Кумита

Таҳкими сулҳу суббот – омили ҳастии миллат вобаста ба филми ҳуҷҷатии «Хиёнат»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 17 Июл, 2020 - 11:55
Таҳкими сулҳу суббот – омили ҳастии миллат вобаста ба филми ҳуҷҷатии «Хиёнат»

     Имрӯз 17-уми июли соли 2020, соати 09:00 дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Таҳкими сулҳу суббот – омили ҳастии миллат» вобаста ба филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» баргузор гардид, ки дар он раиси Кумита, муовини раис, сардорон, мудирон ва кормандони Кумита иштирок намуданд.
Дар оғоз раиси Кумита тамоми иштирокдоронро ба мизи мудаввар хайра мақдам намуда, оид ба мазмуну муҳтавои филми ҳуҷҷати «Хиёнат»  маълумот дода, аз ҷумла баён намуданд, ки филми мустанади «Хиёнат», ки тавассути шабакаҳои телевизиони кишвар намоиш дода шуд, дар асоси далелҳои радношаванда, шоҳидии иштирокчиёни ҳодисаҳо ва маълумоти бойгонӣ омода карда шудааст ва ҳамагон аз муҳтавои ин филм огоҳ гаштанд. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 90-ум, ки миллати моро ба вартаи нобудӣ мекашид, сабаби андӯҳи гарони мардуми кишвар гардид. Дар давоми панҷ соли ин ҷанги таҳмилӣ зиёда аз 150 ҳазор нафар ҳамватанони мо қурбон шуданд, тахминан 2 миллион шаҳрвандон бе хонаву дар монданд, ҳазорҳо оила бепарастор монда, фарзандон ятим шуданд. Баъзе минтақаҳои кишвар дар бунбасти иқтисодӣ монданд ва мардум азоби гуруснагӣ мекашиданд, аксари мардуми кишвар аз рӯи ноилоҷӣ гуреза ё муҳоҷир шуданд.
     Маҳз талошу заҳматҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хомӯш кардани оташи ҷанги бародаркуш буд, ки мардуми кишвар ба рӯзҳои нек, зиндагии осуда, созандагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ расид. Албатта, хомӯш кардани ҷанги бародаркуш кори саҳлу осон набуд, вале шахсони ватандӯст, бонангу номус ва сарсупурдагони ватан ба хотири осудагии миллат кӯшиданд ва дар натиҷа ба он ноил гардиданд.
Пас аз намоиши филми мазкур тамошобинро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи доми хоинони ватанбезор нашаванд ва ба ҳимояи давлату миллат, ободу зебо ва бунёд намудани ватани худ ҷаҳду талош намояд.
Баъдан муовини раиси Кумита дар мавзӯи «Воизон, к-ин ҷилва бар меҳробу минбар мекунанд…» ва сардори шуъбаи танзими истилоҳоти Кумита доир ба мавзӯи «Шукргузори ин даврони биҳиштӣ бошем» маърӯзаҳо пешниҳод намуданд. Дар охир суҳбати озод сурат гирифта, саволҳои муҳим баррасӣ шуданд.
     Мизи мудавварро раиси Кумита доктори илмҳои филологӣ – Муҳаммадҷонзода Олимҷон ҷамъбаст карда, ба ҳамаи ҳозирин ва дар маҷмӯъ Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу салоҳ орзу кард.
Шунидани суруди миллӣ анҷомбахши мизи мудаввар гардид.


Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Мизи мудаввар ба ифтихори 23-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар мавзӯи «Забон – неруи ваҳдатофарин»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 26 Июн, 2020 - 13:33
Забон неруи – ваҳдатофарин

       Имрӯз 26-уми июни соли 2020, соати 1000 дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар мавзӯи «Забон – неруи ваҳдатофарин» мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он олимон, шоирон, намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, раиси Кумита, муовини раис, сардорон, мудирон ва кормандони Кумита иштирок намуданд.
Дар оѓоз суруди миллӣ садо дод ва баъдан раиси Кумита тамоми иштирокдоронро ба муносибати 23-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик намуда, қадами ҳар яки онҳоро ба ин чорабинӣ хайра мақдам гуфтанд ва ба иштирокдорон тансиҳатӣ, фаррухрӯзӣ ва ба фаъолияти минбаъдаашон комёбиҳои беназир орзу намуда, афзуданд, ки халқи тоҷик хуб медонад, ки барои расидан ба ин рӯзи саид кишвари мо аз имтиҳони бисёр сахту сангини таърих гузашта, ба мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмили шаҳрвандӣ хотима бахшид.
       Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон қайд карда буданд, ки: «Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли паркокандашавӣ қарордоштаи тоҷик ва аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшидани давлати навини тоҷикон нақши басо бузургро иҷро кард».
       Аз ин рӯ, мо бояд ҳар як фарди бонангу номус ин ҷашнро гиромӣ дошта, Ваҳдати миллиро ҳифз намоем.
Баъдан шоирон, олимон ва кормандони Кумита доир ба масъалаҳои марбут ба Ваҳдати миллӣ маърӯзаҳо пешниҳод намуданд. Дар охир суҳбати озод сурат гирифта, саволҳои муҳим баррасӣ шуданд.
       Мизи мудавварро раиси Кумита доктори илмҳои филологӣ – Муҳаммадҷонзода Олимҷон ҷамъбаст карда, ба ҳамаи ҳозирин ва дар маҷмӯъ ба мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу салоҳ орзу кард.


Ғазали
«ВАҲДАТ»
Дӯстон, бо ҳам бисозед, ин замони ваҳдат аст,
Ҳамдилу ҳамдард будан ҷисму ҷони ваҳдат аст.
Он қадарҳо ваҳдати сарду забонӣ сохтем,
Он ҳама акнун дигар заҳре ба хони ваҳдат аст.
Мардуми Хатлону Раштонанд аз як хоки пок,
Ошноиҳояшон дар ошёни ваҳдат аст.
Дар Бадахшону Зарафшон, дар Хуҷанди бостон,
Худшиносиву худафрӯзӣ тавони ваҳдат аст.
Марзи Вахшону заминҳои барӯманди Ҳисор,
Хурраму сарсабз аз оби равони ваҳдат аст.
Мешавад Сурхобу Хингоб оқибат Вахши бузург,
Ин баҳамоӣ, нигар, рӯди дамони ваҳдат аст.
Дар ҷаҳон тоҷик афтодаст дур аз ҳамдигар,
Аз парешонии худ дар ормони ваҳдат аст.
Гар сари овози якро дигаре гирад ба меҳр,
Гардад овозе, ки ҷовидон равони ваҳдат аст.
Эй, ки месӯзӣ ба умеди фурӯғи кишварат,
Дар забону дил яке будан нишони ваҳдат аст.
Хонаи тоҷик рӯшан чун дили тоҷик бод!
Тоҷикистон хонадони ҷовидони ваҳдат аст.
                                              аз шоир Меҳмон Бахтӣ
Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Шукргузори ин даврони биҳиштӣ бошем

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 26 Июн, 2020 - 11:33

     Ваҳдати миллӣ, ки моро тӯли 23 сол ба роҳ ба сӯи музаффарият мебарад ва ҳамасола кишвари мо аз таъриху файзу баракати ин рӯзи нусратофарин бо баҳрамандӣ осудаву ободтар мегардад, қисмати неку хуҷастаи миллату халқи мост.
     Вақте мо суханро дар бораи Ваҳдати миллӣ ва сулҳу созандагӣ оғоз мекунем, беихтиёр симои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пеши назари меоварем, зеро маҳз ба туфайли кӯшишу талошҳои шабонарӯзии эшон 27-уми июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар шаҳри Маскав ба имзо расид ва ба қавли устод Лоиқи зиндаёд «ҷанги девонавори мо гузаштаву Сулҳи деринтизори мо омад».
     Филми мустанади таърихии «Хиёнат», ки тариқи шабакаи «Телевизиони Тоҷикистон» пахш гардид, пеш аз ҳама, ҳодисаҳои нангину даҳшатовари солҳои 90-уми ҷанги шаҳрвандиро бо тахрибкориву беадолатиҳояш пеши назар меорад, вале ҳар як фарди солимфикри насли замони истиқлоламон дигар намегузорад, ки ин рӯзҳои фоҷиаовар ба сари халқи тоҷик ояду осмони софу беғубори моро бо дуди тиру туфанг тира гардонад ва халқ боз сарсону саргардон шавад.
     Таҷрибаи рӯзгор собит намудааст, ки мардумро танҳо ягонагиву ҳамдигарфаҳмӣ наҷот медиҳад. Хеҷ гоҳ қувваи бадӣ, фикру андешаи ҷоҳилона, ки мардумро ба гумроҳӣ ба як кӯчаи сарбаста мебарад, ба манфиати ҷомеа ва халқу миллат хизмат намекунад. Аз ин рӯ, толибони сулҳро зарур аст, ки ҳама вақт ҳушёр бошанд. Пайравони Аҳриману Заҳҳок ҳама вақт дар паи фитна ангехтану парешон кардани мардум ҳастанд.
     Ҳаёт дар ин давраи сарнавиштсоз барои миллати мо собит намуд, ки маҳз мардумфиребиҳо ва ба коми андешаву ақидаҳои нопоки худ кашидани насли ҷавон аз ҷониби як зумра ҳизбу ҳаракатҳои ба ном исломӣ ҷомеа ва ҳатто мафкураи насли ҷавони моро вайрон карда, ба сари хонаводаҳои онҳо мусибату бадбахтиҳо овард, насли ояндасози моро аз дину мазҳаб ва расму ойини миллӣ дур сохт, ки дар рафтору амал ва тарзи зиндасозии бисёр оилаҳои ҷавон мушоҳида мегардад.
Насли ҷавони моро зарур аст, ки бо азхудкунии осори адибони маърифатпарвару худшиносамон фаъолияту зиндагии худро ба роҳ монда, бо бедорӣ ва худшиносиву худогоҳии миллӣ кешу мазҳаби худро пос доранд, бо забону фарҳанги миллӣ арҷгузор бошанд ва дарк намоянд, ки дину мазҳабфурӯшиҳо ба мо суде намебахшаду мо тибқи қонунгузории давлати ягонаамон бояд ба сӯйи ояндаи нек қадам занем.
Бояд қайд низ кунем, ки пешвоёну иғвоангезони роҳи дину мазҳабҳои наву ба қавми мо бегона насли ҷавони моро танҳо ба фоидаи курсии хеш истифода бурданӣ шуда, мефиребанд, ки аз ин омол танҳо шахсони алоҳида сӯиистифода мебаранду халқи бечора зери зулму истибдод мемонад.
     Мо бояд насли ҷавонро дар роҳи илмомӯзӣ ва касбу ҳунаромӯзӣ ташвиқу тарғиб намоем, то ки дар оянда созандаву бунёдгари кишвари худ дар оянда низ гардему дастнигари кишварҳои абарқудрат нагардем ва худ тақдирсозу таъминотгарӣ худ бошем.
Аз ин рӯ, насли имрӯзаи даврони Истиқлол, хусусан, ҷавонон бояд пойбанди макру фиреби ягон ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ нагашта, ба роҳи ояндаи худ, ба фардо бо чашми дил нигоҳ кунад.
     Замони навини эҳёи Тоҷикистони азиз бо номи Қаҳрамони халқи тоҷик – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, зеро ин абармарди дунёи сиёсат пайваста дар андешаи мустаҳкам намудани аркони давлату бедории миллати тоҷик буда, баҳри таъмини ҳаёти осоишта тамоми тадбирҳоро меандешанд.    
Мо бояд бо масъулият дарку ҳис намоем, ки ҳар қадаре дараҷаи худшиносӣ ва фарҳангпарастии мо зиёд гардад, ҳамон андоза ватанамон боз ободтару зебо хоҳад шуд. Барои ин мо бояд муттаҳид бошему аз як гиребон сар барорем, то ягон қувваҳои бегона аз хориҷ ва дохили кишвар натавонад, ба ин сулҳу оромӣ ва ҳаёти осоиштаи мо халал ворид созад.
     Моро лозим аст, то шуълаи меҳру ихлос ва дӯстиро фурӯзонтар кунем, ки аз он хонаи дилҳои ҳамватанонамон равшантар ва решаи умеди онҳо мустаҳкамтар гардад. Зеро шоир барҳақ фармуда, ки
Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.
Ҷомеаи шаҳрвандии моТоҷикон тавонист, ки дар муддати 23 соли Ваҳдати миллӣ дар ҳаёти иҷтимоии кишвар ба дигаргуниҳои куллӣ ноил гардида, чунин як наслеро ба камол расонад, ки аз ҷиҳати худшиносиву ватандӯстӣ ва зиракиву ҳушёрӣ худро аз мушкилоти ҷаҳонишавӣ ҳифз намояд.
    Таҳиягари филми «Хиёнат» низ бар чунин ақида аст, ки «Халқи моро зарур аст, ки дар рафти чунин муборизаҳои шадиди ғоявию идеологӣ, ки дар фазои иттилоотӣ ҷараён мегиранд, минбаъд зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи бозиҳои геополитикӣ ва хоҷагони пасипардагии кишварҳои бегона нашаванд, ба қадри Истиқлолият ва озодӣ расанд, комёбиҳои бадастомадаро ҳифз карда, барои давлатсозӣ ва миллатсозӣ камари ҳиммат банданд ва ҷасуронаю дилпурона ҷомеаи сифатан навро бунёд намоянд».
     Бо ин мақсади наҷиб мо тоҷиконро зарур ва шарт аст, ки ба қадри ин Рӯзи саиду муборак ва некпай, – Нури Ваҳдати оламафрӯз, ки бо назари Эзидӣ ва қалби инсонпарваронаи фарзандони фарзонаи миллат ба мо муяссар гардидаст, расидаву онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем ва ба як Рӯзу Ҷашни миллӣ-озодихоҳӣ табдил диҳем, то ҳамеша дар ниҳоди мо тухми некиву инсонпарварӣ ва якдилиро парваридаву афзун намояд.
     Ба такрор метавон нидо кард, ки мо мардуми тоҷик, ки бо баҳрамандӣ аз файзу нусрати Ваҳдати миллӣ шукру сипоси бекарон ба ин рӯз кунем, ки ин ҳама ин даврони фаррухпайк армонҳои ҳазорсолаи ниёгони инсондӯсту ваҳдатсарои мост ва мо ба ягонагии кешу мазҳаб ва оийинҳои худ гаравида, шефтаву дилбохта ва муштоқу дил рабудану афсункориҳои бегонагон ва равияҳову ақидаҳои мардумфиреби хоҷагони аҷнабӣ нашавем. Зеро чунин кирдори онҳо моро ба мутеиву пастӣ бурда, дунёи моро на хуш, балки зулматсаро сохта метавонад. Мо тоҷикистониён новобаста аз қавму миллатамон, бояд ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як мақсад, пешравии ҷомеаи соҳибистиқлол ва дастёб шудан ба орзуву омоли мардуми кишвар гардем, ки он ҳам осудаву хуррам зистан ва бо ҳамдилдиву ҳамсозӣ баланд бардоштани афкори солими ҷомеаи ҷаҳонӣ дар роҳи инсонпаврарӣ ва ваҳдатсароист.

Раҳим Зулфониён – сардори шуъбаи танзими истилоҳоти
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҲҶТ
Сарвбоуну Фарҳодова – сармутахассиси шуъбаи танзими истилоҳоти
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҲҶТ
Шаҳноза Бӯриева– сармутахассиси шуъбаи ташкилию ҳуқуқии
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҲҶТ

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Ҳисобот дар бораи фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 25 Декабр, 2019 - 15:19
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 фаъолияти пурсамари худро оид ба пешбурди сиёсати давлати дар бораи забон ва баҳри татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ», ҳамчунин, иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба роҳ мондааст, рӯзи 25-уми декабри соли равон ҷаласаи ҷамъбастиро баргузор намуд.

Ҷаласа бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Ҳайати мушовара, роҳбарият ва кормандони Кумита баргузор гардида, фаъолияти Кумита дар соли 2019 қаноатбахш ҳисобида шуд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Конференсияи байналмилалӣ «Вазъи забони тоҷикӣ дар минтақаҳои тоҷикнишини Осиёи Марказӣ» - 2019

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 6 Октябр, 2019 - 10:50
Конференсияи байналмилалӣ «Вазъи забони тоҷикӣ дар минтақаҳои тоҷикнишини Осиёи Марказӣ»

ДУШАНБЕ, 05.10.2019 /АМИТ «Ховар»/.
«Вазъи забони тоҷикӣ дар минтақаҳои тоҷикнишини Осиёи Марказӣ»-таҳти чунин унвон имрӯз дар шаҳри Душанбе конференсияи байналмилалӣ доир гардид.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми филология Гавҳар Шарофзода оғоз намуд.
Сипас  мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба масъалаҳои  рушди иҷтимоӣ ва робита  бо ҷомеа, доктори илмҳои филологӣ, профессор Масрур Абдуллозода, намояндагони Академияи илмҳо, Вазорати маориф ва илм дар суханронии хеш аз мақоми арзанда ва таълимдиҳандагӣ доштани адабиёти ғании забони тоҷикӣ ёдовар шуда,  ин ҳамоиши байналмилалиро барои таҳими робитаҳои муштараки сиёсати забони кишварҳои дӯсту бародар дар ҳалли масъалаҳои забонӣ ва робитаҳои дӯстиву бародарӣ фоли нек арзёбӣ карданд.
Зикр гардид, ки ҷавҳари асосӣ ва ҳадафи пур аз ҳикмати ин забонро танҳо дар донистани ин забон мебояд фаҳмид, ки гӯяндагони ин забон-тоҷикон ба ҷуз Тоҷикистон, боз дар бародаркишварҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистону Ҳинд ва Покистону Эрон аз қадимулайём зиндагӣ мекунанд.
Забони тоҷикӣ дар мақоми забони илму адаб таърихи тӯлонӣ дорад, ки инро осори гузаштагони мо бо он ҳама шӯҳрату маъруфияти ҷаҳонӣ собит месозад. Забони тоҷикӣ дар аҳди Сомониён ва чанд асри дигар дар баробари забони арабӣ, ки ҳамчун забони илм пазируфта шуда буд, тавоноии худро дар риштаҳои гуногуни илми ҳамон замон-дар соҳаи илмҳои тиб, дорушиносӣ, ҳандаса, ситорашиносӣ, химия, табиатшиносӣ, ҷуғрофия, фалсафа ва ғайра дар мисоли шоҳкориҳои Ибни Сино, Закариёи Розӣ, Берунӣ, Хоразмӣ, Форобӣ, Имом Тирмизӣ, Ҷурҷонӣ ва чеҳраҳои дигари илму адаб ба ҷаҳониён муаррифӣ намудааст.
То имрӯз номи Чоч, Самарқанду Бухоро, Урганҷ, Хива, Марв, Фарғона, Чуст, Ғузор, Шаҳрисабз, Тирмиз, Насаф, Риштон барин садҳо дигар номвожаҳои ҷуғрофӣ арзи вуҷуд доранд, ки сарзамини ниёгони мо бо забони тоҷикӣ ва ҳама шаҳомату зебоии ин забон дар гузашта қарор дошту то кунун дорад. Бо забони ашъори безаволи бузургони адабиёти тоҷик ҳанӯз муаммоҳое нуҳуфтаанд, ки онро танҳо донандагони хуби ин забон дарк кардаву хулоса мебароранд, ки мояи он офариниши ҷаҳони ободу осоишта аст.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Суханронӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 4 Октябр, 2019 - 10:52
Суханронӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамватанони азиз!

Забон неъмати бебаҳои зиндагии аҳли башар мебошад. Инсон фақат тавассути забон метавонад эҳсос ва фикру андешаҳои худро иброз намояд.

Забони миллӣ ойинаи пурҷилои таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар як халқу миллат ба шумор меравад.

Гузашта аз ин, дар фарҳангу тамаддуни халқу миллатҳо, аз ҷумла мо - тоҷикон забони модарӣ зербинои ҳувияти миллӣ ва омили аслии ҳифзи он мебошад.

Забони модарии мо - забони ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ, ки донишу маърифати дар тӯли ҳазорсолаҳо андӯхтаи мардумро дар худ нигоҳ доштааст, гӯётарин далели ҳастӣ ва мақоми ҳаётбахши он дар сарнавишти таърихии миллати мо ба ҳисоб меравад.


Яъне миллати шарафманди тоҷик таъриху фарҳанги камназири худро бо ҳамин забон иншо ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст.

Забони тоҷикӣ дар шумули қадимтарин забонҳои Хуросону Мовароуннаҳр меросбари забонҳои бостонии ориёист.

Олимону донишмандони сатҳи ҷаҳонӣ эътироф кардаанд, ки дар таърихи тамаддуни башар тоҷикон ҳамчун халқи ориёинажод яке аз миллатҳои қадимтарин ва забони модарии мо, яъне забони тоҷикӣ аз ҷумлаи забонҳои бостонии сайёра ба ҳисоб мераванд ва дар ин хусус ҳазорон таҳқиқоти илмӣ анҷом дода шудаанд.

