Ноябр 2017

Фишурдаи гузориш барои Воситаҳои ахбори омма аз Конференсияи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар ҳифзи асолати забон ва меъёрҳои он» 2017

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 1 Ноябр, 2017 - 15:52

ФИШУРДАИ

гузориш барои Воситаҳои ахбори омма аз Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ таҳти унвони «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар ҳифзи асолати забон ва меъёрҳои он» бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(3-юми октябри соли 2017)

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Даъват ба фаъолияти ихтиёрӣ (волонтёрӣ)

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 1 Ноябр, 2017 - 16:43

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоми шаҳрвандони дохил ва хориҷи кишвар, дӯстдорони забони тоҷикӣ муроҷиат менамояд, ки метавонанд ихтиёриёни (волонтёрони) Кумита шуда, лоиҳаҳо, фикру андешаҳо ва дархостҳои худро барои рушди забони тоҷикӣ ба Кумита тавассути сомонаи мо дар шакли зер пешниҳод намоянд:

Баҳодиҳии муҳтаво: 
1
Баҳои миёна: 1 (1 овоз)

Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявии «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар ҳифзи асолати забон ва меъёрҳои он»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 1 Ноябр, 2017 - 19:06

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки Кумита 3-юми октябри соли 2017 Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар ҳифзи асолати забон ва меъёрҳои он»-ро бо иштироки олимону донишмандони кишвар ба нақша гирифтааст.
Дар конференсия масъалаҳои марбут ба қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва ҷанбаҳои мусбату мушкилоти он баррасӣ хоҳад шуд.

Барои иштирок дар конференсия матни маърӯзаро то 22-юми сентябри соли 2017 ба нишонии мо: шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод 25, ошёнаи 3-юми бинои Тоҷикфилм ё ин ки почтаи электронии Кумита kumitaizabon@mail.ru пешниҳод намоед.

Талабот ба таҳияи маърӯзаҳо:
Маърӯзаро дар ҳаҷми аз 4 то 6 саҳифаи чопӣ дар формати Word, варақаи андозаи А 4, фосилаҳо аз боло 2 см., аз поён 2 см., аз чап 3 см., аз рост 1,5 см., фосилаи байни сатрҳо 1,5 ҳуруфи Times New Roman ва Times New Roman Tj, андозаи ҳарфҳо 14 дар шакли хаттӣ ва электронӣ пешниҳод кардан зарур аст. Ному насаб, унвон ва дараҷаи илмӣ, вазифаи ишғолкардаи муаллиф бо пуррагӣ дар гӯшаи рости варақ баъди унвони маърӯза ҷойгир карда шавад.
Маводи конференсия дар шакли маҷмӯа чоп мешавад.

Телефонҳо барои тамос: 227-59-25;227-64-51; 92-721-53-46. Почтаи электронӣ: kumitaizabon@mail.ru.
Комиссияи тадорукот

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Забонҳои бадахшонӣ (помирӣ) дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 2 Ноябр, 2017 - 12:09

Забонҳое, ки дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон роиҷанд, ба забонҳои шарқии эронӣ шомиланд. Ин забонҳоро шарқшиносон шартан «забонҳои помирӣ» ном ниҳодаанд ва дар солҳои охир ҷойи ин ибораро таркиби «забонҳои бадахшонӣ» ишғол намудааст.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Айнӣ Садриддин Саидмуродзода (1878 - 1954)

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 5 Ноябр, 2017 - 12:20
Айнӣ Садриддин Саидмуродзода (1878 - 1954)

Айнӣ Садриддин Саидмуродзода (1878 - 1954)

