Чаро баъзе аз кормандони САҲШ муқаррароти қонунро риоя намекунанд?
Эмомалӣ РАҲМОН
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ», ки аз 27-уми июли соли 2016 ба тасвиб расидааст, барои эҳёи арзишҳои маънавӣ ва сарватҳои бебаҳои таъриху фарҳанги миллӣ тавассути забони миллӣ, инчунин, номгузории суннатии тоҷикӣ мусоидат намуд. Лозим ба ёдоварист, ки ин масъала ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Боиси хушбахтист, ки баъди ба тасвиб расидани қарори мазкур шаҳрвандон дар интихоби номи кӯдакон ба ғалат роҳ надода, тибқи феҳрист ва талаботи қарор ном мегузоранд. Мутаассифона, то кунун падару модароне низ ҳастанд, ки ба фарзандони навзод номҳои бегона мемонанд. Бо таъсири бегонапарастӣ ба ҷойи номҳои миллӣ номҳое чун Асмоа, Рамина, Осинот, Бинёмин, Муҳаммадсудайс, Абуҳурайра, Манисса, Ясмина, Элиф, Эмир, Адам, Асия, Элмира, Азалия интихоб мешаванд.
Вақти он расидааст, ки номи падар ва насаби кӯдак дар асоси талаботи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ сабт карда шавад. Баъзеҳо даъво доранд, ки дар вақти тақсими мерос номи шаҳрванд ҳарф ба ҳарф бояд мутобиқат кунад, вале дар ин ҳолат ба риоя накардани моддаи 74-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» роҳ медиҳем. Эътироф бояд кард, ки то кунун аз ҷониби ягон масъули САҲШ ба ин масъалаҳо таваҷҷуҳ зоҳир нагардидааст.
Дар варақаҳои сабти асноди таваллуд баъзе ном ва насабу номи падарии кӯдакон (шаҳрвандон) хилофи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ сабт гардидаанд. Барои мисол, ному насаб, аз қабили Умарали, Руё, Дарина Беҳруз, Шерали, Эсмира, Муддасир, Асия, Джалолов Али Исмоилджонович, Гусейнов Табрис Фурқатович, Фозылов Ромозон, Голибҷонова Рахила Ғолибҷоновна, Умарали Мралиевич аз ҳамон ҷумлаанд.
Ҳоло ҳуҷҷати тасдиқкунандаи наве лозим аст, ки ҳуҷҷатҳои собиқан пур аз ғалати насабнигориро ифшо ва ислоҳ намояд. Ҳолатҳое ба мушоҳида мерасанд, ки насаб ва номи падарии кӯдак тибқи талаботи моддаи 74-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ислоҳ нашуда, талаботи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ба назар гирифта намешаванд. Аз ҷумла, насаб ё номи падарии кӯдакони навзод ҳангоми пур кардани варақаи сабти асноди таваллуд, ивази ному насаб ва ё барқароркунии ному насаби кӯдакони беҳуҷҷати сабти асноди таваллуднадошта (бе шаҳодатномаи таваллуд) бо ҳамон ғалатҳои насабу номи падарии кӯдакон пур карда мешаванд.
Мушкилоти дигар он аст, ки шаҳрвандон бо дарназардошти аъзои зиёди хонавода аз боҷи давлатӣ нигаронӣ мекунанд. Дар робита бояд дар масъалаи бекор кардан ё кам кардани боҷи давлатӣ тадбирандешӣ намоянд.
Дар варақаҳои сабти асноди таваллуд, ки бисёр ному насаб хилофи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ (ҳатто бо навиштаҷоти дорои ҳуруфоти Ц, Щ, Ы, Ь) сабт мегарданд. Мисолҳои зиёдеро бо навишти ғайримеъёрӣ, аз қабили Шералиев Умарали Миралиевич, Яҳьёева Салима Ҷовидовна, Шарипова Марьям Фирузовна, Батырова Нурана Шуҳратовна, Давлятова Сафия Шодмоновна ва ғайра дучор омадан мумкин аст.
Кормандони САҲШ-и шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бояд донандаи хуби забони давлатӣ бошанд, вагарна насабнигори миллие, ки баъзе аз онҳо «сохтаанд», истеҳзоомез аст. Барои мисол, Абдужабарзода, Бобоӣ, Тағоӣ, Қурбонӣ, Холӣ, Абдурахмонзода, Саторзода, Шарипӣ, Латипзода, Ахмедзода, Мамадзода, Маметзода, Сайвализода.
Дар маҷмӯъ, бо мақсади иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми ноябри соли 2019 таҳти №26/10-318 ҷиҳати татбиқи «Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон», ки зимни мулоқот бо намояндагони аҳли зиё, маориф, илм, адаб ва фарҳанг ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми октябри соли 2019 баён доштанд, масъулин бояд бетаъхир тадбирандешӣ намоянд.
Раҳим ЗУЛФОНИЁН,
сардори шуъбаи танзими истилоҳоти
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон