. Бо дарназардошти мушкилоти танзими истилоҳот ва дурнамои таҳқиқи истилоҳоти соҳаҳои гуногуни иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва илмию техникӣ дар ҳамкорӣ бо Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳот ва муассисоту марказҳои илмӣ тавсияномаи Конференсия қабул гардид, ки мутобиқи он масъалаҳои зерин барои баррасӣ ба мақомоти дахлдор пешниҳод гардиданд:

- Ба роҳ мондани омӯзиши илми истилоҳшиносӣ дар факултетҳои филологияи тоҷик, забонҳои Осиё ва Аврупо, забонҳои романиву германӣ, таърих ва ҳуқуқшиносӣ;

- Андешидани тадбирҳои мушаххас барои омӯзиши истилоҳоти бахшҳои илмҳои дақиқ дар институтҳои марбутаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кафедраҳои мактабҳои олии ҷумҳурӣ;

- Аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ ба роҳ мондани таҳқиқ ва нашри вожаномаҳо ва фарҳангномаҳои тахассусӣ;

- Мусоидат намудани шӯроҳои дифои ҷумҳурӣ барои пешниҳоди мавзӯъҳои мубрами истилоҳот ва истилоҳшиносӣ;

- Таъсиси фаслномаи «Забон ва истилоҳот» дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Бо тавсияи Кумитаи забон ва истилоҳот ва Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳот нашр гардидани ҳама гуна вожаномаҳо ва фарҳангҳои истилоҳот;

- Дар ҳамкорӣ бо пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ таҳия намудани «Дастурамали ягонаи танзим ва қабули истилоҳот» ба хотири стандартсозӣ ва ҳамгунсозии истилоҳоти забони давлатӣ дар ҳама соҳаҳои илм.

Бо мақсади татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва риояи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»Кумита пешниҳодҳоро ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд. Дар иртибот ба пешниҳодҳои Кумита ва мутобиқи дастури роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, муассисаҳои таълимӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, қисмҳои ҳарбӣ ва ҷузъу томҳои мақомоти қудратӣ бо иштироки олимону адибон мизҳои мудаввар, конференсияҳои илмию амалӣ ва маҳфилҳои адабӣ баргузор гардиданд. Кормандони Кумита дар ин чорабиниҳо иштирок намуда, муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Қоидаҳои имлои забони тоҷики»-ро тавзеҳ доданд.

Ҳамчунин, дар давоми соли 2012 оид ба иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва меъёрҳои «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» бо иштироки кормандони Кумита дар Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе ва донишгоҳу донишкадаҳо машварату мулоқотҳо баргузор гардид.

Дар асоси дархости Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 апрели соли 2013 дар Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки мудирони маорифи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ семинари машваратӣ дар мавзӯи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» доир гардид. Дар семинари мазкур узви Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳот ва ҳайати гурӯҳи кории «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» профессор Кабиров Ш. ва мудири бахши умумии Кумита Ҷӯраева Б.М. иштирок намуда, меъёрҳои «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»-ро шарҳу тавзеҳ доданд. Дар рафти семинар иштирокдорон ба саволҳои худ посухҳои дақиқ гирифтанд.

Дар асоси мактуби раиси ноҳияи Варзоб аз 29 апрели соли 2013, №248 рӯзи 14 майи соли равон дар машварати омӯзишӣ оид ба «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» барои кормандони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб, узви гурӯҳи кории «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ», доктори илми филология Султонов М. ва сармутахассиси шуъбаи танзими истилоҳоти Кумита Аҳмадова Н.Т. иштирок намуда, меъёрҳои «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»-ро шарҳу тавзеҳ доданд.

Ҳамчунин, дар асоси мактуби Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2013, №05-421 рӯзи 17 майи соли равон дар Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар бо иштироки роҳбарони дастгоҳи раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар мавзӯи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» доир гардид. Дар мизи мудаввар аъзои гурӯҳи кории «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» Кабиров Ш., Султонов М. ва сармутахассиси шуъбаи танзими истилоҳоти Кумита Аҳмадова Н.Т. иштирок намуда, меъёрҳои «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»-ро шарҳу тавзеҳ доданд.

Дар соли 2013 зимни ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар доираи иҷрои Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016 рӯзи 25 майи соли 2013 конференсияи илмию амалӣ таҳти унвони «Истиқлолият ва сиёсати забони давлатӣ» бо иштироки роҳбарону коргузорони ташкилоту муассисаҳо ва маҳфилҳои иҷтимоии шаҳру деҳот баргузор гардид. Дар конференсияи мазкур узви гурӯҳи кории «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» профессор Кабиров Ш., мудири бахши умумии Кумита Ҷӯраева Б.М. ва сармутахассиси шуъбаи танзими истилоҳот АҳмадоваН.Т. ширкат варзиданд.

Дар конференсия маърӯзаҳои илмӣ аз ҷониби донишмандони забоншинос мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки «Нақши истиқлолият дар рушд ва ташаккули забони адабӣ ва миллӣ», «Нигоҳе ба масоили татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Забон-равшангари замон» аз ҷумлаи онҳоянд.

Зимни маърӯзаи сармутахассиси Кумита Аҳмадова Н.Т. муқаррароти моддаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва талаботи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016 шарҳу тавзеҳ дода шуд.

Дар асоси мактуби Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 апрели соли 2013, №05-376 бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи хизматчиёни давлатӣ, хусусан хадамоти кадрии мақомоти марказӣ аз моҳи апрели соли равон ҳар моҳ охири ҳафта масъули хадамоти кадрии Кумита дар дарсҳои хониши идоравӣ ширкат варзид.

Соли 2013 дар арафаи ҷашни Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони Кумита дар чорабиниҳои идонаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк», Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази омӯзиши қисмҳои хизмати ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ширкат варзида, муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016-ро шарҳу тавзеҳ доданд.

Кумита дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2013, №204 «Дар бораи Нақшаи гузаронидани машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конфронсҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013», мутобиқи Нақшаи чорабиниҳои Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2012, №335 тасдиқ гардидааст ва мувофиқи дастури муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 августи соли 2013, №601033 (16.1) бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ Конференсияи ҷумҳуриявии илмиро таҳти унвони «Танзим ва корбурди истилоҳот дар забони давлатӣ» 1 октябри соли 2013 дар Кохи Ваҳдат бо иштироки зиёда аз 160 нафар муҳаққиқону донишмандон, ҳамчунин намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳот ва намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор намуд. Дар кори конференсия 12 маърӯзаи илмӣ доир ба истифодаи истилоҳот дар соҳаҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамчунин, 15 ноябри соли 2013 Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи забон ва истилоҳот мизи мудавварро таҳти унвони «Китобҳои дарсӣ ва масоили имло» бо иштироки ҳайати гурӯҳи кории «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» ва забоншиносону омӯзгорони макотиби олӣ баргузор намуд. Дар мизи мудаввар раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Д.Саймиддинов доир ба муҳтавои «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» суханронӣ намуд.

Қобили зикр аст, ки тибқи Нақшаи чорабиниҳои Кумита бо мақсади тарғиби арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, иҷрои талаботи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016 ва дастури роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 2014, №25397/26 силсилаи мулоқотҳои раиси Кумита бо иштироки омӯзгорону донишҷӯёни мактабҳои олии кишвар, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (10 марти соли 2014, бо иштироки 350 нафар), Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (13 март соли 2014, бо иштироки 280 нафар), Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия (3 апрели соли 2014, бо иштироки 200 нафар), Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (10 апрели соли 2014, бо иштироки 260 нафар), Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммадҷон Осимӣ (17 апрели соли 2014, бо иштироки 250 нафар), Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур (24 апрели соли 2014, бо иштироки 220 нафар), Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (7 майи соли 2014, бо иштироки 200 нафар), Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон (15 майи соли 2014, бо иштироки 300 нафар), Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода (22 майи соли 2014, бо иштироки 240 нафар), Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (29 майи соли 2014, бо иштироки 37 нафар), Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа (6 июни соли 2014, бо иштироки 65 нафар) ва Академияи Вазорати корҳоидохилииҶумҳурииТоҷикистон (12 сентябри соли 2014, бо иштироки 350 нафар), Консерваторияи миллии Тоҷикистон ( бо иштироки 60 нафар), Мактаби олии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо иштироки 100 нафар), Омӯзишгоҳи олии сарҳадии қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти милли Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо иштироки 80 нафар), Филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт (бо иштироки 120 нафар), Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода (бо иштироки 100 нафар) баргузор намуд.

Ҳангоми мулоқотҳо аз ҷониби омӯзгорону донишҷӯён дар иртибот ба масъалаҳои меъёрҳои қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, забони тарҷумаи китобҳои дарсӣ, воситаҳои ахбори омма, забони иттилоот ва реклама, сатҳи муоишират бо забони адабӣ дар нақлиёт ва ҷойҳои ҷамъиятӣ, сатҳи барномаҳои телевизионӣ, аз ҷумла филмҳои бадеию тасвирӣ, сатҳи суханварии омӯзгорон дар муассисаҳои илмию таълимӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва тарбияи мутахассисони ҷавони забондон, риояи меъёрҳои қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар воситаҳои ахбори омма ва ғ. саволҳо пешниҳод гардид, ки аз ҷониби раис ва роҳбарони сохторҳои Кумита ҷавобҳои мушаххас дода шуд.

Ҳамчунин, аз ҷониби омӯзгорон ва донишҷӯён як қатор пешниҳодҳо дар мавриди густариши забони давлатӣ пешниҳод гардид, аз ҷумла: баргузории силсилаи мулоқотҳо дар донишгоҳу донишкадаҳо ва мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, таҳкими робитаҳо бо воситаҳои ахбори омма ҷиҳати ташкили барномаҳои алоҳидаи телевизионӣ бо иштироки ҷавонон, ташкили «Маҳфили посдорон ва дӯстдорони забон», «Маҳфили суханвари беҳтарин» ва «Забондони беҳтарин» ва ғ.

Қобили зикр аст, ки силсилаи мулоқотҳо бо донишҷӯёни мактабҳои олии кишвар идома дошта, аз натиҷаи он пайваста ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод карда мешавад.

Ҳамчунин, тибқи дархости соҳибкорони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рӯзи 15 майи соли равон дар Маҷмааи савдо ва тиҷорати «Саодат» дар ноҳияи Сино мулоқоти раис ва кормандони Кумита, намояндаҳо аз мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино ва шаҳри Душанбе ва Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороишии шаҳри Душанбе» бо соҳибкорон баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 300 нафар соҳибкорон ҳузур дошта, дар иртибот ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» саволҳо пешниҳод намуданд. Ба ҳамаи саволҳои соҳибкорон дар доираи қонунгузории ҷумҳурӣ шарҳу посух дода шуд.

Дар асоси муроҷиати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 25-уми июни соли равон дар маҷлисгоҳи Хадамоти мазкур семинар дар мавзӯи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» бо иштироки роҳбарият ва аъзои Ҳайати мушовараи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - декани факултаи забонҳои Осиё ва Аврупо дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Назарзода Сайфиддин баргузор гардид, ки иштирокдорон дар иртибот ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» саволҳо пешниҳод намуданд. Ба ҳамаи саволҳои мутахассисон дар доираи қонунгузории ҷумҳурӣ шарҳу посух дода карда шуд.

Кумита ба истиқболи Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қарориҲукуматиҶумҳурииТоҷикистон «ДарбораиНақшаикорииҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистондарнимсолаидуюм»аз 3-юмииюлисоли 2014, №424, мутобиқиНақшаичорабиниҳоиБарномаирушдизабонидавлатииҶумҳурииТоҷикистонбароисолҳои 2012-2016, кибоқарориҲукуматиҶумҳурииТоҷикистоназ 30-юмииюнисоли 2012, №335 тасдиқгардидааст, ҳамчунин, мувофиқидастуримуовиниСарвазириҶумҳурииТоҷикистоназ 10-умииюлисоли 2014, №26/14-17 бахшидабаРӯзизабонидавлатииҶумҳурииТоҷикистон дар Кохи Ваҳдат рӯзи 19-умисентябрисоли 2014, Конференсияиҷумҳуриявииилмӣтаҳтиунвони «Забони давлатӣварушдиистилоҳот» баргузор гардид, ки дар он олимон, муҳаққиқону донишмандон, аз ҷумла, намояндагон аз вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, ниҳоду пажӯҳишгоҳҳо ва донишгоҳу донишкадаҳоиҷумҳурӣ, ҳамчунин, намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор намуд. Дар кори конференсия 12 маърӯзаи илмӣ оид ба истифодаи истилоҳот дар соҳаҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамзамон, барои сазовор ҷашн гирифтани Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони Кумита мулоқоту вохӯриҳоро бо иштироки аъзои Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳоти Кумита дар ВазоратимудофиаиҶумҳурииТоҷикистон,Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи куҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, Донишгоҳи иқтисод ва андози Тоҷикистон, Факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ баргузор намудаанд, ки дар он муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016-ро ба кормандони вазорату идораҳо шарҳу тавзеҳ доданд.

Ба истиқболи Рӯзи забони давлатӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 32 барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ аз ҷониби кормандони Кумита таҳия ва пахш гардидаанд. Ҳамзамон, дар моҳи ноябри соли равон ду ҷаласаи Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳот бо иштироки аъзои бахши забоншиносӣ ва намояндаи Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Тоҷикистон баргузор гардид.

Ҳамчунин, дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур 28 ноябри соли равон семинари машваратии «Мушкилоти истилоҳоти соҳаи кишоварзӣ» бо иштироки омӯзгорону аспирантон ва унвонҷуёни Донишгоҳ баргузор гардид. Дар семинар маърӯзакунандагон оид ба мушкилоти истилоҳоти соҳаҳои техналогияи нигаҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, боғдорӣ, зироаткорӣ ва истеҳсоли хӯроки чорво, усули муҳофизати биологии растаниҳо, чорводорӣ, ветенарӣ, занбури асалпарварӣ ва кишоварзӣ баромад намудаанд. Пас аз баррасии маърӯзаҳо дар семинар пешниҳод гардид, ки омӯзиш ва баррасии истилоҳоти соҳа ҷиддӣ ба роҳ монда шуда, дар ин замина таҳия ва нашри фарҳангҳои тахассусӣ тақвият бахшида шавад.

 

Бандҳои 28 ва 29 (муҳлат 2012-2016). Натиҷаи иҷро: Дар Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тадбирҳои муайян андешида шудааст.

Дар компютерҳои вазорат ва сохторҳои он алифбои тоҷикӣ ҷойгир карда шуда, ба кормандон барои истифодабарии онҳо курсҳои омӯзишии компютерӣ гузаронида шуд.

Дар Агентии назорати давлатӣ ва мубориза бо коррупсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ дар китоби «Маҷмӯи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ марбут ба мубориза бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба нашр расида, барои истифодаи хизматӣ ба кормандон дастрас карда шудааст.

Дар Бонки миллии Тоҷикистон «Дастурамали тартиби коргузорӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон» ва «Қоидаҳои таҳия ва барои нигаҳдорӣ ва супоридани парвандаҳо ба бойгонии Бонки миллии Тоҷикистон» ба теъдоди 2000 нусха ба забони давлатӣ нашр гардид.

Мавриди зикр аст, ки аз ҷониби Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳои судманд бо шарикон бо мақсади роҳандозӣ намудани системаи иттилоотии идоракунии тандурустӣ Маҷмӯи шаклҳои ҳуҷҷатҳои аввалияи тиббии муассисаҳои тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони русӣ таҳия ва интишор шуда буд. Дар доираи иҷрои Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонбарои солҳои 2010-2020 Вазорати тандурустӣ тасмим гирифтааст, ки Маҷмӯи шаклҳои ҳуҷҷатҳои аввалияи тиббиро мавриди таҳрир қарор дода, боз нашр намояд.

Як навоварӣ дар фаъолияти Вазорати корҳои дохилӣ, ин таъсис ёфтани Маркази тестӣ мебошад. Маркази мазкур бо шумораи зиёди компютерҳо муҷаҳҳаз буда, саволномаҳои онҳо танҳо ба забони давлатӣ барномарезӣ шудаанд. Ҳадаф аз таъсис додани чунин марказ, аз як тараф, санҷидани донишу малакаи касбии кормандон бошад, аз тарафи дигар, тадбирест ҷиҳати иҷрои талаботи моддаи 14-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон».

Дар Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» санадҳои меъёрӣ ба забони тоҷикӣ таҳия ва истифода мешаванд. Аз тарафи Хадамоти робита бо ҷомеа китоби «Асноди ҳуқуқӣ ва меъёрӣ дар соҳаи энергетика» таҳия ва нашр гардидааст.

Дар доираи омодагиҳо ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо ва ҷамоатҳо аз ҷониби КМИР 8 Дастурамал ва як китобчаи саволу ҷавобҳо оид ба интихобот ба забони давлатӣ таҳия ва бо қарорҳои Комиссияи марказии интихобот раъйпурсӣ моҳҳои май ва июли соли 2014 тасдиқ карда шуд, ки бо теъдоди зиёд чоп шуда, ба комиссияҳои поёнии интихоботи дастрас карда шуданд.

Аз ҷониби кормандони Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,барои дар қонунгузорӣ истифода кардани мафҳуму истилоҳоти ягона ва ҷавобгӯи меъёри муайян корҳои назарас ба анҷом расонида шуд. Аз ҷумла, Истилоҳоти соҳаи меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ, тандурустӣ, фарҳанг, илм ва маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, (Душанбе, ҶДММ “Азия- Принт”, 2014, 156 саҳ.), Истилоҳоти соҳаи сохтори давлатӣ, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (Душанбе, “ Бухоро”, 2014, 172 саҳ.), Истилоҳоти соҳаи молия, андозу гумрук ва фаъолияти бонкӣ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, (Душанбе, “Бухоро”, 2014, 276 саҳ.), Луғати русӣ ба тоҷикии Истилоҳоти ҳуқуқ (Душанбе, “Бухоро”, 2014, 336 саҳ.) ба нашр омода карда шуд.

Ҳамзамон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси омӯзиш ва таҳлили қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон китобҳои илмӣ, методӣ ва тафсирҳо барои кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ, аз ҷумла, китобҳои “ Ҳуқуқи Тоҷикистон муосир”, қисми якум (Душанбе, 2014, 608 саҳ.), “Вазъи ҳуқуқи бедаракгумшудагон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “бо се забон: тоҷикӣ, русӣ, ва англисӣ. (Душанбе, 2014, 128 саҳ.), “Сиёсати ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон: рушд ва мушкилот “бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, (Душанбе,2014, 285 саҳ.) Тафсири ҚонуниҶумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқи” (Душанбе, 2014, 287 саҳ.) ва соҳаҳои дигари идоракунӣ таҳия ва нашр гардидааст.

Дар соли 2014 Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳои байналмилалии соҳавиро бо забони давлатӣ тарҷумаи расмӣ намудааст. Ҳуҷҷатҳои махсус (оморӣ, муҳосибӣ)-и Кумита бо Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳанг шудаанд. Инчунин, истилоҳоти соҳавӣ такмил дода шудааст ва ин раванд идома дорад.

Коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар ҳамаи бахшу шуъбаҳои Раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара, кафедраҳои умумидонишгоҳӣ, ҷомеашиносӣ ва факултетҳо бо забони давлатӣ ба роҳ монда шудааст. Тибқи сохтори нав аз ҷониби раёсати донишгоҳ “Оиномаи Донишгоҳи давлатии Данғара”, “Низомномаи шуъбаи аспирантура ва доктарантура”, “Низомномаи раёсати корҳои илмӣ-таҳқиқотии Донишгоҳи давлатии Данғара”, “Низомномаи шуъбаи табъу нашри Донишгоҳи давлатии Данғара”,” Низомномаи маҷаллаи илмии “Паёми Донишгоҳи давлатии Данғара”, “Низомнома дар бораи интишор ва иҷрои китобҳои дарсӣ, васоит ва дастурҳои илмию методӣ дар Донишгоҳи давлатии Данғара”, “Низомномаи роҳбарӣ ба корҳои илмии донишҷӯён, рисолаҳои хатмкунии бакалавриат ва кори дипломии мутахассис дар донишгоҳ”, “Низомномаи роҳбарӣ ба корҳои илмӣ - рисолаҳои унвонҷӯён, аспирантон ва доктарантони Донишгоҳи давлатии Данғара”, ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии донишгоҳ ба забони давлатӣ таҳия гардида, дар Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии Данғара рӯзи 18.07.2013, суратҷаласаи №1 тасдиқ карда шуданд.

Дар корхонаи КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” дар асоси Дастурамали намунавии коргузорӣ дар вазорату идораҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Дастурамали намунавии коргузории худро таҳия ва тасдиқ намудааст.

Дар Агентии хариди давлатӣ мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳавӣ аз қабили “Низомнома дар бораи расмияти хариди давлатӣ”, “Нақшаи солонаи харид”, “Ҳисобот оид ба расмияти хариди гузаронидашуда”, “Даъватнома барои иштирок дар озмун”, “Фармоиш дар бораи гузаронидани озмун ва таъйини комиссияи тендерӣ”, “Низомнома дар бораи комиссияи тендерӣ”, “Дафтари сабти дархостҳо барои гирифтани ҳуҷҷатҳои тендерӣ”, “Дафтари сабти дархостҳои тендерӣ”, “забонхат дар бораи гирифтани дархости тендерӣ”, “Протоколи ҷаласаи комиссияи тендерӣ оид ба кушодани лифофаҳои ба тендер воридушад”, “Дастур дар хусуси баҳодиҳии экспертии дархостҳои тендерӣ”, “Ариза дар бораи беғаразӣ”, “шаклҳои баҳодиҳии экспертӣ”, “Ҳисобот дар бораи тендер”, “Протоколи ҷаласаи комиссияи тендерӣ оид ба арзёбии дархостҳои тендерӣ ва интихоби ғолиби тендер”, “Шартнома бо ташкилкунандаи тендер”, “Ҳуҷҷатҳои стандартии тендерӣ барои хариди мол, кор ва хизматрасонӣ”, “Ҳуҷҷатҳои стандартии тендерӣ оид ба интихоби молрасон”, “Шаклҳои 1-8 барои таҳияи дархости тендерӣ” дар шакли стандарти бо забони давлатӣ таҳия ва ба шакли китобӣ нашр карда шуда, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санадҳои намунавӣ аз тарафи ташкилоту муассисаҳо ва молрасону пудрачиён мавриди истифода қарор доранд.

Оид ба бандҳои 28 ва 29 дар дастгоҳи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои зертобеъ мувофиқи стандартсозии ҳуҷҷатҳои идорӣ, тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, номгӯи ҳуҷҷатҳое, ки дар коргузорӣ истифода мешаванд, ҳамчунин навиштаҷотҳо аз он ҷумла: лавҳаю овезаҳои иттилоотии беруна ва таҷҳизотҳои компютерӣ ба талаботи муқаррароти Қонуни Ҷумҳуриии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ ва мавриди амал қарор дода шудааст.

 

Банди 32 (муҳлат мунтазам). Натиҷаи иҷро: Бояд тазаккур дод, ки дар ҷараёни санҷишҳои Кумита оид ба вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2004, №330 «Дар бораи стандартҳои рамзгузорӣ ва ҷобаҷогузории алифбои тоҷикӣ дар клавиатураи компютерии стандарти UNICODE барои истифодабарии компютерӣ» таваҷҷӯҳи махсус сурат мегирад. Бояд гуфт, ки дар як қисми ташкилоту муасиссаҳо истифодаи ҳуруфи тоҷикӣ дар компютерҳо таъмин гардидааст.

Чунончи, дар технологияи компютерии Раёсати хизмати давлатӣ ва Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ забони давлатӣ истифода мешавад. Ба компютерҳои кормандон ҳуруфи тоҷикӣ барои истифода пайваст гардида, луғатҳои тоҷикӣ-русӣ ва русӣ-тоҷикӣ ба таври ройгон дар шакли электронӣ ба кормандон дастрас карда шудааст.

Ҳамзамон, дар ҳамаи курсҳо мавзӯъҳои марбут ба технологияи компютерӣ ба забони давлатӣ омӯзонда мешавад.

Дар асоси фармоишҳои вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (14 майи соли 2012 №85, 29 майи соли 2012, №54) сомонаҳои интернетии соҳавии www.mehnat.tj ва www.kor.tj ба фаъолият шурӯъ намуд, ки дар саҳифаҳои онҳо тамоми маълумот ва барномаҳои корӣ пурра ба забони давлатӣ ҷойгир карда шудаанд.

Дар ин самт аз ҷониби Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби рӯйимизӣ барои истифодабарии ташкилотҳои ҷамъиятӣ бо номи «Ҳуҷҷатгузорӣ дар Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ба нашр расид ва ба иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ барои истифодабарӣ тавсия карда шудааст.

Аз ҷониби Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти забони иттилоот ва коммуникатсия ва истифодаи забони давлатӣ дар технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ як қатор корҳо аз қабили таҳия ва коркарди барномаҳои компютерӣ ба забони тоҷикӣ, таъсис ва фаъол кардани сомонаҳои интернетӣ ба забони давлатӣ ба анҷом расонида шудааст.

Айни замон, дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 барномаҳои компютерӣ амал менамоянд, ки ҳамаи онҳо ба забони давлатӣ таҳия шудаанд, аз ҷумла: «Ҳуҷҷатгузории электронӣ», «Муоинаи хронометражӣ», «Баҳисобгирии андозҳо аз шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» ва ғайраҳо. Бояд қайд кард, ки ҳамаи компютерҳои кормандони мақомоти андоз бо ҳарфҳои тоҷикӣ таҷҳизонида шудаанд.

Дар шабакаи интернетии сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилӣ (www.vkd.tj) фаъолият мекунад. Ҳамарӯза дар сомона ва дар ҳафтаномаи ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии «Қонун ва ҷомеа» - Вазорати корҳои дохилӣ аз фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ ва кормандони он, паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа хабару гузориш, очерку мақолаҳо бо забони давлатӣ нашр мегарданд.

Дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мавриди истифода қарор додани забони давлатӣ дар техналогияҳои компютерӣ дар Вазорат ҳуруфи тоҷикӣ, луғатҳои электронӣ бо забонҳои русӣ - тоҷикӣ ва тоҷикӣ - русӣ ба таври васеъ истифода мешавад. Саволномаҳои Маркази тестии Вазорат, ки ҷиҳати санҷиши дониши кормандони мақомоти корҳои дохилӣ таъсис ёфтааст, бо забони тоҷикӣ барномарезӣ шудаанд.

Истифодаи забони давлатӣ дар технологияҳои компютерӣ, аз тарафи мутахассисони шуъбаи иттилоотии раёсати таҳлил ва дурнамои иқтисодии Вазорати нақлиёт барномаи мукаммали коргузории электронӣ бо номи «Тасмир» таҳия гардида, аз соли 2012 инҷониб тамоми раёсату шуъбаҳо ва бахшҳои дастгоҳи марказии Вазорат ба коргузории электронӣ гузаштанд. Васли муассисаҳои давлатии зерсохтор ба шабакаи ягонаи барномаи электронии мазкур мавриди амалишавӣ қарор дорад.

Дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон 20 адад барномаҳои компютерӣ, ки ҳамаи онҳо ба забони давлатӣ таҳия шудаанд, аз ҷумла: (СИА) “Бақайдгирӣ”, “Идоракуни ва маниториги қарзҳо”, “Рамзҳои сабабҳои ба ҳисоб гузоштан”“Ҳуҷҷатгузории электронӣ”, “Муоинаи хронометражӣ”, “Баҳисоботи андозҳо”, аз шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ” ва ғайраҳо. Бояд қайд кард, ки ҳамаи компютерҳои кормандони мақомоти андоз бо ҳарфҳои(шрифтҳои) тоҷикӣ таҷҳизонида шудаанд.

Қайд кардан бо маврид аст, ки дар идораву муассисаҳо ва ҷамоатҳои деҳоти шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон технологияҳои компютерӣ ба забони давлатӣ ба роҳ монда шудааст.

Бандҳои 33, 34 ва 35 (муҳлат 2012-2016). Натиҷаи иҷро: Мутобиқи ин бандҳои Нақшаи чорабиниҳои Барнома то соли 2016 таҳияи барномаҳои мухталифи компютерӣ (навишти дуруст ва ё имлои калима, ба ҳиҷоҳо ҷудо намудани калима, аз сатр ба сатр гузаронидан ва ғ.) барои истифодаи забони давлатӣ дар технологияҳои иттилоотӣ ба нақша гирифта шудааст.

Аз ҷониби устодони кафедраи таъминоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд маҷмӯи барномаҳои зерин бо забони тоҷикӣ омода карда шудаанд, ки айни замон мавриди истифода қарор доранд:

  • ҷойгиршавии стандартии ҳарфҳои тоҷикӣ дар клавиатураи компютер;
  • ҷойгиршавии стандартии ҳарфҳои тоҷикӣ дар клавиатураи телефони мобилӣ;
  • луғатҳои компютерии тоҷикӣ-русӣ, русӣ-тоҷикӣ, ганҷвожа;
  • таҳриргари матни тоҷикӣ (Tajik Word);
  • таҳлили морфологии автоматии калимаи тоҷикӣ;
  • синтези овози тоҷикӣ, талаффузи компютерии матни тоҷикӣ (Tajik Text-to-Speech);
  • тафтиши имлои матни тоҷикӣ (модули тафтиши имлоӣ);
  • кроссворди компютерии тоҷикӣ;
  • тарҷумаи компютерии матни забони тоҷикӣ ба англисӣ;
  • тарҷумаи калимавии компютерии матни забони англисӣ ба тоҷикӣ;
  • таҳлили автоматикии мазмуни матни тоҷикӣ;
  • пакети забони тоҷикӣ дар Microsoft Office (модули тафтиши орфографӣ дар Microsoft Office);
  • пакети забони тоҷикӣ дар Microsoft Office (модули аз сатр ба сатр гузаронидани калимаҳо дар Microsoft Office);
  • пакети забони тоҷикӣ дар Microsoft Office (модули тезаурус дар Microsoft Office);
  • ба хатти дигар баргардон кардан (Tajik-Translitarate).

Инчунин, барои омӯзиши ҳамаи фанҳо маводи электронӣ ба намуди Веб-сомона, китобҳои электронӣ, маводи интерактивӣ дар тахтаи электронӣ (бо роҳбарии О.Солиев) пешниҳод гадидаанд.

Барои омӯзиши забони давлатӣ, русӣ ва англисӣ барои наврасон ва кӯдакони синни томактабӣ барномаҳои зерин пешкаш карда мешаванд:

  • барномаи интерактивӣ – омӯзишии «Донояк»;
  • барномаи интерактивӣ - омӯзишии «DVD-Алифбо»;
  • барномаи интерактивӣ - омӯзишии «DVD-Ҳисоб»;
  • барномаи интерактивӣ - омӯзишии «DVD-Ҷуғрофия».

Истифодаи ин барномаҳо ба ғайр аз тариқи компютер, инчунин тавассути телевизиор ва плейер низ имконпазир мебошад. Ин имконият барои кӯдакони маъюб ва хонандагони мактабҳои деҳот, ки на ҳама ба истифодаи компютер дастрасӣ доранд, пешниҳод гардидааст.

Бояд гуфт, ки солҳои охир дар ин самт таҳқиқотҳои зиёд низ ба роҳ монда мешавад, ки барои пешрафти соҳа замина фароҳам меорад.

Рисолаи номзадии омӯзгори кафедраи технологияҳои шабакавӣ ва коркарди иттилооти Донишгоҳи технологии Тоҷикистон доир ба барномаи Луғати басомади Ҳофиз ва коркарди вазни шеъри тоҷикӣ ба таври автоматӣ омодаи дифоъ мебошад.

Инчунин, донишҷӯи соли 4-уми факултети технология ва соҳаи иттилооти ҳамин Донишгоҳ Носиров Амир фарҳанги электронии «Калима»-ро таҳия намуд, ки аз ҷониби Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтарин ихтироот маҳсуб гардида, ҳамчун маводи зеҳнӣ дар Вазорати фарҳанг ба қайд гирифта шуд.

Қобили тазаккур аст, ки Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 таҳияи фитаҳои электронию овозии “Фарҳанги имлои забони тоҷики”-ро ба нақша гирифтааст.

Банди 36 (муҳлат 2012-2014). Натиҷаи иҷро: Вобаста ба масъалаи таҳияи барномаҳои омӯзишии забони давлатӣ (китобҳо ва ғайра) барои маъюбон (нобиноён, кару гунгҳо) «Барномаи таълими забони тоҷикӣ дар мактабҳои интернати махсус» (мураттибон М.Акобирова ва Б.Ҳайдаров) баъд аз ташхис ва ворид намудани ислоҳҳо бо қарори Ҳайати мушовараи Вазорати маориф тасдиқ гардида, аз ҷониби Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ ба теъдоди 500 нусха ба табъ расонида шуд.

Ҳамчунин, аз ҷониби Академияи таҳсилоти Тоҷикистон тарҷумаи зиёда аз 20 дастур ва маводи таълимӣ барои хонандагони шунавоиашон суст, кар ва биноиашон кам, нобино ва дигар иллатҳои ҷисмониву рӯҳонидошта анҷом дода шуд:

  1. Успенская Л.П., Успенский М.Б. Маҷмӯи маводҳо барои инкишофи нутқ ва ислоҳи талаффузи овозҳо дар кӯдакони синни томактабӣ. Тарҷумаи Мирбобоева Б., М., 1986.
  2. Усулҳои кор дар муассисаҳои таълимии кӯдакони ношунаво. Дастури таълимӣ / Усулҳои кори мактаб-интернати №1 кӯдакони ношунавои ш. Ленинград. Тарҷумон Назарова М.А., М., 1984.
  3. Таптапова С.Л. Кори ислоҳкунии логопедӣ ҳангоми халалдоршавии овоз. Китоб барои логопед. Тарҷумон Шозиёева А.М., 1984. 112 с.
  4. Залсман Л.М. Инкишофи ғайринутқии тарзи гуфтор дар мактаб барои кӯдакони нобино. Тарҷумаи Наврасов
  5. Инкишофи нутқи кӯдакони забонашон лакнатдор/ Дастури методӣ. Мураттибон Иматова Л., Туронов С.
  6. Мактаб барои бачагони нуқсони нутқдошта. Тарҷумаи Маҳкамов Д. ва Абдуллоев А.
  7. Нишондодҳои методӣ доир ба рушди нутқи гуфтугӯии муқаррарӣ ва тасвирӣ. Тарҷумаи Шогунбек Б., Сафаров Г.
  8. Корҳои беруназсинфӣ оид ба инкишофи нутқи хонандагони шунавоияшон суст (аз таҷрибаи кор). Тарҷумаи Боронов Б., Мирхонова Н.

Аз ҷониби пажӯҳишгарони Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон таҳия ва тарҷумаи зиёда аз 20 дастур ва маводи таълимӣ барои хонандагони шунавоиашон суст, кар ва биноиашон кам, нобино ва дигар иллатҳои ҷисмониву рӯҳонидошта омода карда шудааст. Аз ҷумла:

-«Маҷмӯаи нақли хаттӣ» (барои мактабҳои таҳсилоти миёнаи махсус) таҳияи М.Афғонов;

-«Имлои таълимӣ»- муаллифон Л.Иматова ва Ш.Котибова;

-«Корҳои беруназсинфӣ оид ба инкишофи нутқи хонандагони шунавоиашон суст» дар тарҷумаи Б.Боронов.

Банди 37 (муҳлат 2012-2013). Натиҷаи иҷро: Дар иртибот ба таъмини вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо таҷҳизоти тарҷумаи ҳамзамонӣ (синхронӣ) барои гузаронидани семинару конференсияҳо, мизи гирд ва чорабиниҳои дигар қайд менамоем, ки теъдоде аз вазорату идораҳо аз ин мавод истифода мебаранд, як қисми ташкилоту муассисаҳо ҳалли ин масъаларо бо дарназардошти дарёфти маблағ дар солҳои 2014-2015 ба нақша гирифтаанд.

Маҷлисгоҳи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати фарҳанг,Вазорати корҳои хориҷӣ ва Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ барои гузаронидани семинару конференсияҳо, мизи гирд ва чорабиниҳои дигар бо таҷҳизоти тарҷумаи ҳамзамон (синхронӣ) таҷҳизонида шудааст.

Банди 38 (муҳлат 2013). Натиҷаи иҷро: Тибқи банди 1-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 4-уми октябри соли 2012 зимни мулоқот ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардидаанд, бо мақсади баланд бардоштани марифати забондонӣ ва рушди сиёсати забони давлатӣ Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҲҶТ “Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ”-ро таҳия карда нашр намуд.Шакли электронии Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ дар сомонаи Кумита ворид карда шудааст.

 

Банди 39 (муҳлат 2012-2013). Натиҷаи иҷро:Оид ба ташкили омӯзиши Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ тибқи банди мазкур вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ташкилоту муассисаҳо вазифадор гардидаанд, ки барои кормандон шароит фароҳам оранд. Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон риояи ҳатмии муқаррароти «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» ва меъёрҳои забони давлатӣ дар муассисаҳои табъу нашри низоми вазорат таҳти назорати қарор дошта, роҳбарони нашрияҳои даврӣ вазифадор карда шудаанд, ки нашри «Коидаҳои имлои забони тоҷикӣ»-ро дар рӯзномаҳою маҷҷалаҳо мавриди амал қарор диҳанд. Ҳамчунин омӯзиши мунтазами ҳуҷҷати мазкур дар вазорат ва муассисаҳои зертобеъ ба роҳ монда шудааст.