Айнӣ Садриддин Саидмуродзода 15 апрели соли 1878 дар деҳаи Соктареи ноҳияи Ғиждувони вилояти Бухоро аз оилаи деҳқони камбағал таваллуд ёфтааст. Айёми бачагиашро дар байни аҳли заҳматкаш — деҳқонон ва косибони деҳа мегузаронад. Ҳикояту афсонаҳои аҷоибу ғароиб, суруду таронаҳои дилчасп ва латифаю зарбулмасалҳои пурҳикмат, ки аз одамони хуштабъу заковатманд мешунид, ӯро ба олами сеҳрангези эҷодиёти бадеии халқ ошно менамояд. Ҳангоми мактабхониаш, ҳарчанд дар саводомӯзӣ баҳрае набурда бошад ҳам, аввалин бор бо баъзе намунаҳои ғазалиёти Ҳофиз, Соиб, Бедил ва дигар устодони назм шиносоӣ пайдо мекунад. Бо сабакҳои пандомӯзи падарм худ Саидмуродхоҷа, ки шахси маърифатдӯст ва мухлиси адабиёт буд, тарбият ёфта, аз хурдсоли дар дилаш нисбат ба илму дониш ва шеъру шоирӣ муҳаббат мепарварад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Забони ӯзбекӣ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 2 Ноябр, 2017 - 12:25

Аз оилаи забонҳои туркӣ дар Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Хитой паҳн шудааст. Ба забони уйғурӣ наздик аст.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
3
Баҳои миёна: 3 (2 овоз)

Забони қирғизӣ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 2 Ноябр, 2017 - 12:26

Аз оилаи забонҳои туркӣ, ба забони олтоӣ хеле наздик буда, дар Ҷумҳурии Қазоқистон, қисман дар Ӯзбекистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва ҳатто дар ҶМХ ва Афғонистон паҳн шудааст.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Забони русӣ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 2 Ноябр, 2017 - 12:27

Забони русӣ якҷоя бо забонҳои украинӣ ва беларусӣ як гурӯҳи забонҳои славянии оилаи забонҳои ҳиндуаврупоиро ташкил медиҳад. Забони русӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон забони муоширати байнимиллатҳо пазируфта шудааст. Доир ба ин дар моддаи 2-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидааст: «Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад».
Сохти грамматикаи забони русӣ флективӣ; префиксу суффиксҳои зиёде дорад. Хусусан лексикаи забони русӣ ниҳоят ғанӣ аст. Дар он ғайр аз калимаҳои аслан русӣ ва славянӣ, ки фонди асосии луғавии забони русиро ташкил медиҳанд, калимаҳои аз забонҳои дигари дунё иқтибосшуда хеле зиёданд.
Аввалин осори хаттӣ ба забони русӣ ба асри X таалуқ дорад: нахустин китоб дар соли 1574 чоп шудааст; алибои русӣ дар асоси «кириллица» инкишоф ёфтааст.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
4
Баҳои миёна: 4 (2 овоз)

Забони туркманӣ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 2 Ноябр, 2017 - 12:28

Забони туркманҳое, ки дар Туркманистон, инчунин Эрон, Афғонистон, Ироқ, Сурия ва Туркия истиқомат доранд. Дар Тоҷикистон низ туркманҳо зиндагӣ дошта, бо забони модариашон гап мезананд. Забони туркманӣ ба оилаи забонҳои туркӣ масуб аст.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
3
Баҳои миёна: 3 (2 овоз)

Забони тоҷикӣ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 2 Ноябр, 2017 - 12:29

Забони тоҷикӣ

Забони тоҷикӣ забони адабӣ ва миллии тоҷикон ва забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бо забони тоҷикӣ ҳамчунин тоҷикони ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, ҳамчунин дар минтақаҳои  тоҷикнишини Афғонистон такаллум мекунанд. Забони форсии аҳди Сомониён «форсӣ, порсӣ» ва ё «порсии дарӣ» ном гирифт ва бо вуҷуди ин ки ин забон дар осори хаттии асрҳои миёна гоҳо забони тоҷикӣ» ё «зуфони тоҷикӣ» номида шуда бошад ҳам (дар як матни портии монавӣ, ки дар Турфони Чин ёфт шудааст (асри VIII м.), истилоҳи tazigāne āvak «овои тоҷикона» ба кор рафтааст),  вале дар ҳоле ки қавми тоҷикро [1] «форс» наномидаанд, забонашон ба сурати куллӣ то асри XIX ва ибтидои асри ХХ бо номи «форсӣ» муаррифӣ мешуд. Муҳити ташаккули забони форсии нав, робитаҳои таърихии соҳибони ин забон бо мардумони ҳамҷавор дар таҳаввули таърихии низоми луғавии ин забон бетаъсир буда наметавонист. Омезиши забони форсӣ бо забони портӣ боиси вориди таркиби луғавии он шудани калимаҳои иқтибосии портӣ гардид. Мавҷудияти як қатор иқтибосҳои эронии шарқӣ (хусусан калимаҳои суғдие мисли нағз, оғоз, мағз, бут, алағда ва ғ.) дар сохтори луғавии забони форсӣ низ натиҷаи робитаи таърихии ин забонҳо мебошанд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Маҳфили «Посдорон ва дӯстдорони забон»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 2 Ноябр, 2017 - 12:40

