Сентябр 2023

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 4 Сентябр, 2023 - 16:34

Ҳамватанони азиз!
Муҳтарам аҳли илму маориф, устодону омӯзгорон, донишҷӯёну хонандагон, падару модарони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Таҷлили Рӯзи дониш ва баргузории Дарси сулҳ дар оғози соли хониш яке аз анъанаҳои неки даврони соҳибистиқлолӣ, тантанаву бузургдошти саводу дониш ва хираду маърифати мардуми куҳанбунёди тоҷик мебошад.

Воқеан, илму дониш аз замонҳои хеле қадим то даврони мо неруи асосӣ ва воситаи пешбарандаи ҳар як ҷомеа, аз ҷумла Тоҷикистони мо ба ҳисоб меравад.

Оғози соли нави таҳсил, Рӯзи дониш ва дарси сулҳро ба ҳамаи хонандагону донишҷӯён, аз ҷумла ба онҳое, ки имрӯз бори аввал ба остонаи мактаб қадам гузоштанд, ба аҳли илму маорифи мамлакат ва падару модарони гиромӣ самимона табрик мегӯям.

Чун соли хониш бо дарси сулҳ оғоз мегардад, мехоҳам андешаҳои худро доир ба ин масъала мухтасар баён намоям.

Тайи даҳсолаҳои охир, яъне охири асри 20 ва оғози садсолаи 21-ум вазъи сайёра бар асари талоши абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон бисёр ҳассосу ноором гардид.

Хусусан, ҳодисаву воқеаҳои вақтҳои охир, аз ҷумла бархӯрди манфиатҳо, мухолифату низоъҳои сиёсиву низомӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, торафт возеҳ гардидани нишонаҳои «ҷанги сард» ва гузариши он ба «марҳалаи гарм» дар минтақаҳои гуногуни дунё, инчунин, тағйирёбии босуръати иқлими сайёра имрӯз ҳаёти инсониятро зери хатари ҷиддӣ қарор додаанд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

ФЕҲРИСТИ НОМҲОИ МИЛЛИИ ТОҶИКӢ - 2023

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 5 Сентябр, 2023 - 20:39

БА ФЕҲРИСТИ НОМҲОИ МИЛЛИИ ТОҶИКӢ ТАВАССУТИ ИН ПАЙВАНД ВОРИД ШАВЕД

 

Замима ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз «2» марти соли 2023, № 83

ФЕҲРИСТИ НОМҲОИ МИЛЛИИ ТОҶИКӢ

Баҳодиҳии муҳтаво: 
3
Баҳои миёна: 3 (2 овоз)

Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба ифтихори 32-юмин солгарди Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 7 Сентябр, 2023 - 15:55

     Бо мақсади иҷрои банди 2.4.- Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2023 ва Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таҷлили Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 7-уми сентябри соли равон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба ифтихори 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кумита баргузор гардид, ки дар он Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, роҳбарият ва кормандони Кумита иштирок намуданд.
     Маҷлисро суханронии раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшида, сипас Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, профессор Эмомалӣ Насриддинзода оид ба нақши Истиқлол дар ҷомеаи соҳибихтиёри мо ва аҳаммияти таърихии он барои минбаъдаи ободи кишварамон суханронӣ намуда, саҳми Пешвои миллатро дар шукуфоии кишварамон бузург арзёбӣ кард. Ҳамзамон, Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Н. Оқилзода аз шукӯҳи соҳибистиқлоли кишварамон ва рушду густариши забони давлатӣ дар ин давра суханронӣ намуд.
     Дар чорабинӣ, ҳамчунин, аз ҷониби барномасози Кумита ва узви маҳфили «Посодорон ва дӯстдорон»-и Кумита Ибрагимов В.М., ки барномаи «Mozilla Firefox»-ро бо забони тоҷикӣ таҳия намудааст, рӯнамоӣ гардид, ки он аз рӯзи 9-уми майи соли 2023 дар шабакаи Интернет ҷой дода шудаву фаъол мебошад.
Ёдовар шудан бамаврид аст, ки забони тоҷикӣ бо чунин барномаи интернетӣ неру ва тавонмандии воқеии худро дар ҷаҳон нишон дода, дар барномаҳои ҷаҳонӣ муаррифӣ мешавад, ки дар байни 190 забон дар даҳ ҷойи аввали забонҳои шабакаи интернетӣ қарор дорад.
     Дар анҷом, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода ба ҳуқуқшинос, узви Ҳайати мушовараи Кумита – Мансурӣ Шодмон Ҷамолиддинзода медали «Хизмати шоиста»-ро аз номи Пешвои миллат тақдим намуда, иштирокдорони маҷлисро барои арҷгузорӣ ба забон ва эҳтиром ба ҳама муқаддасоти олиамон, аз ҷумла, Забон ва Истиқлол даъват карда, саҳмгузорӣ ва ҳамкориҳои пайвастаро бо Кумита дар таҳкими пешбурди сиёсати давлатии забон дар кишвар муҳим арзёбӣ намуда, ҳозиринро ба Ҷашни нурасратёби Истиқлоли давлатӣ табрик намуданд.

Масъули ВАО
Раҳим Зулфониён
Сардори шуъбаи танзими истилоҳот

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Паёми шодбошӣ ба муносибати 32-солагии истиқлоли давлатӣ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 9 Сентябр, 2023 - 11:11

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шумо ва ҳамдиёрони бурунмарзиамонро ба ифтихори ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ – сиюдусолагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.

Ин рӯйдоди бузург дар таърихи беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик ва сарнавишти мардуми мо гардиши куллӣ ба вуҷуд овард ва ба шарофати он мо соҳиби давлати соҳибихтиёр гардидем.

Истиқлолу озодӣ барои мо рамзи воқеии ифтихор аз Ватану ватандорӣ, бузургтарин имконияти давлатсозиву давлатдории мустақил, илҳомбахши азму талошҳои созанда ба хотири таъмин намудани рушди давлат, ободии Ватан, зиндагии осоиштаи мардуми Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии ҳар як оилаи кишвар мебошад.

Имрӯз аз таърихи пурифтихори давлати соҳибистиқлоламон дар зарфи сию ду соли сипаришуда хуб мушоҳида мегардад, ки ин марҳала дар муқоиса бо таърихи бостонии халқамон муҳлати чандон тӯлонӣ нест, вале бо миқёси корҳои дар ин муддат амалигардида камназир ба ҳисоб меравад.

Тоҷикистони азизи мо баъди эълони истиқлолият роҳи бунёди давлатдории навини миллиро пеш гирифт ва дар шароити бисёр ҳассосу фоҷиабор, яъне ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ соҳиби рамзҳои давлатӣ гардид, ки муаррифгари давлати тозаистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ ва боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди кишвар мебошанд.

Ҳамзамон бо ин, мо бо мақсади арҷгузорӣ ба ҳофизаи таърихӣ ва гузаштаи пурифтихори халқамон арзишҳои давлатдорӣ ва суннатҳои тамаддунсозии ниёгони худ, аз ҷумла давлатдории Сомониёнро эҳё намудем.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Иқтибос аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 26 Сентябр, 2023 - 11:39

Моддаи 22. Мамониат барои таъин ё интихоб шудан ба мансабҳои давлатӣ ва мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда

1. Шахс дар чунин мавридҳо наметавонад ба мансабҳои давлатӣ ё мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда таъин ё интихоб шавад:

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Нақшаи чорабиниҳои Кумита оид ба амалисозии «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» барои соли 2023

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 26 Сентябр, 2023 - 11:45
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

Барномаи зиддикоррупсионии дохилиидоравии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 26 Сентябр, 2023 - 11:53
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барномаи зиддикоррупсионии дохилиидоравии Кумита

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 26 Сентябр, 2023 - 12:01
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 26 Сентябр, 2023 - 12:06
Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 26 Сентябр, 2023 - 12:16
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОЧИКИСТОН ДАР БОРАИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 26 Сентябр, 2023 - 12:19
Баҳодиҳии муҳтаво: 
4
Баҳои миёна: 4 (2 овоз)

НИШОНИИ КУМИТА

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 26 Сентябр, 2023 - 11:39

Барномаҳои рушд

Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод, 25

Шуъбаи умумӣ:
+992 (37) 227-59-38
+992 (37) 227-78-29
Почтаи эл: info@kumitaizabon.tj

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)