Таҷрибаи сулҳи тоҷикон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 18 Ноябр, 2018 - 13:18

Манбаъ: https://president.tj/tajikistan/tajik_peacemaking_experience

Мардуми Тоҷикистон таҳти роҳбарии сарвари ғамхору раҳнамои худ бо барқарорсозии сулҳу осоиш ба ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ роҳ ёфта, имконоти дар чаҳорчӯби қонун ҳаллу фасл намудани ихтилофоти дохилиро нишон доданд.

Маҳз бо баракати сулҳу оштӣ якпорчагии Ватани азизи мо ҳифз гардида, имкони ба роҳ мондани зиндагии осоишта, амнияту ваҳдати сартосарӣ ва гузаронидани чорабиниҳои бузурги умуми­миллӣ, ки ба тарғибу ташвиқи ғояҳои муттаҳидкунанда, баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ ва худшиносию худогоҳии мардум равона гардида буданд, ба даст омад.

Барои расидан ба ин ҳадафи олӣ Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки қувваҳои солими ҷомеа, аз ҷумла ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, сохторҳои фарҳангӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятиро муттаҳид созад.

Иштироки фаъол ва саҳми арзандаи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва давлатҳои нозир чун Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои исломии Эрон, Афғонистон ва Покистон, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва дигар созмону давлатҳо низ, пеш аз ҳама, аз талоши сулҳҷӯйӣ, дасту дили поки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва инчунин аз сиёсати хориҷии «дарҳои кушода»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъдтар ба сатҳи «сиёсати бисёрсамтӣ» бардошта шуд, сарчашма мегирифт.

Таҷрибаи сулҳи тоҷикон яке аз бузургтарин сабақҳои мактаби сиёсатмадорӣ ва давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор гирифт. Таҷрибаи ба даст овардани сулҳи миёни тоҷи­кон ҳамчун намунаи нодири сулҳофарӣ ва ҳалли ихтилофи дохилӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шуд ва ҳоло барои пешгирии чунин моҷароҳо дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон мавриди истифода қарор дорад.

Ин таҷрибаи таърихии ба Ватан ва ба макони зист баргардонидани қариб як миллион нафар гурезаҳо ва ташкил кардани ҳамгироии иҷтимоии онҳо аз тарафи ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ҳамчун модели нодири сулҳофарӣ эътироф гардид.

Аз ҷумла, Кофи Аннан, собиқ Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, ки он солҳо ба таври мунтазам ва огоҳона раванди сулҳи тоҷиконро пайгирӣ мекард, пас аз анҷоми бомуваффақияти он дар яке аз ҷаласаҳои Шӯрои амнияти СММ таъкид намуда буд, ки «таҷрибаи сулҳи тоҷикон сазовори он аст, ки ҳаматарафа омӯхта шавад». Ва барои чунин натиҷагирӣ далел ҳам дошт. Зеро сулҳи Тоҷикистон яке аз амалиётҳои бобарори сулҳофаринии СММ ба шумор меравад. Муқовимати сиёсӣ ва низомӣ дар кишвари мо дар кӯтоҳтарин муддат дар севуним сол ё 1171 рӯз ба сулҳу оштӣ расид. Ҳол он ки низоъҳои дигар, аз қабили низоъҳои арабҳову исроилиён, инглисиҳову ирландиҳо, покистониҳову ҳиндиҳо, қазияи Афғонистон ва ғайра солҳои сол идома доранд.

Сабаби аслии барори фаъолияти сулҳофаринии СММ дар Тоҷикистон, ба назари мо, дар он буд, ки талошҳои сулҳхоҳонаи саривақтии ин созмони бонуфузи байналмилалӣ ба манфиатҳои миллии худи тоҷикон ва кишварҳои манфиатдори қазияи Тоҷикистон созгор омад. Идомаи муқовимати мусаллаҳона на танҳо ба манфиати тарафҳои даргири тоҷик набуд, балки ба манфиатҳои кишварҳои минтақа низ рост намеомад.

