ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №56 АЗ 29.01.2018
Дар бораи таъсис додани Комиссия оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе
Бо мақсади татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва мутобиқ намудани раванди коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар фаъолияти воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимитяи давлатӣ»
ҚАРОР МЕКУНАМ:
1. Ҳайати Комиссия оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тибқи замимаи 1 таъсис дода шавад.
2. Низомномаи Комиссия оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тибқи замимаи 2 тасдиқ карда шавад.
3. Комиссияи мазкур вазифадор карда шавад, ки фаъолияти минбаъдаи худро бо дарназардошти Низомномаи замимагардида ба роҳ монда, самаранокии онро таъмин намояд.
4. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе», рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намоянд.
5. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниход карда шавад.
6. Назорати иҷрои мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.
Рустами Эмомалӣ