Навигарӣ

  • Суратгузориши мизи мудаввар таҳти унвони «ЗАНОН ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ»

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 2 Феврал, 2024 - 15:00

    Шарҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    5
    Баҳои миёна: 5 (3 овоз)
  • Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 29 Январ, 2024 - 10:37

    Ҳамватанони азиз!

    Ҳамаи шуморо ба муносибати ҷашни Сада, ки ҳамчун ёдгори бисёр гаронбаҳо аз аҷдоди некномамон ба мо мерос монда, ба шарофати соҳибистиқлолии Ватани азизамон эҳё гардидааст ва ба яке аз ҷашнҳои муҳимми миллии мо табдил ёфтааст, самимона табрик мегӯям.

    Ҷашни Сада дар қатори Наврӯзу Тиргон ва Меҳргон аз даврони қадим то рӯзгори мо бо як силсила одобу суннатҳо, расму ойинҳо ва донишу таҷрибаҳои кишоварзӣ омада расидааст.

    Ниёгони ориёитабори мо ҳанӯз беш аз шаш ҳазор сол қабл аз ин ба ҳунармандиву косибӣ, истеҳсоли ашёи зарурии рӯзгор ва корҳои кишоварзиву боғдорӣ машғул будаанд.

    Онҳо барои ҳар як фасли сол иду маросим ва одатҳои махсус доштаанд, ки ҳама бо табиат, заминдорӣ ва касбу кори гузаштагонамон пайванди мустаҳкам дошта, аз ҷониби хурду бузург таҷлил мегардиданд.

    Ҷашни Сада яке аз ҳамин ойинҳои басо деринаи мардуми мо мебошад.

    Дар муҳити зиндагии ориёиёни қадим тақвимҳои мардумӣ шакл гирифта, гузаштагони мо аксари маросиму ҷашнҳоро дар асоси онҳо таҷлил мекардаанд.

    Ҳамин аст, ки ниёгони мо барои чор фасли сол ойину ҷашнҳои алоҳидаро бунёд гузоштаанд.

    Сада моҳиятан тақвими чиллашуморӣ аст, ки то ҳанӯз дар байни мо – тоҷикон роиҷ буда, кишоварзон тибқи он рӯзу моҳу фаслҳоро ҳисоб мекунанд ва дар корҳои деҳқонии худ истифода мебаранд.

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    5
    Баҳои миёна: 5 (2 овоз)
  • Шарҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 27 Январ, 2024 - 10:51

    Суратгузориш аз мизи мудаввар дар мавзуи «Маърифати ҳуқуқӣ ва нақши он дар рушду инкишофи ҷомеа дар ҳошияи паём»

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    5
    Баҳои миёна: 5 (4 овоз)
  • Суратгузориши мизи мудаввар таҳти унвони «ПАЁМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ - РОҲНАМОИ ҲАЁТИ ҶОМЕА»

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 19 Январ, 2024 - 15:55
    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    5
    Баҳои миёна: 5 (3 овоз)
  • СУРАТГУЗОРИШИ ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ КУМИТАИ ЗАБОН ВА ИСТИЛОҲОТИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 8 Январ, 2024 - 15:17
    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    5
    Баҳои миёна: 5 (8 овоз)
  • ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2024

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 31 Декабр, 2023 - 18:00

    Ҳамватанони азиз!

    Ҳамаи шумо – мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2024 самимона табрик мегӯям.

    Ба хурду бузурги сокинони мамлакат саломатӣ ва бахту саодат орзу менамоям.

    Тавре ки чанд рӯз пеш дар Паёми худ иброз доштам, соли 2023, бо вуҷуди вазъи бисёр печидаву ноороми ҷаҳони муосир, барои кишвари мо боз як соли бобарору хотирмон гардид.

    Дар Паём дастоварду пешравиҳои ноилгардидаи халқи Тоҷикистон дар соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ зикр гардиданд.

    Яъне мо нақшаҳои барои соли 2023-юм пешбиникардаамонро дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти давлат ва ҷомеа муваффақона амалӣ намудем.

    Дар натиҷа имрӯз шароити зиндагии мардуми кишвар нисбат ба солҳои гузашта хеле беҳтар гардидааст.

    Ҳоло сокинони мамлакат ба фардои боз ҳам ободу осуда дилпурона назар мекунанд ва ба хотири пешрафти минбаъдаи давлати соҳибистиқлоли худ софдилона заҳмат мекашанд.

    Хотирнишон менамоям, ки мо ҳанӯз мушкилоту масъалаҳои зиёди ҳалталаб дорем.

    Барои бартараф кардани мушкилоти дар ҳаёти мардумамон ҷойдошта ва ҳаллу фасли масъалаҳои мавҷуда мо барномаву нақшаҳои мушаххас қабул кардаем ва онҳоро зина ба зина амалӣ месозем.

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    Баҳои миёна: 5 (1 овоз)
  • Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 28 Декабр, 2023 - 16:00

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

    Ҳамватанони азиз!

    Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид.

    Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд.

    Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд.

    Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард сомонӣ равона карда шуд, ки нисбат ба соли 2022-юм 5,3 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.

    Тайи солҳои охир таваҷҷуҳи аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат ба масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, саноатикунонии кишвар ва таъсиси ҷойҳои корӣ равона карда шуд.

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    5
    Баҳои миёна: 4.7 (3 овоз)
  • Суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалии «Бобоҷон Ғафуров – бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи точик», ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 5 Декабр, 2023 - 12:20

    Ҳамватанони азиз!
    Меҳмонони олиқадри Симпозиуми байналмилалии «Бобоҷон Ғафуров – бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи тоҷик»!
    Хонумҳо ва ҷанобон!

    Дар таърихи зиёда аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик садҳо чеҳраҳои мондагоре ҳастанд, ки нақши онҳо барои пойдории миллат, посдории илму фарҳанг, худшиносиву худогоҳии мардум ва ободии сарзамини аҷдодӣ басо арзишманд мебошад.

    Яке аз чунин чеҳраҳои барҷастаи давраи навтарини таърихи миллати тоҷик аллома Бобоҷон Ғафуров мебошад, ки дар рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон, инкишофи илму фарҳанги муосири ҷумҳурӣ ва илми шарқшиносии асри ХХ саҳми бисёр муассир гузоштааст.

    Мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳар яки шумо – ҳозирини арҷмандро ба ифтихори 115-солагии фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, ходими номдори давлативу сиёсӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон академик Бобоҷон Ғафуров самимона табрик мегӯям.

    Бобоҷон Ғафуров тамоми ҳаёт ва фаъолияти худро дар ҷодаи таҳқиқи анъанаҳои давлатдории тоҷикон, гузаштаи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик, мақом ва ҷойгоҳи таърихии тоҷикон дар илму адаб ва фарҳангу тамаддуни башарӣ сарф намудааст.

    Барои фаъолияти барҷастаи давлатӣ ва хизматҳои бузург дар инкишофи илму фарҳанг, худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ ба Бобоҷон Ғафуров бо Фармони Президенти мамлакат аз 8-уми сентябри соли 1997 унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.

    Ҳозирини гиромӣ!

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    5
    Баҳои миёна: 5 (2 овоз)
  • Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 24 Ноябр, 2023 - 08:00

    Ҳамватанони азиз!

    Ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ, ки рамзи муқаддаси соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ, ифодагари орзуву ормони миллӣ ва арзишҳои олии тамаддуни халқи тоҷик мебошад, самимона табрик мегӯям.

    Парчами давлати навини тоҷикон зодаи даврони соҳибистиқлолӣ буда, аз нахустин рӯзҳои қабули он мардуми мо дар роҳи ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу оромӣ ва бунёди давлатдории миллии худ қадамҳои устувор гузоштанд ва ба зиндагии осудаву ороми имрӯза расиданд.

    Парчами давлатии Тоҷикистон, ки танҳо баъди гузашти беш аз як соли соҳибистиқлолӣ, дар иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ ва дар вазнинтарин рӯзҳои таърихи халқамон қабул гардид, мардуми кишвар ва фарзандони огоҳу бедордили Ватанро ба хотири барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, сулҳу оромӣ, таъмин намудани волоияти қонун ва муҳимтар аз ҳама, ҳимояи истиқлолу озодӣ ва якпорчагии сарзамини аҷдодӣ муттаҳид намуд ва ба онҳо тавону неру бахшид.

    Парчами давлатӣ дар қатори Нишон ва Суруди миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти миллати соҳибихтиёр ва давлати соҳибистиқлол ба ҳисоб меравад.

    Бояд гуфт, ки Парчам аз байни се рукни муқаддаси миллӣ дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии халқи тоҷик мақому манзалати хосса дорад.

    Зеро таърихи парчамдории миллати мо аз Дирафши Ковиёнӣ оғоз мегардад ва мо имрӯз аз ин таърихи пурғановати чандинҳазорсола ҳувият ва ҳастии халқамонро ҳифз кардааст, ифтихор мекунем.

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    Баҳои миёна: 5 (1 овоз)
  • ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА РУШДИ САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

    Ҳайати тадорукот's picture
    Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 23 Ноябр, 2023 - 17:33

    Мансурӣ Шодмон Ҷамолиддинзода - Номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент,
    Аъзои Ҳайати мушовараи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Забони модарӣ сарчашмаи ифтихори миллат ва пояи устувори давлатдорист. Забони модарӣ як рукни асосии давлатдорӣ буда, аз гузаштаҳои миллати тоҷик ба мо мерос мондааст. Аз ин рӯ, ҳар як соҳибзабон вазифадор аст, ки баҳри поку беолоиш нигоҳ доштан, ба наслҳои оянда расонидани забони давлатӣ саҳмгузор бошад. Мо соҳибзабонон дар даврони Истиқлолият шоҳиди дигаргуниҳои зиёд дар татбиқи сиёсати забони давлатӣ гаштаем. Қобили зикр аст, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони давлатӣ дубора эҳё гардида, имрӯз низ барои амалӣ кардани ҳадафҳои наҷиб дар роҳи ҳифз ва гиромидошти яке аз арзишҳои миллӣ - муқаддасоти забонӣ пайваста азму талош меварзад.
    Пешвои миллат бо ин ҳама кӯшишҳои пайгирона дар давлату фарҳанг, миллату маънавиёт, аз аввалин рӯзи амалашон ба ҳайси як Пешвои воқеии миллат, таълифоту пажӯҳиши зиёди илмиро баҳри бедории тафаккури худшиносии миллӣ ва худогоҳиву меҳанпарастии азалии мардуми азизи худ ва арҷгузории забони модарии хеш, забони давлату давлатдории тоҷикон, онро дар арсаи ҷаҳон ба оламиён ба таври сазовор шиносониданҳоро анҷом дода, дасти муборак ба эҷоди асарҳои илмии бунёдӣ дар риштаи таърих, сиёсат, иқтисодиёту иҷтимоиёт, ахлоқу маърифат, ҳуқуқ, танзими расму оин ва суннатҳои миллӣ, эҳёи фарҳангу ҳунари мардумӣ, дину мазҳаб, фарҳангу адаб ва забони модарии тоҷикӣ доранд [1,9].

    Баҳодиҳии муҳтаво: 
    Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Pages