Далели он ки тарафҳои даргири қазияи Тоҷикистонро маҳз дарки зарурати ҳифзи манфиатҳои миллӣ ба сулҳу оштӣ ба музокирот водор сохта буд, ин аст, ки дар муҳимтарин санадҳое, ки дар ҷараёни музокироти сулҳи тоҷикон ба имзо расида буданд, як нукта гаштаю баргашта таъкид ёфтааст, ки тарафҳо «барои таъмини риояи манфиатҳои олии халқ ва давлати тоҷик азми қатъӣ дошта, бо дарки хатари ҳалокатбори муқовимати низомию сиёсӣ ва масъулияти бузурги худ барои ояндаи халқ ва давлати тоҷик... ба созиш расиданд». «Мо - гуфта буданд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Кобул рӯзи 19 марти соли 1995 - манфиатҳои олии мардуми тоҷик ва мамлакати азияткашидаамонро ба инобат гирифта, ба хотири ноилшавӣ ба сулҳу ризоият дар Тоҷикистон, муҳайё сохтани шароити мусоид барои ободонию шукуфоии ҳақиқии Ватан... мулоқот доир сохтем».

Манфиатҳои миллии Тоҷикистон дар арафа ва рафти музокироти сулҳи тоҷикон, пеш аз ҳама, аз ҳифзи якпорчагии Тоҷикистон, тамомияти арзӣ ва давлатдории тоҷикон иборат буд. Зеро дар он вақт, хатари ҷиддии аз байн рафтани давлати тозаистиқлол ва навбунёди Тоҷикистон, халалдоршавии тамомияти арзии он ва ба минтақаву маҳалҳои ҷудогона қисмат шудани он таҳдид мекард.

Хушбахтона, тарафҳои даргири тоҷикон ба шарофати ақлу фаросати меросиашон сари вақт дарёфтанд, ки ҷанг роҳи ҳалли мушкилашон нест, балки наҷоти миллат, кишвар ва давлаташон дар сулҳу оштӣ ва дар ҳамдигарфаҳмию якпорчагист.

Мо аз он ифтихор дорем, ки фарҳанги сулҳи тоҷикон барои ҷаҳониён намунаи ибрат буда, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун таҷрибаи нодир эътироф гардидааст. Таърих кам ёд дорад, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар чунин муҳлати кӯтоҳ хотима ёбад ва ҷонибҳои даргир боз ба ҳам дасти дӯстиву бародарӣ дода, ба хотири бақои давлат, ҳифзи марзу буми аҷдодӣ, амнияти халқу миллат ва арзишҳои миллӣ бо ҳам муттаҳид гардида, фаъолияти солими дастгоҳи воҳиди давлати хешро ба ободии кишвар равона карда бошанд.

Аз ин хотир, имрӯз ва минбаъд тамоми неруҳои сиёсӣ ва ҳар як фарди солимфикри Тоҷикистони азиз бояд дастовардҳои сулҳ, истиқлоли давлатӣ ва асосҳои давлатдории миллии тоҷиконро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, барои таъмин намудани рушду нумӯъ ва пешрафту шукуфоии Ватани аҷдодӣ ва шукргузорӣ аз ҳаёти осоиштаю созандаи мардум пайваста ҷаҳду талош намоянд.

То имрӯз дар бораи раванди дарёфти сулҳу оштӣ дар Тоҷикистон, таҷрибаи нодири сулҳи тоҷикон, дар бораи он ки чӣ тавр ва ба кадом тарзу тариқ тарафҳои сулҳи тоҷикон ба сулҳ ва оштию ваҳдат расиданд, мақолаву рисола, маҷмӯаву китобҳо навишта, гузоришҳову суҳбатҳо карда ва мизи гирду конференсияҳо дар дохил ва хориҷ аз Тоҷикистон баргузор гардиданд. Сулҳи тоҷикон борҳо мавриди таҳқиқоти илмӣ қарор дода шудааст.

Бо ташаббуси баъзе кишварҳои аъзои СММ ва созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ чанд лоиҳаи вижае ба омӯхтани таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва амалӣ гардонидани дастовардҳои он дар ҷомеаи тоҷик ихтисос дода шуд.

Ин лоиҳаҳо ба натиҷаҳои чашмгире ноил гардиданд ва дар доираи онҳо ду-се китоби арзишманде ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба чоп расиданд, ки аз тарафи коршиносон ва донишмандони ватанию хориҷӣ ба хубӣ пазируфта шуданд ва бо ҳамин заминаи мусоиди назарӣ ва амалиро барои то ба ҳар фарди ҷомеаи тоҷик расондани сабақҳо ва дастовардҳои асосии сулҳи тоҷикон фароҳам сохтанд ва аз ин ҷиҳат аҳаммияти илмӣ ва амалӣ доранд.

Барои ҳаматарафа омӯхтани раванди сулҳи тоҷикон ва сабақҳои омӯзандаи он фурсат ва имконот ҳанӯз ҳам вуҷуд дорад. Аксари шоҳидони бевосита ва иштироккунандагони он воқеаҳо ва раванди сулҳу оштии миллӣ, ки имрӯз манбаи асосӣ ва ягонаи боэътимод мебошанд, дар қайди ҳаёт ҳастанд. Бо гузаштани ҳар сол ин имконот ва фурсат камтар ва тангтар хоҳад шуд. Бадии кор дар он аст, ки ба истиснои санадҳои расмии музокирот, ки дар маҷмӯаву китобҳои алоҳида ба чоп расидаанд, дигар тамоми маводи марбут ба он дар дасти шахсони алоҳида аст. На бойгонии Комиссияи муштараки оташбас ва на бойгонии Комиссияи оштии миллӣ ва на бойгонии музокироти сулҳи байни тоҷикон дар асл вуҷуд надорад. Ҳамаи ин маводи парешон, вале бисёр муҳимро дар як ҷо бояд гирдоварӣ кард ва омӯхт. Вагарна бо мурури замон ин саҳифаҳои таърихамон низ мисли бисёр саҳифаҳои дигари он номуайян мемонад.

Сулҳу оштӣ ва ваҳдати миллӣ вақте устувор ва бебозгашт мешаванд, ки агар онҳо ба фарҳанги сулҳи ҷомеа табдил ёбанд. Ин марҳала, ки дар илми муосир бо номи «сулҳсозӣ ё эҷоди сулҳ» ёд мешавад, аз лиҳози аҳаммият камтар аз марҳалаи сулҳофаринӣ нест, балки бештар мебошад. Мисли он ки дар марҳалаи аввал дӯстони хориҷӣ дар симои СММ ва дигар созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дасти мадад дароз карда буданд, дар марҳалаи дувум низ маҳз онҳо ташаббус нишон доданд ва чанд лоиҳаи вижаеро ба омӯхтани таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва амалӣ гардонидани дастовардҳои он дар ҷомеаи тоҷик ихтисос доданд.

Дар доираи ин лоиҳаҳо иштироккунандагон диққати асосиро ба мубрамтарин ва доғтарин масъалаҳои ҷомеаи тоҷик, ки мавриди баҳс ва ихтилофи назарҳо қарор доштанд, равона карда, аз пайи рафъи онҳо, пайдо намудани роҳи ҳалли онҳо ва ҳамзамон боиси муайян кардани моҳияти аслӣ ва воқеияти онҳо буданд. Масъалаҳои муносибати дин ва давлат, ҳизби динӣ ва низоми демократӣ, маърифати динӣ ва низоми маорифи дунявӣ, таҳаммулгароӣ, дину мазҳабҳои навбаромад ва амнияти миллӣ, ифротгароии динӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз он, тадбирҳои истиқрори боварӣ миёни дунявигароён ва дингароён ё исломгароён, қонун ва дин ва ғайра аз ин ҷумла мебошанд.

Баррасии ин масъалаҳо муколамаи байни ҷомеа ва мақомоти расмиро дар марказ ва маҳалҳо бардавом ва устувор карда, ба ҳаллу фасли онҳо мусоидат намуд ва заминаи ихтилофу ҳамдигарнофаҳмиро дар ҷомеа то ба ҳадде бартараф сохт.

Марҳалаи сулҳсозӣ низ дар Тоҷикистон аз ҳар лиҳоз боиси таваҷҷуҳ буда, диққати намояндагони минтақа ва Иттиҳоди Аврупо бо мурури замон ба он бештар гардид. Аз ин рӯ, омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таҷрибаи сулҳсозии тоҷикон низ дар баробари таҷрибаи сулҳофариниашон аз вазифаҳои муҳимми донишмандон ва коршиносони ватанӣ ва хориҷӣ мебошад, то ки он барои кишварҳои минтақа ва дунё ҳамчун намунаи бобарор хидмат намояд.

Бо ибтикори Сарвари давлат дар як муддати кӯтоҳ харобаҳо ба ободӣ табдил ёфта, иншооти азим қомат афрохтанд. Барои ба ҳам пайвастани тамоми гӯшаву канори мамлакат шоҳроҳи ваҳдат ва барои иртиботи мустақим бо кишварҳои дуру наздик нақбҳо, пулҳо ва роҳҳои бузурги мошингард сохта, силсилаи неругоҳҳои барқӣ ва корхонаҳои азими саноатӣ бунёд карда шуданд.

Тоҷикистон дар давоми 30 соли даврони мубораки Истиқлоли давлатӣ дастовардҳои зиёде дорад, аммо муҳимтарин ва бузургтаринаш ҳамоно дарёфти сулҳу оштӣ мебошад. Гузашта аз ин, бисёре аз комёбиҳои он маҳз аз баракати ҳамин сулҳу оштӣ аст. Иқтисодшинос ва дипломати маъруфи тоҷик академик Талбак Назаров, ки худ дар раванди истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ нақш гузоштааст, дар таҳқиқоташ ба натиҷае омадааст, ки оғози болоравии иқтисоди кишвар маҳз баъди ба имзо расидани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» ба мушоҳида мерасад.

Муҳимтарин комёбиву дастовардҳои мамлакат натиҷаи заҳмати фидокоронаи мардуми Тоҷикистон ва иқдомҳои қаҳрамононаи Президенти кишвар, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Подоши ин ҳама корнамоиҳо маҳбубиятест, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дилу дидаҳои халқи Тоҷикистон ва садҳо ҳазор нафар ҳамватанони бурунмарзӣ пайдо кардааст.

Аз ин рӯ, дар таърихи 11 декабри соли 1999 дар Иҷлосияи ХV Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилони халқ таҳти кафкӯбии бардавом қарори Маҷлиси Олиро дар бораи додани унвони Қаҳрамони Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул карданд.

Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 923 аз санаи 11 декабри соли 1999 оид ба сарфароз гардонидани Эмомалӣ Раҳмон – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» ба тасвиб расид, ки дар он аз ҷумла омадааст: «Эмомалӣ Раҳмон – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои корнамоиҳои беназир дар роҳи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, демократикунонии ҷомеа, таъмини тамомияти арзӣ, пойдории давлат ва хизмати содиқона ба халқ бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон сарфароз гардонида шавад».

Мукофоти ин ҳама заҳматҳо, пеш аз ҳама, ҳусни таваҷҷуҳ ва эҳтироми бузурги ҷомеаи ҷаҳон мебошад, ки мунтазам нисбат ба сарвари донову тавонои Тоҷикистон, сиёсатмадори варзида ва ифодагари умеду ормонҳои умумибашарӣ иброз мегардад.