 

Банди 41 (муҳлат ҳамасола). Натиҷаи иҷро: Баъд аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ҳамчун ҷашни умумимиллӣ ва рамзи худогоҳию худшиносӣ таҷлил мегардад. Ҳамасола бо пешниҳодҳои Кумита дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, муассисаҳои таълимӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, қисмҳои ҳарбӣ ва ҷузъу томҳои мақомоти қудратӣ бо иштироки олимону адибон мизҳои мудаввар, конференсияҳои илмию амалӣ ва маҳфилҳои адабӣ баргузор мегарданд. Кормандони Кумита дар ин чорабиниҳо иштирок намуда, муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тавзеҳ медиҳанд.

Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода дар доираи «Ҳафтаи забони давлатӣ» бо қироати шеърҳои адибони назми муосири тоҷик М.Қаноат, Б. Собир, Л. Шералӣ васфи забон ҳамарӯза шурӯъ шуда, то охири ҳафта масъулин-донишҷӯёни радиомаҷаллаи шуъбаи рӯзноманигории факултаи «Театр, кино ва рӯзноманигории телевизион», кибо гурӯҳи ташаббускори забони давлатӣ шомиланд, бо омӯзгорону донишҷӯён атрофии забони миллӣ ва ҷойгоҳи он дар ҷомеа суҳбатҳо ороста, шунавонидани ашъори нобро муддати як ҳафта (30-юми сентябр ва 4-уми октябр) роҳандозӣ намуданд. Соли ҷорӣ аз ҷониби масъулини Комиссияи умумидонишкадавии татбиқи Қонуни забони давлатӣ дар байни факултаҳо озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи «Забони давлат-пояи сиёсати миллӣ», маҳфили илмӣ-адабӣ зери унвони «Шахсияти иҷтимоии Туғрали Аҳрор» доир намуданд.Пас аз суханрониҳо миёни устодону донишҷӯён дар атрофии забони давлатӣ, нақши Туғрал дар таҳаввули забони меъёр, таъсири афкори Бедил ба шеъри Туғрал, баҳои С. Айнӣ ба шеъри шоир, дараҷаи омӯзиши рӯзгору осор ва афкори шоир гуфтугӯҳои судманд сурат гирифт.

Ҳамзамон, дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов Конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Забон инъикоскунандаи фарҳанги миллат» бо иштироки устодону донишҷӯён ва 5-уми октябри соли 2015 дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Нақши забон дар шинохти миллат» доир карда шуд, ки маърӯзачиён мавқеи забони адабии ҳозираи тоҷикиро дар ҷомеаи имрӯз, арҷ гузоштан ба ҳама муқаддасоти миллӣ ва ин арзишҳои фарҳангиро боқӣ гузоштан ба наслҳои оянда арзёби намудаанд.

Бо ҳамин мақсад дар муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла дар коллеҷҳои ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов, хореографии ба номи М. Собирова, фарҳанги ба номи П. Бӯйдоқови, ноҳияи Рӯдакӣ, Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи А. Бобоқулов, Мактаб-интернатҳои миёнаи махсуси ҷумҳуриявии ба номи З.Шаҳидӣ, ба номи М.Атоев чорабиниҳои эҷодию фарҳангӣ аз қабили озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯъҳои «Забон донӣ ҷаҳон донӣ», «Забони модариям-ифтихорам», маҳфилҳои шеърхонӣ, барномаҳои консертӣ бо номи «Соҳибзабонӣ – кафолати истиқлолияти миллат» баргузор карда шуда, бо шиору овезаҳо ва рӯзномаҳои деворӣ, аз ҷумла, «Забон поя ва ҳастии миллат», «Муқаддасоти Тоҷикистон», дарсҳои тарбиявӣ зери мавзӯи «Забони модарӣ чун шири модар», «Забондонӣ муҳимтарин фазилати инсон аст», «Имлои нави забони тоҷикӣ» ва ғайра Рӯзи забони давлатӣ истиқбол гирифта шуд.

 

 

V.ЗАБОНҲОИ АҚАЛЛИЯТҲОИ МИЛЛИИ

СОКИНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Банди 1(муҳлат мунтазам). Натиҷаи иҷро:Мутобиқи маълумоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ дар 1102 мактаби таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи умумӣ таҳсил ба забонҳои ғайридавлатӣ ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, дар 18 мактаб таълим ба забони русӣ, дар 272 мактаб таълим ба забони ӯзбекӣ, дар 37 мактаб таълим ба забони қирғизӣ, дар 1 мактаб таълим ба забони туркманӣ, дар 2 мактаб таълим ба забони англисӣ, дар 116 мактаб таълим ба забонҳои тоҷикӣ-русӣ, дар 597 мактаб таълим ба забонҳои тоҷикӣ-ӯзбекӣ, дар 25 мактаб таълим ба забонҳои тоҷикӣ-қирғизӣ, дар 5 мактаб таълим ба забонҳои тоҷикӣ-туркманӣ, дар 1 мактаб таълим ба забонҳои ӯзбекӣ-қирғизӣ, дар 1 мактаб таълим ба забонҳои русӣ-қирғизӣ, дар 23 мактаб таълим ба забонҳои тоҷикӣ-русӣ-ӯзбекӣ, дар 1 мактаб таълим ба забонҳои тоҷикӣ-русӣ-қирғизӣ, дар 1 мактаб таълим ба забонҳои тоҷикӣ-русӣ-англисӣ сурат мегирад.

Ба хотири таъмини муассисаҳои таълимӣ бо мутахассисони забони давлатӣ ва дастурҳои таълимӣ бо фармоиши вазири маориф дар нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тағйирот ворид карда шуда, илова ба нақшаи қабул аз ҳисоби намояндагони ақаллиятҳои миллӣ аз рӯи ихтисоси омӯзгори забони давлатӣ ва забону адабиёти тоҷикӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода, донишгоҳҳои давлатии шаҳрҳои Хуҷанд, Хоруғ ва Кӯлобу Қӯргонтеппа донишҷӯён қабул карда шуданд.

Бандҳои 2 (муҳлат мунтазам) ва 3 (муҳлат 2012-2015). Натиҷаи иҷро: Аз ҷониби Вазорати маориф китоби дарсии «Адабиёт» (А.Абдуқодиров) барои хонандагони синфи 10-уми ӯзбекзабони ҷумҳурӣ бо теъдоди 25 000 нусха нашр гардида, ба муассисаҳои таълимии кишвар дастрас гардонида шудааст. То ба ҳол тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон ба забонҳои ғайридавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо китобҳои дарсии «Забони давлатӣ» (барои синфҳои 2-11) таъмин мебошанд.

Аз ҷониби кормандони Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон китобҳои дарсии «Забони давлатӣ» барои синфҳои 2-7, 10-11, «Луғати мухтасари тоҷикӣ-русӣ-қирғизӣ» бо фарогирии қариб 3000 вожа ва «Маҷмӯаи диктант ва нақлҳои хаттӣ аз фанни забони давлатӣ барои синфҳои 2-11-и мактабҳои таълим ба забонҳои ғайритоҷикии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мураттаб шуда, дар рӯзҳои наздик нашр мегардад.

Бо дастгирии молиявии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Мурғоб китоби «Луғати забонҳои тоҷикӣ ва қирғизӣ» аз чоп баромад.

Вазорати фарҳанг ҳамасола ба тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ сафари «Корвони китоб»-ро чун анъана ҷорӣ намудааст, ки тавассути он китобхонаҳои оммавӣ ва мактабиро бо адабиёти зарурӣ бо забони давлатӣ ва забони аққалиятҳои миллӣ таъмин мегарданд.

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ташкил ва такмили фонди китобхонаи мамлакат бо адабиёти нав ва матбуоти даврӣ, ҳамасола ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат сафари «Корвони китоб» ташкил менамояд. Дар соли 2015 тавассути Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои «Китоб», «Корвони китоб» созмон дода, бо теъдоди 85867 нусха китобҳо ва васоити китобхона, ба маблағи 180000, 00 сомонӣ фонди китобхонаҳои мамлакатро таъмин намуд.

Китобхонаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд дорои адабиётҳои бадеӣ буда, дастури таълимӣ ва маҷаллаҳою рӯзномаҳо бо забони давлатӣ навишта мешаванд. Донишҷуён аз китобҳои бадеӣ, маҷаллаю рӯзномаҳо васеъ истифода мебаранд.

Ҳамзамон, дар кафедраи забонҳои донишкада гурӯҳи омӯзгорони забони русӣ ва англисӣ муҳовараи русӣ- тоҷикӣ, англисӣ- тоҷикӣ, чинӣ- англисӣ, олмонӣ- тоҷикӣ таҳия намудаанд ва шакли электронии онҳо низ вуҷуд доранд.

 

Банди 4 (муҳлат 2012-2016). Натиҷаи иҷро: Дар давоми солҳои 2012-2013 аз ҷониби Вазорати фарҳанг рӯзҳои фарҳанги миллӣ дар ноҳияи Ҷиргатол, Ҷиликӯл, Бешкент, Қубодиён ва шаҳри Турсунзода баргузор гардид.

 

VI.ҲИМОЯ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ БЕРУН

АЗ МАРЗИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Банди 1 (муҳлат мунтазам). Натиҷаи иҷро: Дар доираи Барнома бо мақсади ҳимоя ва рушди забон ва фарҳанги миллии тоҷикони муқими кишварҳои хориҷӣ аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ ба сафоратҳо ва намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дода шудааст, ки дар самти таблиғи забони тоҷикӣ дар хориҷи кишвар, таъсиси курсҳои забони тоҷикӣ дар намояндагиҳои дипломатӣ, баргузор намудани конференсияву нишастҳои илмӣ роҷеъ ба забони тоҷикӣ, ташкили стендҳо, тавсеаи ҳамкориҳо бо донишгоҳҳои шарқшиносии кишвари иқомат ва мубодилаи академикии донишҷӯён, такмили саҳифаҳои расмии сафоратҳо ба забони давлатӣ, таъмини шуъбаҳои фарҳанги сафоратҳо бо рӯзномаву маҷаллаҳои тоҷикӣ, маводи аудиовизуалӣ ва луғату китобҳои дарсӣ дар шакли онлайн, таъмини пахши шабакаҳои телевизионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафоратхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдомҳои мушаххасро амалӣ намоянд.

Банди 2 (муҳлат 2012-2016). Натиҷаи иҷро:Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонбо мақсадиҳимоя ва рушди забони давлатӣ берун аз марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Федератсияи Россия бо 41 ташкилоти ҷамъиятӣ ва 30 маркази фарҳангӣ, дар Украина бо 2 ташкилот, дар Ҷумҳурии Қирғизистон бо 2 ташкилоти ҷамъиятӣ ва дар Ҷумҳурии Қазоқистон бо 7 маркази фарҳангӣ ҳамкориро ба роҳ монда буд.

Дар Федератсияи Россия зимни ҳамкорӣ бо диаспораҳо ва Ташкилоти ҷамъиятии дӯстии халқҳои тоҷику руси «Сомониён» дар шаҳри Санкт-Петербург рӯзномаи ҳармоҳаи «Хуросон» ба забони тоҷикӣ нашр гардида, дастраси хонандагон мегардад.

Ҳамчунин, Хадамот ҳамкориро бо Созмони тоҷикони Ҷумҳурии Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон ба роҳ мондааст. Бо ибтикори созмони тоҷикони Ҷумҳурии Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ рӯзномаи «Ала-Тоо» таъсис дода шуд, ки то имрӯз40 шумораи он ба нашр расидааст. Дар ҳар шумораи он оид ба фаъолияти тоҷикон, ҳифзи ҳуқуқи онҳо ва расму оинҳои мардуми тоҷик мақолаҳо ба табъ расонида шудааст.

Бояд қайд намуд, ки як теъдоди муайяни рӯзномаи «Муҳоҷир», ки ба забони давлатӣ нашр мегардад, дар қаламрави Федератсияи Россия ба воситаи намояндагӣ миёни тоҷикон паҳн карда мешавад.

Банди 3 (муҳлат 2012-2014). Натиҷаи иҷро: Аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сафоратхонаҳо ва марказҳои фарҳангии тоҷикон дар кишварҳои хориҷӣ 584 номгӯй бо теъдоди 2070 нусха китобҳои тозанашри муассисаҳои «Адиб», «Ирфон», «Адабиёти бачагона» ва Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик» ба таври ройгон ҷудо карда шудааст.

Банди 4(муҳлат 2012). Натиҷаи иҷро: Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамасола мутобиқи талаботи шаҳрвандони тоҷикзабони кишварҳои хориҷӣ дар доираи имкониятҳои буҷети ҷумҳурӣ ҷудо намудани бурсияҳои заруриро дар нақшаи қабул ба муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ба инобат мегирад. Дар асоси созишномаҳои байниҳукуматӣ дар нақшаи қабули соли таҳсили 2012-2013 аз ҷониби Вазорат барои шаҳрвандони этникии Ҷумҳурии Қазоқистон 10 ҷой ва Ҷумҳурии Туркманистон 5 ҷой бо ихтисоси забон ва адабиёти тоҷикӣ ҷудо карда шудааст.Соли 2013 барои тоҷикони муқими Қазоқистон 5 ҷой, Туркманистон 5 ҷой ва Қирғизистон 5 ҷой бо ихтисоси забон ва адабиёти тоҷикӣ ҷудо карда шуд.

Қобили тазаккур аст, ки амалӣ гардидани бандҳои зиёди Нақшаи чорабиниҳои Барномаи мазкур , ки ба таҳқиқи масоили забони тоҷикӣ, таҳия ва такмили дастуру барномаҳои таълимӣ, таҳия ва нашри китобҳои дарсӣ ва фарҳангномаҳо марбутанд, бояд то соли 2016 идома ёбад. Аз ин рӯ, доир ба иҷрои бандҳои зерини Нақшаи чорабиниҳои Барнома дар марҳилаҳои навбатӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши муфассал пешниҳод хоҳад гашт:

  1. Таҳқиқи заминаҳои рушди забони давлатӣ аз нигоҳи забоншиносии иҷтимоӣ (банди 2 боби I).
  2. Омӯзиш ва таҳқиқи вазъи забони модарии тоҷикони сокини кишварҳои хориҷӣ ва осори хаттии маҳфуз аз забони тоҷикӣ дар китобхонаҳои кишварҳои хориҷӣ (банди 20 боби II).
  3. Нашри намунаҳо аз осори адабиёти классикии форсӣ-тоҷикӣ ва осори адабиёти классикии ҷаҳонӣ ба забони давлатӣ (банди 18 боби IV).
  4. Ташкил ва такмили фондҳои илмии забони тоҷикӣ, фарҳангнигорӣ ва лаҳҷашиносӣ (банди 25-и боби IV).
  5. Ташкили экспедитсияҳои лаҳҷашиносӣ, номшиносӣ, фолклоршиносӣ, этнографӣ (банди 26 боби IV).

Қобили тазаккур аст, ки аз ҷониби масъулони вазорату идораҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, ташкилоту муассисаҳои зерин бандҳои Нақшаи чорабиниҳои “Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016” иҷро нагардидааст. Аз ҷумла:

Банди 1 боби II (муҳлат 2012-2016).Таҳия ва нашри грамматикаи меъёрии забони тоҷикӣ.Иҷрокунандагон - Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ.

Банди 2 боби II (муҳлат 2012-2015). Таҳқиқи заминаҳои рушди забони давлатӣ аз нигоҳи забоншиносии иҷтимоӣ. Иҷрокунандаҳо - Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Банди 12 боби II (муҳлат 2012-2013). Таҳия ва нашри дастурҳои худомӯзи забони тоҷикӣ. Иҷрокунанда - Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Банди 7 боби III (муҳлат 2012-2013).Такмили барномаҳои таълимии забони давлатӣ барои ақаллиятҳои миллӣ. Иҷрокунанда - Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Банди 9 боби III (муҳлат 2012-2013). Зиёд намудани теъдоди соатҳои таълимии забони тоҷикӣ дар факултаҳои ғайрифилологии мактабҳои олӣ. Иҷрокунанда - Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Банди 20 боби IV (муҳлат 2012-2013).Таъсиси марказҳои омӯзиши забони давлатӣ дар маҳалҳои зисти ақаллиятҳои миллии сокини ҷумҳурӣ. Иҷрокунанда - мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ.Мутаассифона, ин банд аз ҷониби мақомотҳои дахлдор то ҳол ҳалли худро наёфтааст.

Банди 26 боби IV (муҳлат 2012-2016). Ташкили экспедитсияҳои лаҳҷашиносӣ, номшиносӣ, фолклоршиносӣ, этнографӣ. Иҷрокунанда -Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ.

Банди 37 боби IV (муҳлат 2012-2013).Таъмини вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо таҷҳизоти тарҷумаи ҳамзамонӣ (синхронӣ) барои гузаронидани семинару конференсияҳо, мизи гирд ва чорабиниҳои дигар. Иҷрокунандагон - вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ.Ин масъала то ҳол ба пуррагӣ ҳалли худро наёфтааст.

Қобили тазаккур аст, ки Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешниҳод намудани ҳисобот аз натиҷаи иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ваиҷрои бандҳои Нақшаи чорабиниҳои “Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016” ба вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, донишгоҳу донишкадаҳо моҳи ноябри соли 2015 барқияи телефонӣ ирсол намудааст.

Мутаассифонааз ҷониби бархе вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, донишгоҳу донишкадаҳо оид ба иҷрои бандҳои Нақшаи чорабиниҳои “Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016” дар соли 2015 ба унвонии Кумита гузориш пешниҳод накардаанд. Аз ҷумла:

  1. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  2. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  3. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  4. Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  5. Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  6. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  7. Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  8. Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои милии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  9. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  10. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  11. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ;
  12. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд;
  13. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе;
  14. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав;
  15. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи И.Сомонӣ;
  16. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур;
  17. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода;
  18. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав;
  19. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт;
  20. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод;
  21. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  22. Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  23. Муассисаи давлатии киностудияи “Тоҷикфилм”;
  24. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
  25. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ;
  26. Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино;
  27. Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон;
  28. Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода;
  29. Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон;
  30. Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон;
  31. Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон;
  32. Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода;
  33. Донишкадаи Исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит;
  34. Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  35. Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  36. Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон;
  37. Консерваторияи миллии Тоҷикистон.

 

 

Вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда

Аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016 муддати зиёд сипарӣ нагардида бошад ҳам, дар бештари соҳаҳо то андозае натиҷаҳои дилхоҳ ба даст омадааст.

Тадбирҳое, ки дар доираи Барномаи мазкур то соли 2016 бояд амалӣ гарданд, таҳлилҳои дақиқро дар соҳаҳои мухталифи илм тақозо доранд ва баҳри расидан ба ҳадафҳои Барнома фаъолияти мақомоти масъул, хусусан пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ дар оянда бояд боз ҳам густариш ёбад.

Боиси хурсандист, ки бо дастури Президенти кишвар зимни мулоқот ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ (4 октябри соли 2012) масъалаи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зери назорати шахсии роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қарор дода шуд. Ин иқдом, бешубҳа, барои татбиқи самарабахш ва устувори Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016 мусоидат хоҳад кард.

