Навигарӣ
СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2025 МУБОРАК БОШАД
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Паёми имсолаи Роҳбари давлат дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дар бинои нави мақоми олии қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олӣ баргузор мегардад.
Ба ин муносибат ҳамаи шумо – вакилони муҳтарамро табрик мегӯям.
Соли ҷорӣ мардуми шарафманди Тоҷикистон 30-юмин солгарди қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро бо ифтихору шукргузорӣ аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ таҷлил намуданд.
Конститутсия ҳамчун санади тақдирсози давлати тоҷикон заминаи ҳуқуқии давлатдории мустақил, соҳибихтиёрии миллӣ ва рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи кишварро фароҳам овардааст.
Ҳоло кишвари мо дар марҳалаи нави тараққиёти худ қарор дошта, бо амалӣ намудани стратегияву барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст.
Дар баробари ин, нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», тағйирёбии иқлим, инчунин, канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ моро водор месозанд, ки барои пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти кишвар тадбирҳои саривақтӣ андешем.
Дар ин ҷода моро зарур аст, ки дар заминаи амалисозии ҳадафҳои миллиамон, пеш аз ҳама, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намоем ва сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баланд бардорем.
Зеро мардуми мо мисли халқҳои дигар мамолики мутамаддин ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд.
Ин аст ҳадафи олии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон.
Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати мунтазам беҳтар гардонидани шароити зиндагии мардум нақшаҳои бузурги созандагиро роҳандозӣ карда истодааст.
Соли 2024-ум ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба беш аз 150 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуд.
Қобили зикр аст, ки дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоизро ташкил дод.
Ҷиҳати рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва амалисозии лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории давлатӣ, инчунин, татбиқи нақшаву барномаҳои миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ дар панҷ соли охир аз ҳисоби буҷети давлат ва сармояи дохиливу хориҷӣ зиёда аз 197 миллиард сомонӣ равона карда шуд.
Барои иҷрои нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва сокинони бонангу номуси кишвар дар се соли охир беш аз 20 миллиард сомонӣ хароҷот карда шуд.
Корҳое, ки дар ин самт анҷом дода шуданд, ба таъмин гардидани нишондиҳандаҳои пешбинигардидаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва пешрафту ободии шаҳру деҳоти мамлакат мусоидат намуданд.
Дар доираи нақшаи зикргардида дар се соли охир дар мамлакат беш аз 1500 иншооти соҳаи маориф, яъне муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, 660 иншооти соҳаи тандурустӣ, 480 иншооти варзиш, 175 иншооти фарҳангу фароғат ва ҳазорҳо иншооти дигари истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд.
Дар ҳамаи ин корҳои хайри ободонӣ саҳми соҳибкорон ва сокинони мамлакат бисёр бузург мебошад.
Дар Кумитаи забон ва истилоҳот бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ва Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш баргузор гардид
Рӯзи 11 декабри соли 2024 дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи Соли маърифати ҳуқуқӣ ва Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш баргузор гардид.
Дар ҳамоиш муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сахидод Раҳматуллозода, Сарнозири раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон майори адлия Акрамзода Ёсуман Абдуҳалим ва кормандони Кумита иштирок намуданд.
Иброз гардид, ки дар Тоҷикистон чун ҷузъи ҷудонопазир ва комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд диққати махсус равона гардидааст.
Ҳамин аст, ки дар робита ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид, ки дар замони муосири тағйирёбанда басе муҳим буда, моро ҳушдор медиҳад, ки ба ин санади сарнавиштсоз арҷ гузорем.
Дар Конститутсияи ҷумҳурӣ тибқи моддаи 5, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ ба сифати арзиши олӣ шинохта шудааст ва давлат масъул гардидааст, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф, риоя ва ҳифз намояд.Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи парчами давлатии Тоҷикистон
Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи парчами давлатӣ, ки рамзи соҳибихтиёрӣ, ваҳдату ягонагӣ ва сарфарозии миллати куҳанбунёдамон мебошад, самимона табрик мегӯям.
Ойини парчамдории халқи мо дар масири таърихи чандинҳазорсолаи он умеду ормон ва дастовардҳои мардуми сарбаланди мо, яъне давраҳои гузаштаи давлатдории тоҷикон ва даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистони навинро таҷассум менамояд.
Тасвиру хусусиятҳои хоси Дирафши Ковиён, ки ҳоло дар Ливои Президенти Тоҷикистон ҳамчун рамзи пойдории давлатдории миллии мо инъикос ёфтаанд, таҷассумгари асолату ҳувияти миллӣ ва нангу номуси тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунсоз ва соҳиби таърихи бостонӣ ба шумор мераванд.
Парчами давлатӣ дар раванди бунёди давлатдории навин нишонаи возеҳи соҳибдавлатии миллат, мояи ифтихори шаҳрвандон ва омили муҳимтарини иттиҳоду сарҷамъии мардум ба хотири ҳимояи истиқлолу озодии Ватан ва илҳомбахши ҳар як фарди ҷомеа барои заҳмати содиқона ба хотири фардои ободу осуда мебошад.
