Манбаъ: https://president.tj/tajikistan/proclamation_of_state_independence
Соли 1991 бо фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ таносуби манфиатҳои геополитикию геостратегии қудратҳои ҷаҳонӣ дигар шуд. Дар таърихи башар марҳалаи нави сиёсӣ, давраи нави зери нуфузи қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ қарор гирифтани қисматҳои ҷаҳон, пеш аз ҳама, қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Аврупои Шарқӣ фаро расид.
Бар асари қатъ гардидан ё коста шудани пайвандҳои иҷтимоию сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, нақлиётӣ ва дигар робитаҳо байни ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҳамчунин бархӯрди манфиатҳои неруҳои қудратталаби минтақавию ҷаҳонӣ Тоҷикистони тозаистиқлол ҳам ба буҳрони амиқи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ гирифтор шуд.
Ба Истиқлоли давлатӣ расидани Тоҷикистон низ ба ҳамин давраи ҳассоси таърихӣ рост омад.
Дар рӯзҳои вопасини салтанати давлати абарқудрати Шӯравӣ, ки дар саросари қаламрави он оташи низоъҳои милливу сиёсӣ аланга мезаданд, Иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) дар таърихи 24 августи соли 1990 «Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон»-ро пазируфт ва дар сарнавишти Тоҷикистон марҳалаи тозаи таърихиро оғоз кард.
Агарчи эъломияи мазкур ҷойи Тоҷикистонро дар чаҳорчӯбаи Иттиҳоди Шӯравии нав медид ва бовар дошт, ки «пайванди озодона ва баробарҳуқуқии миллатҳои Шӯравӣ дар чаҳорчӯбаи Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистии навшуда ба инкишофи ҳаматарафаи онҳо кафолат медиҳад». Мувофиқи он Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонист дар қаламрави худ тамоми масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маданиро, ба ҷуз аз ваколатҳое, ки ихтиёран ба салоҳияти Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ вогузор шуда буданд, мустақилона ҳаллу фасл намояд.
Эъломия Ҷумҳурии Тоҷикистонро масъул сохта буд, ки ҳуқуқи дахлнопазирии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ ва ҷумҳуриҳои иттифоқиро эҳтиром ва эътироф намояд. Ин эъломия бо ҳама фазилат ва аҳаммияти худ ҳанӯз маънии истиқлоли комили давлатиро ифода намекард, зеро дар моддаву бандҳои ҷудогонаи он нукоте таъкид шуда буданд, ки вобастагиҳое ба ҷумҳуриҳои дигарро тақозо менамуданд.
Дар муддати як соли аз қабули эъломия сипаригашта Тоҷикистон ва ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ бо дарназардошти воқеияте, ки босуръат ҷараён мегирифт ва таҳаввулоти азими ғайримунтазирро ба вуҷуд меовард, ба мазмуну муҳтавои истиқлоли худ аз нав рӯй оварданд ва барои дарёфти истиқлоли комил бо қатъият талош варзиданд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, бо дарки зарурати тағйиру иловаҳо ба Эъломияи 24 августи соли 1990 дар Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум 9 сентябри соли 1991 ин андеша чунин ифода гардид: «Тағйироти инқилобиро дар Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ ба назар гирифта, кӯшиши ҷумҳуриҳои соҳибихтиёри ба он дохилшавандаро оид ба аз нав барқарор намудани муносибатҳои байниҳамдигарӣ эҳтиром намуда, мувофиқи Эъломия дар бораи Истиқлолияти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, ки 24 августи соли 1990 қабул шуда буд, Шӯрои Олӣ истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон мекунад».
Дар ин баёнот ду матлаби муҳим ироа шудааст, ки тасмими қатъии Тоҷикистонро дар роҳи касби истиқлоли пурраи мамлакат равшан нишон медиҳад: якум, кӯшиши ҷумҳуриҳои соҳибихтиёр барои аз нав барқарор намудани муносибатҳои байниҳамдигарӣ; дувум, такмили мафҳуми «истиқлол» бо истилоҳи «давлатӣ», ки арзиш ва моҳияти байналмилалӣ дошт. Маҳз бо такя ба ин мавқеъгирӣ изҳороти мазкур Тоҷикистонро ба сифати субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ муаррифӣ карда буд.
