Конференсияи байналмилалӣ «Вазъи забони тоҷикӣ дар минтақаҳои тоҷикнишини Осиёи Марказӣ»
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси банди 118-и қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми марти соли 2019, №79 «Дар бораи Нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019»
ба ифтихори 10-солагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Нақшаи кории Кумита конференсияи байналмилалиро таҳти унвони «Вазъи забони тоҷикӣ дар минтақаҳои тоҷикнишини Осиёи Марказӣ» ба нақша гирифтааст, ки он бо иштироки олимону донишмандони кишварҳои хориҷӣ рӯзи 5-уми октябри соли равон (соати 9:00) дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Забони кории конференсия: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.
Дар конференсия масъалаҳои зерин баррасӣ хоҳанд шуд:
-рушди забони тоҷикӣ дар минтақаҳои тоҷикнишини Осиёи Марказӣ;
-вазъи таълими забони тоҷикӣ дар минтақаҳои тоҷикнишини Осиёи Марказӣ;
-масоили таблиғоти иттилоотӣ, ВАО (матбуот) бо забони тоҷикӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ;
-таҳқиқи осори хаттии қадимаи тоҷикон дар пажӯҳишгоҳҳои илмии кишварҳои хориҷӣ;
-нақши забони тоҷикӣ дар пешбурду рушди адабиёту фарҳанги кишварҳои Осиёи Марказӣ;
-тарҷумаи осори адибони тоҷик дар кишварҳои Осиёи Марказӣ;
-робитаи забонию фарҳангӣ бо тоҷикони хориҷи кишвар;
-вазъи таҳияи фарҳангномаҳои дузабона – забони тоҷикӣ ва дигар забонҳои хориҷӣ.
Талабот ба таҳияи маърӯзаҳо:
Маърӯза дар ҳаҷми аз 5 то 8 саҳифаи чопӣ дар формати Word, варақаи андозаи А4, ҳуруфи Times New Roman TJ, андозаи ҳарфҳо 14, фосилаи байни сатрҳо 1,5 дар шакли хаттӣ ва электронӣ пешниҳод карда шавад.
Ному насаб, унвон ва дараҷаи илмӣ, вазифаи ишғолкардаи муаллиф, номи ташкилоту муассисаи ҷойи корӣ/таълимӣ; кишвар, шаҳр бо пуррагӣ дар гӯшаи рости варақ баъди унвони маърӯза ҷойгир карда шавад.

Иштирокдорон метавонанд маводи худро то 30-юми августи соли 2019 ба нишонии мо: шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод 25 ё ин ки ба нишонии почтаи электронии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (kumitaizabon@mail.ru [1]) ва факси Кумитаи мазкур (+992 227-78-29) ирсол намоянд.
Қарори Комиссияи тадорукот оид ба ворид намудани маърӯзаҳо ба барномаи Конференсия рӯзи 20-уми сентябри соли 2019 тавассути почтаи электронии даъватшавандагон эълон карда мешавад.
Телефонҳо барои тамос: 227-64-51; 927-21-53-46
Категория:
- Ахбори рӯз [2]
- Забони тоҷикӣ [3]
- Эълонҳо [4]