Июл 2024

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Тиргон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 1 Июл, 2024 - 11:51

Ҳамватанони азиз!

Имрӯз дар кишвари азизи мо яке аз ҷашнҳои бостонӣ ва бузурги миллӣ – Тиргон таҷлил мегардад.

Ба ин муносибат ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиамонро самимона табрик мегӯям.

Дар сарчашмаҳои муътабари таърихӣ ва осори илмиву адабии гузаштагони мо омадааст, ки ҷашни Тиргон ҳанӯз дар замонҳои хеле қадим дар миёни мардуми мо бо хушҳоливу хурсандӣ ва бо риояи расму ойинҳои хоси он таҷлил мегардидааст.

Дар айёми Тиргон ғалла расида, бисёр навъҳои мева низ мепазанд ва ҷамъоварии ҳосили парваришнамудаи марди деҳқон вусъат мегирад.

Яъне ба қавли мардуми тоҷик давраи долу зарби кори кишоварзӣ фаро мерасад.

Ба ин маънӣ Тиргон дар радифи ҷашнҳои Сада, Наврӯз ва Меҳргон ҷашни мавсимии кишоварзон буда, ба обу замин ва ҷамъ овардани ҳосили зироатҳо робитаи мустақим дорад.

Тиргон яке аз ҷашнҳои мардумони ориёитабор мебошад ва онро дар гузашта рӯзи сенздаҳуми моҳи тир баргузор мекарданд ва ҷашн ба муддати нӯҳ рӯз таҷлил карда мешуд.

Вале бо гузашти замон ва бо сабабҳои гуногун арзишҳои илмиву фарҳангии ин ҷашн камранг ва ҳатто фаромӯш шуда, фақат маросиму одатҳое аз он боқӣ мондаанд, ки дар баъзе аз деҳоти минтақаҳои мухталифи сукунати қавмҳои ориёӣ риоя ва баргузор мегардиданд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ КУМИТАИ ЗАБОН ВА ИСТИЛОҲОТИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 8 Июл, 2024 - 12:05

Натиҷагирӣ аз фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2024

Баҳодиҳии муҳтаво: 
4
Баҳои миёна: 4 (4 овоз)

ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА НАҚШИ ЛИБОСИ ТОҶИКӢ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 19 Июл, 2024 - 12:39

     Либос дорои хусусиёти хос буда, дар рушду  такомули ахлоқӣ, маънавӣ ва ифтихори худшиносии инсон нақши муҳим мебозад. Либос дар замири инсон ҳисси зебоипарастӣ, озодагӣ ва хулқу рафтори ҳамидаро ҷой карда инсонро водор месозад, ки хушбину хушрафтор ва хушгуфтор бошад. Либос инъикосгари фарҳанг, одоб ва сатҳи камолоти инсон аст. Чандест, ки дар саҳифаҳои матбуот мақолаву андешаҳо оид ба сару либоси аъзоёни ҷомеа ба табъ мерасанд. Андешаҳо гуногунанд. Яке мехоҳад ба баҳс ҷомаи фалсафӣ пӯшонад ва ҳикматҳо мегӯяд, дигаре ба он ҷомаи мазҳабӣ мепӯшонад ва савумӣ мехоҳад, ки онро аз нигоҳи зебопарастии зоҳирӣ таҳлил намояд.
Фарҳанг ва оини либоспӯшӣ мавзуест  доманадор ва  бояд дар доираи силсилаи таҳқиқотҳои арзишманд баррасӣ шавад. Боиси таассуф аст, ки аз ҷониби муҳаққиқони ватанӣ доир ба таъриху фарҳанги  либоспӯшӣ ва мақоми он дар ҳаёти мардуми тоҷик таҳқиқоти ангуштшумор анҷом дода шудаанд. Дар таҳқиқоти ҷойдоштаи муҳаққиқони тоҷик масъалаи либоспӯшӣ, ҷанбаҳои ахлоқиву равонӣ ва эстетикии он ба сифати масъалаи меҳварӣ омӯхта нашудаанд.
Мехостем, ки  то дар чаҳорчубаи имконоти ақливу илмиву назарии хеш дар атрофи шинохти либоси миллии худ, худдорӣ аз зиёдаравиҳо дар либоспӯшӣ, андозаи ахлоқии истифода аз либос масъалагузорӣ намоем.
Либос на танҳо ниёзҳои сирф биологии инсонро қонеъ мегардонад, балки таъиноти иҷтимоиву маънавӣ ва фалсафӣ ҳам доштааст.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
3
Баҳои миёна: 3 (2 овоз)

Нишасти матбуотии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 29 Июл, 2024 - 13:27

     Муҳтарам намояндагони ВАО ва ҳамкасбони гиромӣ!
     Аз ҳамкориҳои судманди Шумо ҷиҳати дастгирӣ ва тарғиби соҳаи забони давлатӣ изҳори сипос ва миннатдорӣ намуда, ҳамзамон, иттилоъ медиҳем, ки тибқи Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2024 мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми сентябри соли 2011, №АП-1729 дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» (ш. Душанбе, кӯчаи Беҳзод 25) нишасти матбуотии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 30-юми июли соли 2024, соати 9:00 баргузор мегардад.
     Дар робита ба ин, аз Шумо хоҳиш менамоем, ки ҷиҳати иштирок ва инъикоси нишасти матбуотии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамудед.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (5 овоз)

Баргузории семинар-машварат дар мавзуи «Моҳияти муқаррароти Кодекси андоз, имтиёзҳои андоз, рушди маъмурикунонии андоз, рақамикунонӣ ва хизматрасониҳои электронӣ ба шаҳрвандон ва андозсупордагон»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 31 Июл, 2024 - 14:21

Рӯзи 31-уми июли соли 2024, соати 10:00 дар толори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси мактуби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми июли соли 2024, №12466/9.1 семинар-машварат дар мавзуи «Моҳияти муқаррароти Кодекси андоз, имтиёзҳои андоз, рушди маъмурикунонии андоз, рақамикунонӣ ва хизматрасониҳои электронӣ ба шаҳрвандон ва андозсупордагон» бо иштироки намояндагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – сардори раёсати қонунгузории андоз Вазиров Собир, сардори шуъбаи хизматрасонӣ Обиди Муҳаммадсаид, мутахассиси Раёсати такмили қонунгузории андоз Ғафуров Зоирҷон, роҳбарият ва кормандони Кумита баргузор гардид.
Чорабиниро муовини раиси Кумита С. Раҳматуллозода ифтитоҳ намуда, аз ҷумла, зикр намуд, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба андоз ба шарҳу тафсири мутахассисони соҳа ниёз доранд. Зеро ҳар як соҳа нозукиҳои хоси худро доро мебошад.
Сипас намояндаи Кумитаи андоз Вазиров Собир оид ба муҳтаво ва муқаррароти Кодекси андоз, ҳисоб ва пардохт намудани андозҳо, иҷрои уҳдадориҳои андоз, меъёрҳои андоз, андоз аз ҷойи кори асосӣ, имтиёзҳо ва дигар масъалҳои марбут ба андоз ва андозбандӣ суханронӣ намуд.
Ҳамчунин, намояндаи Кумитаи андоз таъкид намуданд, ки тибқи моддаи 45-и Конуститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон супоридани андоз ва пархтҳо аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ, воқеӣ ва идораҳои давлатӣ ҳатмӣ мебошад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (7 овоз)