Забони рошорвӣ ё орошорӣ

Забони рошорвӣ ё орошорӣ (Rošori ziv)

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 30 Октябр, 2017 - 22:18

Забони рошорвӣ ё орошорӣ (rošorvi ziv) забони гуфтугӯии сокинони мавзеи Рошорв дар соҳилҳои болооби рӯди кӯҳии Бартанг мебошад, ки ба забони бартангӣ наздик аст ва аз ин рӯ, онро таҳти истилоҳи «бартангӣ-рошорвӣ» низ ҳамчун яке аз забонҳои гурӯҳи шуғнӣ-рӯшонӣ тавсиф намудаанд. Бархе аз муҳаққиқон онро ҳамчун забони алоҳидаи гурӯҳи шуғнӣ-рӯшонӣ шарҳ додаанд (4). Деҳоти саргаҳи водии Бартанг, ки сокинонаш бо гӯиши наздик ба рошорвӣ такаллум мекардаанд, бар асари зилзилаи соли 1911 зери об монда, дар ин мавзеъ кӯли Сарез пайдо шудааст. Аз ин рӯ, сокинони ин деҳот ба дигар маҳалҳои Помири Ғарбӣ ва аксаран ба мавзеи Сариқӯли музофоти Шингони Чин кӯч баста буданд.

Адабиёт
1. Мирзоуддинова С. Шеваи Хуфи забони рӯшонӣ.– Душанбе, 1988.
2. Соколова В.С. Рушанские и хуфские тексты и словарь. – М.-Л., 1959;
Генетические отношения язгулямского языка и шугнано-язгулямской
языковой группы. – Л., 1967.
3. Муфассалан ниг.: Карамхудоев Д. Бартангский язык (фонетика и
морфология). – Душанбе, 1973.
4. Ниг. Зарубин И.И. Орошорские тексты и словарь // Памирская
экспедиция 1928, вып 6. – Л., 1930; Курбанов Х. Рошорвский язык. –
Душанбе, 1976

Бардошт аз «Муқаддимаи филологияи Эрон»-и А.Мирбобоев

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)
Subscribe to Забони рошорвӣ ё орошорӣ