Сентябр 2018

Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Муҳити корбурд ва инкишофи забонҳои бумии Тоҷикистон» (5 октябри соли 2018)

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 7 Сентябр, 2018 - 15:55

     Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 5-уми октябри соли 2018 Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявиро бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Муҳити корбурд ва инкишофи забонҳои бумии Тоҷикистон» бо иштироки олимону донишмандони кишвар ба нақша гирифтааст.
     Дар Конференсия масъалаҳои марбут ба мушкилот ва рушду инкишофи забонҳои бумии кишвар, инчунин, аҳамияти онҳо дар такомули минбаъдаи забони давлатӣ баррасӣ хоҳад шуд.
     Барои иштирок дар Конференсия матни маърӯзаро то 25-уми сентябри соли 2018 ба нишонии мо: шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод 25, ошёнаи 3-юми бинои Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ё ин ки почтаи электронии Кумита kumitaizabon@mail.ru пешниҳод намоед.
Талабот ба таҳияи маърӯзаҳо:
     Маърӯзаро дар ҷаҷми аз 4 то 6 саҳифаи чопӣ дар формати Word, варақаи андозаи А 4, фосилаҳо аз боло 2 см., аз поён 2 см., аз чап 3 см., аз рост 1,5 см., фосилаи байни сатрҳо 1,5 ҳуруфи Times New Roman ва Times New Roman Tj, андозаи ҳарфҳо 14 дар шакли хаттӣ ва электронӣ пешниҳод кардан зарур аст. Ному насаб, унвон ва дараҷаи илмӣ, вазифаи ишғолкардаи муаллиф бо пуррагӣ дар гӯшаи рости варақ баъди унвони маърӯза ҷойгир карда шавад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Мизи мудаввар дар мавзӯи «Истиқлолияти миллӣ ва забони давлатӣ»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 7 Сентябр, 2018 - 15:55
Кумитаи забон ва истилоҳот

Имрӯз дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Истиқлолияти миллӣ ва забони давлатӣ» баргузор гардид.
Дар он кормандони Кумита дар мавзӯҳои гуногуни мубрами рӯз суханронӣ намуда, Истиқлолиятро беҳтарин неъмати бебаҳо шуморида, онро безаволтарин дастоварди миллӣ шумориданд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)