Мутаассифона, раванди амалисозии гузариш ба низоми нави сиёсии ҷомеа, сохтори давлатӣ, таҷзияи шохаҳои ҳокимият, ислоҳоти сохторӣ дар ҳокимияти иҷроия бар асоси меъёр ва қонунҳои ҷомеаи демократӣ, ки оғози он дар Эъломия эълон гардида буд, дар натиҷаи муташанниҷ гардидани вазъи сиёсӣ, оғози ҷанги шаҳрвандӣ, мудохила ва манфиатҷӯйиҳои неруҳои моҷароҷӯйи дохилӣ ва берунӣ шикаст хӯрд ва ноком шуд.
Соли 1992 дар Тоҷикистон гурӯҳҳои тундрави ифротгаро чун неруи қавии қудратталаб шакл гирифта, мавқеи неруҳои демократиро заиф сохтанд ва бо сӯйиистифода аз фурсат ва имконоти равандҳои демократӣ ва озодихоҳӣ ба муборизаи ошкоро шурӯъ намуданд.
Мардуми бехабар аз бозиҳои сиёсӣ ва манфиатҷӯйиҳои неруҳои дохиливу хориҷӣ ба ду сангар тақсим шуданд. Дар ду майдони ҳамшафати маркази шаҳри Душанбе, ки он вақт, яке «Шаҳидон» ва дигаре «Озодӣ» номида мешуд, гирдиҳамоиҳои серодам ташкил ёфтанд.
Талабу дархостҳои ҷонибдорони ду майдон комилан муқобили ҳамдигар буданд. Дар чунин ҳолат вазъияти сиёсии пойтахт ва умуман кишвар башиддат мураккаб шуд.
Тавҳину таҳдидҳои мутақобилаи гирдиҳамомадагони ду майдон то ба ҳадде шиддат гирифтанд, ки дигар онҳо гӯшу ҳуши шунидан ва таҳаммули фикру ақидаи ҳамдигарро надоштанд.
Ба майдони муборизаҳои сиёсӣ ва мансабталошӣ кашидани мардуми одӣ, ки аз умқи ин сиёсатбозиҳо ва қудратталабиҳои пурхатар огоҳии комил надоштанд, яке аз сабабҳои асосии ба вуқӯъ пайвастани ҳодисаҳои фоҷиабори он замон ба шумор меравад.
Муборизони роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ, хусусан мардуми одии гирдиҳамомада, гумон ҳам надоштанд, ки кор то ҷанги бародаркушӣ мерасад.
Гурӯҳҳои тундрави ифротгаро бо дастуру фармоиши хоҷагони хориҷии худ барои ба қудрати сиёсӣ расидан солҳои зиёд омода шуда буданд ва аз рафтору гуфторашон баръало аён буд, ки аз ҳеҷ гуна пайомади муборизаи ҳадафмандонаашон ҳарос надоранд.
Ҳамин тавр, сарриштаи муборизаҳои сиёсии неруҳои демократии кишвар, ки хуб ташаккул наёфта буданд ва таҷрибаи кофии сиёсӣ низ надоштанд, ба зудӣ ба дасти гурӯҳҳои тундрав гузашт. Онҳо бо суханпардозиҳои моҳиронаву соҳирона мардуми одиро чунон ба доми худ кашида буданд, ки дигар майдони андешаи солим танг шуд.
Дар шаҳри Душанбе аз ҷониби неруҳои мухолифи Ҳукумат як созмоне бо номи «Ситоди наҷоти Ватан» ташкил шуд, ки аслан, як дастгоҳи истинтоқу шиканҷаи шахсони ба кор ва афкори онҳо муқобил буд.
Моҳи апрели соли 1992 гурӯҳҳои тундрави мухолифон кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президент, Ҳукумат ва Шӯрои Олии мамлакат, аз ҷумла 15 нафар вакилони Шӯрои Олӣ ва 2 нафар муовини Раиси Шӯрои вазирони мамлакатро гаравгон гирифтанд. Роҳбари Гвардияи президентӣ генерал Баҳром Раҳмонов ба ҷониби иттиҳоди мухолифони Ҳукумат гузашт. Президенти Тоҷикистон Раҳмон Набиев аз ҳисоби гирдиҳамомадагони майдони «Озодӣ» Гвардияи нави миллӣ ташкил намуд.
Ҳамин тариқ, намояндагони ҳар ду майдон аввал бо калтаку белу каланд, баъдан, бо силоҳи оташфишон мусаллаҳ шуданд. Дар миёни ду майдон, аниқтараш дар чорроҳаи хиёбони Рӯдакӣ (имрӯза кӯчаи ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур), ки дар наздикии меҳмонхонаи «Тоҷикистон» воқеъ аст, ҳатто як тӯпхона – аслиҳаи вазнини артилерӣ низ рӯ ба ҷониби майдони «Озодӣ» гузошта шуд.
5 майи соли 1992 бори нахуст, дар рӯйи ҳавлии бинои Шӯрои Олӣ тирпарронӣ баргузор шуд, ки дар натиҷа сармуҳаррири нашрияи парлумонии «Садои мардум» Муродулло Шерализода қатл карда шуд. Худи ҳамон рӯз дар деҳаи «Олӣ Совет»-и ноҳияи Ленин (ҳозира Рӯдакӣ) бар асари нахустин тирпарронии ду гурӯҳи мусаллаҳи ба ҳам муқобил якчанд нафар ҷавонони бегуноҳ ҳалок гардиданд. Он рӯз муборизаи сиёсӣ ба муқовимати мусаллаҳона табдил ёфт ва ҷанги хунину нангини шаҳрвандии бародаркуш оғоз шуд.
Ба хотири авҷ нагирифтани амалиёти ошкорои ҷангӣ дар шаҳри Душанбе ва пешгирӣ аз хунрезии зиёд, гирдиҳамомадагони майдони «Озодӣ» пароканда шуда, бо аслиҳае, ки барояшон дода буданд, тарки пойтахт намуданд.
Президенти вақти кишвар Раҳмон Набиев зимоми идораи давлатро аз даст дода, аз таҳдиди ошкоро ба ҷони худ, нахуст дар бинои Вазорати амнияти миллӣ ва сипас дар қароргоҳи «Дивизияи 201»-и Федератсияи Русия паноҳ ёфт.
Моҳи майи соли 1992 «Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ» таъсис дода шуд, ки ба он аз роҳбарони Иттиҳоди неруҳои оппозитсиони тоҷик 9 нафар шомил гаштанд. Аммо ин тадбир ба ором гардидани вазъи сиёсии кишвар таъсире нарасонид.
Охири моҳи май мухолифон кӯшиш намуданд, ки Шӯрои давлатӣ таъсис дода, зимоми идораи давлатро ба даст гиранд, аммо ин нақшаашон амалӣ нагашт.
Аз ноуҳдабароии мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, ки зери таъсири ифротгароёни динӣ ва мухолифони тундрав қарор гирифта буданд, вилояти ҳамонвақтаи Кӯлоб дар муҳосираи шадиди иқтисодӣ афтод. Мардум ба хатари гуруснагӣ рӯ ба рӯ шуданд. Аз нарасидани орду гандум қисме аз аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилояти Кӯлоб маҷбур шуданд, ки ҳатто сабӯсу кунҷораро истеъмол намоянд. Ин ҳолат ба хуруҷи бесобиқаи бемориҳои вазнини сироятӣ (ҳелиотропӣ) боис шуд. Дар ноҳияи Фархору Восеъ аз чунин бемориҳо шахсони зиёд фавтиданд.