Нақшаи чорабиниҳои Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 2 Ноябр, 2017 - 13:12

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз «30» июни соли 2012,

№335 тасдиқ шудааст

 

Нақшаи

чорабиниҳои Барномаи рушди забони давлатӣ

барои солҳои 2012-2016

 

 

Р/т

 

Номгӯи чорабиниҳо

 

Муҳлат

 

Масъулон

 
 
 

 

  1. ТАЪМИНИ ЗАМИНАИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ

 

 

1.

Таҳлили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ дар иртибот ба сиёсати давлат дар бораи забон

2012-2013

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

2.

Таҳқиқи заминаҳои рушди забони давлатӣ аз нигоҳи забоншиносии иҷтимоӣ

2012-2015

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

3.

Таҳияи махзани электронии маълумот дар иртибот ба сиёсати давлатӣ дар бораи забон

2012-2014

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

4.

Таҳияи дастурамали танзим ва қабули истилоҳот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

2012-2013

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ

 

 

  1. ТАҲҚИҚИ МАСОИЛИ НАЗАРИЯ ВА АМАЛИЯИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ,

ТАҲИЯ ВА НАШРИ ФАРҲАНГНОМАҲО

 

 

1.

Таҳия ва нашри грамматикаи меъёрии забони тоҷикӣ

2012-2016

Вазорати морифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ

 

2.

Таҳия ва нашри китоби таърихи забони тоҷикӣ

2012-2015

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ

 

3.

Таҳқиқи муқоисавии лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ

2012-2016

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ

 

4.

 

Таҳия ва нашри луғати лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ

2012-2016

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ

 

5.

Таҳқиқи масоили услубшиносии забони тоҷикӣ

2012-2016

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

 

6.

Таҳқиқи фарҳангномаҳои классикии форсӣ-тоҷикӣ

2012-2016

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

 

7.

Таҳқиқи лексика, грамматика ва масоили этнолингвистии забонҳои бадахшонӣ (помирӣ) ва яғнобӣ

2012-2016

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ, Институти илмҳои гуманитарӣ

 

8.

Таҳия ва нашри фарҳангҳои русӣ ба тоҷикии истилоҳоти техникӣ

2012-2016

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

9.

Таҳия ва нашри фарҳанги русӣ ба тоҷикии истилоҳоти биология ва тиб

2012-2016

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои тиб, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино

 

10.

Таҳия ва нашри «Фарҳанги русӣ ба тоҷикӣ»

2012-2016

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ

 

11.

Таҳия ва нашри китоби «Номнома»

2012-2013

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

12.

Таҳия ва нашри дастурҳои худомӯзи забони тоҷикӣ

2012-2013

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

13.

Таҳия ва нашри «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ»

2012-2016

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ

 

14.

Таҳия ва нашри фарҳангҳои истилоҳоту таркиботи илмӣ аз осори классикии форсӣ-тоҷикӣ

2012-2015

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

15.

Таҳия ва нашри дастури таълимии забони тоҷикӣ барои факултаҳои ғайрифилологӣ

2012-2014

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

 

16.

Таҳия ва нашри муҳовараҳои русӣ ба тоҷикӣ, тоҷикӣ ба русӣ, англисӣ ба тоҷикӣ, тоҷикӣ ба англисӣ, олмонӣ ба тоҷикӣ, тоҷикӣ ба олмонӣ, фаронсавӣ ба тоҷикӣ,

тоҷикӣ ба фаронсавӣ, чинӣ ба тоҷикӣ, тоҷикӣ ба чинӣ; омода намудани шакли электронии онҳо

2012-2016

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

 

17.

Таҳия ва нашри пораҳо аз осори адабии давраҳои ташаккули забони тоҷикӣ

2012-2016

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

18.

Таҳия ва нашри Энсиклопедияи забони тоҷикӣ

2013-2014

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик»

 

19.

Таҳияи фарҳангномаҳои электронии умумӣ ва соҳавӣ

2012-2016

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

20.

Омӯзиш ва таҳқиқи вазъи забони модарии тоҷикони сокини кишварҳои хориҷӣ ва осори хаттии маҳфуз аз забони тоҷикӣ дар китобхонаҳои кишварҳои хориҷӣ

2012-2016

Академияи илмҳои

Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ

 

21.

Таҳия ва нашри фарҳангномаҳои мухтасари дузабона барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ

2012-2013

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

22.

Таҳия ва нашри фарҳанги «Бурҳони қотеъ»

2012

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Адиб»

 

 

 

  1. ОМӮЗИШ

 

 

1.

Таҳия ва татбиқи барномаҳо барои омӯзиши забони давлатӣ дар муассисаҳои томактабӣ

2012-2014

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон

 

2.

Таҳия ва нашри шаклҳои электронии маводи худомӯз аз забони тоҷикӣ

2012-2015

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон

 

3.

Таҳия ва нашри васоити аёнӣ барои омӯзиши забони давлатӣ дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ

2012-2013

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон

 

4.

Таҳияи барномаҳои усули нави омӯзиши забони давлатӣ

2012-2013

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон

 

5.

Таҳияи маводи аудиоию видеоӣ барои омӯзиши забони давлатӣ дар низоми таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ

2012-2015

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

6.

Таъсиси барномаҳои телевизионии омӯзиши забони тоҷикӣ барои кӯдакону наврасон

2012-2016

Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

7.

Такмили барномаҳои таълимии забони давлатӣ барои ақаллиятҳои миллӣ

2012-2013

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон

 

 

8.

Баргузории ҳафтаҳои фанни забони тоҷикӣ дар муассисаҳои таълимӣ

Ҳамасола

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

9.

Зиёд намудани теъдоди соатҳои таълими забони тоҷикӣ дар факултаҳои ғайрифилологии мактабҳои олӣ

2012

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

 

10.

Таҳия ва пахши барномаҳои телевизионӣ дар иртибот ба вазъи омӯзиши забони модарӣ миёни тоҷикони сокини кишварҳои хориҷӣ

Мунтазам

Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

11.

Омода кардани муаллимони фанни забони давлатӣ барои мактабҳои ғайритоҷикӣ аз ҳисоби намояндагони ин забонҳо

Мунтазам

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

 

12.

Таҳия ва нашри китобҳои дарсӣ ба забони давлатӣ барои ихтисосҳои ғайрифилологӣ

2012-2015

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон

 

 

13.

Таҳия ва тасдиқи барномаи таълими низоми кредитии таҳсил барои омӯзиши забони давлатӣ

2012-2014

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон

 

 

  1. ЧОРАБИНИҲОИ ТАШКИЛӢ
 

1.

Танзим ва ҳамгунсозии истилоҳоти соҳавӣ

2012-2016

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо

 

2.

Пешниҳод ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсиси фаслномаи «Забон ва истилоҳот»

2013

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

3.

Ҳамгунсозии истилоҳот дар ҳуҷҷатҳои махсус ва идории мақомоти ҳокимияти давлатӣ

2012-2014

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, Шӯрои ҷумҳуриявии ҳамгунсозии истилоҳот

 

4.

Стандартсозии ҳуҷҷатҳои идории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо

2012-2013

Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

5

Ҳамгунсозии ҳуҷҷатҳои махсус (оморӣ, муҳосибӣ, тиббӣ, лоиҳавӣ-тарроҳӣ ва ғ.)-и вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо

2012-2014

Вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо

 

6.

Таъмини тарҷумаи расмии ҳуҷҷатҳои соҳавӣ ба забони давлатӣ

2012-2013

Вазорату идораҳо

 

7.

Экспертизаи забоншиносии маводи воситаҳои ахбори омма

Мунтазам

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

8.

Тарҷумаи филмҳои тасвирӣ ва бадеӣ ба забони давлатӣ

2012-2016

Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шабакаи 1 телевизиони Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон - Баҳористон», Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина», Муассисаи давлатии Киностудияи «Тоҷикфилм»

 

9.

Таҳияи Барномаи сатҳи академии забони тоҷикӣ ва забони илм

2012-2013

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

10.

Ба роҳ мондани фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозии ҷумҳурӣ дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба сабти мавзӯи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ аз забоншиносӣ

2012

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

11.

Ташкили шуъбаи таърихи забон ва лаҳҷашиносӣ дар Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

2012

Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

12.

Ташкили дарсҳои телевизионии омӯзиши забони давлатӣ барои ақаллиятҳои миллии сокини ҷумҳурӣ

Аз соли 2012 мунтазам

Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

13.

Ташкили давраҳои омӯзиши забони давлатӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

Аз соли 2012 мунтазам

Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо

 

14.

Нашри «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»

2012-2016

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

15.

Ба талаботи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ намудани лавҳаю овезаҳои иттилоотии беруна, номи кӯчаю хиёбонҳо, навиштаҷоти вобаста ба аломатҳои роҳ

 

2012-2013

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо

 

16.

Таъмини хизматрасонӣ ба забони давлатӣ дар нақлиёти ҷумҳурӣ

2012-2013

Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо

 

17.

Таъмини маҳсулоти дар дохили ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда бо барчаспҳо, нархнома ва дастурамалҳо ба забони давлатӣ

Мунтазам

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо, ташкилоту муассисаҳо

 

18.

Нашри намунаҳо аз осори адабиёти классикии форсӣ-тоҷикӣ ва осори адабиёти классикии ҷаҳонӣ ба забони давлатӣ

2012-2014

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

19.

Таҳия ва пахши навори (ролики) телевизионӣ оид ба муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

2012

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

20.

Таъсиси марказҳои омӯзиши забони давлатӣ дар маҳалҳои зисти ақаллиятҳои миллии сокини ҷумҳурӣ

2012-2013

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

 

21.

Таҳия ва пахши барномаҳои телевизионӣ дар иртибот ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

2012-2016

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

22.

Таъсиси Шӯрои забоншиносон дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

2012

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

23.