Қобили тазаккур аст, ки дар баробари муваффақиятҳои бадастомада дар роҳи татбиқи Қонуни мазкур ҳанӯз масъалаҳои зиёди ҳалталаб мавҷуданд.Чунончи:

1. Новобаста аз корҳои ба анҷомрасида дар самти татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ камбудиҳо ҷой доранд. Санҷишҳо нишон доданд, ки дар бештар маврид фаъолияти Комиссияҳои назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» хусусияти лаҳзавӣ дошта, муназзам сурат намегирад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки теъдоди зиёди навиштаҷоти ғалат ва лавҳаи номҳои ғайримиллии ташкилоту муассисаҳо бо сарфи маблағи зиёд таҳия ва насб гардидаанд. Дар ҷараёни бақайдгирии ин муассисаҳо ба риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби мақомоти дахлдор таваҷҷуҳ дода нашудааст. Табиист, ки ин омил боиси ба миён омадани мушкилоти зиёд ҳангоми бартараф намудани қонунвайронкуниҳо мегардад.

2. Мавҷуд набудани воҳидҳои кории алоҳида – масъулони татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои назорати мунтазами он дар тамоми ташкилоту муассисаҳо мушкилот пеш меорад. Аз ин рӯ, Кумита таъсиси воҳидҳои кории алоҳидаро дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии кишвар барои пешрафти соҳа зарур мешуморад.

3. Мусоидат барои густариши забони миллӣ дар мақоми забони илм вазифаи асосии ҳама сохторҳои илмӣ ва кафедраҳои мактабҳои олии кишвар маҳсуб мегардад. Аз ин рӯ, ба забони илм табдил додани забони давлатӣ татбиқи чорабиниҳои мушаххасро аз тамоми мақомоти дахлдор тақозо менамояд.

4. Сохторҳои илмӣ ва кафедраҳои мактабҳои олии кишварро зарур аст, ки дар самти мушкилот ва дурнамои истилоҳоти соҳавӣ тадбирҳои мушаххас андешида, мутахассисони навро омода намоянд.

Ҳамчунин, Вазорати маориф ва илмро зарур аст, ки дар донишгоҳу донишкадаҳо таълими фанни “асосҳои истилоҳотшиносӣ”-ро роҳандозӣ намояд.

5. Мавҷуд набудани нашрияи Кумита барои инъикоси муназзами масъалаҳои соҳа, аз ҷумла вожаю истилоҳоти қабулгардида мушкилот пеш меорад. Аз ин рӯ, Кумита дар доираи Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016 таъсиси фаслномаи «Забон ва истилоҳот»-ро дар назди Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифтааст.

6.Таъсиси марказҳои омӯзиши забони давлатӣ дар маҳалҳои зисти ақаллиятҳои миллии сокини ҷумҳурӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки дар доираи Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016 бояд амалӣ гардад, андешидани тадбирҳои мушаххасро аз масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тақозо менамояд.

7.Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки дар номгузории маҳалҳо ва кӯчаю хиёбонҳо, бо вуҷуди тағйири теъдоди номҳои бегона ва ғайримиллӣ, мутаассифона, бархе аз камбудиҳо низ ба назар мерасад, ки ин ба такрори номи ашхос дар як ҷой ва ё дар чандин маҳалҳои дигар иртибот дорад.

Зимни пешниҳоди номҳодар бештар маврид ба таърихи маҳал ва хусусиятҳои ҷуғрофии он таваҷҷуҳ дода намешавад ва дар натиҷа меъёрҳои суннатии номгузорӣ сарфи назар мегарданд.

Бинобар ин Комиссияи номгузории маҳалҳоро зарур аст, ки ҳангоми тағйири номҳои ҷуғрофӣ ва номгузории маҳалҳои аҳолинишин ва хусусиятҳои миллию таърихӣ ва этнографӣ диққати махсус зоҳир намоянд.

6.Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар номгузории маҳалҳо ва кӯчаю хиёбонҳо, бо вуҷуди тағйири теъдоди номҳои бегона ва ғайримиллӣ, мутаассифона, бархе аз камбудиҳо низ ба назар мерасанд, ки ин ба такрори номҳои ашхос дар як ҷой ва ё дар чандин маҳалҳои дигар иртибот дорад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки Комиссияи номгузории назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо барои пешгирии ин раванд тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намоянд.

Барои татбиқи самараноки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Кумита лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Ҳамзамон, баҳри рушди забони давлатӣ дар саросари ҷумҳурӣ Кумита ба нақша гирифтааст, ки дар замина ва баъди ҷамбаст иҷрои бандҳои Нақшаи чорабиниҳои «Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» лоиҳаи «Консепсияи миллии рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2026»-ро таҳия намуда, дар соли 2016 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

Кумита зарур мешуморад, ки барои таҳияи дурнамои сиёсати забони давлатӣ ва арҷ гузоштан ба забони давлатӣ, ки муқаддасоти олӣ дар радифи Модар ва Ватан эълон гардидааст, ворид намудани масъалаҳои зерин дар лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои «Консепсияи миллии рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2026» мувофиқи мақсад мебошад:

  • Таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи «Дастурамали танзим ва қабули истилоҳот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
  • баррасии фарҳангҳои воридотӣ;
  • мусоидат барои таҷрибаомӯзии кормандони Кумита дар Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва дигар ҳавзаҳои форсизабон;
  • таҳлил ва баррасии вазъи омӯзиш ва таҳқиқоти мавзӯъҳои илмӣ дар самти истилоҳшиносӣ.
  • мунтазам таҷлил намудани Рӯзи забони давлатӣ дар тамоми мақомотҳои марказиву маҳаллӣ, ташкилотҳо ва муассисаҳо новобаста аз шакли ҳуқуқиашон.
  • таъсиси воҳидҳои кории алоҳида дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати иҷрои назорати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
  • ворид намудани намояндаи Кумита ба ҳайати Шӯрои Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»;
  • табдили Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи давлатии забон ва истилоҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама»;
  • ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
  • таъсиси Комиссияҳои ҷамъиятӣ дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо;
  • нашри китобҳои «Фарҳанги номҳои миллӣ»,«Феҳристи номҳои миллӣ»;
  • зиёд намудани теъдоди соатҳои таълимии забони тоҷикӣ дар мактабҳои олӣ (дар банди 9-и боби III-и «Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» ин масъала таъкид гардидааст, ки ин банд на ин ки иҷро шудааст, балки ҳангоми аз низоми анъанавӣ ба низоми кредитӣ гузаштан аз 140 соат ба 64 соат оварда расонида шудааст)

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар ва супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ тамоми иқтидори худро баҳри назорат ва татбиқи муассири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016 равона хоҳад кард.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Фишурдаи гузориш барои Воситаҳои ахбори омма аз Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Нақши забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 2 Ноябр, 2017 - 12:16

«Забони тоҷикӣ бо гузашти асрҳо ҳамчун омили ваҳдат ва ифтихори миллӣ дар давлатдории навини мо дар мақоми забони давлатӣ қарор гирифт».

Эмомалӣ Раҳмон

Забони ҳар миллат яке аз муҳимтарин унсурҳои ҳувият, рамзи истиқлоли маънавӣ ва аз муҳимтарин рукнҳои истиқлоли сиёсии он мебошад. Далели барҷастаи ин андеша дар аксари мавридҳо ҳамсон будани унвони забон бо номи миллат ва қамвият ва дар ниҳоят кишвар аст. Забони миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ буда, дар пойдорӣ ва таҳкими давлати миллӣ мақом ва нақши муҳим дорад ва ба ҳамин далел забони миллат бунёд ва пояи давлат маҳсуб мешавад. Дар қадим будан ва асолат доштани истилоҳи «тоҷик» ба унвони номи як миллати муаззам ва куҳанбунёд ҳеҷ шакку тардиде нест ва таҳқиқоти пуршумори донишмандони дохиливу хориҷӣ, ки устод Айнӣ аз ин зумра мебошад, ин ҳақиқатро ба суббот расондааст. Аз ин рӯ, забон дар ҳама давру замонҳо яке аз сарчашмаҳои асосии Истиқлолияти миллӣ ва омили муҳими ташаккули миллат мебошад.
Ташаккул ва паҳншавии босуръати забони тоҷикӣ на фақат ба инкишофи минбаъдаи халқи тоҷик мусоидат намуд, балки эътибори ин забон гувоҳномаи ҳуввияти миллии тоҷикон гардид. Дар минтақаҳои пайдоиш ва густариши ин забон номи тоҷик низ мақоми таърихӣ пайдо кард ва устувор гардид.
Бояд қайд намуд, ки сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат буд, ки забони тоҷикӣ ҳамчун забони миллӣ дар даврони Истиқлолият дар мақоми забони давлатӣ пазируфта шуда ва он имрӯз ба таври озод дар умури сиёсиву иҷтимоии кишвар мавриди истифода қарор дорад. Дар иртибот дар ин нукта, воқеан миллати мо бо вуҷуди он ҳама офатҳову бадбахтиҳои дар тӯли таърих дидааш, маҳз бо ҳифзи забони худ ҳамчун миллат зинда мондааст.
Эҳтироми бепоён ба забони миллӣ доштаи Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама суханрониҳо ва паёмҳояшон баён мегардад, ки ин ҳама далели арҷгузорӣ ба забони модарӣ – ин ганҷи бебаҳои меросу фарҳанги миллӣ дониста мешавад.
Мавзӯи дигаре, ки ба матни забон, ки ҳувияти миллатҳо робитаи мустаҳкам дорад, мавзӯъи ҷойномҳо мебошад. Дар Тоҷикистон пас аз дастёбӣ ба Истиқлолу Ваҳдати миллӣ ба ин мавзӯъ аз ҷониби Сарвар давлат аҳамияти хос дода шудааст, ки дар яке аз суханрониҳои худ ба муносибати бузургдошти забони давлатӣ ба ин масъала ба таври вижа таваҷҷуҳ намудааст:
«Номҳои ҷуғрофии минтақа ба таъриху сарнавишти миллат иртибот дошта, таърихи рушду такомули забони моро инъикос менамояд…». Соли 2015 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармон оид ба Комиссияи олии аттестатсионӣ дар назди Президенти ҶТ имзо шуд, ки мушкилоти зиёди шаҳрвандон дар бобати омода кардани рисолаҳои илмӣ ба забони давлатӣ ва ҳимояи онҳо дар дохили кишвар осон гардад, ки ин эҳтиром ва эътимод ба худ ва ба забони модарии худ буда, масъалаи ҳифзи ҳувият ва истиқлоли маънавию фарҳангӣ мебошад.
Ҷиҳати танзими истифодаи забони давлатӣ ва муайян намудани вазъи ҳуқуқии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» амал мекунад.
 Барои ба ин ҳадафҳо расидан Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19-уми майи соли 2017, №251732/26 ва Нақшаи кории Кумита оид ба таҷлили 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ 23-юми июни соли 2017 дар толори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» бо иштироки намояндагони Ҳукумати кишвар, вазорату идораҳои давлатӣ, донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар, ҷамъиятҳо, Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳоти Кумита ва намояндагони ВАО Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявиро таҳти унвони «Нақши забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ» -ро баргузор намуд.
Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми филология Гавҳар Шарофзода оғоз намуд. Сипас, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ва директори Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии АИ ҶТ Сахидод Раҳматуллозода роҷеъ ба нақши забони давлатӣ дар таҳкими Ваҳдати миллӣ сухан намуданд. Дар конференсия намояндагон аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров, аз Донишгоҳи далатии Қурғонтеппа ба номи Носири Хусрав ва аз Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ширкат варзиданд. Дар Конференсия инчунин, 10 маърӯзаи илмӣ аз ҷониби мутахассисони бахшҳои гуногуни забоншиносӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ҷумла, дар мавзӯи «Забони миллӣ ва ваҳдати миллӣ», доктори илмҳои филологӣ Назарзода Сайфиддин (Китобхонаи миллии Тоҷикистон) «Истиқлолият ва вазъи забону истилоҳот» доктори илмҳои филологӣ Мирзо Ҳасани Султон (Бонки миллии Тоҷикистон), «Шинохти фарогири мақоми забони тоҷикӣ»- доктори илмҳои филологӣ, профессор Шамсиддин Солеҳов, «Сиёсати забонӣ ва ваҳдати миллӣ» - номзади илмҳои филологӣ, профессор Кабиров Шаҳбоз (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон), «Забони тоҷикӣ-забони фарҳанги маънавии мардуми Бадахшон» номзади илмҳои филологӣ, дотсент Матробиён Саодатшо, «Забон нишони миллат ва давлат аст» профессори ДДҚ Ҳасани Муродиён, «Нақши забони давлатӣ дар таҳкими Ваҳдати миллӣ» полковник Ҳомидов Исмоил (Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа оид ба корҳои илмӣ- сардори шуъбаи илмӣ-ҳарбӣ), «Саққои Бухороӣ ва рушди забони тоҷикӣ дар Ҳинд» Фаридун Маҳмадулло (мудири редаксияи забон, адабиёт ва фолклори Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии энсиклопедияи миллии тоҷик) ва «Саҳми Мавлоно Яқуби Чархӣ дар инкишоф ва рушди забони адабии ҳозираи тоҷик» асиссенти кафедраи забон ва адабиёти арабӣ Холов Аълохуҷа (Донишкадаи давлатии исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам) маърӯза намуда, масъалаҳои зерин баррасӣ гардид;
-нақши ваҳдатофарини забони тоҷикӣ дар масири таърих;
-сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забон;
 -вазъи иҷтимоии забони тоҷикӣ дар 20 соли Ваҳдати миллӣ.
 Бояд қайд намуд, ки муҳимтарин унсури таъйинкунандаи як миллат забон аст. Давлатҳо ҳам дар пояи миллат вуҷуд доранд, ногузир забон муҳимтарин унсури вуҷуди як давлати миллӣ ҳам ҳаст. Забони тоҷикӣ бошад, ҷавҳари миллати моро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, месазад баҳри пешбурди сиёсати давлат оид ба забони давлатӣ ҳамчун забони миллӣ хизматҳои арзанда кард.
 Дар интиҳо, пас аз баррасии фикру мулоҳизаҳо аз ҷониби ҳайати иштирокдорони Конференсия Тавсиянома оид ба рушду инкишофи забони давлатӣ дар таҳкими Ваҳдати миллӣ қабул гардид.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
3
Баҳои миёна: 3 (2 овоз)

Address - Адрес – Нишонӣ – Суроға

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 1 Ноябр, 2017 - 19:27

The term “суроғ” is a Tajik-Farsi term, which is a loanword from Turkic language, and this term in old dictionaries regarding the history of appearance has a meaning of “суроғ” or “سراغ” or “information”, “searching”, “exploration” etc. In dirrerent encyclopedias the term “суроғ” has the following meanings: searching, finding; waiting; sign, track, information, news etc. The term “суроғ” in the above meanings was used in writings of Khozik, Sayido, Savdo, Jomi, Bedil and some other outstanding writers.

 In the «Dehhudo» dictionary, the term «суроғ» or «سراغ» has the following meaning: «Суроғ» - footprint of a person or others; this term is also was used as footprint, request, search, find, get and give. (Onandroj, Giyos, Ul-Lugot). In Turkic language the term “сӯроғ” or “ سوراغ” has a meaning of searching or researching, sign, information or news; in other words it has a meaning of delegence (Giyos, Ul-Lugot)».

Dehhudo also explain the verb structure of “суроғ” term: суроғ додан - нишон додан - show; суроғ доштан — огоҳӣ доштан - warn; суроғ кардан — нишон ёфтан - find, огоҳӣ ёфтан - inquire; суроғ гирифтан — хабар пурсидан - get information, бохабар шудан - be informed (Dehhudo. Dictionary. Teheran, 1998; can be used as a reference to Tajik Spelling Dictionary, Moscow, 1969; Tajik to Russian Dictionary. Dushanbe, 2006; Complete Tajik Spelling Dictionary. Dushanbe, 2011.)

The comment from «Farsi Dictionary - Amid» can also be referenced for “суроғ” term: «суроғ - sign and mark, footprint; ask about someone’s location or place; follow someone; looking for someone; суроғ гирифтан - to find someone, ask someone’s location from others» (Farsi Dictionary by Amid. Teheran, 1387).

In Uzbek language this term is used as “so‘roq” or “сӯроқ” or “سوراق” and has the following meaning: 1. Ask, Inquire; 2. (As a legal term) interrogation, to asl from the accused about the fault; 3. Request, questionnaire. This term in Uzbek language is also used in the following meanings: бесӯроқ — бидуни пурсиш - without request, бидуни иҷозат - without permission; сӯроқламоқ — пурсуҷӯ кардан - ask questions; сӯроқсиз — бидуни рухсат - without access; бидуни бозпурсӣ - without inquiry. (Uzbek to Farsi Dictionary. Muham Khalim Yorkin, Shafikha Yorkin. Teheran, 1386).

Today in Tajik language the term “address” is used as «нишонӣ» and «суроға». Адрес - Address (in French - adresse < addresser has a meaning of «ирсол додан - transfer, send») in other languages in has different meaning, as well as the main meaning of «place or location of building or someones living place». (Big Dictionary of Foreign Words. Moscow, 2007).

The international term “адрес” started to be used in Tajik language by the means of Russian language starting at 20s in ХХ Century and is still well known term in the country. Even the term “адрес” or “address” in Tajik language (as well as in Farsi - ādres) and other former Soviet Union counties was a single term, did not have other equivalents and used as a single term for all languages.

In Farsi this term as a Frech loanword was used “ādres”, and later it was equivalent to Farsi term — «нишонӣ», which is used in Farsi dictionaries.

There are three equivalents used In Tajik language: “адрес” (via Russian language), нишонӣ (via Farsi language) ва суроға (from суроғ+а is based on Turkic term “сӯроғ”). It needs to be reminded that the «нишонӣ» and «суроға» terms have been entered into Tajik language in 90s of XX Century in the first «Tajik to Russian Dictionary» (p.1, 2004; p.2, 2005 and Second Edition in 2006).

The “суроға” term is formed by two parts, the term “суроғ” and suffix “-а” that is specific to Tajik language. The other Turkic languages or non-Turkic languages have no formed the term “суроға” by adding the suffix “-а” from the Turkic term “суроғ”. This form is only used in Tajik language regarding the legacy formations.

In «Russian to Tajik Dictionary» printed on 1933 in Latin alphabet the only term «адрес» is used. This way, in two other dictionaries — «Russian to Tajik Dictionary» printed in 1949 and «Russian to Tajik Dictionary» printed in 1985, besides other Tajik equivalents, the term «адрес» is also used. In Farsi language, the term «нишонӣ» is equivalent to “адрес” term (Farsi - ādres). The term “нишонӣ” in «Dictionary of Dehhudo” along the other meanings, regarding the historical formation, there is one other meaning of «нишон, суроғ, адрес» is used.

Regarding the usage of these terms, it looks like that «нишонӣ» is our more traditional former term, where the term «суроға» was used in our language for a long period. This way, the term “нишонӣ” have to be used as the first priority in tajik language usage. As for the term «адрес», then this is an international term and can be also used in Tajik language as it is used in Farsi and Dari.

