Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр
Ҳамватанони гиромӣ!
Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии иди саиди Фитр табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо саломатӣ, осоишу оромӣ ва файзу баракат орзу менамоям.
Махсусан, кишоварзони заҳматқарини мо рӯзҳои баҳориро самаранок истифода карда, кишти зироатҳоро сари вақт ба анҷом расониданд ва бовар дорам, ки дар кишвар барои ҳосили фаровон заминаи устувор гузошта шуд.
Мардуми мо дар арафа ва рӯзи иди мубораки Фитр ба зиёрати падару модарони худ, аёдати беморону азодорон мераванд, дар ҳаққи гузаштагон дуои хайр мекунанд, ба ятимону маъюбон ва дигар шахсони ниёзманд кумак мерасонанд.
Воқеан, додани фитри рӯза, дигар хайроту садақот ва анҷом додани амалҳои хайру савоб дар ҳаққи ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату эҳтиёҷманд аз ҷумлаи вазифаҳои инсонӣ ва қарзи имонии ҳар як шахси муъмину савобҷӯй мебошад.
Дар ояти шастуми сураи «Тавба»–и Қуръони маҷид Худованд мефармояд: – «Ҷуз ин нест, ки садақаҳо барои фақирон ва мискинон ва омилони садақот ва онон, ки дилҳояшон улфат дода мешавад… ва барои мусофирон аст».
Ҳамдиёрони азиз!
Тавре ки то имрӯз чандин маротиба таъкид карда будам, тибқи арзёбии мутахассисону коршиносон ва изҳороти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ соли 2021 аз ҳама ҷиҳат ва дар навбати аввал, аз лиҳози таъминот бо озуқаворӣ дар тамоми сайёра дар таърихи 90 – 100 соли охир яке аз солҳои вазнинтарин хоҳад шуд.