Фаъолияти маҳфили «Посдорон ва дӯстдорони забон»

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хотири ҳидояти насли ҷавон ба гиромидошти забони давлатӣ, омӯзиши амиқи забони модарӣ ва на кам аз ду забони хориҷӣ 20-уми октябри соли 2010 маҳфили «Посдорон ва дӯстдорони забон»-ро бо ҷалби донишҷӯёну аспирантҳои мактабҳои олӣ таъсис додааст, ки ҳоло он 65 нафар аъзоро дар худ шомил месозад. Аъзои маҳфили мазкур дар ҷараёни санҷишҳо ва корҳои тарѓиботии марбут ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ширкати фаъол доранд. Маҳфил созмони ҷамъиятӣ буда, ҷавононро дар рӯҳияи дӯстӣ, хештаншиносӣ, ватанпарастӣ, эҳтиром ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла эҳтиром ба Забони давлатӣ тарбият менамояд.

Фаъолони маҳфил:

Баҳодиҳии муҳтаво: 
3
Баҳои миёна: 3 (2 овоз)

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 2 Ноябр, 2017 - 12:46

Моддаи 1. Дар сархати ёздаҳуми банди 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 1995 «Дар бораи рӯзҳои ид» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1995, № 21, мод. 237; с. 1998, № 10, мод. 125, № 23-24, мод. 338; с. 1999, № 5, мод. 76; № 12, мод. 308; с. 2002, № 4, қ. 1, мод. 191, мод. 194, мод. 197; с. 2003, № 4, мод. 132; № 8, мод. 449; № 12, мод. 678; с. 2004, № 5, мод. 350; № 12, қ. 1, мод. 697; с. 2005, № 3, мод. 131; № 12, мод. 658; с. 2008, № 1, қ. 2, мод. 9; № 3, мод. 188; № 12, қ. 1, мод.988; с. 2009, № 5, мод. 319; № 7-8, мод. 493; № 11, мод. 698, мод. 699) калимаҳои «22 июл – Рӯзи забони тоҷикӣ» ба калимаҳои «5 октябр – Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш. Душанбе, 21 июли соли 2010 № 615

Баҳодиҳии муҳтаво: 
3
Баҳои миёна: 3 (2 овоз)

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 2 Ноябр, 2017 - 12:47

Моддаи 1. Дар ном ва матни моддаи 89 Кодекси ҳуқуқвайронкунии мамурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2008, №12, қисми 1, мод. 989, 990; соли 2009, №5, мод.321; №9-10, мод.543; соли 2010, №1, мод. 2, мод. 5; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 марти соли 2010,№ 598), калимаҳои «Дар бораи забон» ба калимаҳои «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣмавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш.Душанбе, 21 июли соли 2010 №614

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 2 Ноябр, 2017 - 12:48

Моддаи 1. Ба қисми 3 моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2007 «Дар бораи хизмати давлатӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, №3, мод. 166; с. 2007, №6, мод. 429; с.2010, №3, мод. 158) сархати чорум бо мазмуни зайл илова карда шавад: «донистани забони давлатӣ;».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш.Душанбе, 28 июни соли 2011

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 2 Ноябр, 2017 - 12:49

Моддаи 1. Ба қисми дуюми моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2008 «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №3, мод. 183) пас аз калимаҳои «шуда метавонад, ки» калимаҳои «забони давлатиро донад,» илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш.Душанбе, 28 июни соли 2011 №746