D. Saymiddinov

Баҳодиҳии муҳтаво: 
2
Баҳои миёна: 1.5 (371 овоз)

Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявии «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар ҳифзи асолати забон ва меъёрҳои он»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 1 Ноябр, 2017 - 19:06

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки Кумита 3-юми октябри соли 2017 Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар ҳифзи асолати забон ва меъёрҳои он»-ро бо иштироки олимону донишмандони кишвар ба нақша гирифтааст.
Дар конференсия масъалаҳои марбут ба қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва ҷанбаҳои мусбату мушкилоти он баррасӣ хоҳад шуд.

Барои иштирок дар конференсия матни маърӯзаро то 22-юми сентябри соли 2017 ба нишонии мо: шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод 25, ошёнаи 3-юми бинои Тоҷикфилм ё ин ки почтаи электронии Кумита kumitaizabon@mail.ru пешниҳод намоед.

Талабот ба таҳияи маърӯзаҳо:
Маърӯзаро дар ҳаҷми аз 4 то 6 саҳифаи чопӣ дар формати Word, варақаи андозаи А 4, фосилаҳо аз боло 2 см., аз поён 2 см., аз чап 3 см., аз рост 1,5 см., фосилаи байни сатрҳо 1,5 ҳуруфи Times New Roman ва Times New Roman Tj, андозаи ҳарфҳо 14 дар шакли хаттӣ ва электронӣ пешниҳод кардан зарур аст. Ному насаб, унвон ва дараҷаи илмӣ, вазифаи ишғолкардаи муаллиф бо пуррагӣ дар гӯшаи рости варақ баъди унвони маърӯза ҷойгир карда шавад.
Маводи конференсия дар шакли маҷмӯа чоп мешавад.

Телефонҳо барои тамос: 227-59-25;227-64-51; 92-721-53-46. Почтаи электронӣ: kumitaizabon@mail.ru.
Комиссияи тадорукот

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Категория:

Адрес – нишонӣ – суроға

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 1 Январ, 2017 - 11:11

Суроғ дар забони форсӣ-тоҷикӣ иқтибоси туркӣ буда, ин вожа дар фарҳангҳои куҳан, бинобар осори чанде аз гузаштагон ба гунаи суроғ ( سراغ) омадааст. Дар фарҳангномаҳо аз ин маъниҳои вожаи суроғ ёд мешавад: ҷустуҷӯ, кофтуков; интизор; нишон, асар, аломат; дарак, хабар. Вожаи суроғ дар ин маъниҳо дар осори Ҳозиқ, Сайидо, Савдо, Ҷомӣ, Бедил ва чанд адибони дигар ба кор рафтааст.

 Дар «Луғатнома»-и Деҳхудо«суроғ» ( سراغ) чунин маънӣ шудааст: «суроғ- нишони пойи одамӣ ва ғайра; нишони пой ва бо лафзи талаб кардан ва ҷ устан ва кардан ва гирифтан ва бардоштан ва додан мустаъмал аст (Онандроҷ, Ғиёс ул-луғот). Дар туркӣ сӯроғ ( سوراغ) ба маънии тафаҳҳус ва тафтиш бошад; нишон ва асар ва хабар; маҷозан ба маънии талош ва ин лафз туркӣ аст (Ғиёс ул-луғот)».

Деҳхудо аз ин таркибҳои феълӣ бо вожаи суроғ низ ёд мекунад: суроғ додан- нишон додан; суроғ доштан — огоҳӣ доштан; суроғ кардан — нишон ёфтан, огоҳӣ ёфтан; суроғ гирифтан — хабар пурсидан, бохабар шудан (Деҳхудо. Луғатнома. Теҳрон, 1998; ҳамчунин муроҷиа шавад ба Фарҳанги забони тоҷикӣ, Москва, 1969; Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ. Душанбе, 2006; Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ. Душанбе, 2011.)

Шарҳи «Фарҳанги форсии Амид» низ дар иртибот ба вожаи суроғ ҷолиб ба назар мерасад: «суроғ- нишон ва аломат, нишони пой; пурсиш аз ҷо ва макони касе; бо суроғи касе ё чизе рафтан; пайи ӯ рафтан ва онро ҷустуҷӯ кардан; суроғ гирифтан- касеро ҷустуҷӯ кардан ва ҷову макони ӯро аз дигарон пурсидан» (Фарҳанги форсии Амид. Теҳрон, 1387).

Дар забони ӯзбекӣ ин вожа ба гунаи so‘roq (сӯроқ - سوراق) дар ин маъниҳо истифода мешавад: 1.пурсиш, суол; 2. (ҳамчун истилоҳи ҳуқуқӣ) бозпурсӣ, пурсиш аз муттаҳам дар бораи вуқуи ҷурм; 3. тақозономаи расмӣ , пурсишнома. Ин вожа дар ӯзбекӣ дар ин чанд қолаб мушоҳида мешавад: бесӯроқ — бидуни пурсиш, бидуни иҷозат; сӯроқламоқ — пурсуҷ ӯ кардан; сӯроқсиз — бидуни рухсат; бидуни бозпурсӣ. (Фарҳанги узбакӣ ба форсӣ. Муҳам Ҳалим Ёрқин, Шафиқа Ёрқин. Теҳрон, 1386).

Имрӯз дар забони тоҷикӣ бар ивази адрес аз вожаҳои «нишонӣ» ва

«суроға» кор гирифта мешавад. Адрес (аз франсавӣ -adresse < addresser «ирсол додан, фиристодан») дар дигар забонҳо дар чандин маъно, аз ҷумла маънои асосии он «маҳал ё макони муассиса ё идора ва ё ҷойи зисти шахс» истифода мешавад. (Большой словарь иностранных слов. Москва, 2007).

Вожаи байналмилалии адрес дар забони тоҷикӣ ба воситаи забони рус ӣ пас аз солҳои 20-уми асри ХХ ворид шуда ва то ба имрӯз барои ҳама маълум аст. Ҳатто вожаи адрес дар забони тоҷикӣ (ҳамчунин форсӣ-ādres) ва забонҳои дигари Иттиҳоди шӯравии собиқ ягона истиллоҳе буд, ки баробарии дигари муносиб надошт ва дар ҳама ин забонҳо яксон ба кор мерафт.

Ин вожа дар форсӣ ҳамчун иқтибоси франсавӣ ба гунаи ādres ба кор рафта, баъдан муодили форсии он — «нишонӣ» низ мавриди истифода қарор мегирад, ки фарҳангномаҳои форсӣ дар истифодаи он далели ин гуфтаҳо мебошад.

Дар забони тоҷикӣ се гунаи баробариҳои он, яъне адрес (тавассути забони русӣ), нишонӣ (аз форсӣ) ва суроға (аз суроғ+а, аз бунёди туркии сӯ роғ) ба кор меравад. Бояд тазаккур дод, ки вожаҳои «нишонӣ» ва «суроға» пас аз солҳои 90-уми асри xx дар забони тоҷикӣ корбурд пайдо карда ва ба нашри аввали «Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ» (ҷ.1, соли 2004; ҷ.2, соли 2005 ва нашри дувум соли 2006) ворид гардиданд.

Суроға, ки иборат аз ҷузъҳои суроғ ва пасванди -а мебошад, махсуси забони тоҷикӣ ба шумор меравад. Аз вожаи туркии суроғ на дар забонҳои туркӣ ва на забонҳои ғайри туркӣ вожаи суроға (бо иловаи пасванди-а) сохта нашудааст. Ин шакл танҳо аз сохтаҳои баъдӣ дар забони тоҷикӣ маҳсуб мешавад.

Дар «Луғати русӣ-тоҷикӣ»-и соли 1933 дар алифбои лотинӣ танҳо аз вожаи иқтибосии «адрес» истифода шудааст. Ҳамин тариқ дар ду фарҳанг ӣ дигар — «Луғати русӣ — тоҷикӣ»-и соли 1949 ва «Луғати русӣ — тоҷикӣ »-и соли 1985 низ «адрес» бидуни баробариҳои тоҷикии он омадааст. Дар забони форсӣ вожаи «нишонӣ» дар баробари адрес (форсӣ ādres) ба кор меравад. Вожаи нишонӣ дар «Луғатнома»-и Деҳхудо дар баробари он чанд маъние, ки аз гузаштагон ҳамчун шоҳид ёд мекунад, як маънии дигари он «нишон, суроғ, адрес» низ зикр кардааст.

Аз таърихи корбурди ин вожаҳо чунин бар меояд, ки «нишонӣ» дар суннати хаттии мо собиқаи бештар, аммо «суроға» бидуни суннати хаттии тӯлонӣ дар забон мавриди истифода қарор доранд. Бо ин далел нишонӣ бо доштани ҷойгоҳи хоси худ дар осор бояд дар мақоми аввал қарор дода шавад. Он чи марбути «адрес» аст ин вожаи маъруфи байналмилалӣ мисли форсӣ ва дарии Афғонистон метавон дар забони тоҷикӣ низ корбурди вижаи худро дошта бошад.

Д. Саймиддинов

Баҳодиҳии муҳтаво: 
1
Баҳои миёна: 1 (1 овоз)

Назардошт ва ё дарназардошт?

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 1 Январ, 2017 - 11:11

Дар корбурди ин ду қолаби вожасозӣ дар забони тоҷикӣ — «назардошт» ва «дарназардошт» андешаҳои мухталиф иброз шудааст. Ҳадафи мо дар ин навишта баррасии ҳамин матлаб дар иртибот ба пайдоиш ва мавриди истифода қарор гирифтани ин ду вожаи мураккаб тақрибан аз охири қарни ХХ дар васоити ахбори умум ва аз роҳи тарҷума ворид гардидани ҳарду ин қолаб дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад. Имрӯз дар бештар сабкҳои забонӣ ин вожаҳо истифодаи фаровон пайдо карда ва аслан дар баёни мафҳумҳои русии «учёт», «с учётом», «принимая во внимание», «принятие во внимание» кор гирифта мешаванд. Вожаҳои «назардошт» ва «дарназардошт» махсуси забони форсии дарии классикии муштарак ва забони форсии муосиру дарии Афғонистон нестанд. Ин ҳарду вожа дар забони тоҷикӣ низ аз сохтаҳои баъдӣ маҳсуб мешаванд.

Аз нигоҳи сохтор ин вожаҳо дар чунин қолаб ва ҷузъҳо ташкил шудаанд: назардошт аз исм + асоси замони гузаштаи масдари «доштан»; дарназардошт низ дар ҳамин қолаб, аммо бо заминаи пешванди «дар» ба вожаи мураккаби «назардошт». Дар қолаби «дарназардошт» ҷузъи «дар» ҳамон пешоянди «дар» аз феъли таркибии «дар назар доштан» мебошад. Бояд тазаккур дод, ки вожаҳои «назардошт» ва «дарназардошт» дар ҳеҷ кадоме аз фарҳангномаҳои форсӣ дарҷ нашудаанд ва ҳарду ин қолаб, ки имрӯз бо ин ду вожа дар забони тоҷикӣ истифода мешаванд, дар суннати вожасозии забони форсӣ-тоҷикӣ собиқаи корбурд надоранд ва ин вожаҳо дар фарҳангҳои дузабонаи форсӣ ба русӣ, русӣ ба форсӣ низ ёд нашудаанд. Вожаи мураккаби «назардошт» дар баёни вожаҳои русии «учёт; с учётом; принятие во внимание» дар «Фарҳанги то ҷикӣ ба русӣ» (ҷ.2, 2005) солҳои баъд ворид гардидааст: бо назардошти — с учётом, принимая во внимание.

Қолаби мазкур бо ҷузъи исм + асоси замони гузаштаи феъли «доштан» (дошт) метавонад шакл гирад. Ба таври мисол, чашмдошт — (=интизор доштан, чамшдор будан); нигаҳдошт — (=нигоҳ доштан, нигоҳдорӣ кардан); арзадошт — (=арза доштан); ёддошт, бо ҷузъи сифат — бузургдошт ва ғайра (Фарҳанги форсӣ ба русӣ ҷ. 2, М., 1970; Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ, Душанбе, 2006).

Вожаи арабии назар, ки дар ин қолаб истифода мешавад, дар забони форсӣ-тоҷикӣ дорои ин чанд баробариҳост, аз ҷумла: «чашм, нигоҳ; таваҷҷуҳ, илтифот, иноят; нигаристан; чашм андохтан; чашм доштан». Дар бораи маъноҳои калимаи арабии «назар» дар адаби форсӣ-тоҷикӣ муроҷиат шавад ба «Луғатнома»-и Деҳхудо (ҷ. 14), ҳамчунин муқоиса шавад ин таркибҳо: дар назар = дар чашм, дар назар омадан= ба назар омадан = ба чашм омадан (Луғатнома, ҷ.14); назар доштан = нигоҳ кардан, нигаристан, назар афканд; тамошо кардан; таваҷҷуҳ ва иноят доштан; назар гирифтан-назар гардонидан (Луғатнома, ҷ.14). Маъниҳои истилоҳии вожаи «назар» (= таваҷҷуҳ; идрок; рай; нигаристан) ва ғ. дар «Фарҳанги истилоҳоти ирфонии исломии форсӣ-англисӣ, англисӣ -форсӣ» (Теҳрон 1388) низ дарҷ гардидааст, ки он ниёз ба такрор надорад.

Акнун феълҳои таркибии «дар назар доштан» ва «дар назар гирифтан»-ро дар фарҳангҳои дузабонаи форсӣ-русӣ, русӣ-форсӣ, тоҷикӣ-русӣ, русӣ-тоҷикӣ метавон муқоиса ва баррасӣ кард: учёт — ба ҳисобгирӣ, ба назаргирӣ; учитывать, учесть — ба назар гирифтан, ба ҳисоб гирифтан (Луғати русӣ-тоҷикӣ, 1934); дар «Луғати русӣ-тоҷикӣ» (соли 1949) бо зикри маъниҳои боло феъли «дар назар доштан» низ илова шудааст. Дар «Фарҳанги русӣ ба форсӣ» (таълифи Галунов. ҷ. 2. Москва 1937): учёт — дар назар гирифтан; с учётом всех обстоятельств дела — бо дар назар гирифтани тамоми ҷузъиёти амр; дар «Фарҳанги форсӣ ба русӣ» (таълифи М.А.Гаффоров ҷ.2,

Москва, 1976): дар назар доштан — иметь в виду, помнит»; дар назар надорам — я не помню; дар «Луғати русӣ-тоҷикӣ»(Москва, 1985): учёт — баҳисобгирӣ, баназаргирӣ; ба ҳисоб гирифтан(и); учесть — ба ҳисоб (ба назар) гирифтан; дар назар доштан; дар «Қомуси русӣ-пашту ва дарӣ» (таълифи К.А.Лебедев, Л.С. Яцевич, М.А.Конаровский (Москва 1983): учесть, учитывать (принимать во внимание) — дар назар гирифтан; «Фарҳанги форсӣ ба русӣ» (зери таҳрири Ю.А.Рубинчик ҷ.2): дар назар гирифтан — принимать во внимание, иметь в виду; дар назар доштан а) помнить (дар назар надорам чи вақт рафт); б) дар назар гирифтан; «Фарҳанги русӣ ба форсӣ» (таълифи Г.А. Восканян, Москва, 1986): учёт (принятие во внимание — дар назар гирифтан (бо дар назар гирифтани вазъ), бо таваҷҷуҳ ба; дар «Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ» (Душанбе, 2005, ҷ.2): дар (ба) назар гирифтан (доштан) — принимать во внимание, иметь в виду, учитывать; назардошт — учёт, принятие во внимание; бо назардошт — с учётом, принимая во внимание.

Дар иртибот ба ин ду таркиби «дар назар доштан» ва «дар назар гирифтан» нахуст бояд ба муродифоти ҳар кадоме аз феълҳои ёвари «доштан» ва «гирифтан» таваҷҷуҳ кард: ба чанг доштан

= ба чанг гирифтан; ҷашн доштан=ҷашн гирифтан; рӯза доштан= рӯза гирифтан; сипар доштан=сипар гирифтан; танг доштан=танг гирифтан (Луғатнома ҷ. 7); дар канор доштан -дар оғуш доштан; дар канор гирифтан- дар оғуш гирифтан (Фарҳанги «Шоҳнома», ҷ.1). Дар бораи чанде аз вижагиҳои дигари феъли «доштан» дар осори давраи аввали порсии дарӣ дар китоби «Сабкшинос ӣ» таълифи Баҳор (ҷ. 1, с. 322-323) маълумот оварда шудааст. Баҳор дар иртибот ба корбурди пешоянди «дар» чунин қазоват мекунад: «Дар замони Сомониён ба ҳеҷ ваҷҳ калимаи «дар» дар наср нест ва ба ашъори мансуб ба он давра ҳам эътимоди комил наметавон кард, вале дар кутуби насри қадимӣ, ки метавон бад-онҳо эътимод кард, ҳар чанд ҷустуҷӯ шуд, ҳама ҷо «андар» истеъмол шудааст. Лафзи «дар», ки мухаффафи «андар» аст, дар аҳди Ғазнавиён пайдо омада» (Сабкшиносӣ, ҷ. 1, с. 338).

Дар ҳар маврид феълҳои таркибии «дар назар доштан» ва «дар назар гирифтан» қолабест, ки бо ҷ узъи номии «дар назар» (бо пешоянди дар) ташкил шудааст ва ин феъли таркибӣ дорои маънои «аҳамият ё арзиш додан» ва ё «таваҷҷуҳ намудан ба чизе ё дар чизе» мебошад. Масалан, «бо дар назар гирифтани вазъ» маънои «бо таваҷҷуҳ ба вазъ»-ро дорад, ки ин қолаб хеле маъмул аст. Феълҳои таркибии «дар назар доштан» ва «дар назар гирифтан» дар суннати навишторӣ ва гуфтории форсӣ бо пешоянди «бо» таркиб баста мешавад. Ба таври намуна: «Бо дар назар гирифтани муҳити фарҳангӣ…» (Бухоро. Таълифи Р.Фрай. Теҳрон, 1348, 237).

Дар забони форсӣ қолаби пешоянди бо + пешоянди дар (ба) + феъли таркибии номӣ аз қолабҳои суннатӣ дар сохтори феъл ба шумор меравад:

— бо дар назар гирифтани…; — бо дар назар доштани…; — бо ба кор бурдани…; — аз ба кор бурдани….

Намунаи мисолҳо барои ду қолаби охир дар забони форсӣ:

«Ва ин ки мо бо ба кор бурдани калимоти бегона эҳсоси шахсият мекунем».
«Бояд ҳамин матлабро бо ба канор бурдани як ҷумла баён намуд».
«Дастгоҳи қонунгузорӣ ва иҷроӣ ва қазоии кишвар… муаззафанд аз ба кор бурдани калимоту вожаҳои бегона дар гузоришҳо худдорӣ кунанд».

Қабл аз баррасии вожаҳои мураккаби «назардошт» ва «дарназардошт» дар забони тоҷикӣ мехоҳам аз як назари академик Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ ёдовар шавам.

Мавсуф дар китоби хеш «Хуросон аст ин ҷо» дар робита ба қолаби «назардошт» ва

«дарназардошт» чунин қазоват мекунад: «ба ҷои «назардошт» гоҳ «дарназардошт» мегӯяд, ки пешоянди он ба қолаби аслӣ намеғунҷад ва зиёдатӣ аст. Аммо калимаҳои мисли бакоргирӣ ё дарназардошт дар Эрон ва Афғонистон аз қоидаҳои асосӣ истисно буда, ба нудрат дучор меоянд. Дар забони тоҷикии қарни бистум ҳамин истисно ҷои қоидаи асосиро гирифт ё баробари он аҳамият пайдо карда бе ҳад густариш ёфт. Ба фикри мо ин тарзи қоидаи аслиро бо истиснои он иваз кардан ё дар баробари қоидаи асосӣ истиснои онро ривоҷ додан кори дуруст нест». Муаллиф дар идома меафзояд: «Хомазанҳои мо, ки бидуни чунин тафтиш ва таҳқиқ, масалан дарназардоштро ба ҷон пазируфтаанд, ба назари камина чандон кори дуруст накардаанд»(Ҳамин асар с. 225).

Ҳамчунон ки мебинем донишманди муҳтарам, аслан муҳтавои ин ду қолабро дар равиши вожасозӣ дарк накардааст ва аз корбурди ҳар ду ин вожа хулосаи ғалат бардоштааст. Бо кадом далел калимаи мураккаби «назардошт» дар муқобили «дарназардошт» «қоидаи асосӣ» маънӣ мешавад? Ҳам «дарназардошт» ва ҳам «назардошт» ҳарду шаклҳои мухаффафи феъли таркибии

«дар назар доштан» буда, ин таркиб дар забони тоҷикӣ нахуст ба вожаи мураккаби «дарназардошт» ва баъдан ба шакли «назардошт» ихтисор шудааст. Бинобар он шакли мухаффафи «назардошт»-ро бар шакли мухаффафи дигари «дарназардошт» чигуна метавон бартарӣ дод?

Аз нигоҳи ташкили ҷузъҳо вожаи мураккаби «назардошт» дар чунин қолаби ихтисоршуда наметавонад ба феъли таркибии «дар назар доштан» ё «дар назар гирифтан» иртибот дошта бошад.

Вожаи мураккаби «назардошт» дар қолаби исм+ асоси замони гузашта танҳо ба феъли таркибии «назар доштан» дар маъниҳои «нигоҳ кардан, нигаристан, назар афкандан; тамошо кардан; таваҷ ҷуҳ ва иноят доштан, илтифот кардан; майл доштан» метавонад иртибот гирад. (Дар бораи маъниҳои феъли «назар доштан» ниг.: Луғатнома, ҷ. 14).

Муқоиса шавад ҳамин қолаб дар феъли маҷозии таркибии номии чашм доштан — «умед доштан, умедвор будан, интизор кашидан, чашм ба роҳ будан» (Луғатнома. ҷ.6; Пейсиков 1975, 171).

Таркибҳои феълии пешвандӣ дар осори порсии дарӣ ва ё забони форсӣ-тоҷикӣ бо корбурди қолабҳо бо пешвандҳои «ба», «аз», «бар», «дар» бо изофаи феълҳои таркибии номӣ бо феълҳои ёвари гуногун истифодаи фаровон доранд. Ин гуна таркибҳои маҷозии феълҳои пешвандӣ, ки метавонанд аз се ва ё чаҳор ҷузъ иборат бошад, танҳо дар ифодаи як маъно ба кор мераванд. Чанде аз феълҳои пешвандии номӣ дар ин қолаб аз ҷониби Парвиз Нотили Хонларӣ дар китоби «Таърихи забони форсӣ» дар асоси осори давраи аввал мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор дода шудааст (ниг.: Хонларӣ 1377, 171-175).

Бунёди ин қолаб дар забони форсӣ-тоҷикӣ танҳо феъли маҷозии таркибии номии «дар назар доштан» (бо гунаи он: «дар назар гирфтан») буда ва ин таркиб набояд ба шакли «назардошт» ё «дарназардошт», ки ҳарду шаклҳои мухаффафанд, иваз карда шаванд. Дар ин таркиб пешванди «дар» ҷузъи ҷудонопазир маҳсуб меёбад.

 

Феҳристи манобеъ

Баҳор Муҳаммад Тақӣ. Сабкшиносӣ. ҷ.1. -Теҳрон, 1375.
Восканян Г.А. Фарҳанги русӣ ба форсӣ. -М., 1986.
Галунов Р.А. Русско-персидский словарь. -М., 1937.
Гаффоров М.А. Фарҳанги форсӣ ба русӣ. -М., 1976.
Лебедев К.А., Яцевич Л.С., Конаровский М.А. Қомуси русӣ-пашту ва дарӣ. -М., 1983.
Луғати русӣ-тоҷикӣ. Зери таҳрири А.Деҳотӣ ва Н.Н.Ершов. -М., 1949.
Пейсиков Л.С. Лексикология современного персидского языка. -М., 1975.
Фарҳанги форсӣ ба русӣ. Зери таҳрири Ю.А.Рубинчик. Дар 2 ҷилд. -М., 1970.
Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ. Зери таҳрири Д.Саймиддинов, С.Д.Холматова, С.Каримов. -Душанбе, 2006.
Фарҳанги забони тоҷикӣ. ҷ.1. -М., 1969.
Фарҳанги «Шоҳнома». Бо кӯшиши Алии Равоқӣ. -Теҳрон, 1390.
Фарҳанги истилоҳоти ирфонии исломии форсӣ-англисӣ, англисӣ-форсӣ. -Теҳрон, 1388.
Фрай Ричард. Бухоро. -Теҳрон, 1348.
Хонларӣ Парвиз Нотил. Таърихи забони форсӣ. -Теҳрон, 1377.
Шакурӣ М. Хуросон аст ин ҷо. -Душанбе, 1996.

Рӯзномаи Нигоҳ, 4 апрели соли 2012.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Хонавода – оила - фомил

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 1 Январ, 2017 - 11:11

Ин се вожа ба се гурӯҳи забонҳо, яъне эронӣ, арабӣ (сомӣ) ва лотинӣ марбут буда, дар истилоҳоти вижаи форсӣ, тоҷикӣ ва дарӣ ба кор мераванд. Вожаи «хонавода», ки махсуси забони форсӣ — тоҷ икист дар баёни ин маънӣ аз оғози давраи нави ташаккули забони порсии дарӣ дар ҳавзаҳои забони он мавриди истифода қарор дорад ва он ягона истилоҳест, ки бо доштани бунёди эронӣ аз баробариҳои дигар тафовут мекунад.

Дар маънии «хонавода» дар осори форсии миёна вожаҳои dūdak, tō(h)mag, tō(h)m, ки дар порсии дарӣ ба гунаҳои dūda (дуда) ва tuxma (тухма) маълуманд, мавриди истифода қарор доштаанд. Истилоҳи паҳлавии tō(h)mag, tō(h)m ҳанӯз дар замони Ҳахоманишиё дар форсии бостон дар шакли tauma — ба маънои «дудмон, хонавода» маълум будааст [Kent R. 1953, 185; Brandenstein W., Mayrhofer M. 1964, 164]. Ин вожа аз форсии миёна ба забони арманӣ дар шакли tohm (туҳм( иқтибос шудааст [Nyberg 1974, 194; MaсKenzie 1971, 28, 83, 113].

Дар осори паҳлавӣ истилоҳоти dūdag ва tō(h)mag дар як таркиб ба гунаи tō(h)mag ud dūdag омада, ки маънои «нажоду хонавода»-ро доранд. Истилоҳи сосонии dūdag «хонавода» дар ҳамин маънӣ дар китоби Талмуд ҳамчун иқтибоси форсии миёна дар шакли dywtq’ ёд шудааст [Nyberg 1974, 69]. Ин истилоҳи даврони сосонӣ дар порсии дарӣ дар шакли «дуда» (dūda) ба маънои «дудмон, хонадон, хонавода»; ҳамчунин «тоифа ва қабила; аёл, оила, фомил» идома пайдо карда ва дар осори адибони қарнҳои гуногун, ба вижа давраҳои аввал мисли Дақиқӣ, Фирдавсӣ, Унсурӣ, Манучеҳрӣ, Асадӣ, Хоқонӣ, Низомӣ ва ғайра ба кор рафтааст (ниг.: Луғатнома, ҷ.7).

Аз забонҳои эронии шарқӣ дар суғдӣ барои мафҳуми «хонавода» ё «хонадон» аз ин чанд истилоҳи вижа истифода шудааст. Ба таври намуна: kwt’r [kut(ə)r] — нажод, хонадон; pδ [pаδ] — хонавода, нажод, тира; tγm[to/axm] — тухм, хонадон [Gharib 1995]. Аз корбурди чандин вожа дар ин маънӣ дар забони суғдӣ метавон ба ин натиҷа расид, ки дар ин ҳавзаи забонӣ дар баёни ин мафҳум аз чанд муродиф истифода мешудааст.

Дар забони порсии дарӣ «хонадон» ва «хонавода» ҳар ду дар як маъно омадаанд. Ин ҳар ду вожа дар «Луғатнома» (ҷ.6) ба маънии «дудмон, хонадон» ёд гардида ва танҳо як шоҳид аз «Форснома»-и Ибни Балхӣ зикр шудааст.

Дар «Фарҳанги форсӣ ба русӣ» таълифи Р.А. Галунов (соли 1937) вожаи русии «семья» танҳо ба вожаи форсии «хонавода» ва дар «Фарҳанги русӣ ба форсӣ»-и Г.А. Восканян (соли 1986) ин вожаи русӣ ба вожаҳои «хонавода» ва «фомил» маънӣ шудааст.

Дар «Луғати русӣ — тоҷикӣ»-и соли 1934 семья — «оила, аҳли хона, хонадон», дар ду «Луғати русӣ — тоҷикӣ»-и нашрҳои соли 1949 ва соли 1985 вожаи русии семья — «оила, хонавода, хонадон» ва дар «Қомуси русӣ — пушту — дарӣ» ин истилоҳ «оила, фомил, хонавода, аёл» маънӣ шудааст.

Дар «Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ» (соли 2006) истилоҳи «хонавода» (=хонадон) ба русӣ чунин омадааст: 1. семья, семейство; дом. 2. династия, род; вожаи «хонавор» дар баробари маънои аввали «хонавода, хонадон» дар маънои «двор, хозайство» низ ба кор рафтааст.

Истилоҳи «хонавода», «хонадон» ва «хонавор», ки аз забони порсии дарӣ ё форсии нав манша мегиранд, имрӯз дар се кишвари ҳамзабони Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон баробар ошно мебошанд. Ин се вожа дар қолабҳои вожасозии забони порсии дарӣ бо ҷузъи «хона» бар ивази истилоҳоти қаблии форсии миёна (паҳлавӣ), портӣ, суғдӣ ва забонҳову гӯишҳои дигари эронӣ сохта шудаанд ва дар ин шаклҳо бо доштани вижагиҳои маъноӣ ба кор бурда мешаванд, ки дар ин маврид шарҳи «Фарҳанги форсии имрӯз» бар асоси фарҳангномаҳои куҳан ҷолиб мебошад:

«Хонадон — маҷмӯаи хонаводаҳои хешованд (падар, модар, хоҳар, бародар, аму(амак), ама, холла, доӣ ва падарону фарзандону ҳамсарони онҳо)».

«Хонавода-1. гурӯҳе аз афрод, ки бо якдигар дорои пайванди насабӣ бошанд; 2. маҷмӯаи афроди дорои пайванди насабӣ ё насабе, ки дар зери як сақф зиндагӣ кунанд ва дорои сарпарасти муштараке бошанд; 3. маҷмӯаи хешовандон (ба вижа хешовандони дараҷаи аввал)».

«Хонавор — гурӯҳе аз афрод, ки дар як хона ва зери сарпарастии як нафар зиндагӣ мекунанд ва дар кори маош ва хӯроки рӯзона бо ҳам шариканд» (с.474).

Истилоҳи dūdmān (дудман) дар забони порсии дарӣ ба маънои «хонавода бо мафҳуми густурдаи он» ё «ҳама касоне, ки дорои ниёи муштарак бошанд» ва ё «силсилаи хонаводагӣ» мавриди истифода қарор гирифтааст. Аммо ин истилоҳ, ки баъдан дар забони тоҷикӣ ба дасти фаромӯшӣ супурда шуд, ҳамчун мероси муштараки порсии дарӣ метавонад дубора дар бахши истилоҳоти хонаводагӣ ба кор бурда шавад.

Оила (عائ له / عای له) оил ( عائ ل/عای ل) аз айл(ع یل) дар арабӣ ба маънои «дарвеш, ниёзманд»; оила — «афроди зери сарпарастии раиси хонавода»; оиламанд — «дорои оила, дорои афроди зери сарпарастӣ; афроди ташкил шуда аз падару модар ва фарзандону хешон». Дар тоҷикӣ оила «хонавода»; ҳамчунин дар форсӣ ва тоҷикӣ аёл (ع یال) «зан, зан ё духтари болиғ, ҳамсар». [Дар иртибот ба ин вожа ниг: Луғатнома, ҷ. 10; Фарҳанги форсии имрӯз, 1375; Баранов Х.К. 1977; Фарҳанги Роид ут - тулоб, 1379; Фарҳанги русӣ ба форсӣ, 1986; Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ, 2006; Фарҳанги арабӣ - тоҷикӣ, 2010]. Ин вожа дар забони ӯзбекӣ низ бо он ҳама маъниҳое, ки дар суннати тоҷикӣ маълум аст, ба кор рафтааст [Ниг: Фарҳанги узбакӣ ба форсӣ, ҷилди 1, 1386].

Фомил (фамилия). Ин истилоҳ аз забони лотинӣ (familia) ба забонҳои дигар ворид гардидааст.

Истилоҳи мазкур дар форсӣ ба гунаи фомил (ف ام یل) ва фомилӣ (ف ام ی لی) ва дар тоҷикӣ тавассути забони русӣ — фамилия ворид шудааст. Имрӯз ин иқтибоси русӣ аз забони тоҷикӣ хориҷ гардида, аммо вожаи фомил (ف ام یل) дар форсӣ ва дарии Афғонистон дар баробари истилоҳи «хонавода» ба кор меравад.

Дар иртибот ба вожаи фомил дар забони тоҷикӣ метавон аз ибораи «чойи фомил» (дар савтиёти форсӣ), ки ба вожаи family, яъне «чойи марбути хонавода» иртибот мегирад, ёдовар шуд.

Бо баёни ин чанд андеша дар корбурди луғату истилоҳот ба бунёди ҳар вожа ва мақоми он дар таърихи забон ва адаби миллӣ бояд таваҷҷуҳ кард. Аз ин рӯ ба ҳеҷ далел наметавон ба аносири бегона дар муқобили забони модарӣ ва ё забони миллӣ бартарӣ гузошт. Забони миллии мо таърих ва ифтихори миллати мост.

Феҳристи манобеъ:

Баранов Х.К. Арабско — русский словарь.-Москва, 1977.
ВосканянГ.А. Р Русско-персидский словарь.-Москва, 1986.
ГалуновР.А. Русско-персидский словарь. (Дар ду ҷилд). — Москва, 1936-1937.
Лебедев К.А., Яцевич Л.С., Конаровский М.А. Русско-пушту-дари словарь. -Москва, 1983.
Луғати русӣ-тоҷикӣ (Зери таҳрири С.Айнӣ, С.Р. Ализода, А. Исмоил-зода, Раҳим Ҳошим ва Муҳаммадҷони Юсуфӣ). (Дар ду ҷилд). – Сталинобод, 1933-1934.
Луғати русӣ-тоҷикӣ (Зери таҳрири А.П.Деҳотӣ ва Н.Н. Ершов). – Москва-Сталинобод, 1949.
Луғати русӣ-тоҷикӣ (Зери таҳрири М.Осимӣ). – Москва, 1985.
Луғатномаи Деҳхудо. Ҷилдҳои 6, 7, 10. -Теҳрон, 1377.
Фарҳанги арабӣ — тоҷикӣ. Таълифи Саидраҳмон Сулаймонӣ. — Душанбе, 2010.
Фарҳанги роид ут-тулоб. Таълифи Ҷуброн Масъуд.- Теҳрон, 1379.
Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ (Зери таҳрири Д.Саймиддинов, С.Д. Холматова, С. Каримов). – Душанбе, 2006.
Фарҳанги узбакӣ ба форсӣ. Муаллифон: Муҳаммад Ҳалим Ёрақин, Шафиқа Ёрақин. – Теҳрон, 1386.
Фарҳанги форсии имрӯз. Ғ.С.Афшор, Н.Ҳакимӣ, Н.Ҳакимӣ. – Теҳрон, 1375.
Brandensttein W., Mayrhofer M. Handbuch des Altpersischen.- Wiesbaden, 1964.
Gharib B. Sogdian Dictionary (Sogdian — Persian -English).-Tehran, 1995.
Kent.R Old Persian. — New Haven, 1953.
MaсKenzie D.N. A concise Pahlavi Dictionary. – London, 1971.
Nyberg H.S. A Manual of Pahlavi. – Wiesbaden, 1974.

Д.Саймиддинов

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Сипос – ташаккур - раҳмат

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 1 Январ, 2017 - 11:11

Аз ин се вожа ду вожаи нахуст (сипос ва ташаккур) дар форсӣ, тоҷикӣ ва дарии Афғонистон ба кор рафта, аммо вожаи «раҳмат» махсуси забони тоҷикӣ ва забонҳои туркии Осиёи Миёна маҳсуб мешавад. Ин вожа дар осори муштараки порсии дарӣ ё форсии классик дар муқобили «сипос» ва «ташаккур» корбурд надорад, ки дар поён дар мавриди ҳар кадоме аз онҳо бар асоси осори давраҳои таърихии забон чунин як тавзиҳотро метавон пешкаш кард.

1. Сипос (سپاس). Дар забони форсии миёна — spās ба маънои «сипосгузорӣ, ташаккур, сипосгузорӣ кардан, изҳори ташаккур кардан»; хидмат, навкарӣ, кор, вазифа омадааст. Дар маънои дувум вожаи мазкур дар шакли ’sp’s дар мутуни порти монавӣ ва ‘sp’s дар форсии миёнаи монавӣ ба кор рафта, ба гунаи ’sp’s дар осори монавӣ ба маънои «сипос, ташаккур, сипосгузорӣ кардан» омадааст. Дар суғдӣ ’sp’s (1604) -«сипос, хидмат, эҳтиром» ва дар арманӣ spas (иқтибоси форсии миёна) маъмул аст. Дар забони авестоӣ (1614) spas – «риоят кардан, муроот кардан; таваҷҷуҳ кардан, мувозибат кардан, интизор доштан».