Решаҳои забони мо ба садсолаҳои пеш аз мелод ва асрҳои аввали солшумории нав, бахусус, ба даврони мавҷудияти забонҳои суғдӣ, бохтарӣ, портӣ ва паҳлавӣ рафта мерасанд.

Солҳои бистуми асри гузашта, яъне дар шароити барои халқи тоҷик ва забони модарии он басо ҳассосу тақдирсоз забони мо расман номи «забони тоҷикӣ» - ро соҳиб шуд ва яке аз далелҳои ҷиддии ташкил ёфтани давлати миллиамон гардид.

Бинобар ин, ба ҳамватанону дӯстдорони забони тоҷикӣ муроҷиат карда, таъкид менамоям, ки барои омӯзишу таҳқиқи таърихи забонамон ҳарчи бештар талош намуда, ҷиҳати омода кардани мутахассисони таърихи забон, бахусус, донандагони забонҳои қадимаамон, ки имрӯз ангуштшумор мебошанд, инчунин, шевашиносону хатшиносон чораҷӯӣ намоянд, то ки дар асоси калимаву ибораҳои зебову шевои бостониамон нуқсу камбудиҳои забони имрӯзаамонро бартараф сохта, онро боз ҳам ғанӣ гардонем.

Имрӯз аҳли олам моро бо номи «тоҷикон», давлатамонро бо номи «Тоҷикистон» ва забонамонро бо номи «забони тоҷикӣ» мешиносанду эътироф мекунанд.

Бо ин забон садҳо ва ҳазорон бузургмардону нобиғагон дурри сухан суфтаанд ва осори безаволу мондагорро ба ояндагон мерос гузоштаанд.

Ҳикмат ва ахлоқи инсонпарварӣ, ки ҷавҳари осори ниёгони мост, бо забони муқтадиру пурвусъат ва ширину гуворои тоҷикӣ асрҳо боз садо медиҳад ва сарвати фарҳангиву маънавии миллати мо бо ҳамин забон оламро тасхир кардааст.

Осори Рӯдакиву Фирдавсӣ, Аттору Саноӣ, Саъдиву Ҳофиз, Мавлонои Балхиву Мавлоно Ҷомӣ ва садҳо нафари дигар, ки ҳанӯз чандин аср пеш навишта шудаанд, имрӯз барои мардуми мо дастрасу фаҳмо ва азизу гиромӣ мебошад.

Ин осори ҷовидонаро ҳар як фарзанди соҳибмаърифати миллат имрӯз ба осонӣ ва бе луғат мехонаду мефаҳмад.

Масалан, ашъори устод Рӯдакӣ-зодаву парвардаи деҳаи Панҷрӯди шаҳри бостонии Панҷакент ва сардафтари адабиёти тоҷику форсро имрӯз, яъне баъди зиёда аз ҳазор сол ҳар яки мо ба осонӣ мефаҳмем ва аз маъниҳои баланди он лаззат мебарем.

Ин, албатта, мояи ифтихору сарфарозии мо-ворисони ин мероси бузурги маънавӣ мебошад.

Забони тоҷикӣ дар раванди ташаккул ва таҳаввули худ роҳи ниҳоят душвору пурпечутобро тай карда, аз санҷишу имтиҳонҳои сахту сангини таърих гузаштааст ва имрӯз, яъне дар даврони соҳибистиқлолӣ ва бунёди давлати миллӣ низ рисолати худро ба сифати яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва омили ҷомеасозу ваҳдатофарин идома дода истодааст.

22-юми июли соли 1989 дар Иҷлосияи даҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон қонуни забон қабул гардида буд.

Вале қисме аз муқаррарот ва меъёрҳои қонуни забоне, ки дар замони сохти гузашта расмият ёфта буд, бо гузашти замон, яъне баъди бист соли амали он наметавонистанд талаботу ниёзҳои рӯзафзуни ҷомеаи кишварро дар даврони соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолӣ пурра қонеъ гардонанд.

Аз ин лиҳоз, зарурат пеш омад, ки барои ҳифз ва рушди забони модариамон қонуни нави забон таҳия ва қабул карда шавад.

Бо ин мақсад, 5-уми октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид ва ин сана расман Рӯзи забони давлатӣ эълон гардида, ба феҳристи ҷашнҳои давлатӣ ва миллӣ ворид карда шуд.

Бинобар ин, мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамаи шумо-ҳозирини муҳтарамро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ самимона табрик мегӯям.

Дӯстони азиз!

Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» вазъи ҳуқуқӣ ва доираи истифодаи забонро муайян карда, дурнамои рушди онро дар замони истиқлоли давлатӣ - дар шароити дигаргуниҳои бузурги сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба танзим медарорад.

Яъне тавассути ин қонун забони тоҷикӣ ҳамчун забони сиёсату қонунгузорӣ ва коргузориву муошират эътироф гардид.

Бо вуҷуди ин, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар вазифадоранд, ки иҷрои ҳатмии талаботи қонуни мазкурро дар ҳамаи соҳаҳо таъмин карда, барои риояи меъёрҳои он ва рушди бемайлони ин забони шоирона талош варзанд.

Мо бояд барои устувор гардонидани забони давлатиамон мунтазам саъю талош намоем, ҷиҳати ғаниву рангоранг сохтани фонди луғавии он кӯшиш кунем, мақоми забони давлатиро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат баланд бардорем.

Омӯхтану донистани ин забони ширину шоирона ва ғамхорӣ барои рушд ёфтану фарогир шудани он қарзи ҳар як фарди соҳибмаърифату бонангу номуси миллат ва тамоми соҳибзабонон мебошад.

Дар баробари ин, бояд гуфт, ки бар асари назорати нокифоя аз тарафи мақоми назораткунандаи татбиқи қонун талабот ва муқаррароти он аз ҷониби баъзе вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҳанӯз ҳам пурра амалӣ нагардида, дар ин самт як силсила мушкилоте боқӣ мондаанд, ки бояд ҳал карда шаванд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки як қатор бандҳои дар “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016” пешбинишуда бо сабабҳои номаълум аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор то ҳанӯз амалӣ нашудаанд.

Аз ҷумла, таҳия ва нашри Энсиклопедияи забони тоҷикӣ, ки Вазорати фарҳанг ва Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик масъулони он мебошанд, то ҳол ба сомон нарасидааст.

Ҳамчунин, зарур мешуморам, ки ҷиҳати устувор намудани пояҳои забони давлатӣ аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳот дар ҳамкорӣ бо Академияи илмҳо ва Вазорати маориф ва илм “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030” таҳия ва ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад.

Дар баробари ин, мо бояд ба таҳия, танзим ва ҳамгунсозии истилоҳот, ки яке аз масъалаҳои муҳим дар роҳи рушди забони давлатӣ ба шумор меравад, эътибори ҷиддӣ диҳем.

Дар замони пешрафти бесобиқаи илму техника таҳияи истилоҳ ё истилоҳсозӣ ба сифати омили тавонбахши забон дар ҷомеаи мо аҳаммияти мубрам пайдо кардааст.

Ба вуҷуд овардани забони илм бе таҳияву танзими истилоҳоти соҳаҳои мухталифи илм ва то ҳадди забони меъёр такмилу сайқал додани он ғайриимкон аст.

Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки барои тавсеаи доираи калимасозиҳои мавзӯӣ, аз қабили истилоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иттилоотӣ, ҳуқуқӣ ва ғайра аз имкониятҳои забони модарӣ ҳамаҷониба истифода карда шавад.

Бо мақсади ҳифзи асолати забон ҳангоми истифодаи истилоҳот бояд ҳам зарфияти унсурҳои пойдори забони давлатӣ ва ҳам иқтибосгирии оқилонаву санҷида ба таври мутавозин дар мадди назар бошад.

Мо бояд аз иқтибосҳои бемавқеъ худдорӣ карда, истилоҳоти иқтибосиро ба табиати забон, сохтори сарфию наҳвӣ ва низоми овозии он мутобиқ гардонем.

Ҳарчанд ки бо ҳадафи танзими ин масъала дар назди Кумитаи забон ва истилоҳот Шӯрои ҷумҳуриявии ҳамгунсозии истилоҳот таъсис ёфта, аз ҷониби он як силсила корҳои омӯзишӣ ва тавсиявӣ ба анҷом расонида шудаанд, вале то ҳанӯз як қатор мушкилоти ҷиддӣ боқӣ мондаанд.

Аз ҷумла дар ин самт то андозае бесарусомонӣ ба назар мерасад, яъне дар мавриди ифодаи як мафҳум истилоҳу калимаҳои мухталиф истифода шуда, хонанда ё шунавандаро ба раҳгумӣ мебарад.

Аз ин рӯ, Кумитаи забон ва истилоҳотро зарур аст, ки якҷо бо Академияи илмҳо, вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг доир ба таҳия, қабул ва татбиқи истилоҳоти ягона дар ҳамаи соҳаҳо тадбирҳои иловагӣ андешад.

Дар раванди таҳияи дастурҳои истилоҳсозӣ ба лаҳҷаву шеваҳои забони тоҷикӣ, ки ганҷинаи пурфайзи забони модарӣ ба ҳисоб мераванд, бояд таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шавад.

Дар таркиби шеваҳои мардуми мо ҳазорон калимаҳои асилу ноби тоҷикӣ мавҷуданд, ки бо сабабҳои гуногун аз доираи истеъмол берун мондаанд.

Вазифаи аввалиндараҷаи забоншиносону фолклоршиносон ин аст, ки зимни таҳқиқоту ҷустуҷӯҳои илмӣ чунин калимаҳоро аз дохили шеваҳо дарёфт карда, онҳоро ба доираи муомилоти забони адабии тоҷикӣ ворид намоянд.

Бештари мафҳумҳои наве, ки ба таркиби луғавии забони модарии мо роҳ меёбанд, натиҷаи пешрафту дигаргуниҳои ҷаҳони имрӯза мебошанд.

Ба ибораи дигар, раванди ҷаҳонишавӣ, пешрафти босуръати илму техника, аз ҷумла технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, фаъол гардидани шабакаҳои иҷтимоӣ, инчунин, бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо дар замони муосир ба забони давлатӣ низ таъсир мегузорад ва дар роҳи рушди табиии он монеаҳои сунъӣ эҷод мекунад.

Бинобар ин, зарурат ба миён омадааст, ки милликунонии забони технологияҳои навин дар кишвар дар меҳвари таваҷҷуҳи сохтору мақомоти марбута қарор дошта бошад.

Масалан, таъсири манфии ихтилофи баъзе бандҳои қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, ки муайянкунандаи шакли хаттии забон мебошанд, дар таҳияи барномаи компютерии «Санҷиши дурустнависии калимаҳои тоҷикӣ» ба мушоҳида мерасад ва ин мушкилот то имрӯз ҳаллу фасл нашудааст.

Барои ҳалли ин ва дигар мушкилот бояд сараввал камбудиву духӯрагиҳои ҷиддие, ки дар қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ба назар мерасанд, ислоҳ карда шаванд.

Зеро вазъи номуайяни қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва возеҳу равшан набудани бисёр бандҳои он боиси баҳсу мунозираҳои нолозим шуда, ба сатҳи саводнокии мардум, махсусан, насли наврасу ҷавон таъсири манфӣ расонида истодааст.

Вобаста ба ин, ба Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ, Кумитаи забон ва истилоҳот, Вазорати маориф ва илм, Иттифоқи нависандагон ва сохторҳои марбутаи Дастгоҳи иҷроияи Президент супориш дода мешавад, ки “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ” - ро бо дарназардошти ислоҳи камбудиву мушкилоти дар онҳо ҷойдошта то моҳи январи соли 2020 барои тасдиқ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Инчунин, Институти забон ва адабиёти ба номи устод Рӯдакӣ вазифадор карда мешавад, ки бо ҷалби мутахассисони соҳа луғати имлои забони адабии ҳозираи тоҷикро то нимаи дуюми соли 2020 такмил дода, ба чоп пешниҳод созад.

Донишмандони забоншиноси мо дар хотир бояд дошта бошанд, ки қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ танҳо барои олимон нест, балки дастури амалиест, ки ҳадафи он саводнок кардани тамоми мардум буда, бояд ба ҳамаи табақаҳои ҷомеа дастрасу фаҳмо бошад.

Аз ин лиҳоз, мо вазифадорем, ки ин масъалаи барои ҷомеа бисёр муҳимро дар сатҳи мувофиқ ба забони пурғановати худ ҳаллу фасл кунем ва ба он нуқта гузорем.

Вобаста ба ин, як масъаларо, ки пештар ба он ишора карда будам, таъкид кардан мехоҳам.

Кайҳо вақти он расидааст, ки “Грамматикаи академии забони тоҷикӣ”, ки дар гузашта бо номи “Дастури забон” ё “Дастури ҷомеи забон” китобҳои муътабаре таълиф шуда буданд, ба вуҷуд оварда шавад.

Грамматикае, ки чил-панҷоҳ сол пеш навишта шуда буд, ҷавобгӯи талаботи илм ва ҷомеаи имрӯзаи мо нест.

Яке аз заминаҳои печидагӣ ва гуногунфаҳмиҳо дар имлои тоҷикӣ низ набудани дастури навини забон ё такя ба грамматикаи куҳна мебошад.

Аз ин лиҳоз, Академияи илмҳоро зарур аст, ки бо дарназардошти ба талаботи замони нав ва воқеияти имрӯза мутобиқ намудани грамматикаи қаблан нашршуда барномаи мушаххас ва дақиқро пешниҳод созад.

Дигар масъалаи муҳим, ки бо технологияҳои навтарин вобаста аст, феҳристбандии электронии тамоми калимаҳои забони тоҷикӣ бар асоси маъхазҳои қадимаву имрӯза ва ба барномаи компютерӣ ворид кардани он ба шумор меравад.

Ба хотири дастрасии ҳарчи бештар ба сарчашмаҳои дасти аввал бояд шакли электронии фарҳангҳои муътамад, аз қабили «Луғати фурс», «Бурҳони қотеъ», «Ғиёс-ул-луғот», «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ», «Фарҳанги Рашидӣ», «Баҳори Аҷам», «Фарҳанги Онандроҷ», «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Луғатнома»-и Деҳхудо ва дигар фарҳангу истилоҳномаҳои соҳавӣ бо алифбои имрӯзаи тоҷикӣ ба шабакаҳои иттилоърасонӣ ворид карда шавад.

Кумитаи забон ва истилоҳот, Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ, вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг ва Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик бояд вобаста ба ҳалли ин масъалаҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ҳозирини арҷманд!

Эҳё кардани номҳои миллии тоҷикӣ, ба танзим даровардани онҳо ва номҳои ҷуғрофӣ яке аз масъалаҳои мубрами сиёсати забонии мо мебошад.

Бо такя ба суннатҳои арзишманди гузаштаи халқамон барои эҳё намудани номҳои қадимаи тоҷикӣ ва истифодаи саҳеҳ аз қолабҳои калимасозии миллӣ бо қарори Ҳукумати мамлакат «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» тасдиқ шуда, меъёрҳои интихоби номҳои миллӣ муқаррар карда шуданд.

Ҳадаф аз таҳияи феҳрист эҳё кардани арзишҳои маънавӣ ва мероси бебаҳои таъриху фарҳанги миллӣ, инчунин, номгузории суннатии тоҷикӣ мебошад.

Феҳрист бо таваҷҷуҳ ба арзишҳои миллӣ ва фарҳанги номгузории ниёгони мо таҳия гардида, дар он ҳеҷ маҳдудият вуҷуд надорад.

Аммо дар ин самт аз ҷониби масъулони шаҳраку деҳот ва идораҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҳанӯз ҳам саҳлангориву бемасъулиятӣ ба чашм мерасад, яъне баъзеи онҳо то ҳол пойбанди равишу усули пешинаи номгузорӣ мебошанд.

Бояд гуфт, ки баъзе падару модарон ба ин масъалаи муҳим беэътиноӣ зоҳир карда, фарзандони худро бо номҳои дорои маънои коста ё номҳое, ки ба анъанаҳои номгузории миллии мо бегонаанд, номгузорӣ мекунанд.

Дар урфият “номи зебо-ними ҳусн” гуфтаанд.

Дар хотир бояд дошт, ки асолати миллӣ доштани номи инсон омили нерӯманди ташаккули шахсият ва эҳсоси худогоҳиву хештаншиносии ӯ ба шумор меравад.

Хотирнишон месозам, ки бегонапарастӣ дар самти номгузорӣ наслҳои ояндаро аз асолати таърихӣ дур мекунад, худшиносӣ ва ҳувияти миллии онҳоро коҳиш медиҳад, ки ба ин раванд ҳаргиз роҳ додан мумкин нест.

Вазорати адлия ва Кумитаи забон ва истилоҳот вазифадор карда мешаванд, ки якҷо бо сохтору мақомоти дахлдор ин масъаларо ба таври ҷиддӣ таҳти назорат қарор диҳанд ва доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳои зарурӣ ба асноди қонунгузорӣ пешниҳоди мушаххас таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат манзур намоянд.

Ҳамчунин, як қатор норасоиву ғалатҳое, ки дар ин феҳрист вуҷуд доранд, ислоҳ мехоҳанд ва зарур аст, ки онҳо дар таҳрири нав бартараф карда шаванд.

Дар баробари ба танзим даровардани номҳои одамон танзими номҳои маҳаллу деҳот ва шаҳру ноҳияҳо низ аз ҷумлаи масоили бағоят ҳассос аст, зеро номҳои ҷуғрофӣ таърихи зиндаи ҳамаи забонҳо, аз ҷумла забони модарии мо мебошанд.

Зарур аст, ки номҳои асили миллии ҷуғрофӣ ҳифз гардида, номи аслии маҳаллу мавзеъҳое, ки бо сабабҳои гуногун тағйир ёфтааст, дубора барқарор карда шавад.

Бо ташаббуси мо дар харитаи сиёсӣ дигарбора арзи ҳастӣ кардани номҳои куҳани Суғд, Хатлон, Бохтар, Рӯдакӣ, Истаравшан, Рашт, Сайҳуну Ҷайҳун ва садҳо номи дигар, ки гузаштаи пурифтихори моро ба имрӯз ва имрӯзро ба фардо пайванд медиҳанд, барои эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва тавсеаи доираи худогоҳиву худшиносии миллии мардуми мо нақши муассир гузошт.

Аммо дар ин ҷода корҳои сомоннаёфта хеле зиёданд.

Ҳоло ҳам комиссияҳои номгузории баъзе шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳангоми интихоби ном хусусиятҳои таърихиву ҷуғрофӣ ва касбу кори мардуми маҳалҳои аҳолинишин ва деҳоти навбунёдро ба эътибор намегиранд.

Масъалаи дигари ташвишоваре, ки дар номҳои шаҳру ноҳия ва деҳоти кишвар ба чашм мерасад, вобаста ба номи шахсони бузургу муътабар ва арбобони давлатист.

Дар ин маврид низ зарур аст, ки қолабҳои суннатии сохтани номи маҳалҳо риоя карда шаванд.

Кумитаи забон ва истилоҳотро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо дигар сохтору мақомот дар ин замина чораҳои фаврӣ ва ҷиддӣ андешида, бо ҷалби мутахассисони соҳа муродифҳои тоҷикии макону мавзеъҳоеро, ки номи онҳо бояд иваз карда шавад, муайян ва барои тасдиқ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.

Боиси сарфарозиву ифтихори мо - ворисон аст, ки забони тоҷикӣ то ба имрӯз ба шарофати хизматҳои бузург, заҳматҳои бедареғ ва корнамоиҳои беназири фарзандони фарзонаи халқи тоҷик аз Исмоили Сомониву устод Рӯдакӣ то устод Айниву Бобоҷон Ғафуров ба ҳамон гунаи асилу ноб, бо ганҷинаи ғаниву рангини калимаву истилоҳот ва таъбиру таркиботи зебову дилчасп то ба рӯзгори мо расидааст.

Бо ифтихори тамом метавон гуфт, ки дар амри бақову ҳастии миллат ва забони мо сулолаи некноми Сомониён нақши калидӣ дорад.

Ватанхоҳиву истиқлолталабии Сомониён сабаб гардид, ки забони тоҷикӣ дар рӯзгори давлатдории онҳо қудрату тавоноӣ ва рушду такомули беназиру бесобиқа пайдо кард ва барои поягузории адабиёту фарҳанги оламгир, ки таъсиру нуфуз ва анъанаҳои бузургаш то замони мо идома доранд, заминаи мусоид фароҳам овард.