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи ворид намудани илова ба «Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 2 Ноябр, 2017 - 12:50

Моддаи 1. Ба қисми 1 моддаи 483 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №12, қ.2, мод. 703; мод. 704; с.2006, №3, мод. 159; с. 2007, №7, мод. 681; с. 2008, №6, мод. 459; №10, мод. 818; с. 2011, №3, мод. 160), пас аз калимаҳои «олӣ бошад» калимаҳои «, забони давлатиро донад» илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣмавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш. Душанбе, 28 июни соли 2011 №747

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 4.5 (2 овоз)

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 2 Ноябр, 2017 - 12:51

Моддаи 1. Ба қисми 1 моддаи 26 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2008 «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №3, мод. 193; с. 2009, №5, мод. 323; с. 2010, №3, мод. 154) пас аз калимаи «расида,» калимаҳои «забони давлатиро медонанд,» илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣмавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш.Душанбе, 28 июни соли 2011 №748

Баҳодиҳии муҳтаво: 
3
Баҳои миёна: 3 (2 овоз)

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 2 Ноябр, 2017 - 12:52

Моддаи 1. Ба моддаи 4 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 1995 «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1995, №21, мод. 223; с. 1997, №9, мод. 110; с. 1998, №10, мод. 111; мод. 115; с. 2000, №6, мод. 349; с. 2001, №4, мод. 200; с. 2004, №2, мод. 43; с. 2006, №3, мод. 142; с. 2007, №7, мод. 650; с. 2008, №3, мод. 180; №10, мод. 794; с. 2009, №7-8, мод. 488) қисми сеюм бо мазмуни зайл илова карда шавад: «Судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд забони давлатиро донад.».
Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣмавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш.Душанбе, 28 июли соли 2011 №728

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 2 Ноябр, 2017 - 12:52

Моддаи 1. Ба қисми якуми моддаи 53 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июли соли 2005 «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2005, №7, мод. 398; с. 2006, №3, мод. 141; с. 2007, №5, мод. 350; №7, мод. 652; с. 2008, №12, қ. 1, мод. 981; с. 2009, №5, мод. 314; с.2011, №3, мод. 150) пас аз калимаҳои «ҳуқуқшиносӣдоранд» калимаҳои «, забони давлатиро медонанд» илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣмавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш. Душанбе, 28 июли соли 2011 №731

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Иқтибос аз Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 2 Ноябр, 2017 - 12:55

Моддаи 89. Риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Барои риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», - ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз понздаҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Нақшаи чорабиниҳои Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 2 Ноябр, 2017 - 12:59

Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «30» июни соли 2012,
№335 тасдиқ шудааст

Нақшаи
чорабиниҳои Барномаи рушди забони давлатӣ
барои солҳои 2012-2016

 

Р/т

Номгўи чорабинињо

Муҳлат

Масъулон

I. ТАЪМИНИ ЗАМИНАИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ

1.

Таҳлили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ дар иртибот ба сиёсати давлат дар бораи забон

2012-2013

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

2.

Таҳқиқи заминаҳои рушди забони давлатӣ аз нигоҳи забоншиносии иҷтимоӣ

2012-2015

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

3.

Таҳияи махзани электронии маълумот дар иртибот ба сиёсати давлатӣ дар бораи забон

2012-2014

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

4.

Таҳияи дастурамали танзим ва қабули истилоҳот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

