Эълонҳо

«Забони миллат- ҳастии миллат»- китоби нави Эмомалӣ Раҳмон

«Забони миллат- ҳастии миллат»- китоби нави Эмомалӣ Раҳмон

Китоби нави Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат - ҳастии миллат» баргузор шуд.
Абдуҷаббор Раҳмонзода – Ёрдамчии Президенти кишвар оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дар сухани муқаддимотии худ дар остонаи ҷашни ҷамшедии Наврӯз нашр гардидани китоби «Забони миллат – ҳастии миллат»-ро дастоварди бузурги илмию фарҳангӣ ва муждаи наврӯзӣ барои миллати тоҷик ва кулли форсизабонони ҷаҳон арзёбӣ кард.
Зикр шуд, ки китоби нави Эмомалӣ Раҳмон доир ба сарнавишти таърихии забони тоҷикӣ, шебу фарозҳои он дар масири зуҳуру густариш ва зарфиятҳои фароху фарогири забони тоҷикӣ маълумот медиҳад.
Дар асар решаҳои ориёии забони тоҷикӣ бо далелҳои қавии илмӣ ва таърихӣ исбот шудаанд. Ҳамчунин даврабандии таърихии забони тоҷикӣ дар асоси маводи нави илмӣ матраҳ шудааст.
Дар маҷмӯъ асари мазкур фарогири бузургтарин сарчашмаҳои таърихию тамаддуни тоҷикон аст. Хусусан муаллифи асар – Пешвои миллат таърихи пайдоиши забони тоҷикиро дар фасли алоҳидаи китоб таҳти унвони «Забони миллат – ҳастии миллат» гирд овардааст.
Зикр мешавад, ки зодгоҳи асосии забони тоҷикӣ Хуросону Мовароуннаҳр, соҳили чапу рости рӯди Ому, хусусан қаламрави ҳозираи Тоҷикистон аст. Ҳамзамон дар асар доир ба сарнавишти забони тоҷикӣ дар замони истилои араб дар асоси сарчашмаҳои таърихӣ маълумоти илмӣ оварда шудааст, ки он барои пажӯҳиши дурнамои забоншиносӣ дастури муфиди илмӣ маҳсуб мешавад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 

5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявии «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар ҳифзи асолати забон ва меъёрҳои он»

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки Кумита 3-юми октябри соли 2017 Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар ҳифзи асолати забон ва меъёрҳои он»-ро бо иштироки олимону донишмандони кишвар ба нақша гирифтааст.
Дар конференсия масъалаҳои марбут ба қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва ҷанбаҳои мусбату мушкилоти он баррасӣ хоҳад шуд.

Барои иштирок дар конференсия матни маърӯзаро то 22-юми сентябри соли 2017 ба нишонии мо: шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод 25, ошёнаи 3-юми бинои Тоҷикфилм ё ин ки почтаи электронии Кумита kumitaizabon@mail.ru пешниҳод намоед.

Талабот ба таҳияи маърӯзаҳо:
Маърӯзаро дар ҳаҷми аз 4 то 6 саҳифаи чопӣ дар формати Word, варақаи андозаи А 4, фосилаҳо аз боло 2 см., аз поён 2 см., аз чап 3 см., аз рост 1,5 см., фосилаи байни сатрҳо 1,5 ҳуруфи Times New Roman ва Times New Roman Tj, андозаи ҳарфҳо 14 дар шакли хаттӣ ва электронӣ пешниҳод кардан зарур аст. Ному насаб, унвон ва дараҷаи илмӣ, вазифаи ишғолкардаи муаллиф бо пуррагӣ дар гӯшаи рости варақ баъди унвони маърӯза ҷойгир карда шавад.
Маводи конференсия дар шакли маҷмӯа чоп мешавад.

Телефонҳо барои тамос: 227-59-25;227-64-51; 92-721-53-46. Почтаи электронӣ: kumitaizabon@mail.ru.
Комиссияи тадорукот

Баҳодиҳии муҳтаво: 

Ҳоло баҳо надорад

Даъват ба фаъолияти ихтиёрӣ (волонтёрӣ)

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоми шаҳрвандони дохил ва хориҷи кишвар, дӯстдорони забони тоҷикӣ муроҷиат менамояд, ки метавонанд ихтиёриёни (волонтёрони) Кумита шуда, лоиҳаҳо, фикру андешаҳо ва дархостҳои худро барои рушди забони тоҷикӣ ба Кумита тавассути сомонаи мо дар шакли зер пешниҳод намоянд:

Баҳодиҳии муҳтаво: 

5
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар ҳифзи асолати забон ва меъёрҳои он» (3 октябр 2017)

Китобхонаи миллӣ

Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3-юми октябри соли 2017, соати 900 дар толори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар ҳифзи асолати забон ва меъёрҳои он» баргузор мегардад.

Конференсияи мазкур бо иштироки забоншиносон, олимон, донишмандон, муҳаққиқони пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ, намояндагони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо баргузор мегардад.

Дар конференсия зиёда аз 30 маърӯза пешниҳод шудааст, ки дар он масъалаҳои «Асолати забони тоҷикӣ дар Осиёи Миёна», «Истиқлолият ва нақши имло дар танзими забони миллӣ», «Забон ҳамчун ниҳоди бунёдии ҷомеа», «Мушкилоти имло дар навишти реклама», «Зарурати татбиқ ва истифодабарии барномаҳои компютерӣ барои осонсозии риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ», «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар ҳифзи асолати забони давлатӣ» ва ғайра мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

Баҳодиҳии муҳтаво: 

Ҳоло баҳо надорад
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.
Шумо дар матни зерин хатои имлоро пайдо кардед:
Барои фиристодани гузориш, шарҳи худро гузошта, тугмаи "Фиристодани гузориши хатои имло"-ро зер кунед