Дурахши истеъдодҳои нотакрор, ба мисли Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абӯмансури Дақиқӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Абулқосими Унсурӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Умари Хайём, Носири Хусрав, Шайх Саъдӣ, Ҷалолуддини Балхӣ, Мавлоно Ҷомӣ ва дигарон, ки ҳам дар шеъру адаб ва ҳам дар илму фан забони модарии моро барои ифодаи маъниҳои нозуки бадеӣ ва андешаҳои дақиқи илмӣ қудрату тавон бахшидаанд, аз баракати сулолаи Сомониён ба ҳисоб меравад.

Дар баробари ин, бо ҳидояти амирони фозили сомонӣ таълиф гардидани асарҳои зиёди диниву мазҳабӣ барои ба сифати забони дуюми олами ислом расмият пайдо кардан ва баъдан дар мақоми забони байналмилалӣ эътироф гардидани забони мо замина ва имкони мусоид фароҳам овард.

Забони тоҷикӣ дар таълифоти илмӣ собиқаи беш аз ҳазорсола дорад. Бузургтарин донишмандони мо - Абӯалӣ ибни Сино бо таълифи «Донишномаи Алоӣ» ва Абӯрайҳони Берунӣ бо таълифи «Китоб-ут-тафҳим» ва “Осор-ул-боқия” бунёдгузорони забони илмии тоҷикӣ ба шумор мераванд, ки ин анъанаи ватанхоҳона дар асрҳои баъдӣ аз тарафи донишмандони маъруф Насируддини Тӯсӣ, Умари Хайём ва то Аҳмади Дониш идома пайдо кард.

Масъалаи ба пояи забони илми муосир расонидани забони тоҷикӣ аз ҷумлаи муҳимтарин масъалаҳоест, ки ман борҳо гуфтаам.

Дар замони мо тавоноиву қудрати ҳар забон дар баёни матолиби илмӣ ва ифодаи комили мафҳуму истилоҳоти илмҳои гуногун зоҳир мешавад ва бақову идомаи он низ ба доираи истифода ва корбурдаш дар илм вобаста аст.

Моро лозим аст, ки барои ҳамқадами замон шудани забони давлатӣ ва бар пояи забони илм рушд кардани он дастҷамъона кӯшиш намоем.

Бо ташаббуси мо Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд ва таълифи рисолаҳои илмӣ ба забони тоҷикӣ дар ҳамаи соҳаҳои илм ба роҳ монда шуд.

Донишмандони мо, аз ҷумла унвонҷӯёнро зарур аст, ки рисолаву асарҳои илмии худро ба забони давлатӣ таълиф кунанд.

Фикр мекунам, ки ин иқдоми ватанпарварона дар амри тақвияту тавсеаи имкониятҳои забони тоҷикӣ дар соҳаи илм муассир хоҳад буд.

Ҳамзамон бо ин, барои шахсоне, ки муассисаҳои таълимӣ ва илмиро ба забонҳои русӣ ва англисӣ хатм карда, рисолаҳояшонро ба ин забонҳо омода кардаанд, иҷозат дода мешавад, ки корҳои илмиашонро бо ҳамин забонҳо дифоъ намоянд.

Зеро забонҳои зикршуда забони илму муоширати байналмилалӣ ба шумор рафта, донистани онҳо аҳаммияти бағоят бузург дорад.

Дар ҷаҳони мутамаддин имрӯз шаш забони фаъоли муоширати байналхалқӣ ҳамчун забонҳои расмии Созмони Милали Муттаҳид қабул шудааст, ки мо низ бояд насли ҷавонро барои донистани онҳо раҳнамоӣ созем ва дар созмонҳои бонуфуз бо ин забонҳо аз манфиатҳои милливу давлатии худ дифоъ кунем.

Ҳозирини гиромӣ!

Забони ҳар халқу миллат воқеан ойинаи рӯзгори миллат, расму ойин, суннату анъана ва донишу фарҳанги мардум мебошад.

Ба ин далел забон дар раванди таъсис ва шаклгирии давлати миллӣ ҳамчун унсури аввалин ва рукни бунёдии давлатдорӣ нақши ниҳоят муҳим ва сарнавиштсоз дорад.

Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки забони тоҷикӣ дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи халқамон омили муҳимтарини муттаҳидкунандаи миллат буд.

Ва мо ифтихор дорем, ки забони ноби модарии мо ин рисолати таърихӣ ва нақши тақдирсози худро дар замони соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ низ иҷро карда истодааст.

Дар шароити пуртазоду печидаи ҷаҳони имрӯза офтоби бахти миллате тобон аст, ки истиқлоли комил дорад, сарнавишти давлат ва тақдири худро бо дасти худ менависаду месозад.

Шукрона бояд кард, ки чунин бахту иқболи баланд баъди ҳазор сол ба мо - тоҷикон бори дигар насиб гардид ва аз файзу баракати он давлати мо сиёсати худро дар қатори дигар кишварҳои олам мустақилона амалӣ карда истодааст.

Маҳз истиқлоли давлатӣ барои дурахши дигарбораи яке аз муқаддасоти миллии мо – забони тоҷикӣ ва рушду такомули он заминаи мусоид ва имкониятҳои фаровон муҳайё намуд.

Забони тоҷикӣ, дар навбати худ, ба сифати рукни муҳимми давлатдории миллӣ ваҳдату сарҷамъии миллати моро дар саросари кишвар таъмин сохт.

Имрӯз ҳам ин забон илҳомбахши фаъолияти ҳаррӯзаи мо буда, бунёдкориву созандагиҳои мардумамон дар ин забон таҷассум меёбанд ва ба оламиён муаррифӣ мешаванд.

Ман ҳамеша таъкид мекунам, ки дар замони имрӯза ҳар як шахси бомаърифат, махсусан, ҷавонон баробари дар сатҳи аъло донистани забони модарии худ се-чор забони хориҷӣ, аз ҷумла забонҳои русӣ ва англисиро бояд омӯзанд, ки ин талаботи ҷаҳони муосир аст.

Дар баробари ин, мо дар сиёсати хориҷии худ сиёсати “дарҳои кушода”-ро пеш гирифтаем ва бо 160 давлати ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ дорем. Ин воқеият низ моро вазифадор менамояд, ки миёни насли ояндаамон забондониро таблиғ намоем.

Ин масъала аз тарафи ниёгони мо басо нишонрас маънидод шудааст:

Агар сесад забон донӣ, фузун нест,
Туро рӯзе ба кор ояд, забун нест.

Боиси қаноатмандист, ки сафи ҷавонони омӯзанда ва донандаи забонҳои хориҷӣ солҳои охир хеле зиёд шудааст.

Бисёр муҳим аст, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар заминаи қонуну қоида ва меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ сурат гирад, яъне аввал забони модарии худро ба дараҷаи олӣ бояд донист ва сипас дар қиёс бо дастурҳои он ба фарогирии забонҳои хориҷӣ иқдом намуд.

Бузургони гузаштаи мо дар ин маврид низ бисёр дуруст гуфтаанд:

Ҳар к-ӯ ба забони худ сухандон гардад,
Донистани сад забон-ш осон гардад.

Аз худ намудани забонҳои хориҷӣ ва дар баробари ин, беэътиноӣ зоҳир кардан ба омӯзиши забони модарии худ нишонаи бефарҳангӣ ва беэҳтиромӣ нисбат ба миллату Ватан, модар ва таъриху фарҳанги хеш аст ва пеш аз ҳама, падару модарон масъуланд, ки ба чунин амали нораво роҳ надиҳанд.

Мо бояд кӯшиш кунем, ки фарзандонамон нахуст забони модариро аз худ кунанд, ба он эҳтирому арҷ гузоранд ва сипас ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ оғоз намоянд.

Дар сатҳи олӣ донистани забони давлатӣ ва поку беолоиш нигоҳ доштани он, хусусан, забони муошират яке аз муҳимтарин вазифаҳои мо мебошад.

Мутаассифона, ғалатгӯиву ғалатнависӣ ва омехтасозии забони шевои тоҷикӣ, бахусус, забони гуфтор то ҳанӯз аз байн нарафтааст ва ин боиси нигаронист.

Махсусан, солҳои охир фарҳанги муоширати қисме аз наврасону ҷавонон коҳиш ёфта, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла боғу гулгаштҳо, нақлиёти мусофиркаш ва қасру толорҳои фарҳангӣ алфози қабеҳу дағал ба гӯш мерасад, ки ин амали нораво аз доираи фарҳанг ва расму ойини мо берун мебошад.

Мо бояд дар байни наврасону ҷавонон корҳои тарбиявию маърифатиро мунтазам ва ҳарчи бештар ба роҳ монем ва нагузорем, ки маданияти баланду одоби тоҷикӣ, яъне мероси аҷдоди бузургамон коста гардад.

Вобаста ба ин, вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, корҳои дохилӣ, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, телевизион ва радио, дигар мақомоти давлатии марказиву маҳаллӣ, инчунин, падару модарони муҳтарам вазифадоранд, ки ба хотири ҳарчи бештар густариш пайдо кардани одобу ахлоқи ҳамида ва риояи фарҳангу анъанаҳои неки миллӣ дар байни наврасону ҷавонон корҳои тарбиявию ташвиқотиро пурзӯр намоянд.

Мутаассифона, имрӯз сатҳи сухандонӣ, шеърдонӣ ва китобхонии наврасону ҷавонон низ ташвишовар мебошад.

Мо ҳангоми сафарҳо ва мулоқот бо наврасону ҷавонон эҳсос мекунем, ки онҳо кам мутолиа мекунанд, асарҳои бадеиро бо завқ намехонанд, аз осори гузаштагону муосирон, санаҳои таърихиву фарҳангӣ хуб огоҳ нестанд ва ба омӯзиши илмҳои табиатшиносиву дақиқ беэътиноӣ зоҳир менамоянд.

Аз ин рӯ, ба Вазорати маориф ва илм, дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, супориш дода мешавад, ки дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, сарфи назар аз шакли моликият, ҳангоми таътилҳои чорякӣ ва тобистонаву зимистона омӯзишу мутолиаи асарҳои илмиву адабиро ба роҳ монанд ва бо мақсади қавӣ гардонидани ҳофизаи хонандагону донишҷӯён барои азхудкунии порчаҳои назмиву насрӣ ва қоидаву асосҳои фанҳои риёзиву табиӣ меъёру талаботи заруриро муқаррар намоянд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бояд якҷо бо ассосиатсияҳои падару модарон назоратро дар муассисаҳои таълимӣ пурзӯр карда, ҷиҳати ҳавасманд гардонидани омӯзгорону шогирдони фаъол чораҷӯӣ намоянд.

Мо бояд дар раванди тарбияи насли наврас, ки тақдири ояндаи забон дар дасти онҳост, аз оғози ба сухангӯӣ даромадани онҳо дар зеҳну забонашон калимаву ибораҳои зебои тоҷикиро ҷой диҳем.

Бояд гуфт, ки дар равону шево гардидани забони тоҷикӣ, баланд бардоштани сатҳу завқи забондонии мардум ва пешгирӣ кардани ғалатгӯиву ғалатнависӣ нақши воситаҳои ахбори умум бисёр муҳим аст.

Оид ба ин масъала ман соли ҷорӣ зимни мулоқот бо доираи васеи намояндагони воситаҳои ахбори оммаи давлатӣ ибрози андеша карда будам.

Хотирнишон месозам, ки дар маводи чопии баъзе рӯзномаву маҷаллаҳо қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳоло ҳам риоя намешаванд.

Чунин ҳолат дар барномаҳои телевизиону радио низ зиёд ба назар мерасанд, ки ҷиҳати ислоҳи он бояд тамоми масъулону кормандони шабакаҳои телевизиону радио талош намоянд.

Дар ҳоле ки рӯзномаву маҷаллаҳо ва телевизиону радио дар тарғиби забони ноби тоҷикӣ ва вусъати доираи истифодаи он саҳми арзишманд дошта метавонанд, дар аксар маврид ба одитарин тобишҳои забони давлатӣ эътибор намедиҳанд.

Набояд фаромӯш кард, ки телевизиону радиои моро на танҳо дар ҳудуди кишвар, балки берун аз он низ тамошо ва гӯш мекунанд.

Забони тоҷикӣ имрӯз дар мақоми расмиву давлатии худ на фақат дар коргузорӣ ва муоширати дохилӣ, балки дар робитаҳои хориҷиву байналмилалии мо низ васеъ истифода мегардад.

Ҳамзамон бо ин, бояд гуфт, ки таҷрибаи даҳ соли сипаришуда дар татбиқи амалии Қонун “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” нишон дод, ки бо дарназардошти рушди муназзами кишвар зарурати ворид кардани тағйиру иловаҳо ба он пеш омадааст.

Ҷараёни амалисозии қонун ошкор намуд, ки дар бисёр моддаҳои он камбудиҳо ҷой дошта, масъалаҳои зиёде дар самтҳои гуногуни иҷтимоиву сиёсӣ, фарҳангиву илмӣ ва дигар равандҳо аз назарҳо дур мондаанд ё номукаммал дарҷ шудаанд, ки бояд мавриди баррасӣ ва ҳаллу фасл қарор дода шаванд.

Ҳамватанони азиз!

Забони давлатӣ аз рукнҳои асосии давлатдории миллист, ки дар пойдорӣ ва суботи давлати миллӣ мақому нақши муҳим дорад ва аз ҳамин хотир аст, ки мо дар Тоҷикистон забони миллатро ҳастии миллат ва бунёду пояи давлат эълон кардаем.

Ин забони қадиму асил сарвати бебаҳо ва аз ҷумлаи муқаддасоти миллии мост.

Мо соҳибзабонон дар назди наслҳои фардо барои ҳифзи асолату покизагӣ ва шириниву шевоии он масъулият дорем ва онро бояд ҳамчун арзиши бебаҳои миллӣ посдориву нигаҳбонӣ кунем ва барои рушду тақвияти минбаъдаи он аз ҳамаи имконоти мавҷуда босамар истифода барем.

Қарзи фарзандӣ ва рисолати инсонии мост, ки забони модариамон, яъне ин забони ширину шоиронаро баробари модари худ азиз шуморем, дӯст дорем, онро мисли модар, ки моро ба дунё оварда, меҳри забонро бо шири поку ҷонбахш ва муҳаббати онро бо аллаи гӯшнавозаш дар ҷисму ҷони мо ҷой кардааст, эҳтирому эҳтиёт кунем ва мисли гаронбаҳотарин сарвати умрамон ҳамеша гиромӣ дорем.

Бо ифтихору садоқат ба забони модарӣ, бори дигар мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар як фарди Ватан дар ҷодаи хизмат ба хотири ҳифз ва рушди забони давлатӣ барору комёбиҳо орзумандам.

Хонаободу сарбаланд бошед, ҳамватанони азиз!

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 4.5 (2 овоз)

Ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи забон дар 6 моҳи аввали соли 2019

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 11 Июл, 2019 - 17:00
Ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи забон дар 6 моҳи аввали соли 2019
     Имрӯз дар толори хурди Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Кумитаи забон дар нимсолаи аввали соли 2019 баргузор гардид.
     Дар ҷаласа раиси Кумита Шарофзода Гавҳар, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон А. Ибодуллозода, намояндагони Ҳайати мушовара С. Назарзода, М. Абдураҳмонова, Ш. Мансурӣ ва кормандони Кумита иштирок доштанд.
     Иштирокдорон фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар нимсолаи аввали соли 2019 қаноатбахш ҳисобиданд ва дар охир қарори Ҳайати мушовара тасдиқ гардид.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ таҳти унвони «Вазъи забони давлатӣ дар фаъолияти ВАО-и кишвар»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 20 Июн, 2019 - 17:55
Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ таҳти унвони «Вазъи забони давлатӣ дар фаъолияти ВАО-и кишвар»

Воситаҳои ахбори омма дар баробари шоирону нависандагону забоншиносон, тарғибкунанда ва муаррификунандаи забони давлатии ҳар кишвар мебошанд. Дар Тоҷикистони мо низ забони воситаҳои ахбори омма забони давлатӣ, яъне, тоҷикист. Беғалат ва равшану возеҳ пахш ва чопи матолиби воситаҳои ахбор метавонад, ба инкишоф ва зебогии забон боис гардад ва сокинони кишварро ба дурусту бехато ҳарф задан тарғиб кунад. Аммо, чуноне имрӯз мушоҳида мешавад, на дар ҳамаи расонаҳои кишвар риояи қоидаҳои имлои забон ва содабёнӣ риоя мегардад. Сабаби ин риоя нагардиданҳо агар дар аксар маврид ноогоҳӣ аз қоидаҳои имлову оммавияти ВАО бошад, боз ҳаст ҳолатҳое, ки рӯзноманигорон қасдан ба ин ё он қоида чашм мепӯшанд.
Сиёсати давлатӣ дар бораи забон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бар асоси меъёрҳои байналмилалии баробарии забонҳо, новобаста аз мақоми ҳуқуқии онҳо ва шумораи мардуме, ки ба ин забонҳо гуфтугӯ мекунанд, амалӣ карда мешавад.
Барои ба ин ҳадафҳо расидан Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 20-уми июни соли ҷорӣ дар толори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» бо иштироки  олимону донишмандони намояндагони Ҳукумати кишвар, вазорату идораҳои давлатӣ, донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар, ҷамъиятҳо, Анҷумани Тоҷикон ва Форсизабонони ҷаҳон «Пайванд», намояндагони ВАО ва дигарон Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Вазъи забони давлатӣ дар фаъолияти ВАО-и кишвар»  бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ, «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва 10-солагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор кард.
Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми филология Гавҳар Шарофзода оғоз намуд.
Дар Конференсия 7 маърӯзаи илмӣ аз ҷониби мутахассисони бахшҳои гуногуни забоншиносӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ҷумла, дар мавзӯъҳои «Қоидаҳои имло танзимкунандаи шакли хаттии забони адабӣ»- муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои филология Матробиён Саодатшо, «Матбуот оинаи забон» – узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдулло Рӯдакии АИ ҶТ)–доктори илмҳои филология Сайфиддин Назарзода, «Баъзе ғалатбандӣ дар забони матбуот»–доктори илмҳои филология, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Баҳриддин Камолидинов, «Вазъи забони матбуоти маҳаллӣ» – доктори илмҳои филология, устоди Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Моёншо Назаршоев Назрӣ Офаридаев, «Устод Айнӣ ва забони зинда»  устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Кабиров Шаҳбоз, «Баъзе масъалаҳои матбуоти имрӯз» Сардабири маҷаллаи миллии адабии «Садои Шарқ»-номзади илмҳои филология Ваҳҳобзода Рустам, «Меъёрҳои адабӣ ва забони расонаҳои хабарӣ»–доктори илмҳои филология, профессор, мудири кафедраи забони тоҷикии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино  Қосимов Олимҷон маърӯза намуданд.
Бояд қайд кард, ки муҳимтарин унсури таъинкунандаи як миллат забон аст ва он инчунин, муҳимтарин унсури вуҷуди як давлати миллӣ низ ҳаст. Забони тоҷикӣ ҷавҳари миллати моро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, воситаҳои ахбори омма ва умуман, аҳли ҷомеаро месозад, баҳри пешбурди сиёсати давлат оид ба забони давлатӣ ҳамчун забони миллӣ хизматҳои арзанда кард.
Дар интиҳо, пас аз баррасии фикру мулоҳизаҳо аз ҷониби ҳайати иштирокдорони Конференсия, бо дарназардошти рисолату мақоми таърихии забон, аҳамияти он дар ҳифзи асолати забони тоҷикӣ, рушду равнақ ва густариш додани меъёри забони адабӣ, риояи дурусти қоидаҳои имло дар коргузорӣ ва эҷоди аҳли илму адаб, ВАО ва баҳри рушду густариши он дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар бораи забон, алалхусус, амалӣ намудани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба кормандони ВАО: рӯзноманигорони матбуот ва шабакаҳои телевизиониву радиоӣ Тавсияномаи он қабул гардид.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Вазъи забони давлатӣ дар фаъолияти воситаҳои ахбори оммаи кишвар», 20-уми июни соли 2019

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 25 Апрел, 2019 - 12:05

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 20-уми июни соли 2019 конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявиро бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ,
«Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва «10-солагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти унвони
«Вазъи забони давлатӣ дар фаъолияти воситаҳои ахбори оммаи кишвар» бо иштироки олимону донишмандон ва рӯзноманигорони кишвар ба нақша гирифтааст.
Дар конференсия масъалаҳои зерин баррасӣ мешаванд:
• Риояи талаботи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар рӯзномаю маҷаллаҳои даврӣ;
• Вазъи иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ВАО;
• Мушкилоти татбиқи меъёрҳои забони адабӣ дар ВАО;
• Тарғиб ва арҷгузорӣ ба забони давлатӣ.