2012-2013

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Рӯйхати аъзои Шӯрои коршиносони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 2 Ноябр, 2017 - 13:01
  • Шарофзода Гавҳар
  • Матробиён Саодатшо Қосимзода
  • Зулфониён Раҳим Раҷабзод
  • Қарахонов Маҳмадрасул Сарахонович
  • Сайфуллоев Хайрулло Габдуллоевич
  • Шозедов Нафасшо
  • Байдуллоев Аъзам
  • Имомов Исматулло
  • Каримов Шуҳрат
  • Утаев Маъмурҷон
  • Ҷўраев Тухта Қодирович
  • Бокиев Ҳамза Олимович
  • Ҳакимов Ғ.Қ.
  • Хубони Сорбон
  • Иброҳимов Х.Ф.
  • Иброҳимов М.Ф.
  • Раҳматов Баҳодур
  • Талабов Шарофудин Диловарович
  • Салимов Рустам Давлатович
  • Гусейнова Татьяна Владимировна
  • Искандарова Дилоро Муқаддасовна
  • Ҷамшедов Парвона Ҷамшедович
  • Малыхина Лайлӣ Шохимардонова
  • Мирзоева Раъно Бороновна
  • Мансурӣ Шодмон Ҷамолиддинзода
  • Давлатшоева Мавҷигул Бороновна
  • Фарҳодова Сарвбону Алидодовна
  • Абророва Соҳира Ҳамидуллоевна
  • Сатторов Амирҳамза Баҳодуровна
  • Маҳмадёрова Гулҷаҳон
  • Наврасов А
  • Насруллоев Муҳаммад
  • Бердов Давлат Давлатович
  • Ҷумъаев Бобораҷаб
  • Расулов Ғиёсиддин
  • Мирзоев Довар
  • Сафаров Меъроҷиддин
  • Сафиалоева Лола
  • Ҳабибов Самад Шукурович
Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Гузориш оид ба татбиқи Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 2 Ноябр, 2017 - 13:09

Мутобиқи банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июни соли 2012, №335 «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсози татбиқи «Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» муқаррар гардидааст.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Нақшаи чорабиниҳои Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 2 Ноябр, 2017 - 13:12

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз «30» июни соли 2012,

№335 тасдиқ шудааст

 

Нақшаи

чорабиниҳои Барномаи рушди забони давлатӣ

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Ҳисобот дар бораи фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 2 Ноябр, 2017 - 13:26

Ҳисобот
дар бораи фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар соли 2015

 

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 фаъолияти худро баҳри татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҳамоҳангсозии иҷрои Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016, ҳамчунин, иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, дар ин замина фаъолиятро дар самтҳои зерин амалӣ намуд:

 

Назорати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 

Санҷиш ва омӯзиши вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқи Низомнома яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
3
Баҳои миёна: 3 (1 овоз)

Фишурдаи гузориш барои Воситаҳои ахбори омма аз Мизи мудаввар дар мавзӯи «Вазъи иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар рӯзномаҳои даврӣ»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 2 Ноябр, 2017 - 13:32

«Забони давлатиро дар пояи меъёрҳои адабӣ устувор сохта, аз ҳама қолабҳои сунъии бегона ва унсурҳои лаҳҷавӣ бояд озод кард».

 Эмомалӣ Раҳмон

Забони миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ буда, дар пойдорӣ ва таҳкими давлати миллӣ мақом ва нақши муҳим дорад ва ба ҳамин далел забони миллат бунёд ва пояи давлат маҳсуб мешавад. Забон дар ҳама давру замонҳо яке аз сарчашмаҳои асосии Истиқлолияти миллӣ ва омили муҳими ташаккули миллат мебошад.

Ҷиҳати танзими истифодаи забони давлатӣ ва муайян намудани вазъи ҳуқуқии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» амал мекунад. Дар Қонуни мазкур дар моддаи 3-и банди 6 ба таври дақиқ муайян шудааст, ки забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ буда, ҳангоми истифодаи забони давлатӣ риояи муқаррароти қоидаҳои имлои забони адабӣ ҳатмӣ мебошад.

Барои тақвияти истиқрори фарҳанги миллӣ ва сиёсати давлатӣ дар бораи забон пояҳои забони миллиро устувор кардан зарур аст.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Фишурдаи гузориш барои Воситаҳои ахбори омма аз Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ таҳти унвони «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар ҳифзи асолати забон ва меъёрҳои он» бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (3-юми октябри соли 2017)

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 2 Ноябр, 2017 - 13:39

«Ҳукумати Тоҷикистон аз оғози истиқлолият барои рушди забони давлатӣ ва таҳкими мақоми он дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат пайваста тадбирҳои муассир андешида, ҷиҳати татбиқи ин сиёсат тамоми имкониятҳоро фароҳам овардааст».

                                                                                                                        Эмомалӣ Раҳмон

Забони тоҷикӣ, ки асолати беш аз ҳазорсолаҳо дорад, бо забон ва адабиёти ғании худ ҷаҳоншумул гардида, дар роҳи таҳкими тамаддуни инсонӣ ва афкори инсонгарои башарӣ саҳми босазое дорад. Дар ин давраи ҷаҳонишавии миллатҳо ин сарвати бебаҳо – забони миллии мо, ки худ омили муҳими пойдориву бақои миллат ва давлатдории миллӣ аст, аз ҷониби давлат ҳифз гардида, рушд меёбад.

Хушбахтона, баъди талошу заҳматҳои зиёд ва заминаҳои таърихию сиёсию адабии пурифтихор ва маърифтапарваронаву тамаддунофар дар замони Истиқлолият забони миллӣ ривоҷу равнақи худро ёфт.

            Аз соли 2009 инҷониб, санаи 5-уми октябр баъди тасдиқи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамчун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Мутобиқи муқаррароти Қонуни мазкур ва дастуру супоришҳои Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи асолат ва рушди забони тоҷикӣ вазифаи ҳар як фарди кишвар маҳсуб ёфта, он дар тамоми соҳаҳои мухталифи ҷомеа мавриди корбурд қарор дорад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Гузориши конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар ҳифзи асолати забон ва меъёрҳои он» (3 октябри 2017)

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 2 Ноябр, 2017 - 13:42

Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумита 3-юми октябри соли равон конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявиро таҳти унвони «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар ҳифзи асолати забон ва меъёрҳои он» дар бинои Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» баргузор намуд, ки дар он зиёда аз 70 нафар намояндагони вазорату идораҳо, пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, донишгоҳу донишкадаҳо, кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.

Конференсияи мазкур бо дарназардошти рисолату мақоми таърихии забони тоҷикӣ дар соҳаҳои гуногуни иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва илмию техникӣ, инчунин, мушкилоти ҳалталаби он дар тамоми самти қишри ҷомеа ва баҳри рушду густариши он дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар бораи забон, алалхусус, амалӣ намудани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба вазорату идораҳо, донишгоҳу донишкадаҳо ва ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ чунин тавсиянома қабул кард:

1) Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби олимони забоншинос Қоидаҳои имлои забони тоҷикиро дар таҳрири нав таҳия намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

2) Аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби барномасозон ва забоншиносон Барномаи навтарини тафтиши имлои забони тоҷикӣ таҳия ва роҳандозӣ карда шавад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

АЗБАСКИ, БАСКИ, АЗ БАС - ЧУН, БА САБАБИ ОН КИ,АЗ БОИСИ ОН КИ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 9 Ноябр, 2017 - 17:58

Ибораи "аз баски", "аз бас" ва калимаи "бас-ки" дар забони имрӯзи мо маъмултарин таъбири баёнкунандаи вобастагии сабабии ҷузъҳои як ҷумла ва ба истилоҳ пайвандаки тобеъкунандаи ҷумлаи пайрави сабаб мебошад. Дар ҷумлаҳое аз қабили: "Аз бас ки ман ин китобро нахондаам, аз мазмунаш огоҳ нестам" ба кор бурда мешавад.

Имкониятҳои бақайдгирӣ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 14 Ноябр, 2017 - 17:46

Барои бақайдгирии ҳисоби шахси воқеӣ ва/ё ҳуқуқӣ дар сомонаи расмии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ному насаб, номи падар ва рақами телефони худро ба нишонии электронии kumitaizabon@mail.ru ирсол намоед.

