Феврал 2021

Озмун барои мансабҳои озод

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 18 Феврал, 2021 - 10:52
Вазифаҳои холӣ

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:

 1. Сардори шуъбаи ташкилию ҳуқуқӣ – 1 ҷой.
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
- таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ;
- 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ аз рӯи ихтисос;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба назар гирифта мешавад;
- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор бо тобеон;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Маоши мансабӣ 1760 сомонию 80 дирам, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 2. Сармутахассиси шуъбаи ташкилию ҳуқуқӣ – 1 ҷой.
 Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
- таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ аз рӯи ихтисос;

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Нақшаи санҷишии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 11 Феврал, 2021 - 11:55

Нақшаи санҷишии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси банди 27-и моддаи 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» вобаста ба назорати риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои соли 2021

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Нишасти матбуотии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 11 Феврал, 2021 - 15:36
Нишасти матбуотии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

     Муҳтарам намояндагони ВАО ва ҳамкасбони гиромӣ!
     Аз ҳамкориҳои судманди Шумо ҷиҳати дастгирӣ ва тарғиби соҳаи забони давлатӣ изҳори сипос ва миннатдорӣ намуда, ҳамзамон, иттилоъ медиҳем, ки тибқи Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти соли 2020 мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми сентябри соли 2011, №АП-1729 дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»  (ш. Душанбе, кӯчаи Беҳзод 25) нишасти матбуотии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 17-уми феврали соли 2021, соати 10:00 баргузор мегардад.
     Вобаста ба ин, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ҷиҳати инъикоси нишасти матбуотии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамудед.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
3
Баҳои миёна: 3 (2 овоз)

Фишурдаи нишасти матбуотӣ дар бораи фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 17 Феврал, 2021 - 11:55
Фишурдаи нишасти матбуотӣ дар бораи фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020

     Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» ва «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» ба роҳ мондааст.
     Мутобиқи Низомномаи Кумита яке аз самтҳои асосии фаъолият санҷиш ва омӯзиши вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба шумор меравад. Дар ин замина, Кумита тибқи Нақшаи санҷишӣ ҷиҳати риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» доир ба назорати муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо барои соли 2020, ки бо Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ тасдиқ шудааст, фаъолияти 28 субъекти хоҷагидорро мавриди санҷиш қарор дод (соли 2019 теъдоди 21 субъекти хоҷагидор буд), ки аз натиҷаи он ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ошкоршуда санад таҳия намуда, ба мақомотҳои дахлдор ирсол гардид.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ таҳти унвони «Равандҳои ҷаҳонишавӣ ва масоили забонҳои миллӣ»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 19 Феврал, 2021 - 14:05
Мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ таҳти унвони «Равандҳои ҷаҳонишавӣ ва масоили забонҳои миллӣ»
Равандҳои ҷаҳонишавӣ ва масоили забонҳои миллӣ
(бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ)


     Имрӯз 19-уми феврали соли 2021, соати 10:00 дар толори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Равандҳои ҷаҳонишавӣ ва масоили забонҳои миллӣ» бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ баргузор гардид, ки дар он муовини раиси Кумита, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мудирони шуъбаи забони Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, шуъбаи назария ва амалияи забоншиносии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, шуъбаи адабиёти классикии Нашриёти «Адиб», Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони шуъбаҳо, мудирони бахшҳо ва кормандони Кумита иштирок намуданд.
Дар оғоз муовини раиси Кумита тамоми иштирокдоронро ба мизи мудаввар хайрамақдам гуфта, оид ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ маърӯзаи худро ироа намуданд.
     Бояд зикр намуд, ки моҳи ноябри соли 1999 бо қарори ҷаласаи 30-юми Анҷумани ҷаҳонии ЮНЕСКО (бахши Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва маданият) бо мақсади ҳифз ва ташаккули забонҳои нобудшудаистода ва мусоидат барои ташаккули бисёрзабонӣ, рушди хазинаи луғавии забонҳои дунё 21-уми феврал ҳамчун Рӯзи байналмилалии забони модарӣ эълон гардид ва он аз соли 2000-ум инҷониб ҳамасола дар тамоми кишварҳои олам таҷлил мегардад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
3
Баҳои миёна: 3 (2 овоз)

Суханронии Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Равандҳои ҷаҳонишавӣ ва масоили забонҳои миллӣ»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 19 Феврал, 2021 - 10:17
Суханронии Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мизи мудаввар бахшида ба
Рӯзи байналмилалии забони модарӣ таҳти унвони «Равандҳои ҷаҳонишавӣ ва масоили забонҳои миллӣ»
(19-уми феврали соли 2021, соати 10:00, дар толори Кумита)


Ассалому алайкум!
Устодони арҷманд,

Баҳодиҳии муҳтаво: 
3
Баҳои миёна: 3 (2 овоз)

Забон ва ҷомеа: Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020 - 2030

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 21 Феврал, 2021 - 15:21

     Рӯзи 28-уми ноябри соли 2020 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 647, "Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030" тасдиқ гардид. Дар муқаррароти умумии "Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030" омадааст, ки Барнома ҳадаф, вазифа, самтҳои асосӣ, усулҳои татбиқ ва натиҷаҳои ниҳоии амалисозии сиёсати давлатиро оид ба забон муайян менамояд. Дар ин суҳбат мутахассисони соҳа аз Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати таҳия ва тасдиқи барномаи мазкурро шарҳ доданд.


Баҳодиҳии муҳтаво: 
3
Баҳои миёна: 3 (2 овоз)

Умри миллат ба умри забон вобаста аст

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 24 Феврал, 2021 - 16:12
Сахидод Раҳматуллозода, муовини раиси Кумитаи забон ва  истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор

     Рӯзи байналмилалии забони модарӣ бо қарори Сессияи 30-юми Конференсияи генералии ­ЮНЕСКО моҳи ноябри 1999 эълон гардида, ҳар сол 21 феврал ҷашн гирифта мешавад. Аз ҷумла, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам ба ин масъала аҳамияти хоса зоҳир мешавад.
     Дар моддаи дуюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муқаррар шудааст, ки «забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст, ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳақ доранд аз забони модариашон истифода кунанд. Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, ки забони давлатӣ эълон шудани забони тоҷикӣ ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандонеро, ки забони модариашон дигар аст, маҳдуд намекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд, барои ҳамаи забонҳое, ки дар ҷумҳурӣ мавриди истифода қарор доранд, кафолати ҳуқуқӣ ва муносибати боэҳтиромонаро таъмин менамояд, баробарии ҳамаи шаҳрвандонро дар назди қонун, сарфи назар аз забони модарии онҳо ҳимоя мекунад».
     Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат (25 марти соли 2004) чунин иброз доштанд: «…Таърих гувоҳ аст, ки баъди гум кардани забони модарӣ миллат низ дер ё зуд тафаккур, ифтихор ва ҳатто давлату давлатдории миллии худро аз даст дода, забон ва унсурҳои фарҳангии бегонаро мепазирад».

Баҳодиҳии муҳтаво: 
3
Баҳои миёна: 3 (2 овоз)