Талаботи пешниҳоди маърӯзаҳо дар шакли мақола
Матнҳои ирсолшуда бояд таҳрир ва ба талаботҳои техникии зерин ҷавобгӯ бошанд:
- маърӯзаҳо дар ҳаҷми аз 4 то 6 саҳифаи чопӣ дар саҳифаи формати Word;
- варақаи андозаи А 4, фосилаҳо аз боло 2 см., аз поён 2 см., аз чап 3 см., аз рост 1,5 см;
- фосилаи байни сатрҳо 1,5 ҳуруфи Times New Roman ва Times New Roman Tj,
- андозаи ҳарфҳо 14 дар шакли хаттӣ ва электронӣ;
- ному насаб, унвон ва дараҷаи илмӣ, вазифаи ишғолкардаи муаллиф бо пуррагӣ дар гӯшаи рости варақ баъди унвони маърӯза.
Маводи конференсия дар шакли маҷмӯа чоп мешавад.
Дархост барои иштирок ва матни маърӯза то 30-юми майи соли 2019 ба Кумитаи тадорукот супорида шавад.

Нишонии мо: шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод 25, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (ошёнаи 3-юми бинои Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»)
Телефонҳо барои тамос: 227 28 69; 93 893 96 09.
Сомонаи электронӣ: kumitaizabon@mail.ru

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

РАВАНДҲОИ ТАЪСИРПАЗИРИИ ЗАБОН ВА ҲИФЗИ АСОЛАТИ ОН. Дар ҳошияи Паёми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 17 Январ, 2019 - 11:55
РАВАНДҲОИ ТАЪСИРПАЗИРИИ ЗАБОН ВА ҲИФЗИ АСОЛАТИ ОН. Дар ҳошияи Паёми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон

ДУШАНБЕ, 25.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Паёми Пешвои миллат пойдевори асосии ҳифзи асолати арзишҳои миллӣ ва суннату фарҳанги волои ниёгон,  сарчашмаи илҳоми ватандорию ватандўстӣ ва ҳувияти миллӣ буда, ҳамасола моро аз арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, бузургдошти анъанаҳои гузаштагон ва гиромӣ доштани забони давлатӣ  дар замони гирудорҳои фарҳангӣ ва омезиши тамаддунҳо ҳушдор месозад. Ин матлабро муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои филология Саодатшо МАТРОБИЁН зимни мусоҳиба ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ баён дошт.

АМИТ «Ховар»: Раванди ҷаҳонишавӣ, ки дар баробари ҷанбаҳои мусбати худ оқибатҳои ҳузнангез ҳам ба бор дорад,  ба забони давлатӣ низ бетаъсир намемонад. Дар робита ба ин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба такягоҳу посдорони асосии забони модарӣ  таъкид намуданд, ки барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ кўшиш карда, одоби муошират ва суханвариро омўзонанд. Дар ин таъкид кадом масъалаҳои муҳим пешорўйи мо, соҳибзабонон гузошта мешавад?

Саодатшо Матробиён: Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба такягоҳу посдорони асосии забони модарӣ  таъкид карданд, ки «бонувону модарони мо бояд, муҳимтар аз ҳама, барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, ки мо онро маъмулан забони модарӣ меномем, кўшиш карда, ба наслҳои оянда одоби муошират ва суханвариро бо ин забони ширину шоирона омўзонанд».




 Дар ин таъкид ду масъалаи муҳим, якум- поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, дуюм-ба наслҳои оянда омўзонидани одоби муошират ва суханварӣ ба соҳибзабонон таъкид шудааст.

Масъалаи аввал, ки ба ҳифзи забони давлатӣ марбут аст, хеле  нозуку ҳассос буда, ба раванди инкишофи ҷомеа алоқамандии сахт дорад. Маҳз ҳамин раванди ташаккули ҷомеа  ба забон таъсир расонида, худ ду раванд-таҳаввули забон ва таназзули забонро ба вуҷуд меоварад.  Раванди таҳаввули забон дар асоси қонуну қоидаҳои рушду ташаккули забон ба амал меояд, ки ба инкишофи дохилии забон марбут аст.

Аз ин рў, ин раванд ҳазорсолаҳоро дар бар мегирад, ки забон аз нигоҳи грамматикӣ ва фонетикӣ тағйир ёбад. Тағйир ёфтани забон дар асоси қоидаҳои дохилии худ ин амри табиӣ аст. Бинобар ин, раванди мазкур осебпазир нест. Забони тоҷикӣ дар тўли таърих се давраро аз сар гузаронидааст, яъне се маротиба он шакли грамматикиву овоии худро дигар намудааст, аммо аз байн нарафтааст. Раванди таназзули забон бевосита ба забон аз берун таъсир расонида, боиси аз байн рафтани забон мегардад.  Раванди аввал, агар омили рушди забон гардад, раванди дуюм сабаби асосии аз саҳифаи таърих нест  шудани забон мебошад.

Раванди охир ба ду самти муҳим- ҷомеа ва хонавода риштаи пайвандӣ дорад. Самтҳои зикршуда таъсири экстролингвистӣ дошта, забонро ё ҳифз мекунанд ва ё ба таназзули он сабабгори асосӣ мешаванд. Дар тамоми қишри ҷомеа истифодаи забон мавқеи махсус дорад. Агар забон дар ҷомеа мақоми худро наёбад, он ба забони хонаводагӣ табдил меёбад, аммо ин маънои аз байн рафтани забонро надорад. Танҳо истифодаи забон маҳдуд мегардад.

Забони тоҷикӣ дар ҷомеаи мо мақоми хоси худ – мақоми давлатӣ дорад. Аз ҷониби дигар, дар ҷомеаи мо сиёсати давлат дар самти забон оқилона ба роҳ монда шудааст. Санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забон қабул кардааст, ҳифзи забони давлатӣ ва дигар забонҳои ҳудуди ҷумҳуриро таъмин менамоянд. Аз ҳама муҳим, таваҷҷуҳ ва алоқамандии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба забон мебошад.   Аз ин рў, бо дили пур метавон гуфт, ки забони давлатӣ ва дигар забонҳо дар ҷомеаи мо пуштибону ғамхори худро доранд. Гузашта аз ин, Сарвари давлат дар яке аз суханрониҳояшон барҳақ фармудаанд: «Забони модарӣ сарвати бебаҳои миллат ва давлат буда, дар ҳифзи асолати забони нобу шоиронаи тоҷикӣ бояд тамоми аъзои ҷомеа ғамхор ва саҳмгузор бошанд».

АМИТ «Ховар»: Имрўзҳо забони технологияи муосир ҳамчун забони абарқудрат монеаи рушди дигар забонҳо гардида истодааст. Забони тоҷикӣ низ дар ҳамин гирудор қарор дорад ва дар ин ҳолат кадом қувва метавонад раҳобахши забони мо бошад?  

Саодатшо Матробиён: Ҷомеаи имрўз бо суръати баланд рушд карда, забони технологияи муосир ҳамчун забони абарқудрат монеаи рушди дигар забонҳо мегардад, ки таъсири он имрўз назарногир аст, вале идомаи ин раванд хатарзо буда, натиҷаи таассуфоварро пайгир аст. Дар ин ҳолат, танҳо забоне  раҳо меёбад, ки ҳамқадами забони  технология бошад. Забони тоҷикӣ дар ҳамин гирудор қарор дорад. Қувваи бузурги зиёиёне, ки ба забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ ва миллӣ арҷ гузошта, онро волотар аз дигар забонҳо медонанд, метавонад раҳобахши забони мо бошад.

Раванди иқтибосгирӣ дар забон амри воқеӣ аст ва он яке аз заминаҳои рушди таркиби луғавии забон аст. Забони тоҷикӣ дар тўли мавҷудияти чандинҳазорсолаи худ аз забонҳои зиёде иқтибос гирифтааст, ки онҳо танҳо қабати вожагони забонро ғанӣ гардонидаанд. Аммо «ҳар чи аз ҳад бигзарад, расво шавад», яъне дар баробари иқтибосгирӣ «коргоҳи калимасозӣ»-и забон набояд аз фаъолият монад. Забони адабии тоҷикӣ имрўз ба ҳамин ҳолат дучор шудааст. Вожаҳои иқтибосӣ ба таври бутун ба забон ворид шуда, соҳибзабонон онҳоро дар ҳамон шакл истифода мебаранд.

Дар забон қабати аз ҳама иқтибоспазир исм аст, вале дар забони тоҷикӣ дигар ҳиссаҳои нутқ ҳам иқтибос (хусусан аз забони арабӣ) пазируфтаанд. Раванди арабигароӣ дар забони тоҷикӣ садсолаҳо ҳанўз идома дорад ва ин ба он оварда расонидааст, ки бо дарназардошти вожаҳои китобӣ 64 фоизи таркиби луғавии забонамонро имрўз  калимаҳои арабӣ ташкил медиҳанд.  Танҳо унсурҳои устувори  грамматикии забони тоҷикӣ ва шеваҳои зиндаи он имкон намедиҳанд, ки забон аз байн равад.

Масъалаи дигаре, ки ба ҷомеа иртибот дорад, ин тарғиби дурусти истифодаи воҳидҳои асосии забон мебошанд. Таблиғгарони асосии забон дар ҷомеа ВАО мебошанд. ВАО чун оинаи забонанд, ки акси онро омма мебинад ва чӣ гунае ки пешниҳод гардад, ҳамон тавр онро қабул мекунад. Ҳатто назар ба ҳазорон китобҳои илмию бадеие, ки муҳаққиқону адибон таълиф  менамоянд, барои омма забони ВАО дастрастар аст. Дар ин маврид ҳолати забони тоҷикӣ нигаронкунанда мебошад. Ҳамин ҳолат дар забони матни китобҳои дарсиву асарҳои тарҷумашуда низ ба назар мерасад, ки таъсири онҳо бевосита ба гўяндагон зиёд аст.

Забонро гўянда – соҳибзабон зинда медорад.  Агар забони соҳибзабон коҳиш ёбад, ин ба кам шудани умри забон мерасад. Устод Айнӣ зикр карда буд, ки «зотан хатои забонӣ бемории гузаранда аст» ва дар тақвият ба ҳамин гуфтаҳо М. Шакурӣ  дар мавриди тарҷумаи китобҳо таъкид мекунад: «Дар ҳақиқат, хатое, ки тарҷумоне ё қаламдасте аз беаҳамиятӣ ё  камсаводӣ содир мекунад, мумкин аст, пас аз андак муддат чунон интишор ёбад, ки баъзе хушсаводтарин зиёиён ҳам аз он бехабар монда, мубталои он мегарданд».

АМИТ «Ховар»: Дар поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ рисолати модарону бонувон аз чӣ иборат аст ва нигаҳдору муҳофизи асосии забон  кӣ аст?

Саодатшо Матробиён: Самти дигаре, ки дар ҳифзи асолати забон дар сафи пеш қарор дорад ва ба раванди таназзули забон ҳамеша монеа эҷод карда метавонад, ин хонавода  мебошад. Дар ҳолати беэътиноӣ ва беаҳамиятии сутунҳои асосии хонавода – падару модар забон коста мегардад, асолати худро гум мекунад ва ҳатто аз истифода мебарояд.

Бо кадом забоне, ки дар хонавода бо кўдакон гап зананд, мақоми ҳамон забон дар хонавода устувор гашта, забони аслии кўдак маҳсуб мегардад. Агар он забони ғайр бошад, дар дили кўдаке, ки насли ояндаи миллат аст, бедор намудани ҳувияти миллӣ хеле душвор мегардад. Бо таваҷҷуҳ ба ҳамин масъала, Пешвои миллат ба бонувону модарон муроҷиат карда, поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикиро аз онҳо тақозо доранд.

Нигаҳдору муҳофизи асосии забон насли хурдсол мебошад. То замоне, ки насли хурдсоли мо бо забони тоҷикӣ сухан гўянд, забон зиндаю ҷовид мемонад. Дар робита ба ҳамин, дараҷаи хатарҳои нобудшавӣ ё худ таназзули  забонҳоро дар асоси  таҳлилҳои ЮНЕСКО дида мебароем:

    Бехавф – забоне, ки аз насл ба насл истифода шуда, интиқоли он байни  наслҳо  халалдор нагаштааст;
    Коҳида –  забоне, ки бо он қисми зиёди кўдакон гуфтугў мекунанд, аммо истифодаи он метавонад маҳдуд бошад (масалан, бо он забон танҳо дар доираи хонаводагӣ гуфтугў намоянд);
    Таҳдиди хатардошта –  забоне, ки  барои кўдакон ҳамчун забони модарӣ омўзонида намешавад;
    Хатари ҷиддӣ дошта – забоне, ки танҳо аз ҷониби насли калонсол истифода мешавад ва барои падару модар фаҳмо аст, аммо барои кўдакон нофаҳмо ва онро дар муошират истифода намебаранд;
    Дар дами нобудшавӣ – забоне, ки соҳиби хурдтарини он калонсолон мебошанд, вале  онҳо ҳам  онро қисман ва гоҳҳо истифода мебаранд.
    Нобудшуда – забоне, ки дигар мавриди истифода нест.

Хушбахтона, аз рўйи таҳлилҳои вазъи забонҳо ва дараҷабандии онҳо забони тоҷикӣ дар дараҷаи аввал қарор дорад. Ҳеҷ як раванде наметавонад ба забон таъсир расонад, агар соҳибони бедордилу арҷгузори содиқ дошта бошад. Рисолати модарону бонувон имрўз дар назди миллату Ватан поку беолоиш нигоҳ доштани забони модарӣ – забони тоҷикист. Барҳақ Пешвои миллат мегӯянд: «Донистани забони модарӣ эҳтиром ба миллат ва гузаштаи хеш мебошад… Онро ҳамчун муқаддасоти миллӣ бояд ҳифз кард»

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Вазъи меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ дар сурудҳои муосир

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 18 Декабр, 2018 - 11:26
Вазъи меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ дар сурудҳои муосир

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми декабри соли 2018 дар мавзӯи “Вазъи меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ дар сурудҳои муосир” дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарояндагон вохӯрӣ баргузор намуд, ки дар он зиёда аз 60 нафар намояндагони вазорату идораҳо, сарояндагону ҳунармандон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.
Вохӯрии мазкур ба яке аз масъалаҳое, ки дар ташаккули фарҳангу санъати тоҷик муҳим арзёбӣ мегардад, яъне риоя ва танзими меъёрҳои забони адабӣ дар сурудҳои муосири тоҷик, бахшида шуда буд.
Ёдовар бояд шуд, ки вазъи матни суруди бархе аз сарояндагон аз ҷониби аҳли нишаст, алалхусус, Г. Шарофзода – раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, С. Назарзода – узви Ҳайати мушовараи Кумита, Камолиддинов Б. – устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Муҳтарам Ҳотам – адиб, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва дигарон мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт.
Дар суханронӣ Г. Шарофзода – раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёдовар шуданд, ки бо мусиқӣ хондани шеъру сурудҳо аз ҷониби сарояндагон бояд меъёрҳои забони адабӣ риоя шуда, ҳангоми хондани ашъори шоирон ҷаззобии сухани шоир ва меъёрҳои савтиёти забони адабии тоҷикӣ ба назар гирифта шавад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Фарҳанги ҷойномҳои миллӣ

Ношир: Мусовиров З. В. Санаи интишор: 25 Октябр, 2018 - 15:12
Фарҳанги ҷойномҳои миллӣ - Кумитаи забон

Бо мақсади танзими дурусти корбурди ҷойномҳо дар ҳудуди кишвар «Фарҳанги ҷойномҳои миллӣ» таҳия гардиданд. Фарҳанги мазкур аз ду қисм иборат мебошад.
Дар қисмати аввали китоб номи деҳаҳои кунунии Тоҷикистон шарҳу тафсир ёфтаанд. Дар қисмати дуввум таҳти унвони «тавсияномҳо» номҳо дар асоси сарчашмаҳои илмӣ ва таърихӣ ҷамъовари гардида пешниҳод шудаанд. Ин қисмат барои ивази номҳои ғайримеъёрӣ истифода хоҳад шуд.
Мавриди тазакур аст, ки барои таҳияи «Фарҳанги ҷойномҳои миллӣ» дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи босалоҳият иборат аз мутахассисони забоншинос, ба хусус ҷойномшиносҳо (топонимшиносҳо) иборат аз 14 нафар (Бобоназаров Б., Исмоилов Ш., Матробиён С., Маҳдаҷонов О., Мирбобоев А., Мирзоев С., Муҳтарам Ҳотам, Назарзода С., Офаридаев Н., Рустами Ваҳҳоб, Ҳомидов Д., Тӯраев Б., Шарофзода Г., Шодиев Р., Зулфониён Р.,) мутахассисони забоншинос ҷалб шуда буданд.
Гурӯҳи мазкур дар муддати ду моҳ номи мавзеъҳои мавҷудаи Тоҷикистонро, ки аз ҷониби мутахассисони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъоварӣ шуда буданд, мавриди таҳлили илмӣ ва баррасӣ қарор дода, дар такя бо маъхазҳои илмӣ номҳоро тафсир намудаанд.
Баъд аз анҷоми кор фарҳанги мазкур ба вазорату идораҳои дахлдор, инчунин, олимони бонуфузи ҷумҳурӣ барои тақриз пешниҳод гардид, Муқарризон баъзе нуқсонҳои фарҳангиро барои ислоҳ пешниҳод намуданд. Сипас, гурӯҳи корӣ дар муддати 10 рӯз эродҳои Муқарризонро омӯхта, бо пазируфтани эродҳои қобили қабул фарҳангро ислоҳ намудаанд.
Инак « Фарҳанги ҷойномҳои миллӣ » ҳамчун як фарҳанги мукаммал омода шудааст ва аз ҷониби Кумитаи забон рӯзҳои наздик нашр карда мешавад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Забонҳои бумӣ захираи фаровони вожаҳо барои луғатномаҳоянд

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 5 Октябр, 2018 - 17:00
Кумитаи забон ва истилоҳот

ДУШАНБЕ, 05.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Забонҳои бумӣ, ки забони тоҷикӣ ва лаҳҷаҳои он дар сафи пеши онҳо қарор доранд, инчунин забонҳои яғнобӣ ва бадахшонӣ забонҳои қадимии миллатамон буда, захираи фаровони интихобу ворид намудани вожаҳо ба луғатномаҳои забони тоҷикӣ маҳсуб меёбанд.

Ин нуктаро иштирокдорони Конференсияи ҷумҳуриявӣ, ки таҳти унвони «Муҳити корбурд ва инкишофи забонҳои бумии Тоҷикистон» баргузор гардид, зикр намуданд.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ҳамоиши мазкур имрӯз дар Китобхонаи миллӣ доир гардид. Дар конференсияи ҷумҳуриявӣ раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филология Гавҳар Шарофзода, забоншиносони варзидаи мамлакат, олимону муҳаққиқони соҳа иштирок намуда, вобаста ба мавзӯъҳои пешниҳодгардида андешаю мулоҳизаҳои худро баён доштанд.

Гавҳар Шарофзода ҳозиринро бо Рӯзи забони давлатӣ табрик намуда, зикр кард, ки ҳамасола ба хотири гиромидошти Рӯзи забони давлатӣ Кумитаи забон ва истилоҳот чорабиниҳои зиёд баргузор менамояд, ки ҳамоиши имрӯза аз ин ҷумла аст.

«Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои рушду такомули забони тоҷикӣ шароити созгор фароҳам овард. Аҳамияти беназири Қонуни мазкур дар ҳаёти имрӯза баръало собит гардид. Дар ин давра комёбиҳои назаррас дар ғановати истилоҳот, вожасозиҳои меъёрии забони тоҷикӣ, номгузориҳои шаҳрвандон ва ҷуғрофӣ, арҷгузориҳо ба ин рукни ҳастии миллат ба даст оварда шуданд, ки онҳо ба худшиносиву худогоҳии миллати сарбаланди мо мусоидат менамоянд»,-иброз дошт Гавҳар Шарофзода.

Иштирокдорони конференсия дар мавзӯъҳои «Забони миллӣ ва меъёрҳои забони адабӣ», «Ҷанбаъҳои сотсиолингвистии забонҳои бумии Тоҷикистон», «Омилҳои косташавии забон», «Забони тоҷикӣ ва забони бумии ин марзу бум», «Наввожаҳои иҷтимоӣ дар забони тоҷикӣ», «Шоҳнома ва асолати забони тоҷикӣ» ва дигар ҷанбаъҳои муҳими забони миллӣ ва забонҳои бумии Тоҷикистон, умумият ва пайванди таърихии онҳо мубодилаи афкор намуданд. Таъкид гардид, ки забони тоҷикӣ забони бумиёни асливу бунёдии тоҷикони ин сарзамин ба сифати забони давлатӣ маҳсуб ва қабул шуда, дар мақоми аввал қарор дорад.

Зикр гардид, ки дар шарқи Тоҷикистон ҳафт забони қадимии эронӣ ва забони яғнобӣ дар шимоли кишвар мавҷуданд. Онҳо калимаву ибораҳои зиёдеро мавриди истифодаи васеъ қарор додаанд, ки дар забони адабӣ камистеъмоланд ё тамоман аз истифода баромадаанд. Инро метавон захираи забони тоҷикӣ барои вожасозиҳо номид.

Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ ба забони миллӣ ва забонҳои бумии кишвар бо он ғановате, ки онҳо доранд, хатаре таҳдид намекунад. Ин бори дигар устувории забони тоҷикиро собит менамояд.

Ҷасур АБДУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Паёми телевизионӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ (5 октябри 2017)

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 5 Октябр, 2017 - 17:37
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, яъне забони шоиронаву шевои тоҷикӣ, ки онро султони суханварони Аҷам устод Рӯдакӣ «тараббахши рӯҳу фараҳафзои ҷон» номидааст, самимона табрик мегӯям.

Забони тоҷикӣ мероси бузурги ниёгони некноми мо бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд ҳамчун риштаи пайванди насл ба насли миллат аз ҳазорсолаҳои дур то давлати соҳибистиқлоли тоҷикон омада расидааст ва решаҳои умри миллатамонро оби ҳаётбахш додааст.

Бинобар ин, арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, ки ҳамчун рукни муҳимтарини ҳастии миллат, пойдевори асосии давлатдорӣ ва фарҳангу маънавиёти халқамон нақши барҷаста дорад, вазифаи инсониву виҷдонии ҳар як фарди бонангу номус ба ҳисоб меравад.

Забони давлатӣ, дар ҳақиқат, таҷассумгари таърихи пуршебу фарози миллати бостонии тоҷик мебошад.

Маҳз ба ҳамин хотир, мо забонро мисли истиқлолият, Ватан, Модар ва фарҳанг аз ҷумлаи муқаддасоти миллии худ мешуморем ва онро азизу гиромӣ медорем.

Воқеан, ҳувияти миллӣ, фарҳанг ва ойину суннатҳои мардуми бостонии мо дар ҳама давру замонҳо тавассути забон ҳифз мегардад.

Забон, инчунин, воситаи муқтадири сарҷамъии миллат ва ҳамаи онҳоест, ки дар гӯшаҳои гуногуни олам ҳастии ин сарвати бебаҳоро пос медоранд.

Таърих бисёр мисолҳоро медонад, ки дар баробари аз байн рафтани забон миллат низ аз байн меравад.

Яъне бақои забон бақои миллат ва фанои забон фанои миллат аст.

Ёдгориҳои тамаддуни чандинҳазорсолаи ориёӣ маҳз ба воситаи забони шево ва пурғановати тоҷикӣ ва қаринаҳои бостониву аҳди миёнаи он то замони мо расида, дастраси оламиён гардидаанд, ки ин ҳам боиси ифтихори ворисони ин тамаддуни қадима ва ҳам масъулияти бузурги онҳо дар назди гузашта ва имрӯзу оянда мебошад.

Тоҷикон дар миёни халқу миллатҳои сершумори олам аз ҷумлаи мардумони соҳибтамаддуне мебошанд, ки забони чандинҳазорсоларо маҳфуз доштаанд, шеъри оламгири Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Саноӣ, Ҷалолиддини Балхӣ ва садҳо шоирону адибони гузаштаро имрӯз низ озодона мефаҳманд ва дар гуфтугӯи ҳаррӯзаашон истифода мекунанд.

Забони тоҷикӣ бо дарназардошти собиқаи тӯлонии таърихӣ ва захираи бузурги луғавӣ ва дар мақоми забони давлатӣ дар асри ҷаҳонишавӣ низ метавонад иқтидори пешинаи худро ҳифз намояд.

Аз ин рӯ, ба муҳаққиқони забоншинос, зиёиён ва умуман, ҳар шахсе, ки тақдири забон барояш азиз мебошад, зарур аст, ки забони тоҷикиро ҳамчун забони дорои таърих ва осори беназир аз сели вожаҳои иқтибосӣ, ки имрӯз тавассути технологияҳои навин ва молу маҳсулоти хориҷӣ ба тамоми забонҳо ворид шуда истодаанд, ҳифз намоянд ва дар поку беолоиш нигоҳ доштану ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани он саҳми ватандӯстонаи худро гузоранд.

Зеро ворид шудани вожаҳои иқтибосӣ боиси маҳдуд гардидани муҳиту майдони истифодаи калимаҳои худӣ, камранг шудани симои миллии забони давлатии мо ва коҳиш ёфтани фасоҳату балоғати он мегардад.

Дар баробари ин, хотирнишон месозам, ки бо пешрафти илму техника ва технология забон низ бояд рушд кунад.

Яъне забони давлатӣ бо ҳифзи асолат ва чеҳраи миллии худ бояд ҳамқадами замони муосир бошад.

Ҳамзамон бо ин, таъкид менамоям, ки ҳифз намудану гиромӣ доштани суннатҳои ниёгон, аз ҷумла фарҳанги миллӣ, ки забон ва либоси миллӣ, инчунин, номгузорӣ ба фарзандон ва эҳёи номҳои ҷуғрофӣ, ки ойинаи таърихи халқу кишварамон ва василаи пайванди имрӯз бо гузашта мебошанд, бояд ба одати ҳаррӯзаи мо табдил ёбад.

Дар ин раванд, зарур аст, ки ба масъалаи сайқал додани фарҳанги муошират бо забони давлатӣ, аз ҳар гуна унсурҳои ғайри қобили қабул поку бегазанд нигоҳ доштани он, инчунин, дар қалбу зеҳни наврасону ҷавонон бедор намудани ҳисси эҳтиром ба забони модарӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарин ва доимии ҳар шахси соҳибватан мебошад.

Боиси ифтихор аст, ки мардуми хирадманду фарҳангдӯсти мо забони модарии хешро ҳамеша гиромӣ дошта, онро дар баробари дигар муқаддасоти миллӣ, хотираи таърихӣ ва нангу номус ҳифз мекунанд.

Итминон дорам, ки ин амал чун ҷузъи муҳимтарини зиндагии ҳаррӯзаи афроди миллат дар оянда низ вусъат пайдо хоҳад кард.

Бори дигар ҳамаи шумо, ҳамватанони азизро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар фарди Ватан сарбаландиву хонаободӣ ва ба забони ширину шоиронаи тоҷикӣ ҳамчун забони давлати соҳибистиқлоли тоҷикон умри ҷовидон орзу менамоям.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (3 овоз)

КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 1 Октябр, 2017 - 12:42
КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд. 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.

МО, ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН,
қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода,
ҲАМИН КОНСТИТУТСИЯРО ҚАБУЛ ВА ЭЪЛОН МЕНАМОЕМ.

Боби якум
АСОСҲОИ СОХТОРИ КОНСТИТУТСИОНӢ

Моддаи 1

Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.
Шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад.
Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳаммаъноянд.

Моддаи 2

Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст.
Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад.
Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд.

Моддаи 3

Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст.

Моддаи 4

Пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе аст.

Моддаи 5

Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд.
Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд.
Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.

Моддаи 6

Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад.
Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст.
Халқи Тоҷикистонро сарфи назар аз миллаташон шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил менамоянд.
Ҳеҷ як иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, гурӯҳи одамон ва ё фарде ҳуқуқ надорад, ки ҳокимияти давлатиро ғасб намояд.
Ғасби ҳокимият ва ё тасарруфи салоҳияти он манъ аст.
Аз номи тамоми халқи Тоҷикистон фақат Президент, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи худ ҳуқуқи сухан гуфтан доранд.

Моддаи 7

Ҳудуди Тоҷикистон тақсимнашаванда ва дахлнопазир мебошад.
Тоҷикистон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо ва деҳаҳо иборат аст.
Соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистонро давлат таъмин менамояд. Тарғиб ва амалиёти ҷудоиандозӣ, ки ягонагии давлатро халалдор мекунад, манъ аст.
Тартиби таъсис ва тағйири воҳидҳои маъмурию ҳудудиро қонуни конститутсионӣ танзим менамояд.

Моддаи 8

Дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад.
Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад.
Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ дар доираи Конститутсия ва қонунҳо таъсис меёбанд ва амал мекунанд.
Иттиҳодияҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд.
Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст.
Дар Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта, инчунин маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ манъ аст.

Моддаи 9

Ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад.

Моддаи 10

Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд.
Давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд.
Санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд.
Қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, пас аз интишори расмӣ амал мекунанд.

Моддаи 11

Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад.
Ташвиқоти ҷанг манъ аст.
Тоҷикистон вобаста ба манфиатҳои олии халқ метавонад ба иттиҳодияҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ дохил шавад, аз онҳо барояд, бо кишварҳои хориҷӣ робита намояд.
Давлат бо ҳамватанони берунмарзӣ ҳамкорӣ мекунад.

Моддаи 12

Асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро шаклҳои гуногуни моликият ташкил медиҳанд.

Давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад.

Моддаи 13

Замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табиӣ моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад.

Боби дуюм

ҲУҚУҚ, ОЗОДӢ, ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ ИНСОН ВА ШАҲРВАНД

Моддаи 14

Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд.
Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд.
Маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад.

Моддаи 15

Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсе ҳисоб меёбад, ки дар рӯзи қабули Конститутсия шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ё мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб шуда бошад.
Мансубияти шаҳрванди Тоҷикистон ба шаҳрвандии давлати дигар эътироф намешавад, ба истиснои мавридҳое, ки дар қонун ё шартномаҳои байнидавлатии Тоҷикистон нишон дода шудааст.
Тартиби соҳиб шудан ва қатъ гардидани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонуни конститутсионӣ танзим менамояд.

Моддаи 16

Шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷи кишвар таҳти ҳимояи давлат мебошад. Ҳеҷ як шаҳрванди ҷумҳуриро ба давлати хориҷӣ супурдан мумкин нест. Супурдани ҷинояткор ба давлати хориҷӣ дар асоси шартномаи тарафайн ҳал мешавад.
Шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд аз ҳуқуқ ва озодиҳои муқарраргардида истифода мебаранд ва баробари шаҳрванди Тоҷикистон вазифа ва масъулият доранд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун пешбинӣ намудааст.
Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷие, ки гирифтори вайронкунии ҳуқуқи инсон гаштаанд, метавонад паноҳгоҳи сиёсӣ диҳад.

Моддаи 17

Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад.
Мардон ва занон баробарҳуқуқанд.

Моддаи 18

Ҳар кас ҳуқуқ ба ҳаёт дорад.
Ҳеҷ кас аз ҳаёт маҳрум карда намешавад, ба истиснои ҳукми суд барои ҷинояти махсусан вазнин.
Дахлнопазирии шахсро давлат кафолат медиҳад. Ба ҳеҷ кас шиканҷа, ҷазо ва муносибати ғайриинсонӣ раво дида намешавад. Мавриди озмоиши маҷбурии тиббӣ ва илмӣ қарор додани инсон манъ аст.

Моддаи 19

Ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад. Ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд.
Ҳеҷ касро бе асоси қонунӣ дастгир, ҳабс кардан мумкин нест. Ҳар шахс аз лаҳзаи дастгир шудан метавонад аз ёрии адвокат истифода кунад.

Моддаи 20

Ҳеҷ кас то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд дар содир кардани ҷиноят гунаҳгор дониста намешавад.
Ҳеҷ кас баъди гузаштани муҳлати таъқиби ҷиноятӣ, инчунин барои содир кардани рафторе, ки ҳангоми воқеъ шуданаш ҷиноят ҳисоб намеёфт, ба ҷавобгарӣ кашида намешавад. Барои як ҷиноят ҳеҷ кас такроран ҷазо намебинад.
Қонуне, ки баъд аз содир шудани рафтори ғайриқонунии шахс қабул шудааст ва он ҷазои шахсро вазнин мекунад, қувваи бозгашт надорад. Агар баъд аз содир шудани рафтори ғайриқонунӣ барои он ҷазо пешбинӣ нашуда бошад ва ё ҷазои сабук пешбинӣ шуда бошад, қонуни нав амал мекунад.

Мусодираи пурраи молу мулки шахси маҳкумшуда манъ аст.

Моддаи 21

Ҳуқуқи ҷабрдидаро қонун ҳифз мекунад. Давлат ҳифзи судӣ ва ҷуброни зарарро барои ҷабрдида кафолат медиҳад.

Моддаи 22

Манзили шахс дахлнопазир аст.
Ба манзили шахс зӯран даромадан ва касеро аз манзил маҳрум кардан манъ аст, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муқаррар кардааст.

Моддаи 23

Маҳрамияти мукотиба, суҳбатҳои телефонӣ, муросилот ва мухобироти шахс таъмин карда мешавад, ба истиснои мавридҳое, ки дар қонун нишон дода шудааст.
Дар бораи ҳаёти шахсии инсон бе розигии ӯ ҷамъ намудан, нигоҳ доштан, истифода ва паҳн кардани маълумот манъ аст.

Моддаи 24

Шаҳрванд ба мусофират, интихоби озоди маҳалли зист, тарки ҷумҳурӣ ва бозгашт ба он ҳуқуқ дорад.

Моддаи 25

Мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва шахсони мансабдор вазифадоранд ба ҳар кас имконияти пайдо намудан ва шинос шуданро ба ҳуҷҷатҳое, ки ба ҳуқуқ ва манфиати ӯ дахл доранд, таъмин намоянд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун муайян кардааст.

Моддаи 26

Ҳар кас ҳуқуқ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд.

Моддаи 27

Шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш иштирок намояд.
Шаҳрвандон ба хидмати давлатӣ ҳуқуқи баробар доранд.
Шаҳрванд аз синни 18 ҳуқуқи дар раъйпурсӣ иштирок кардан, интихоб намудан, инчунин аз синни муқаррарнамудаи Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳо ҳуқуқи интихоб шуданро дорад.
Шаҳрвандоне, ки аз тарафи суд ғайри қобили амал дониста шудаанд ва ё мувофиқи ҳукми суд дар ҷойҳои аз озодӣ маҳрумшудагон нигоҳ дошта мешаванд, ҳуқуқи дар интихобот ва раъйпурсӣ иштирок кардан надоранд.
Тартиби гузаронидани интихоботро қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳо танзим менамоянд. Баргузории раъйпурсӣ тибқи қонуни конститутсионӣ сурат мегирад.

Моддаи 28

Шаҳрвандон ҳуқуқи муттаҳид шудан доранд. Шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иштирок намояд, ихтиёран ба онҳо дохил ва аз онҳо хориҷ гардад.
Ҳизбҳои сиёсӣ дар асоси гуногунандешии сиёсӣ барои ташаккул ва ифодаи иродаи халқ мусоидат мекунанд ва дар ҳаёти сиёсӣ иштирок менамоянд. Сохтор ва фаъолияти онҳо бояд ба меъёрҳои демократӣ мувофиқ бошанд.

Моддаи 29

Шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар маҷлис, гирдиҳамоӣ, намоиш, раҳпаймоии осоишта, ки қонун муқаррар кардааст, ширкат варзад.
Ҳеҷ касро ба ин тадбирҳо маҷбуран ҷалб кардан мумкин нест.

Моддаи 30

Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад.
Таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ аст.
Сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст.
Номгӯи маълумотҳоеро, ки сирри давлатӣ доранд, қонун муайян мекунад.

Моддаи 31

Шаҳрванд ҳуқуқ дорад шахсан ва ё якҷоя бо дигарон ба мақомоти давлатӣ муроҷиат намояд.

Моддаи 32

Ҳар кас ҳуқуқ дорад соҳиби моликият ва мерос бошад.
Ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад ҳуқуқи шахсро ба моликият бекор ва маҳдуд кунад. Молу мулки шахсро барои эҳтиёҷоти ҷамъият фақат дар асоси қонун ва розигии соҳиби он бо пардохти арзиши пуррааш давлат гирифта метавонад.
Товони зарари моддӣ ва маънавие, ки шахс дар натиҷаи амали ғайриқонунии мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, дигар шахсони ҳуқуқӣ ва ё шахсони алоҳида мебинад, мувофиқи қонун аз ҳисоби онҳо рӯёнида мешавад.

Моддаи 33

Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад.
Ҳар кас ҳуқуқи ташкили оила дорад. Мардон ва занон, ки ба синни никоҳ расидаанд, ҳуқуқ доранд озодона ақди никоҳ банданд. Дар оиладорӣ ва бекор кардани ақди никоҳ зану шавҳар баробарҳуқуқанд.
Бисёрникоҳӣ манъ аст.

Моддаи 34

Модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд.
Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд.
Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд.

Моддаи 35

Ҳар кас ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ ҳуқуқ дорад. Музди кор аз ҳадди ақали музди меҳнат набояд кам бошад.
Дар муносибатҳои меҳнатӣ ҳама гуна маҳдудият манъ аст. Барои иҷрои кори якхела музди баробар дода мешавад.
Ҳеҷ кас ба меҳнати маҷбурӣ ҷалб карда намешавад, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муайян кардааст.
Дар корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарнок истифодаи меҳнати занон ва ноболиғон манъ аст.

Моддаи 36

Ҳар кас ба манзил ҳуқуқ дорад. Ин ҳуқуқ бо роҳи сохтмони манзили давлатӣ, ҷамъиятӣ, кооперативӣ ва хусусӣ таъмин карда мешавад.

Моддаи 37

Шаҳрванд ҳуқуқи истироҳат дорад. Ин ҳуқуқ бо роҳи муқаррар кардани ҳафта ва рӯзи корӣ, рухсатии ҳарсолаи пардохтшаванда, рӯзҳои ҳарҳафтаинаи истироҳат ва шароитҳои дигаре таъмин карда мешавад, ки қонун муайян кардааст.

Моддаи 38

Ҳар шахс ҳуқуқи ҳифзи саломатӣ дорад. Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун аз ёрии тиббии ройгон дар муассисаҳои нигаҳдории тандурустии давлатӣ истифода менамояд. Давлат барои солимгардонии муҳити зист, инкишофи оммавии варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва сайёҳӣ тадбирҳо меандешад.
Шаклҳои дигари ёрии тиббиро қонун муайян мекунад.

Моддаи 39

Ҳар шахс дар пиронсолӣ, ҳангоми беморӣ, маъюбӣ, гум кардани қобилияти кор, маҳрум шудан аз сарпараст ва мавридҳои дигаре, ки қонун муайян кардааст, кафолати таъмини иҷтимоӣ дорад.

Моддаи 40

Ҳар шахс ҳуқуқ дорад озодона дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа, эҷоди бадеӣ, илмӣ ва техникӣ ширкат варзад, аз дастовардҳои онҳо истифода кунад.
Сарватҳои фарҳангӣ ва маънавиро давлат ҳимоя мекунад.
Моликияти зеҳнӣ таҳти ҳимояи қонун аст.

Моддаи 41

Ҳар шахс ҳуқуқи таҳсил дорад. Таълими умумии асосӣ ҳатмист. Давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ кафолат медиҳад.
Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун дар муассисаҳои таълимии давлатӣ метавонад ба таври ройгон таълими миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ гирад.
Шаклҳои дигари таълимро қонун муайян мекунад.

Моддаи 42

Дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд.
Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад.

Моддаи 43

Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст.
Тартиби хизмати ҳарбиро қонун муайян мекунад.

Моддаи 44

Ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ вазифаи ҳар як шахс аст.

Моддаи 45

Супоридани андоз ва пардохтҳо, ки қонун муайян кардааст, ҳатмист.
Қонунҳое, ки андози навро муқаррар мекунанд ва ё шароити андозсупорандагонро вазнин менамоянд, қувваи бозгашт надоранд.

Моддаи 46

Ҳангоми таҳдиди бевосита ба ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, истиқлолияти давлат, тамомияти арзии он ва офатҳои табиӣ, ки дар натиҷаи он мақомоти конститутсионии ҷумҳурӣ наметавонад ба таври мӯътадил фаъолият намояд, ҳамчун тадбири муваққатӣ барои амнияти шаҳрвандон ва давлат вазъияти фавқулода эълон мегардад.
Муҳлати вазъияти фавқулода то се моҳ аст. Дар мавридҳои зарурӣ ин мӯҳлатро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дароз намояд.

Моддаи 47

Дар давраи вазъияти фавқулода ҳуқуқ ва озодиҳое, ки дар моддаҳои 16, 17, 18, 19, 20, 22, 25, 28-и Конститутсия пешбинӣ шудааст, маҳдуд карда намешавад.
Низоми ҳуқуқии вазъияти фавқулодаро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад.

Боби сеюм
МАҶЛИСИ ОЛӢ

Моддаи 48

Маҷлиси Олӣ – парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Маҷлиси Олӣ аз ду Маҷлис – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст.
Муҳлати ваколати Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон 5 сол аст. Ваколати Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар рӯзи оғози фаъолияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони даъвати нав қатъ мегардад.
Ташкил ва фаъолияти Маҷлиси Олиро қонуни конститутсионӣ танзим мекунад.

Моддаи 49

Интихоботи Маҷлиси намояндагон ба таври умумӣ, баробар, мустақим ва бо овоздиҳии пинҳонӣ сурат мегирад. Маҷлиси намояндагон доимоамалкунанда ва касбӣ мебошад. Вакили Маҷлиси намояндагон шахсе интихоб шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад ва синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад.
Аз чор се ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллӣ ба таври ғайримустақим дар маҷлисҳои якҷояи вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои онҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (якҷоя) бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб мегардад. Дар Маҷлиси миллӣ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ намояндагони баробар доранд.
Аз чор як ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мекунад.
Фаъолияти Маҷлиси миллӣ даъватӣ мебошад.
Узви Маҷлиси миллӣ шахсе интихоб ё таъин шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад ва синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад.
Ҳар Президенти собиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон узви якумраи Маҷлиси миллӣ мебошад, агар ӯ аз истифодаи ин ҳуқуқ даст накашад.
Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон баъди интихоб ё таъин шудан дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ба халқи Тоҷикистон савганд ёд мекунанд.
Шумораи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, тартиби интихоб ё таъин гардидани онҳоро қонуни конститутсионӣ муайян менамояд.

Моддаи 50

Аъзои Ҳукумат, судяҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва шахсони дигаре, ки қонуни конститутсионӣ муайян кардааст, наметавонанд узви Маҷлиси миллӣ бошанд.
Шаҳрванд наметавонад дар як вақт узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон бошад. Узви Маҷлиси миллӣ наметавонад вакили зиёда аз ду мақоми намояндагӣ бошад.
Вакили Маҷлиси намояндагон наметавонад вакили дигар мақомоти намояндагӣ бошад, вазифаи дигареро иҷро кунад, фаъолияти соҳибкорӣ намояд, ба истиснои фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгорӣ.

Моддаи 51

Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ба амри интихобкунандагон тобеъ набуда, ҳуқуқ дорад фикри худро озодона изҳор намояд, мувофиқи ақидаҳои худ овоз диҳад.
Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳуқуқи дахлнопазирӣ дорад, ӯро ҳабс кардан, дастгир кардан, маҷбуран овардан, кофтуков кардан мумкин нест, ба истиснои дастгир шуданаш дар ҷойи содири ҷиноят. Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳамчунон мавриди кофтукови шахсӣ қарор дода намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун барои таъмини амнияти дигарон муқаррар намудааст. Масъалаи маҳрум намудани дахлнопазирии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди Прокурори генералӣ аз ҷониби маҷлиси дахлдор ҳал карда мешавад.
Ваколати узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳангоми вафот, истеъфо, ғайри қобили амал эътироф шудани онҳо аз ҷониби суд, эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд, қатъи шаҳрвандӣ, соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар, тарки доимии ҷумҳурӣ, ишғоли вазифае, ки ба ваколати узви Маҷлиси миллӣ мувофиқ нест, парокандашавии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон қатъ мегардад.
Вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагонро қонуни конститутсионӣ танзим менамояд.

Моддаи 52

Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагонро дар давоми як моҳи баъди интихоби онҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват мекунад.
Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагонро узв ва вакили синну солаш калонтарин мекушояд ва то интихоб шудани раисони ин Маҷлисҳо онро мебарад.
Фаъолияти Маҷлиси миллӣ дар шакли иҷлосия сурат мегирад. Иҷлосияи Маҷлиси миллӣ соле на камтар аз чор бор аз тарафи Раиси Маҷлиси миллӣ даъват карда мешавад.
Фаъолияти Маҷлиси намояндагон дар шакли иҷлосия сурат мегирад. Иҷлосияи навбатии Маҷлиси намояндагон дар як сол як маротиба аз рӯзи аввали кории моҳи октябр то рӯзи охирини кории моҳи июн гузаронида мешавад.
Дар давраи байни иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҳангоми зарурат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлосияҳои ғайринавбатии онҳоро даъват менамояд. Дар ин иҷлосияҳо танҳо он масъалаҳое баррасӣ мешаванд, ки боиси даъвати ин иҷлосияҳо гаштаанд.

Моддаи 53

Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон аз байни аъзо ва вакилон раисони Маҷлисҳо, муовинони якум ва муовинони онҳоро интихоб менамоянд. Яке аз муовинони Раиси Маҷлиси миллӣ аз ҳисоби намояндагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.
Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагон бо овоздиҳии пинҳонӣ бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзо ва вакилони онҳо интихоб мешаванд. Тартиби интихоби муовинони Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагонро Дастури Маҷлисҳо танзим мекунад.
Раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар назди Маҷлиси дахлдор ҳисоботдиҳанда мебошанд ва онҳо метавонанд бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзо ва вакилон бозхонда шаванд.
Раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, муовинони якум ва муовинони онҳо ба иҷлосия роҳбарӣ мекунанд ва дигар масъалаҳои дахлдорро ҳал менамоянд.
Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон мақомоти ҳамоҳангсозанда ва кории худро мустақилона ташкил медиҳанд, инчунин кумита ва комиссияҳои дахлдорро таъсис менамоянд ва аз рӯи масъалаҳои ба Маҷлисҳо тааллуқдошта муҳокимаҳои парламентӣ доир мекунанд.
Мақомоти ҳамоҳангсозандаи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар алоҳидагӣ ҷаласа мегузаронанд.
Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон Дастури фаъолияти худро қабул мекунанд.

Моддаи 54

Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон алоҳида ҷаласа мегузаронанд.
Ҷаласаҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҳамон вақт гузаронида мешавад, ки агар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзо ва вакилони онҳо ҳузур дошта бошанд. Ҷаласаҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ошкоро гузаронида мешаванд. Дар ҳолатҳои пешбиникардаи қонун ва Дастури Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон мумкин аст ҷаласаи пӯшида гузаронида шавад.
Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар ҳолатҳои пешбининамудаи Конститутсия ҷаласаҳои якҷоя мегузаронанд.

Моддаи 55

Салоҳияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҳангоми гузаронидани ҷаласаҳои якҷоя:
1. Тасдиқи фармони Президент дар бораи таъин намудан ва озод кардани Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукумат;
2. Тасдиқи фармони Президент дар бораи ҷорӣ намудани ҳолати ҷангӣ ва вазъияти фавқулода;
3. Ризоият ба истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди он барои иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон;
4. Таъини интихоботи Президент;
5. Қабули истеъфои Президент;
6. Сарфароз гардонидани Президент бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаи олии ҳарбӣ;
7. Баррасии масъалаи дахлнопазирии Президент.

Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаҳои якҷояи худ аз рӯйи масъалаҳои зикршудаи салоҳияташон қарор қабул мекунанд. Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ки ҳар яке аз маҷлисҳо дар алоҳидагӣ овоз медиҳанд, қабул мегардад, агар тартиби дигари қабули қарорро Конститутсия муқаррар накарда бошад.
Дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон Президент савганд ёд мекунад ва бо паёми худ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ баромад менамояд.

Моддаи 56

Салоҳияти Маҷлиси миллӣ:
1. Таъсис ва барҳам додани воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва тағйири онҳо;
2. Интихоб ва бозхонди раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ бо пешниҳоди Президент;
3. Ҳалли масъалаи бекор кардани дахлнопазирии раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ;
4. Ризоият барои таъин ва озод намудани Прокурори генералӣ ва муовинони ӯ;
5. Амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд.
Маҷлиси миллӣ аз рӯйи масъалаҳои дар салоҳияташ буда қарор қабул мекунад. Қарори Маҷлиси миллӣ бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои он қабул мегардад, агар тартиби дигари қабули қарорро Конститутсия муқаррар накарда бошад.

Моддаи 57

Салоҳияти Маҷлиси намояндагон:
1. Таъсиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоб ва бозхонди раис, муовин ва аъзои он бо пешниҳоди Президент;
2. Ба муҳокимаи халқ пешниҳод намудани лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳои муҳими давлатию ҷамъиятӣ;
3. Тасдиқи барномаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ;
4. Ризоият ба додугирифти қарзи давлатӣ;
5. Тасдиқ ва бекор кардани шартномаҳои байналмилалӣ;
6. Таъйини раъйпурсӣ;
7. Таъсиси судҳо;
8. Тасдиқи рамзҳои давлатӣ;
9. Тасдиқи мукофотҳои давлатӣ;
10. Тасдиқи фармонҳои Президент дар бораи таъин ва озод намудани раиси Бонки миллӣ ва муовинони ӯ;
11. Муқаррар намудани рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо ва унвонҳои махсус;
12. Муайян намудани маоши Президент;
13. Амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд.
Маҷлиси намояндагон аз рӯйи масъалаҳои дар салоҳияташ буда қарор қабул мекунад. Қарори Маҷлиси намояндагон бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилон қабул мегардад, агар тартиби дигари қабули қарорро Конститутсия муайян накарда бошад.

Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон роҳбарони давлатҳои хориҷӣ метавонанд суханронӣ кунанд.

Моддаи 58

Аъзои Маҷлиси миллӣ, вакили Маҷлиси намояндагон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ доранд.

Моддаи 59

Лоиҳаи қонунҳо ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мешаванд.
Лоиҳаи қонун дар бораи авф аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мешавад.
Лоиҳаи Қонун дар бораи буҷет, оид ба муқаррар кардан ва бекор кардани андозҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мешавад.

Моддаи 60

Қонунҳоро Маҷлиси намояндагон қабул менамояд. Қонун бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилон қабул мегардад, агар тартиби дигарро Конститутсия муқаррар накарда бошад.
Қонунҳое, ки Маҷлиси намояндагон қабул намудааст ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод мешаванд, ба истиснои қонунҳо дар бораи буҷети давлатӣ ва авф.
Маҷлиси миллӣ қонунро бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои худ ҷонибдорӣ мекунад. Дар мавриди дастгирӣ наёфтани қонун аз ҷониби Маҷлиси миллӣ қонун такроран дар Маҷлиси намояндагон баррасӣ мешавад.
Дар сурати бо қарори Маҷлиси миллӣ норозӣ будани Маҷлиси намояндагон, қонун ҳамон вақт қабулшуда ҳисоб мешавад, ки агар Маҷлиси намояндагон онро такроран бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилон тасдиқ намояд.
Қонунҳо дар бораи буҷети давлатӣ ва авф танҳо аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул карда мешаванд. Маҷлиси намояндагон иҷрои буҷети давлатиро назорат мекунад.

Моддаи 61

Қонунҳои конститутсионӣ оид ба масъалаҳое қабул мешаванд, ки Конститутсия муайян намудааст. Қонунҳои конститутсионӣ бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон қабул мегарданд ва Маҷлиси миллӣ бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои худ ҷонибдорӣ мекунад.
Дар сурати бо Қарори Маҷлиси миллӣ норозӣ будани Маҷлиси намояндагон, қонуни конститутсионӣ ҳамон вақт қабулшуда ҳисоб мешавад, ки агар Маҷлиси намояндагон онро такроран бо тарафдории на камтар аз чор се ҳиссаи шумораи умумии вакилон тасдиқ намояд.
Тафсири Конститутсияро тибқи тартиби мазкур Маҷлиси намояндагон дар шакли қонуни конститутсионӣ қабул намуда, Маҷлиси миллӣ онро ҷонибдорӣ менамояд.

Моддаи 62

Қонунҳо барои имзо ва интишор ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешаванд. Агар Президент ба қонун ё қисми он розӣ набошад, қонунро дар муддати понздаҳ рӯз бо далелу эродҳо ба Маҷлиси намояндагон бармегардонад. Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон бо тартиби муқарраркардаи Конститутсия қонуни мазкурро такроран баррасӣ менамоянд. Дар сурати баррасии такрорӣ қонун дар матни пештар қабулшудааш бо аксарияти аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон дастгирӣ ёбад, Президент дар муддати даҳ рӯз ба қонун имзо мегузорад ва онро интишор менамояд.
Ҳангоми баррасии қонуни аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонидашуда, ки онро пештар Маҷлиси намояндагон бо аз се ду ҳиссаи овозҳо қабул намуда буд, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон онро такроран бо аксарияти на камтар аз се ду ҳиссаи овозҳо тарафдорӣ мекунанд.
Агар Президент қонуни конститутсиониро баргардонад, Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллӣ бо тартиби муқарраркардаи Конститутсия қонуни мазкурро такроран баррасӣ менамоянд. Дар сурати баррасии такрорӣ қонуни конститутсионӣ дар матни пештар қабулшудааш бо аксарияти аз чор се ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон тасдиқ шавад, Президент дар муддати даҳ рӯз ба қонуни конститутсионӣ имзо мегузорад ва онро интишор менамояд.

Моддаи 63

Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон метавонанд пеш аз муҳлат дар ҷаласаи якҷояи худ бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон ихтиёран пароканда шаванд.
Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар давраи вазъияти фавқулода ва ҳолати ҷангӣ пароканда намешаванд.

Боби чаҳорум
ПРЕЗИДЕНТ

Моддаи 64

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст.
Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.

Моддаи 65

Президентро шаҳрвандони Тоҷикистон ба тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва овоздиҳии пинҳонӣ ба муҳлати 7 сол интихоб менамоянд.
Шахсе ба номзадии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад, забони давлатиро донад ва дар ҳудуди ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта бошад.
Шахсе ба номзадии Президент ба қайд гирифта мешавад, ки ҳадди ақал 5 фоизи интихобкунандагон ба пешниҳоди номзадии ӯ имзо гузошта бошанд.
Як шахс ба вазифаи Президент бештар аз ду муҳлат пай дар пай интихоб шуда наметавонад.
Маҳдудияти дар қисми чоруми ҳамин модда пешбинигардида нисбат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат татбиқ намегардад. Вазъи ҳуқуқӣ ва ваколатҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллатро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад.

Моддаи 66

Интихоботи Президент вақте боэътимод шумурда мешавад, ки дар он аз нисф зиёди интихобкунандагон ширкат варзида бошанд.
Номзаде Президент интихобшуда ҳисоб меёбад, ки ба тарафдории ӯ бештар аз нисфи интихобкунандагони ширкатварзида овоз дода бошанд.
Тартиби интихоби Президентро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад.

Моддаи 67

Президент пеш аз шурӯъи вазифа дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон савганд ёд мекунад:
«Ман, ҳамчун Президент савганд ёд мекунам, ки Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро ҳимоя менамоям, таъмини ҳуқуқ, озодиҳо ва шарафи шаҳрвандонро кафолат медиҳам, сарзамин, истиқлолияти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро ҳифз мекунам, ба халқ содиқона хидмат менамоям».
Ваколати Президент баъд аз савганд ёд кардани Президенти нав қатъ мегардад.

Моддаи 68

Президент наметавонад вазифаи дигарро иҷро намояд, вакили мақомоти намояндагӣ бошад, ба соҳибкорӣ машғул шавад.

Моддаи 69

Салоҳияти Президент:
1. Самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян мекунад;
2. Тоҷикистонро дар дохили кишвар ва дар муносибатҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекунад;
3. Вазоратҳо ва кумитаҳои давлатиро таъсис ва барҳам медиҳад;
4. Сарвазир ва дигар аъзои ҳукуматро таъин ва озод мекунад; фармон дар бораи таъин ва озод кардани Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукуматро ба тасдиқи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд;
5. Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияро таъин ва озод мекунад ва ба тасдиқи Маҷлиси дахлдори вакилони халқ пешниҳод менамояд;
6. Санадҳои мақомоти ҳокимияти иҷроияро ҳангоми мухолифати онҳо ба Конститутсия ва қонунҳо бекор мекунад ва ё бозмедорад;
7. Раиси Бонки миллӣ ва муовинони ӯро таъин ва озод мекунад ва фармонро барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд;
8. Номзадии раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодиро барои интихоб ва бозхонд ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод менамояд;
9. Бо ризоияти Маҷлиси миллӣ Прокурори генералӣ ва муовинони ӯро таъин ва озод мекунад;
10. Дастгоҳи иҷроияи Президентро таъсис медиҳад;
11. Шӯрои амниятро таъсис ва роҳбарӣ мекунад;
12. Судяҳои суди ҳарбӣ, судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия ва судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанберо таъин ва озод мекунад;
13. Раъйпурсӣ, интихоботи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ва мақомоти намояндагии маҳаллиро таъин мекунад;
14. Ба қонунҳо имзо мегузорад;
15. Низоми пулиро муайян менамояд ва маълумотро ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд;
16. Ихтиёрдор ва масъули сармояи захиравӣ мебошад;
17. Ба татбиқи сиёсати хориҷӣ роҳбарӣ мекунад, шартномаҳои байналмилалиро имзо ва ба тасдиқи Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд;
18. Сарони намояндагиҳои дипломатиро дар давлатҳои хориҷӣ, намояндаҳои ҷумҳуриро дар ташкилотҳои байналмилалӣ таъин ва озод мекунад;
19. Эътимодномаҳои сарони намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷиро қабул менамояд;
20. Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мебошад; фармондеҳони қӯшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таъин ва озод мекунад;
21. Ҳангоми таҳдиди хатари воқеӣ ба амнияти давлат ҳолати ҷангро эълон менамояд ва фармонро ба тасдиқи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунад;
22. Барои иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро берун аз ҳудуди он бо ризоияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон истифода мебарад;
23. Дар саросари ҷумҳурӣ ва ё дар маҳалҳои алоҳидаи он вазъияти фавқулода эълон намуда, фармонро фавран ба тасдиқи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд ва ба Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад;
24. Масъалаҳои шаҳрвандиро ҳал мекунад;
25. Паноҳгоҳи сиёсӣ медиҳад;
26. Масаълаҳои бахшиши ҷазоро ҳал мекунад;
27. Бо рутбаҳои олии ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо ва унвонҳои махсус сарфароз мегардонад;
28. Шаҳрвандонро бо мукофотҳои давлатӣ, ҷоизаҳои давлатӣ, нишонҳо ва унвонҳои ифтихории Тоҷикистон сарфароз мегардонад;
29. Ваколатҳои дигареро, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд, амалӣ менамояд.

Моддаи 70

Президент дар доираи салоҳияти худ фармон мебарорад ва амр медиҳад, дар бораи вазъи кишвар ба ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон маълумот медиҳад, масъалаҳоеро, ки заруру муҳим мешуморад, ба муҳокимаи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд.

Моддаи 71

Ҳангоми вафот, истеъфо ва ғайри қобили амал донистани Президент вазифаи ӯ то ба вазифааш шурӯъ намудани Президенти нав ба зиммаи Раиси Маҷлиси миллӣ мегузарад. Дар ин маврид ваколати Раиси Маҷлиси миллӣ ба зиммаи муовини якуми ӯ мегузарад.
Дар ҳолатҳои зикршуда дар муҳлати се моҳ интихоботи Президент гузаронида мешавад.
Ваколатҳои Президент дар ҳолате, ки ӯ дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар бораи ба истеъфо баромаданаш хабар медиҳад, бо тарафдории аксарияти аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ки ҳар яке аз онҳо дар алоҳидагӣ овоз медиҳанд, қатъ карда мешавад.
Дар сурате, ки Президент бинобар беморӣ вазифаҳои худро иҷро карда натавонад, ҳар ду Маҷлис дар ҷаласаи якҷояи худ дар асоси хулосаи комиссияи тиббии давлатии ташкил кардаашон, дар бораи пеш аз муҳлат аз мансаб озод намудани Президент бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи овозҳои шумораи умумии аъзо ва вакилони ҳар яке аз Маҷлисҳо қарор қабул мекунанд.
Таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонуни конститутсионӣ танзим менамояд.

Моддаи 72

Президент ҳуқуқи дахлнопазирӣ дорад.
Дахлнопазирии Президент дар сурати аз тарафи ӯ содир шудани хиёнат ба давлат дар асоси хулосаи Суди конститутсионӣ ва бо тарафдории аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ки ҳар яке аз онҳо дар алоҳидагӣ овоз медиҳанд, бекор карда мешавад.

Боби панҷум
ҲУКУМАТ

Моддаи 73

Ҳукумати ҷумҳурӣ аз Сарвазир, муовини якум ва муовинони ӯ, вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ иборат аст.
Ҳукумат роҳбарии самараноки соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иҷрои қонунҳо, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ, қарорҳои Маҷлиси намояндагон, фармону амрҳои Президенти Тоҷикистонро таъмин мекунад.
Аъзои Ҳукумат баъди аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудан ва тасдиқ гардидани фармон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунанд.
Аъзои Ҳукумат бояд танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошанд ва онҳо наметавонанд вазифаи дигареро иҷро намоянд, вакили мақомоти намояндагӣ бошанд, ба соҳибкорӣ машғул шаванд, ба истиснои фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгорӣ.

Моддаи 74

Ҳукумат мувофиқи Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ қарор мебарорад ва фармоиш медиҳад, ки иҷрои онҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ҳатмист.
Ҳукумат ваколаташро дар назди Президенти навинтихобшуда вомегузорад.
Ҳукумат дар мавриди ғайриимкон донистани иҷрои фаъолияти муътадили худ метавонад ба Президент аз хусуси истеъфо арз намояд. Ҳар як узви Ҳукумат ҳуқуқи истеъфо дорад.
Тартиби ташкил, фаъолият ва салоҳияти Ҳукуматро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад.