Таҳия ва нашри феҳристи номҳои ҷуғрофии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ

 

2013

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

24.

Назорати риояи одоби сухан ва гуфтор дар фитаҳои аудиоӣ ва видеоӣ

Мунтазам

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

 

25.

Ташкил ва такмили фондҳои илмии забони тоҷикӣ, фарҳангнигорӣ ва лаҳҷашиносӣ

2012-2016

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ

 

26.

Ташкили экспедитсияҳои:

- лаҳҷашиносӣ;

- номшиносӣ;

- фолклоршиносӣ;

- этнографӣ

2012-2016

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

27.

Ташкил ва баргузории конференсияи илмию амалии «Масоили мубрами забоншиносӣ»

 

Ҳамасола

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

28.

Мутобиқ намудани санадҳои меъёрии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

2012

Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

 

29.

Нашри номгӯйи ҳуҷҷатҳое, ки дар коргузории соҳавии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо истифода мешавад

2012-2014

Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо

 

30.

Таҳия ва нашри фарҳанги тафсирии англисӣ-русӣ-тоҷикии истилоҳоти технологияи компютерӣ

 

2012-2015

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

31.

Такмили сайти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мунтазам

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

32.

Таъмини истифодаи забони давлатӣ дар технологияҳои компютерии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо

Мунтазам

Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

 

33.

Таҳияи барномаҳои компютерии омӯзиши забони давлатӣ, омӯзиши фанҳои дигар ба забони давлатӣ мутобиқи барномаҳои таълимии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ бо ин барномаҳо

2012-2016

Вазорати маорифи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

34.

Таҳияи барномаҳои тарҷумаи компютерӣ аз забони тоҷикӣ ба забонҳои дигар ва аз забонҳои дигар ба забони тоҷикӣ

 

2012-2014

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

 

35.

Таҳияи барномаҳои мухталифи компютерӣ (навишти дуруст ва ё имлои калима, ба ҳиҷоҳо ҷудо намудани калима, аз сатр ба сатр гузаронидан ва ғ.) барои истифодаи забони давлатӣ дар технологияҳои иттилоотӣ

 

2012-2014

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

 

36.

Таҳияи барномаҳои омӯзишии забони давлатӣ (китобҳо ва ғ.) барои маъюбон (нобиноён, кару гунгҳо)

 

2012-2014

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

37.

Таъмини вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо таҷҳизоти тарҷумаи ҳамзамонӣ (синхронӣ) барои гузаронидани семинару конференсияҳо, мизи гирд ва чорабиниҳои дигар

 

2012-2013

Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

 

38.

Ворид намудани шакли электронии «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» дар шабакаи интернет

Соли 2013

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

39.

Ташкили омӯзиши «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо

 

2012

Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо

 

40.

Ташкили семинари ҷумҳуриявии «Масоили татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 

2013-2015

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

41.

Баргузории чорабиниҳо, конференсияҳо ва мизҳои мудаввар ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ

Ҳамасола

(5 октябр)

 

Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

 

 

  1. ЗАБОНҲОИ АҚАЛЛИЯТҲОИ МИЛЛИИ СОКИНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

1.

Таъмини мактабҳои таълим ба забони ғайридавлатӣ бо мутахассисон ва дастурҳои таълимӣ

Мунтазам

 

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

2.

Таъмини китобхонаҳо бо адабиёти бадеӣ ва маводи дигар ба забони ақаллиятҳои миллии сокини Тоҷикистон

Мунтазам

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

3.

Таҳия ва нашри муҳовараҳо ба забонҳои ақаллиятҳои миллии сокини Тоҷикистон, аз ҷумла, тоҷикӣ-русӣ, тоҷикӣ-қирғизӣ, тоҷикӣ-ӯзбекӣ, тоҷикӣ-туркманӣ

2012-2015

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

4.

Ташкил ва баргузории рӯзҳои фарҳанги ақаллиятҳои миллии сокини Тоҷикистон

2012-2016

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

 

 

 

 

 

  1. ҲИМОЯ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ БЕРУН АЗ МАРЗИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

 

1.

Ба инобат гирифтани масъалаҳои ҳимоя ва рушди забон ва фарҳанги миллии тоҷикони муқими кишварҳои хориҷӣ дар шартномаҳои байниҳукуматӣ ва байнипарламентӣ

Мунтазам

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

2.

Баргузории Рӯзҳои забон ва фарҳанги тоҷикӣ дар кишварҳои хориҷӣ

2012-2016

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

3.

Бо китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, адабиёти бадеӣ ва маҷаллаю рӯзномаҳо ба забони тоҷикӣ таъмин намудани тоҷикони сокини кишварҳои хориҷӣ

2012-2014

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

4.

Ҷудо намудани квотаҳо барои тоҷикони хориҷи кишвар дар факултаҳои забон ва адабиёти тоҷики муассисаҳои олии таълимии ҷумҳурӣ

2012

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 
             

 

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Категория: