Номҳои тоҷикона таблиғ мешаванд
Аз қабули қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи “Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ” ҳамагӣ 2 сол сипарӣ шуд. Дар ин муддати кӯтоҳ теъдоди номҳои зебою дилчаспи тоҷикона дар байни аҳолии кишвар хеле рӯ ба афзоиш ниҳод. Аксарияти падару модарон номи кӯдакони хешро бо риояи талаботи Феҳрист интихоб карда, ба ҳусни ҷигарбандонашон зебоии дигар зам намуданд. Фаъолияти мақомоти сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ оид ба номгузории миллӣ низ тибқи қарори мазкур ба роҳ монда шуд.
Бо вуҷуди дастовардҳои забонӣ, ки симои миллии моро ифода менамоянд, мушоҳидаҳо маълум месозанд, ки китоби “Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ” ҳанӯз ба дастури рӯйимизии ҳамаи кормандони соҳаи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ табдил наёфта, дастраси аксар хонаводаҳо нагаштааст. Зикр бояд кард, ки номҳои ба Феҳрист воридгардида, ҳадди охирин набуда, дар асоси он тағйиру иловаҳо пешкаши аҳолии кишвар мешавад.
Ин ва дигар масъалҳои марбут ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи “Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ” дар семинар-машварати кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони масъули идораҳои сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии ҷумҳурӣ, шуъбаҳои шиносномадиҳӣ, муассисаҳои таълимӣ ва падару модарон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.