Дар забони форсии миёна аз бунёди spās дар вожасозӣ spāsdār «сипосгузор» spāsdārīh «сипосгузорӣ» spāsešnās

«сипосшинос», spāsōmand «сипосманд» ва ё феълҳои таркибии номии spās dāštan «сипос доштан», spās hangāran (дар ҳамин маъно) ташкил шудаанд, ки ин ҳама ба бунёди spās (сипос), иртибот мегиранд. [ Bartholomae 1904; Nyberg 1974; MacKenzie 1971].

Бинобар осор ва фарҳангномаҳои порсии дарӣ вожаи «сипос» дар ин марҳилаи рушди забон ҳамчун мероси форсии миёна ва ё паҳлавӣ корбурди фаровон доштааст. Ҳамчунон ки муаллифи «Луғатнома» Деҳхудо овардааст, ин вожа дар «Бурҳони қотеъ» ба маънои «ҳамду шукру неъмат» ва дар «Ғиёс ул — луғот» ҳамчун «ҳамд» маънӣ шудааст.

Дар чанде аз фарҳангномаҳо (Бурҳони қотеъ, Анҷуманоро, Рашидӣ, Ҷаҳонгирӣ) «сипос» дар маъноҳои «қабул, миннат» ва дар бархе маврид «сипос» дар маъниҳои «лутфу шавқат» ва «марҳамат» омадааст [Луғатнома, ҷ.9].

Бар асоси маводи «Луғатнома» вожаи «сипос» дар осори

Дақиқӣ, Фирдавсӣ, Манучеҳрӣ, Асадӣ, Масъуди Саъд, Сӯзанӣ, Фаррухӣ, Носири Хусрав, Саъдӣ, Низомӣ, Ҳоқонӣ ва дигарон ба кор рафта, дар вожасозӣ, ба вижа дар ташкили чанде аз феълҳои таркибии номӣ бо феълҳои ёвари гуногун мавриди истифода қарор гирифтааст.

Вожаи «сипос» дар ташкили як идда феълҳои таркибии ном ӣ дар забони порсии дарӣ ба кор рафтааст, ки намунаи он тибқи «Луғатнома» (ҷ.9) чунин аст:

сипос пазируфт — «қабули миннат кардан, шукргузорӣ кардан, мамнун шудан»; сипосдорӣ кардан — «шукр» (аз «Тоҷ ул- масодир»-и Байҳақӣ; «Таърихи Табарӣ», «Таърихи Байҳақӣ »); сипос доштан - «мамнун будан, шукур доштан, ташаккур, шукр»; сипос кардан — «шукр кардан»; сипос гузордан - «шукр кардан, шокир будан»; сипос гузоштан — «шукр кардан, шокир будан»; сипос гуфтан - «шукр кардан, шукр гузордан»;

Дар «Фарҳанги Онандароҷ» феъли «сипосидан» ба маънои «ҳамду шукри Худо кардан» ба кор рафтааст. (Луғатнома, ҷ.9).

Вожаи «сипос» дар байте аз «Юсуф ва Зулайхо»-и Шамсӣ дар як таркиби муродифи ҷуфти «шукру сипос», ки чандон корбурд надорад, ба мушоҳида мерасад (Луғатнома, ҷ.9).

Дар «Фарҳанги русӣ-форсӣ» таълифи Р.А.Галунов (соли 1937) вожаи русии «спасибо» ба форсӣ «марҳамати шумо зиёд бод; лутфи шумо зиёд; ташаккур мекунам» маънӣ шудааст.

  1. Шукр ( ش کر) — «Сипос доштан ва санои неку гуфтани Худой ва ҳар муҳсинро бар эҳсон»; «сипос ва сано гуфтани мунъимро ба неъмати ӯ ва он барои Худои Таъоло ва ҳар мунъиме ба кор равад, вале ҳамди махсуси Худост»; «подош додани Худой бандаро»; «розӣ будан аз кас». Шукр — ҳамд; санои ҷамил бар муҳсин ва сипос; сипос ва санои ҷамил ва зикри неку». Муаллифи «Луғатнома» оварда, ки дар форсӣ ба лафзи кардан ва гуфтан ва гузордан ва доштан мустаъмал аст. Сипосгузорӣ, сипос, сано; муқобили шикоят, муқобили гила (Луғатнома, ҷ.9).

Муқоиса шавад: шукри Оллоҳ = сипос Худойро; шукри Эзад, шукр Эзадро, шукри Худо.

Ташаккур (ت ش کر) — сипосдорӣ кардан, сипосдорӣ намудан, сипосгузорӣ кардан (Луғатнома, ҷ.5 бо истинод ба чандин фарҳангҳои порсии дарӣ).

Дар забони форсӣ: ташаккур, шукр; муташакирам, мамнунам; (Восканян 1986) дар дарии Афғонистон ташаккур.
Раҳмат (رحمت) . дар «Луғати русӣ — тоҷикӣ»-и соли 1943 дар алифбои лотин вожаи русии «спасибо» ба тоҷикӣ чунин маънӣ шудааст: «раҳмат, ташаккур, саломат, шукр»; дар «Луғати русӣ — тоҷикӣ»-и соли 1949 «раҳмат, ташаккур»; дар «Луғати русӣ — тоҷикӣ»-и соли 1985 «раҳмат, ташаккур»; большое спасибо — бисёр раҳмат! дар дарии Афғонистон «ташаккур», большое спасибо — бисёр ташаккур [Киселева, Миколайчик 1986]; дар ӯ збекӣ «раҳмат» (rahmat) — вожае барои изҳори сипосгузорӣ аз хубии касе; ташаккур [Муҳаммад Ҳалим Ёрақин, Шафиқа Ёрақин 1386].

Дар «Луғатнома»-и Деҳхудо бар асоси шарҳи фарҳангномаҳои куҳан ва овардани шоҳиди фаровон аз осори порсии дарӣ вожаи «раҳмат» чунин шарҳ шудааст: «меҳрубонӣ, меҳрубонӣ ва марҳамату шафқат, раъфат, раҳм»; бораҳмат — меҳрубон, соҳиби раҳму раъфат, ки раҳму раҳмат дошта бошад; рауф, раҳим; бераҳмат — бераҳм, номеҳрубон, ки раҳму шафқат надорад; меҳрубонӣ кардан; омурзиш, мағфират; афв, бахшиш, бахшидан» (Луғатнома, ҷ.8).

Раҳмат = яке аз вожаҳои арабист, ки дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ба маънои «меҳрубонӣ» ва «шафқат» ба кор рафтааст (Луғатнома, ҷ.8).

Дар забони форсӣ «раҳмат» (رحمت) дар ин маъниҳо маъмул аст: 1. меҳрубонӣ; 2. бахшоиш; 3. бахшиш; раҳмат кардан 1. меҳрубони кардан; 2. барои касе аз Худо бахшоиш хостан; 3. (маҷозан) ба неки ёд кардан; ба раҳмати Худо пайвастан – киноя аз мурдан [Фарҳанги форсии имрӯз 1375].

Дар забони тоҷикӣ ин вожаи арабӣ дар баробари он ҳама маъниҳои шинохтаи он дар забон ва осори порсии дарӣ ба маънои «сипос» ва «ташаккур» низ ба кор меравад, ки чунин маъно махсуси забонҳои дигари туркии Осиёи Миёна низ мебошад.

Дар забони тоҷикӣ вожаи «раҳмат» бо доштани маънои «меҳрубонӣ» ва «шафқат» ба маънои «сипос» ва «ташаккур» меояд, ки он пас аз солҳои 20-уми асри ХХ бар ивази «сипосу ташаккур» ба кор рафтааст. Ҳангоми сипосгузорӣ дар таркиботи «раҳмат гуфтан», «раҳмат ба шумо» аз ин вожа истифода мешавад. Ва ё дар мафҳуми «Худо раҳмат кунад» «раҳмат» ба маънои «биомурзад», яъне «Худо биомурзад» ба кор меравад. Ҳамин маъно дар вожаи «раҳматӣ» дар нисбати ашхоси фавтида гуфта мешавад. Чунин ба назар мерасад, ки дар ҳавзаи забонии Осиёи Миёна вожаи «раҳмат» кӯ тоҳшудаи мафҳуми «Раҳмати Худованд бод бар шумо», ки дар шакли сиғаи омолу орзу (оптатив) баён шудааст, мебошад.

Бояд зикр кард, ки дар бархе аз гӯишҳои забони тоҷикӣ то ба имрӯз аз вожаи «шукр» (дар арабӣ шукран) ва ё «шукри Худо» истифода мешавад. Ин вожа дар муқобили «раҳмат», ки дар забон корбурди фаровон дорад, дар бархе аз ин гӯишҳо дар гуфтори мардум фаровон ба мушоҳида мерасад.

Ҳоло истифодаи «шукр» ё «ташаккур» дар забони тоҷикӣ бар кунунии забон дар муқобили сабки омиёна хеле дуруст маъни мешавад.

Феҳристи манобеъ:

ВосканянГ.А. Р Русско-персидский словарь.-Москва, 1986.
ГалуновР.А. Русско-персидский словарь. (Дар ду ҷилд).— Москва, 1936-1937.
Киселёва Л.Н., Миколаичик В.И. Қомуси дарӣ ба форсӣ.-Москва, 1986.
Луғати русӣ-тоҷикӣ (Зери таҳрири С.Айнӣ, С.Р. Ализода, А. Исмоил-зода, Раҳим Ҳошим ва Муҳаммадҷони Юсуфӣ). (Дар ду ҷилд). – Сталинобод, 1933-1934.
Луғати русӣ-тоҷикӣ (Зери таҳрири А.П.Деҳотӣ ва Н.Н.Ершов). – Москва-Сталинобод, 1949.
Луғати русӣ-тоҷикӣ (Зери таҳрири М.Осимӣ). – Москва, 1985.
Фарҳанги узбакӣ ба форсӣ. Муаллифон: Муҳаммад Ҳалим Ёрақин, Шафиқа Ёрақин. – Теҳрон, 1386.
Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ (Зери таҳрири Д.Саймиддинов, С.Д. Холматова, С. Каримов). – Душанбе, 2006.
Фарҳанги форсии имрӯз. Ғ.С.Афшор, Н.Ҳакимӣ, Н.Ҳакимӣ. – Теҳрон, 1375.
Bartholomae Chr. Altiranisches Wörterbuch. – Strassburg, 1904
MaсKenzie D.N. A concise Pahlavi Dictionary. – London, 1971.
Nyberg H.S. A Manual of Pahlavi. – Wiesbaden, 1974.

Д. Саймиддино

Баҳодиҳии муҳтаво: 
1
Баҳои миёна: 1 (1 овоз)

Панҷара – тиреза – килкин

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 1 Январ, 2017 - 11:11

Се истилоҳ дар се кишвари ҳамзабон.

Имрӯз дар забони форсии Эрон, тоҷикӣ ва дарии Афғонистон ба таври мустақил аз вожаҳои мутародифи «панҷара», «тиреза» ва «килкин» истифода мешавад. Ин се вожа дар баёни чунин як мафҳуми муштарак яке аз вижагиҳои форсии муосир, тоҷикӣ ва дарӣ дар се ҳавзаи забонӣ ва се кишвари ҳамзабон ба шумор меравад.

Аз таърихи корбурди ин вожаҳо дар осори порсии дарӣ чунин бар меояд, ки аз ин гурӯҳ танҳо вожаи «панҷара», бинобар осор аз луғати бунёдии забони порсии дарӣ дониста мешавад ва он дар ин маъно дар забони форсии имрӯз низ мавриди истифода қарор дорад.

Акнун вижагиҳои ҳар кадоме аз ин вожаҳоро, бинобар корбурди онҳо дар форсӣ, тоҷикӣ ва дарии Афғонистон ба таври мухтасар дарҷ менамоем.

Панҷара (پنجره). Ин вожа дар осори порсии дарӣ дар мисоли чанде аз фарҳангномаҳо бад-он маъност, ки дар форсии кунунӣ то ба имрӯз ба кор меравад. Яке аз чунин манобеъ ҳудуди 30 вожаест, ки муаллифи «Меъёри Ҷамолӣ» Шамси Фахрӣ аз «Луғати фурсӣ»-и Асадии Тусӣ ҳамчун вожагони маъруф мисол оварда ва «панҷара» низ ба ин гурӯҳ шомил мебошад [Ниг: Капранов 1964, 174].

Дар «Бурҳони қотеъ» таълифи Муҳаммад Ҳусайн бинни Халафи Табрез ӣ аз гунаи мухаффафи он, яъне «панҷар» ба вазни «санҷар» низ ёд шуда, дар маънои «қафас» ҳам омадааст. (Бурҳони қотеъ, ҷ.1).

Дар иртибот ба «панҷара» мутобиқ ба тавзеҳоти фарҳангномаҳо ва шоҳид аз осор Деҳхудо дар «Луғатнома» тафсилотеро баён доштааст, ки фишурдаи он чунин аст: «Панҷара даричае бувад дар девор, ки берун нигаранд (Луғатномаи Асадӣ нусхаи Нахҷивонӣ). Он чи дар баъзе иморат мушаббак (Д.С. шабакадор; хона-хона) созанд (Ғиёс ул-луғот), даричае бувад мушаббак…, ҳарчи мушаббак бошад (Ғиёс ул-луғот). Тунукаи оҳанини пурсурох… Қафас (Луғатномаи Мақомоти Ҳарирӣ).

Мисли панҷара, шабакадор, мушаббак, даричадор» (Луғатнома, ҷ.4). Дар «Луғатнома» аз Фаррухӣ ва Носири Хусрав шоҳид оварда шудааст, ки ин далели корбурди ин вожа дар чунин маънӣ дар ҳавзаҳои забонии Хуросону Мовароуннаҳр мебошад.

Мафҳуми русии «окно с решёткой» дар форсӣ ба ибораи «панҷарайи мушаббак» маънӣ шудааст. [Галунов 1937]. Дар ҳама фарҳангҳои форсӣ дар баёни ин мафҳум танҳо ҳамин як вожаи «панҷара» истифода мешавад.

Дар забони форсии миёна дар баёни ин мафҳум вожаҳои rōzan ва rōz(b)ānag ба кор рафта, ки гунаи нахусти он (рӯзан/равзан) то ба имрӯз дар форсии Эрон, дарии Афғонистон ва тоҷикӣ мавриди истифода қарор дорад. Дар фарҳангномаҳои куҳан навишти ин вожа дар расмулхати форсӣ روزن бо фатҳи аввал ва савум, яъне «равзан» муаррифӣ шуда, бунёди он дар забони авестоӣ raočana — мебошад. Аз ин ҷо «равзан» ба маънои «равзанаи боми хона», дар арабӣ ҳамчун иқтибоси эронӣ — روزن ва ҳар сурох ва шикофе, ки дар васати девори утоқ ва ҷуз он бошад — дарича маълум аст. Дар осори суғдӣ rwcn (rōčan) (8557) ба маънои «панҷ ара» (window) ба кор рафтааст [Gharib 1995]. Дар бораи таърихи rōzan//ravzan ниг.: [Bartholomae 1904, 1491-1492; Бурҳони қотеъ, поварақи Муҳаммад Муин, ҷ.2, с.972-973].

Дар «Луғати русӣ-тоҷикӣ» дар алифбои лотин (соли 1933-1934) вожаҳои русии «окно; окошко» бо вожаҳои «панҷара» ва «тиреза» маънӣ шудаанд. Ҳамчунон ки мебинем, дар ин фарҳанг вожаи «панҷара» дар ҷойи аввал ва муродифи он- «тиреза» дар ҷойи дувум қарор дода шудааст. Дар чунин тартиб овардани ин ду вожа дар фарҳанг бад-он маъност, ки вожаи «панҷара» дар забони меъёр бар муродифи он, яъне «тиреза» бартарӣ дорад. Вожаи «панҷара» дар ин маънӣ дар фарҳангҳои тоҷикӣ баъдан дар маънои дигар, яъне «решётка»-и русӣ ба кор рафта, дар маънои «окно» истилоҳи «тиреза» мавриди истифода қарор дода шудааст.

 Дар «Луғати русӣ-тоҷикӣ»-и соли 1949 истилоҳи «панҷара» дар маънои «окно»-и русӣ хориҷ ва дар баёни ин вожаи русӣ «тироза» ва «дарича» оварда шудааст. Аммо «панҷара» дар ин луғат танҳо ба маънои «решётка» сабт гардидааст. Дар «Луғати русӣ-тоҷикӣ»-и соли 1985 ҳамин шарҳи «Луғати русӣ-тоҷикӣ»-и соли 1949 айнан такрор шудааст. Ҳамчунон ки мебинем, мавриди истифода қарор гирифтани «тиреза» ва хориҷ гардидани истилоҳи куҳани «панҷара», ки собиқаи тӯлонии хаттӣ дорад, ба луғати соли 1949 иртибот мегирад.

Тиреза (ت یری زه). Ин вожа ҳанӯз дар қарни XIX дар «Фарҳанги русӣ ба форсӣ» таълифи В.Наливкин, ки бар асоси вожагони мутадовил дар гӯ ишҳои кишвари Туркистон таҳия шудааст, дар шакли «тироза» (ت یرازه) бо муродифоти «дарича» (دری چه) «равзан» (روزن) ва «равзана» (روزن ه) дар шарҳи вожаи русии «окно» ба кор рафтааст. [Наливкин 1888].

Ҳамчунон ки аз навишти ин вожа дар «Фарҳанги русӣ ба форсӣ» таълифи

В.Наливкин дар шакли ت یرازه бар меояд, дар Туркистон вожаи мазкур дар чунин савтиёт маъруф будааст. Агар навишти форсии «тироза» ҳамчун шакли меъёр барои он замон маънӣ шавад, пас гунаҳои тоҷикии «тиреза» ва туркӣ-ӯзбекии «дераза» бояд шаклҳои мухаффафи «тироза» маънӣ шавад. Дар фарҳангҳои дузабонаи русӣ — ӯзбекӣ, ӯзбекӣ — русӣ ва ӯзбекӣ ба форсӣ ҳама ҷо вожаи «дераза» ба кор рафтааст [Русско - узбекский словарь, 1954; Узбекско - русский словарь, 1959; Ӯзбек тилининг изоҳли луғати, 1981; Фарҳанги узбакӣ ба форсӣ, 1386].

Бояд тазаккур дод, ки аз бунёди ин вожа, яъне «тироза» (дар навишти форсӣ ت یرازه) дар забони тоҷикӣ «тиреза» бо тафовути овойи «о» ва «е» дар ҳиҷои дувум ва дар ӯзбекӣ «дераза» (deraza) бо табдили t ба d дар оғози ин вожа ва таҳаввулоти дохилии овоӣ шаклҳои маҳаллии он дар забонҳои тоҷикӣ ва туркӣ бар асоси савтиёти ин забонҳо устувор гардидааст, ки аз ин шаклҳо гунаи тоҷикии «тиреза» ба асли навишти форсӣ мутобиқат дорад.

