Мушкилоти истилоҳнигорӣ роҳи ҳалли худро меёбад
Бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии забон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дастуру супоришҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба забони илм табдил додани забони давлатии Тоҷикистон ва бо роҳи танзими дурусти истилоҳнигорӣ минбаъд ҳам рушду густариш додани забони адабии тоҷикӣ рӯзи 25-уми июни соли 2018 дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷумҳуриявии ҳамгунсозии истилоҳоти Кумита баргузор гардид.
Дар ҷаласа беш аз 100 нафар олимони забоншиноси тоҷик, - аъзои бахшҳои тахассусии Шӯрои ҷумҳуриявии ҳамгунсозии истилоҳоти Кумита, мутахассисону намояндагони вазорату идораҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, намояндагони ВАО ва кормандони Кумита ширкат варзиданд, ки масъалаҳои вобаста ба вазъи истилоҳнигорӣ дар фаъолияти Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳоти Кумита мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуда, бо мақсади минбаъд ҳам рушду густариш додани ҳамкории самараноки Шӯро бо вазорату идораҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва ниҳодҳои илмию таҳқиқотии кишвар бо дарназардошти таклифу пешниҳодоти иштирокдорон қарори ҷаласаи Шӯро қабул карда шуд, ки он ба пешбурди сармараноки фаъолияти Шӯро, низоми дурусти истилоҳнигорӣ ва танзими он равона гардидааст.