Хусусан, дар вазъи мураккабу пешгӯйинашавандаи ҷаҳони имрӯза Парчами давлатии мо ба рамзи ҳувияти миллӣ, садоқат ба Ватан, ҳифзи марзу буми он ва ҳимояи манфиатҳои давлату миллат табдил ёфтааст.
Сатрҳои «Зи дурии замонаҳо расидаем, ба зери Парчами ту саф кашидаем», ки дар Суруди миллии кишвар садо медиҳад, дар замири ҳар як шахси огоҳу бедордил хотираи пур аз ифтихори таърихӣ ва эҳсоси садоқат ба ойину анъанаҳои деринаи миллиро бедор месозанд.
Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!
Дирафши мо
Дирафши мо
Дирафши ковиёнӣ, бостону ҷовидон дорам
Шарафмандона шуҳрат з-он чу тоҷи зарфишон дорам
Ба имрӯз аз азал рамзи равону ҳам тавонам ҳаст.
Ба ҷавлонаш навиди ифтихору
Ҳастию руҳи равон дорам.
Дирафши ман,
Ту рамзи ҳастии ҷонам!
Ту парварди ниёгонам!
Башорат аз ниёгонам!
Ғурури Оли Сомонам!
Ту то ҳастӣ ватан дорам!
Нажоди хештан дорам!
Ба то ҳоле забон дорам,
Нишон дорам!
Сари боло миёни мардумон дорам!
Зи мавҷи ту Дирафшам, ман...
Ниё з-он ҳафт руҳи аҳрамаспи ҷовидони осмон дорам!
Парафшонит зи Ваҳдат!
Эй, ту рамзи марзбони ман!
Туйӣ бунёду бас њамсози миллат, ҳам ту пирӯзӣ!...
Ба ҷони ман!
Муқаддас ту!
Дурахшо. Партав афшон!
Шукр! Сад бар ту сипосам! Ба ҳастиат бинозам!
Ҷаҳон то ҳаст, хушрӯзам,
Ки зеро то Дирафши Ковиён дорам,
Замин дорам, замон дорам!...
Ватан дар ин ҷаҳон дорам!
Дирафши тоҷикон дорам!
Бақои ориён дорам!!!
Дирафши ман,
Ту рамзи ҳастии ҷонам!
Ту парварди ниёгонам!
Башорат аз ниёгонам!
Ғурури Оли Сомонам!
Ту то ҳастӣ ватан дорам!
Нажоди хештан дорам!...Раҳими Зулфониён
Мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рӯзи 21-уми ноябри соли 2024 дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ таҳти унвони «Парчам – рамзи давлат ва Истиқлоли миллӣ» баргузор гардид. Дар мизи мудаввар роҳбарият ва кормандони Кумита иштирок намуданд, ки он бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Ҳамоиши илмӣ дар мавзуи “Нақши ҷавонон дар даврони Истиқлол” ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷашни 33-солагии соҳибистиқлолии кишвар
14-уми ноябри соли 2024 дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-уми июли соли 2024, №30251 (26.5), барқияи ҳукуматӣ аз 25-уми октябри соли 2024, №16/10-95 оид ба сазовор таҷлил намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди навбатии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳамоиши илмӣ дар мавзуи “Нақши ҷавонон дар даврони Истиқлол” ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷашни 33-солагии соҳибистиқлолии кишвар баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиш даъватшудагон аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон, Консерваторияи миллии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва кормандони Кумита иштирок намуданд.
Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Дар таърихи давлату миллатҳои ҷаҳон рӯйдодҳое ба вуқӯъ мепайванданд, ки сарнавишт ва роҳи минбаъдаи онҳоро муайян мекунанд.
Чунин рӯйдоди муҳим дар таърихи давлатдории навини тоҷикон қабули нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, ки мо имрӯз 30-юмин солгарди онро таҷлил менамоем.
Бо камоли ифтихору сарфарозӣ тамоми халқи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамаи шумо – ҳозирини арҷмандро ба муносибати ин санаи воқеан тақдирсозу таърихӣ самимона табрику шодбош мегӯям.
Конститутсияи Тоҷикистони соҳибихтиёр ҳамчун санади ифодагари истиқлолу озодии халқи мо дар таъсиси давлатдории навини тоҷикон ва пойдориву бардавомии он нақши ҳалкунанда дорад.
Ин санади таърихӣ ва сарнавиштсоз барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории навини тоҷикон, ноил гардидан ба сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, дастовардҳои бузурги сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташаккули озодонаи шахс заминаи мустаҳкам ва боэътимоди ҳуқуқӣ фароҳам овард.
Сӣ соли амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон собит сохт, ки қонуни асосии давлати мо аз имтиҳони бисёр ҷиддии ҳаёт гузашт ва дурустии мақсаду вазифаҳо ва арзишҳое, ки Конститутсия ба онҳо асос ёфтааст, исбот гардид.
Тавре ки ман дар яке аз суханрониҳои худ зикр карда будам, Конститутсия заминаҳои ҳуқуқии истиқлол ва асосҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоии моро таҳким бахшид.