 Гунаи овоии «т» дар тоҷикӣ (тиреза) ва «д» дар забонҳои туркӣ (дераза) бар асоси қоидаи табдили «т» ва «д» дар оғози чанде аз вожаҳои муштарак дар забонҳои эронӣ ва туркӣ сурат гирифтааст. Ба таври намуна: dāya=tāya «доя», tenĵ= denĵ «тенҷ», tukma=dugmа «тукма», tušak = dušak «бистари хоб», tavuš = davuš «овоз, садо» ва ғайра.

 Килкин (ک ل ک ین). Ин вожа дар забони дарии Афғонистон иқтибоси ҳиндӣ буда, дар ин ҳавзаи забони порсии дарӣ ё форсӣ дар баробари теъдоде аз вожагону истилоҳоти ҳиндӣ, ки дар гӯйишҳои ин минтақа корбурди вижа доранд, истифода мешавад. Муқоиса шавад: дар пашту kəpkəй [Лебедов, Яцевич, Конаровский 1983].

 Ҳамчунон ки аз шарҳи ин се вожа дар се манотиқи таърихии густариши забони порсии дарӣ бар меояд, ин се истилоҳи вижаи як мафҳуми муштарак дар форсӣ, тоҷикӣ ва дарии Афғонистон ба истилоҳи гуногун мавриди истифода қарор доранд. Таҳаввулоти ин мафҳум бо дар назар гирифтани давраҳои таърихии забони порсии дарӣ дар мисоли ҳавзаҳои забонӣ дар се кишвари ҳамзабони Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон чунин хулоса мешавад:

1. Корбурди истилоҳи муштараки «рӯзан/равзан» бар асоси осори се давраи таърихии забони порсии дарӣ (форсӣ, тоҷикӣ ва дарии Афғонистон) дар сарзаминҳои густариши ин забон.

 Ба кор бурдани истилоҳи «панҷара» дар форсӣ.

Истифодаи вожаи аз нигоҳи пайдоиш ношинохтаи «тироза» дар манотиқи Осиёи Миёна ва гунаҳои маҳалли он дар забонҳои тоҷикӣ ва ӯ збекӣ.

Мавриди истифода қарор гирифтани вожаи ҳиндии «килкин» бар ивази баробариҳои форсии он дар Афғонистон.

Феҳристи манобеъ
Бурҳони қотеъ. Таълифи Муҳаммад Ҳусайн бинни Халафи Табрезӣ, мутахаллис ба Бурҳон. Бо эҳтимоми доктор Муҳаммад Муин, ҷ. аввал. Теҳрон, 1342.
Галунов Р.А. Русско-персидский словарь.-Москва, 1937.
Капранов В.А. «Луғати фурс» Асади тусӣ и его место в истории таджикской (фарси) лексикографии. -Душанбе, 1964.
Лебедев К.А., Яцевич Л.С., Конаровский М.А. Русско-пушту-дари словарь. -Москва, 1983.
Луғати русӣ-тоҷикӣ. Ҳайати таҳририя: С.Айнӣ, С.Р.Алӣ зода, Алӣ
Исмоил-зода, Раҳим Ҳошим ва Муҳаммадҷон Юсуфӣ. -Сталинобод, 19331934.
Луғати русӣ-тоҷикӣ. (Зери таҳрири А.П.Деҳотӣ ва Н.Н.Ершов). -Москва -Сталинобод, 1949.
Луғати русӣ-тоҷикӣ. (Зери таҳрири М. Осимӣ). -Москва, 1985.
Луғатномаи Деҳхудо. Ҷилди 4. -Теҳрон, 1377.
Наливкин В. Русско -персидский словарь. Обще-употрнбительных слов по наречиям Туркестанского края. -Казан, 1888.
Узбекско-русскии словарь. -Москва, 1959
Ӯзбек тилининг изоҳли луғати.-Москва, 1981.
Фарҳанги узбакӣ ба форсӣ. Муаллифон: Муҳаммад Ҳалим Ёрақин, Шафиқа Ёрақин.-Теҳрон, 1386.
Bartholomae Ch. Altiranisches Wörterbuch. -Strassburd, 1904.
Gharib B. Sogdian Dictionary (Sogdian — Persian -English).-Tehran, 1995.
MaсKenzie Д.N. A сoncise Pahlavi Dictionary. -London, 1971.

Д.Саймиддинов

Баҳодиҳии муҳтаво: 
1
Баҳои миёна: 1 (1 овоз)

Дарсад – фисад - фоиз

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 1 Январ, 2017 - 11:11

Ин се вожа ва ё истилоҳ махсуси форсӣ, дарии Афғонистон ва забони тоҷикӣ дониста мешавад, ки корбурди онҳо дар забонҳои ёдшуда чунин аст: форсии Эрон — дарсад, дарии Афғонистон — фисад, тоҷикӣ — фоиз. Дар «Луғати русӣ — тоҷикӣ» (дар алифбои лотинӣ, Сталинобод соли 1934) вожаи русии «процент» 1.prosent, foiz; 2. Sadјak маънӣ шудааст. Дар «Луғати русӣ — тоҷикӣ»-и соли 1949 истилоҳи русии «процент» ва дар забони тоҷикӣ бо вожаҳои «фоиз» ташреҳ гардидаанд. Яъне дар ин фарҳанг ҳамон меъёри «Луғати русӣ — тоҷикӣ»-и соли 1934 такрор оварда шуда, аммо маънои дувуми «процент» sadjak аз луғати соли 1934 дар луғати соли 1949 ворид нагардидааст. Ҳамчунон ки мебинем, дар луғатҳои русӣ ба тоҷикии солҳои 1934 ва 1949 истилоҳи русии «процент» дар ҷойи аввал қарор дошта, дар ҷойи дувум «фоиз» оварда шудааст. Аммо дар «Луғати русӣ — тоҷикӣ»-и соли 1985 истилоҳи русии «процент» бо вожаҳои «фоиз» ва «дарсад» маънӣ шуда, дар ин луғат «фоиз» дар ҷойи аввал ҳамчун вожаи асосӣ дар дарҷи ин маъно ёд гардидааст. Дар ҳамин луғат истилоҳи «процент» ҳамчун иқтибоси русӣ (аз лотинии procentum) аз меъёри забони тоҷикӣ хориҷ карда шудааст.

Ҳамчунон ки аз фарҳангҳои дузабона ва осори дигари забони тоҷикӣ пайдост, истилоҳи «процент» низ дар забони мо солҳои тӯлонӣ якҷо бо истилоҳи «фоиз» мавриди истифода будааст, ки баъдан ба вожаи «фоиз» иваз шудааст.

Намунаи мисолҳо ва шоҳидҳо низ дар ин луғат бо вожаи «фоиз» ба кор рафтаанд. Ба таври мисол: «простые проценты-фоизи сода; сложные проценты — фоизи мураккаб; выполнить план на сто процентов — планро сад фоиз иҷро кардан». Дар забони ӯзбекӣ — фоиз (foiz). Корбурди вожаи «фоиз» дар забони тоҷикӣ бар асоси кадом вижагиҳои ин истилоҳи арабӣ дар ҳавзаи забони тоҷ икӣ сурат гирифтааст, дақиқ нест. Истифодаи вожаи мазкур, асланба солҳои 30-юм дар мисоли «Луғати русӣ — тоҷикӣ» дар алифбои лотинӣ иртибот мегирад.

Дар фарҳангномаҳои куҳани форсӣ аз ду вожаи арабии «фоиз» дар навишти (ف ائ ز (ف ای ز ва (ف ائ ض (ف ای ض ёд мешавад. Дар мавриди иртиботи ف ائ ز ваف ائ ض ба маънии «дарсад» ва ё «фисад» ба чанде аз фарҳангномаҳо метавон муроҷиат кард. Дар «Фарҳанги форсӣ»-и Муҳаммад Муъин (дар 6 ҷилд, чопи даҳум, Теҳрон 1375) чунин омадааст:

  • ف ای ز (арабӣ ف ائ ز) 1.растагоршаванда, растагор; пирӯзиёбанда, пирӯз, ғолиб, фотеҳ.
  • фоиз шудан ( شدن ف ای ز) 1. халос шудан, наҷот ёфтан, растагор гаштан; 2. ба коми дил расидан; 3. даст ёфтан; 4 истинбот кардан; 5. ғалаба кардан; 
  • фоиз кардан (ک ردن ف ای ز) 1. расондан ба чизе; 2. ба мурод расонидан, муваффақ кардан.
  •  ف ای ض (арабӣ ف ائ ض) 1. фурӯрезанда; 2. файздиҳанда, файзрасонанда; 3 обе, ки пас аз пур шудани зарф ё ҳавз аз атрофи он фурӯ резад; 4. вофир, саршор, лабрез.

 Дар «Луғатнома»-и Деҳхудо (ҷ.11) ин ду вожа чунин ташреҳ шудаанд:

  • ف ائ ز — раҳоиёбанда, аз шар(р) раҳошуда, ба хайр даст ёфта; фирӯзёбанда (Онандроҷ); фоиз шудан — халос шудан, наҷот ёфтан; ба коми дил расидан, даст ёфтан, касб кардан, ғалаба кардан. 
  • ف ائ ض ⁄ف ای ض — файз диҳанда. 

Дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (1969):

  • ف ائ ز 1. расанда, комёбшаванда, муваффақ; 2 раҳоёфта, растагор.
  •  ف ائ ض 1. аз зарф ё чизи дигар берун резанда, саршор, лабрез, фаровон, бисёр, вофир; 2. файзбахш; 3. файзёб, фоидаовар. 

Дар «Фарҳанги арабӣ — тоҷикӣ»-и доктор Саидраҳмон Сулаймонӣ ин ду вожаи арабӣ чунин маънӣ шудаанд:

  • ف ائ ز — пирӯз, ғолиб; бобарор, комёб. 
  • ضف ائ — равон, ҷорӣ, лабрез, фаровон, бисёр, барзиёд, зиёдатӣ, беш аз андоза.

 Дар «Луғати нимтафсираи тоҷикӣ»-и устод С.Айнӣ (Куллиёт, ҷ.12) вожаи арабии фоиз (ف ائ ض) чунин маънӣ шудааст:

1. некӣ бисёрдиҳанда, баракатдиҳанда;
2. нисбати ададҳо дар сад (маънии дувум термини ҳисоб).

Дар иртибот ба ин вожа метавон аз як назари забоншиноси Афоғонистон Равон Фарҳодӣ дар пажуҳиши эшон таҳти унвони «Забони тоҷикии Мовароуннаҳр» ёд кард, ки он чунин аст: «фоиз (ف ای ض)- фисад, дар сад, аслан аз туркии фиюз (ی وز ف ی) -юз ба маънии сад, дар забонҳои турк ӣ иштибоҳан фоиз нигошта мешуда (имрӯз дар Мовароуннаҳ просент мегӯянд, ки аз русӣ омада ва русӣ онро аз лотинӣ гирифтааст)» (с.94).

Истилоҳи «дарсад», ки дар забони форсӣ ба кор меравад, бар пояи осори забони порсии дарӣ устувор гардидааст. Далел ва шоҳиди ҷолиб дар мавриди «дарсад»-ро метавон аз «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ пайдо кард. Истилоҳи вижаи «дарсад» дар «Шоҳнома» ба гунаи «сад андар сад» ба маънои «ба тамомӣ, комилан» як маротиба ба кор рафтааст, ки ин байт намунаи он аст:

Сад андар сад ин дашт ҷойи ман аст,
Баландосмонаш ҳавои ман аст. (Шоҳнома, ҷ.2, с.96).

Ҳамин як шоҳид аз «Шоҳнома» дар «Луғатнома»-и Деҳхудо омада, ки он чунин маънӣ шудааст:
сад андар сад — мунҳасиран, танҳо, холис, вижа, сад дар сад (Луғатнома ҷ.10).

 Ин шоҳид ва далели ҷолиб, ки фарҳангномаҳои форсӣ зикр кардаанд, дар «Фарҳанги забони тоҷ икӣ» (соли 1969) ёд нашудааст.

Ба таваҷҷуҳ ба фарҳангномаҳо ва осори гузашта пажуҳишгарони осори порсии дарӣ бинобар «Шоҳнома»- и Фирдавсӣ аз истилоҳи ноби дарии «дар сад», ки он идома ва ё гунаи «андар сад» аз қолаби «сад андар сад», баъдан «сад дар сад» мебошад, истифода карда ва «дар сад»-ро ҳамчун истилоҳи вижа барои забони форсӣ пазируфтаанд. Ин истилоҳ ҳам дар фарҳангномаҳои форсӣ ва ҳам дар фарҳангномаҳои дузабонии форсӣ ба хориҷӣ ба таври яксон мавриди истифода қарор дода шуда ва то ба имрӯз ин истилоҳи дорои собиқаи таърихӣ дар забони форсӣ ҳамчун вожаи воҳид бидуни ҳеҷ гуна баробарии дигар ба кор меравад.

Дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (соли 1969) вожаҳои «дарсад» ва «фисад» аслан истифода нашудаанд. Ҳол он ки «дар сад» ҳамчун сохтаи порсии дарӣ ё тоҷикӣ дар ин фарҳанг бар асоси маводи фарҳангномаҳои муътабар бояд ҳатман ворид ва муаррифӣ мешуд. Истилоҳи «дарса д» дар «Фарҳанги русӣ ба форсӣ»-и Р.А.Галунов (Москва, 1937) дар шарҳи «процент — фаръ» чунин омадааст: «20 процентов — sad-i bist, bist dar sad».

Дар «Луғати русӣ — тоҷикӣ»-и соли 1985 дар шарҳи истилоҳи русии «процент» пас аз вожаи «фоиз» истилоҳи «дарсад» низ оварда шудааст, аммо ин истилоҳ дар муқобили «фоиз» мавриди корбурд қарор нагирифтааст.

Акнун дар марҳилаи кунунии рушди забони миллӣ дар мақоми забони давлатӣ лозим аст, то ба хотири гиромидошти арзишҳои таърихӣ ва риояи суннату меъёрҳои забони миллӣ дар корбурди луғоту истилоҳоти забонамон бархӯрди тоза намоем.

Дар ҳар маврид дар сурати корбурди вожаи «дарсад» ҳамчун мероси забони миллӣ зарурати истифодаи ҳеҷ гуна луғоту истилоҳоти иқтибос аз забонҳои дигар дар мисоли «фисад», «фоиз» ва ё «просент» вуҷуд надорад. Аз ин рӯ лозим аст, то забони миллӣ дар пояи арзишҳои фарҳанги миллӣ арҷгузорӣ шавад. Бо ин далел «дарсад» аз вожаҳои хеле муносиб дар қолаби забони форсӣ -тоҷикӣ бар ивази «фоиз» буда, имрӯз ин вожаи ноб ва асили забонро метавон бар ивази вожаи машкуки «фоиз» истифода кард.

Феҳристи манобеъ

Айнӣ С. Луғати нимтафсилии тоҷикӣ. Куллиёт, ҷилди 12. Душанбе, 1976.
Восканян Г.А. Фарҳанги русӣ ба форсӣ. -М, 1986.
Галунов Р.А. Русско-персидский словарь. Дар ду ҷилд. -М, 1937.
Луғати русӣ — тоҷикӣ. (Зери таҳрири С.Айнӣ, С.Р.Ализода, А.Исмоилзода, Раҳим Ҳошим ва Муҳаммадҷон Юсуфӣ). Дар ду ҷилд.- Сталинобод, 1933-1934.
Луғати русӣ-тоҷикӣ. (Зери таҳрири А.Деҳотӣ ва Н.Н.Ершов).-М, 1949.
Луғати русӣ-тоҷикӣ. (Зери таҳрири А.П.Деҳотӣ ва Н.Н. Ершов). М. — Сталинобод, 1949.
Луғати русӣ-тоҷикӣ. (Зери таҳрири М.Осимӣ). -М., 1985.
Луғатномаи Деҳхудо. Ҷилди 10. -Теҳрон, 1377.
Фарҳанги арабӣ — тоҷикӣ. Саидраҳмон Сулаймонӣ- Душанбе, 2010.
Фарҳанги забони тоҷикӣ. (Зери таҳрири М.Ш.Шукуров, В.А.Капронов, Р.Ҳошим, Н.А.Маъсумӣ). Дар ду ҷилд. -М, 1969.
Фарҳанги «Шоҳнома». Бо кушиши Алии Равоқӣ. Дар ду ҷилд. -Теҳрон, 1390.
Фарҳанги форсӣ. (Таълифи Муҳаммад Муин). Дар шаш ҷилд.- Теҳрон, 1375.
Фарҳодӣ Р. Забони тоҷикии Мовароуннаҳр.- Кобул, 1360.

Д.Саймиддинов

Баҳодиҳии муҳтаво: 
1
Баҳои миёна: 1 (1 овоз)

Конференсияи байналмилалӣ (10-уми июни соли 2016)

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 10 Июн, 2016 - 18:42
Конференсияи байналмилалӣ (10-уми июни соли 2016)

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар асоси банди 48-и қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми марти соли 2016, №99 «Дар бораи Нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конференсияҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016», банди 27-уми боби IV ва VI-и Нақшаи чорабиниҳои Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016 аз 30-юми июни соли 2012, №335 дар бораи ҳимоя ва рушди забони давлатӣ берун аз марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нақшаи кории Кумита аз 7-уми январи соли 2016, №1 9-уми июни соли равон Конференсияи илмию амалии байналмилалӣ таҳти унвони «Мақоми забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – забони тоҷикӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ»-ро бо иштироки олимону донишмандони кишварҳои хориҷии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Британияи Кабир, намояндагони сафоратхонаҳои Федератсияи Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, инчунин, намояндагони Ҳукумати кишвар, вазорату идораҳои давлатӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотии кишвар, ҷамъиятҳо, аъзои Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳоти Кумита ва намояндагони ВАО баргузор намуд.

Қобили зикр аст, ки бо ибтикори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ доир ба масъалаи мазкур бори дувум чунин конференсия дар сатҳи байналмилалӣ баргузор мегардад. Дар конференсия зиёда аз 120 нафар олимон, муҳаққиқон, таълимгарон ва рӯзноманигорон иштирок намуданд.

Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ Гавҳар Шарофзода оғоз намуд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
1
Баҳои миёна: 1 (1 овоз)

Конференсияи байналмилалӣ (27-уми июли соли 2015)

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 27 Июл, 2015 - 18:50

Конференсияи байналмилалӣ «МАСОИЛИ ВОЖАГУЗИНӢ ВА ИСТИЛОҲОТИ ЗАБОНИ ФОРСӢ-ТОҶИКӢ» (27-уми июли соли 2015)

Кумита дар асоси банди 3-и қисми 3-и Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва мувофиқи банди 60-и Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми феврали соли 2015, №106 «Нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конференсияҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» 27-уми июли соли 2015 Конференсияи байналмилалиро таҳти унвони «Масоили вожагузинӣ ва истилоҳоти забони форсӣ-тоҷикӣ» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки муҳаққиқону донишмандони кишвар ва намояндагони Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ҳамчунин, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳоти Кумита ва намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор намуд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
1
Баҳои миёна: 1 (1 овоз)
Subscribe to Фаъолият