Моддаи 75

Ҳукумат барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсати додугирифти қарзи давлатӣ ва ёрии иқтисодӣ ба дигар давлатҳо, лоиҳаи буҷети давлатӣ, масъалаи андозаи имконпазири касри буҷети давлатӣ ва манбаи ҷуброни онро ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд.

Боби шашум
МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
ВА ХУДИДОРАКУНӢ

Моддаи 76

Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз мақомоти намояндагӣ ва иҷроия иборат буда, дар доираи салоҳияти худ амал мекунад. Онҳо иҷрои Конститутсия, қонунҳо, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ, қарорҳои Маҷлиси намояндагон, санадҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамоянд.

Моддаи 77

Мақомоти намояндагии маҳаллӣ дар вилоят, шаҳр ва ноҳия Маҷлиси вакилони халқ аст, ки онро раис роҳбарӣ мекунад. Муҳлати ваколати Маҷлиси вакилони халқ 5 сол аст.
Маҷлиси вакилони халқ буҷети маҳаллӣ ва ҳисоботи иҷрои онро тасдиқ мекунад, роҳҳои инкишофи иқтисодиву иҷтимоии маҳалро муайян менамояд, андоз ва пардохти маҳаллиро мувофиқи қонун муқаррар мекунад, дар доираи қонун тарзи идора ва ихтиёрдории моликияти коммуналиро муайян менамояд ва ваколатҳои дигареро амалӣ месозад, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд.

Моддаи 78

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро раиси вилоят, шаҳр ва ноҳия роҳбарӣ менамояд.
Мақомоти намояндагӣ ва иҷроияро дар воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ раис сарварӣ мекунад.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияро Президент таъин ва озод мекунад ва ба тасдиқи Маҷлиси вакилони халқи дахлдор пешниҳод менамояд.
Раис дар назди мақомоти болоӣ ва Маҷлиси вакилони халқи дахлдор масъул аст.
Тартиби ташкил, ваколат ва фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро қонуни конститутсионӣ танзим менамояд.
Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот Ҷамоат аст, ки тартиби ташкил, ваколат ва фаъолияти онро қонун танзим менамояд.

Моддаи 79

Мақомоти намояндагӣ ва раис дар доираи салоҳияти худ санадҳои ҳуқуқӣ қабул мекунанд, ки иҷрояшон дар он ҳудуд ҳатмист.
Дар сурати бо Конститутсия ва қонун мувофиқат накардани санадҳои мақомоти намояндагӣ ва раис онҳо аз тарафи мақомоти болоӣ, худи ин мақомот, раис ва ё суд бекор карда мешаванд.

Моддаи 80

Дар сурати талаботи Конститутсия ва қонунро мунтазам иҷро накардани Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия Маҷлиси миллӣ метавонад онро пароканда намояд.

Боби ҳафтум
ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН

Моддаи 81

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қисми таркибӣ ва ҷудонопазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бе ризоияти Маҷлиси вакилони халқи вилоят тағйир дода намешавад.

Моддаи 82

Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дорад.

Моддаи 83

Салоҳияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар соҳаи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ваколатҳои дигари вилоятро қонуни конститутсионӣ танзим мекунад.

Боби ҳаштум
СУД

Моддаи 84

Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд.
Адолати судиро Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе амалӣ мекунанд.
Тартиби таъсис, ташкил ва фаъолияти судро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад.
Муҳлати ваколати судяҳо 10 сол аст.
Таъсиси суди фавқулода манъ аст.

Моддаи 85

Ба вазифаи судяҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят ва шаҳри Душанбе шахсе интихоб ё таъин мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ буда, синни ӯ аз 30 кам набошад ва ҳадди ақал 5 сол собиқаи кории судягӣ дошта бошад.
Ба вазифаи судяҳои судҳои шаҳр ва ноҳия, суди ҳарбӣ, судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят ва шаҳри Душанбе шахсе таъин мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ буда, синни ӯ аз 25 кам набошад ва ҳадди ақал 3 сол собиқаи кории касбӣ дошта бошад. Синни ниҳоии дар вазифаи судя фаъолият намуданро қонуни конститутсионӣ муайян менамояд.
Шахсе, ки бори аввал ба вазифаи судя таъин шудааст, дар вазъияти тантанавӣ савганд ёд мекунад.

Моддаи 86

Судяҳои Суди ҳарбӣ, судяҳои Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, судяҳои Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят ва шаҳри Душанберо бо тартиби муқарраркардаи қонуни конститутсионӣ Президент таъин ва озод мекунад.

Моддаи 87

Судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд. Дахолат ба фаъолияти онҳо манъ аст.

Моддаи 88

Судяҳо парвандаҳоро ба таври дастҷамъӣ ва ё танҳо баррасӣ мекунанд.
Мурофиа ба тарзи мубоҳиса ва дар асоси баробарии тарафҳо сурат мегирад.
Мурофиа дар ҳамаи судҳо ба тарзи ошкоро мегузарад, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муайян кардааст.
Мурофиа ба забони давлатӣ ва ё забони аксарияти аҳолии маҳал баргузор мегардад. Шахсоне, ки забони мурофиаро намедонанд, бо тарҷумон таъмин карда мешаванд.

Моддаи 89

Суди конститутсионӣ аз 7 нафар иборат буда, яке аз онҳо намояндаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.
Ба вазифаи судяи Суди конститутсионӣ шахсе интихоб мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ буда, синни ӯ аз 30 кам набошад ва ҳадди ақал 7 сол собиқаи кории касбӣ дошта бошад. Синни ниҳоии дар вазифаи судяи Суди конститутсионӣ фаъолият намуданро қонуни конститутсионӣ муайян менамояд.
Шахсе, ки бори аввал ба вазифаи судяи Суди конститутсионӣ интихоб шудааст, дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ савганд ёд мекунад.

Салоҳияти Суди конститутсионӣ:

1) муайян намудани мувофиқати қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси намояндагон, Президент, Ҳукумат, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва дигар мақомоти давлатию ҷамъиятӣ, шартномаҳои ба қувваи қонун надаромадаи Тоҷикистон ба Конститутсия;
2) ҳалли баҳсҳои байни мақомоти давлатӣ доир ба салоҳияти онҳо;
3) иҷрои ваколатҳои дигаре, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд.
Санадҳои Суди конститутсионӣ қатъист.

Моддаи 90

Судя наметавонад вазифаи дигареро иҷро намояд, вакили мақомоти намояндагӣ, узви ҳизб ва созмонҳои сиёсӣ бошад, ба соҳибкорӣ машғул гардад, ба истиснои фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгорӣ.

Моддаи 91

Судя ҳуқуқи дахлнопазирӣ дорад. Ӯро бе ризоияти мақомоте, ки интихоб ё таъин кардааст, ҳабс кардан ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан мумкин нест. Судяро дастгир кардан мумкин нест, ба истиснои дастгир кардани ӯ ҳангоми содири ҷиноят.

Моддаи 92

Ёрии ҳуқуқӣ дар тамоми марҳилаҳои тафтишот ва мурофиаи судӣ кафолат дода мешавад.
Тарзи ташкил ва тартиби фаъолияти адвокатура ва дигар шаклҳои ёрии ҳуқуқиро қонун муайян мекунад.

Боби нуҳум
ПРОКУРАТУРА

Моддаи 93

Назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар ҳудуди Тоҷикистон Прокурори генералӣ ва прокурорҳои тобеи он дар доираи ваколати худ татбиқ менамоянд.

Моддаи 94

Низоми ягонаи марказонидашудаи прокуратураи Тоҷикистонро Прокурори генералӣ сарварӣ мекунад. Прокурори генералӣ дар назди Маҷлиси миллӣ ва Президент масъул аст.

Моддаи 95

Прокурори генералии Тоҷикистон ба муҳлати 5 сол таъин мешавад.
Прокурори генералӣ прокурорҳои тобеи худро таъин ва озод мекунад. Муҳлати ваколати прокурорҳо 5 сол аст.
Фаъолият, салоҳият ва сохтори мақомоти прокуратураро қонуни конститутсионӣ танзим мекунад.

Моддаи 96

Прокурори генералӣ ва прокурорҳои тобеи он бе дахолати дигар мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор мустақилона дар асоси қонун фаъолият мекунанд.

Моддаи 97

Прокурор наметавонад вазифаи дигареро иҷро намояд, вакили мақомоти намояндагӣ, узви ҳизб ва созмонҳои сиёсӣ бошад, ба соҳибкорӣ машғул шавад, ба истиснои фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгорӣ.

Боби даҳум
ТАРТИБИ ТАҒЙИРИ КОНСТИТУТСИЯ

Моддаи 98

Тағйиру иловаҳои Конститутсия бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ сурат мегирад.
Раъйпурсиро Президент ва ё Маҷлиси намояндагон бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилон таъин мекунанд.

Моддаи 99

Тағйиру иловаҳоро ба Конститутсия Президент ё ҳадди ақал аз се як ҳиссаи умумии аъзо ва вакилони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунанд.
Пешниҳоди тағйиру иловаҳои Конститутсия се моҳ пеш аз раъйпурсӣ дар матбуот чоп мешавад.

Моддаи 100

Шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат тағйирнопазиранд.

Муқаррароти интиқолӣ

1. Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз эълони натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ ва аз рӯзи интишори расмиаш эътибори ҳуқуқӣ пайдо мекунанд.
2. Қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки то ворид намудани «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» амал мекарданд, дар он қисме, ки ба тағйиру иловаҳо мухолиф нестанд, амал мекунанд.
3. Интихоби пай дар пайи Президент барои ду муҳлат, ки дар қисми чоруми моддаи 65 пешбинӣ шудааст, баъд аз ба охир расидани ваколати Президенти амалкунанда оғоз меёбад.
4. Аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзои Ҳукумат баъд аз эътибори ҳуқуқӣ пайдо кардани «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби муқаррарнамудаи Конститутсия ва қонунҳои конститутсионӣ савганд ёд мекунанд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
4
Баҳои миёна: 3.7 (3 овоз)

Низомномаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 7 Июл, 2021 - 05:55

1.Муқаррароти умумӣ

1) Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд — Кумита) мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия буда, вазифаи пешбурди сиёсати давлат ва ба танзим даровардани меъёрҳои ҳуқуқиро марбут ба забони давлатӣ амалӣ менамояд.

2) Кумита дар фаъолияти худ Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.

3) Кумита дар фаъолияти худ бо дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ғайра ҳамкорӣ менамояд.

2.Ваколатҳо

4) Кумита дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолияти худ дорои ваколатҳои зерин мебошад:

а) ба лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои дигар оид ба масъалаҳои ба доираи фаъолияти Кумита вобаста, таклифҳо пешниҳод менамояд;

б) дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақилона санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар соҳаи фаъолияташ муқарраршударо қабул менамояд;

в) ҳангоми зарурат ба ҷаласаҳои худ роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро даъват менамояд;

г) муроҷиатҳои шаҳрвандонро дар ҳудуди салоҳиятҳои худ баррасӣ намуда, аз натиҷаи онҳо ба ҷонибҳои дахлдор иттилоъ медиҳад;

д) дар доираи ваколатҳои худ оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо ва корхонаву муассисаҳо, новобаста ба шакли моликияташон назорат мебарад ва маълумот талаб мекунад;

е) танзим ва ҳамгунсозии истилоҳотро назорат мебарад;

ж) экспертизаи забоншиносии санадҳои ҳуқуқиро мегузаронад;

з) матни муҳрҳо, тамғаҳо, бланкҳо, нархномаҳо ва дигар маводи иттилоотиро месанҷад ва хулоса пешниҳод менамояд;

и) бо тартиби муқарраршуда озмунҳо мегузаронад ва барои фармоишҳо ҷиҳати таъмини мол, иҷрои корҳо, хизматрасонӣ барои эҳтиёҷоти Кумита, инчунин барои гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотӣ дар соҳаи фаъолияти муқарраршуда қарордодҳои давлатӣ ба имзо мерасонад;

к) мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба амволи давлатӣ, ки бо ҳуқуқи идоракунии оперативӣ барои таъмини иҷрои вазифаҳои Кумита дода шудааст, ваколатҳои соҳибмулкиро амалӣ менамояд;

л) дар доираи салоҳияти худ ҳифзи маълумотеро, ки дорои сирри давлатӣ мебошад, таъмин менамояд;

м) барои омодагии касбӣ, бозомӯзӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии кормандони Кумита чорабиниҳо ташкил менамояд;

н) мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳоро оид ба такмилдиҳӣ, баҳисобгирӣ, ҳифз ва истифодаи ҳуҷҷатҳои бойгонӣ, ки дар ҷараёни фаъолияти Кумита ба вуҷуд омадаанд, анҷом медиҳад;

о) бо тартиби муқарраргардида анҷуманҳо, конференсияҳо, семинарҳо, намоишгоҳҳо ва чорабиниҳои дигарро дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ташкил мекунад.

5) Бо мақсади татбиқи ваколатҳо дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият Кумита ҳуқуқ дорад:

а) бо тартиби муайянгардида барои қабул кардани қарор оид ба масъалаҳои соҳаи муқарраргардидаи фаъолият маълумоти заруриро дархост ва дастрас намояд;

б) ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои соҳаи муқарраргардидаи фаъолият шарҳу эзоҳот диҳад;

в) бо тартиби муайянгардида, барои омӯзиши масъалаҳои вобаста ба фаъолияти муассисаҳои илмӣ, ташкилотҳо, олимон ва мутахассисони дигарро ҷалб намояд;

г) мақомоти (шӯроҳо, комиссияҳо, гурӯҳҳо) ҳамоҳангсозӣ, машваратӣ ва экспертӣ, аз ҷумла байниидоравиро дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият таъсис диҳад;

д) бо сохторҳои байналмилалии соҳаи мазкур робитаҳои эҷодӣ барқарор намояд;

е) бо тартиби муайяншуда нишонҳои ифтихорӣ таъсис дода, кормандонро бо онҳо барои дастовардҳо дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият сарфароз гардонад;

ж) бо тартиби муайяншуда барои интишори санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, эълонҳои расмӣ, паҳн кардани дигар мавод оид ба масъалаҳои соҳаи муқарраргардидаи фаъолият воситаҳои ахбори оммаро таъсис диҳад;

з) бо тартиби муқарраршуда дар бонкҳои ҷумҳурӣ суратҳисоби махсус бо асъори миллӣ ва хориҷӣ кушояд.

3.Ташкили фаъолият

6) Ба Кумита Раиси Кумита сарварӣ мекунад, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

7) Раиси Кумита барои иҷрои ваколатҳои ба Кумита вогузоршуда ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият масъулияти шахсӣ дорад.

8) Раиси Кумита як муовин дорад, ки ӯро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Раиси Кумита ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд. Масъулият ва вазифаҳои муовинро Раиси Кумита муайян мекунад.

9) Раиси Кумита:

а) номзадҳоро ба вазифаи муовини Раиси Кумита ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

б) ҷиҳати тағйир додани сохтори Кумита ва таъсиси шӯъбаҳои нав ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод менамояд;

в) кормандони Кумитаро тибқи тартиби муқарраргардида ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд, вазифаҳоро байни кормандони Кумита тақсим мекунад, фаъолияти онҳоро ҳамоҳанг ва назорат мекунад;

г) дар бораи тағйир додани сохтори Кумита, таъсис додани шӯъбаҳои нав ё зиёд намудани ҳайати кормандон ва фонди музди меҳнати онҳо дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъала мегузорад;

д) дар доираи маблағҳои барои давраи дахлдор тасдиқшудаи дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинигардида оид ба ташаккули буҷети ҷумҳуриявӣ ва маблағгузорӣ ба Кумита ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод менамояд;

е) бо тартиби муқарраргардида кормандони Кумита ва шахсони дигари дар соҳаи мазкур фаъолиятдоштаро барои сарфароз гардонидан бо унвонҳои фахрӣ ва мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

ж) дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати масъалаҳои марбут ба салоҳияти Кумита, инчунин масъалаҳои ташкилии дохилии фаъолияти Кумита фармоишҳо мебарорад;

з) тибқи тартиби муқарраргардида дар доираи салоҳияти худ лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро оид ба масъалаҳои дахлдори Кумита ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

и) комиссияҳои мувақкатӣ ва доимоамалкунанда таъсис дода, низомномаи онҳоро тасдиқ мекунад.

10) Дар Кумита иборат аз 5 нафар дар ҳайати Раиси Кумита (Раиси Ҳайати мушовара), муовини Раис (аз рӯи вазифа), инчунин кормандони дигари роҳбарикунандаи Кумита ва муассисаҳои илмӣ Ҳайати мушовара таъсис дода мешавад.

11) Аъзои ҳайати мушовара бо пешниҳоди Раиси Кумита аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон тасдиқ карда мешавад.

12) Хароҷот барои нигаҳдории Кумита аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинишуда таъмин карда мешавад.

13) Кумита шахси ҳуқуқӣ буда, дорои муҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ бо забони давлатӣ, мӯҳрҳои дахлдор, штампу бланк мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи Сарраёсати хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мегардад.

14) Суроғаи ҳуқуқии Кумита: шаҳри Душанбе, кўчаи Беҳзод, 25.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 4.2 (5 овоз)

Категория:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 24 Июл, 2019 - 09:11

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1.

Вазифаҳои Қонуни мазкур

1. Қонуни мазкур истифодаи забони давлатӣ ва забонҳои дигарро дар фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони инфиродӣ танзим менамояд.

2. Қонуни мазкур истифодаи забонҳоро дар муносибатҳои шахсӣ танзим намекунад.

Моддаи 2.

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат аст.

Моддаи 3.

Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

1. Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст.

2. Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст забони давлатиро донад.

3. Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода, ҳимоя ва рушди забони давлатиро таъмин менамояд.

4. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, вазифадоранд барои омӯхтани забони давлатӣ ва такмили забондонии кормандон шароит фароҳам оранд.

5. Забони давлатӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешавад.

6. Ҳангоми истифодаи забони давлатӣ риояи муқаррароти қоидаҳои имлои забони адабӣ ҳатмӣ мебошад.

Моддаи 4.

Забонҳои дигар

1. Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, ба истифодаи озоди забони модариашон ҳуқуқ доранд.

2. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳимоя ва инкишофи забонҳои бадахшонӣ (помирӣ) ва забони яғнобӣ шароит фароҳам меорад.

БОБИ 2. ЗАБОНИ КОРИИ МАҚОМОТИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ

Моддаи 5.

Забони коргузорӣ Коргузории мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ сурат мегирад.

Моддаи 6.

Забони санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ таҳия ва қабул карда мешаванд. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба забонҳои дигар тарҷума карда мешаванд.

Моддаи 7.

Забони кории Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Забони кории Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисмҳои ҳарбӣ ва ҷузъу томҳои он забони давлатӣ аст.

2. Дар машқҳои якҷоя бо кишварҳои хориҷӣ забони дигаре, ки муқаррар шудааст, истифода мешавад.

БОБИ 3. ЗАБОНИ СОҲАҲОИ МАОРИФ, ИЛМ, ФАРҲАНГ ВА ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА

Моддаи 8.

Забони таҳсил

1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил ба забони давлатӣ сурат мегирад.

2. Муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ метавонанд ба забонҳои дигар низ фаъолият намоянд.

3. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳо дар интихоби озоди забони таҳсил тибқи қонунгузорӣ шароит фароҳам оварда мешавад.

Моддаи 9.

Омӯзиши забони давлатӣ дар муассисаҳои таълимӣ

1. Дар муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ омӯзиши ҳатмии забони давлатӣ таъмин карда мешавад.

2. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, омӯзиши забони давлатӣ ҳатмӣ мебошад.

3. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзиши хати арабиасос ва табъу нашри адабиёт ба ин хат шароит фароҳам оварда мешавад.

Моддаи 10.

Забони илм

1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон забони илм забони давлатӣ аст.

2. Дар таҳқиқоти илмӣ забонҳои дигар низ метавонанд истифода шаванд.

Моддаи 11.

Забони чорабиниҳои фарҳангӣ

1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои фарҳангӣ ба забони давлатӣ баргузор мегарданд.

2. Чорабиниҳои фарҳангии байналмилалӣ ва байнидавлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ ва ба забонҳои дигар сурат мегиранд.

Моддаи 12.

Забони воситаҳои ахбори омма Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воситаҳои ахбори омма тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ ва ба забонҳои дигар фаъолият менамоянд.

Моддаи 13.

Забони эълону реклама

1. Эълону реклама дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ интишор мешавад.

2. Эълону реклама тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забонҳои дигар низ интишор карда мешаванд.

Моддаи 14.

Забони иттилоот ва коммуникатсия

1. Забони иттилоот ва коммуникатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатӣ аст.

2. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи забони давлатӣ дар технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ шароит фароҳам оварда мешавад.

Моддаи 15.