Ба имзо расидани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Точикистон» аҳаммияти бузурги байналмилалӣ дорад.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистони соҳибистиқлол чун ба давлате, ки бунёди ҷомеаи демократиро ихтиёр кардааст ва дар ин азм устувор аст, эътимоди ҷиддӣ кард, онро ба узвияти хеш пазируфт ва тавассути созмону ниҳодҳои байналхалқӣ робитаи чандҷонибаро устувор намуд.

Омӯзиши ҳамаҷонибаи таҷрибаи сулҳи тоҷикон барои пешгирӣ кардани ихтилофҳо имконият медиҳад, ки дар ҳолати сар задани мухолифату низоъҳо бояд ҳарчи зудтар роҳи ҳалли онҳоро пайдо кард. Суханони сарварони кишварҳои зиёди ҷаҳон ва пешвоёни сиёсии сатҳи ҷаҳонӣ хизматҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар истиқрори сулҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар собит месозанд.

Сарчашмаи ин эътирофи ҷаҳониро метавон дар заминаи шинохти моҳият ва ҳадафҳои сиёсати дохиливу хориҷии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарёфт, зеро тамоми дастовардҳои мардуми тоҷик дар даврони истиқлол, бавижа таҷрибаи сулҳ самараи ҳамин сиёсати оқилонаи Сарвари давлат мебошад. Натиҷаи ин сиёсат ва расидан ба марзи сулҳу оштӣ буд, ки дар мамлакат таҳаввулот ва дигаргунсозиҳои азим дар тамоми бахшҳои зиндагӣ ба вуқӯъ пайваста, заминаҳои эҳёи миллӣ ва таҷаддуди кишвар фароҳам омаданд.

Тоҷикистон имрӯз дар миёни ҷомеаи давлатҳои мутамаддин ҷойгоҳи шоистаи хешро пайдо карда, ташаббус ва иқдомоти Президент аз ҷониби кишварҳои хурду бузург ва созмонҳои байналмилалӣ истиқбол мешаванд. Сиёсати мазкур, ки бо зуҳури роҳбар ва пешвои навандеш дар таърихи миллати бостонӣ иртибот мегирад, падидаи барҷастаи таҳаввул ва гардиши куллӣ дар тафаккур ва фарҳанги сиёсии тоҷикон дар ибтидои асри ХХI ба шумор меравад.

Истиқрори сулҳу созгории миллӣ, тантанаи ваҳдат ва ҳамгироии мардуми Тоҷикистон, ки аз хизматҳои таърихии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи эҳёи миллат ва давлатдории миллист, талошҳои тоҷиконро дар бунёди ҷомеаи демократӣ тақвият бахшид.

Бо ҳидояти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳузури мубораки ӯ рӯзҳои ҷашни Ваҳдати миллӣ мардуми шарифи тоҷик дар яке аз минтақаҳои кишвар канори ҳам омада, нишоту шукронаи ваҳдатро ба ҳам қисмат мекунанд. Ин расми накӯ ба як ойини раъиятдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табдил ёфтааст, ки дар миёни мардум ва давлат пайванду муколамаи ҳамешагиро дар қаринаи хуштарин орзуву ниятҳо ба вуҷуд овард.

Таъсиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд» аз меваҳои ширини даврони Истиқлол, сулҳу ваҳдати миллӣ ва фазилати давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ба зоти худ падидаи беназири таърихи тоҷикон ва ёдовари корномаҳои Сомониёни фаррухнажод аст.

Президент тоҷикони ҷаҳонро, ки то замони Истиқлол дар ҳар сӯйи офоқ парешон буданд, бо таъсиси ин ҷамъият ба ягонагӣ хонд ва чароғи иртиботро миёни кулли тоҷикон ва форсизабонони олам фурӯзон кард.

Ибтикорот ва корномаҳои Раиси Анҷумани «Пайванд» муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ваҳдати тоҷиконро дар паҳнои ҷаҳон таҳким бахшид, мавриди таҳсину ситоиш ва арҷгузории иродатмандонаи тамоми форсизабонон қарор гирифт.

Азми қавию устувори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба ҳадафҳои ҷавонмардона, барқарору пойдор ва абадзинда гардонидани давлату давлатдории тоҷикон аз ҳар сухану гуфтори ӯ баръало эҳсос мешуд.

Дар Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ 26 июни соли 2022 гуфта шудааст: «Сулҳу оромӣ арзишмандтарин неъмати ҳаёти мост ва ҳифз кардану пойдор нигоҳ доштани он вазифа ва қарзи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.

Зеро сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ барои мо арзишҳои ҳаётан муҳимме мебошанд, ки ба шарофати онҳо мардуми Тоҷикистон ҳоло ба хотири ободии Ватан, пешрафти давлат, амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии миллӣ ва осоиши ҳар як хонадон сарҷамъу аҳлона заҳмат мекашанд.

Зиндагии осудаву ороми ҳар як оила, амалӣ гардидани нияту орзуи ҳар як шаҳрванд, ободии Ватан ва пешрафти давлат танҳо дар сурати пойдор будани сулҳу суботи комил имкон дорад.

Ҳамчунин, ба ҷо овардани фаризаҳои динӣ низ, ки ҷузъи муҳимми зиндагии мардуми мусулмони мо ба шумор мераванд, фақат дар шароити таъмин будани амният, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ муяссар шуда метавонад».

Қобили таъкид аст, ки дар марҳалаи нави бунёди давлати ҷавони Тоҷикистон тақдири баланди миллати куҳандиёри тоҷик дар симои шахсияти беназири таърихӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон олитарин сифатҳои аҷдоди хеш, аз қабили адолати инсонӣ, бузургдилию шуҷоат, раҳму шафқат ва қобилияти нотакрори ваҳдатофариро эҳёву таҳким бахшида, маҳз дар заминаи ҳамин ҳамоҳангӣ ҷомеаро ба сатҳи баланди хештаншиносӣ расонид.

Маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар интиҳои асри ХХ аз фоҷиаи миллӣ раҳо ёфта, баъд аз ҳазор сол дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардид ва ҳоло ба сӯйи ояндаи нек устуворона қадам мегузорад.

Ба эътирофи иштироккунандагон ва шоҳидони бевоситаи сулҳ таҷрибаи Тоҷикистон ҳодисаи беназиру бемисл ва хеле нодири таърихӣ буда, барои ҳамаи халқу давлатҳоест, ки сулҳу салоҳ мехоҳанд ва барои ҷомеаи байналмилалӣ дарси ибратомӯз бояд бошад.

Муҳимтарин сабақ ва чора, ки аз таҷрибаи сулҳи бобарор ва нодири Тоҷикистон бармеоянд, он аст, ки бояд ба зӯри бозуи худ, ақлу хиради хеш, имконоти мавҷуда такя кард, худқафо, соҳибихтиёр, мустақилу озод ва сарбаланд бояд буд.

Зӯри мо, шаъну шараф ва обрӯву эътибори мо дар дохили кишвар ва хориҷи он дар ваҳдати мо, дар якпорчагиву ягонагии тамоми маҳаллу минтақаҳои мо, қавму миллатҳои муқими Тоҷикистон, неруҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва диниву мазҳабии мост.

Вазифаи мову шумо аз он иборат аст, ки ин таҷрибаи бобарор ва нодири сулҳамонро таҳқиқ ва тарғибу ташвиқ намоем ва ҷаҳониёнро аз он огоҳ созем ва бо ҳамин заминаро дар минтақа ва олам барои истифода аз ин таҷрибаи нодир ва бобарори худ омода кунем.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
1
Баҳои миёна: 1 (1 овоз)