Баъд аз бақайдгирӣ ва ворид шудан ба сомонаи Кумитаи забон ба шумо имкониятҳои зерин дастрас мешаванд:

  • Тамос - низоми паёмнависӣ ба Кумитаи забон
  • Тақвими меҳмонон - барои таъйин намудани вохӯриҳо ва чорабиниҳо бо роҳбарият ва кормандони Кумитаи забон
  • Аризаи электронӣ - барои пешниҳод намудани аризаҳо ба Кумита дар реҷаи онлайн
  • Мағозаи электронӣ - барои ба даст овардани фарҳангҳо ва феҳристҳо тариқи Интернет
  • Рӯзномаи "Ганҷи забон" - нашри электронии рӯзномаи "Ганҷи забон"

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Газетаи "Муаллимон" (Gazetaji Muallimon) 1940

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 15 Ноябр, 2017 - 23:58
Газетаи "Муаллимон" (Gazetaji Muallimon) 1940
Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Аризаи электронӣ (муроҷиати электронӣ) барои номгузорӣ/тағйири номи ташкилоту муассисаҳо (Дастур барои истифода)

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 18 Ноябр, 2017 - 19:06
Дастур барои истифода

1

АРИЗАИ ЭЛЕКТРОНИРО ОҒОЗ НАМОЕД

2

Шакли аризаи электрониро пур намоед.

Тавзеҳ барои корбарони бақайдгирифташуда: Шумо метавонед ҳангоми пуркунӣ аризаро дар лаҳзаи дилхоҳ нигоҳ доред, кофе, чой, об нӯшед, дар бораи номгузорӣ ё тағйири номи ташкилот/муассиса бо дӯстон, шарикон, ҳамкорон, кормандон маслиҳат кунед, ё ин ки маълумоти заруриро барои ариза тайёр намоед. Дар оянда метавонед аризаи электрониро аз ин лаҳза то анҷом идома диҳед. Ин имкон танҳо барои корбарони бақайдгирифташуда дастрас аст.

Меҳмонон ҳамеша метавонанд ҳисоби корбарии худро ба қайд гиранд ё ин ки озодона аз ин сомона ва аризаи электронӣ истифода баранд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Комунист Таджикистана (1938 - 1966)

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 19 Ноябр, 2017 - 22:44
Комунист Таджикистана (1938 - 1966)
Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Аризаи электронӣ (муроҷиати электронӣ) барои номҳои тозаэҷод дар номгузории фарзандон (Дастур барои истифода)

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 29 Ноябр, 2017 - 17:03
Дастур барои истифода

Муҳтарам падару модарон!
Шумо метавонед аз хизматрасониҳои ҳукуматии электронӣ марбут ба забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода баред ва ба Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои номгузории фарзандон бо номҳои тозаэҷод ба таври электронӣ муроҷиат намоед.

Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки б
арои интихоби номҳо дар номгузории фарзандон аз
«Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» истифода баред. Барои осон намундани номгузории фарзандон бо номҳои тозаэҷод, Шумо метавонед аз аризаи электронӣ истифода намоед.

Умедворем, ки хизматрасониҳои электронии мо вақт ва хароҷоти Шуморо сарфа мекунанд, то тавонед нигоҳубини фарзандонатонро осон созед ва вақт ва хароҷоти сарфашударо ба онҳо ҳарчи бештар диҳед.

1

АРИЗАИ ЭЛЕКТРОНИРО ОҒОЗ НАМОЕД

2

Шакли аризаи электрониро пур намоед.

Тавзеҳ барои корбарони бақайдгирифташуда: Шумо метавонед ҳангоми пуркунӣ аризаро дар лаҳзаи дилхоҳ нигоҳ доред, кофе, чой, об нӯшед, дар бораи номгузорӣ ё тағйири номи фарзанди худ бо дӯстон ва оила маслиҳат кунед, ё ин ки маълумоти заруриро барои ариза тайёр намоед. Дар оянда метавонед аризаи электронии захирашударо аз ин лаҳза то анҷом идома диҳед. Ин имкон танҳо барои корбарони бақайдгирифташуда дастрас аст.

Меҳмонон ҳамеша метавонанд ҳисоби корбарии худро ба қайд гиранд ё ин ки озодона аз ин сомона ва аризаи электронӣ истифода баранд.

3

Шумо метавонед имзои электронии худро ба воситаи муши компютерӣ, ангушт ё стилус/қалами махсус (дар планшетҳо, смартфонҳо, ноутбукҳои дорои экрани ламсӣ, лавҳаи имзогузорӣ (signature pad)) гузоред.

Имзои электронӣ (ба воситаи стилус/қалами махсус)

 

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)