Мусоидат ба ҳифз ва рушди забони тоҷикӣ берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳифз ва рушди забони тоҷикӣ берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ дар асоси санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, мусоидат мекунад.

БОБИ 4. ЗАБОНИ КОРГУЗОРИИ ТАШКИЛОТҲО

Моддаи 16.

Забони коргузории ташкилотҳо Коргузории ташкилотҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ба забони давлатӣ сурат мегирад. Забонҳои дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешаванд.

Моддаи 17.

Забони мукотиба

1. Ташкилотҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, дар мукотиба бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин бо шаҳрвандон забони давлатиро истифода менамоянд.

2. Мукотиба бо ташкилотҳои хориҷӣ ба забони давлатӣ ва забоне, ки муқаррар шудааст, сурат мегирад.

БОБИ 5. ЗАБОНИ НОМГУЗОРӢ

Моддаи 18.

Номгузории ташкилотҳо

1. Номгузории мақомоти ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо, инчунин ташкилотҳои дигар, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ба забони давлатӣ сурат мегирад.

2. Ҳамаи лавҳаю овезаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ навишта мешаванд.

3. Номи ташкилотҳои хориҷӣ ва муштарак ба забонҳои дигар низ баргардонида мешавад.

Моддаи 19.

Номгузории маҳалҳо

1. Номгузорӣ, иваз намудани номи вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо, деҳаҳо, инчунин кӯчаҳо, хиёбонҳо, майдонҳо, боғҳои фарҳангӣ ва маҳалҳои дигари аҳолинишин тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ сурат мегирад.

2. Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарорсозӣ ва ҳифзи номҳои таърихиро дар ҳудуди ҷумҳурӣ таъмин менамояд.

Моддаи 20.

Забони матни муҳру тамғаҳо, бланкҳо, нархномаҳо ва маводи дигари иттилоотӣ

1. Матни муҳру тамғаҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба забони давлатӣ навишта мешавад.

2. Матни муҳру тамғаҳои ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони инфиродӣ ба забони давлатӣ навишта мешавад.

3. Бланкҳо, нархномаҳо ва маводи дигари иттилоотӣ ба забони давлатӣ навишта мешаванд ва дар муносибат бо ташкилотҳои хориҷӣ мумкин аст ба забонҳои дигар низ баргардонида шаванд.

Моддаи 21.

Забони матни коғазҳои қиматнок Чопи коғазҳои қиматнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ сурат мегирад.

БОБИ 6. ИСТИФОДАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Моддаи 22.

Забони гуфтушунидҳо ва мукотибот Гуфтушунидҳо ва мукотибот бо намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулӣ, созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва байнидавлатие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ба забони давлатӣ ва забонҳои расмии онҳо сурат мегиранд. Ҳангоми зарурат, дар гуфтушунидҳо ва мукотибот истифодаи забонҳои дигар маҳдуд карда намешавад.

Моддаи 23.

Забони фаъолияти намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулӣ ва намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷа, созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва байнидавлатӣ Фаъолияти намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулӣ ва намояндагиҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва байнидавлатӣ ба забони давлатӣ, забонҳои расмии кишварҳои қарордошта ва созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва байнидавлатӣ сурат мегирад.

Моддаи 24.

Забони шартномаҳои байналмилалӣ Шартномаҳои байналмилалии дуҷониба ба забонҳои давлатии тарафҳои аҳдкунанда ва шартномаҳои байналмилалии бисёрҷониба ба забонҳое, ки тарафҳо муайян кардаанд, ба имзо мерасанд.

Моддаи 25.

Забони пазироӣ, гуфтушунид ва нишастҳои матбуотӣ бо намояндагони хориҷӣ Пазироӣ, гуфтушунид ва нишастҳои матбуотӣ бо иштироки намояндагони давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ ва забони пазируфтаи тарафҳо сурат мегирад.

БОБИ 7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 26.

Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани талаботи Қонуни мазкур Шахсони мансабдор, инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки талаботи Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 27.

Дар бораи аз эътибор соқит кардани Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 1989 (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1989, №15, моддаи 102) аз эътибор соқит карда шавад.

Моддаи 28.

Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш. Душанбе, 5 октябри соли 2009, №553

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Сохтори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 19 Феврал, 2019 - 08:55
Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория:

Фарҳанги ҷойномҳои миллӣ

Ношир: Меҳмон (тасдиқнашуда) Санаи интишор: 25 Октябр, 2018 - 15:10

Бо мақсади танзими дурусти корбурди ҷойномҳо дар ҳудуди кишвар «Фарҳанги ҷойномҳои миллӣ» таҳия гардиданд. Фарҳанги мазкур аз ду қисм иборат мебошад.
Дар қисмати аввали китоб номи деҳаҳои кунунии Тоҷикистон шарҳу тафсир ёфтаанд. Дар қисмати дуввум таҳти унвони «тавсияномҳо» номҳо дар асоси сарчашмаҳои илмӣ ва таърихӣ ҷамъовари гардида пешниҳод шудаанд. Ин қисмат барои ивази номҳои ғайримеъёрӣ истифода хоҳад шуд.
Мавриди тазакур аст, ки барои таҳияи «Фарҳанги ҷойномҳои миллӣ» дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи босалоҳият иборат аз мутахассисони забоншинос, ба хусус ҷойномшиносҳо (топонимшиносҳо) иборат аз 14 нафар (Бобоназаров Б., Исмоилов Ш., Матробиён С., Маҳдаҷонов О., Мирбобоев А., Мирзоев С., Муҳтарам Ҳотам, Назарзода С., Офаридаев Н., Рустами Ваҳҳоб, Ҳомидов Д., Тӯраев Б., Шарофзода Г., Шодиев Р., Зулфониён Р.,) мутахассисони забоншинос ҷалб шуда буданд.
Гурӯҳи мазкур дар муддати ду моҳ номи мавзеъҳои мавҷудаи Тоҷикистонро, ки аз ҷониби мутахассисони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъоварӣ шуда буданд, мавриди таҳлили илмӣ ва баррасӣ қарор дода, дар такя бо маъхазҳои илмӣ номҳоро тафсир намудаанд.
Баъд аз анҷоми кор фарҳанги мазкур ба вазорату идораҳои дахлдор, инчунин, олимони бонуфузи ҷумҳурӣ барои тақриз пешниҳод гардид, Муқарризон баъзе нуқсонҳои фарҳангиро барои ислоҳ пешниҳод намуданд. Сипас, гурӯҳи корӣ дар муддати 10 рӯз эродҳои Муқарризонро омӯхта, бо пазируфтани эродҳои қобили қабул фарҳангро ислоҳ намудаанд.
Инак « Фарҳанги ҷойномҳои миллӣ » ҳамчун як фарҳанги мукаммал омода шудааст ва аз ҷониби Кумитаи забон рӯзҳои наздик нашр карда мешавад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
2
Баҳои миёна: 2 (1 овоз)

Реҷаи корӣ ва рӯзҳои қабул

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 30 Апрел, 2018 - 20:26

РЕҶАИ КОРӢ

Душанбе - Ҷумъа: аз 08:00 то 17:00

Шанбе: аз 09:00 то 12:00

РӮЗҲОИ ҚАБУЛ

Раиси Кумита:

Сешанбе: аз соати 14:00 то 16:00

Панҷшанбе: аз соати 14:00 то 16:00

Шанбе: аз соати 09:00 то 12:00 мувофиқи нақшаи муқарраргардида

Муовини раиси Кумита:

Чоршанбе: аз соати 14:00 то 16:00

Ҷумъа: аз соати 14:00 то 16:00

Шанбе: аз соати 09:00 то 12:00 мувофиқи нақшаи муқарраргардида

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория:

Нақшаи чорабиниҳои Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 2 Ноябр, 2017 - 12:59

Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «30» июни соли 2012,
№335 тасдиқ шудааст

Нақшаи
чорабиниҳои Барномаи рушди забони давлатӣ
барои солҳои 2012-2016

 

Р/т

Номгўи чорабинињо

Муҳлат

Масъулон

I. ТАЪМИНИ ЗАМИНАИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ

1.

Таҳлили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ дар иртибот ба сиёсати давлат дар бораи забон

2012-2013

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

2.

Таҳқиқи заминаҳои рушди забони давлатӣ аз нигоҳи забоншиносии иҷтимоӣ

2012-2015

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

3.

Таҳияи махзани электронии маълумот дар иртибот ба сиёсати давлатӣ дар бораи забон

2012-2014

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

4.

Таҳияи дастурамали танзим ва қабули истилоҳот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

2012-2013

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ

II. ТАҲҚИҚИ МАСОИЛИ НАЗАРИЯ ВА АМАЛИЯИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӣ, ТАҲИЯ ВА НАШРИ ФАРҲАНГНОМАҲО

1.

Таҳия ва нашри грамматикаи меъёрии забони тоҷикӣ

2012-2016

Вазорати морифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ

2.

Таҳия ва нашри китоби таърихи забони тоҷикӣ

2012-2015

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ

3.

Таҳқиқи муқоисавии лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ

2012-2016

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ

4.

Таҳия ва нашри луғати лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ

2012-2016

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ

5.

Таҳқиқи масоили услубшиносии забони тоҷикӣ

2012-2016

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

6.

Таҳқиқи фарҳангномаҳои классикии форсӣ-тоҷикӣ

2012-2016

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

7.

Таҳқиқи лексика, грамматика ва масоили этнолингвистии забонҳои бадахшонӣ (помирӣ) ва яғнобӣ

2012-2016

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ, Институти илмҳои гуманитарӣ

8.

Таҳия ва нашри фарҳангҳои русӣ ба тоҷикии истилоҳоти техникӣ

2012-2016

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Категория:

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 1 Август, 2017 - 12:38
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2009 таҳти № 604 таъсис дода шудааст. Вазифаҳо ва ҳадафҳои асосии Кумита - татбиқи сиёсати давлат дар бораи забони давлатӣ ва дигар забонҳо мутобиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.

Аз замони таъсис то ба имрӯз Кумита дар асоси нақша фаъолияти густурдаеро дар иртибот ба татбиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ташкилоту муассисаҳо ба роҳ монда, сиёсати Президенти кишвар, давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи забон амалӣ менамояд.

Дар Кумита бо ширкати 5 нафар Ҳайати мушовара таъсис дода шудааст, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Суханронии Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гавҳар Шарофзода (27-уми июли соли 2015)

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 27 Июл, 2015 - 11:38
Суханронии Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гавҳар Шарофзода (27-уми июли соли 2015)

СУХАНИ ИФТИТОҲИИ РАИСИ КУМИТАИ ЗАБОН ВА ИСТИЛОҲОТИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ГАВҒАР ШАРОФЗОДА

(КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ТАҲТИ УНВОНИ «МАСЪАЛАИ ВОЖАГУЗИНӢ ВА ИСТИЛОҲОТИ ЗАБОНИ ФОРСӢ-ТОҶИКӢ»
ШАҲРИ ДУШАНБЕ, 27-УМИ ИЮЛИ СОЛИ 2015)

 

Меҳмонони арҷманд,
Дӯстони гиромиқадр!

Қадами ҳар яки шуморо ба чунин як маҷлиси бошукӯҳи илмӣ, конференсияи байналмилал, ки таҳти унвони «Масъалаи вожагузинӣ ва истилоҳоти забони форсӣ-тоҷикӣ» баргузор мегардад, хайра мақдам мегӯям.

Ба самъи ҳама иштирокдорони конференсия мерасонам, ки дар кори конференсияи имрӯзаи мо намояндагон – аҳли илму фарҳанги се кишвари ҳамҷавор ширкат варзида истодаанд. Вале ман аз он ифтихормандам, ки дар чунин маҳфили бузурги илмӣ, ки соҳибони забони се давлати ҳамзабон иштирок доранд, моро эҳтиёҷ ба тарҷумон нест. Ин гувоҳи он аст, ки забонҳои муосири тоҷикӣ, форсӣ ва дарӣ решаи ягонаи таърихӣ дошта, дар масири таърих бори гарони илму фарҳангро бар дӯш гирифта, таъқибу тазиқи бегонагонро якҷоя пушти сар намудаанд.

Имрӯз аз он ифтихор дорем, ки забонамон соҳиби адабиёти хаттии дуҳазорсола буда, замоне аз соҳили баҳри Миёназамин то қуллаҳои баланди Ҳиндукуш ва аз кӯҳдомани Қафқоз то канораҳои Халиҷи Форс доман паҳн намуда, барои бисёр халқҳои қитъаи Осиё забони давлатдорӣ ва дипломатӣ будааст.

Ифтихормандона бо забоне имрӯз гуфтугӯ мекунем, ки ҳазор сол муқаддам бунёдгузори адабиёти тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, достонсарои шоҳасари бузурги ҷаҳонӣ Ҳакими Тӯсӣ – Фирдавсии бузург, донишманди фозилу алломаи аср – фарзанди фарзонаи тоҷик Абӯалӣ ибни Сино, орифону обидони бузург Ҷалолуддини Балхию Ҳаким Носири Хусрав, олимони барҷаста Абӯрайҳони Берунию Умари Хайём, шоирони ширинкалому лисонулғайб Шайх Саъдӣ, Хоҷа Ҳофиз, Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва садҳо нафари дигар бо ин забон осори пурқимате эҷод карда, онҳоро ба хазинаи илму фарҳанги ҷаҳонӣ ба мерос мондаанд ва тавассути он моро бо ҷаҳон муаррифӣ намудаанд.

Қобили зикр аст мо ин ҷо як нуктаеро аз Паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забон хотир оварем, ки мегӯяд: «Забони модарии мо имрӯз низ қодир аст ҳамон рисолати таърихии худро идома диҳад ва барои густариши робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон бо давлатҳои минтақа, алалхусус, бо кишварҳои дорои муштаракоти забонӣ, фарҳангӣ ва таърихӣ бо мо, мисли Эрону Афғонистон мусоидат кунад».

Бо ҳамин мақсад, Конференсияи имрӯзаи мо дар ҳамкорӣ бо Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор мегардад. Боиси тазаккур аст, ки бунёди ин ҳамоиши илмиро Ёддошти тафоҳуми Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки соли 2014 дар арафаи Ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расида буд, ташкил медиҳад. Конференсия тибқи Нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конференсияҳо, симпозиюмҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2015, №106 ба имзо расидааст, роҳандозӣ мегардад. Бешубҳа қайд кардан ба маврид аст, ки Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон таҷрибаи ғанӣ ва бунёдие дар самти истилоҳшиносӣ ва истилоҳнигорӣ дорад. Бино бар ин, андӯхтани таҷриба аз якдигар дар самти танзим ва ҳамгунсозии истилоҳот аз манфият холӣ нахоҳад буд.

Забони мо имкониятҳои фаровоне дорад, ки истилоҳоти нави илму фанро метавонад дар қолаби таърихӣ гудохта, дар кӯраи суханварӣ обутоб дода, ба таври суфтаю пухта барои истифода ба соҳибонаш супорад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки забонамон метавонад асрҳо ба наслҳоямон хидмат намояд.

Ногуфта намонад, ки забонамон дар тӯли асрҳо чи дар замони Ҳахоманишиён, чи Сосониён ва чи Сомониён забони давлатдории онҳо буда, ҳам ба забони бисёр халқҳои ҳамсоя аз ҳисоби калимаю мафҳумҳои зубдаи худ вом медод ва ҳам аз онҳо иқтибос мегирифт. Ин падидаи забонӣ то имрӯз низ идома дорад.

Аммо имрӯз ки дар остонаи технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсия қарор дорем, таҳдиди технологияи муосир ба тамоми забонҳои дунё ҷиҳати дигаргун шудани низоми забон ба чашм мерасад. Забонҳои муосири тоҷикӣ, форсӣ, дарӣ ва дигар забонҳои ҳамтаъриху ҳамтақдири забонамон, ки дар илм бо номи забонҳои гурӯҳи эронӣ машҳуранд, ба мисли забонҳои бадахшонӣ ва забони яғнобии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаъмал гашта, забонҳои пушту, мунҷонӣ, парочӣ ва забонҳои помирии дар Афғонистону Покистон, забонҳои сариқӯлӣ ва вахонииЧин, забонҳои курдӣ, балуҷӣ, тотӣ, гелакӣ, мозандаронӣ, симнонӣ, гуронӣ, лурӣ, бахтиёрӣ ва ғ.-и Эрон, Ироқ, Туркия ва нимҷазираи Араб, забонҳои осетинӣ, тотӣ, толишии Қафқоз низ аз ин хатар эмин нестанд. Танҳо ҳамкориҳои судманди илмию фарҳангии мо метавонад садди роҳи чунин хатарҳо гардад. Ба ҳамин хотир, мо ҳамоиши илмиамонро «Масъалаи вожагузинӣ ва истилоҳоти забони тоҷикӣ-форсӣ» унвон кардем, ки масоили мубрами иртибот ба истилоҳотдоштаро мавриди таҳлили илмӣ қарор диҳем.

Боқӣ, ба ҳамаи Шумо дар татбиқи ҳадафҳои илмӣ барору комёбӣ мехоҳам.

Тансиҳату комёб ва пирӯз бошед!

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Суханронии раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (15 ноябри соли 2013)

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 15 Ноябр, 2013 - 11:47
Суханронии раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (15 ноябри соли 2013)

Суханронии раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи АИ ҶТ, доктори илми филология, профессор Д.Саймиддинов дар мизи мудаввар дар мавзӯи «Китоби дарсӣ ва масоили имло» (15 ноябри соли 2013)

Дар иртибот ба мавзӯи мизи мудаввари имрӯза мехоҳам чанд нуктаи муҳимро аз дастуру ҳидоятҳои Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба сиёсати давлатӣ дар бораи забон хотирнишон созам. Ҳанӯз 22 июли соли 2003 дар Номаи табрикотии хеш сарвари давлат чунин таъкид фармуда буданд: «Имрӯз мо ба услуби илмӣ, забони суфтаву шево ва оммафаҳми матбуот, забони коргузории устувор, истилоҳи ягонаи соҳаҳо, луғатҳои тафсирии якзабона, дузабона, имлои нисбатан возеҳу ба меъёрҳои забонамон хос эҳтиёҷ дорем….». Ин ҳидояти Президенти кишварро Кумита аз рӯзҳои нахусти фаъолият амалӣ намуда, Қоидаҳои имлои забони тоҷикиро бо ҷалби забоншиносон ва дар мувофиқа бо Академияи илмҳо ва кафедраҳои забони тоҷикии мактабҳои олӣ омода намуд. Пас аз тасдиқи Қоидаҳои имло бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2011, №458 аз фонди захиравии Президенти муҳтарами кишвар Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ нашр гардид

Баҳодиҳии муҳтаво: 
1
Баҳои миёна: 1 (1 овоз)

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (4 октябри соли 2012)

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 4 Октябр, 2012 - 18:58
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, (4 октябри соли 2012)

Дӯстони гиромӣ! Ҳозирини арҷманд! Мулоқоти мо ба хотири гиромидошти забони давлатӣ дар арафаи Рӯзи забон, ки дар иртибот ба тасвиби Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 5-уми октябр муқаррар шудааст, баргузор мегардад.
Аз соли 2009 ин сана ба феҳристи ҷашнҳои кишварамон ворид гардида, ҳамчун ҷашни умумимиллӣ дар саросари мамлакат таҷлил карда мешавад. Имрӯз мову шумо Рӯзи забонро дар рӯҳияи ифтихор аз арзишҳои фарҳанги миллӣ ва арҷ гузоштан ба ҳама муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ дар замони давлатдории миллӣ таҷлил менамоем.

Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои даврони истиқлолият дар шароити давлатдории навин барои рушди забони миллӣ дар мақоми забони давлатӣ аз тамоми шароиту имконот истифода менамояд. Рушди забони давлатӣ, ки ҳамчун муқаддасоти миллии мо пазируфта шудааст, аз вазифаҳои бисёр муҳими давлат барои ҳифзи арзишҳои волои миллӣ дониста мешавад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (5 октябри соли 2010)

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 5 Октябр, 2010 - 13:04
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (5 октябри соли 2010)

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, (5 октябри соли 2010)

Дӯстони гиромӣ! Ҳозирини арҷманд! Баъди ба тасвиб расидани Қонуни забон дар Иҷлосияи даҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бистудуюми июли соли 1989 ин сана ба ифтихори бузургдошти забони давлатӣ ҳамчун Рӯзи забони тоҷикӣ ба феҳристи ҷашнҳои миллии мо ворид карда шуд.
Дар ин муддат, алалхусус дар даврони истиқлолият ин ҷашн дар саросари кишвар бо ширкати фаъоли тамоми шаҳрвандон бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҳамасола таҷлил карда мешавад.
Соли гузашта мардуми шарифи Тоҷикистон бистумин солгарди ин санаи фархундаро ҳамчун арзи эҳтиром ба ин муқаддасот ва появу бунёди давлату давладтории миллӣ ҷашн гирифтанд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)
Subscribe to Кумита